Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ Империяи Раҳмониён: 34 соли асорат ва ғуломӣ

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №6

Дар идомаи силсилаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ин бор як номаи бисёр дарднок ва пурмазмун ба дасти мо расид. Муаллиф, ки аз хориҷи кишвар ба мо муроҷиат кардааст, бо қалами содиқона ва қалби пур аз дарду алам вазъи имрӯзаи Тоҷикистонро ҳамчун «Империяи Раҳмониён» тасвир менамояд. Ӯ аз таҷрибаи шахсии худ ва мушоҳидаҳои талхаш менависад:

  • аз 34 соли асорат ва ғуломӣ,
  • аз сиёсати оилавӣ ва фасоди бепоёни режими ҳоким,
  • аз сарнавишти ҷавонон, муҳоҷирон, занон ва кӯдакон,
  • аз ғорат шудани захираҳои кишвар ва беобрӯ гардидани тоҷикон дар хориҷ.

Муаллиф Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнашро ба унвони қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ, ки танҳо барои худ ва авлодашон зиндагӣ мекунанд, баён мекунад. Ин нома садои як шаҳрванди огоҳ аст, ки аз дурии ватан, вале бо муҳаббат ба халқу миллат, ҳақиқатро баён мекунад ва мардумро ба бедорӣ мехонад.

Ассалому алайкум, бародари гиромиқадр Муҳаммадиқболи Садриддин. Саратон дардро набинад. Дар матлаби зер мехостам каме андешаҳои худро оид ба ватани азизам дар даврони салтанати Империяи Раҳмониён иброз дорам. Ростӣ, матлаби зеринро бо як дарду алам менависам.

Чумҳурии Тоҷикистон ё худ Империяи Раҳмониён: 34 соли асорат ва ғуломӣ.

Чихеле ки ба ҳамагон маълум аст, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба таври ба гуфтаи косалесонаш «қонунӣ», аввал раиси Шӯрои олӣ ва баъдан ҳамчун президент то ба ҳол амал карда истодааст. Дар даврони раҳбарии худ то имрӯз оилаю авлоди касифашро ба ҳама сохторҳои давлатӣ, ҳамчун ҳашаротҳои зараррасон рӯи кор овардааст.

Вақте ки мактабхон будам, ҳар бор баромадҳояшро гӯш мекардам. Доим таъкид менамуд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва онҳо бояд аз пайи таълим ва забономӯзӣ шаванд. Шахсан худам ба ин гуфтаҳо гӯш андохта, аз пайи гуфтаҳояш шудам. Аммо намедонистам, ки ҳамаи он суханҳо танҳо ба «ҷавонони худӣ»-фарзандону авлодони наздики ӯ тааллуқ доштаанд.

Қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва қонунҳои зиддунақиз

Ин қавми Яъҷуҷу Маъҷуҷ худ намедонанд чӣ гуна давлатро идора кунанд, чун ҳар як қонун ё қароре, ки мебароранд, ба ҳам зид аст-як парадокс. Масалан, ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон таҳсилоти динӣ ва рафтан ба масҷидҳо то синни 18 солагӣ манъ аст, вале дари фоҳишахонаҳо кушода. Ҳамзамон, лоф мезананд, ки ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Ҳол он ки сарчашмаи ин ҳама- надонистани аҳкоми динӣ аз рӯи қонуни худи онҳост.

Мисоли дигар: дар баромадҳояш мегӯяд, ки омӯзгорону табибон намерасанд. Аммо сабаб дар чист? Сабаб «фирори мағзҳо» аст. Яъне мутахассисони оянда баъди хатми мактабҳои олӣ намедонанд ба куҷо раванд, зеро аллакай дангу девонаҳои авлоди касиф тамоми курсиҳоро ишғол кардаанд.

Ғуломии тоҷик дар хориҷ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион ҳамеша мебинем, ки шаҳрвандонро ба кишварҳои хориҷ ба кор даъват мекунанд. Аммо касе аз «болонишастагон» фикр намекунад, ки то ба кай ин халқи бечора бояд умри кӯтоҳи худро дар ғуломиву сархамӣ дар хориҷ сипарӣ кунад.

