Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №289

Ислоҳ нет

Як нафар аз муаллифони яке аз номаҳои дар ин шумора гуфтааст, ки баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе муносибати мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик бадтар шудааст. Номаи мазкур аз Маскав омадааст.

  Номаи дигари ин шумора як навиштаи шумораи ахири сайти СССР аст. Муаллифи доимии мо аз Волгоград онро фиристода ишора кардааст, ки муаллифи ин мақола агарчи бо лаҳни хушомаду тамаллуқ навишта бошад ҳам, аммо як проблемаи пойтахтро матраҳ карда ва аз Шоҳрух Саид, ки ба пиндори СССР «дастпарвардаи мактаби давлатдории Рустами Эмомалӣ» хостааст, ки онро ҳаллу фасл намояд.

Муаллифи нома аз Бохтар (Қурғонтеппа) бошад аз вазъу ҳоли як бемористони шаҳри Қурғонтеппа шикоят кардааст. Ин муаллиф дар шумораи №283 ҳам як  як матлаб навишта будаанд,ки дар охири он барнома онро қироъат намуда будем, боз ҳам номаи дигаре навиштаанд.

Ҳамчунин як номаи дигар аз як марди корманди ширкати фурӯши барқ аз ноҳияи Ҳисор омадааст, ки аз дуздиву ғорати як масъули ширктаи фурӯши барқи Шаҳринав мисолҳои мушаххас овардааст ва мо онро дар аввали барнома ҷой додем:

      Ҳисор  

 Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Имрӯз ба шумо аз кору кирдори як нафар ҳаромхури корхонаи фуруши барқи ноҳияи Шаҳринав қисса карданӣ ҳастам. Ин ҳаромхур Хушимуродов Фирдавс, яке аз коргарони шуъбаи шартномавии ин корхона мебошад. Аз ин беимон пеш як духтар дар ҷойи вай кор мекард, ба ном Мадина. Ин духтар соҳиби ду фарзанд мебошад.

Вақте ба ҷои роҳбари пештара Тоиров Маъруф роҳбар таъин шуд ин бечора Мадинаро бадгуӣ карда бо кадом туҳматҳои беасос аз кор гирифт ва ба ҷояш худашро таъин кард. Ин роҳбари номард ҳам ҳатто фикри бевазанӣ ва ду сағирашро ҳам накард.

 Имрӯз корди Фирдавс болои равған. Чи тавре хоҳад ҳамон тавр кор карда истодааст. Як санадро аз 30 то 50 сомонӣ мефурӯшад. Шартномаҳои корхонаро аз 500 то3-4 ҳазор сомонӣ пул мегирад,ч и аҳолӣ бошад, чи корхона

  Агар бачаҳо санад пурсанд намедиҳад, бечораҳо маҷбур мешаванд бо пул харанд. Агар ба роҳбар гуянд, мегуяд ин ҳама пулҳоро мо тоқа намехурем, ба боло мебарем. Бе пул корамон ҳал намешавад, мегуяд. Ҳол онки шояд боло хабар надорад. Чунки то ҷое ман медонам пештара роҳбар бе пул санад медод, бе пул мешинонд ва боз назорат мекард, ки оё санадҳо дар барнома шиштааст ё не? Аз бозе, ки ин беинсофон руи вазифа шудаанд бечора коргаронро нафас кашидан намемонанд. Бо ҳар баҳонаҳо сиёҳ карда аз кор озод мекунанд. Аз чи бошад, ки роҳбарони поёнӣ то боло чизе намегуянд. Бо «амри маъруф»-аш худашро дар дили инҳо ҷо кардааст, аз худоям наметарсад.  

Вақте Мадина дар ҷойи вай буд, инсофу адолату қонун буд, риоят мешуд. Коргар буд ва кори ҳамаро бе каму кост иҷро ва буд мекард.

Аммо ҳоло дар ин корхона гапи ҳақ занӣ ё ҳақатро талаб кунӣ, дигар дар ин соҳа дар ягон шаҳру ноҳияҳо ба кор қабул намекунанд.

