Муҳиб Асадулло (Саъдуллоев) додари Азизмои газетхонаки завҷаи Пешвои муаззам барои на танҳо хонандаву бинандаи «Ислоҳ» шинос аст, ӯро тамоми Тоҷикистон мешиносад. Вай чемпиони ягон намуди варзиш нест, шоиру нависанда, овозхону олим ҳам нест, бригадир, сардори участка, раиси совхозу ноҳия, вакили маҷлиси ҳатто ҷамоат ҳам нест, аммо знаменитий аст, беҳад. «Знаменитира бераҳмуш» ана ҳамин Муҳиб аст боварам кунед. Махсусан дар навоҳии Шаҳритуз, Қабодиён, Носири Хусрав Муҳиб пурнуфузтар ва пурҳайбаттар аз Пешвои муаззам аст. Дар кӯчаҳои ин навоҳӣ чакар занад, замин меларзад, мошин ронад, пиёдаравҳо, ки чӣ, мошинсаворҳо «яним» мешаванд, ГАИшникҳо пушти девору сояи дарахтҳо медаванд, ки яке акаи Муҳиб назанмону ҷавобшам бта.
Муҳиб соҳиби ин қисмати Тоҷикистон аст.
Чанд соли пеш бозори «Ином»-и Абдуллоевҳоро дар Шаҳритуз тасарруф карду гирифт, ки навори ҷанҷоли он то ҳоло дар боли анкабути ҷаҳонӣ кашол аст ва ин сухани «мондагор» аз вай «номард бошаму зинда бошам ҳам» аз ҷараёни ҳамон ҷангҷол аст, ки ӯро шӯҳраи офоқ кард. Касе, аз тоҷирон баъди ғасби ин бозор онҷо нарафт. Қаҳраш карду бозори марказии ноҳияро ошкоро ба оташ кашид, то ки фурӯшанда ва харидорҳо ба бозори тасарруфкардаи вай раванд. Худаш ягончӣ насохтааст, сохтаи дигарҳоро захватит мекунад.
Тамоми замину замони ин навоҳӣ дар ихтиёри Муҳиб аст. Бе иҷозати Муҳиб инҷо касе коре карда наметавонад.
Дар инҷои навишта аз матлаби пешинаи «Ислоҳ» як пораеро пешкаш менамоям, ки исботи ин иддиоямон хоҳад буд:
«Ҳоҷӣ Амир, Ҳоҷӣ Муҳиб, Ҳоҷӣ Раҳматтуло, бародарони завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов 85% ноҳияро, заминҳоро, чарогоҳҳоро, иншооти бозмонда аз даврони шӯравиро аз они худ кардаанд. 9 км дуртар аз маҳалли зисти мо барои бунёди бозор 3 га замин ҷудо шуда буд. Дар дохили он як дискотекае бо номи «Балх» чор сол кор кард. Вуруд ба ин дискотека 10 сомнӣ нарх дошт. Вай аз они ҳоҷӣ Амирулло буд. Онҷоро ҳам ба мардум ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхтанд. Як сотихи он 25-30.000 сомонӣ. Чанд кас дар онҷо хона сохтаву феълан зиндагӣ доранд. Ман худам шоҳиди ҳолам, ки нозири минтақавӣ як чупони ҳоҷӣ Амируллоро барои маст дучарха ронданаш, (мотосикл) дастгир карда ба шӯъбаи дохила оварданд ва судмедэксперт хулосаи худро ҳам дод, ки дар ҳолати сархушӣ сари фармони мотосикл нишастааст. Нав парванда тартиб дода барои 15 шабонарӯз шинониданӣ буданд, ки Валича ба «отдел» омада он нозири минтақавиро дашномҳои қабеҳ кард, на зан монду на фарзанду на ҳатто погони милисагӣ, ҳамаро ҳақорат кард.
