Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№304

Ислоҳ нет

Нашри навбатии барнома аз номаҳо аз навоҳии Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Кулоб таҳия шудааст. Аз Ваҳдат ду нома расидааст, ки ҳарду муаллиф ҳам аз сокинони Ваҳдатанд, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия қарор доранд. Яке аз онҳо аз кирдорҳои номуносиби раиси пешини Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва дуввуми аз ришвахории началник милитсия шикоят кардааст.

Нависандаи нома аз Рӯдакӣ аз набуди оби ошомиданӣ ва амалҳои ғайриахлоқии раиси ин ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор гуфтааст.

 Нигорандаи нома аз Турсунзода аз адами шароити қабулу гусели сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Ҳисор ба шиддат интиқод кардааст. Вай лаҳзаҳоеро бо иштироки сайёҳони хориҷӣ дар Қалъаи Ҳисор ба қалам додааст, ки воқиан ҷойи шарму хиҷолат дорад.

 Сокини шаҳри бостонии Кулоб мустақиман ба Раҳмонов хитоб карда гуфтааст, ки беш аз ин мардумро азият надиҳад. Ин қадар ҷамъу ғун кардӣ бас аст, ту натавонистӣ, бирав, гуфтааст:

                                        Ваҳдат

  Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Ман ҳамон ваҳдатӣ, ки дар Санкт-Петербург ҳастам. Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо №296» дар бораи Ваҳдат мактубе чоп шуд. Дар он нома дар бораи Карими ДЭУ, Неъмати голубой ва раиси собиқ Раҳмоналӣ Амирзода навишта шуда буд. Дар онҷо гапҳои ҳақиқат буд, ки боварнакарданӣ. Бинобар хабарҳое, ки ба ман расониданд Раҳмоналӣ Амирзода ҳар рӯз дар Ваҳдат аз қафои ҳамин кор гашта истодааст, ки ин номаро кадом одам равон карда бошад. Ин нома кормандони ҳукумати Ваҳдатро ба ларза даровардааст. Субҳоналлоҳ

Ин Неъмат дар ҳамсоягии як бародар зиндагӣ мекунад ва бисёр инсони пасти фурумояи разил. Амирзода Раҳмоналӣ Неъматро дар домуправления раис монда буд. Аммо Неъмат корхонаро банкрот кард. Бо статя аз кор дар домуправления сураш карданд. Ҳозир Неъмат домсоз шудааст. Хона месозаду мефурӯшад. Аммо домҳои месохтааш ягон майда качество надорад. Домҳои вайро бояд мақомот сахт бисанҷанд.

                                        Рӯдакӣ  

Салом хонанда ва бинандагони «Ислоҳ» ва бародар домулло Муҳаммадиқбол!

Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Аз ноҳияи Рудакӣ менависам ва мехоҳам аз мушкилоти мардуми мазлуми ин ноҳия ва рафторҳои ношоистаи раиси сабзибадасти ноҳия суҳбат кунам. Дар ноҳияи Рудакӣ рузҳои охир зиндагӣ ғайриимкон  шудааст. Дар 5 ё 6 шабонарӯз 1 маротиба ҳамон ҳам 2- 3 соат об медиҳанд. Мо як гурӯҳ сокинони хонаҳои баландошёна дар ноҳия гуфтанием бар падари президент лаънат, худозадаи касиф, барои ин раиси бемасъулиятро таъин карданаш. Дар биноҳои баландошёна ростӣ, як аҳволи ваҳшатноке дорем. Об пайдо намекунем, ки хурем. Ҳоло куҷо расад барои як дасту руй шустан, барои дар ҳоҷатхона истифода бурдан. Ин раиси худозада фикр намекарда бошад, ки мардум аз беобӣ азият мекашад.

 Дар биноҳои баландошёна бе об ва бе барқ зиндагӣ кардан номумкин аст?. Аммо раиси ноҳия  ба дигар корҳо машғул аст.

  Тақрибан 1 моҳ пеш аз тарафи кормандони милицияи шаҳри Душанбе як корманди ҳукумати ноҳияи Рудакиро (бо номи Бегзод Ибронов) дар ҷои ҳодиса-ҷиноят (бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ) боздошт мекунанд

 Дар рафти тафтишот маълум мешавад, ки ғайр аз шахсони боздоштшуда боз раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор ҳам ин  амалҳоро пайваста анҷом медодааст.

