Ғоратгарони Қубодиён ҳукуматро задагӣ

Ислоҳ нет

Хонандаи азиз! Таҳаввулу тағйир, қиёму хезиш, шуришу табаддулот ва инқилобҳоро аввал «гап» омода мекунад, ё дар «гап» омода мешаванд.

Дар ин фикр набошед, ки «гуфтан» фоида надорад, маъюс ва навмед нашавед. Умед ва таваккул бар худо кунед. Мо бояд гап бизанем, зиёд гап бизанем ҳамаро ба гап дароварем. Шумо гап  занед. Наҳаросед. Ин натиҷаи гапу ҳарфи мо буд, ки не фабрикаи ҷавоб монду не онҳое, ки аз шумори муаллиму духтур, корманди ҷамоату шуъбаи маорифу фарҳангу имомхатибу дигару дигараш, ки барои ҳамла ва задани мову шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» аҷир карда шуда буданд. Ҳоло ягонтоаш ҳам намонд. Ҳей, талош мекарданду ҳей мегуфтанд, ки «На, моро касе водор ва аҷир накардааст,мо худамон вориди барнома шудем, мо барои он вориди барнома шудем, ки шумо мехоҳед боз Тоҷикистонро ба ҷанг кашед, тоҷикистон обод аст, Тоҷикистон фаровонӣ аст, Тоҷикистон тинҷ аст»...ва аз ин қабил ҳарфу суханҳои бебунёду дур аз воқеият. Чун диданд, ки мо ончиро мегуем, ки халқ шоҳидаш аст, халқ дохилаш аст, халқ бо суханҳои чоплусону маддоҳон қиёс мекунад, ночор шуданд, ки худро канор бикашанд, беш аз ин шармандаву сарафканда нашаванд. Зеро гапҳои онҳо лоий хушк ба девор буд. Гапи мо мисли корд, мисли найза ҷигарашонро мешикофт. Мо сухани ростро мегуем. Вақте мо сухани ростро мегуем каживу костиву фиребу найрангу шайтанати онҳо ру мезанад. Мо косакузаҳоро барои он сари онҳо мешиканем, ки онҳо дар ҳақиқат муттаҳаманд, онҳо дузданд, онҳо ҷиноятпешаанд.

Бубинед, ин тавр нест, ки облава фақат дар деҳа ва маҳалла ва кучаи шумо буда бошад. Фақат масҷиди шуморо набастанд, фақат риши бародар ё падари шуморо натарошиданд ва ё сатру ҳиҷоби хоҳар, модар, духтар ва ҳамсари шуморо нагирифтанд. Инҳо тамоми Тоҷикистонро ба ҳамин вазъу ҳол оварданд, сиёсаташон ҳамин аст: қулдурӣ, зургуӣ, ситамкорӣ, роҳи дигари идораи давлатро балад нестанд. Инҳо агар як лаҳза аз ташдид ва тазриқи тарсу ваҳшат даст кашиданд тамом. Онҳо мо ва мардуми моро тарс дода истодаанд.

   Фикр накунед, ки ин ҳолу ҳаво фақат дар маҳалу музофоти шумост. Не, ин дар саросари кишвар аст. Саросари кишвар зери бори инҳо хам задааст, леҳу лаварда шудааст, тикапора шудааст.

  Ин вазъу ин ҳолро Раҳмонов, СС. Ятимов Рамазон Раҳимзода, Юсуф Раҳмон, Бег Сабур (дуи охир қудоҳои Эмомалӣ Раҳмонованд) ба вуҷуд овардаанд. Инҳо ҳамагӣ ҳамин чанд нафаранд, ки як миллатро тохтутоз, хурду резаву таги по мекунанд. Фикр мекунед, ки чанд нафаранд? 100, 200, 300, 1000, 10000! Аммо мо чанд нафарем? 10 000.000!  Чаро мо сокитем? Чаро ҷуръат надорем?

 Мо бояд бархезем. Аммо барои онки бархезем бояд бо ҳам гап бизанем. Ин гап аст ки моро бармехезонад, бедору ҳушёр мекунад, ба ҳадаф мерасонад.

