Дар паси мадҳу ситоиши расмӣ як кинояи хатарнок пинҳон аст: «Василев»-и ёддоштҳои СС. Ятимов-оинаи Раҳмонов ё ниқоби интиқод?
Матлаби навбатии мо барои Рӯзи Президент аз навиштаҳои қаблиамон фарқ дорад. Дар гузашта ҳам барои ин рӯз чунин матолибро пешниҳод карда будем, ки хоҳед бихонед, нахоҳед -ихтиёри худи шумост:
16-уми ноябр “Рӯзи президент” ва ё “Рӯзи Э. Раҳмонов”? (16.11.2022)
HTTPS://ISLOH.NET/15939/16-UMI-NOJABR-RUZI-PREZIDENT-VA-YO-RUZI-JE-RAHMONOV
Дар «Рӯзи Президент» аз ӯ чӣ мехоҳему ба ӯ чӣ мегӯем?! (16.11.2023)
HTTPS://ISLOH.NET/17541/DAR-RӮZI-PREZIDENT-AZ-Ӯ-CHI-MEKHOHEMU-BA-Ӯ-CHI-MEGUEM
16-уми ноябр — Рӯзи Президент ё Президенти якумрӣ? (16.11.2024)
HTTPS://ISLOH.NET/18562/16-UMI-NOYABR-RӮZI-PREZIDENT-YO-PREZIDENTI-YAKUMRӢ
Дуруст аст: ин президент ҳамон президенти кӯҳна аст, ки сию чанд сол аст мебинему мешунавем. Мо, мухолифини ин президенти кӯҳнаи фарсуда ва режими диктотурии вай, табиист, ки барои вай ягон гапи хушу хубе надорем: ҳеҷ гоҳ сазовори ҳарфи хуш набуду нест. Бидуни шак, сипоҳи чоплусу лаганбардоронаш барои таҷлили ин рӯз, ки бо имзои худи Раҳмонов аз соли 2016 дар шумори ҷашнҳои давлатӣ ворид карда шуд, байни ҳам сабқат мекунанд: кӣ бештар мелесад, кӣ бештар худашро «ширин» мекунад, кӣ бештар тамаллуқ мезанад. Масалан, бинобар як хабари «Ховар» бо номи «Чеҳраи миллат» дар чаҳор ҷилд китобе нашр шудааст, ки ба қалами шоирони ба ном «халқӣ» (шоирон мурданду ту шоир шудӣ)-Давлат Сафар, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб ва Камол Насрулло-тааллуқ дорад. Нохонда ҳам пайдост, ки муҳтаво ва мавзӯи ин китоб, ки барои он боз як маросими вижаи рӯнамоӣ ҳам доир карданд, аз чӣ иборат аст.
Рустами Эмомалӣ, писари ин президенти фарсуда, имсол ҳам бо як қарори хос эълон кард, ки барои омодагии таҷлили Рӯзи Президент дар пойтахт чорабиниҳои махсус баргузор хоҳад шуд:
«Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.»
Ин хабар дар «Ховар» ҳанӯз рӯзи 10 октябр чоп шудааст. Яъне, як моҳу чанд рӯз пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили Рӯзи Президент омода мешавад. Э, хоки ман бод-ба гуфти дӯстони масчоиям! Кош, ин президенти фарсудаву кӯҳнашуда арзише медошт… Хуб, дигар Рустам аст- бачаяш бояд бикунад. Соли гузашта ва солҳои пешин ҳам айни чунин қарор барои Рӯзи Президентро қабул карда буд.
Барои ғӯладинги Давлат Сафар, Муҳаммад Ғоиб (Лоиқи «адабиёти имрӯзаҳо»), Низом Қосим—«маликушшуарои дарборӣ», ки айни ин президенти фарсуда ин бор ҳама муқарраротро хароб кардаву барои бори сеюм раиси Иттифоқи нависандагон шуд, вале дар гузашта аз ходимони хуби Маркази матбуотии майдони «Шаҳидон» буд-ва Камол Насрулло, ки фарқ надорад, президент бошад ё не-лесидан мегирад, суперчопик, фурсати муносиб пеш омад: ҳам аз ҳисоби буҷет китоб чоп кунанд, ҳам билесанд ва ҳам гонорари хуб бигиранд.