 Муҳтарам роҳбарони гиромӣ! Шумо ба куҷо нигоҳ доред? Чаро чашмонатон ҳақиқатро намебинанд? Чаро ҳақгуёни аслиро буз тамға мезанеду худатон бузонро парвариш доред. Шумо аз Худо тарсед. Ин корхона аз падаратон мондагӣ нест. Вақте коргари бечораро сиёҳ мекунанду аз кор озод мекунед, санҷиш гузаронед. Инҳо барои даромад ва пули муфт ба ҳама кор қодиранд. Ҳақиқатгӯро, ки санги сари роҳи инҳоанд, дарав як тарафа мекунанд. Ингуна ашхосеро, ки ба давлату миллат фасод ва бадномӣ меоваранд, чаро аз кор намегиреду кадом бевазанҳое, ки бечора марди хонаанд, сағир доранд, раҳм намекунед. Мефаҳмед, ки бевазан ва дар тарбият доштани фарзандони хурдсол чӣ маънӣ дорад, бевазан, бо чи ҳолу рӯз ин сағираашро калон мекунад? Аз банда шарм намедоред, ақалан аз Худо тарсед, оҳи дили мазлум хоҳед нахоҳед мегирад.

 Боқӣ дар амони худо бошед.

     Москва

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман аз Ваҳдат ҳастам. Аммо ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ дорам. Муҳоҷири меҳнатӣ. Ман дар навштаи баъдиам талош мекунам муфассал ва бо далелҳо гап занам. Ҳоло фақат ҳаминро гуфтаниам, ки баъди сафари Владимир Путин ба Душанбе ва мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмонов вазъу ҳоли тоҷикони муҳоҷир бадтар шуд. Дар фурудгоҳҳои Русия облаваи тоҷикҳо хеле зиёд шуд.
 Хусурбачаи ман ҳуҷҷати ВНЖ дошт вале ба ин нигоҳ накарда якҷо бо зану кудаконаш дируз (14 октябр) депорт карданд. Рейди милисаҳо дар як обшежит дар Москва шуд. Онҳо даромаданд ва маҷбур карданд, ки дар ин контракт имзо кунед. Гуфтанд, ки дар ин обшежит-хобгоҳи умумӣ тоҷикҳову узбекҳо зиндагӣ мекарданд. Баъзеҳо ба ин контракҳо имзо карданд, ки ин контрактҳо барои ҷанги Украина буда аст. Дар ин миён 20 нафар аз бачаҳои тоҷик тавонистанд, ки гурезанд ва билет гирифтанду ҳуй хурданд. Баъзеҳоро мисли хусурбачаи ман депорт карданд. Аммо ҳоли бачаҳои узбекистонӣ бисёр бад аст, ҳоло ҳам ҳамонҷо будаанд. Ин вазъият чуноне бачаҳо гуфтанд, аз рӯзи 9уми октябр сар шуда буд вале баъди аз Душанбе баргаштани Путин боз зиёдтар шудааст.

          Бохтар(Қурғонтеппа)

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азизам Муҳаммадиқболи Садриддин! Саломат бошед, ки номаи модари қиёматиатро нашр кардӣ. Бародари азиз, ман бародари  қиёматии шумо ҳастам.

Ман аз Қурғонтеппа ҳастам. Дар номаи № 283  номаи манро нашр кардед. Баъд аз онки номаро бо шумо равон кардам боз чандин саргузашти аз сари ман гузашта ба ёдам омад. Як рӯз оилаи ман касал шуд,б а беморхона бурдамаш.

 Аз дари беморхона бо оилаам даромадем. Онҷо як зан нишаста буд. Ба ман гуфт, ки бо чи мақсад омадед бародар? Ман гуфтам, ки апаҷон ин оилаи ман бемор шудааст, мехоҳам, ки ӯро бо табиби асаб нишон диҳам, албатта, агар табиб зан бошад. Гуфт, бале додар ҳаст. Дар фалон кабинет фалон зан табиб аст. Хулоса, ман ба ин зан 18 сомонӣ супоридам ва рафтам бо он кабинете, ки ин зан моро равон карда буд. Он зан ба ман гуфта буд, ки дигар пул насупор ва ба ман чек дода буд  ки ман пуламро супоридам. Кабинет даромадем, ки зан ба як мард нишаста суҳбат карда механдиданд. Ассалом апаҷон ман оиламро овардам, агар вақт дошта бошед оилаи маро медидед. Он мард гуфт духтури асаб ман ҳастам. Ман гуфтам маро гуфтанд, духтури асаб ки зан аст. Бародар оилаи ман подард ва сараш ҳам дард мекунад. Мард гуфт, ки 20 сомонӣ мешавад супоред, ман ҳозир мебинам. Ман  гуфтам, ки аввал инки ман пул супоридам, баъд, дувумаш инки ман иҷозат намедиҳам, ки шумо бо дастат зани маро қапед. Ва чекро нишон додам. Гуфт, ки «ин чек ба мана фарқ надорад, инҷо боз пул медиҳӣ». Ман баромадам аз пеши духтур ва тарафаш гашта гуфтам, ки «шумо ҳамато ҳаромхур ҳастен. Аз ин кори бади шумо камбағалон метарсанд, ки ба духтур биёян. Шумо хуни онҳоро мемакед ва аз духтурхона баромадем». Оилаам гуфт, ки «биё хона равем ман соз шудам». Оилаам тарсид, ки ман боз ҷанҷол мекунам.

