Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№136

Ислоҳ нет

   Ҳузури Раҳмонов, ки беш аз се даҳа аст дар сари қудрат мебошад, дар дили тамоми мардуми Тоҷикистон задааст. Ин диктотури бешарму беҳаё бо баргузории референдумҳои ҷаълию қалбакӣ чанд бор замони ҳузури худ дар ҳукуматро тамдид ва ниҳоятан то барои умрбод истодан Қонуни асосиро иваз кард. Ҳеҷ шарму ҳаёву инсоф надорад. Вале мардум, ки як давраи пуразобу пурмашаққати ҷанги шаҳрвандиро таҷриба кардааст, ночор аст ин продукти ин ҷанги хонасузро таҳаммул кунад. Ва ин маҳсулу ҳосили ин ҷанг ҳам бо истифода аз тарси ин ҷанг болои мардум ҳар ғалате бихоҳад ҷорӣ карда истодааст:

                                              Кулоб

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Кулобам. Ман гоҳ-гоҳе менависам ва дар матбуоти даврӣ навиштаҳоям чоп мешаванд. Ман ҳамеша сайти Ислоҳро мутолиа мекунам. Албатта, дигар сайтҳоро ҳам мехонам. Вале рости гап ҳоло танҳо “Ислоҳ” аст ки мешавад гуфт як расонаи электронии озоду боҷуръат ва нотарс мебошад. Ман дар бораи Эмомалӣ Раҳмонов чанд фикру андешаамро гуфтанӣ ҳастам. Ин мардак пир шуд, аммо сер нашуд ва намешавад. Ман гумон намекунам, ки вай дар зиндагиаш курсии раисиро ба писараш диҳад. Писарашро майда-майда омода карда истодааст, аммо ба бовари ман вай то рӯзи марг курсиро ба ӯ ҳам намесупорад. Барои ҳамин дар Қонуни асосӣ ҳам барои писараш ва ҳам барои худаш шароити ин курсиро гирифтанро мусоид кардааст ва худаш бар асоси ин қонун метавонад то охири умр, яъне бемаҳдудият дар ин вазифа бимонад.

Ба назари ман Раҳмонов аз сарнавишти Нурсултон Назарбоев сабақи дигар гирифт. Вай, вақте ҳоло мебинад, ки Назарбоев, ки вай ҳам худро пешво (элбаси) эълон карда ҳамаро ба номи худаш сика ва ҳак карда буд, ба ин ҳоли зору низор гирифтор шудааст, на имтиёзе, на домоду духтарҳои серпуле, ҳамаашро заданду гирифтанд ва на эҳтирому хулоса ҳеҷ чизе, барои худ қатъан тасмим гирифт, ки то охири умр дар мансаб мемонад. Манзурам ин аст ки ба инзиво кашонидани Назарбоев ва аз саг бадтар кардани ҳолу ҳавои вай Раҳмоновро сахт тарсонид, ки агар ҳукуматро бидиҳад такрори сарнавишти Назарбоев ғайримумкин нест, ҳатто агарки дар ҷойи Қосимҷомарт Тоқаев Рустами Эмомалиро ҳам биёварад. Яъне рӯзу рӯзгори имрӯзаи Назарбоев ӯро ба ин андеша бурд, ки ҳукумат набояд аз дасташ равад. Аммо дар ин миёна омадану овардани Сардор Бердимуҳаммадов дар Туркманистон Рустамро барои ҳарчи зудтар соҳиб шудан ба курсии падар таҳрику тела медиҳад ва инро Раҳмонов ҳам фикр ва андеша мекунад. Ҳоло ки байни ҳайати ҳамроҳонаш,масалан Ҳасан, масалан, Зоир, масалан Шамсулло, масалан СС.Ятимов, Рамазон Раҳимзода ва монанди инҳо ва командаи Рустам ва Озода пеш омадани задухурдҳои ошкорову пинҳонӣ бар сари «сфера влияний» дар тамоми арса, аз тиҷрат гирифта то масоили кадриву дигару дигар ва махсусан ғасбу тасоҳуби манбаъҳои даромад, ҳоли Раҳмоновро беш аз пеш бад карда истодааст. Аммо ин ҳама ҳолату муҳиту вазъияту шароитро худи Раҳмонов сохта аст, мубтакир, муқассир ва муҷрими он худи вай аст. Яъне худкардаро тадбир нест. Ба як калом ҳоли имрӯзи Раҳмонов ба дарозгуше монанд аст ки зери думаш хору тутак ва ё қарғанак мондаанд.  Дарозгуш намедонад, ки он хорро чи тур аз даҳани маъқадаш бигирад, балки думашро сахттар зер мекунад, аммо хор боз сахттар азияту озораш медиҳад. То аз дарун берун накунад, ин ҳол вайро азият медиҳад…Раҳмонов ба ҳоли ҳамин дарозгуш мубтало шудааст.

