30 солагии16-умин иҷлосия ё ифлосия? №19

Ислоҳ нет

Мамадаёз Навҷувонов, «куҳистонӣ»-е, ки ахгари ҳаводис шуд, кист? 

 (бахши нуздаҳум)

Бало аз таги по мехезад-яке аз ҳазорҳо мақоли мардуми тоҷик аст ки ба рухдоди нохоста, иқдоми носанҷида ва амали тасодуфӣ будани ҳодиса ишора мекунад, ки дар пай мушкилоту дардисарҳое ба бор овардааст.

«Балои аз таги по хеста», ки боиси даъвати иҷлосияҳои пайдарпайи 13, 14, 15 ва 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон ва мунтаҳо руй додани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шуд, муҳокимаи ноодилонаву боаҷалаи фаъолияти кории генерал Мамадаёз Навҷувонов, вазири умури дохилӣ аз тарафи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси Шӯрои Олӣ ва намоши ҷараёни он тавассути телевизизон буд. Ин муҳокимаву ин мубоҳиса набуд, шояд ҳоло дар шароити дигаре зиндагӣ доштем. Бале, ин «бало» ба ҳадде сахту сангин буд, ки Тоҷикистонро дигаргун кард.

Бахусус, вақте генерал Мамадаёз Навҷувонов дар посух ба иттиҳомоти Кенҷаев гуфт, Шумо, «мо -куҳистонӣ»-ҳоро чашми дидан надоред, ба масал бомбае мунфаҷир шуд, оташе шуълавар гардид, ки чанде нагузашта тару хушкро ба ҳам сӯхт.

Иброҳими Усмон, муаррихи тоҷик, ки ҳаводиси он солҳоро ба баррасӣ гирифтааст, дар китобаш «Соли Набиев» менависад, муҳокимаи Навҷувонов аз иштибоҳоти азиме буд, ки муртакиби он паёмади онро идрок накард:

    «Аммо рӯзи 25 март дар Шӯрои Олӣ воқеае шуд, ки набояд мешуд, ҳадди ақал набояд чунин сурат мегирифт. Шӯрои Олӣ масъалаи вазорати умури дохиларо муҳокима намуда, камбудиҳои вазифа ва шахсии вазирро ёфта, ба Девони Вазирон тавсия намуд, ки масъалаи дар кор мондан ё намондани М.Навҷувоновро арзёбӣ кунад……Аммо тарзи муҳокима дар Шӯрои Олӣ бисёр дағал буд, на арзёбии масъалаи ҳукуматӣ, балки таҳқиқи муфаттишу гунаҳкорро мемонд. Дар назар Сафаралӣ Кенҷаев на чун Раиси Шӯрои Олӣ, балки чун муфаттишони прокуротура ҷилвагар мешуд. Хеле дағал ва бад буд, ҷараёни ин пурсиш.

  Бадии дигар он буд, ки ин ҳамаро тавассути телевизион нишон доданд. Аз телевизион дидем ва шунидем, ки Навҷувонов мегуфт:

  Шумо мардуми кӯҳистонро таҳқир мекунед, кор кардан намемонед. Бад ин минвол Навҷувонов масъалаи шахсии худашро масъалаи маҳаллӣ маънидод карда, тавонист ба ҷони одамоне расад, ки аз фаъолияти ҳукумат дандон мехоиданд. Ин буд, ки рӯзи 26 март соати 6.30-7-и саҳар дар майдони Шаҳидон 50-60 кас, асосан ҷавонони бадахшӣ ҷамъ омада буданд. Соати 7.30-8 миқдори ҳозирон ба 100-150 кас расид. Ман байни онҳо шиносҳои зиёдеро аз ҷумла Ҳалимшоро дидам. Пурра ба ӯ ҳамфикр будам ва ҳастам, ки намоиши шабонаи телевизиони тоҷик, беадабӣ, таҳқир аст ва Сафаралӣ Кенҷаев бояд узр пурсад. Муҳим он нест, ки Навҷувоновро аз кор гиранд, ё не, муҳим он аст ки одоби давлатдорӣ, одоби муносибати инсонӣ поймол шудааст».

