Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 297

Ислоҳ нет

Дигар пораву ришвахории масъулин ва мақомоти ҳукумати Раҳмонов ба як кори муқаррарӣ ва рӯирост мубаддал шудааст. Гӯё гирифтани пора ва ришва як навъ иозат дораду муҷоз аст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад.

Муаллифи номаи аввали мо аз порахӯриҳои як нафар корманди масъули муассисаи таълимииАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят мекунаду мегӯяд, вақте як дипломати оянда аз курсии донишомӯзӣ бо пора хӯ мегирад ӯ фардо чи гуна кореро бидуни гирифтани пора иҷро мекуанд?

Марги Иззатулло Шарифов, роҳбари собиқи Идораи зиндонҳо, ки як баҳсҳоеҳоеро дар фази маҷозӣ пеш овард, аз тарафи як нафар аз собиқ маҳбусе дар як нома, ки фиристодааст, ба таври дигар тафсир шудааст. Ин нафар гуфтааст, ки ончики бархе дар марги Зорро мотам гирифтанд, симои воқеии вайро намедонанд. Ба навиштаи ин муаллиф Зорро аз золимтарин зиндонбонҳои Тоҷикистон буд. Муаллифи ҷамъиятии мо аз Ашт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳукумати ноҳия ва дар умум ҳукумати Раҳмонов кору бори худро болои мардум маҷбурӣ бор кардаву барои ҳар кор маъракаи пулҷамъоварӣ аз мардумро мегузаронад.

Номаи дигари ин шумора аз Душанбе аз як нафари муаллифи доимии мо аст, ки гоҳе аз баҳсҳои дохили ҳукумати Раҳмонов менависад. Ин бор нависанда аз баҳсҳои пушти пардаи Юсуф Раҳмон ва СС Ятимов навиштааст.

  Сокини ноҳияи Файзобод аз кору кирдори раиси суд ва як корманди он навиштааст, ки тафсилоти онро дар номаи охирин мутолиа хоҳед кард:

                                    Темурмалик

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Ман корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Рост гап бисёр фикр кардам, ки бинависам ё нанависам. Чунки ин ҳама фасоду ғирому ҳаромкориҳоро, ки дар ин муассиса тӯли чанд сол аст мушоҳида мекунам, дигар дар дилм дошта намтавонам. Барои ҳамин тасмим гирифтам фасоду ҳаромхуриву ҳаромкориҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор намоям.

Дабирҷони Маҳмад, зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мебошад. Тӯли чандин сол аст ки дар Академия,дар факултетҳои гуногун кору фаъолият мекунад. Мисли як трактори вездеход аст. Гоҳ сару калааш аз ин факултет, гоҳ аз факултети дигар пайдо мешавад. Соли гузашта муовини декани факултети ҳуқушиносӣ буд. Аммо имсол муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат шудааст. Ин тавр фикр кунед, ки бисёр кадри боқувват ва менеҷери ҳирфаӣ аст, чунин нест. Вале кораш фақат пораву фасоду зино. Ва дар ин ҷода бисёр ҳам ҷаққону ҳушёру тавоно аст. Донишҷӯ ҳануз шумораи ғоибаш ба 48соат нарасида, ки ба кабинеташ даъват мекунад. Ставкаи пасташ 1000то 4-5ҳазор сомонӣ. Ин пулро аз донишҷӯён талаб менамояд. Чун аз гаронии нарх ставкааш мепурсӣ, мегуяд: «ман ба як декани ҳаромии саркал Маҳмадзода Убайдулло Давлат, зодаи шаҳри Кулоб 1988 тавалудаш аст ки аллакай дар факултети ба қавли худашон дипломатҳо ба фарбеҳшавӣ оғоз кардааст, бурда медиҳам, худам тоқа нестам».

