То имрӯз даҳҳо барнома ва матолиби шикоятӣ аз тамоми манотиқи кишварро дар “Ислоҳ” хонда ва тамошо намудаам. Аммо аз минтақаи мо нахонда ва надидаам. Тасмим гирифтам аввалиншуда ончи дар минтақаи мо мегузарад онро бе туҳмату дурӯғ нависам,то шояд ислоҳот ва тағйироте дар мо ҳам шавад. Агарчи хело душвор аст ислоҳот ба вуҷуд ояд,то вақте язнаи ин пиратҳо дар сари қудрат аст. Аммо агар нанависам дар назди Аллоҳ ҷавобгӯй хоҳам гашт. Ман корманди мақомоти ноҳияи Ҷалоллидин Балхӣ ҳастам.ки худам дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон зиндагонӣ мекунам.
Агар пас аз нашри ин матлаб ҳам,ки ҳама бо факту далелҳои радношаванда мебошанд ,тағйироте ба вуҷуд наояд.Пас дигар бояд аз кишвар куч бандем, ин ватан дигар ҷойи мо нест.
Аз ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бароятон менависам. Дар ҷамоати шаҳраки Гулистон нафаре ҳаст бо номи Валичаи сиёҳ, Мустаков Валиҷон Шамсулоевич буд аммо ҳоло номашро иваз кардаааст:-Шамсуллозода Валиҷон Шамсулло. Одами дасти рости ҳоҷӣ Амирулло Асадулло, собиқ раиси шаҳри Бохтар, бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов. Ин одам замину замони ин ҷамоатро ошкоро фурӯхта истодааст. Боғчаи бачагонаро ҳам фурӯхту фермаи совхозро, ки 2000сар гов дошт, онро низ. Инҷо як «котелний» буд ва замини кам ҳам надошт, онро ҳам фурӯхт. Шаҳраки Гулистон як бозор дорад ва он бозор дар канори роҳ ҷойгир аст, аммо ҳиҷ истгоҳу таваққуфгоҳе надорад. Аммо ҳамин, ки мошинро дар лаби роҳ мондед, дафъатан меоянду се сомонӣ мегиранд: «пули парковка». Гӯиё шафати роҳ «стоянка» бошад.
Ҳоҷӣ Амир, Ҳоҷӣ Муҳиб, Ҳоҷӣ Раҳматтуло, бародарони завҷаи Эмомалӣ Раҳмонов 85% ноҳияро, заминҳоро, чарогоҳҳоро, иншооти бозмонда аз даврони шӯравиро аз они худ кардаанд.
“Дар мавсими кишту кори пахта ҳамаи обҳои ноҳия, наҳру ҷубору скважҳоро инҳо соҳибӣ мекунанд. Ба ҳоли зори чаҳор пули харобшудаи Гулистон гиряат меояд. Чандин сол аст, ки заминҳоро бераҳмона истифода мебаранд, аммо ягон заҳбуру обпартоҳо кор намекунанд, ҳиҷ гоҳ на онҳоро тоза мекунанд ва тармим. Заминҳо ба шуразор бадал шудаанд. Бе обӣ, бесветӣ ба ҷони ҳама задааст.”
Гулистон ва Тошработ 46 ҳазор аҳолӣ дорад, ки ҳама бо мушкилиҳои зиёд рӯзашонро пеш мебаранд.
Падари Валии сиёҳ Шамсулло, раиси маҳалла аст. Ҳеҷ маълумоти олӣ надорад. Кори вай «просто» хабаркашӣ барои ҳоҷӣ Амирулло аст. Мо аз ноҳия 20 км дуртар ҳастем. Валича (лақаби дигари Валиии сиёҳ) ҳамқишлоқии мост. Вақте ҳоҷӣ Амирулло раиси Бохтар (Қурғонтеппа) таъин шуд Валии сиёҳро барои хабаркаши хуб будан дар ҳайати БДА-и Қурғонтеппа ба кор монд. Вай дар «охрана»-и Амирулло кор мекард. Ҳамеша Амируллоро «сопровождат» мекард. Бовар кунед, ки ин Валии сиёҳ як дузду оворагард буд. Аммо ҳоло вай он қадар каси калон аст, ки бинои бемористони кудаконаро, ки аз кор монда буд, базӯрӣ гирифта хонаи шахсӣ кардааст. Дар назди ин бино як мағоза ва як дорухона сохт. 4 гектар замини президентиро, ки аҳолӣ 15-20 сотихӣ гандум мекорид, бо зӯрӣ кашида гирифт ва ҳоло барои говҳои ҳоҷӣ Амир юнучқа мекорад. Ҳоло хурду калон аз Валича метарсанд. Ягон кас ҷуръати гап задан ба ӯро надорад. Сардухтури ҷамоати шаҳракро гуфтааст, ки беморҳоро «направлени метӣ, доруҳошона аз дорухонаи ман харидорӣ кунанд».