Иброҳими Усмон дар идомаи навиштааш мегӯяд, ки аз ёвари раиси ҷумҳур хоҳиш кардам, ки бо ин тазоҳурот шӯхӣ ва ҳазл накунад:

   «Аз Маҳмудҷон( Маҳмудҷон Шаҳобиддинов-ёвари Р.Набиев дар назар аст) хоҳиш кардам, ки ба Набиев расонад, бо ин митинг ҳазл карда намешавад. Ё барояд, ё намояндагонро қабул кунад, аз ҳама асосӣ ва дар ҳар ду ҳолат ҳам бояд Сафаралӣ Кенҷаев барои шакли муҳокима ва нишон дода шудани он тавассути ТВ аз Навҷувонов узр хоҳад.»  И. Усмонов. «Соли Набиев». Душанбе-1995

Дар воқеъ ҳамин тавр ҳам шуд. Таҷаммӯи 100-200 нафарии назди қасри Раёсати ҷумҳурӣ ба тазоҳуроти майдони Шаҳидон бадал шуд ва аз бекифоятиву корношоямиву гарданшахии роҳбарияти вақт:-Р.Набиев ва С.Кенҷаев аҳзоби сиёсӣ, созмону ҷунбишҳо бо ҷалби ҷонибдорон саҳнаро доғ карданд.

  Салими Аюбзод, хабарнигори маъруфи тоҷик ва аз шоҳидони ҳаводиси он рӯзгорон солҳо баъд роҷеъ ба ин ҳодиса чунин изҳори назар мекунад:

 « Митинги майдони Шаҳидон ибтидо бо эътирози гуруҳи ҷавонони бадахшонӣ аз мунсибати хасмонаи Кенҷаев ба вазири дохилии кишвар, зодаи Бадахшон Муҳаммадаёз Навҷувонов, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуд, дар 25-уми марти соли 1992 шурӯъ гашт. Дертар дигар аҳзобу ҷунбишҳои мухолифи давлат ба ин намоиш пайвастанд. Аммо на бо талаби ҳимояи Навҷувонов, балки бо як қатор дархостҳои сиёсӣ ба монанди ислоҳи Қонуни асосӣ ва қонуни интихобот, напазируфтани ислоҳоти маҳдудкунанда ба қонуни матбуот ва аз ҳама муҳимаш бо талаби истеъфои раиси маҷлис Сафаралӣ Кенҷаев». Салими Аюбзод. «Тоҷикон дар қарни бистум. Сад ранги сад сол». Прага 2002

Ҳодиса, ончуноне фаҳмидед аз ин қарор буд, ки Сафаралӣ Кенҷаев, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар як ҷаласаи раёсати Шӯрои Олӣ бар мабнои тафтишотӣ додситонӣ ва …,ки гуфта мешавад тайи ду моҳ сурат гирифтааст, камбуд ва қонуншиканиҳои вазири дохиларо ба рухаш кашида ва заминаро барои аз ин мақом барканор кардани ӯ фароҳам мекунад. Мушкилӣ дар инҷо буд, ки ҳамчунин мавриде, то ва баъди муҳокимаи Навҷувонро дар Тоҷикистон касе ёд надошт, чун вузаро ва ё нафаре дигари дар ҳукумат бо як фармон таъйин ва бо як фармони дигар озод карда мешуд. Аммо, ин бор чунин нашуд ва як чунин муҳокимаи ба истилоҳ оммавӣ ва беш аз ин намоиши он тавассути телевизионро ҳам худи Навҷувонов ва ҳам бадахшониҳо як навъ таҳқир шумориданд. Барои ҳамин ҷавонони бадахшонӣ ба назди раиси ҷумҳур рафтанд, то ки Сафаралӣ Кенҷаевро барои ин иқдоми таҳқиромез ҷазо диҳад. Ин ҷавонон чанд шабурӯз дар саҳнаи кохи раёсати ҷумҳурӣ истоданд, вале касе наздашон набаромад.

