достони нав дар бори Зарина Идизода, раисаи Ғарм, ки аз пешгуфтор, чанд боб ва пасгуфтор иборат аст
Пешгуфтор
Матлаби «Ислоҳ»,таҳти унвони «Рашт: «водие, ки адолатро бо пул мефурӯшанд» isloh.net/rasht-vodie-ki-adolatro-bo-pul-mefurӯshand дар бораи Зарина Идизода, ки 03.10.2025 дарҷ гардид, бо мавҷи бузурге аз вокунишҳои катбиву шифоҳӣ, номаҳову навиштаҳо ва наворҳо рӯбарӯ шуд. Дуруст аст ки ин матлаби аввали мо дар бораи ин раисахонум набуд. Қаблан ҳам мақолаҳои мо бо номҳои «Иқа маблаға вазирда мебарем, иқаша раиси ноҳияда, иқаи дигаша худмун мехурем» isloh.net/iқa-mablaғa-vazirda-mebarem-iқasha-raisi-nohiyada-iқai-digasha-khudmun-mekhurem («1.09.2024) «Файзалӣ Идизода кист, раис ё хоҷасарои Маҷлиси намояндагон?» isloh.net/fajzalӣ-idizoda-kist-rais-yo-khoҷasaroi-maҷlisi-namoyandagon(04.04.2025) ба нашр расонида будем ва онҳо ҳам бо аксуссадоҳои зиёде мувоҷеҳ гашта буданд. Вале, ин бор, ростӣ, ки худамон ҳам ин миқдорашро интизор надоштем, беҳад зиёд буд вокунишҳо ва на фақат изҳори назарҳо, балки дар ҳошия ва идомаи он навишта боз аз кору фаъолияти раисахонум навиштаҳоеро фиристоданд.
Ҳоло маълум нест, ки то куҷо меравад, то куҷо метавонад ва дар куҷо меистад. Нафси аждаҳои вай, ки баъди раисӣ ҳам аз таг ва ҳам аз боло ҳуй, мисли дарвозаҳои Бухоро васеъу ғайриидора шудааст, ӯро то куҷоҳо хоҳад бурд, номаълум.
Зарина фурӯхтанро дӯст медорад. Аз ҳар лиҳоз. Яксӯ ба мақомот, як сӯ масъулияту вазифаҳо ва як сӯ замину иншоот ва як сӯ… ҳамаро яксара мефурӯшад.
Дар бораи «яксӯ»-и охир, ки туфайли ҳамин тиҷораташ ӯро на фақат Леди аз Ғарм, ҳамчунин Муҳаррами ғарч (аз китоби «Духтари оташ»-Ҷалол Икромӣ)ва ба таъбири имрӯзи «Очаи Садбарг» низ меноманд.
Исмаш сари забонҳои хурду бузурги Ғарм аст. Бахусус баъди сафари ахири Раҳмонов ба Рашт ва айшу айёшии аҳли рикобаш дар дача-ресторан, бустонсаро-тарабхона (инҷоро метавон мотелу ҳотелу барделу ҳама чиз гуфт)—и ҳоҷӣ Обид Шарипов Зарина минҳайси Мамароза машҳуру маъруф гашт. Дар ин навишта дар ин бора боберо бахшидаем, ки поинтар хоҳед хонд.
Дар инҷо ҳама муаллифон нафаронеанд, ки бо вай кор кардаанд, ҳоло ҳам кор мекунанд, шиносанд. Бархе аз факту рақамҳо такрорианд, вале ҷузъиёти мутафовит, ки доштанд ҳамон тавр боқӣ гузоштем.
Ҳар бобе аз достони «Ledi from Ғарм» муаллифи худро дорад, ки қаҳрамони худро хуб мешиносад ё ҳамкор аст ё ҳамкор буд ва ё ошноии мустақим дорад. Ба ҷуз аз пешгуфтор ва пасгуфтори достон, ки то ба охир мурур ва мутолиа кардед, хоҳед пай бурд, ки аввалу охири ин достон истихроҷшуда аз бобҳои он аст. Азбаски матлабамон тӯлонӣ шуд онро ба ду қисмат ҷудо кардем ва ҳоло бахши аввали онро пешниҳодатон мекунем:
Боби аввал: Ғарм луқидай
Бинобар маълумотҳои расида айни замон дар Рашт аз тамоми мақомоти марказӣ гурӯҳи бозрасону муфаттишон сарозер шуда ва далелу бурҳоноти матолиби ахиран ба нашр расонидаи «Ислоҳ»-ро санҷида ва тафтишу таҳқиқ карда истодаанд.