Домулло мо пайваста барномаҳои Шуморо тамошо мекунем ва Шумо дар чанд барномаатон қайд карда будед, ки раиси ноҳия сабзибадаст аст, он қадар бовар намекардем. Аммо ҳамин гапи Шумо баромад. Шумо дар ҳақиқат рост мегуфтаед ягон туҳмату бухтон набудааст.

 Мо интизори сеюм марҳила мешавем:

1)Марҳилаи якумро қайд кардед- раиси ноҳия амалҳои ғайриахлоқӣ мекунад;

2) Боздошти корманди ҳукумати ноҳия дар вақти анҷоми амалҳо ҷиноӣ;

3) Марҳилаи охирин ин ба фикрам сабти наворҳои амалҳои ҷиноӣ пешкаш мешавад.

                                       Турсунзода

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аллоҳ ба шумо ва кормандони «Ислоҳ» қувват ва барори кор насиб кунад. Шумо ва мухлисону тарафдоронатонро, ки дар ин роҳи ҳақ пайвастаанд ба мақсадашон бирасонад.
Бародар ман медонистам ва бовар доштам, ки чунин мешавад. Чунки ин маълум буд. Ман аниқ кардам, ки ин ҳама маъсулини ва мақомот-раису вазирони Точикистон аҳмақ ноуҳдабароянд.100 лаънат ба ин бешарафон ва 100 лаънати дигар ба шумо чоплусон. Ин лаънатиҳо изо ва хиҷолат намекашанд.

 Бародар чи гуфтаниям? Вақте ки ҳамин мусобиқаи пойгаи мошин дар Душанбе сар шуда буд, мардум зери навор менавиштанд, ки ин чи ҳол аст? Дар пеши як махлуқи Худо ин қадар чоплусӣ ва ин қадар лесакиву кунбардорӣ чи лозим? Ҷавоби ин чоплусҳои камақл дашному гапҳои дурушт буд.

 Ба гуфтаи ин аҳмақҳову чоплусон Асҳаб Тамаев ду канали Инстаграм ва як канали Ютуб доштааст. Муштариҳо ё  обуначиҳояш чандин миллион будааст. Ин маълумотҳоро худи ҳамин чоплусҳо видео карда дар чандин шабакаҳо монданд. Ба гуфти инҳо сабаби ин ҳама лесакиву кунбардорӣ ба Асҳаб Тамаев омадани туристҳои хориҷӣ будааст? Магар рушди соҳаи сайёҳӣ бо чунин роҳ таъмин мешавад. Ин гап дар ягонҷо туғрӣ намегирад. Хуб, агар чунин бошад, албатта, ба гуфти ин чоплусҳои ба ном блогер баъди омадану рафтани Тамаев оё вуруди ҷаҳонгардҳо ба Тоҷикистон зиёд шуд?
 Мошини Асҳаб дар Тоҷикистон қариб як ҳафта сайру саёҳат кард. Бо тамоми санъат эҳтиромашро ба ҷо овардед, лесакиву хушомад кардед. Ҳоло ду моҳ мегузарад. Канӣ? Нашру навор кард дар канали ютубиаш, ки 4 миллиону 84 ҳазор обуначӣ дорад. Оё як видео дар бораи Тоҷикистон дидед? Не. 4 моҳ пеш дар бораи Узбекистон карда буд.

Дар шабакаи Инстаграм зиёда 15 миллион муштарӣ дорад. Ягон видео ҳаст? Нест Дар дигар шабакаи Инстаграм зиёда аз 3 миллион! Ҳаст? Нест! Канӣ натиҷаи ин қадар хушомадзаниҳоятон? Бас аст дигар.

Пеш аз вай Гусен Гасановро чунон лесида будед, ки онро ҳам ба ҳамин мақсад гуфта оварда будед. Дар шабакааш 30 миллион обуначӣ дорад. Оё дидед, ки  ягон бор Тоҷикистонро дар ягон ҷо муаррифӣ кард?  Ба Аллоҳ қасам беҳад аблаҳи бешарафу бефарҳангед.
Ин ҳама беақлӣ барои чӣ? Худкуши бегонапарвар. 99% мардуми худамон ин гуна ҷойҳо ва зиёфатҳоро надидааст. Ин бешарафон расходи калон карда бегона парварӣ мекунанд. Ақалан ҳамин блогерон як видеои хуб мекарданд, ин қадар алам намекард. Марг ба тарсуҳо, марг ба бешарафон.
Тоҷикистон обу табиат ва манзараҳои хуб дорад. Аммо мардуми мо, мутаассифона,ба дарки ин намерасанд. Туристҳоро ғорат мекунанд. Як нархи як хела надоранд. Худи ман шоҳид будам дар Наврӯзи Ҳисор. Омаданд туристҳо Қалъаи Ҳисор, ҳамаҷо чиркину ғажду мусор. Харҳоро оварда туристҳоро маҷбурӣ савор крада истодаанд. Дар дасти кудакҳо нону дар дарунаш колбаса. Ба туристҳо дода истодаанд. Хандахариши олам мекунанд. Ягон ҷои муносиби хурокхурӣ нест. Шашликпазҳои зиёд дар онҷо кор карда истодаанд, вале тамоман тозагӣ риоят намешавад.