                                                        Рудакӣ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз ноҳияи Рудакӣ, ноҳияи ҳамшафат бо пойтахти Тоҷикистон ин номаро бароятон ирсол мекунам. Дар бораи як нафар инсон, ки бе ягон муболиға метавонам уро буз гуям навиштаниам. Вай Тошмурод ном дорад, лақабаш Муха аст. Дар деҳаи Ҳасаобод зиндагӣ мекунад. Вай ягонҷо нахондааст. Аммо удстоворенияи милисагӣ дорад. Вай одамонро подставлят мекунад. Вай настоящий крыса аст. Касе ӯро ҳеҷ коре карда наметавонад. Вай удостоворенияашро нишон дода одамҳоро шантаж ва угрожат мекунад. Бо кормандони милисаи ноҳия, махсусан уголовникҳо сахт алоқаи зич дорад. Ҳадди ақал даҳ духтари аз 17сола хурди ноболиғро дасти зур кардааст. Вай наркотика мефурушад. Ҳатто бо ҳамин наркотик ҳам, худаш мефурушад, чанд нафарро подстава кардааст. Дуғу дағдаға мекунад, ки касе фалонашро гирифта наметавонад: «я сам закон» мегуяд. Мегуяд,  ки Тоҷикистон дар дасти мо аст: «как хотим так будем жить» Ҳар духтаре, ки дар қади куча бинаду ба вай маъқул шавад, он духтарро, махсусан студенткаҳоро пул дода, расво мекунад.  Миллати вай қалуғ, узбек аст. Ман уро нағз мешиносам. Вай ҳатто мактаби миёнаро ба зур тамом кардааст. Аммо удостоворений дорад. Ин ҳуҷҷатро аз куҷо гирифтааст ва бо милисаҳо чи тавр шиносу дуст шудааст, ман ҳайронам. Вай худаш ҳам наркотика мезанад. Худро сахт крутой мегирад.  Тиҷорати наркотикааш қариб ошкоро аст. Вай даҳ мошини гаронбаҳои хориҷӣ дорад. Се коттеҷ  ва чаҳор зан дорад.

«Дар назди ман ин одамҳо мурчаву пашаанд», мегуяд.

Ман ҳайронам, ки ин мақомот куҷоро нигоҳ мекарда бошанд?

                                   Сангвор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бароятон аз Сангвор менависем. Аз Сангвор кам менависанд, инро медонам. Минбаъд талош мекунем, ки ин вазъият дигар шавад.

Ҳоло дар бораи як нафар бо номи Гадоев Саймуддин иҷрочии суди ноҳия Сангвор навиштаниям. Як инсони бисёр ҳам фосиқ аст. Мансаби давлатӣ барои ин одам на фақат василаи ҷамъоварии пул, порхурӣ ҳамчунин фисқу фосидӣ ҳам ҳаст. Барои мисол як зане,  ки ба ин ин он сабаб аз шавҳараш ҷудо шуд ва барои гирифтани алимент рафт ин Саймуддин бе ягон мулоҳиза шарт мегузорад, ки коратро дар он вақт буд мекунам, ки бо ман ҳамхоба шавӣ. Ин корҳояшро бештар дар деҳаи Чилдара анҷом медиҳад ва дар деҳаҳои Хур, қишлоқи Сари парон, қишлоқи Дашти шер дар дараи Ҷангалак. Вай боз мардумро ба прокурор мефурушад ва аҷибаш ин ки боз худаш миёнарав шуда корҳоро ҳал мекунад, албатта бар ивази пули зиёд.