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони мардумии «Растохез» дар як сӯҳбати матбуотиаш мегуяд,ки вай аз раиси ҷумҳур тақозо кард,ки то дер нашуда бо ин ҷавонҳо сӯҳбат кунад:

«Раиси ҷумҳур гуфт, ки баъди сӯҳбат бо Навҷувонов назари худро хоҳанд гуфт…..Соате баъд, чун коре доштам, дубора аз паи он кор рафтам ва бегаҳ, мисли инки Навҷувонов ҳам омада буд ва дар ҳузури раиси ҷумҳур сӯҳбате шуд. Ба сӯҳбат чанде аз роҳбарони ҳукумат, худи раиси Маҷлис ва панҷ-шаш намояндагони бачаҳои дар саҳни бинои Шӯрои Олӣ ҷамъомада даъват шуда буданд. Талаби ҷавонон ҳамин буд, ки чун раиси Маҷлис бадахшониҳоро таҳқир кардааст, аз ин хотир бояд вай аз онон расман узр пурсад, вагарна онҳо аз даъвои худ даст нахоҳанд кашид ва аз майдон нахоҳанд рафт. Вале Кенҷаев ба ин талаб розӣ нашуд ва аслан гуфт, ки ҳеҷ узр намепурсад. Ҳамин тавр сӯҳбат ба ҷое нарасид ва қарор шуд, ки Навҷувонов рафта ба ҷавонон сӯҳбат кунад. Лекин дигарон ҳамроҳи вай ба майдон набаромаданд. Ман гуфтам, ки беҳтар мешуд, ҳадди ақал, касоне, ки инҷо нишастаанд, ҳамроҳи Навҷувонов берун шуда бо онҳо сӯҳбат бикунанд ва чун каме торик ҳам шуда буд, тавре ҷавононро ҷавоб бидиҳанд, ки дар онҷо наистанд ва бираванд.»  «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон». Душанбе-2010. «Нодир»

   Аммо худи Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, далели муҳокимаи парлумонӣ ва тавассути телевизион намоиш додани камбуд ва норасоиҳои кори М.Навҷувонов танҳо тасмими шахсии вай набуд. То инки даст ба чунин иқдом зада шавад, роҳбарияти онрӯзаи ҷумҳурӣ дар ҷараёни кор қарор дошт, беш аз ин маҳз бо маслиҳати раиси ҷумҳурӣ ин корро карда буд:

  «Аз муҳокимаи масъалаи М.Навҷувонов сарвазир Акбар Мирзоев хабардор буд. Пешаки ману Раиси Ҷумҳур Р.Набиев ӯро огоҳ карда будем, ки ҳатман бояд дар маҷлиси Раёсати Шӯрои Олӣ иштирок намояд ва фикру ақидаи худро оиди аъзои ҳукумат, вазири корҳои дохилӣ рафиқ М.Навҷувонов иброз намояд. Аз тарафи дигар, хулосаи санҷиш оиди М.Навҷувонов ба ахбори раиси ҷумҳур Р.Набиев, ноиби ӯ Н.Дӯстов ва сарвазир А.Мирзоев расонда шуда буд. Раиси ҷумҳур ваъдаи қатъӣ дод, ҳамон соате, ки Раёсати Шӯрои Олӣ муҳокимаи масъалаи М.Навҷувоновро ба охир расонида қарор қабул менамояд, фармони аз вазифа сабукдӯш намудани ӯро имзо намуда ба ахбори умум месупорад. Хулоса, мо ки дар остонаи сиёсат акнун қадам гузошта будем, ба гуфтаҳои шахсоне, ки дар сиёсат гурги борондида буданд, бовар кардем. Вале бехабар будем, ки яке бар дигаре чоҳ мекобад….». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷилди 1 

Хуб, ҳоло савол ин ҷост ки чи зарурат пеш омада буд, ки муҳокимаи вазири дохилӣ дар раёсати Шӯрои Олӣ баргузор ва ба воистаи оинаи нилгун нишон дода шавад. Сафаралӣ Кенҷаев дар китоби аввали «Табаддулоти Тоҷикистон» дар ин бора мегӯяд, ба онҳо хабар расида буд, ки мухолифин тазоҳурот барпо карда қасд доранд табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд:

