Зиндониҳои тоҷики туъмаи “ВАГНЕР”дар Украина

Ислоҳ нет

Танҳо аз муассисаи ислоҳии №2 вилояти Твер дар рӯзҳои 10- 12 феврали соли ҷорӣ 13 нафар аз атбои маҳкумшудаи тоҷик бо зӯрӣ ва маҷбурӣ ба ҷанги Русия алайҳи Украина фиристода шудаанд. Ин атбои тоҷик тавассути гурӯҳи амниятии хусусии наздик ба Крмел «Вагнер» ба ҷабҳаи ҷанг бурда шудаанд.

Мумкин аст барои хонандаи Тоҷик “Вагнер” ё ин гурӯҳ каме номафҳум бошад.

Лейпциг :

Яке аз маъруфтарин компазиторони олмонӣ буд (22.05.1813-1883) Ӯ дирижёр ва муҷаддидони опера дар он солҳои аврупо ба шумор мерафт. Хоссатан дар Олмони он солҳо дар опера ва жанрҳои синфонӣ хело нақши бо сазое дошт.

Дар Русия :

Группа Вагнера (ЧВК «Вагнер») (англ. Wagner Group) гурӯҳи низомии хусусии ғайри давлатӣ. Ин гурӯҳ зери идораи як тоҷири наздик ба кремл бо номи  Пригожин, Евгений Викторович  амал мекунад. Пригожин яке аз рафиқони наздики В.Путин ба шумор меравад. Гурӯҳи ташкил намудаи ӯ бо номи “Конкорд” ҳамкориии наздик бо вазорати мудофиаи Русияро дорад. Танҳо шартонаи ӯ бо вазорати мудофиа дар соли 2015 ба 68,6 миллиард рубл нишон дода шудааст.  Компанияи ташкил намудаи Пригожин таъминкунандаи маводи хурокаи афроди воломақоми Русия буда ва ҳатто ба ӯ унвони “Ошпази Путин” ҳам унвон додаанд. Дороиҳои ӯро соли 2016 ба 14,6 милиард рубл ва ҷойгоҳашро дар 72 зикр намуда буд  нашрияи “Деловой Петербург”.

Гурӯҳи ташкил намудаи ӯ дар ҷангҳои Африқо ва Сурия иштирок намуда буд. Пас аз оғози ҷанг бо Укроина Пригожин дар зиндонҳои Русия барои рафтан ба ҷанг зиндониёнро ҷалб мекард ва хело аз зиндониҳоро ба ҷанг ҳам бурд. Охири соли 2022 “Маркази таҳқиқотҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои муташакил” Пригожинро шахсияти коррупсионӣ ва ҷинояткори сол эълон намуда аст. Дар моҳи июли 2022 госдепортаменти Амрико барои Пригожин ва 12 нафари дигар маблағи 10 миллион доллар барои пайдо намудан маълумот дар бораи ӯ ҷоиза гузошта буд. Ин маълумоти кутоҳ буд дар бораи муассиси гурӯҳи “ВАГНЕР” метавонед дар бораи ӯ дар интернет бихонеду маълумоти бештаре пайдо намоед.  Ҳоли вахими зиндониҳои Тоҷик дар Русия

Манобеи «Ислоҳ.нет» гуфтанд қасд доштанд, ки 21 нафар аз шаҳрвандони  Тоҷикистонро аз ин зиндон ба ҷабҳаи ҷанг ба Украина бибаранд. Вале 8 нафари онҳо тавонистаанд, ки тавассути пизишкон маризии худро исбот кунанд ва имрӯзҳо «санчаст»-ҳои ҳабсхонаҳои Русия аз ин ҳисоб хеле зиёд пул кор карда истодаанд.

Тибқи маълумотҳои нашршуда феълан ҳазорҳо тан (беш аз 10.000) аз атбои Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия муҳлати ҷазои худро адо мекунанд. Ба назар мерасад онҳо дар душвортарин марҳалаи зиндагии худ қарор доранд. Азбаски дар зиндонанду ҳеҷ коре аз дасташон барнамеояд, даступояшон баста аст, касе ба додашон намерасад, додрасу имдодрасоне надоранд, онҳоро мисли гуспанд ва ё маркаб пешандоз мекунанду ба майдони ҷанг мебаранд. Эъзоми онҳо ба ҷанг асосан бо роҳи зӯр ва бо ваъдаҳои дуруғин сурат мегирад. Шуморе аз онҳоро бо ин ваъда, ки баъди барои мисол шаш моҳи ширкат дар ҷанг аз зиндон озод кардаву барояшон маблағ ва шаҳрвандии Русияро медиҳанд, мебаранд, баъзеи дигарашонро бо зӯрӣ ва бидуни кадом ваъдаи ҳатто дуруғине.