Инҳо аз гапи мо, аз ҳамгапӣ, ҳамгапшавии  мо метарсанд.

  Моро террорист мехонанд, то ки шумо бо мо мо ҳамгап нашавед ҳамроҳ нашавед. Инҳо аз ҳамроҳшавӣ, баҳамоӣ ва иттиҳоду ваҳдати мо метарсанд. Чунки мо чеҳра ва симои ҳақиқии инҳоро кушода истодаем. Чунки мо гап зада истодаем. Биёд гапзаниро зиёдтар кунем. Гап-ин яъне маслиҳат, машварат, маҷлис, маҳфил, тазоҳурот, қиём, ошуб инқилоб аст. Гап роҳи ҳал, гап барнома, гап стратегияву тактика, хулоса гап моро ба муроду мақсадамон мерасонад.

  Ин номае, ки дар зер манзури шумо мегардад, номаи ғайриодӣ ва ғайримаъмулӣ нест, як нома-балки ҳамон шиква-шикоятномаи рӯзмарра аст ки ба унвони мо ҳамеша меояд .Аммо он таври дигар навишта шудааст. 

   Гоҳо як шаҳрванди одӣ тавре менависаду мефиристад, ки мегуӣ солҳо менавишту корманди матбуот буд. Манзара ва воқеаҳоро рушану возеҳу назаррас таҷассум ва тасвир мекунад ва ончи рӯи сафҳа овардааст ҷолибу ҷаззоб аст, содаву нишонрас ва мафҳум.

Ҳамин матлаби зерро муаллиф барои «Номаҳо….» роҳӣ карда буд. Аммо қироати он мутаассир кард ва тасмим гирифтем ки алоҳида чоп кунем. Ончики дар ин матлаб мунъакис шудааст фақат ба Қубоиён ва деҳоти он марбут намешавад. Инҷо дар симои Қубодиён тамоми Тоҷикистон  инъикос ёфтааст ва ончи инҷо тасвир ва китобат шудааст дар тамоми кишвавр ҷараён дорад.            
                         

                            Қубодиён

    Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ба шумо ва кормандони тими «Ислоҳ» саломативу сарбаландӣ орзу дорам.

 Аз совхози Тоҷикистон, деҳаи Навобод, ҷамоати деҳоти Навободи Қубодиён менависам. Номаи ман муфассал аст. Ман мехоҳам дар бораи чанд ҳаромхури ҷамоат ва ноҳяи бароятон маълумот бифристам.

Ман як марди солхурдаам, ки кам-кам ба деҳқонӣ машғулам. Шукри худо, ки писаронам дар муҳоҷирати корианд ва кам-кам ба ман кумак мекунанд ва зиндагии начандон хуб дорам. Ман ноадолатиҳоро мебинаму виҷдонам азоб медиҳад. Дар ин ҷамоат беш аз 20 ҳазор хоҷагӣ ба сар мебаранд. Даромади 95% мардуми деҳа аз пулҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва 4% аз деҳқонӣ ва 1% коркунон ва порахурони ҳукумат. Қубодиён 8 ҷамоат дорад. Аммо фасодзадатарин ҷамоат ҳамин ҷамоати Навобод аст (совхози Тоҷикистон). Дар ин ҷамоат заминфурушӣ ва сарбозшикор дар авҷи аъло аст. Аз падару модарони ҷавони синни даъват маҷбур ва бо таҳдид пул мегиранд. Тамоми мақомоти ноҳия аз ин корҳо бохабаранд, балки шарики ҳамин ҷурму ҷиноятанд.

Ин чи давлату давлатдорӣ аст, ки дуздону ҷинояткорон дар сари коранду мансабу вазифаи давлатӣ доранд ва озодона аз номи давлат ва бо қударти давлат ин гуна корҳоро мекунанд аммо бегуноҳу бечорагон дар зиндон?