Ду туристи Беларус 4 сих сихкабоб хурданд. Вақти ҳисобӣ фурӯшанда 80 сомонӣ гуфта маҷбурӣ 80 сомонӣ гирифт. Халқи маҳаллӣ 13 сомонӣ пардохт мекунад аммо аз турист 80 сомонӣ гирифт.

 Як  намуд хурок доранд бо номи кузача, ки нархаш 15 сомонӣ аст. Аммо турист пурсид, ба вай 200 сомонӣ гуфт. Фурӯшанда як зани одии бесавод. Ягон забон намедонад.

 Берун аз Қалъаи Ҳисор як дарахти калони куҳани таърихӣ ҳасту назди он дарахт як ҳавзча ҳаст. Як мусафеди бесавод онҷо таърихи ин дарахтро бардурӯғ бурда ба саҳобагон ислом рабт медиҳад. Атрофи дарахти ҳавз пури мусур- баклашка. Ниҳояти шармандагӣ. Барои сайёҳон шароити хуб надоранд. Худо накунаду ин сайёҳон дар ягон тарабхона ягон хуроки хубтар фармоиш диҳанд, онҳоро ғорат мекунанд. Ҳоло Тоҷикистон барои қабули сайёҳон омода нест. Нархҳо яксон нестанд. Як қазоқро дидам дар Маскав. Гуфт бо ҳамсараш даҳрӯза Тоҷикистон ба саёҳат рафтааст. Чор рӯз наистода баргаштам гуфт. Гуфтам чаро?  Гуфт, ки нарху наво бисёр бераҳмона. Меҳмонхона беҳад гарон. Барои мо дар бозору мағозаҳо беҳад нархҳоро бардоштанд. Хулоса, бародар, мо намедонем, ки кай ранги дигар одамони дунё мешуда бошем.

Охир он сайёҳу ҷаҳонгардон ҳами мисли мову шумо одаманд. Бо ҳавас ба ватани мову шумо меоянд. Аммо мардуми мо онҳоро тавре мекунанд, ки аз омадагиашон пушаймон мешаванд ва дигар асло намеоянд ва ба дигарҳо ҳам, ки майли омадан доранд вазъу ҳолро ҳикоят мекунанд ва онҳо ҳам дигар намеоянд. Шумо беҳтараш як кор кунед ҳамин шаҳрвандони худамон аз ватан фирор накунанд, туристҳо ҷойи худашон. Бо ин ҳукумате,ки мо дорем на шаҳрванд розӣ асту на ҷаҳонгардон.

                                       Ваҳдат 
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Ваҳдат ҳастам вале феълан дар яке аз шаҳрҳои Русия қарор дорам. Дар бораи Одиназода Фируз Саттор, сардори милитсияи Ваҳдат гуфтаниам. Сардори милитсияи Ваҳдат рутаби полковникӣ дорад. Ин нафар ҷияни полковник Одинаев Нуралӣ мебошад
Одинаев Нуралӣ аз соли 2004 то 2009 началник милисаи Вахдат буд, ки фақат дуздиду ғорат карду ҷамъ намуд. Полковник Одинаев Нуралӣ дар ҷамоати Чуянгарон дар қишлоқи Тангаӣ як дачаи калон дорад. Замини дачааш аз 60 сотих зиёд аст. Дачаи Одинаев Нуралӣ дар ҳамсоягии муллои даҳмарда ҷойгир аст. Дар Ромит  ҳам як дачаи калон дорад. Ҳоло онро ба фурӯш гузоштааст. Айни замон Одинаев Нуралӣ дар вазорати корҳои дохилӣ кор карда истодааст.