  Донишҷудухтаронро пас аз дарс даъват намуда ба онҳо ҳар хел пешниҳод, то ҳамхобагӣ мекунад. Донишҷӯёни факултет рӯзу ҳол надоранд. Дар ҳоле, ки донишҷӯ 9500сомонӣ маблағи шартнома месупорад, аммо ин муовини декан боз алоҳида пули газета, пули хайриявии маҷбурӣ ҷамъ мекунад, вале боз кифояташ намекунад. Бо донишҷӯ муомилаи дуруст надорад, кораш танҳо дод задану дашному суханҳои қабеҳ. Барои ду рӯза ҷавоб гирифтан як салафан пур майдачайда меорӣ, ки аризаро тасдиқ кунад. Донишҷуёнро маҷбур ба облава мебарад. Ба дарс даромада бо баҳонаи «аз поён коғаз харида биёр» мегӯяду аз боло занг мезанад ва аз якум ошёна облавачиҳо парпечонаш мекунанд. «Власть да дстшонай» ба гуфти худаш, «чи коре бфораш мекна».

  Оё ректори Академия Сафарзода Даврон аз ин корҳо хабар надорад? Дар ҳоле Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар тобеияти Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Тоҷикистон қарор дорад, аммо назорат тамоман нест.

Аз Донишгоҳи техникӣ ва дигар ихтисосҳо, ки умуман бо ихтисосҳои факултет мувофиқат намекунад, ё ду сол хондагӣ нест, меоянд, аз 2-юм 3курс таҳсилро идомад медиҳанд. Чунки аз онҳо маблағи калонро мегирад.

 Вақте имтиҳонҳо оғоз шавад захираи анборҳои баднафси Дабир  зиёд мешавад. Донишҷӯйи арзандаро ба стипендия пайваст намекунаду аз донишҷуҳои камдониш маблағро гирифта онҳоро ба стипендия менависад. Яъне ҳамон шогирдҳои фаъоли худаш мегиранд.

 Оё Академия кадрҳои тахасуссиву босавод бисёр дорад? Магар дигар корманд нест. Чи тавр донишомӯзи факултети дипломатия ва сиёсат, ки оянда мутахасисони байналмилалӣ мешаванд аз инҳо ибрат гиранд. Агар дар наздиктарин фурсат ректори Академия нисбати Дабиру Убайдулло чора наҷӯяд ва аз факултет ронда нашаванд, аз кору кирдорҳои худи ректори Академияи идоракунӣ Сафарзода Даврон Ҷурахон маълумотҳои ҷолиб нашр мешаванд.

                                       Маскав  
Ассалому алайкум бародари домулло Муҳаммадиқболи Садриддин! Шодӣ кардан ва шод шудан аз марги бандаи мумин кори бад аст. Аммо, бовар кунед, ки марги баъзеҳо, бигзор табиӣ бошад ҳам фарқ дорад.

 Ман як шербачаи шаҳри Ваҳдат ҳастам, ки аз дасти хонасухтаи Зорро-Иззатулло Шарифов, ки чандин сол раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон буд ва ҷиянаш Исфандиёр бисёр шиканҷа дидаам. Чанд рӯз пеш Зорро мурд. Баъзеҳо хелоҳо таърифу тавсифаш карданду ҳай дареғ гуфтанду талабу дуъо карданд, ки ҷояш дар биҳишт бошад. Аммо ман баракси онҳо дуъо мекунам ва бовар ҳам дорам, ки ин инсони ба зоҳир инсон аммо дар амал аз ҳайвон ҳам даррандаву ваҳшӣ, ин шо Аллоҳ, ки дар нори ҷаҳаннам месузад ва дар мағзи дӯзах ҷой мегирад.

 Ман дар ин нома ба шумо менависам ва бигзор ба воситаи «Ислоҳ»,ки барои мо ғарибон бисёр ҳам наздику қарибу рафиқ шудааст, мардуми кишвар ҳам донанд, ки ин Зорро чи хел одам буд ва чи зулмҳо мекард дар болои шермардони тоҷик дар тюрмаҳову СИЗО.
 Ман бо статияи 237 қисми 2 дар соли 2016 маҳкам шудам. Дар Душанбе як юрист бисёр сарро вайрон кард:  «як та задумша челесуш шикаст. Вай хонасухта юристи кампанияи Вавилон будай, рафт шикоят кард. Мара маҳкам кардан дар СИЗО дар камераи рақами 19- 30 нафар будем. Хоб рафта наметонӣ, домулло. 5- 10 сомонӣ медодем 1 соат хоб мекардем. СИЗО азоби сахт дорад. Зиндони Сурия, ки намоиш доданд дар пешаш ҳиҷчияй. Кадом шермарде маҳкам шуда бошад, мефаҳмад.