  Мақомоти интизомӣ-коррупсия, милиса, амният, прокуратура, яъне Юсуф Раҳмон, СС.Ятимов, Рамазон Раҳимзода аз ин корҳо бохабаранду худро ба кариву курӣ мезананд.
 Марҳамат омада тафтиш кунед. Тамоми заминҳое, ки мефурушанд, ҳуҷҷат надоранд. Яъне сертификат надоранд. Хона месозанд, баъд ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. Дар қишлоқ ҷой-замини озод намондааст. Ҳозир боз дар руи замини қум сар карданд заминфуруширо. Ҳар хеле мехоҳанд хона месозанд. Роҳҳову кучаҳову паскучаҳоро тангу торик карда ҷуйборҳоро даруни ҳудуди хона дароварда истодаанд. Ба раиси ҷамоат пора дода ҳар коре дилашон мехоҳад карда истодаанд. Ягон санади меъморӣ, кумиати замин ва геодезӣ нест, то ки аз хатарҳое ба мисли заминларза, обхезӣ, сел ё дигар офатҳои табиӣ чораҷуӣ карда шавад. Манзилҳоро худсарона сохта истодаанд.

 Масалан бо иҷозати раиси ҷамоат хонаҳоро дар наздики дарёи Кофарниҳон сохтанд. Инҷо заминҳо фурухта шуданд ва мардум дар он минтақа манзили зист сохтанд. Аллакай дарё ба онҷо наздик шуда истодааст. Кадом шаб ё руз шуста мебарад ин минтақаҳои аҳолинишинкардаро. Инҳо дидаву дониста ин заминҳоро фурухтанд. Дар ҳоле, ки дар ин минтақаҳои хатарнок сохтмон мумкин нест. Марҳамат Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ё кумитаи заминсозӣ ва меъморӣ омада санҷед. Аммо, дар ин кор аз ҷамоат то ноҳия ҳама шариканд, чунки ҳамаашон «доля» доранд.

Ин раиси ҷамоат тамоман дар фикри халқ нест. Балки дар фикри худаш аст. Раиси ҷамоат Волид Нодиров аст. Бисёр инсони паст ва зинопеша аст. Хоҳари ӯро шавҳараш бо як писари бегона қапид ва ҷавобашро дод. Боз бо чанд марди ҳамин деҳа қапиданд, аммо ҳоло ҳам барои вай дарси ибрат нашуд. Ба худо як бесаводтарин одам аст. Ягон ҷоро нахондааст. Дипломи кадом коллеҷеро харидааст. Ҳамин аст оқибати дипломфурушӣ. Бо пул хондани донишҷу тамоми кишварро ба хатар мебарад. Ранги ин одами бесаводро ба ҳамин сину сол даромада надидам.

Наход як одаме, ки номи худашро ба зур нависад, ё ду калимаро ба ҳам пайваст карда хонда натавонад, раиси ҷамоат монӣ? Бовар кунед, ки карат каратро пурсӣ намедонад. Ҳатто дукарат дуро пурсӣ мумкин намедонад. Як шеър барои ватан пурсӣ намедонад. Аз адибон ё шоирон ку тамоман бехабар аст.

Аз раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ин хел бесаводонро роҳ надиҳед, як саводашонро санҷида бароед. Шумо одами босавод ҳастед. Охир ин на танҳо шумо, балки тамоми ноҳияро шарманда карда аст. Ва ин дар чанд ҷо гуфтааст, ки «ма ба раиси ноҳия 10.000 доллар додагӣ, вазифаро харидагӣ». Вақте пиён мешавад, ҳамачиро худаш бо забони худаш қоил мешавад.  Пеш аз раиси ҷамоат шудан заминсози ҳамин ҷамоат буд ва бо падараш тамоми заминҳои ҷамоатро чену чуб карда фурухтанд.

 Ман чор фарзанд дорам. Аз худи ман низ 3ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд. Падараш ваъда дода буд, ки дар боғ даҳ сотих замини  наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад. Чанд бор муроҷиат кардам. Барои писаронам ваъда дод, вале надод.