Бо помпрокури ноҳия Ғиёс ин корҳоро мекунад. Дар суд ҳам боз худи ҳамин Саймуддин посредник аст. Бовар кунед, ки мардумро ғорат карда истодааст. 30 сол аст ки дар ин вазифа кор мекунад. Беш аз

  400 занро расидааст. Меравад бо прокурор ва ё суд гапзанон мекунад, аммо агар даҳ ҳазор ошад меояду бист ҳазор мегирад, даҳҳазорашро ба ҷайби худаш мезанад. Чанд занро медонем, ки ноилоҷ шуда бо вай барои гирифтани алимент ҳамхоба шуданд.  Ҳатто ҷияни худашро ҳам подстава карда ба милиса фурухт. Мнхостанд, ки аз вай якҷо бо началники милиса пул канданӣ буданд. Лекин у ҷиянаш сағераи хира сумро ба банк медиҳад ва ба Саймуддину Розиқча намедиҳад. Дар ин миён аз ин ҳама моҷаро амниятдарак меёбад. Ба прокурору миласаву суд мегуяд бача гуноҳ надорад. Лекин ҳар коре карда штрафаш карданд.  

  Дар ноҳияи Сангвор сардори УУР-шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ ба ҷони мардум задааст. Ҳар илоҷ карда одамҳоро подстава карда пул кор кмекунад. Ӯро бо15 ҳазор сомонӣ коррупсияи Роғн меқапад. Аммо Розиқчаи началникаш мераваду халос мекунад. Бо коррупсияи Роғун шинос будааст. Доляи коррупсияро медиҳанду сардори УУРро  халос мекунад. Ин УУР хуни мардумро хурда истодааст.

Хабари дигар ин аст ки имсол комиссари низомии ноҳия-военком дар мавсими нави даъват аз мардуме, ки бачаҳояшон дар Русия аст ставкаро аз 15 ҳазор сомонӣ ба 20 ҳазор боло бурд. Вагарна тавассути милиса ва амният бачаашро аз Русия бзурӣ меорад. Касе барои наҷоти ҷонаш аз Русия пул мефиристад пулро дар аптекаи назди болнитса мебаранду месупоранд. Номи ин аптекачиро намедонам, аммо аптекааш дар бари аптекаи Диловар аст. Моҳи январ овоза шуд, ки аз кор мегирандаш, аммо даводав карда боз дар ҷояш истод. Дар як маърака задасту пиён шудаасту нақл кардааст, ки аз ҳамон рӯзе, ки омадам се хона харидам. Қалуғ, аст миллаташ узбек. Аз Данғара аст. Гуфтааст, ки аз хешу таборҳои Раҳмонов аст. Гуфтааст, ки Ҷаноби олӣ, пешвои миллат аз миллати онҳост.

Кормандони военкомат ҳамааш ҳақорату дашномаш мекунанд. Мегуянд, ки «ҳаромӣ тоқахурай, ақалан сад сомонӣ мода намета, то дараҷае ҳаром хурай, кофир ихелӣ нест».

Як нафар ба номи Назриддин аз ҷамоати Вахё. 5 бачаи призивник дорад. То 2 – 3 фляг асал мегирад, баъд ҷавоб медиҳад. Мисли Назриддин дар ҳар қишлоқ чаҳор  -панҷ нафарӣ ҳастанд. Ана ҳамин хел мегирад. Кормандони худаш мегуянд, ки руирост мегирад. Гарени пул кор мекунад. Гуфтанд, ки дар як спринтери Мерседес фляги асалҳои ҷамъовардааш дар тирамоҳи соли гузаштаро ба Данғара ё Душанбе фиристодааст.