«Тамоми атарҳои гӯсфанди ин се бародар:-ҳоҷӣ Амир, ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳоҷӣ Муҳибулло дар ҷойи мо ҷойгиранд. Ҳатто чупонҳояшон дорои ҳуқуқҳои нестандарҷаҳонанд. Гӯсфандони ҳоҷӣ Амируллоро ба дохили заминҳои корам дароварда мечаронанд. Дар ҳар замине дохил шуданду хӯрданд, он замини пахта аст, замини тарбуз, харбуза, ҳандала, ҷуворӣ ё ҳар зироъате бошад, хӯрда- хӯрда мераванд, як гап гуфтӣ, капат дуд кард. Ҳар як атари ҳоҷӣ Амирулло 6 то 7.000 гӯсфанд дорад. Ҳар касе аз заминҳои онҳо иҷора мегирад, танқисии об намекашад. Агар обро насосчӣ ё мироб барои замини инҳо камтар диҳад, тамом капаш дуд мекунад.»
Ҳоҷӣ Амир дар кӯҳи Тералӣ, ки дар ҳудуди Вахш ҷойгир асту15 километр аз ҷамоати шаҳраки Гулистон ва 35 километр аз маркази Колхозобод дур мебошад, як истироҳатгоҳ сохтааст. Онҷо «отдих» мекунад. Бо шаш -ҳафт мошини гаронбаҳо ва ҷавондухтарони зиёде меоянду истироҳат мекунанд».
«Шикояти Колхозободиҳо аз хусурбачаҳои “Пешво” (Бахши аввал) 16.11.2021 https://isloh.net/shikojati-kolhozobodiho-az-husurbachahoi-peshvo-bahshi-avval.
Ҳоҷӣ Амир, ҳоҷӣ Раҳматулло бародарҳои бузургтари Муҳибанд. Инҳо чанд бародаранд,ки аз ҳама маъруфашон Ҳасан Асадуллои ишкамба, раиси «Ориёнбонк» аст.
Муҳиб бихоҳад дар ин навоҳӣ зани фалониро, ин фалонӣ касе, ки набошад, фалон мекунад ва ин коррро на як бору ду бор кардааст. Як мисоли конкретӣ аз як навиштаи панҷ сол қабли «Ислоҳ»:
«Муҳиб як ронанда дорад, ки миллаташ ӯзбек аст, аз ноҳияи Қубодиён. Вақте Муҳиб бо арӯси худ дар Шаҳритуз дам мегираду ҳама корро ба анҷом мерасонад ба ронандааш супориш медиҳад, ки ин духтарро ба хонааш бурда расонад. Дар роҳ кадом гапи ронанда ба духтар маъқул намешавад. Ба Муҳиб занг зада мегӯяд, ки ронандаат аз худ рафтааст, ба ман ҳар хел гап зада истодааст.
«Муҳиб дар ғазаб шуда рост хонаи ронанда меравад ва зани ӯро рӯирост таҷовуз мекунад. Ин зан аз тарс тамоман чизе гуфта наметавонад, ки мабодо боз фарзандҳояшро ягон кор накунад. Ба ронандааш мегӯяд, ки овозатро мегириву мегардӣ.»
«Шаҳритузиҳо аз ситам ва таҷовузи Муҳиби хусурбачаи “Пешво”навиштанд». 19.12.2020 https://isloh.net/shahrituziho-az-sitam-va-tajovuzi-muhibi-husurbachai-peshvo-navishtand
Муҳиб бихоҳад раиси ноҳия, додгоҳ, додситон пулис, бехатарӣ дар як турфатулъайн қарори иттихозкардаашро пас мегирад. Муҳиб амалан дар ин навоҳӣ Президент аст.
Ва, боз, барои онки боз ҳам «қизиқтар» бишавад як иқтибоси дигар аз ҳамон навиштаи болоро, ки панҷ соли пеш нашр намудаем меоварем:
«Муҳибулло Саъдуллоев Асадуллоевич, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмонов Шарипович ба раисони ноҳия ва кумитаи андози 3 ноҳия: -Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав собиқ Бешкент ахтор дода аст:
«чихеле мекнен намекнен, хуни мардумро дам мекашен, чанд бор андоз мегирен, ба корхонаву иншоотҳои ман наздик нашавен ва аз ма андоз ҳам напурсен, чунки мо аз оилаи Ҷаноби Олӣ ҳастем, барои мо қонун вуҷуд надорад «не прикосновений» ҳастем».