  Як заминро аз 40 то 50 ҳазор сомонӣ ба чанд кас мефурушанд. Пули чандин одамҳоро гирифта замин барои сохтмони хона медиҳем гуфта надоданд.

  Ин Волид Нодирои раиси ҷамоат худаш замини хоҷагии деҳқонӣ ҳам дорад. Гову мол ҳам дорад. Боз заминҳои обии мардуми бечораро гирифта тарбузу харбуза мекорад. Ба номи бародаронаш 70 гектар замин дорад, ки онҳо замини обӣ буда қариб аз нисф зиёдаш чарогоҳ оформит карда шудааст. Падарашро барои заминфурушиаш чанд бор бурда маҳкам карданд. Ва аз раисии ҷамоат барои порагириаш дастгир карда аз вазифа гирифта буданд. Бо маблағҳои калон худашро харид. Аз коррупсия озод шуд. Вале давлений зад. Ин Волид Нодиров боз дар руи замини қум тамоми заминҳоро фурухта истодааст. Дар назди остановка зиёда аз 30 сотих замини хона дар номи додараш кардааст ва як магазин дорад дар пеши остановка. На налог месупорад на свету об. Бензин савдо мекунад, ки тибқи талабот ҷавбгу нест. Ин на ба Раҳматуллои сабзибадаст шинос аст, на инро касе мешиносад. Баъди барномаҳои шумо, ки худаш ҳам дидааст, фахр кардааст, ки «Муҳаммадиқбол маро одами Раҳматулло гуфт. Тамоми мақомоти ноҳия дигар аз ман метарсад. Ман на Раҳматуллоро дидам, на мешиносам вале ҳоло акнун аз номи Раҳматуллои сабзибадаст каттагӣ мекунам».Ин ҳаромхур тамоми духтарҳои ҷамоатро зино мекунад

Боз як ҳаромхури дигараш Гулонов Додарбег, раиси маҳалла аст. Ва ин ҳам хоҷагии деҳқонӣ ва гову мол дорад. Уро дар ҷамоат тамоман намеёбӣ. Агар корат ғалтад аз сари замин меёбӣ. Замини назди хонааш як гектар мебошад. 7 фарзанд дорад. Бачааш дар Душанбе мехонад, духтарҳояшро ба шавҳар додааст. Магар аз пули як раиси маҳалла ин қадар кату кут карда мешавда? Маълум аст ки аз пули як раиси маҳалла нест. Албатта, аз пули облава. Мардумро дар мавсими облава Волид Нодиров, Додарбег ва корманди комиссариати ҳарбӣ Тошбой сахт ғам медиҳанд. Ба хонаҳои мардум омада аз 5 то 10-15 ҳазор сомониро мегиранд, таҳдид мекунанд, ки агар надиҳӣ бурда маҳкамат мекунем. Дар ҳар хона аз 3 то 5 нафар ҷавони сини аскарӣ ҳаст. Агар як кас бошад 10 ҳазор сомонӣ мегиранд. Агар 2 ё 3 кас дошта бошӣ, аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ мегиранд. Барои як ҳуҷҷат ба ҷамоат меравӣ аз 50 то 150 сомониатро мегиранд. Хулоса, тамоми корашон порахорӣ аст.

Волид Нодиров вақте маст мешудааст, мегуфтааст: « онаша ов бара ин давлату давлатдорӣ друғай, сума метӣ, бо сума ҷамъ карда мегардӣ, мардума қл кардум».