Ин манбаъ гуфт «дар қади кучаҳои Ғарм дигар амниятҳо намегарданд. «Папкаҳояшон таги каш задагӣ дар любой кор мудохила мекарданд, любой касро ғам медоданд. Дар Ғарм чи коре мехостанд, мекарданд. Аммо ҳоло оромист, тихо шудагӣ. Фишор ҳам болои мардум кам гардид». Ин ҳолат ба мардум форидааст. Охир ҳатто масҷидро алов заданд. Фикр мекунед масҷидро мардуми одӣ алов мезанад? Ҳаргиз! Кори худи сардори амният Сайдализода Муродалӣ буд. Як кас агар бигӯяд, ки масҷидро мараммат мекунем, мебахшеду фалонаш мекунад. Дуздиву раҳзании инҳоро бояд ҳамин тавр расонаӣ кард.
Қапоқап дар Ғарм
Як барбар одамҳоро қапиданд, кашида сар доданд. Аз раисони ҷамоат гирифта то ҳатто куратори амният дар Такоб бо номи Хушнуд. Ин Хушнуд қаблан куратор дар ҷамоати Камароб буд, вале ба иллати бедодӣ ва норозигиҳои мардум ӯро Такоб перевод карда буданд, ки ислоҳ нашуд ва айни замон боздошт кардаанд.
Раисони ҷамоатро оварда чандрӯзӣ маҳкам карданд. Раиси танзимро ҳам. Мегӯӣ, ки Ғарм луқидай. 600 билети ҳарбӣ фурухтаанд. Ҳар якеро 80.000 сомонӣ фурухтаанд. Ин билетҳои ҳарбӣ барои хизмати алтернативӣ, ки ҷавонҳо метавонанд бар ивази пардохти 54 000 сомонӣ раҳо шаванд. Аммо инҳо 54ҳазорашро ба давлат боқияашро ба ҷайбҳои худ заданд. Масъалаи даъвати ҷавонҳо ба артишро инҳо ба бозори калон, тиҷорати бузург, манбаъи даромади муфт табдил дода буданд. Як раиси ҷамоатро бо ду се каси дигар барои пораи маҳз ана ҳамин кор қапидагианд. Вале ҷолиб инҷост, ки ба пора қапиданд боз пора гирифтану озодашон карданд.
Айни замон сардори Идораи танзим маҳкам. Чор раиси ҷамоатро маҳкам карданд, ҷамоатҳои Нусратулло Махсум, Оби меҳнат, Камароб ва Такоб. Инҳоро серӯзӣ боздошт намуда боз пораҳои калон гирифта сар доданд.
Феълан муовини комиссари ҳарбии ноҳия ҳам маҳкам аст.
Зарина Идизодаро дар ҳақиқат сардори КДАМ Сайдализода Муродалӣ контрол ва рулит мекунад. Чи қадар нарушений, қонуншиканиҳову аризҳову шикоятҳо дар муқобили вайро дафтару дело карда, муттаҳам кардааст ва акнун раиси ҳукумати Рашт,намояндаи Президент дар мушти сардори шӯъбаи амният аст.
Дар масъалаи ҷосозӣ ва таъини кадрҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар Рашт амлаҳои шубҳанок хеле зиёд аст. Фурӯши вазифаҳо, барканориҳои беасос ва садои норозигии мардум аз беадолатии кадрии Идизода Зарина беш аз пеш афзуда парвандаи вайро дар дасти сардори амнияти ноҳия Сайдализода Муродалӣ ғафстар карда истодааст.
Дар як қатор ҷамоатҳои ноҳия, нишонаҳои ҷиддии беадолатӣ дар таъинот ва сабукдӯш кардани кормандон ошкоро мушоҳида мешаванд. Инҷо чанд мисоли мушаххас меоварем, ки чи гуна кормандони поквиҷдон ва бособиқаро беасос ин раиса аз кор гирифтааст:
Ҳайдарзода Одилҷон раиси Дастгоҳи ҳукумати Рашт, ки ҷоии истиқоматаш ҷамоати Ҳичборак мебошад, бо фишорҳо ва порахуриҳо ва бесаводии Идизода Зарина муқобилият нишон медиҳад ва ин боис мешавад, ки Зарина Идизода ӯро бе ягон асос таҳти фишор қарор дода водор сохтааст, ки аз вазифа сабукдуш шавад.