Вақте ки Муҳиб ба утоқи кории раису масъули ноҳия медаромадаст дар пои раисҳо ларза меафтодаст. Ин масъулону раисон метарсанд, ки Муҳиб боз ягон иншооти давлатиро, ҳамту ройгон бепул гирифтанӣ аст. Ё ягон имзоро мехоҳад бигирад. Охир ин вазифаро ман 200$ ҳазор долллар харидам ку, ҳам ба язнааш ва раиси кадрҳои ӯ пул додаам ва ҳам боз ин хусурбачааш коркунимон намемонад, ки пули додаамонро ақалан гирем.
«Муҳиб дар Шаҳритус зиёда аз 100 духтари ҷавони бокираро таҷовуз кардааст. Ончунон дар ин ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён туғён дорад, ки Гитлер ҷиноятҳои ӯро содир накарда буд. Ончи мегӯем бе муҳобот ва туҳмат аст.»
Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Фароғат собиқ (Курорт) Муҳиб дар назди чашми як корманди ТАС ҳамсарашро дар пеши чашмонаш таҷовуз кардааст. Номи он марде, ки ҳамсараш таҷовуз шуд, Аҳмад аст».
Хайриниссо, зани дуввуми Муҳиб
Муҳиб ду зан дорад. Занҳои ғайрирасмиаш беҳисобанд. Агар Озодаву Тахминаву Парвина расмиву ғайрирасмиҳо дошта бошанд, Муҳиби тағои онҳо чаро надошта бошад?
Хайриниссо, зани дуввуми Муҳиб дар Шаҳритуз дар пеши магазин савдо мекунад, дар магазини бари дискотека. Ин магазин 24 соата аст. То нимаҳои шаб сигарету бангу чарсу кристалу героин арақу пивову вискиву коняк мефурӯшад. Сигарети ESSE ченҷ дар дигар магазинҳо 20 сомонӣ, дар дискоклуб 40 дар магазини Хайриниссо 35 сомонӣ аст. Лекин дар дигар магазинҳо 18-20 аст. Хайриниссо ду бача аз шӯи пешинааш, дорад. Шавҳари аввалаи Хайриниссо дар қайди ҳаёт нест. Хайриниссо аз ғармиҳои Қумсангир аст.
Дар бораи кору фаъолияти Муҳиб «Ислоҳ» чандин матлаберо дар солҳои пеш ба нашр расонидааст, ки агар хонандаи ҳушманди мо бихоҳад, зери ин линкҳо метавонад бархе аз онҳоро бихонад:
1) «Бозори марказии Шаҳритусро Муҳибулло Саъдуллоев оташ зад 05.09.2020 https://isloh.net/bozori-markazii-sha-ritusro-mu-ibullo-sadulloev-otash-zad»
2) «Муҳибулло 120.000 $-амонро гирифт падарамро кушт, модарамро доғдор ва тағоямро бе гуноҳ 15 сол шинонд 02.01.2023 https://isloh.net/muhibullo-120-000-amonro-girift-padaramro-kusht-modaramro-doghdor-va-taghojamro-be-gunoh-15-sol-shinond/»
3) «Шикояти Қубодиёниҳо аз андози боло, хусурбачаи «Пешво» ва судияи таҷовузгарашон 12.02.2022 https://isloh.net/shikojati-qubodiyoniho-az-andozi-bolo-husurbachai-peshvo-va-sudijai-tajovuzgarashon/
Муҳиб «бизнеси асосӣ»-ашро умумиҷумҳуриявӣ карданист
Аммо Муҳиб, аз ончики дорад, ҳоло ҳам розӣ нест. Гуфтем, ки се ноҳияи Шаҳритуз,Қабодиён ва Носири Хусрав дар ихтиёр ва итоаташ аст. Гузаргоҳи марзии Панҷи поён ҳам, ки бо Шерхон –бандари Афғонистон ҳаммарз аст, барои Муҳиб ҳамеша боз, чи хеле мегӯянд, «зеленний светофор» мебошад. Дар Қурғану Душанбе ҳам ин тиҷорати асосии вай-дискоклуб гардон аст.