Албатта, фақат инҳо нестанд, ки барояшон Рӯзи Президент фурсату пайт барои тамаллуқ, хушомад ва «лесолист». Дигарон ҳам қаламашонро тез карда истодаанд.
Вале-шояд боваратон наояд нафаре, ки барои эҷоду эҳдоси равия ва коргоҳи чоплусиву ҳимояти иттилоотию мафкуравии ин президенти фарсуда заҳмати сангин кашидаву гӯё сабқатро аз ҳама бурдааст, ин бор як гапҳо навиштааст, ки шок мешаведу шох дар меоваред. Ҳамин ҳоло метавонам навиштаи генерал СС. Ятимов, раиси КДАМ-ро ин ҷо биоварам. Аммо як каме тоқат ва таҳаммул намоед: аввал аз суханҳои пур аз «ҳикмату фалсафа»-и эшон, ки нисори ин президенти кӯҳна кардаанд, намунае чанд меорем, то бубинем, шахсе бо ин ҳама хушомадгӯӣ чӣ гуна «тағир» кардааст. Ҳоло ба суханҳо, арзёбиҳо, мадеҳаҳои СС. Ятимов диққат диҳед:
«Рӯзи Президент» ва як «васила»-и киноя: оё Василев прототипи Раҳмонов аст?
«Пешоҳанги эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст.»
(С. Ятимов. Асарҳо, ҷ. 12: Эҳёи миллат – бақои давлат. — Хуҷанд: Ношир, 2024, с. 40.)
«Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: “Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ — Тоҷикистони азизро дӯст доред!” на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург — маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад.»
(Ҳамон ҷо, с. 236.)
«Бо гузашти даҳсолаҳо дар бораи нақши аввалин поягузори давлатдории миллии тоҷикон дар ҳазораи ахир, ки бидуни шак ба номи Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, бояд изҳор дошт: “кам аст, ки андеша ба ифода кардани воқеият кӯшиш намояд, бояд худи воқеият ҳам ба муҳтавои тафаккур тамоюли муттасил дошта бошад”.»
(С. Ятимов. Ёддоштҳо, қисми II. — Душанбе: Эко Принт, 2024, с. 283.)
«Таҳлили сифатии фаъолони ба саҳнаи сиёсии солҳои навадуми асри гузашта воридшуда — яке аз фоҷиабортарин давраҳои таърихи миллати тоҷик — нишон медиҳад, ки бидуни чунин шахсияти бузурге мисли Эмомалӣ Раҳмон, расидани миллати парокандагашта ба сулҳу субот ва таъсиси давлати ягонаи соҳибистиқлол ва ба пайроҳаи рушд раҳнамун сохтани он ғайримумкин буд.»
(Ҳамон ҷо, с. 655.)
«Ҳамзамон бо ин, мо ҷонибдори он ақида ҳастем, ки зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт.»
(Ҳамон ҷо, с. 655.)
«Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон, ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи рӯҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, рӯҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошно ёфтам… Ӯ воқеан меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст…»
(Ҳамон ҷо, с. 657–658.)
«Дар тамоми давраҳои мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик-таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда- раҳбарест, ки қавитарин робитаро бо мардум доштааст.»
(С. Ятимов. Асарҳо, ҷ. 11, қисми II: Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. — Душанбе: Нашриёти муосир, 2020, с. 206.)
«Ҳамасрони мо гувоҳанд, ки Сарвари давлат, новобаста аз мавқеи ҷуғрофиёӣ, хатарнокии масир ва шароити ниҳоят сахту номусоиди иқлим, борҳо ба дурдасттарин деҳа, ҷамоат, ноҳия — манзили сокинони мамлакат — ташриф оварда, бо зиндагӣ, ҳолу аҳвол, кору бори мардум шинос шудааст…»
(Ҳамон ҷо, с. 206.)
«Воқеият шаҳодат медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад, рӯинтани аслии миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад… намунаи пайравӣ ва меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост.»