Хулоса баргашта бо хона омадем. Модари азизам дар хона нишаста буд. Ин ҳодиса як сол пеш аз мурданаш руй дода буд. Пурсид духтур чи гуфт? Оилаам гуфт, ки ҷанҷол шудем, гашта омадем хона. Модарам ғазабнок шуда маро фарёд карда танбеҳ кард ва гуфт ту ин қадар буздил ҳастӣ, як мушт назадӣ дар даҳонаш, ки дуюмбор ин корро накунад.

 Хулоса, аз байн 2 моҳ гузашт. Боз модарамро беморхона бурдам. Ман бо худам гуфтам, ки модари ман ҳозир табибонро шарманда мекунад. Вақте даромедем занҳои табибон модарамро беэҳтиромӣ карданд. Модарамро аҳамият надоданд. Як зани табиб омада гуфт мома шумо чи дард доред? Модари ман бо 80 қадам монда буд. Гуфт ман таваллудкунӣ омадам. Ин зан пурсид, ки «нафаҳмидам мома чхелӣ таваллуд»?

  Бародар ин кор дар пеши худам рух дод, ман шоҳидам. Модарам гуфт «аз қаҳри туи беномус мехоҳам фарзанди баномус таваллуд кунам. Ман 10 фарзанд ба дунё овардам, алҳамдуллилоҳ ранги шумо беномус таваллуд накардам».

Хулоса, модари маро табибон дида гуфтанд мома аз шумо 35 сомонӣ мешавад.  Бародар ман мардам, лекин мардии модарамро дидам. Модарам гашта бо ин табиб гуфт ман 60 сол мешавад, ки дар ин давлат кор кардам. Пенсияи ман 200 сомонӣ аст, 1300 сомонияшро пешвои шумо бо фарзандонаш мехурад. Ин шо Аллоҳ дар ин дунё натавонам гирифта дар назди худованд аз имонаш мегирам. Боз модарам гуфт пешвои ту имон ку надорад, лекин гуноҳҳоямро дар сараш бор мекунам ва ягон сумашон надода аз духтур баромад ва ба хона омадем.

 Бародари азиз, модарам беҳтарин зани нотарс ва ҷасур буд. Мегуфт агар шахси мусалмон ҳақи ҳалоли худашро талаб карда натавонад шахс худашро мусулмони хҳақиқӣ нашуморад.

Ман фикр кардам, ки ҳозир дар беморхона ҷанг сар мешавад. Лекин ягон табибе сухан карда натавонист. Ҷасорати модарамро дида ман худ ҳамчун модарам ҷасур шудам. Ин шо Аллоҳ дигар аз ягон чизе сари тарс надорам.

Бародари азиз, чи хеле, ки модарам шуморо фарзанди худ интихоб кард, ман ҳам модари шуморо ҳамчун модари худ  қабул мекунам. Ин аксе, ки фиристодам ин модаре буд, ки роҳи шуморо интизор буд, вале насибаш накард. Илтимос ба модарам нишон бидеҳ.Г ӯед, ки дар ҳақи ин пиразане, ки дидори шуморо интизор буд дуъо кунад.

Худованд шуморо дар паноҳаш нигаҳбон бошад. Бародари шумо аз  Вахш  ҳамсояи Қурбони бехи дузду ғоратгар? Онҷо ҳам хона дорем.

Бародари азиз, ин ҳамон модари қиёматии шумост. Иншоаллоҳ ғалаба мекунем ва бо ин расм пеши шумо омада дар ватан вомехурем.

        Волгоград

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз шаҳри Волгогради Русия бароятон менависам. Ва боз ҳам аз сайти нашрияи СССР як навиштаеро, ки ин бор дар зери «Гӯшаи сардабир» чоп шудааст, бароятон мефиристам.