Давлатиёрзода Хурсанд, сардори Раёсати молия, аз ҷамоати деҳоти Ҳойит бе ягон асос аз ҷониби Идизода Зарина аз кор озод карда шудааст.
Раиса айни ин муносибатро дар бахши кишоварзӣ низ ба иҷро расонд. Латифов Мирзоалӣ, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи Рашт аз ҷамоати деҳоти Асқалон бе ягон асос ва таҳти фишор аз вазифа озод карда шуд.
Пиров Фаридун, раиси ҷамоати Қалъаи Сурхро бошад дар қазияи фурӯши замин муттаҳам кард. Хабарҳо мегӯянд, ки бо маблағи калон подставааш карданд. Ба хотири он ки аз падари Фаридун пули калон бигиранд ва ин корро бо супориши Идизода Зарина анҷом доданд. Ва баъдан пули калон ҳам гирифтанд аз падари Пиров Фаридун.
Вазифафурӯшӣ
Баъд аз онки Зарина Иддизода дар курсии раисии ноҳияи Рашт омад вазифаҳо дар идораҳои давлатӣ бо пул фурӯхта мешаванд. Инҷо ҳам мисолҳои конкретӣ меоварем.
Ахмедов Вайсиддинро аз вазифаи раиси як корхонаи давлатии фаръӣ озод намуда муовини раис дар ҳамин корхона таъин мекунад. Чаро? Чунки курсии раисии ин корхонаро ба нафари дигар мефурӯшад.
Абдонов Акобир, раиси Кумитаи замини ноҳияро, ки аз ҷамоати Навдӣ ва як мутахассиси сазовор аз вазифааш озод ва муовин дар ҳамин кумитаи замин таъин мекунад. Чунки курсии раисии кумиати заминро ба дигар нафар мефурӯшад.
Хоркашов Мустафо, раиси танзими ҳукумати ноҳияи Рашт, аз ҷамоати Қалъаи Сурх, аз деҳаи Сияҳлояк писари Махсуми Одинамаҳмад, як шахси кордон, инсони нексиришт ба гуфтаҳои Зарина Идизода, корро пеш набурд, ӯро подстава кард ва ба зиндон андохт. Аз Идизода пурсиданд, ки чаро Мустафоро зиндон кардед, дар ҷавоб мегӯяд, ки Хоркашов Мустафо сири давлатиро фош кардааст. Аммо огаҳони вазъ гуфанд, ки инҷо сухан аз кадом «сирри давлатӣ» не, балки сири Зарина Идизода аст, ки Мустафо медонист. Мустафо як ҳафта пеш боздошт шуд.
Дар ҳамин ҳол, Саидов Маҳмадсодиқ шахси босавод ва поквиҷдон аз вазифаи раиси ҷамоати Нусратулло махсум озод карда шуда, ба ҷояш шахси беобрӯву бетаҷриба ва собиқ корманди милиса бо номи Нодир таъин гардидааст.
Дар яке аз шуъбаҳо, пас аз вафоти муовин (дар натиҷаи сактаи дил), ба ҷояш хеши роҳбар таъин гардид, ки ин ҳам на собиқа ва на малакаи кофӣ дорад.
Дар бахши меъморӣ бошад, Искандаров Баҳром, аз ҷамоати Навдӣ, ки дар вақти Набиҷон Муқимӣ архитектори ҳукумат буд, таъин гардид.
Искандаров Баҳром он замони барои хунукназари нисбати шаҳрвандон, пули зиёдатӣ гирифтан аз шаҳрвандон (барои лоиҳаҳои қарори сохтмон маблағҳои зиёд мегирифт) аз нархи давлатӣ чанд маротиба зиёд талаб мекард, аз вазифа ронда шуда буд. Албатта, қисме аз ин маблағҳо барои пардохти пора ва манфиатҳои шахсӣ истифода мешуданд. Ин нафарро Муқимӣ барои хунукназарӣ ва корҳои ғайриқонуниаш аз вазифа барканор карда буд. Идизода Зарина бошад бо гирифтани пораи калон ӯро бо вазифа таъин кардааст.