  Дар шуъбаи милиса як капитан ҳаст, ки Ҷангӣ ном дорад. Ҳар шаб аз деҳаи Хур як ҷавонзан бо номи Ҳавасгулро мебарад дар мошин дар роҳ мерасад. Он зан боз  барояш дании одамҳоро медиҳад.

Милисаи дигар Саймурод бо кличкаи Мушак ҳаст, ки вай низ мардумро азият мекунад. Махсусан дар Чилдара. Бузӣ мекунад. Ба зани муҳоҷирони корӣ мерасад. Боз милисаҳои мужик ҳастанд. Аммо ин ба началник сияҳашон мекунад. Ду соли пеш як заро ба отдел меоварад ва дар даруни кабинет таҷовузаш мекунад. Ин зани бечора чи кутоҳие карда будааст. Ҳама милисаҳоои отдел нағзаш намебинад. Охир ҳоли мардуми мо ба ин таҷовузгарони Дарғарагӣ мондааст, дигар дардамонро ба куҷо гуем ? Дар Сангвор мард намондааст дигар.

                                              Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки бахши аввали навиштаи маро дар бораи вазорати маорифи Тоҷикистон ва мушкилоти он чоп кардед. Бигзор, ки бихонанд ва пайи ислоҳи вазъи маориф шаванд. Агар нашуданд ҳам ихтиёрашон. Мо,масъулияти худро иҷро кардем. Ва, ҳоло идомаи навиштаро пешкашатон мекунам:

Акнун дар мавриди муҳимтарин бахш,”Барномаи таълимотӣ”,ки бо забони тоҷикӣ Curriculum (English) мебошад бинависам. Барномаи таълимӣ аз “фалсафаи таълимӣ, маводҳо, таълим, омӯзиш, идеологияи пинҳонӣ ва арзёбӣ” иборат аст. Дар кишварҳои   Аврупо ва Амрикои Шимолӣ “Конструктивизм ва постконструктивизм” ба иҷро дароварда шудааст, ки асоси барои рушди “тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ  ва метакогниатсия” мебошад.  Ба лафзи маҳаллӣ “кудакро аз хурдӣ то ҷавонӣ бо тамоми шароит муҳайё мекунанд,ки ихтирокор бошад.” Ҳатто дар аксари давлатҳои Африко ҳам ҳаминро ба иҷро дароварда анд. Аммо дар мо ва баъзе аз давлатҳои пасошуравӣ ҳамин “Traditionism”-ро (анъанавӣ ) то ҳоло ҳам истифода мебаранд.

Пешравии давлатҳои “Прибалтика”-ро нигаред ва беларусу қазоқ ва Озарбойҷони   пур аз нафту газро бинед. Ҳол онки Тоҷикистону Узбекистонро тамоман ба ин рада монда намешавад.

 Ҳар як кишвар ва асосан кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ маводи таълимии худ, аз қабили китобҳо ва қоидаҳоро таҳлил ва таҳия мекунанд. Мутаассифона дар Тоҷикистон он китобҳои солҳои 70-80-уми асри гузашта танҳо тарҷумаанд, ки ба шароити имрӯза мувофиқат намекунанд. То имрӯз аз китобҳои таърихи тоҷик истилои араб, муғул ва дигарро мехонед, аммо дар бораи таҷовуз ва истилои империяи Русия ҳамроҳшавии Осиёи марказӣ ном додаанд. Бо кадом ақл ва савод инро ба кудаку наврас меомузанд? Дар барои маводи улуми дақиқ тамоман гуфт намешавад. То имруз синфи 10 ва11 дар фикранд, ки инкишофи нейронҳои мағзи сари инсон дар сини 22 ба итмом мерасад. Вале дар соли 2012 4 нафар аз Австралия, ки ҷоизаи Нобелиро дар ин соҳа гирифта буданд термини “Нейропластика”-ро ихтироъ карданд. Мазмун дар он аст ки чи қадар инсон хонад ва илм гирад ҳамин кадар нейронҳои мағзи сар инкишоф меёбанд.

Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафта аз усулҳои мухталиф, махсусан “толибилм марказӣ” истифода мекунанд, аммо дар Тоҷикистон танҳо методика истифода бурда мешавад. Ба забони сода “омузгор аз руи эмотсионал, малака, дониш, хоҳиш ва ниёзи шахсии худ дарс мегуд ва таълим метиҳад.”

Тафовут дар натиҷаи таълим хеле бузург аст, зеро толибилме, ки аз рӯи хоҳиш худ дар мавзуъ, намуд, фаъолиятҳо эҷод мекунад ҳамеша барои пешсафии худ ҳаракат мекунад. Бовари комил дорам, ки вазир ва ё ягон ходими вазорати маориф аз ин бохабар нест.

Ҷанбаи омӯзиш унсури муҳимест, ки аз равандҳои тарзи омӯхтани донишҷӯён ё талаба иборат аст. Дар Тоҷикистон муҳаққиқон асосан бо усули “инҷо саҳифа ва мавзӯъ хондан ва навиштан вазифаи хонагӣ” меомӯзанд. Ҳеҷ гуна муоширати мустақим ва интерактивӣ ҳангоми дарс, ҳамгироии технологияҳо, озмоишҳо, таҷҳизоти дуруст барои ҳавасмандии ривоҷи хонандагон вуҷуд надорад. Ҳатто фаъолиятҳои муштарак ва ҳамкорӣ, таҷрибаҳо дар асоси ҳаёт, ҳалли мушкилот ё омӯзиши лоиҳавӣ комилан вуҷуд надоранд. Баъдан масъулини ҳукумат, волидайн ва ҳатто худи Раҳмонов мегӯянд, ки «Толибилмҳо ва донишҷуйҳо хоҳиши омӯхтани надоранд». Охир Худованд кури маризат гардонад бачаи Марями гурсухта мемурӣ, ки як нафар инсони босаводро ба сари вазифа гузорӣ?!

Ҳоло муҳимтарин унсуре, ки бевосита ба меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кишвар таъсир мерасонад, ки дар Тоҷикистон хеле пешрафта ва амалӣ шудааст, қисми «идеологии пинҳон» мебошад. Қисми идеологии пинҳонӣ ба чӣ ва чӣ гуна пинҳонӣ мақомоти роҳбарикунанда кӯшиш мекунад, ки донишомӯзонро ба «боварӣ ва ғамхорӣ» ташвиқ кунад. Масалан, дар давлатҳои мусулмонӣ кӯшиш мекунанд, ки муҳаббати Худову паёмбарро ва сипас ба кишвари худ расонанд. Дар ҷаҳони ғарбӣ онҳо мекӯшанд ватандӯстиро барои чизҳои муҳими кишвар, аз қабили парчам ва суруди миллӣ тарғиб кунанд. Аммо дар Тоҷикистон танҳо як чиз «чоплусӣ ба Раҳмонов»-ро хеле тарғиб мекунад. Як мисоли одӣ.Ба ҳар китоб нигоҳ кунед як акси ин Лаънаткардаи аллоҳро мебинед. Ҳар синфхона акс дорад ва ҳар як коридор ва дигар чойҳо дар мактаб пур аз суханони у. Расму суратҳои уро танҳо дар туалетҳо фаромуш кардаанд, ки дар асл ҷои воқеии насбу сухану сураташ аст.

   Чаро ҳар субҳи душанбе суруди миллӣ хонда намешавад, ба мисли кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафтаи ҷаҳон?

  Акнун аз руи ҳамин фаҳмед, ки зиёда аз 80%-90%-и чоплусон ба хоҳиши худашон чоплусӣ мекунанд. Барои он ки аз хурдӣ бо ҳамин идеология ба воя расидаанд.