Сабаби фиристодани ин навишта дар чӣ аст? Шумо хуб медонед, ки ман барномаҳои шуморо ҳам тамошо мекунам ва ҳам навиштаҳои сати Ислоҳро пайваста мутолиа мекунам. Чуноне, ки сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо ҳам ҳамеша мехонам.

Сабаби ин навиштаро фиристоданам ин аст ки дар чанд навиштаҳои Шумо, аз ҷумла яке аз онҳо дар ҳамин ҳафтаи пешина буд, фаъолияти Рустами Эмомалӣ ба баррасӣ гирифта шуд, ки ин баррасиҳоро худи мардум анҷом додаанд.

Навиштаҳои Шумо, ки таҳти сарлавҳаи «Рустам: «Ота мада ставка намон, натонистестум» ва аз он пештар зери сарлавҳаи «И Рустам бо и нафси бадуш читарӣ президент мешуда бошад?» чоп шуданд, дар ҳақиқат мардум дуруст навиштанд, ки Рустам аз дасташ намеояд ва набояд даъвои президентӣ кунад. Ин мақолаи СССР ҳам мустақим ба фаъолияти шаҳрдори Душанбе бахшида шудааст. Агарчи муаллиф онро ба генерал-майёр Шоҳрух Саидзод, сардори милисаи Душанбе навиштааст, вале он ба фаъолияти Рустами Эмомалӣ марбут аст. Ман бовар дорам, ки муаллифи ин навишта хеле ҳам боэҳтиёт ҳарфу калимаҳоро интихоб кардааст, чун беш аз ин бигӯяд, нашрияи ӯро мебанданд. Муаллиф бо хушомаду чоплусии ҳарчи боэҳтиёт бошад ҳам вале як масъалаи бисёр ҳам ҷиддӣ дар пойтахтро, ки боиси нороҳатӣ ва сарсониҳои сокинони Душанбе шудааст, матраҳ кардааст. Ин масъала масъалаи танбашии роҳҳо, ё пробка аст.

Ва сарлавҳаи ин навишта ППГ аст. ППГ чи маъно дорад,аз худи ин навишта ҷуё шавед. Ин мақола дар шумораи рӯзи 15 октябри имсола, баъди анҷоми сафари Путин ба Душанбе чоп шудааст:

ППГ

«Наёфтед! Ин аббревиатураи Пробка Проблемаи Глобалӣ! Акнун дар бораи пайдоиши ин мушкил ва роҳҳои ҳалли он баҳс мекунем!

Пештоз мегӯям, ин Пробка-Проблемаро дар пойтахт танҳо генерал-майор Шоҳрух Саидзода ҳаллу фасл карда метавонад. Зеро таври маълум баъди сари кор омадани ин ҷавони ғайюру серталаб, дар Душанбе қонуну қоида 100% ҷорӣ шудааст. Ва аксарияти сокинони пойтахт маҳз ба ин ҷавон, ки дастпарвардаи Мактаби Давлатдории Рустами Эмомалии ҷавон аст, бовару эътимод доранд. Мо Метавонем!

13.10.2025. Соат ба вақти Душанбе 16: 40 дақиқа. Банда дар тӯли ҳамагӣ 2 соату 19 дақиқа, аз Кӯлоб то пойтахт расидам. Зеро роҳҳо ҳамвор, гулкор ва муҳимтар аз ин ағбаҳо бо тунелҳо оро ёфтаанд. Роҳи 6-7 соатаро дилхоҳ, мошин, агар аз рӯи 80 км/соат ҳам ҳаракат кунӣ, дар 2,5-3 соат мерасӣ.

Чун аз маъракаи арӯсии додарзодаам меомадам, дохили мошин, шукри яздон, пур аз набера будӣ. Наберагон 1 шикамсер хобро заданду мо, аккурат, дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ҳозир шудем. Гуфтам, то чашмонро мемоланд, ки ба хона ҳам мерасем. Аммо аз куҷо?!

Сар аз мавзеи мавсум бар Садбарг Пробкаи бузурге таъсис ёфту ба ту дониву худо, хонанда, ки то мавзеи Яккачанор 2 соати 39 дақиқа омадем!!!

Кӯдакон дигар бедор шудаву дилгир гаштаву фиғон мекашиданд. Вале ягон чорае набуд, ки набуд. Зеро фураҳои гаронвазну калонҳаҷм, траллерҳои борбар, зилу камазу памаз, ки ҳамагӣ 4 рӯз манъ шуда буданд (ба хотири Саммити ИДМ ва сафари давлатии ВВП), имрӯз ба пойтахт штурм карда будаанд!