70 сотих замини беморхонаи шаҳраки Гулистонро тақсим карда ҳар участкаро то 70.000 сомонӣ фурӯхт. Чанд нафаре, ки аз ин заминҳо 4сотихиву 5 сотихӣ харида буданд, ҳозир дар ин замин хона андохта истодаанд.
“Як фермаи калони гов дар ҷамоати шаҳраки Гулистон амал мекард, чандин нафарро бо ҷойи кор таъмин мекард. Ин фермаро аввал говҳояшро фурӯхт, сипас се гектар заминашро ҳуҷҷат карда ба чанд нафар ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхт. Ҳоло аз ин ферма ному нишон намндааст. Битонҳо, оҳанҳо, трубаҳо, хуллас тамоми чизу ҷиҳози ин фермаро фурӯхт. Ҳар участкаи фурӯхтааш на кам аз 70-80.000 сомонӣ.”
«Котелний»-и калон дошт ин шаҳрак, ки наздик ба якуним гетар замин ҳам дошт. Оби гарми он беморхона ва биноҳои баландошёнаро гармӣ медод. Он чанд соли ахир бекор шуда буд. Онро ҳам мисли ферма аз хишти девораш сар карда, то битонҳову сангу оҳанҳояш кандаву влангор карда фурӯхт ва ҳоло замини онро ҳам ҳамчун участкаи ҳавлигӣ ҳуҷҷат карда фурӯхта истодааст.
9 км дуртар аз маҳалли зисти мо барои бунёди бозор 3 га замин ҷудо шуда буд. Дар дохили он як дискотекае бо номи «Балх» чор сол кор кард. Вуруд ба ин дискотека 10 сомнӣ нарх дошт. Вай аз они ҳоҷӣ Амирулло буд. Онҷоро ҳам ба мардум ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхтанд. Як сотихи он 25-30.000 сомонӣ. Чанд кас дар онҷо хона сохтаву феълан зиндагӣ дорнад.
Дар шаҳраки Гулистон бозоре амал мекунад, ки ба ҶДММ «Самад» тааллуқ дорад. Ин бозор «стоянка» надорад. Аммо одамони Валича мошинҳоеро, ки дар боло ва поёни ин бозор қарор мегиранд 3 сомонигӣ мегиранд. Ин мошинҳо дар назди хонаҳои мардум ва дар канори роҳ меистанд. Рӯзҳои бозор ҳатто роҳ маҳкам мешавад, тамбашавӣ ва ҷангу ҷангҷоли ронандаҳо як кори маъмулӣ шудааст. Аммо ГАИ-ҳо чизе аз дасташон барнамеояд. Рӯзҳои бозор милисаҳову гаишникҳо талош мекунад, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар инҷо барқарор шавад. Маъмурияти бозор ба сардори милитсияи ноҳия дархост мефиристад барои назорати тартиботи ҷамъиятӣ. 12 нафар милисаи ду ҷамоати Гулистон ва Маданият меоянд, аммо коре карда наметавонанд. Валича ин милисаҳоро дар пеши чашми ҳама «пошёл на …й» мегӯяд: «лезит накунед,пагонота канда дар кунат мезанам» ,мегӯяд.
“Ҷамоати шаҳраки мо бо маркази ноҳия часпидагӣ аст. Як мошинсаро (гараж)-и калон бо садҳо мошини гуногун, трактору булдозер ва ҳар навъи техникаи кишоварзӣ дошт. Ин ҳамаро яке, яке фурӯхтанд. 4 гектар замини онро ҳам участкаи наздиҳавлигӣ карда ба мардум сотихашро то 40 ҳазор сомонӣ ба савдо зад. Ҳоло инҷо мардум хона сохта зиндагӣ доранд. Аммо як қисми камашро бозор сохтааст.”
Се маротиба кормандони Агентии зидди коррупсия боздошт мекунанд. Як маротиба дар ноҳияи Шаҳритус дастгир карданд. Аммо боз озод шуд. Валии сиёҳ-расман коргари ГАИ аммо амалан кораш заминфурӯшӣ. Куҷое, заминҳои «ходовой»-ро пайдо кард, рафта зуд ба ҳоҷӣ Амирулло хабар медиҳад. Ҳоҷӣ Амирулло «ҳуҷҷат» мекунад ва Валии сиёҳ дар ҳол онро мефурӯшад.