Волид Нодиров ва Додарбегро баъди барномаҳои шумо ҳамин нав як бегоҳӣ омада аз ҷамоат мақомот бурданд вале якчанд соат пас сар доданд. Волид Нодиров гуфтааст: «фалони маро мехран, сум меган боз метӣ, меган бху бгард. Ов ай боло лояй.  Худшон, яъне Эмомтапак иқа миллионҳо дуздӣ мекунад, ҳиҷи гап нест ку? Морам бошем мисли ҳавай. Ма тамоми мақомоти ноҳияра здагим. Сумшон метум, бо даркор шава, фалоншон мекнум, то раиси ноҳяш дар пешам мутаҳам аст»

Боз як ҳаромхури дигар Меҳтоҷов Ҳабиб, директори мактаби рақами 41 аст. Ин шахс дар мактаб зан ва духтаронашро ба ҳайси полшуяк номнавис карда ҳар моҳ ба номи онҳо маош мегирад. Дар ҳоле, ки онҳо тамоман суи мактаб тоб намехуранд. Дар ҷойи онҳо як, ду зани бечора кор мекунанду зану фарзандони Ҳабиб дар қатори онҳо маош мегиранд.

  Ҳабиб солҳои дароз аст ки директори мактаб аст. Як бор аз кор пешаш карданд, ба дигар мактаб бурданд. Вале боз маблағ дода ба инҷо омад, ки инҷо ҷойи руғанӣ аст. 6 духтар дорад ва як писар. Ҳамаи ин духтарҳояшро бо як маоши муаллимӣ туй кардааст, ки ин номумкин аст. Солҳои дароз деҳқонӣ мекунӣ, тарбуз, харбуза, гандуму ҷав мекорӣ, меҳнат мекунӣ, як духтарро бо қарзу қавола мебарорӣ. Боз писарашро фарматсевт хононда истодааст. Як аптека дар назди беморхонаи деҳа дорад, ки на андоз месупорад ва на ҳуҷҷат дорад.

 Ҳар сол пули таъмири мактабро аз 4 ҳазор талаба 20 то 50 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Пули обуна, пули бур, пули журнал, пуи китоб..пули комиссия. Ман ҳайрон, ки пули аз маориф ҷудомешуда куҷо мешавад, ки боз аз талабагон ҷамъ мекунанд. Агар мактабро таъмир кунанд, мо розӣ, аммо мактабро дарунаш фарсуда. Танҳо берунашро камтар рангу бор намуда боз худи ҳамин талабагонро мефармоянд, ки бо навбат омада ранг кунед.

Аттестатфурушӣ аз 300 то 500 сомонӣ. Духтарони синфи 9-ро баровардан аз мактаб аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ. Хулоса, ҳар як чиз нархи худашро дорад. Агар дар мактаб помош биёяд, ба хешу таборони худаш тақсим мекунад, ба домодҳову акаву бародаронаш ва худаш. Писараш бошад дар таги по мошин. Боз худаш алоҳида мошин, каттагӣ карда гаштанд.

  Муллои масҷид мулло Саидаҳмад, садқаи номи муллоӣ шавад, як бузи амният аст. Номи муллову муллогиро ҳаром кардааст. Ин шахс як инсони бероҳа буд. Агар пурсед маънои бисмиллоҳро намедонад. Ба мисли Саидмукаррам аст. Мардумро гумроҳ кардааст, аз қафояш намоз мехонанд. Магар аз қафои ин хел буз намоз хондан ҷоиз аст? Мавсими туйҳо сар мешавад, аз 200 то 500 сомонӣ барои никоҳ мегирад. Никоҳро ҳам ба як тиҷорат табдил кардааст. Бе иҷозати вай ягон кас ҳақ надорад никоҳ кунад. Дар минбари масҷид рузҳои ҷумъа фақат дар бораи пешвои миллат гап мезанад. Ту аз худову расул гап зан, то ки мардум як чи ибрат гиранд охир.

   Як золими дигар Одинаев Туйчӣ аст. Ин ҳаромхур чарогоҳи мардуми деҳаро гирифта ба бизнес табдил додааст. Ин шахс тамоми ҷангалу ҷангалзорҳоро маҳкам карда бо пул говҳои мардуми дигар ҷойҳоро мечаронад. Ҳар сари гов дусад сомонӣ дар моҳ. Аз асп бошад то 500 сомонӣ дар як моҳ мегирад. Мардум ҷойи чарогоҳ надоранд. Заминҳоро ҳуҷҷати қалбакӣ карда чарогоҳ кардааст. Подаи халқро намемонад, ки наздик ба ҷангал шавад.