Ҳама бояд галстук бандем,ришҳоро покиза битарошем
Идизода Зарина мардумро дар Рашт ба як рӯзи сиёҳ овардааст. Барои сафари президент ба Рашт аз тамоми мардуми камбизоат тавассути раисони ҷамоатҳо ва раисони деҳаҳо маблағҳои зиёд ба даст меорад, гӯё, ки ин супориши Президент бошад. Ҳатто гуфтааст, ки мо президентро дасти холӣ гусел намекунем.
Аҷаб фаҳмиш. Зарина Идизода баъди нашри чанд барнома дар «Ислоҳ», ки ишора шуда буд «аз Ғарм бачаҳо ҳастанду бо моянд» яъне фаъолияти вай зери заррабин қарор гирифта буд, ҳар ҳафта бо намояндагони қишлоқҳо машваратҳо мегузаронад. Мегуяд: «бас он давраҳо, ки ғармӣ бо бадӣ ном дошт:-муҷоҳиду иғвогару майдоншин. Бояд мо ободкору ташаббуснишонте бошем. Ягон хоин намеояду ватани ороми мову шуморо обод намекунад. Фақат мо».
Аҷаб гапҳо. Аз ин ҷо аст, ки тамоми вазифаҳо дар Ғармро Зарина Идизода ба хешовандонаш тақсим кардаст.
Зарина Раҳими ғармиро кошелёки шахсии худ кардааст. Чи коре пеш ояд ё расходе бошад, дарав Раҳими ғармиро занг мезанад ва баҳонаи ободии инҷову онҷо карда сум меканад. Ин авлоди Идиевҳо ку@и минтақаи Раштро «дрондестан»
Боби дуввум: симои раисаро ба унвони мамароза бармало мекунад. Ин бобро мешавад «Сӯҳбати занҳо» ҳам унвон гузошт
Барои онки дар вақти мутолиа гиҷу гаранг набошед, гуфтанием, ки ин навори сӯҳбати занҳои ғармӣ аст, ки дар бораи раиса ё «Ледии Ғарм» гап мезананд. Агар бо таваҷҷӯҳ бихонед, хоҳед фаҳмид, ки модарони ғармӣ ҳатто аз он метарсанд, ки духтарони худро дар ягонҷо кор монанд. Боз мабодо чашми раис афтаду духтарро дучори балое накунад. Ин навори суҳбати занҳои ғармӣ аст,ки пеши Ислоҳ маҳфӯз аст:
«Вай кардам, кор даровардам. Баъди вай бо худум сумома ҷамъ кардум. Бо ҳамон 800сум ҷамъ кардум, ҷамъ кардум 4000 кардум бурдум, да ҳамунҷа додум даровардумуш.
Ту дар ҳамун ҳукуматам бошӣ раиса ҳамунтарит гуфт, тра хушрӯ гуфт? Гуфт ҳо. Раиса ҳаминтарат мега, раисара ман бовар намекунум, раиса шайтонай гуфтам. Меёрат бо ба кадомеш ҳай ку мекунад, ҳамита мекашаду бо овоза ба ҳукумат меброра идинах@ют мена. Ина ин гапа бдон. Да друни ун ҳукумат ина ҳамиқаӣ, ана ҳамуқат менан.
-Т…. маъқул шидай қатӣ раиса кор каран?
Аку и корора ку и Ш. ини Л. ку ина ҳамин.У Ш… як машшеники шайтонай. Бо бояд пешпарон кунад одамора. Намешавад гуфтум. Ина ҳами Ш…у гуфтам я духтари ҳамсоятона ҳамитари кад, духтари шаҳрира, бечора хок ба замин шуд. Охирон партофт брафт Расия нашуд. Некӣ туям гуфтӣ, анами таринут мена гуфтам. Тра пешпеши ҳамун буққаҳо медозад. Ина и даҳфа ҳамин гуфту М.-и ЖЕУ як келин дошт ай ҳамун Ғарм, ҳамуқа духтари хушрӯе буд, ки да ҳамаи сохторо коруш дровардан, кор кард. Ахиронай ку, у раиси пешинаи ноҳия чи кореш кард- накард истифодаш бурд, ку ахирон гуфт ки и паданаълата полни ай Ғарм бадарғаш куне. Хок басар, да Қумсангир рафт, гашт гашт ҳамута ба Расия ба ким-куҷо гузашт бурафт гуфтам. Дуюмбора ба Ғарма намондануш. Кашталои бобоша қапидагӣ, эээ духтарат ҳамитаяй, набинемуш, ки калата мегирем. Трам бошӣ гуфтум ахирон вариантут ҳамун ҳукуматай. Ҳамиқаи дига шанс дорӣ гуфтум. Ҳамуҷара чашидигӣ гуфтум ку тамом.