Сиёсати нодуруст ва ғуломсози сулолаи Раҳмониён сабаб шуд, ки падар аз фарзанд ҷудо шавад, занҳо зиндабева гарданд, кӯдакон аз меҳри падар маҳрум монанд. Ҳар рӯз дар шабакаҳо хабаре аз фалокат меояд: гурӯҳе фиреби корфармо, дигаре дар садама ҳалок мешавад ва аз худ зану фарзандони ятим боқӣ мегузорад? Ин вазъу ҳол,то ба кай бояд идома ёбад?.

Бефарҳангӣ ва парокандагии ҷомеа

Бисёре аз ҷавонони тоҷик аз надонистани таърих ва тамаддуни хеш бефарҳанг шудаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи тоҷикро шарманда мекунанд. Занҳои тоҷик бошад, аз надоштани маблағ ва аз муҳоҷират барнагаштани шавҳарҳояшон намедонанд фарзандонашонро чӣ гуна тарбия кунанд.

Дар хориҷ, ки будам, дидам: хориҷиён биноҳои қадимиро ҳифз мекунанд. Аммо шаҳрдорони мо иҷозатнома мефурӯшанд ва таърихи шаҳрро нобуд мекунанд. Мисоли равшан-тахриби чойхонаи машҳури «Роҳат». Ҳатто мехостанд осорхонаи устод Айнӣ-ро аз ҷойи худ кӯчонанд, ки бо фишори зиёиён нагузаштанд.

Мардум дар торикӣ, ҳукумат дар ғанимат

Ҳар бор бо фаро расидани фасли сармо, мардум дар ғаму торикӣ мемонанд, аммо барои элитаи ҳукмрон фасли маблағкоркунӣ мешавад. Дар ҳар ҷо «буз»-ҳои худ мондаанд, то ҳар касе даҳон бозад, ба тӯҳмату зиндон гирифтор шавад.

Ҷавони тоҷик баъди 18 солагӣ намедонад чӣ кор кунад: бихонад ё ба ғурбат равад? Наврасон дар мактабҳои миёнаву олӣ фасодзадаанд, аз дониш комилан дур мемонанд. Мақомдорони қудратӣ ба ҷойи кам кардани ҷинояткорӣ, танҳо аз паси маблағанд ва барои кор кардани маблағ ҷавононро туҳмат ва ё водор ба ҷиноят менамоянд.

Сабабҳои гаронӣ ва монополия

Сабаби гарон будани хонаҳо маълум аст: сохтмончӣ маҷбур аст ба шаҳрдорӣ барои иҷозатнома «доля» диҳад, ки онро аз ҳисоби харидор мегирад. Нарху наво дар Тоҷикистон гарон аст, зеро тамоми молҳои воридшаванда монополия шудаанд. Тоҷиронро «доля»-бастаанд, мардум бошад мазлум.

Сухан бо Раҳмон

Эй Эмомалӣ, ин ҳама қарзҳое, ки бо кафолати давлат барои НБО «Роғун» мегирӣ, чаро барои ба итмом расонидани сохтмон истифода намебарӣ? Оё намедонӣ, ки як поят дар лаби гӯр аст? Чаро вақте шаҳрвандони моро дар Русия таҳқир мекунанд, ҳимоя намекунӣ? Қирғизу ӯзбек шаҳрвандонашонро ҳимоя мекунанд, ту чаро наметавонӣ?

Рӯзе иншоаллоҳ мерасад, ки ин халқи мазлум алайҳи ту ва атрофиёни зараррасонат мехезад.

Хулоса

Дар 34 соли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷикон ба фақр, қарз, муҳоҷират ва ғуломӣ гирифтор шудем. Миллат пароканда, оилаҳо вайрон, тоҷик дар хориҷ беобрӯ.

Эй блогерону тамаъҷуёне, ки косалесии Раҳмонро мекунед! Магар шарм намедоред? Як шахс қариб ним аср бо авлодаш қудратро ғасб кардааст, давлату миллатро ғорат мекунад, вале барои мардум ягон беҳбудӣ намеорад.

Магар ин хиёнат нест? Магар ин шармандагӣ нест? Шумо ору номус надоред, ки шикамҳоятон серу мардум гурусна мемонад?

Бародар Муҳаммадиқбол, шояд дар куҷое хато карда бошам. Шумо онро дуруст кунед.

Бо эҳтироми бепоён ва бо умеди пирӯзӣ бар ин авлоди хунхор,

Мухлиси ашаддии Шумо

Лондон, 13.09.2025

Share This Article