“Валича сержанти калони ГАИ аст. Як Опел-Астраҷии серебриста дорад. Номери қайди давлатиаш 2999.Солҳои пеш ному фамилияаш Мустаков Валиҷон Шамсулоевич буд аммо ҳоло номашро иваз кардаааст:-Шамсуллозода Валиҷон Шамсулло, Мустаковро аз насабаш ҳазф кардааст.”
Дар ҳамин ним соли ахир 10 гектар заминро то 40 -45 ҳазор сомонӣ барои ҳар сотихаш фурӯхт. Ин пулҳо ба кисаи ҳоҷӣ Амирулло мераванд.
Ман худам шоҳиди ҳолам, ки нозири минтақавӣ як чупони ҳоҷӣ Амируллоро барои маст дучарха ронданаш, (мотосикл) дастгир карда ба шӯъбаи дохила оварданд ва судмедэксперт хулосаи худро ҳам дод, ки дар ҳолати сархушӣ сари фармони мотосикл нишастааст. Нав парванда тартиб дода барои 15 шабонарӯз шинониданӣ буданд, ки Валича ба «отдел» омада он нозири минтақавиро дашномҳои қабеҳ кард, на зан монду на фарзанду на ҳатто погони милисагӣ, ҳамаро ҳақорат кард.
“Тамоми атарҳои гӯсфанди ин се бародар:-ҳоҷӣ Амир, ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳоҷӣ Муҳибулло дар ҷойи мо ҷойгиранд. Ҳатто чупонҳояшон дорои ҳуқуқҳои нестандарҷаҳонанд. Гӯсфандони ҳоҷӣ Амируллоро ба дохили заминҳои корам дароварда мечаронанд. Дар ҳар замине дохил шуданду хӯрданд, он замини пахта аст, замини тарбуз, харбуза, ҳандала, ҷуворӣ ё ҳар зироъате бошад, хӯрда- хӯрда мераванд, як гап гуфтӣ, капат дуд кард. Ҳар як атари ҳоҷӣ Амирулло 6то7.000 гӯсфанд дорад. Ҳар касе аз заминҳои онҳо иҷора мегирад, танқисии об намекашад. Агар обро насосчӣ ё мироб барои замини инҳо камтар диҳад, тамом капаш дуд мекунад. “
Ҳоҷӣ Амир дар кӯҳи Тералӣ, ки дар ҳудуди Вахш ҷойгир асту15 километр аз ҷамоати шаҳраки Гулистон ва 35 километр аз маркази Колхозобод дур мебошад, як истироҳатгоҳ сохтааст. Онҷо «отдих» мекунад. Бо шаш -ҳафт мошини гаронбаҳо ва духтарони зиёде меоянду истироҳат мекунанд.
Саиди Пирмаҳмад ва Субҳони Пирмаҳмад акаву додаранд. Нафарони Ҳоҷӣ Раҳматулло дар ҷамоати шаҳраки Гулистони Ҷалолиддин Балхӣ мебошанд. Ин ду 250 гектар заминҳои обии ин шаҳракро аз мардум кашида гирифта ба худи ин мардум. ки дигар ҷойи ризқ надоранд ба иҷора медиҳанд. Заминҳои шӯрро сари гектар 5 ва заминҳои киштбобу обиро аз 7 то 8.000 сомонӣ иҷора медиҳанд. Ҳамаи заминҳоро маҳз ҳаминҳо ба иҷора медиҳанд: шолӣ, тарбуз, харбуза, ҳандала, гандум ва пахта аз они онҳост, халқ бошад иҷоракор. Шиорашон чунин аст:-«форат бигир, нафорат нест». Ҳамаи ин пулҳо ба кисаи ҳоҷӣ Раҳматулло меравад. Ин ду кошелёки ӯянд. Аз дасти инҳо ягон нафар пахтаашро берун бурда наметавонад. Аммо худашон нархи килои пахтаро арзон муқаррар мекунанд. Ба таври маҷбурӣ бояд ба заводи пахтаи Ҳоҷӣ Раҳматулло бисупоранд.
Саиди Пирмаҳмад Лексуси сафед,рақами қайди давлатиаш 00 02 ва акааш Субҳони Пирмаҳмад Тойота Прадои 200 доранд. То ҳатто хирманҷоҳоро «докумант» карда фурӯхтанд.
Як «лимонарник»-ҷои лимӯпарварии калон дар масоҳати 150 мавҷуд буд. Онро «лимонарник»-и ба номи Неъмат Қарабоев мегуфтанд. тамоми «траншеяҳо»-и онро вайрон карданд, тахтаву «дорожкаҳо»-и онро фурӯхтанд. 80 нафар коргар дошт, кор мекарданду сум мегирифтанд. Ҳоло замини ҳаминҷо-ҳамин яксаду панҷоҳ гектарро ҳам ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ документ карда фурӯхтанд.