Аммо мегӯяд кам аст. Бояд як бизнеси собственний-шахсӣ, хусусӣ дошта бошад, ки фақат ба вай тааллуқ дошта бошад. Бозорҳову фуруши замину вазифаву мансабҳои ин ноҳияҳову рамаву галаву фермаву куҳу пуштаву қочоқи сигору арақ, то хлопушкаро дорад, вале ончики дорад, камӣ карда истодааст. Миллионерӣ маъқулаш нест, бояд миллиардер бошад, мисли акаи Ҳасани ишкамбааш. Ин ҳарфу ҳадис, ки то омадани Раҳмонови шӯи апааш чизе надошт, чизе набуд, рӯзе ба гӯзе мегашт, кайҳо фаромуш шудааст. Ҳоло бояд, ки калонкалон дошта бошад. Ҳамранги ҷамоат (оила) мехоҳад бошад.
Маълум нест, ки ин идеяи бузург дар сари худи Муҳиб омада бошад ё дар сари Мансур Давлатови ҷиянаш ё Толиби китфи росташ, ки имрӯзҳо ӯро дар васвасаи ғасбу тасарруфи тамоми дискоклубҳои Тоҷикистон афтондааст. Гуфтааст, ки чаро фалониҳо: Рустам, Зоир, Исмоили пингвин, Шамсулло, Ҳасан, Озода, Тахмина, Парвина ва дигарҳо дар тамоми кишвар доранд, ман бо ҳамин се ноҳияҳак «қарор бестум».
Меояд пеши Азизмову арзи матлаб мекунад, дил мекафонад: «апашка ма бояд тамоми дискоклубҳои Тоҷикистонро бигирум. Доляи ту ҳам ҳаст. Ин бизнес ба ягон каси дигармон таааллуқ надорад. Ҳамаҷоро подконтрол кадем. Инҷоро ҳам мо бояд контрол кунем».
Пешниҳоди «доля» Азизморо бетоқат мекунад.
Шабона ночнушкаи тунуки тӯртӯрашро мепӯшаду бакали калони «Пшеничний» ва дар як табақча нуқл ( закуска ) медарояд, дар ҷогаҳи Пешво, ки Пешво хурхур дорад.
«Э, пирхари ҳаром бхе ай ҷот. Мембрӣ иқа нхрӣ. Нигинада нарафтӣ ё дига харворӣ маст шидӣ, апаратут наҷунбидестай»
Пешови муаззам, Асосгузори сулҳ, Ҷаноби Олӣ зуд хесту рӯи диван шишт.
«Ма бигӣ, ира аз Маскав ройит кадиян».
Асосгузор гирифта, қулумбас дар сар кашид. Закуска ҳам накард, дар пушти даст пок кард.
Азизмо гуфт, ки ҳамаҷоро таҳти контрол гирифтӣ, ягон террорист омада наметавонад. Лекин ҳамин дискоклубҳо беназорат.
-Дар дискоклуб террорист чи кор мекунад? Террористо дар мачит.
-Барои онки онҷоҳо таҳти контрол нест, имконаш ҳаст, ки дароянд. Рустам зудзуд меравад, Фарзона ҳар шаб меравад, Тахмина, Сомон Исмоил. Фаромуш накун, ки вақтҳои ахир ҷои дустдоштаи Фарзона ҳамин ҷоҳо аст. Зарина ҳам як поюш канда не, хай Озода бас кадай. Гапи мара не нагуву бигир тамоми дискотекаҳоро ба дасти як одами худмон те.
Муҳиб таҷрибаи калон дорад».
Э, и Муҳиб безприделай, дар сармон ягон бало нахезона?
-Зато таҷриба дорад. Метонад. Гап ҳамин. Ма пага бачаҳоро файрод мекунум». Ва чанд рӯзи пас чандин дискоклубҳоро бастанду навор карданду дар шабакаҳои телевизиониву Ютубу ҳамаҷо ба намоиш гузоштанд ва Ховар ҳам навишт,ки «ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти махсуси «Ахлоқ ва тартибот» фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, амалиёт дар заминаи муроҷиат ва шикоятҳои пайвастаи сокинон доир ба халалдор намудани оромии шабона ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби марказҳои дилхушӣ гузаронида шуд.
Нисбат ба соҳибмулкони ин марказҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуда, маводи зарурӣ барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардид. Ҳамзамон бо шаҳрвандоне, ки дар марказҳои дилхушӣ буданд, оид ба риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд».