(С. Ятимов. Асарҳо, ҷ. 8: Достони ҷавонмардӣ. — Душанбе: «Ганҷ», 2019, с. 306.)
Ин ҷо-аз он ки ин «академисиян» кай успет кардаву Асарҳо-ву Ёддоштҳо-и чандҷилдагӣ навиштаву аз Горкийю домулло Айнӣ ҳам «гузаронидаст»- чизе намегӯем. Аммо ба сифату ташбеҳҳое, ки ба Раҳмонов-ин президенти фарсуда-нисбат додааст, як назар афканед:
«рӯинтани аслии миллат…», «ягона шахсияти эътирофшуда…», «зуҳуроти фавқулода…», «поягузори давлатдории миллӣ дар ҳазораи ахир…», «Пешоҳанги эҳё…». Бовар кунед, ончунон лесидаву макидаву ҷафидааст, ки гумон меравад Маҷнун Лайлиро ва Ромео Ҷулеттаро ин қадар «леслесу макмак» накардаанд.
Аммо чӣ мегӯед, ки ҳамин олими «нуктадон», академик, генерал, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ-дурусттар бигӯем, амнияти оилаи Раҳмонов-ахиран як матлаберо навишта ва дар яке аз ҷилдҳои Ёддоштҳо ҷой додааст, ки мехонеду бовар намекунед. Ин ҷо, барои бардошту сабру тоқати шумо, он қитъаи боварнакарданиро яклухт пешниҳод мекунам-иқтибос аз навиштаи СС. Ятимов, ки ду бахш аст.
Бахши аввал.
Аввал иқтибосро меорам (қисмати аввал, қисмати дувум ҳам дорад) ва сипас тафсилу тафсир мекунам. Чун осори эшон, одатан, ниёз ба чунин шарҳнависӣ дорад. Ҳар аз гоҳе китоб не, як мақолаашон барояд, яке мебинӣ, ки тақризу тавсифборон шудааст. Ин бор мо ҳам ба ҳамин усул кор гирифтем:
«Як рӯзи тобистон ба идораи мо барқия омад, ки ба қарибӣ ба вилояти Бадахшон Комиссияи махсуси инспектории Маскав меояд. Онҳо чанд гурӯҳ шуда, ноҳия ба ноҳия мегарданд. Раиси Комиссия бошад муовини аввали сардори раёсати контрразведкаи мамлакат генерал-майор Василев Александр Иванович аст.
Ба хотири омад-омади чунин як ҳайати калон, ба шӯъбаи ноҳиявии Кумитаи бехатарӣ даҳ рақам супориши муайян ирсол гардида, иҷроиши онҳо қотеона таъкид гардида буд. Мо, тибқи нақша, ба кори шабонарӯзӣ гузаштем. Дар таърихи идора аввалин маротиба буд, ки як генерал бо ёрдамчиҳояш барои санҷиш-ва он ҳам аз шӯрбахтии мо- ба ноҳияи Рӯшон меомад. Албатта, сардорро хоб намебурд. Мо низ аз хобу хӯр монда, давутоз мекардем.
Он рӯз ҳам фаро расид. Генерал Василев омад. Ӯро котиби якуми райком, раиси ҳукумат, роҳбарони аввали тамоми сохторҳои қудратӣ дар болои пули бузург бо лентаҳову байрақҳо орододашудаи дарёи Бартанг, бо гузориши махсуси сардор, пионерон- «дӯстони ҷавони сарҳадчиҳо», бо қироати шеърҳои ватандӯстонаи дастаи мусиқии театри халқии ба номи Артисти халқии СССР Ғуломҳайдаров, бо «рақси аспак» ва суруди
“Хуш омадӣ, меҳмони мойе,
Эй дар дидаву дар ҷони мойе…”
пешвоз гирифтанд.
Намедонам ба меҳмон «рақси аспак»-у суруду мусиқӣ маъқул нашуд, ки аз мошин фаромадан баробар:
— Да, зачем?!!! Да ради Бога, да, прекратите наконец, это безобразие!!!-гуфта, сахт барошуфт. Генерал Василев бо қаҳр дар мошин нишаст!»