Баҳодиҳӣ ё санҷишҳо унсурҳое мебошанд, ки барои тафтиши “омӯзиш, таълим ва пешрафти таълим” истифода мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон ягона роҳи “пул” вуҷуд дорад ва ҳар чӣ хоҳед, ба даст меоред. Аз синфи якум то соли охирини магистр ё докторантура ҳамон равиш. Танҳо пулро пардохт кунед ва ҳар чизе,ки мехоҳед, хоҳед гирифт. Албатта, донишомӯзон ва толибилмон ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки таҳсил кунанд ва худро омода созанд. Онҳо танҳо як чизро медонанд: “Барои анҷом додани он ман бояд пардохт кунам”. Баъдан мо ҳамеша дар бораи “коррупсия” ва бефоидагии он ҳарф мезанем, зеро мо онро аз синфи як дар мактаб таълим медиҳем ва мекӯшем, ки то ба синни калонӣ ба кор даромадан.

То он даме, ки ҷазои сахте, ки дар Сингапур «ҷазои қатл» аст, ба амал бароварда нашавад, тағйир намеёбанд. Ман чанд нома ба вазорати маориф ва дастгоҳи Раҳмонов равон кардам ва дар онҷо роҳи ҳалро навишта лек касе гуш намеандозад. 

Манманӣ аз шайтон аст, аммо агар ба ман вазифаи вазири маорифро диҳанд ва ҳукумат дастгирии молявӣ кунад, ин ша Аллоҳ дар 3-4 сол пурра система, сохт ва барномаи навро хоҳам сохт, ки метавонад дар 10 соли оянда пешравии зиёд ба самар орад. Ва мо тавонем аз давлати истеъмолӣ ба давлати истеҳсолӣ тағйир ёбем.

Ҳоло чи гуфаниам? Сабаби хориву зории вазорати маорифи Тоҷикистонро дар ҷосозии нодурусти кадрҳо аст. Ба назар ман роҳи ҳалли н чунин аст. Аввал бояд нафаре, ки маълумоти бакалаврият, магистрантӣ ва докторантӣ дар соҳаи педагогика ва инкишофи кудаку ҷавонон дошта ва на кам аз 10 сол дар мактаби умумӣ, яъне ҳамчун муаллим дар синфи 1 ё 11 дарс дода бошад. Пас на кам аз 5 сол ба ҳайси ҷониши мудир ва мудири мактаб ва пас дар вазорати маориф на кам аз 5 соли дигар кору фаъолият бурда бошад дар айни замон кори муаллимиро бас накунад! Сипас на кам аз 3 сол ҳамчун сардори шуъба ё ҷониши вазир кор карда бошад ва тамоми ин муддат ба болоравии маҳорату саводнокӣ дар  курсҳои кутоҳмуддат ва дарозмуҳлат хамеша таҳсил карда бошад. Ҳар сол на кам аз 1 ё 2 кори илмӣ дар журналҳои маъруфи дунё чоп карда бошад, на он журналҳои пулакӣ.  

Масъалаи дигар.Система аз системаи “куҳнаву бекораи шуравӣ” ба “модерни” яъне таълими мактаби 12 сола ва маҷбурӣ ба синфи 9 ва паз аз он 3 сол ё дар синфҳои болоӣ ё маҷбуран ба артиш ба 4 сола, ки тамоман облаваро аз байн мебарад.Дар артиш 2 соли аввал бояд барнома аз тарафи маориф ҷорӣ карда шавад, то он ки дар артиш илми мукаммалро соҳиб гарданд. Пас аз 4 сол метавонанд бе имтиҳон бо атестати артиш ва военний билет ба донишгоҳ дохил шаванд. Донишгоҳҳо бояд системаи ягонаи тестиро аз байн бубаранд.Танҳо аз руи тахассус имтиҳонотӣ,на тестӣ на хатти традиционӣ, яъне нависионий ба мононди Финландия яне “Проект имтиҳонот” карда шаванд ва он лоиҳаҳо 4 моҳ пеш аз хатми мактаббачагон аз он қабул шаванд. Дар ҳолати қабул нашудан довталаб ба 2 сола коллеҷ ё техника бе имтиҳон дохил шавад ва бо дипломи он ба донишгоҳ дохил шавад! Бо ин роҳ қадру қимати савод ва донишгоҳу маълумоти олӣ боло меравад ва ҳама “беақлу бефаросат” соҳиби маълумоти олӣи мешавад!  