Вазъ дар чорроҳаҳо печида мешуд. Зеро то 1 Дулан ё Фура ё Траллери 15-20 метра мегузашт, ки чароғак, ҳамоно светофор, 10 бор зарду сабзу сурх мешуд. Дуруст аст, ки кормандони БДА дар такудав буданд, вале бо нозири роҳ ин мушкил ҳаллу фасл намешавад. Мушкилро бояд дигар хел ҳал кард…

Данғара ва Пробка

Айни ҳамин ҳол 15-20 сол пеш дар маркази шаҳраки Данғара будӣ. Зеро тамомии нақлиёти боркаши вилояти Кӯлобу Бадахшону Хитой аз байни ноҳия мегузашт ва ҳамарӯза қиёмат гардон буд ин ҷо. Гирифтанду роҳи алтернативии гардишгузар барои мошинҳои боркашу хурду бузург карданд ва Проблемаи №1 барои Данғара дар 2 рӯз абадан ҳаллу фасл шуд.

Душанбе чӣ кор кунад?

Албатта, роҳҳои гардишгузар ё убуркунанда дар пойтахт низ сохта шуда истодаанд, вале то инҳо бунёд мешаванд, ки гуфтаи Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «думи шутур бар замин мерасад». Шумо тасаввур кунед, ки тамомии боркашҳои калонҳаҷми ба водии Кӯлобу Рашту Бохтару Хуҷанду Хоруғу Бадахшон мерафта, ҲАТМАН аз маркази Душанбе бояд гузаранд. Зимнан дар Душанбе бояд оҷилан чанд корро анҷом дод:

1. Режими ҳаракат: Нақлиёти боркаш, фураҳо, траллерҳо, дулану камазу умуман мошини калон набояд рӯзона дар шаҳр умуман ҳаракат кунанд. Танзими ҳаракати гаронвазнҳо бояд, ну, фарзи мисол, аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ иҷоза дода шавад.

2. Танзими «новостройкаҳо»: Оре, хонандаи гиром, яке аз сабабҳои асливу усулии Пробка маҳз «домсозон» гаштаанд. Зеро «бетонмешалка», зилу камази хиштбарак, траллерҳои арматуркаши онҳо сабаби асливу усулии Пробкаҳо мешаванд. Инҳо низ бояд дар навбати шабона кор кунанд. Бигзор коргаронашон дар сменаи шаб кор кунанду хишту бетону арматураву семонташонро шаб оранд ва рӯзона роҳат онҳо кор кунанду мо, сокинони пойтахт ЗИНДАГӢ

3. Рӯзона манъи кори крану бетонрезҳо: Агар аҳамият додаед, дар дилхоҳ кӯчаи танг «домсоз» меораду 2 крану 2 бетонрезаки хитоиро чорпоя зада, мегузорад. То инҳо кор мекунанд, табиист, нақлиёт тамба мешавад, Пробка пайдо мегардад. Инҳо низ бояд танҳо шабона кор кунанд. Қимат меафтад кори крану сементкашак бар «домсоз» ин проблемаи вай аст, на сокини одии пойтахт.

4. Дар соатҳои Час – Пик нозирони роҳ танҳо не, ки хадамоти ба роҳу равиш масъул (танзими нақлиёт, милисаҳои нозирони маҳаллӣ), дар чорроҳаҳои ҷои кори худ, пайдо шудаву кумак расонанд, то Пробка нашавад.

5. Тамом вассалом!!! Бовар кунед, агар кори мошинҳои гаронвазнро танзим кунем, «домсоз»-ро маҷбур созем, то ба қонун итоат кардаву бар мардум ситам накунад, фураву дулану траллеру бетонмешалкаву зилу камазҳо соати маълум ба ҳаракат дароянд (воқеан ҳам гаронвазнҳоро ҳатто дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Бохтар танзим мекунанду танҳо шаб ба ҳаракат медароянд!), олам гулистон мешавад ва Пробкаҳо ба таърихи фаромӯшӣ мераванд.

Шахсан банда бовар дорам, муҳтарам Шоҳрух Саидзода бар ин амал камари ҳиммат бандад, дар 1 рӯз мушкиле, ки ба Глобал-Проблем табдил ёфтааст, аз байн меравад:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад!!!»

Share This Article