Яъне Азизмои газетхонак даст ба кор шуд ва Шоҳрух Саидзода, сардори милисаи Душанберо, ки писархондааш мебошад вориди амалиёт кард ва Шоҳрух ҳам бо як шабехун ин ҳама –дискокулб-Night Club-ҳоро «ҷошда» баст.
Аммо дискоклубҳои Муҳиб фаъоланд. Масалан «Марҳабо» дар Шаҳритуз ва «Малика» дар Қурған.
Аслан намешавад инҳоро дискоклуб- маркази дилхушӣ номид, амалан онҳо притон, бардел ва ба тоҷикӣ фоҳишахонаанд. Фоҳишахонаҳои мустанад. Як нафар аз хабарнигорони «Ислоҳ» дар як навори савтӣ гуфт, ки «Вақтҳои ахир бизнеси асосии Муҳиб дискотекаҳояш шудааст. Раққосаҳо меоянд дар дискотекаи Муҳиб «кор» мекунанд. Вақте ки меҳмонҳои Муҳиб меоянд «кор»-и бештар мекунанд. Ошёнаи болои дискотекаи «Марҳабо» дар Шаҳритуз меҳмонхона аст. Раққосаҳоро Муҳиб заставит мекунад, ки боло «бброен қати ҳаминҳо дам бигирен, любой чи бухоҳан, иҷро бкунан, ай даҳан,ай пушт,ай пеш. Қатишон отношенияи безеб накунен».
Дар маркази Қурған ҳам як дискотека дорад бо номи «Малика» дар Қабодиён ҳам дорад.
Ҷаласаи Оила
Маълум гардид бастани ин 17 дискоклубҳо дар пойтахт айни бастани заправкаҳои Умед -88, қатъи сети мағозаҳои Орима, тасарруфи амволи даҳҳо тоҷири дигар мебошад, ки ҳадафи дигар дорад. Ва, бастани ин маконҳои фаҳшо на ба хотири нороҳатии сокинони Душанбе, барои ба Муҳиб супоридани онҳо аст, ки дар ояндаи наздик шоҳидаш хоҳем шуд ва то онҷо, ки иттиллоъ расид, нақшаи бастани ин дискоклубҳоро дар саросри кишвар, аз ҷумла Хуҷанду Кулоб ҳам кашидаанд.
Дар Шӯрои оилаи Раҳмонов ҷаласа доир ва пешниҳоди Азизмои газетхонак, ки «тамоми дискоклубҳои Тоҷикистон ба Муҳиб супорида шавад» аз тарафи аъзои оила ҳам пазируфта шудааст.
Фарзона зимни сухаронӣ аз дикокулби Маликаи тағояш таърифу тавсиф карда гуфтааст, ки тағо дар ин соҳа профӣ шудаанд, аз уҳдаи идораи ҳамааш мебароянд.
Парвина сахт дастгирӣ кардааст. Барои онки кристал ва дигар таблеткаҳои экстазӣ ва бахусус метафетамини «Сифатфарма»-и вай баҳузур ва бо дили пур ба савдо гузошта мешавад.
Бояд дар ин дискоклубҳо сервиси амниятии профессионал ҷалб карда шавад, тавсия кардааст Озода;
Тахмина пешниҳод кардааст, ки мошинҳои дароз, ки ҳоло шаҳу домод мекашанд, барои ҳар дисклубҳо ҳам дастрас карда шаванд, чунки баъзе муштариҳо мехоҳанд идомаи корашонро дар чунин мошинҳо анҷом диҳанд ва бояд ба милисаи шаҳр фаҳмонида шавад, ки минбаъд гаиҳо онҳоро манъ накунанд.
Пешниҳоди Рухшона, ки тариқи онлайн дар ҷаласа аз Лондон ширкат кардааст, сохтани як дискоклуб дар Варзоб бо дикий пляж будааст…..
Мунтаҳо ҳама якдилона ба Муҳиб ҷиҳати забту тасарруфи тамоми дискоклубҳо раъй додаанд ва бо ҳамин Муҳибро ҳамчун «дискокорол» табрик кардаанд.