   « Ва, дар асоси қарори якҷояи Ҳизби наҳзати ислом,ҳизби демократ, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои мардумии « Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Носири хисрав» бояд, ки 12 апрели соли 1992 дар Душанбешаҳр гирдиҳамоии ғайриқонунии умумиҷумҳурӣ баргузор мегардид, ки дар он масъали содир намудани табаддулоти давлатӣ гузошта мешуд. Бинобар ин дар мансаби вазири корҳои дохилӣ мондани М. Навҷувонов барои оппозитсия чун обу ҳаво лозим буд,  чунки ӯ зархариди дасти онҳо буд. Аз ин сабаб роҳбарияти ҷумҳурӣ аз пайи он шуд, ки ҳарчи тезтар М.Навҷувонов аз сари қудрат дур бигардаду дар кори ВКД тағйироти куллӣ ба амал ояд. Аз тарафи дигар , маслиҳат шуда буд, ки гуноҳи М.Навҷувонов ба воситаи оинаи нилгун ба халқи ҷумҳурӣ фаҳмонда дода шавад, то он ки мардум бифаҳмонд ӯ чи гуноҳҳо доштааст ва дигар фирефтаи ҳар касу нокас ба майдон ҷамъ наоянд, гирдиҳамоӣ нагузаронанд.»

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси созмони «Растохез» дар ҳамон мусоҳибааш мегӯяд, вақте раиси ҷумҳурӣ аз мулоқот бо ҷавонони муътаризи бадахшонӣ сар боз зад, мушоҳида намудам, ки дар табақаи саввуми кохи Раёсати ҷумҳурӣ дар тирезаҳои ба самти майдони он мили силоҳҳо намудор аст ва омадам ба дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар болои мағозаи «Зиннат» дар рӯбарӯи қасри Раёсати ҷумҳурӣ воқеъ буд. Дар беруни бино бо Давлати Усмон ва Шодмон Юсуф рӯбарӯ мешавад ва авзоъро мефаҳмонад ва хоҳиш мекунад, ки равему бо бачаҳо сӯҳбат кунему мутақоид кунем, ки феълан ба хонаҳояшон баргарданд:

Тоҳири Абдуҷаббор мегуяд, ки ба дафтари ҲНИТ, дар бинои фурушгоҳи Зиннат муқобили Роҳат меравад ва Д.Усмон ва Шодмонро дар берун мебинад ва мегӯяд, ки бояд бо бачаҳо суҳбат карду ҷавоб дод, чун дидам ки дар табақаи сеюм аз тирезаҳо мили силоҳҳо берун карда шудаанд. Чанд рӯз аз пайи раиси ҷумҳур шудам қабул накард

«Вале Давлати Усмон гуфт, ки не, баъди чанд рӯз рӯза тамом мешавад, баъд мардуми зиёд ба майдон меоянд ва мо маҷбур мекунем, ки ҳукумат талабҳоямонро қабул кунад. Тақрибан Шодмон ҳам мисли ин ки ба ҳамин нукта розӣ буд, ба ҳар сурат пешниҳоди маро напазируфтанд. Ба ҳамин гуна, мардум дар рӯзҳои баъд бештару бештар ҷамъ омаданд ва гирдиҳамоӣ ҳам тӯлони шуда дар онҷо мисли инки то 2 апрел давом кард.» «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон».Душанбе-2010.Нашриёти «Нодир».

Дар робита ба ин қазия Нуралии Давлат, муаррихи таърихи муосири тоҷик дар як матлабе роҷеъ ба Навҷувонов менависад:

    « Дар ҷаласаи мазкур бо истинод ба натиҷаҳои санҷиш Навҷувонов барои чораҳои зарурӣ надидан нисбат ба сардорони ШКД-и шаҳри Қўрғонтеппа ва ноҳияи Қумсангир айбдор шуд. Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор шуд, ки 139 адад мошини хидматиро бо нархҳои арзон фурўхтааст, аз ҷумла, як қатор мошинҳо ба корхонаҳои бегона ва ё берун аз ҷумҳурӣ ба савдо рафтаанд. Тазаккур дода шуд, ки Навҷувонов адолати иҷтимоиро поймол намуда, ба рўйхати кормандони системаи ВКД, ки бояд барои манзили истиқоматӣ дар минтақаи Теппаҳои шарқӣ замин мегирифтанд, танҳо як нафар милисаи қаториро дохил кардаасту халос. Гузашта аз ин, вазири ВКД ба он муттаҳам шуд, ки баъди кўчидан аз маҳаллаи Гулбутта ба хонаи нав, хонаи пештараашро ба фарзандонаш додааст, инчунин ў як бўстонсарои дуошёнагӣ ҳам доштааст. Баъди шунидани гузориши мазкур Кенҷаев бо лаҳни хеле дурушт Навҷувоновро истинтоқ кард. Вазир изҳор дошт, ки гузориши комиссияро шаб гирифтааст, бино бар ин, барои ӯ вақт лозим аст, то онро омӯзад ва посухи мушаххас диҳад. Аммо ин дархост сарфи назар шуд ва Раёсати Шўрои Олӣ ба президент Раҳмон Набиев пешниҳод намуд, ки Навҷувоновро аз вазифа барканор кунад. Азбаски лаҳни С.Кенҷаев хеле дағал буд, Навҷувонов бо эътироз гуфт: “Шумо бо ин амалатон мехоҳед, ки мо кўҳистониҳоро ба зону шинонед!»

Аммо бинобар навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев қабл аз онки муҳокимаи вазир дар Раёсати Шӯрои Олӣ баргузор шавад ӯ натиҷаи тафтишоти прокуратура ва бақия мақомоти марбутаро ба Навҷувонов дода ва ӯ ҳам розӣ шуда буд, ки аз мансаби вазирӣ меравад ва ҳатто яке аз муовинонашро ба ҷойи худаш тавсия дода буд. Аммо мегӯяд Кенҷаев ӯро роҳбарияти оппозитсия дигар хел роҳнамоӣ кард ва вазир ҳам қасдан масъалаи маҳалро дар васат кашид:

  «Азбаски М.Навҷувонов бо маслиҳати роҳбарони оппозитсия омодагии амиқу мустаҳкам дида будааст, дар маҷлиси Раёсати Шӯрои Олӣ дилпурона,«ҷасурона» чи тавре, ки мегӯянд, беҳтарин ҳимоя ҳамла кардан аст, яку якбора ба ҳамла гузашт, суханҳои ноҷову нораворо истифода бурда ба ҳиссиёти маҳалгароии мардум маводӣ нафтӣ пошид». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.1

Шодравон Аслиддин Соҳибназар дар ҷилди аввали «Субҳи ситоркуш»-аш ҳодисаи даст ба эътироз задани ҷавонони бадахшониро инъикос карда ва аз сӯҳбате сухан меронад, ки байни ӯ ва яке аз шахсиятҳои бонуфузи Бадахшон дар Душанбе Охонлаъл Оламов сурат гирифтааст. Ба навиштаи марҳум Соҳибназар Оламов соати 12-и шаб занг зад мегӯяд, ки ду бор телефонӣ бо Набиев сӯҳбат ва норозигии худро аз ин амали Кенҷаев иброз намудааст. Аммо Набиев тавре сӯҳбат кардааст, ки аз ин кор аслан хабар надорад ва баракс Навҷувоновро таъриф карда ва кори Кенҷаевро худсарона гуфтааст. Соҳибназаров ба Оламов гуфтааст, ки ин бозии худи Набиев ва Кенҷаев аст ва барои Навҷувонов шуда набояд ба майдон баромад. Аммо маълум мешавад, ки Навҷувонов баъди муҳокимааш ба Набиев кори шудагиро хабар дода будааст.

Қазияи муҳокимаи Навҷувонов дар раёсати Шӯрои Олӣ ҳукуматро водор кард, ки   ҷиҳати пажӯҳиши он як комиссияи махсус таъсис диҳад, вале дар асари кашолкорӣ ин комиссяи натавонист, натиҷаи тафтиши худро саривақт мунташир ва ҷомеаро ором кунад. Аммо шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, ки узви ҳайати ин комиссион мегуяд, на ҳама иттиҳомоти ворида ба Навҷувонов тасдиқ шуданд: 