Дар СИЗО як шахс кор мекард ба номи Исфандиёр, беҳад оқи падар буд. Он вақт фҳмида будам, ки ҷияни Зорро аст.

  Ман аз зикира ба ришта се дона лухтак соз кардам барои ҷиянҳоям. Яке ҳамин Исфандиёр даромад, лухтакҳоро ёфт. Пурсид «ай кияй и лухтако? Катимон як муйсафеди 70 сола маҳкам буд. Гуфт бачам инҳора ма барои набераҳом дуруст кардам».

 Ҳамин Исфандиёр фармон дод, мусафедро гирифта бурданд аз пеши мо ва як сутка ҷазо доданд ва баъд оварданд. Мусафедро пурсидем, ки «чува ба кала гирифтӣ? Гуфт, ки бачам агар ту мегуфтӣ, ай ман ҳаст тура мешикастан. Мани мусафеда иқа азоб додан ту ёшиву ганда азобт медодан. Тоҷикистон ба ин дараҷа расид, бачам, дилум барои ҷавонитон месузад».
Як ҳафта пас боз Исфандиёр рейд баргузор кард ва ҳамаи камераҳоро, ки ҳамин муйсафед дар вақти намозхонӣ дар болои ҷоинамоз буд Исфандиёр гуфт «ачаи и мусафеда фалон кунум» ва як шата дар тахтапушти муйсафед зад.  Муйсафед дар вақти аттаҳёт хондан буд, ба фук ғалтид ва сахтнолиш кард.
Исфандиёр фармон дод, ки мусафедро баранд ба камераи духтурҳо. Гирифтанду бурданаш. Пагоҳӣ фаҳмидем, ки ин марди худо вафот кардааст.

Бародар, Худо шоҳид аст, ки ман ин зулмҳоро бо чашмҳоям дидаам. Пас, чи хел дар марги ин золими Зорро хурсанд нашавам.
Каме нагузашта бародарҷон дар хонаи ин Исфандиёр Аллоҳи бузург як мусибати сахт овард: сатили оби сӯзон аз руи газ бар сари фарзандаш чапа шуд ва Исфандиёр фарзандашро аз даст дод. Худашро бо пора қапиданд, аз кор сур карданд. Ҳоло мековемаш нест, дар куҷое баҷо шудааст, падарлаънат, аммо ҳатман пайдояш мекунем.
Як ҷияни дигараш бо номи Навҷавон Шарифов будааст, ки дар СИЗО-2-и Хуҷанд чанд сол муовин кор кардааст. Дар Маскав аз чанд нафар шунавидам, ки бисёр ҳам порахури сахт будааст ва гумонбарону маҳкумшавандаҳоро беҳад ғам медодааст. Як нафар гуфт, ки ҳатто началники СИЗО аз вай ҳарос мекард.

Писари Зорро бо номи Маҳмуд як вақтҳо додситони Ёвон буд. Ӯро соли 2023 барои порахӯрӣ аз кор барканор карда буданд. Ҳоло намедонам боз ба кор даромада бошад ё не?  Ин Зорро дар гирду атрофаш ҷиянҳояшро ҷамъ кардгӣ буд, ки ҳамакаса ҳамаро озору шиканҷа медоданд.