Хабарнигори «Ислоҳ» дар идомаи навори аудиоияш инро ҳам гуфт, ки «дар Қумсангир дискотекаи Муҳибро Баха-Бахтиёр пеш мебарад. Баха ҷавони 27-28 сола аст. Дар онҷо ӯро ягон кас ягон гап зада наметавонад. Дар инҷо аз чанд вақти пеш ҳамаи дискоклубҳоро маҳкам карданд, ба ҷуз аз они Муҳиб. Дискоклубҳои Муҳибро Мансур Давлатови ҷиянаш, Баха, Толиби ҷураи наздики Мансур пеш мебаранд. Дар ҳоли ҳозир қасд доранд, ки дар «Бешаи палангон» як дискоклуби замонавӣ махсус барои Рустами Эмомалӣ бисозанд. Ҳозир ҳам дар инҷо ҳар гоҳе Рустам ояд аз дискоклуби «Марҳабо» духтарҳои ёши 14-15соларо Толиб мебрад ҳамроҳ бо раққосавҳову ҳофизаҳо. Онҷо ҳам урён ва лублучак рақсу бозӣ мекунанд».
Парвина ва Ашраф Гулови шавҳари Парвина идеяи забту тасарруфи дискоклубҳо ва ба итоати Муҳиб вогузории онро бо хушҳолӣ ва хурсандии зиёд пазируфта ваъда кардаанд, ки дар сохту навсозии онҳо бедареғ кумак хоҳанд кард.
Яке аз мақсадҳои асосии дар ихтиёр ва итоати Муҳиб вогузории тамоми дискоклуб-марказҳои дилхушӣ ҷалби духтарон ба ин кор ва дар оянда ба хориҷа Дубай Туркия фурухтани онҳо аст.
Чунки сексиндустрия пурдаромадтарин навъи тиҷорат дар ҷаҳон аст, ки ҳатто аз фурӯши силоҳ ва наркотика ҳам манфиатовар аст. Барои Парвина ин дискоклубҳои ринок збит-бозори фуруши доруҳояш мешаваду барои Ашрафи шавҳараш инҷо манбаи ҷамъоварии духтарҳо барои қочоқ ба Туркия ва Дубай. Дар айни замон низ Муҳиб тавассути Панҷи поён-Шерхон бандар ҳар ҳафта чор –панҷ духтарро ба Афғонистон гузаронида истодааст. Як нафар афғон гоҳо дар ҳафта ду ва гоҳо як маротиба духтар ё ду духтарҳоро гузаронида истодааст.
Ба ин тартиб ба ин наздикиҳо Муҳиб ба дискокороли Тоҷикистон табдил мешавад.
Ва,дар охири навишта як иқтибосеро аз як навиштаи қаблии «Ислоҳ»,ки бо номи «Шаҳритузиҳо аз ситам ва таҷовузи Муҳиби хусурбачаи «Пешво» навиштанд» дар моҳи декабри соли 2020 чоп шуда буд, пешкашатон менамоем. Аз ин навишта мефаҳмед, ки ҳамин дискоклуби «Марҳабо» ҳам аз они нафари дигар аст, як нафар узбек, ки Муҳиб онро кашида гирифтааст. Ва нукта ва ҷойи аз ҳама ваҳшатноку ҳайратовараш ин аст ки ба кори ин дискоклуб худи Эмомалӣ Раҳмонов бо буридани лента «о.кей» медиҳад:
« Ба қарибӣ дар Шаҳритуз як тӯйхона сохта шуд. Номашро гузоштанд «Марҳабо». Дар асл дар инҷо як ошхона амал мекард ва номаш ҳам буд: “Кӯлоб,2700-солагӣ”. Соҳиби он як узбеки маҳаллӣ буд. Аз дасти ӯ ин ошхонаро Муҳиб кашида гирифт. Як рӯз мӯҳлат дод, ки чизу чораашро барорад. Ин бечора узбек, марди 60сола, ки тамоми умр ва тамоми авлодаш дар инҷо буд, бо дегу косаву чумчаву табақу косаву вилкааш надонист, ки чи кор кунад ва зиндагониашро чи хел пеш барад. Ашк дар чашмонаш ҷорӣ, дар қади кӯча ҳайрону сарсон мисли беморони рӯҳӣ роҳ мерафт. Хеле гиря кард вале ягонҷо шикоят ва арз накард, чун медонист, ки фоида надорад.
