Тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ» аз манбаъҳои дохили КДАМ, рӯзҳои 7 ва 8-уми ноябри соли 2026 дар хонаводаи СС. Ятимов маросими издивоҷи ду ҷияни ӯ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъҳои мо, ду хоҳари СС. Ятимов — Чинигул Ятимова ва Ҷиёнгул Ятимова бо ҳам қудо мешаванд. Ҷиёнгул духтари хоҳараш Чинигулро, ки Мафтуна Ятимова ном дорад, барои писараш Бахтиёр келин мекунад.
Яъне, арӯсу домод фарзандони ду хоҳар буда, бо ҳам хешовандони наздик мебошанд.
Тӯй дар Фархор ва Душанбе
Тибқи маълумоти расида, маросими арӯсӣ дар ноҳияи Фархор, деҳаи собиқ Туғул, ки ҳоло Ориён ном дорад, дар хонаи Чинигул Ятимова, модари арӯс Мафтуна, баргузор мешавад.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Ҷиёнгул Ятимова, модари домод Бахтиёр, маросими дигари тӯй субҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Арӯсу домод кистанд?
Домод — Бахтиёр, писари Ҷиёнгул Ятимова, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналистика хатм кардааст. Баъдан дар Чин забони чиниро омӯхта, ҳоло бо чиниҳо ҳамкорӣ мекунад.
Арӯс — Мафтуна Ятимова, духтари Чинигул Ятимова, низ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ихтисосаш иқтисодчӣ мебошад. Айни замон кор намекунад.
Ду қудои нав кистанд?
Шавҳари Чинигул Ятимова ва падари арӯс — Искандар Шарипов мебошад. Ӯ табиби чашм буда, дар поликлиникаи марказии ноҳияи Фархор фаъолият мекунад.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, Искандар Шарипов дар беморхонае, ки СС. Ятимов дар деҳаи Туғул бунёд кардааст, ба ҳайси табиби чашм кор мекунад. Синну соли ӯ аз 55 боло гуфта мешавад.
Шавҳари Ҷиёнгул Ятимова, ки аз Чинигул бузургтар аст, полковники Вазорати адлияи Тоҷикистон буда, дар СИРҶ бо Мансур Умаров фаъолият мекунад.( сахт хоҳиш карданд ному насаби полковникро нанависем, мо ҳам наменависем)
Бояд таъкид кард, ки тибқи маълумоти расида ба «Ислоҳ», муносибати ҳар ду шавҳари хоҳарони СС. Ятимов бо мардуми маҳаллӣ бад нест ва аз рафтору муносибати онҳо шикояти мардумӣ низ ба мо нарасидааст.
Аммо суоли асосӣ ин аст: қонун барои кӣ амал мекунад?
Ин тӯй, ки дар он фарзандони ду хоҳар бо ҳам издивоҷ мекунанд, чанд суоли ҷиддиро ба миён мегузорад.
1. Магар қонунгузории Тоҷикистон издивоҷи чунин хешовандони наздикро манъ накардааст? Агар чунин бошад, пас издивоҷи ду ҷияни СС. Ятимов чӣ гуна баргузор мешавад?
2. Магар масъулони комиссияи танзими ҷашну маросим ба ин тӯй дахолат карданд? Оё онҳо аз баргузории он огоҳанд?
3. Раиси ҷамоат ва дигар масъулони маҳаллӣ дар ноҳияи Фархор аз ин маросим хабар доранд? Агар доранд, чаро масъалаи риояи қонунро баррасӣ намекунанд?
4. Чаро барои шаҳрвандони одӣ маҳдудиятҳои қонун қатъӣ татбиқ мешаванд, аммо вақте сухан аз хонаводаҳои мансабдорони баландпоя меравад, суоли баробарии ҳама дар назди қонун пайдо мешавад?
5. Оё барои хонаводаи Э.Раҳмонов, СС. Ятимов ва дигар мақомдорони кишвар қонунҳои алоҳида вуҷуд доранд? Чаро он чизе, ки барои мардуми одӣ иҷозат нест, бояд барои хонаводаҳои соҳибмансаб иҷозат бошад?
Мо бо зиндагии шахсӣ ва хушбахтии ҷавонон мухолифат надорем. Ҳар ду ҷавон ҳақ доранд оилаи хушбахт ташкил кунанд. Аммо масъалаи асосӣ риояи қонун ва баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди он мебошад. Мо мухолифи издивоҷи хешутаборӣ нестем , аммо инро Раҳмонов қонун навишта, ки иҷозат нест. Дар ҳоле на худаш, на духтаронаш ва на мақомдоронаш риъоят намекунанд. Пас ин қонун барои танҳо сокинон аст?
Агар издивоҷи фарзандони ду хоҳар тибқи қонун манъ бошад, пас мақомоти масъул бояд шарҳ диҳанд, ки чаро чунин маросим дар хонаводаи яке аз баландпоятарин мансабдорони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Агар қонун барои ҳама яксон аст, пас мансаб, мақом ва пайванди хешутаборӣ набояд сабаби муносибати истисноӣ гардад.
Суоли «Ислоҳ» ба мақомоти Тоҷикистон равшан аст: оё қонун танҳо барои мардуми одӣ навишта шудааст ё хонаводаҳои соҳибқудрат низ бояд онро риоя кунанд?
«Ислоҳ» — 7 ноябри соли 2026