 Ин чи зулм аст? Як шахс ба тамоми мардуми деҳа зулм кунад, магар ин адолат аст? Ин халқи бечора намедонад, ки чи кор кунад. Ман шахсан ду гов дорам, ба пода мебаранд, аз пода бармегарданд, мегуӣ аз газетхонӣ омада бошанд, шикамҳояшон дар пусташон часпидагӣ. Як дарза ришқа-юнучқа 25-20 сомонӣ. Камтар ҷав ва ё гандум барои коҳ корам мегуӣ, як гектар заминро ба маблағи 5 то 7 ҳазор сомонӣ барои як мавсим раиси ҷамоат мефурушад. Ин Одинаев Туйчӣ, бародари раиси собиқи ҷамоат Одинаев Азиз мебошад. Дар вақти  раиси ҷамоат будани бародараш,аз мансаби бародараш истифода бурда заминҳоро забт ва чарогоҳ кардааст. Халқи бечора метарсад, ки эътироз кунад. «Ма дар амният одам дорам, касе даъво дорад, марҳамат! Бурда нобуташ мекунам!».

Магар ин халқ коҳ аст, ки бурда нобудаш мекунӣ? Бар сари мардуми деҳа таҳдидҳои зиёд мекунад ба мисле, ки солҳои 90 якбор коҳи ҷаваш оташ гирифта буд, нисфи мардуми деҳаро бурда дар отдели Чирик лату куб кард. Як шахсро то далел ё ҳуҷҷат надошта бошӣ чи хел бурда латту куб мекунӣ. Магар ин адолат аст?

Одинаев Азиз, собиқ раиси ҷамоат аст. Ин шахс ҳам барои заминфурушиаш чандин бор дастгир шуда буд ва охирон бор Надиров Раҳимбег уро подстава карда ҷояшро гирифт.

  Боз як нафари дигар ба ном мулло Додарҷонов Абдурасул, ки гуфта мешавад Қуръонро чил бор хатм кардааст, тамоман аз мисолу масъалаи динӣ бехабар аст. Номаш мулло. Аммо чизеро намедонад. Ин шахс имоми масҷиди панҷвақта аст. Масҷид ба номи дигар кас, ба номи мулло Солеҳ, имомаш Абдурасул, ба мисли як навулмақоли халқӣ: «ҳофиз манаму бародарам мехонад». Ман ҳайронам, ки барои чи ин шахсҳо дар озодиянд. Бо ин қадар ҷиноят дар озодиянд. Барои як лайки Муҳаммадиқбол аз 8 то 20 сол зиндон мекунед. Инҳо болои халқ ин ҳама зулму мекунанд, ҷиноят содир мекунанд, дар озодианд. Адолат дар куҷост? Мулло Абдурасул тамоми заминҳои фурудгоҳ (аэропорт) ва боғро фурухт. Тамоми заминҳоро фурухт.

Ман барои чӣ дар боло аз мақомоти шаҳри Душанбе, Прокурори генералӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостам, ки худашон омада тафтиш кунанд. Марҳамат, агар шумо ҷиноят мекобед, дунболи Муҳаммадиқболу дигару дигар нагардед. Марҳамат омада тафтиш кунед. Инҳо-тамоми мақомоти ноҳия ва вилоятро хариданд бо маблағ. Яъне бо пора муттаҳам кардаанд, ба гуфти худашон, ки даҳони ҳамаашонро то вилоят бастем. Ҳар хору хасе ҳаст мефурушем. Абдурасул масоҳати хонааш аз 2 гектар зиёд аст. Гуфти пешво: «чи ту аз осмон чакидӣ, магар»? Агар бовар накунед марҳамат омада санҷед. Тамоми заминҳое, ки дар аэропорт боғ фурухта шуданд ин шахсҳо даст доранд:

Одинаве Азиз, раиси пешини идораи ҷамоат;

Зиёвиддинов Ислом, собиқ заминсози ҷамоат;  Додарҷонов Абдурасул, ки ба гуфтаи худаш соҳиби ҳамаи ин заминҳост, главар,Нодиров Раҳимбег, собиқ раиси ҷамоат. Нодиров Волид, раиси феълии ҷамоат. Гулонов Додарбег, раиси маҳалла.