Талабот барои омузгорон бояд хеле боло бошад то он ки ҳар кас орзу кунад,ки муаллим шаванд ба мононд “Шветсария”. Барои муаллим шудан бояд 4 сола бокалаврият дар соҳаи маориф, 2сола магистрантӣ ва пас 1 сол барои “литсензия омузгорӣ” хонанд  ва куллан бо илм соҳиби инҳо шаванд! Албатта музди маош дар аввали соли кор на кам аз 900 $ ва бо ҳар категорияи яъне 4 категория,ки ҳар яки онҳоро танҳо 5 сол пас гирифта тавонанд ва музди маош бо гирифтани ҳар як категория 30-40% зиёд мешавад. Андоз, пули барқ, об, коммуналӣ,бонкӣ бояд бо тахфиф ба муаллимон дода шаванд, ки он на кам аз 40-60%ро бояд ташкил диҳад. Дар ин ҳолат муаллими ҳам бо қадр ва ҳам босавод мешавад.

 Тамоми мактабҳои хусусӣ ва шахсӣ баробари мактабҳои давлатӣ набошанд ҳам аз ҷиҳати технология ва шароит ба монанди мактабхои “Шветсария ё Финландия”,ки ҳатто раиси шахру вилоят, райисҷумҳур ё сарвазирро фарзандонашон дар мактабҳои умумӣ дар ҳама маҳаллаи ҷой таҳсил мекунанд.

Акнун аз ҳама муҳимтар “маблағгузорӣ”. Албатта ҳамаро ин савол дар ташвиш овардааст.   Роҳи маблағгузорӣ барои вазорати маориф ин аст он бояд аз бюҷет ҷудо карда шавад ва танҳо 20-30% даромадаш аз ҳисоби хукумат ва монда, 80% аз тарафи ширкатҳои оила ва дигар ширкатҳо, ки парлумони бесаодату ҳаромхур аз он озод карда шуд. Дар намуди кор ва маблағгузорӣ дар акси давлатҳои пешрафта дида мешавад ба мисол дар Чин аз солҳои 90ум инҷониб. Ҷопон пас аз ҷанги ҷаҳонӣ, Олмон, аксари давлатҳои Аврупо, Канада  ва ҳоло Тайланду Ветнам ҳам ба ҳамин гуна система гузаштааст. Агар тамоми ширкатҳое,ки гуфта шуда танҳо 10 то 20% даромади худо ҳамчун хайрот ба бюҷети маориф диҳанд, инро метавонед ҳарруз 1000% реклама кунед.  

Акнун дар масъалаи “қонуни қоида” дар вазорати маориф. Қонуну қоида  бояд аз нав дида баромада шавад ва илми дунёву охират дар мактабҳо аз руи хоҳиши падару модарон гузошта шавад. Бояд дар баробари илми дунявӣ аз илми ухравӣ ҳам ба талабаҳо дарс дод.  

  Дар замони кудакии ман рафтан ба масҷид ё пеши пулло барои касби улуми илми таҷвид, фарзи айн, ҳадис, фиқҳ” мамнуъ набуд. Бисёр муҳим аст ки инсон аз кудакӣ худошинос тарбият ёбад. Ин бар манфиати талаба ва тамоми давлату миллат аст.  

  Бояд дар мактабҳои миёна аз синфи якуми то даҳ аз руи хоҳиши волидайн илми динӣ дар як ҳафта 3-4 соати дарсӣ аз тарафи муллову домуллову имоми масчидҳо наздикии мактабҳо дода шавад. На танҳо Ислом, агар кудак яҳудӣ бошад илми Таврот бо ҳамон сардори Синагога, Масеҳи бошад Поп, ва ё Зардуштӣ бошад аз тарафи мубад дарсҳо дар мактаб гузарад. Пас аз ин дигар ягон террористу дигар намуд гумроҳгашта пайдо намешавад. Баракс, дар ин ҳолат дар роҳи Худову расул ҳидоят ёфта мешавад ва ба ин фармони Аллоҳ, ки дар Қуръони Карим дар сураи “Каҳф” ояти 27 бовари комил пайдо мекунанд.