   «Зимнан, аз тарафи намояндагони ҳукумат ва Маҷлис (порлумон) як комиссиюн дар бораи баррасӣ кардани фаъолияти вазири дохила ташкил шуд ва ман ҳам ба он шомил будам. Тақрибан як ҳафта ва ё бештар комиссиюн фаъолият кард. Мавзӯъ ин буд, ки гӯё вазири дохила Навҷувонов як мошинро ғайриқонунӣ ва гӯё як хонаи дигар бидуни навбат гирифтааст. Вале зимни сӯҳбат ва ошноӣ бо ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки ин ҳама иттиҳомот нодуруст аст ва ӯ ягон кори ғайриқонунӣ накардааст ва гуноҳҳое, ки раиси Маҷлис мехост ба гардани вай бор кунад, беасос аст ва дуруст нест. Билохира, баъди беш аз ягон ҳафта кори комиссион ҳам анҷом ёфту он бояд дар сессия садо медод, вале раиси комиссиюн сарвазир Акбар Мирзоев бемор ва дар бемористон буд ва ман аз муовини раиси комиссион дархост кардам, ки ӯ хулосаи кори комиссионро ба ҳамагон маълум намояд, вале вай ин корро накард ва гуфт, ки ин корро худи раис бояд бикунад ва бо ҳамин хулосаи кори комиссиюн эълон нашуд.» «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон.Душанбе-2010. «Нодир»

Сафаралӣ Кенҷаев то имкон дошт барои сияҳ ва бадном кардани Навҷувонов кор кард. Вай Навҷувоновро дар куштори Нурулло Ҳувайдуллоев, Додситони Кулли Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 1992 ҳадафи террор қарор гирифт, шарик эълон карда аз Набиев хоста буд, ки ӯро аз мақомаш барканор кунад:

дар ҷойи ҳодиса ҳуҷҷатҳои шахсии «генерал» Раҳимбек Нуруллобекови ишкошимӣ ёфт шудааст. Охир мову шумо хуб медонем, ки Раҳимбек Нуруллобеков ба Муҳаммадаёз Навҷувонову Давлат Худойназаров хешованду бо Ҷурабек Аминов дӯстони қаринанд! Барои объективона бурдани тафтишоти пешакӣ бояд Муҳаммадаёз Навҷувонов ва Ҷурабек Аминов  аз сари қудрат дур карда шаванд. Ин талаботи қонун ва вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ мебошад.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.1

Ба ин тартиб Набиев ва Кенҷаев-ду роҳбари аввали ҷумҳурӣ бо ин кори воқиан ҳам носанҷида ва мешавад гуфт аблаҳона ва бахусус бори ҳамдигар кардани он:-«ин кори ман набуд, ин кори Кенҷаев буд…. раиси ҷумҳурӣ худаш фармуда буд ,мо қурбонӣ шудем» гуфтанҳои дигар бесуду бефоида аз як қазияи кучак балоеро болои сари мардум оварданд. Навҷувонов дар мақомаш истод. Набиев ӯро аз кор нагирифт.

Ва, баъдан, вақте дар 26 июни он сол дар Хоруғ тарафҳои ҷанги дохилӣ ба шумули Сангаку Ҷумъа Буйдоқу дигарҳо нишасте таҳти раёсати Акбаршо Искандаров доир шуд, Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилӣ ба ҳайси мизбон онҳоро пазироӣ кард ва дар зери созишномаи «Сулҳи Хоруғ» ба унвони вазири дохилӣ имзо ҳам гузошт. Аммо воқеият ин буд, ки ҳамин ҳодисаи муҳокимаи вазири дохилӣ ахгар ва ё пешдаргирони ҷанги дохилӣ шуд, ки барои панҷ сол идома кард.