Хабарҳо ҳокист, ки ҳатто аз боздоштгоҳҳои тафтишотии муваққатӣ-аз СИЗО-ҳо, ки ҳануз кори тафтишот идома дорад, маълум нест, ки нафари муттаҳам ҷинояткор шинохта хоҳад шуд ва ё шояд аз сари суд озод бишавад, тоҷикҳоро иҷборан ба ҷанг фиристода истодаанд. 2 моҳи қабл аз СИЗО-и кишвари Алтайдар ду навбат фақат аз шумори зиндониҳои тоҷик 80 нафарро иҷборан бурданд. Баъди 2 моҳ маълум шуд, ки ҳамаи 40 каси бурдашуд беному нишон шудаанд. Боз омадаву 40 каси дигарро бурданд. Ин СИЗО дар кучаи Тракторная 23 шаҳри Рубсовски кишвари Олтой (Алтайский край) воқеъ аст. Дар шумори ин зиндониҳои ба ҷанги зиддиУкраина бурда шаҳрвандони 50 сола ҳам ҳасту 20удусола ҳам 30 солаву 40 сола ҳам. Аммо ба касе раҳму гузаште накарданд, Ҳамаро бурданд.

Дар ҳақиқат вазъияти зиндониҳои тоҷик дар Русия беш аз пеш бадтар шуда истодааст. Ин шаҳрвандони даступобастаи тоҷик, ки ҳеҷ коре барои халосӣ ва наҷот аз ин ҳолот надоранд, мисли бараҳои қурбонӣ аз тарафии Вагнер бо иҷбору зӯр ба ҷанги зидди Украина бурда истодаанд.

Шавоҳид ва мадорики дастрасшуда гувоҳ аст, ки шаҳрвандони ғайрирус ва аз ҷумла тоҷиконро ба муҷарради расонидан ба саҳнаҳои ҷанг дар сафи аввал ва дастаҳои муҳосиракунанда ва ҳамлавар шомил карда аз онҳо  ба унвони сипар ва девор истифода карда истодаанд. Онҳоро дар дастаҳои «штурмовик», «отчистка» ва «зарбазан» ҷалб мекунанд, агарчи ҳатто агар аз ин пеш ягон маротиба дар дасташон силоҳ нагирифта ва ҳеҷ таҷрибае ҳам надошта бошанд. Онҳоро барои он дар сафи аввали ҷабҳаи ҷанг қарор медиҳанд, ки тир ба онҳо бизанад.

Як нафар аз масъулони баландпояи дар муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Твер, ки беш аз 15 сол аст хидмат мекунад феҳристи онҳоеро дар дастраси мо қарор дод, ки рӯзҳои 10- 12 феврал ба ҷанг бурда шудаанд.

Дар ин феҳист исми ин ҳамватанони мо зикр шудааст, ки чуноне гуфтем нимаи аввали феврал ба ҷанг фиристода шудаанд:

 Рамазон аз Бохтар,

Оқил аз Ёвон, соли таваллудаш 1996,

Бунёд вз Хуҷанд, соли таваллудаш 1995,

Собир аз ноҳияи Рудакӣ, мутаваллиди 1997

Муродхон аз Шаҳритус, 33 сола,

Мирзо аз колхози Россияи Душанбе, соли таваллудаш 1990

Муҳаммад аз Ҳисор, 1998 ба дунё омадааст,

Олим аз ноҳияи Рудакӣ, соли таваллудаш 1986

Раҷаб аз Ёвон, соли таваллудаш 1995

Акмал аз Душанбе, мутаваллиди 1992

Исмоил, соли таваллудаш1987 аз Қумсангир

Давлат аз Қубодиён, мутаваллиди 1987

Фаридун аз Ваҳдат, 1988 ба дунё омадааст.                                                           

Айни замон ҳеҷ хабаре дигар аз ин зиндониҳои ба ҷанги зидди Украина фиристодашуда дар даст нест. Онҳо ҳануз зиндаанд ва ё ҳадафи тир қарор гирифтанд ва ё бо мина бархурданду тикаву пора шуданд?

