Талаби истеъфои раиси кумитаи дин дар Туркия

Талаби истеъфои раиси кумитаи дин дар Туркия

Талаби истеъфои раиси кумитаи дин дар Туркия

 

Дар оғози моҳи мубораки рамазон раиси шууни (кумита, ниҳоди) динии Туркия шайх Алӣ Арабош барои муқобила бо вирус як баромаде дар рӯзи ҷумъа оғози моҳи мубораки рамазон дошт. Шайх Алӣ Арабош мардумро ба амалкардан ба фармудаҳои Аллоҳ амр намуд ва аз мардум хост , то худро аз ҳар амалҳои ғайри ахлоқӣ дур нигоҳ доранд. Масалан “муомилаи номашрӯъи зино ва ҳамҷинсгароӣ” Ин ду дар дини мо ҳаром аст ва инчунин ин ду сабабгори хашми Аллоҳ ва интишори вирусҳо мегарданд. Биёд бо ҳам бар алайҳи ин амалҳои паст ва нохушоянд якҷоя мубориза мебарем.

 

Ин сухан бар бархе аз шаҳрвандони кишвар нафорид ва мардуми норозӣ дар ҳол талаби истеъфои Шайх Алӣ Арабошро аз ҳукумати кишвар намуданд. Дар шаҳрҳои Измир ва Анқара пойтахти ин кишвар ситодҳои адвокатӣ бар алайҳи шайх ташкил намуданд ва талаби истеъфои ӯро доранд.

 

Пас аз ин сару садоҳо Раҷаб Тайиб Эрдугон дар як баромадаш расман чунин гуфт: “ҳуҷум ба раиси шууни динӣ ин ҳуҷум ба давлати Туркия аст” ва бо чунин сухан аз ӯ ҳимоят кард.

 

Ин сухани Шайх Алӣ Арабошро як сухани қадим ва аз асрҳои гузашта унвон карданд.Гӯё ин сухан мухолифати ошкор бо қонуни асосии кишвар доштааст ва ҳуқуқи «ҳамҷинсгароён»ро поймол мекардааст.

 

Пас аз ин бузургтарин ҳизби «Мардуми ҷумҳурӣ»бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумат  бо ситоди адвокатҳо якҷо шуда аст. Сухангӯйи ин ҳизб Фойқ Узтрок ин сухани Алӣ Арабошро дорои бадбинӣ ва душманӣ унвон намуд.

 

Ин хабар дар шабакаи «Алҷазира» рӯзи 29.04.2020 нашр шудааст.

 

Во аҷабо ба наберагони Муҳаммад Фотеҳ ва Сулаймон Қонунӣ ва Усмониҳо,ки бар асари як ҳукумати беш аз 70 солаи Камол Ататурк ва дур намудани мардум аз асли шаръ ва таърихи пурифтихорашон ба чи нугунбахтиҳо онҳоро оварда расонид.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.