“Дар Тоҷикистон замини обӣ барои участкаи наздиҳавлигӣ дода намешавад. Аммо агар касе дар ин бора ягон эътироз кунад, гап занад моддаи 30 ва ё мисли инро мезананду бурда зиндон мекунанд. Ба Худо қасам вақти обёри шолӣ, пахта ва ҳатто замини дари хонаат, масалан ду ҷӯя помидор, карам ва ё сабзиҷот аз об танқисӣ мекашӣ. Сокинони ҷамоати шаҳраки Гулистон ва ҷамоати Маданият тобистон он тараф истад, дар зимистон мошини обро аз 80 то100 сомонӣ мехаранд. 4,5то мошини водовоз дам намегиранд. Пули меёфтагиамонро об мехарем. «Колодес»-ҳоямонро пур аз об мекунем. Дар роҳи аз Ҷалиддини Балхӣ то Вахш 5 пул мавҷуд аст, ягонтои онҳо обод нестанд. Дар бораи роҳҳои даруни ноҳия ҳоҷати гап ҳам нест. Роҳҳо тамоман валангор шудагӣ.”
Расулов Мирзовалӣ Сайдалиевич, муовини сардори Идораи замини ноҳия, соли таваллудаш 1983, дар ин корҳои ҳоҷӣ Амир-заминфурӯшӣ шарик аст. Тамоми ҳуҷҷатгузориҳои сохтаву қалбакии заминҳои мефурӯхтаи ҳоҷӣ Амирро ҳамин дуруст мекунад.
Як яслӣ-кӯдакистони ҷамоати шаҳракро ҳуҷҷат карда барои худаш хонаи истиқоматӣ кард. Масоҳати ин кудакистон 50 сотих аст. Ҳоло дар як тарафи он як мағозаи калон, як дорухонаи дуошёна бо УЗИ-и занона сохт. Мо коре надорем, ким ӯ чи месозаду чи мекунад. Вале ин аз пули заминҳои ба мардум тааллуқдошта ин ҳамаро сохтааст ва ҳама инро медонад. Ягон бизнес надорад, пас аз кадом пул дар як доми нави Душанбе хонаи 5утоқа мехарад? Ҳар як нафаре, ки инҷо сардори милиса шуда меояд зуд ба номаш 10 ё 15 сотих замин менависад ва бо ин тариқ ӯро забонкутоҳ ва муттаҳам мекунад. Ва боз корҳояшро идома медиҳад. Ба назарам 3 сол пас дар ҷамоати деҳоти Гулистон як вақаб замини корам намемонад.
Поёни бахши аввал, идома дорад. Шумо нотарсида нависед ва мо ҳам нотарсида ҳама ончӣ воқеи мебошанд нашр хоҳем кард. “Ислоҳ” дар хидмати шумо мардуми мазлуми кишвари азизамон ҳаст.То охирон бар алайҳи ин ришвахорону коррупсионерҳои мақомот ва наздикони оилаи пешво муборизаи ҳақталошонаи худро идома хоҳем дод…
P.S Ҳамватанони азиз! Мо, дар бораи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонову қавми яъҷуҷу маъҷуҷаш нашри матолибро идома медиҳем, то замоне, ки ин тӯдаи ҷинояткор дар сари қудрат аст, ором нахоҳем буд.
Ахиран дар расонаҳо аз садамаи писари Ҳоҷӣ Амируллои Асаддуло (Амирулло Холов) хабаре мунташир шуд. Расонаҳо навиштанд, ки соҳиби мошини гаронарзиши “Ламборҷини”, ки шаби 7 ноябр дар майдони Дӯстӣ, дар рӯбарӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба як мошини “Тойота Кемри” бархӯрд, писари Ҳоҷӣ Амируллои Асадулло будааст. Гунаҳгори ин садама писари ҳоҷӣ Амирулло будааст ва вай айбро ба гардан гирифтаву товони зарари расонидааш ба соҳиби Тойотаро ҳам бар ӯҳда гирифтааст.
Ламбарҷинии писари ҳоҷӣ Амирулло 250.000 доллар наздик ба се миллион сомонӣ арзиш доштааст. Ҳоло савол ин аст,ки ин пулро агар аз фурӯши замину пахтаи деҳқони камбағал наёфта бошанд, аз куҷо меёбанд? Ва, чаро фақат хешу табори Эмомалӣ Раҳмонов метавонанд, ки чунин мошинҳоро харидорӣ кунанд, агар ки Эмомалӣ Раҳмонов барои онҳо тамоми шароити дуздиву ғорати мардумро фароҳам накарда бошад?