«Аммо даҳшатноктар аз ин, кори Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки омад ва лентаи ин тӯйхонаро зери рақсу суруд қайчӣ кард. Ҳамаашон хурсанд ва дар телевизион ҳам гуфтанд, ки онро як соҳибкори шаҳритузӣ барои мардум сохтаасту барои чанд нафар ҷойи кор муҳайё кардааст. Аммо ин ҳама дурӯғ буд. Хок бар сари чунин давлтдорию раиятдорӣ. Мардуми шаҳритуз, ки кайҳо аз Раҳмонов ихлосаш гашта буд, боз бештар ба ӯ нафраташон зиёд шуд.»
Аммо ин ба ном туйхона сеошёна мебошад. Дар ошёнаи якум дискоклуб-фоҳишахонаи рӯирости Муҳиб аст. Ошёнаи дуввумаш тӯйхона ва саввуми меҳмонхона аст. Наход Тоҷикистон то ин дараҷа харобу кофаристон шуда бошад, ки дар рӯбарӯи мактаби №1 ва дар мобайни халқ фоҳишахона сохта аз шаб то саҳар музикаро баланд карда гирду атрофро нороҳату безобита созӣ? Ҳамсояҳо чанд бор ба прокуратура навиштанд, ки мо аз дасти ин дискоклуб хоб карда наметавонем, аммо ягон кас чораи инҳоро надид, чунки медонанд ӯ ба кӣ тааллуқ дорад»
Охирсухан: «Дискокорол»-ро кӣ бардошт, ҳаминҳо ҳам мебардоранд
Ин ҳама қаҳрамониҳои Муҳиб аз осмон наафтод. Вай аз бефарҳангии худ қудрат насохт- қудратро авлодаш ба даҳонаш гузоштанд. Ҳаминҳое, ки имрӯз дар Фейсбук аз «бадрафтории рафиқон» меноланд, ҳамон рӯз дар «ҷаласаи оила» қарори доданд, ки тамоми фоҳишахонаҳои расмии кишвар ба як одам дода шавад. Ба кӣ? Ба ҳамин Муҳиб. Пас, гуноҳи Муҳиб танҳо таҷовуз нест- гуноҳи асосӣ он сиёсате аст, ки таҷовузро ба бизнес табдил дод.
Инҷо дигар гап сари як шӯхии маҳаллӣ ё як “хусурбачаи бефарҳанг” нест. Мо бо сохтори расмии фаҳшу қочоқи инсон рӯбарӯем, ки аз утоқи хобашон дар Варзоб то гузаргоҳи Панҷи поёнро мисли конвейер идора мекунанд. Яъне духтар аз дискотека мебарояд-аз болояш “профи” меомӯзад-ба меҳмонхона мебаранд-баъдан ба Дубайу Туркия мефурӯшанд-ва тамоми ин роҳро милисаи давлатӣ, гумруки давлатӣ, додситони давлатӣ ва телевизиони давлатӣ “таъмину пӯшиш” мекунанд. Ин на фақат фасод, ин фурӯши миллати худ аст.
Муҳиб худ аз худ қавӣ нест. Қавӣ будани ӯ далели фақир будани давлат аст. Вақте як чӯпони онҳо метавонад милисаро дашном диҳад ва ҳеҷ чиз нашавад, вақте як “соҳиби дискоклуб” метавонад зани ронандаашро дар рӯ ба рӯи шавҳараш таҷовуз кунаду касе чизе нагуяд, маънояш ин аст, ки дар онҷо на қонун ҳаст, на давлат ҳаст, на қазо ҳаст- фақат оила ҳаст. Ва ҳар ҷо, ки давлат мефурӯзад, вале оила меҷӯшад-ҳамонҷо фаҳшо ба шакли расмӣ қонун мешавад.