Бахши дувум.
«…Барои меҳмонон дар Чашмаи Ахзев- мавзеи салқин ва хушманзара- гӯсфанд кушта, дастурхон ороста буданд. Аммо генерал омодагии сафари ҳайатро ба дигар ноҳия эълон кард.
Раиси ноҳия марди ҳалим, хоксор ва меҳмоннавоз буд. Ба калоншавандаи Марказ муроҷиат карда гуфт:
-Рафиқ генерал, Шумо ба диёри мо аз раҳи дур омадед. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҳам шуд. Мо як пиёла чой дар шароити табиат, дар ҳавои кушод омода кардаем. Аз Шумо ва кулли меҳмонон хоҳиш мекардам, ки нонро якҷо бинем.
— Саломат бошед, дӯстони азиз! Мо одамони ҳарбӣ ҳастем. Одат кардаем. Хӯрокро дар сари санг ҳам мехӯрем. Вақтамон танг. Имрӯзу пагоҳ ду ноҳияи дигарро бояд бинем. Аз таклифи Шумо миннатпазирем. Ташвиш набошед. Хӯрокро ба ҳамон бачаҳаконе, ки моро пешвоз гирифтанд, сурудхонӣ карданд, бахшидем.
Баъд ба сардори шӯъбаи ноҳиявӣ муроҷиат кард:
-Хоҳиш мекунам, саргардон шуда, аз кор монда, сӯзишворӣ сарф карда, моро дар хиҷолат намонед. Яъне, гусел кардани мо то як қадам ҳам иҷозат нест,-гуфта, бо мо хайрухуш кард генерал…»
(С. Ятимов, «Ёддоштҳо», ҷилди 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 59–78.)
Хуб, ин буд он чизи дар назар доштаи мо.
Бояд бигӯям, ки хонандаи камфурсат метавонад дар ҳамин ҷо мутолиаро қатъ кунад- чун фаҳмид, ки манзури мо чист. Аммо агар бихоҳад то умқи гап биравад, дарун-дарун ворид шавад, як каме дигар ҳавсала дошта бошад, тафсиру тафсили моро нигарад. Инро ҳам бигӯям, ки ин навиштаи ҷаноби Ятимовро мо аз «Фейсбук» ба даст овардем ва ин иқтибосҳо аз як мақолаи хотиравии вай аз замони кор дар Рӯшони Бадахшон аст, ки ҳанӯз корманди фаврии амният будааст- оғози солҳои 80-ум.
Хуб, ин иқтибосҳоро мурур кардед. Ба чӣ хулоса омадед? СС.Ятимов аз Раҳмонов хаста шудааст? Дар ҳоле ки ҳиҷ касе мисли СС.Ятимов аз масъулони қудратии Тоҷикистон Раҳмоновро ба ин ҳад бепарда ва ошкоро тавсифу ситоиш накардааст. Метавон гуфт, ки нависандаҳову шоирҳо ва олимҳоро дар пешгузаронаи «лесолесӣ» маҳз ҳамин навиштаҳои СС.Ятимов савқ ва ҳидоят додааст.
Аммо… вақте шумо ин ҷумлаҳоро мехонед:
«Он рӯз ҳам фаро расид… дар болои пули бузурги бо лентаҳову байрақҳо орододашуда… пионерон… қироати шеъри ватандӯстона… суруди «Хуш омадӣ, меҳмони мойе…» пешвоз гирифтанд», чӣ манзара пеши чашматон ҷилва мекунад? Тасвирро бинед: кадом фантазия нест- ҳама чиз хушрӯ гуфта шудааст, мӯбамӯ; «мусаввир» эъҷоз кардааст. Танҳо номҳо дигар: Раҳмонов не, Василев; «пешоҳангон»-у «пайравони пешво» не, пионерон. Мегӯяд: «қироати шеърҳои ватандӯстона карданд», аммо чӣ байтеро меоварад?