 Як ҳамсояи мо ба номи Шаҳобиддин ҳамхизмати Зорро будааст. Ҳамон нафар пеши Зорро даромад, ки «ҳами кудак ҷияни ма ҳаст, илтимос камтар шиканҷаш бтиян коргарот» Баъди омадани ин ҳамсояамон Зорро як бора маро чап гирифт, ки ту гапи даруна ба берун баровардӣ гуфта. Ҳар рӯз бо фармони махсуси Зоррои лаънатӣ моро беҳуда, тамоман бе ягон сабаб мезадан. Он рӯзҳоро мо фаромӯш накардаем, фаромуш ҳам карда наметавонем. Он заданҳо задани одиву сода набуд, як шапалоқу як мушт ё лагат набуд. Чунон муштборону шапалоқшапу лагаткуб мекарданд, ки нафсат мегирифт, сурху кабуду сиёҳ иешуд бадан, бахудо варам мекардем,д аҳонро кушода намешуд…

 Худо, ҷои ин ҳайвони дупоро дар дӯзах ҷой дода бошад ва дар нори ҷаҳаннам бисӯзад!

                                            Ашт

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ашт бароятон менависам. Дар дохил ягон ҷои шикоят мекардагӣ надорем. Ягон нашрия ва расонае нест, ки мо тавонем арзу додамонро барояш бигӯем.

 Ин ноадолатиҳоро дида сокит истодан ғайриимкон аст. Маҷбурем ба Шумо расонем.

Маҳаллаи мо Чамбарии Понғози Ашт аст.

Барои трансформатори 250 маблағ ҷамъ карда истодаанд. Маблағро Аҳлиддин Ҳаитов ҷамъ карда истодааст. Бояд ба картаи Душанбе ситии вай ҳар як одам 300 сомонӣ партояд. Дар зоҳир ин кори нағз, барои ободӣ.

 Худи ин Аҳлиддин Ҳаитов шашликчӣ аст. Рӯзҳои ҷумъа дар Понғоз ва рӯзи якшанбе дар бозори Булоқ шашлик мефурушад. Аммо ман ин корро хиёнат ба мардум медонам. Чунки ин кор, ба фикри ман дароз кардани умри ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ин кори хуб не. Ҳозир вақти амал расид.

  Ин одам дар телефонаш группаи маҳал дорад. Бояд ба группаи маҳал  даромада 300 сомонӣ бидиҳанд. Рости гап ин сесад сомонӣ он қадар пуле нест, лекин ман ин корро кумак ба Эмомалӣ Раҳмонов меҳисобам. Барои ҳамин ин кори хайр бошад ҳам хато аст. Мо вазифадор нестем, ки пули трансформатор диҳем. Ин корро бояд давлат иҷро кунад, на инки мо пул ҷамъ карда трансформатори баландшиддат шинонем. Дар ҳоле, ки пули қувваи барқро саривақт месупорем. Ман бовар дорам пули трансформаторро боз аз буҷаи давлат ҳам документ карда мегиранд. «Света худаш нест. Мекушад дар мегиронад, кай хоҳад мекушад, кай хоҳад мегиронад. Граффики аниқ ҳам надорад».

Ман худам айни замон дар муҳоҷират ҳастам. Боз фаҳмидам, ки дар маҳалла одамҳоро ҷамъ карда маҷлис гузарондаанд.

Доктор Матқулов Наимҷон дар минтақа духтур ва боз ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Дар беморхона кор мекунад. Ин одам барои асфалти роҳ пул ҷамъ карда буд. 4 500 сомонӣ.

Инҳо ба гадоӣ одат намудаанд, омӯхта шудаанд. Бо номи кори хайру ободӣ аз ҳама маблағ ҷамъ мекунанд. Лекин ин пулҳо дар Душанбе- сити, ки таҳти таҳрими Аврупо афтодааст чарх мезанад.

Бародар, барои наҷот ёфтани миллат аз чангу дасти ин золимон ман ва чандин нафари дигар барои «Ислоҳотхоҳон»  кор карда истодаем.

Мехоҳам дар ҳамин группа даромада ошкоро гуям, ки ман фалончӣ. Ман ҳамин маблағро намедиҳам. Ба кӣ ва куҷо бошад арзатонро кунед. Метавонед ба Путин рафта арз кунед, чунки Путин хоҷаи Эмомалӣ Раҳмонов аст.