Манбаъе, ки ин хабарро ба “Ислоҳ” расонд гуфт бархе аз ин нафарон ба иттиҳоми моддаҳои динии дар Русия мамнуъ, ду нафарашон барои одамкушӣ вале аксарият бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир давраи зиндони худро тай мекарданд. Баъзе аз онҳо мебосит то чанд моҳи дигар озод мешуданд, чун давраи маҳкумияти худро ба охир расонида буданд.

Барои мисол:

Муҳаммадро 4 моҳ,

Акмалро 8 моҳ,

Рамазонро 9 моҳ,

Фаридунро 10 моҳ ва Раҷабро 1солу 3 моҳ аз анҷоми муҳлати ҷазояшон монда буд,

Ба ин тариқа Оқил 5 сол,

Бунёд 3 солу 2 моҳ,

Собир 2 солу 10 моҳ,

Муродхон 1 солу 3 моҳ,

Мирзо 3 солу 6 моҳ,

Олим 10 сол,

Исмоил 7 солу 8 моҳ ва Давлатро 2 солу 10 моҳ аз адои ҷазо боқӣ монда буд.

Дар ҳақиқат ин ҷабру зулм аст, ки ба ягон меъёр намегунҷад. Нафаре, ки 12 солро ё 8 солро ва ё 5солро дар пушти миллаҳои зиндон гузаронида барои озодияш лаҳзашуморӣ мекунад ва 4 моҳ, 8 моҳ ва ё 9 моҳи дигар раҳо мегардид, ба майдони ҷанг бурда мешавад ва ҳадафи тир қарор мегираду кушта мешавад. Ва, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто як маротиба ҳам дар дасташ силоҳ нагирифта буд. Бадтар аз ин вай чаро дар ин ҷанг ширкат кунад ва муқобили украиниҳо ва барои Русия тир андозаду одам кушад.Чаро?

Дар ин васат,чуноне манбаъи мо хабар дод 8 нафари дигар аз маҳкумшудаҳои тоҷик бо далоили мухталиф, умдатан беморӣ аз «комиссия» нагузаштаанд. Вагарна шумораи зиндониҳои маҳбаси Твер аз шумори тоҷикҳо ба 21 мерасид.

Инро ҳам бояд тазаккур бидиҳем, ки феълан вазъияти артиши Русия дар ҷанг он қадар хароб аст ки дар шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҚирғизистонуУзакистон ҳам ба туъмаи онҳо табдил шуда истодаанд. Аз тарафи дигар табибони  зиндонҳо бар ивази пули хеле калон онҳоро «мариз» мекунанд ва бо ин роҳ аз рафтан ба ҷанг наҷот меёбанд.

Шумори зиндониҳои тоҷики ҷалбшуда дар ҷанги Русия зидди Украина номаълум аст ва яқинан маълум ҳам нахоҳад шуд. Бар тибқи навиштаи расонаҳо як нафаре аз онҳо Мақсад Қурбонови 39-сола буд, ки ҷасадаш моҳи пеш фиристода шуд.

Мақсад чанд рӯзи қабл аз фиристодан ба ҷанг аз зиндон ба падараш телефон карда мегуяд, ки онҳоро-100 нафар тоҷикҳоро, маҷбуран ба Мариупол ба кор бурданианд. Падараш ба «Озодӣ» гуфтааст, ин суҳбати охирини писараш аз зиндон буд. Вале маълум шуд, ки онҳоро на барои кор, балки ба ҷанг бурда дар дасти онҳо Калашников додаанд ва ё савори танк кардаанд, ки ба тарафи укриниҳо тир зананд,онҳоро бикушанд, то Путин ғалаба кунад.

Аммо аз сӯҳбати Мақсад ин чиз маълум шуд, ки дар як навбат ба як бор 100 нафар тоҷикро ба ҷанг бурдаанд.

Путин ва режими зиддибашарии вай тамоми қавонин ва қоидаҳои байнамилалиро зери по гузошта аз беҷуръатӣ, бекифоятӣ, вобастагии Раҳмонов истифода карда истодааст. Чаро бояд атбои тоҷик барои Русия биҷанганд ва ҷони худро аз даст бидиҳанд? Чаро бояд як тоҷик аз тани русҳо дар ин ҷанг ширкат варзад? Чунки тоҷик бесоҳиб аст ва раиси ҷумҳурии он ва давлати он барои ҳамеша ва абад  муттаҳами русҳо аст. Чунки Раҳмоновро русҳо бар сари қудрат овардаанд ва халқи тоҷик то замоне, ки Раҳмонов дар сари қудрат аст қарздор ва муттаҳами русҳо хоҳад буд.