«Хуш омадӣ, меҳмони мойе,
Эй дар дидаву дар ҷони мойе…»
Оё ин интихоб тасодуфист? Ё махсус? Ин байтест, ки ҳар рӯз барои Раҳмонов дар расми пешвозгириҳояш-дар ноҳияҳо, дар фурудгоҳҳо, назди бинои нави фермаи «калоншохдор» ё «зотпарварӣ» ва амсоли ин- бо ҳазорон ранг хонда мешавад:
«Шоҳи мо омадае, подшоҳи мо омадае… эй дар дилу ҷони мойе!» Ҳамин тавр не?
Ёдоварӣ аз лента ва байрақчаҳо чӣ? Магар ҳамин лентаву байрақҳо ҳамон манзараи пешвози Раҳмонов нестанд? Беш аз бисту панҷ сол аст-накарда истодаем?
СС. Ятимов «Василев» гуфтаасту Раҳмоновро нагуфта? Бубинед: агар ин ҷо яке аз ҳамон «шеърҳои ватандӯстона»-хуб, бигзор, ду мисраъ-меовард, мегуфтем, ҳадаф нест. Аммо чаро ҳамин мисраъҳоро овард? Дар ёди СС.Ятимов тамоми ҷузъиёти сафар мондааст, аммо байте мондааст, ки мустақим ба Раҳмонов ишорат мекунад. Дар ҷойи «меҳмон»— Раҳмонро монед, тамом: ҳама чиз росту рез ва гулу булбул мешавад.
Шояд-мани мухолиф- содапиндорӣ кунам, чун ин фикр дар сарам чарх мезанад, ки навиштаи СС. Ятимов навъи эътироз ба вазъияти кунунист. Шояд вай ҳам хаста шуд; шояд вай ҳам дар бархе аз ин пешвозгириҳо, ки ширкат мекунад-духтаракони ҷавону наврас пеши Раҳмонов суруд мехонанд -ба иззати нафсаш, ба мардонагиаш бархӯрда бошад?
Ман, барои мисол, бовар надорам, ки як калимаи навиштаашро ҳавоӣ ба чоп диҳад. Вақте ин сутурро болои сафҳа мерехт, чӣ фикр мекард? Ин фикрҳо-ки аз калаву дилу хотири мо мегузаранд-оё аз вай намегузаштанд? Мегузаштанд. Аммо чаро навишт? Чаро Раҳмоновро киноя кард, чаро истеҳзо ва накуҳиш кард?
СС.Ятимов ба вузӯҳу яқин медонад, ки ин навиштаи вай «нарезондаву начаконда» бурда расонда мешавад. Ҳеч кас набошад ҳам-Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният, мебарад мерасонад: ба президенти кӯҳна, ки «бубин- туро масхара кардааст». Ман мутмаинам: агар зери ин навишта имзои Барзу Абдураззоқ мебуд, ҳатман даъват ба мақомот мешуд- ончунон ки Абдухалил Холиқзода ва Қодири Рустамро барои навиштаҳояшон маҳкум карданд.
Магар СС.Ятимов намедонад, ки ин навишта задеват мекунад, бад мерасад, ба хашму ғазаб меоварад? СС.Ятимов бо ин тонкосту нозукӣ киро мухотаб қарор додааст? Чаро аз «байтҳои ватандӯстона» наёварду аз байте овард, ки ошкоро ба Раҳмонов ишора мекунад? Ин ҷо садои норозигӣ ва эътирози СС.Ятимов рӯ назадаст? Оё вай роҳи дигаре барои гуфтан ба Раҳмонов наёфтаву ҳамин роҳро истифода кард?
Дар охир-охири кор СС.Ятимов таркид: ба ғурур ва нанги мардиаш бархӯрд- «чаро як нолинолро ин қадар бардор-бардор кунем?» СС.Ятимове, ки ба тафовут аз пешгузаштагонаш ба мисли С. Зуҳуров, С. Камолов, Х. Абдураҳимов мафкура, ҷаҳонбинӣ ва идеологияи Раҳмонов-ро ҳам «таъмини амният» мекард, зарби суханро хуб медонад; ҷои ҳар суханро медонад; илҳомбахши «абдуллораҳнамоҳо, атомирхоҷаҳо, саъди-маъдиҳо, давлатсафарҳо» аст- чӣ шуд, ки ба Раҳмонов пичингу киноя мегӯяд?