Бародари калони ин духтур Додоҷон ном дорад. Масҷиди мо Нури ислом ном дорад, ки чанд вақт мешавад ҳуҷҷатҳояш нопадид буд. Ин одам гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳои ин масҷидро пайдо кардааст. Дар ҳақиқат ёфта овардааст. Худо ҷазои хайраш диҳад. Аммо вай ҳам тоҷир аст, пул ҷамъ кунед гуфтааст. Бачаҳои аз Росия омадаро гуфтааст, ки ёрдам кунед-   «маблағи ҳамина (манзур трансформатор) ҷамъ карда додан даркор». Дар вақти ҷамъоварии пул барои асфалт ҳам гуфта будааст, ки «занҳои бешавҳар дода истодаанд, як хел мардҳо надода истодаанд».

Ман ба ҳамин ва ҳамин гуна ҳамдиёрони чоплусу лаганбардор гуфтаниам, ки ин корҳоро накунанд. Ин корҳоро бояд худи давлат ва ҳукумати ноҳия кунад. Мо бояд аз пайи зиндагии худамон бошем. Чаро бояд кори давлатро мо мекардаем?

                                          Душанбе

Ассалому алайкум бародари Муҳаммадиқболи Садриддин! Боз ҳам ман барои шумо менависам, агарчи дар чанд шумораи барнома ширкат накарда будам. Инҷо дар бораи  СС.Ятимов ва Юсуф Раҳмон мегӯям. Ин ду шахс барои мардуми Тоҷикистон маълум ҳастанд.
  Юсуф Раҳмон, пеш аз Прокурори Генералӣ таъин шуданаш, хуб медонист, ки СС.Ятимов зиёд молу дороиҳо дорад. Дар замони рҳбариаш дар КДАМ, дороиҳояш сечанд зиёд шудааст.
Юсуф Раҳмон бо СС ҷанги пинҳонӣ мебурд, ки баъзе вақт нишонаҳое аз он намоён мегашт.

 СС.муомилаҳои зиёд бо мардуми вилояти Суғд ва мардуми таҳҷоии Душанбе дорад. Чи тавре ки худи СС гуфтааст, ин гуна шахсҳо барои ставка кардан дар ҳама ҳолатҳо хубтаранд. Чунки инҳо дар идрок, фаҳмиш ва ахлоқ  дигаранд. СС ҳама вақт  кушиш мекунад, ки бизнес ё нафаронеро крышават кунад, ки аз Суғд бошанд.

 Хуб, чи тавре ки гуфтем Юсуф Раҳмон баъзе аз самтҳоеро, ки СС таги дасти худ карда буд, чен кард ва хост аз худ кунад. Ҳамагон шоҳиди яке аз кашмокашиҳои Юсуф Раҳмон бо СС будем ва чандин нафарҳои хуб дар ин баҳсу даъвоҳои инҳо    паси панҷара рафтанд, ки яке аз онҳо ин беморхонаи байналмилалии ба номи ибни Сино дар Душанбе буд.

Ҳамагон диданду фаҳмиданд, ки Юсуф Раҳмон дар умраш ба ҷуз аз китоби Алифбо ва Хониш дигар чизеро нахондааст (чи тавре, ки боз Музаффар Юсуфӣ дар бораи Юсуф Раҳмон гуфтаст: « и к@зан ҳарфи А -ра ай Б,-фарқ намекна бо я намуд гап мезана…, мегуй ҳамаи кора партом дамша гирм»).

 Яке аз куҷое ру ба китобҳои навиштаи роҳбари беморхонаи ибни Сино Абдухалил Холиқзод оварду дар навиштаҳои эшон чизҳоеро пайдо кард, ки муаллиф аз он бедарак. Аммо мақсади Юсуф Раҳмон танҳо кашида гирифтани беморхонаи ибни Сино буд, тамом, дигар ҳиҷ. Се маротиба Юсуф Раҳмон бо Абдухалил Холиқзода роҳбари беморхонаи ибни Сино во хурда ошкоро гуфт, ки «ба хуби балницара номи одами мада кн рав, ягон СС. Ятимов Патимов ёрдамт намекна. Ма қудаи Ҷанобм, наметона ёрдамт када ягон кас, Ҷаноб в курсе»
Холиқзода, ки нафари фаҳмида аст, рад кард. Вай медонист, ки агар чунин кунад, ҳатман ӯро мешинонанд. Ӯ медонист, ки дар любой ҳолат Юсуф Раҳмон бояд ӯро шинонад. Ӯ не гуфт.