Навҷувонов дар як суҳбати матбуотиаш гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар фикри ҷамъоварии молу сарват набуд ва ҳамеша талошаш баҳри он буд, ки оромӣ ва осоиш дар кишвар таъмин бошад:

  «Ман аз соли 1989 то моҳи ноябри соли 1992 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон будам. Дар ин муддат фақат даҳ рӯз дар идора шиштаам, зеро баъди даҳ рӯз дар байни Исфара ва Бодканди Қирғизистон ҷанҷоли обу замин бархост. Ин давраи демократияву ошкорбаёнӣ мегуфтанд, халқ намефаҳмид инаш чисту онаш чист. Душманони даруниву берунӣ аз ин вазъ истифода бурда, хостанд, ки бо ин роҳ ҷанг дар байни тоҷикону қирғизҳо сар шавад. Ман муддати се моҳ дар Исфара мондам ва якҷоя бо бародарони қирғиз тавонистем, коре кунем, ки ҷангу хунрезӣ нашавад. Баъд ҳаракат карданд, ки дар дигар ҷойҳои Тоҷикистон ҷанг андозанд».

 Дар дуюми моҳи августи соли 1992 дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилӣ М. Навҷувонов изҳор дошт, ки то нимаи якуми моҳи августи соли 1992 дар ҷумҳурӣ беш аз 10000 силоҳ дар дасти мардум аст. Ба гуфтаи ӯ, ин аслиҳаро асосан моҳи май аз Кумитаи мудофиа гирифтаанд ё ғасб намудаанд.

– Аз хориҷи Тоҷикистон низ аслиҳаи зиёд ворид мешавад, аз ҷумла, аз ҷамоҳири СНГ, – мегӯяд ӯ ва илова мекунад, ки хунрезиро намехоҳанд.

Генерал Мамадаёз Навҷувонов,вазири корҳои дохилӣ дар охири моҳи октябр соли 1992  дар таърихи 30 уми октябр дақиқан шаш рӯз пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи С.Кенҷаев ба Душанбе бо фармони А.Искандаров аз мақомаш барканор карда шуд. Бо фармони дигари Искандаров, и.в. вазири ВКД Гулос (дар баъзе манбаъҳо Гулдаст) Имроншоев таъйин гардид, ки то рӯзи охирини иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ ин вазифаро иҷро кард.

Муҳим Навҷувонов то Иҷлосияи 16 нарасид. Вай то чандин сол дар зодгоҳаш Шуғнони Бадахшон зист ва баъдан дар соли 1998 боз ба Душанбе баргашт. Он солҳо ӯро чандин бор дар меҳмонхонаи «Вахш», ки қароргоҳи Комиссиюни оштии миллӣ буд худам дида будам ва назди Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дохил шуда буд. Ҳатто дар КО ба ӯ дар зеркомиссияи муҳоҷирон вазифа ҳам пешниҳод карда буданд. Аввал каме хост кор кунад вале як зуҳр омаду гуфт ин кор барои ман нест. Агар ягон мақомҳои низомӣ бошад омодаам. Дақиқан падарам Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода ба он зер комиссияи муҳоҷирон дар КО ба кор шурӯъ намуданд. Ончи ман шахсан аз солҳои охираш медонам ҳамин буд.

Ҳолномаи кутоҳи  Мамадаёз Навҷувонов

Мамадаёз Навҷувонов мутаваллиди соли 1942 буда, баъди хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат кард. Соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи шаҳри Саратов ва с.1979 Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинградро ба итмом расонда, ба Тоҷикистон барои идомаи хизмат бармегардад.

Номбурда ҳамчунин шӯъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ғоибона) ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзеро дар шаҳри Маскав хатм мекунад. Солҳои 1989 – 1992 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Аз охири соли 1992 то соли 1996 дар ВМКБ зиндагӣ карда, ба Душанбе баргашт.

Навҷувонов 28 июли соли 2015 дар синни 73 солагӣ дар Душанбе дунёро падруд гуфт ва дар зодгоҳаш дафн шуд.

Поёни қисмати нуздаҳуми ин силсиламатолиби мо. Қисмати бистуми мо “Қозӣ Тураҷонзода чаро дар иҷлосияи 16 набуд ва чаро Раҳмонов бо ӯ оштӣ накарду эълони ҷанг кард?  мебошад. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода яке аз шахсиятҳои маъруф ва таъсиргузори он солҳо ба шумор мерафт. Надонистану нафаҳмидани асли қазияҳои он рӯзгорон имкони бовар кардан ба афсонаҳо ва туҳматҳо мегардад. Ҳатман интизори ин қисмат бошеду онро мутолеа ва барномаро бубинед!

Share This Article