    Албатта тамоми китобҳои дарсӣ пурра нав, интеграцияи технология, идеологияи милливу фарҳангу маориф парвар бояд қабул карда мешавад. Асосан наврасон аз сини 6-7 солагӣ ба мактаб мераванд. Аз синфи 1-5 бояд мактаби миёна бошанд ва дар онҷо саҳари соати 8 то бегоҳ соат 17-00 бояд толибилм дарс, варзиш, хурок ва каме истироҳат (вақти хоб). Дар як руз аз 6-7 дарс ва дигар вақтҳо барои варзиш ҷудо карда шаванд.

  Аз синфи 6 то 9 дар мактаби махсус боз ҳамин гуна ва аз соати 8 то 17-00, лек барои инҳо 8 дарс ҳамаруза дода шавад ва ин толибмон дар мактаб яъне хобгоҳ истанд ва танҳо рузҳои шанбе ва якшанбе ба хонаашон раванд. Дар инҷо бисёр ҷойи кор пайдо мешавад ба монанди назоратчиҳо ва дигар намуд коргарон,ки дар мактаб кор мекунанд, ки музди маоши онҳо на кам аз 500-600$ моҳона бояд бошад! Дар авҷи ин синну сол барои тарбияву илму пурра гирифта бояд кудакон дар иҳотаи ҳаммонадҳои худ буда мотивацияву шодиву гапро бо ҳам гузаранд барои инкишофи онҳо хел зарурият дорад. Кадом бесаводу чаласавод Вазорати маориф ояд якҷоя кори илмӣ мекунем ва мебинем!   Ба замми инҳо ин наврасҳо меҳру иззату эҳтиром ба волидайни худ хеле боло пайдо мешавад! Синфҳои 10-12 ҳамин гуна система дар мактаби махсус ҷорӣ карда мешавад. Барои инҳо боз саҳар гоҳе хоҳ зан ё хоҳ мард 1 соат барвақттар яъне 7:00 дарси дифои Ватан ҳамаруза ҷой карда шавад.Ин барои тақвияти физикии насли ҷавони миллат хело фоида калон мешавад. Албатта, дар системаи гуфтаи ман пас аз хондан ва ё шунидан хоҳ олим хоҳ бесавод ба як нофаҳмӣ меоянд ва фикр мекунанд, ки ҳамчун “робот” тарбия карданро пешниҳод карда истодаам.Барои он ки таълимот пурра бо методикаҳои «интерактивӣ ва креативй» ҷорӣ карда мешавад. Ба мисоли одӣ, толибилмони аз синфи 8ум ва боло худ интихоб мекунад, кадом дарсро интихоб мекунад, барои онхо “кредити” муайян дода мешавад ва худ бо хости худ кадом дар кадом семестр гирифта мешавад. Дигар чоряк тамоман аз байн бурда шуда 2 семестри пурра ҷорӣ карда мешавад, яъне 4 моҳи пурра дарс 2 моҳ истироҳат ва пас боз 4 моҳи пурра таҳсил ва боз 2 моҳи дигар истироҳат, дар истироҳатҳо аз тарафи маориф барномаҳои гуногуни 1-моҳа ташкил дода мешавад.

Дар тамоми пешниҳодҳои ман агар ҳукумат дар Раҳмонови бепадар хоҳони қабул кардан бошад аввал хости Аллоҳ ва пас бовари комил дорам дар 10 сол Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ баробари давлатҳои Прибалтика, ки дар байни давлатҳои пасошуравӣ дар раддаи 1ум ҳастанд! Аллох ба мардуми тоҷик заковату имону ҷасорат нозил намояд то бар зидди дар Раҳмонови лаънатӣ бархезанд ва барои худ ва ояндаи наслу оилаи худ як дигаргунии беҳтарро муҳайё гардонанд! Боқӣ дар амони Аллоҳ!

Share This Article