Заминҳои аэропорт ва боғ ягонтоаш ҳуҷҷат надорад, на аз аэропорт ва на аз боғ.

Соҳибони ҳамаи хонаву заминҳоро фарёд карда якто-якто занталоқ қасам диҳед. Як ба як қоил мешавад, ки дар чанд сомонӣ харидорӣ намудаанд ва аз кӣ харидаанд. Танҳо занталоқ қасам диҳед.

 Абдурасул ҳозир нақша дорад боғи анорро тақсим кунад. Беш аз 2 гектар замини боғи анорро. Ниҳолҳои анори борварро решакан карда партофт. Қонуну адолати давлат куҷост? Агар як шахс як шохаи дарахтро бурад экология  омада ҷаримааш мекунад. Аммо ин шахс беш аз 3-4 ҳазор ниҳоли анорро канд, решаков карда партофт, ҳоло ҳам дар озодӣ аст. Ин аст ҷинояти руирост. Ин боғро нақша дорад як ду сол ба мисли боғи себзоре, ки айнан чунин карда буд ва як ду сол полезӣ корида яъне тарбузу харбуза баъд оҳиста-оҳиста фурухт. Яъне барои манзили истиқоматӣ. Ҳоло ҳам айнан ҳамин хел карданист. Ҳозир боғи анор нест. Дар ҷояш тарбуз. Як сол пас мебинӣ дар ҷояш хонаҳои истиқоматӣ шудааст. Дуздии руирост, гуфти пешвои миллат. Дар ин кор раиси ҷамоат ҳам қуш аст. Ин боғзорҳо магар ҳақи мардум нест?

 Мардуми деҳа чандин бор хостанд, ки мактаб ва медпункт кунем. Мардумро фиреб дода накарданд ва нақша доранд, ки инро ҳам фурушанд. Ин замини давлат аст. Монед мардум мактаб созанд барои ояндаи давлату миллат. Аз ин боғ то мактаб дуввуним километр аст. Бечораи кудакҳои нисфи шаб мерасанд ба хонаҳояшон. Зимистон хатарнок аст. Аз раиси ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки ҳамин заминро барои мактаб ҷудо карда диҳад.
 Бародар Муҳаммадиқбол! Агар як китоб нависӣ ин дарди мардум тамомшавӣ надорад. Бовар кун дар ҷони мардум задагианд. Мардум аз ин режим безор шудааст. Ин мардум бо шумоҳо аст. Тамоми мардуми совхоз шуморо гуш ва тамошо мекунад: зан, мард, кудак, мусафед ва интизори омодани шумоҳоанд

Аз сериали Усмонӣ дида сериали «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мардум интизор аст. Аз кинои Ҳазраи Юсуф дида мардум дар шумо «қзиқан». Аҳсант, ки шумо дарди мардумро мегуед. Ин давлат ба шумо бояд орден диҳад. Чунки шумо аз ин қадар ҷиноятҳо ҳарф мезанед, дуздиву ғоратгариҳоро ошкор мекунед. Тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бояд барҳам дод. Мақомот бояд бо шумо ҳамкорӣ кунад. Яъне барномаҳои шуморо гуш кунанд, то бехабар намонанд.