Ҳамин гапум неправилна ҳай?
Не правилно, рост мегуӣ?
Ман гуфтум да я сол ку раисара чан бор мебинумуш, ду бор атправка мешава, я бор соли нав мешава я бор 23юм мешава. Чор бор гуфтумуш да ҳамин ҷойи кор мебинум. Ман мебинумуш. Хай ҳамун беваҳое, ки қатиш мебиёрад ку ҳамуҷаша мелесан.
Иқа сурхаку сапсафедаку ёшакоя я қиёмат ҷамъ кадай да гирдуш дар ҳичи ба кор намеоян. Беғайр аз ҳамитарӣ. Фишфиш мекунан и дхтарако ҳамитарӣ
Медонум, ира ма медонум!
-Т. коллеҷ намехонад? Охир дасгириш ку коллеҷ бхона
Ина ман ҳозир мегум, ки я бача ай ҳамун мардакай ку дар коллеҷ ку кор мекна. Ҳамунҷа номуроша грифтум а я бачаи дига. Фаҳмидӣ? Зангуш мезанум. Ман тура ду бор занг задум….
-Дидум, читаву маҷлис дромада будум, маҷлис медром, безвук карда будум.
-Гуфт,ки да ҳамин Ғармай ку кор дорум.
Гуфт, ки апа ма туда занг мезанум кайе бекор шавум биё.
Ма худама муаррифӣ кардум, ки ма да част коргарум, афитсерум да мн даркор шудагиӣ. Ман як хоҳарак дорум ба ҳамунҷара ма барум дохил кунум гуфтум. Гуфт чи хел менӣ. Гуфт апа ба ҳаминҷара биё пеши ман ҳаллуш мекнем. Чем ай Маркази тестӣ да ку иҷа бо ку я балош мекунем.
Манам пурсидум Қ. буд ку муовинмон буд, роҳбар гуфт шартномавӣ. Мақсад ҷошда пул қатӣ мегирӣ.
-Чандқа рафт? Якунимта?
-Не, сеюнимта, бахудо.
-Ҳо, уқа пуле нест аку. Мегирӣ дохилиш мекунӣ. Агане духтарак ҳайф мешава.
Баъд медонӣ чӣ? Мо худмон одамони калонем,ин қадар истифодамон мебра:- бре у масҷид, бре у майлис, бре у куҳ биёе ита. Хай, мо медонем, ки шӯ дорему панҷ кудак дорему ина зиндагӣ дорем. Мақсад дигар моро ҳиҷ ка нигаҳ намекна, некӣ ӯ духтари ёшай ку, баъд худат медонӣ.
Не, ина Ҳ.ман друғ намегум
Ҳиҷ наёфтум одамоя, як касае, ки ба никоҳ корома буд кунад. Дар худо бумурум чор сол зани ҳамун мардак шудум, садфоиз корома буд кард ба ҳамаҷо расондум,Ҳ. Мн нидаволен нестум. Бромад брафт, ку ман худоба шукр мегум.
Ҳамин я руз занаш занг зад. Э, ту ита, ту ута.Э, гуфтум авал дар ……шут. Кором буд шудан меҷушум ҳардута гуфтум дига.Хайр дига чиш бигум. Гуфтум дига ба мна ҳиҷ кадомут даркор нестӣ. Корома буд кард.
«Э бевайи ҷалабӣ, ана намечӣ ғармиҳо, ҳиҷкӣ нестан».
А, да даҳантон …..Ҳамато ку мурдагӣ, муттаҳами дари хонаи ғармиҳо буде. Ту чи иқа вай менӣ. Мн ягончи наменам Ҳ. Гапои ман непрафан?
-Не, не рост.