Гумон намекунам, ки ин навиштаи СС.Ятимов беҳадаф ва беҷиҳат бошад. Ҳар як калима ва ҳар як фикрашро саддасад бармекашад. Медонад, ки чӣ мегӯяд. Медонад, ки мерасонанд. Ишораҳои маънодор, бо пичингу киноя — барои мухотаби ба ҳама маълум. СС.Ятимов «гӯшона» гуфт: «духтарам ба ту мегӯям, келинам- ту шунав!»
Мо ҳама хуб медонем: Раҳмонов то соли 2010 чӣ гуна буд ва баъд аз он чӣ тавр шуд. Бад буд-бадтар шуд; касиф буд — касофаттар шуд. Бо омадани СС.Ятимов омаду дар қафои ин ҳама сифот «тару тарин» афзуд.
Аммо-аз кору кирдори Раҳмонов ҳатто СС.Ятимов ба дод омад ва таркид: «э, бас дигар». Он чиро, ки СС.Ятимов интиқод кард-масхара гирифт-корест, ки ба як қисмати асосии зиндагии сиёсии Раҳмонов ва ҳаёти ҷамъиятии вай табдил шудааст. Чуноне дар шабакаҳо мебинем, вақте истиқбол мегиранд, кӯдакон, духтарчаҳои синни боғчаву мактаб барояш шеър мехонанд-мебинед, чӣ гуна мешукуфад; лаву линҷош ов мегирад: «аҳсан, офарин!» Нидо мезанад. Аммо СС.Ятимов меояд ва бо овардани исми «яке Василев» образи Раҳмоновро манфӣ ва манфур ба қалам медиҳад. Раҳмонов тамасхур ва танқид мешавад. Магар СС.Ятимов бунти дарунашро— буғзи дарунашро-мунфаҷир кард? Он чи, ки «балақ-балақ ҷӯшидану аз нӯги чойник баромаданӣ набуд», мисли вулқон сар зад?
Бубинед, ки аз забони Василев чӣ мегӯяд:
«Да, зачем?!!! Да ради Бога, да, прекратите наконец, это безобразие!!!»
Як бор ба худ савол диҳем: ин «да… прекратите наконец- это безобразие!» гуфтан чӣ маъно дорад? Дар ҳақиқат, чётка навиштааст: ташбеҳу тамсилу таққос-ҳама чиз дар ҷояш. Мехонӣ- сраза догадатса мекунӣ, сраза хит мекунӣ: ҳеҷ чизи дигарро фикр намекунӣ-пеши назар ҳамон манзараҳои пешвозгириҳои Раҳмонов меояд.
Яъне, мегӯед, аз кулӯх шарора парид- ё ханҷарро аз пушт зад. Ҳатто барои СС.Ятимов ҳам ғашовар шудааст. СС. Ятимове, ки Раҳмоновро болотар аз Исмоили Сомониву Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров медонад; мегӯяд, ки дар 1000 соли таърих «Раҳмонов тоҷикҳоро давлатдор кард»-сараш вайрон шуд?
Сумбул-оғо хонда бошад- конкретно ба Озода расонд. Рафту ҳама нафаҳманд- ӯ фаҳмонд: кинояву рамз, гӯшонаҳо…
Ва акнун, хонандаи нуктафаҳм, гарчи матлаб тулонӣ шуд, як бори дигар ба иқтибосе, ки таҳти зерсарлавҳаи «Бахши дувум» буд, чашм андозед:
«…Хӯрокро ба ҳамон бачаҳаконе, ки моро пешвоз гирифтанд, сурудхонӣ карданд, бахшидем… Гусел кардани мо то як қадам ҳам иҷозат нест.»
Бовар кунед, СС.Ятимов ин ҷумлаҳоро ҳадафмандона овардааст. Шумо чӣ фикр доред? Ин ҳамаро СС.Ятимов чаро гуфт ва чаро навишт? Василев прототипи Раҳмонов аст? Василев-образи Раҳмонов аст?