Имрӯз онҳоро “дискокорол” хондед, фардо агар хостанд, метавонанд «наркокорол», «гуломкорол», «заминкорол» шаванд-то вақте ки мо хомӯш бошем. Чун қудрати онҳо на аз пул, на аз мақом-аз хомӯшии мардум меояд. Ҳамин мардум аст, ки дид, ки як узбеки 60-соларо аз ошхонааш ронданду чизе нагуфт. Ҳамин мардум дид, ки дар рӯбарӯи мактаби №1 фоҳишахона сохтанду чизе нагуфт. Ҳамин мардум дид, ки бозорро сӯзонданд, то мардум ба бозори Муҳиб раванд-боз чизе нагуфт. Вақте мардум чизе нагуфт, онҳо фаҳмиданд: ин миллат барои фурӯхтан омода аст.
Пас, савол дигар ин нест, ки “Муҳиб чӣ гуна таҷовуз кард?” Савол ин аст:
Чаро пас аз ҳар таҷовуз ӯ қавитар бармегардад?
Зеро ҳар боре ки ӯ як духтари бечораро хор кард, мақомот бо хомӯшияшон ӯро сафед карданд. Ҳар боре ки як бозори мардумро сӯзонд, телевизион бо гузоришҳояш ӯро “соҳибкори ватандӯст” нишон дод. Ҳар боре ки дар Душанбе 17 дискоклубро бастанд, аммо дискоклубҳои Муҳиб кор карданд, маълум шуд, ки ин бастанҳо барои мардум буд, на бар зидди фаҳшо. Яъне фаҳшо манъ намешавад — фақат соҳибаш иваз мешавад.
Аз ҳамин ҷо бояд бигӯем:
- То вақте ки як зани камбизоатро метавонанд аз мағозааш бароранд, аммо як фоҳишахонаи сеошёнаи Муҳибро на,
- То вақте ки як омӯзгори фақир барои 200 сомонӣ андоз мепардозад, аммо галаву замини Муҳиб «неприкасаемый» аст,
- То вақте ки барои як наврасе, ки посте дар ТикТок гузошт, «моддаи ифротгароӣ» мекушоянд, вале барои қочоқи духтарон ба Афғонистон «ташаккур барои ҳамкорӣ» мегӯянд-ин давлат на аз ифротгароӣ, на аз фаҳшо, на аз коррупсия метарсад. Ин давлат аз як чиз метарсад-аз ифшои ҳақиқат.
Барои ҳамин навиштаҳои «Ислоҳ»-ро банд кардан мехоҳанд,
барои ҳамин аз берун сайтро мезананд,
барои ҳамин ба Муҳаммадиқбол парванда мепечонанд,
барои ҳамин ҳар кӣ номи ин авлодро гуфт, «террорист» мешавад. Зеро ин навиштаҳо чизеро фош мекунанд, ки онҳо бисёр мехоҳанд пинҳон монад:
фаҳшову қочоқу бозорсӯзӣ-ҳамаи ин тиҷорати хонавода аст.
Пас, охирсухан чунин аст:
То даме ки як Муҳиб метавонад як узбеки 60-соларо аз нону бозораш ронад, як духтари 15-соларо аз дискотека ба “бешаи палангон” барад, як милиса метавонад ба ҷои ҳимоя-посбонии фоҳишахона кунад, ин кишвар аз дохил истеъмор шудааст. Ва то ин истеъмори хонаводагӣ шикаста нашавад, ҳеҷ инқилоб, ҳеҷ ислоҳ, ҳеҷ интихобот чизеро дигар намекунад.
Бигузор бидонанд:
«Дискокорол»-ро ҳаминҳо «карол» карданд-ҳаминҳо рӯзе маҷбур мешаванд ӯро бикушанд ё аз саҳна баранд.
Чун ҳар фосид, вақте калон шуд, худаш барои худ хатар мешавад. Ва ё мардум пештар аз онҳо ин корро мекунад.
Ин навишта на зидди як одам, балки алайҳи ҳамаи онҳост, ки Тоҷикистонро аз кишвари деҳқону муаллиму зиёӣ ба кишвари фоҳишахонаву дискоклубҳои оилавӣ табдил доданд.
Ва мо вазифадорем бигӯем-агар нагӯем, фардо ин фоҳишахона ба хонаҳои мо ба назди зану духтарони мо ва шумо меояд.
Навишта шуд, баён шуд, то дар ёд монад.