Ина ту бугу, ки не. Ҳаму кадомеш ба ҳаму ягон одамои намояндая ҳалол додагияй ку нигаҳаш кард ҳамунҷа да….дод да брмад ку ай пеши раиса давлоний брмад, Раиса итарияе: и дхта дхтари зур будай. Сраза пешниҳод кард хонааш дод. Бугу не рута сиёҳ мекунӣ.
-Ҳамутаяй, ки ҳукуматиҳо ҷангу ҷанҷол доранд, ки Ироҳда, ки панҷ сол шуд кор кара истодм, Зебо,ки ҳашт сол шуд кор кара истодам, да ҳамаи пастию бландиш раҳ гаштум ман бехонаву бедару духтрум дар дари хонаи дуст калон шуд туй карам,бачам дар дари хонаи дуст, мактабдай, худум ҳамита, мақсад на хонаву на дару ина Азиза. Ята ай Хост хамбидай омадай се моҳ шид-чор моҳ шид коркуниша баровари ҳамин хонаи заминларза хонаш кард.
-Ина барои ҳамиқара мегум. Ҳавай агар да ягон ҳамун чӣ, ҳалол надода бошад, пгоӣ нахеста бошад, таърифуш накарда бошад, чи хел мекунад. Не худут бгу Зайтунае,ки …. мелеса,ҳар моҳ як куртаи бепулуш мекунаву як газ атлас мёра, я замини праблемаяй ку гирифтиш додас. Ҳоле ун занак ай Қалъаи сурхай ку ана у Дашти рихак я да даҳануш мезанад мегира, э бева,ту аз з пушти ҳиҷка напар,ки да даҳанут ….Уҷа праблемаи маяй. Ина ма сертификата бин.
-Замини сертификатдора гирифта ба вая додай?
Ҳо, ба вая ина ҳамин ай суни ҳавлӣ бридай, гуфтай ина ҳамира биги ин ай туяй. Ина ҳами гап да куҷо туғрӣ мегира Ҳ.и ҷун.У занак омадай гуфтай ина и сертифакатум, ина э бин. Бра чи коре мекунӣ кадан бигир.
Ина мн мегум, ки вй ҳози да я магазин кор мена Ҳ. Мн вая метонум да ҳамунҷа дохилиш кнум не? У сума мегирем мебарем метемшу. Мн бузорум, ки набара ба ҳукумат, ки тамом дига Ҳ.Делашай ку ина ҳамта дақдақдақ мебароя, некӣ, пчақпчқаш мена. Ай Г. бадтараш менан. Да я ҷо медроран, ҳашарбош менан
-Не намунуш.С.чи мега
С. ҳиҷчи намега.С. мега,ки майлӣ хай чиз кнен,брава дохил кун. Мн мегум, ки бас кна да ҳамун магазин. Да ҳаминҷа ягонҷо уборчиста дар ҳамин балнитса малнитса ягонт итарӣ роиш кна.
-Ана акун да мн даркорай, ина ҳозир балнитсаи таҳ бигзарем санитарка даркорай
-То 800-900 а мегира, не?
-Э, ҳо -1200-1300 мегира
-Ина ҳамиҷа қарибак мерава кор мекуна Ҳ. пули маош мегира ҳам чи мерава -вай хуб нестай –дарс.
Э, ҳо охир хубай.Лекин ба шарте,ки коллеҷам бхона охи. Мн барои ҳамин мегум, ки давоми я сол ду сол бхона бо коруш мегирем.
-Ман мегум,ки ҳамин старатса карда истодаам,ки биёва. Ман ҳаму бачае, ки дар коллеҷай номероша грифтум. Мегафонай. Мега, ки «апа ҳамин корома ман да ҳамин Ғарм омадам,кор кардестам,худум зангат мезанум. Охи баъд чида ту нагуфтӣ, ки коррупсия омадагияй». Ман фикр кардум, ки мумкин файродуш кардан, ки биё вазорат, ки биё у бечораро. Намечи гуфт номшаву неки фромуш кадум
-Т.ро бқап, ки ҳукумат нарав, то ҳамин даври ин занак ҳастай. Яке, ки худое, ки да коллеҷ мегзара. Коллеҷ брем як бор масиҳат кунем ҳардемо. Як бор коллеҷ брем, ки агар бо маслиҳат бпаза бе маркази тестӣ, ки барем коллеҷуш дохил кнему да ҳамунҷа мн коруш бигирум.
Поёни бахши аввал.Идома дорад