 Баъди чанде, ки ӯро дастгир карданд СС ба наздаш махфӣ ба СИЗО даромаду ӯро бовар кунонд, ки то вақте, ки ҳаст пуштибониаш мекунад. Ба маслиҳате омаданд, ки ба тарсонданҳои Юсуф Раҳмон дода намешаванду сабрро пеша мекунанд.

 СС ба Холиқзода машварат додааст, ки контролро ба бародаронат гузору мон чи коре, ки мекунад Юсуф Раҳмон кардан гирад, он қадараш намондааст, аз кор мегирндаш. Мо зиёд маълумотҳо дорем нисбати худаш ва бачааш, ҳатмани ҳатман ба Президент мерасонам ва оиди ҳолати шумо мегуям. Ҳамин тавр ҳам шуд.

СС.Ятимов гузоришҳо оиди ҳаракатҳои рейдерии Юсуф Раҳмонро ба Президент расониду расонида истодааст. Чунон СС Юсуф Раҳмонро сиёҳ карда, ки оқибаташ ба хайр намешавад. Вале агар воқеиятро гуем, СС сиёҳ накарда истодаасту  росташро гуфта истодааст.

 Айни ҳол бошад бародарони Холиқзода ҳар ҳафта даромада бо вай масъалаҳои кориро оиди беморхонаи ибни Сино ва дигар объектҳо баррасӣ карда истодаанд. Юсуф Раҳмон натавонист ба мақсадаш расад.

  СС.Ятимов дар гузоришҳояш оиди кушиши аз худ кардани Юсуф Раҳмон чандин самтҳои ба Зоиру Исмоили Пингвин тааллуқ доштаро низ расонидааст.

Ҳоло, бубинем идомаи кор то куҷо мекашад.

                                      Файзобод

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Илтимос ин номаи маро ҳарчи зудтар нашр кунед. Ман аз Файзобод менависам.

Убайдзода Хушбахт, истиқоматкунандаи деҳаи Файзобод, ҷамоати Дӯстмурод Алиев, беш аз 13 сол мешавад, ки дар идораи суди ноҳияи Файзобод кору фаъолият мекунад.

Ин чоплуси золим ҷони мардумро ба лаб овардааст.

  Бахтиёр Холиқзода, ки чанде пеш дар наворе, ки ҳолатҳои “ҳаромхӯрии” мақомотҳои дахлдорро фош мекард, раиси суди Файзобод аст. Аммо тавассути ҳамин ҳаромхӯри касиф -Убайдзода Хушбахт, аз мардум бо воситаҳои гуногун- кортҳо, пулҳои нақд ва дигар роҳҳо маблағҳо ҷамъоварӣ карда ба ҷайби роҳбари суд интиқол медиҳад.

Савол: Оё дар кишвар қонун нест?  Дар куҷо дида шудааст, ки як наафри масъул дар як вазифа беш аз 13 сол истода бошад?  Оё ин «коргар» нест, ки бояд ҳамасола фаъолияташ тафтиш шавад?

Мардум, хусусан сокинони Мискинободу Қалъаи Дашт, мегӯянд, ки ин одамон ҳатто аз себи бо арақи ҷабин парваришшуда ва картошкаи деҳқонон намегузаранд ва ошхонаҳояшон аз ин маҳсулот пур аст, ҳатто пусида истодааст, вале инҳо сер намешаванд.

Дар ҳамин ҳол, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр рӯшан мегӯяд, ки бисёрзанӣ иҷозат нест. Аммо ин шахси «ҳуқуқӣ»-раиси суди як ноҳия бар хилофи қонун ду зан ва фарзандон аз ҳамсари дуюм дорад. Номи зани дуюмаш Ситора аст, ки бо мошини 120 ҳазора мегардад. Чаро касе тафтиш намекунад?

Share This Article