Бовар кунед ҳамаи ҳамон 10.000 тоҷики зиндониро агар Путин ба ҷанг бибарад ҳам Раҳмонов як даҳан гап намезанад. Дар ҳоле, ки мебоист то ин вақт борҳо расман эътироз мекард. Раҳмонов, ки худро ҳомиву муҳофиз, падари тоҷикҳои ҷаҳон меҳисобад, чаро сокит аст. Раҳмонов бар мабнои Қонуни асосӣ бояд эътирози давлати Тоҷикистонро ба ин кори Путин баён дорад ва аз шаҳрвандон ва ҳаёти онҳо ҳимоят кунад. Аммо вай хомӯш аст, дар даҳонаш об гирифтааст, гуё намебинаду намешунавад.

Ҳамин Мақсад Қурбонови ҷавонмарг 4 фарзанд доштааст, 8 солро пушти зиндон гузаронида ва мебоист тобистон озод мешуд, аммо кушта шуд.Чаро? Чаро охир як тоҷик дар як ҷанге, ки ҳеҷ дахл надорад ширкат кунад ва кушта бшавад? Ҳукумат куҷо аст? Раиси ҳукумати Тоҷикистон куҷо аст? Ё шояд инҷо кадом қарору шартномаҳои пинҳонӣ амал мекунад ва ё шояд Раҳмонов ба хотири онки Пуин ба интихоби Рустами писараш мухолифат накунад, чизе намегуяд? Ба ҳар сурат сукути ҳукумати Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии он дар баробари ин таҳқиру тавҳин, ки барои милат ва давлати тоҷикон шуда истодааст, хеле ҳам шубҳаовар аст. Ҳамарӯза тоҷикҳо кушта шуда истодааст, ҳатто дар шаҳрҳои худи Русия қабристони кушташудаҳои тоҷик дар ин ҷанг пайдо шуда истодаанд, феҳристи маҳкумшудаҳои кушташудаи тоҷик дар ин ҷангро дар расонаҳо доранд чоп мекунанд, вале ҳукумати Тоҷикистон сукт ихтиёр кардааст,чаро?

Тобутҳои зиндониҳои маҳкумшудаи тоҷик, ки дар ҷанги Русия зидди Украина ба ватан оварда мешаванд, шумори солонаи тобутҳо аз Русияро як баробар афзудааст. Бар пояи як маълуоте, ки радиои «Озодӣ» дастрас ва нашр кардааст дар соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон 1595 тобут оварда шудааст. Ин дар ҳоле, ки ин рақам дар соли 2021 950 адад буд. Яъне назар ба як соли пеш дар соли 2022 шумораи тобутҳо 600 адад бештар шудааст.

Бинобар хабари дигар моҳи гузашта 3 нафар аз сокинони Ёвонро, ки қатори ҳомили героин аз Тоҷикистон ба Маскавро ҳамроҳӣ мекардаанд аз СИЗО-и Ожеговои канори Маскав ба ҷанги зидди Украина бурдаанд.

Боз ҳам савол ба Раҳмонов аст ки то кай сукут мекунӣ? Ҳадди ақал сафорати Тоҷикистон дар Русия бояд чизе бигуяд, сокит наистад. Чаро сокитед? Ҳеҷ кас ихтиёрӣ худро зери тир намебарад гуфтани падари яке аз ин кушташудаҳо саддарсад дуруст аст. Инки гуё зиндониҳо бо хоҳиши худ ба ҷанг мерафта бошанд, дуруғи маҳз аст, Шояд чунинҳолат ҷо дошта бошад. Аммо ин ҳатман аҳёнан ва як ё ду маврид аст. Аммо масъала ин аст ки чаро Раҳмонов ва ҳукумати нобакору корношоями он вақте тоҷикҳоро ба зӯр ба ҷанг бурда истодаандсукут мекунад? Ин вазифаи давлату ҳукумату раиси он нест, ки аз мардумаш дифоъ ва муҳофизат намояд?

Ин корманди баландпояи муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Твер гуфт,ки ҳоло қарор аст навбати сеюми ҷалби иҷбории тоҷикҳои зиндонӣ аз ҳабсхонаҳои ин шаҳр шуруъ шавад.Ба назар мерасад,ки ин навбат ҳадди ақал 500 нафар аз онҳоро ба ҷанг бибаранд…

Share This Article