Ин режим ин ша Аллоҳ ба поён мерасад. Инҳо аз ободӣ гап мезананд, аммо ободӣ дар куҷост. Дар ҳамон чор биное, ки барои фоидаи Оила сохта шудааст. Он биноҳоро агар ҳамон муҳоҷирони бечора нахаранд бо ин маоши давлат ё деҳқонӣ шиками бачаҳоямонро сер карда наметавонем. Дар ин беш аз 30 сол ягон заводу фабрика насохтанд, ки барои мардум камтар беҳбудӣ шавад. Вақте мардум шикамаш гурусна он биноҳои баланди ту ба кӣ даркор? Инҳо ягон кор накарданд дар ин қадар сол ва карданӣ ҳам нестанд. Дар асри 21 на тобистон свет дорем на зимистон. 3 соат бегоҳӣ 2 соат саҳарӣ. Тобистон ҳаво гарм трансформатор қувват намекунад гуфта светро нуҳи саҳар то намози асру шом мекушанд. Боз камтар шамол шавад ҳафтааш свет нест. Ин чи давлату давлатдорист? Тоҷикистон неву торикистон номашро гузорем дуруст меояд. Камтар маблағ медоштам аз ҳамин деҳа баромада мерафтам.

 Афсус мехурам. Вақте дар Афғонистон будем соли ҷанги шаҳрвандӣ 1992 ман сардори камп будам. Камп яъне маҳалли зисти дастаҷамъонаи муҳоҷирон. Дар онҷо ба чанд камп тақсим буданд. Ман сардори яке аз онҳо будам. Маро намояндагони давлатҳои Аврупо, яъне Салиби Сурх хеле эҳтиром мекарданд. Вақте ҳамин Раҳмонови золим мардумро даъват кард, яке аз намояндагони Салиби Сурх бо ман рафиқи хеле хуб буд, маро гуфт, ки нарав, ки ин шуморо фиреб медиҳад.

  Инҷо таги коса нимкосае ҳаст. Биё туро Аврупо мебарам, паноҳандагият медиҳам. Азбаски фарзандонам майда буданд, нахостам. Пушаймонам. Афсус, кошки ҳамон замон мерафтам. Мо ватан гуфта боз ба ватан бозгаштем. Ман, ки аз кишвари худамон берун нарафта будам, фикр мекардам, ки муҳоҷирӣ азоб аст. Яке дар аскарӣ ғарибиро дидам ва яке дар Афғонистон ҳамроҳи рафиқи Салиби Сурх будам, ки ҳамеша ба мардум кумак мерасонд, мегуфт бурдани мардуми тоҷик ин як даъват аст аз суи Русия ва Амрико. Ҳоло имруз чоплусҳо гап мезананд, ки мардуми гурезаро Эмомтапак овард. Не, инро маҷбур карданд  Русия ва Амрко, ки мардуми муҳоҷирро баргардон нақл карда буд рафиқам. Онҳо маслиҳат  карданд, ки ин мардуми гурезаи тоҷик пас аз чанд сол ҳамааш террорист шуд ба сари мо бало мешаванд, инҳоро баргардонидан даркор. Бо ҳар роҳу баҳона Эмомтапакаро пеш андохтанд, ки баргардон. Нақшаи инҳо ҳамин буд, ки мардумро баргардонид бо фармони Русия.  Ин Эмоматапак нав давлатро бесоҳиб дидагӣ буд. Хулоса бародар инҷо бисёр гап ҳаст. Дар оянда хоҳам навишт. 

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҳо ислоҳ шаванд ё нашаванд, Ин ша Аллоҳ боз менависам. Ман дар ҳамин деҳа ҳастам ва ҳарчики инҷо мегузарад мебинам. Ба ҷавонони муҳоҷири деҳа гуфтаниям, ки раҳмати калон. Роҳи асфалтро маблағ ҷамъ карда тармим ва навсозӣ ва дар шафати он ҳоҷатхона соз кардед. Ташаккур ба ҷавонмардони ғариб.

Ps: Амо мо назоратро аз пушти ин ғоратгарон бештар менамоем ва ба раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ҳамагӣ як моҳ муҳлат медиҳем, то ин ғоратгаронро дар ҳол сабукдуш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашаванд. Нагузоранд,то боз дар прокуратура, милеса ва корупсия пул дода бароянд!.

Ҳоҷӣ Раҳматулло назоратро ба уҳдаи шумо ҳам мегузорем ва мебинем то куҷо шумо дар ин масала коре аз дастатон меояд ё шумо ҳам чуноне мегуянд ҷентелмен ҳастед?

Share This Article