 Ин Фирӯз Сатторовичи ҷиянаш, ки ҳоло началник милитсия мебошад махсус бо  лаҳҷаи кулобӣ гап мезанад. Пештар сардори ШВКД дар Истаравшан буд. Аз 22 апрели 2025 ба Ваҳдат омад.

Ончуноне хабарҳо мерасад ин началники ҷияни началники собиқ аз тағояш фарқ надорад. Баракс бештар ба порагириву ришвахорӣ машғул аст. Парво надорад, ки вазъи риояи ҳуқуқ дар Ваҳдат чи гуна аст. Касе сум дорад, агар ҷиноят ҳам содир кард, пули ӯро гирифта ӯро ҳақ ва бегуноҳ мебарорад.

Дар бораи ин нафар ҳоло ҳамин қадар мегӯям. Вале дар шумораҳои баъдӣ бо факту далелҳо дар бораи вай муфассалтар менависам. Аммо аз ҳозир гуфта бошам, ки инҳо Ваҳдат фақат барои пулкоркунӣ меоянду тамом, на барои тартиботро ҷорӣ кардан.

                                       Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худову ростӣ, ҳар боре барномаҳои шуморо мебинам хунам ба ҷӯш меояд. Боварам кунед, ки сахт аламам мекунад. Чунин фикру хиёлҳо фақат дар сари ман нест. Шумо дуруст мегӯед, ки мо мардуми тоҷик бояд тарсро бикушем. Ин Раҳмонови оилашумули авлодпараст моро чи кор карда метавонад? Ҳиҷ кор карда наметавонад. Ин як дузди суперпрофӣ шудааст. Ин бойи кулак шуд. Ин ҳеҷ вақт бар муқобили халқ ҷангида наметавонад.Инҳо-Раҳмонову оила ва авлоди яъҷуҷуу маъҷуҷаш пулҳои ғункардашон ба сад пушташон мерсад. Инҳо ин сарвати аз хуни халқ ҷамъоварикардаашонро бояд хуранд. Инҳо аз ҳама чиз зиёдтар хурданро нағз мебинанд. Барои ҳамин ҷанг намекунанд. Пул ҳам намедиҳанд, ки барояшон ҷанг кунанд. Бояд коре кард, ки ҳам пулҳояшонро гирифт ва ҳам худашонро ҳадаф қарор дод. Ҳамон яроқу силоҳҳоро, ки ба дасти сарбозу афсарҳо медиҳанд, то ки бар муқобили халқ бизананд, бояд ба самти худашон баргардонем. Тамом, ҳуй мехуранд, дингуз мезананд.

Ман як пешниҳод дорам. Як рӯз Азизмо, Фарзона, Сомон, бачаҳои Рустаму худи Рустаму занашро биёварему дар хонаи дилхоҳ мардуми Кулоб ва атрофи он маҷбур намоем, ки се рӯз не як рӯз биистанд. Бубинанд, чи аҳвол дорем. Дар ин торикиву бесветӣ, ва хунукӣ, ки мо беш аз 25 сол мешавад тоқат крада истодаем, тоқат мекунанд ё не?

Эй Раҳмонов! Пир шудиву на чашмат сер шуду на дилат. Тӯли ин 35 сол ҷамъ кардаҳоят ба ҳафтсадуҳафтодуҳафт пуштат мерасад. Чи мекунӣ ба афғону қирғизу узбек барқи мардумро фурӯхта. Ҳамон афғон ё қирғиз ё узбак намегӯяд, ки ин гадогушна, ки ба халқи худаш раҳм намекунад барои пул шуда ба любой пастӣ меравад, чи хелӣ инсон бошад?

Биёед як чизро андеша кунем. Раҳмонов курсиро доданӣ нест. Чанд бор Қонунро иваз карду худро то мурдан иҷозати мондан дод. Яъне ин курсӣ аз они худаш аст ва то охир ба дасташу таги кунаш меистад. Аммо чаро свети мардумро солбасол кам мекунад. Курсии худашро меёзонад, ҳатто меросӣ карданӣ аст, аммо свети мардумро кам карда истодааст. Барои халқи худаш лимит ҷорӣ мекунад аммо ба хориҷиҳо фурӯшро зиёд мекунад.

Вақте саҳмия фурӯхт аз афғону узбеку қирғиз пул напурсид, аз камбағалу бенавову нафақахӯру донишҷуҳо пул гирифт. Бо пули саҳмия свет сохта ба хориҷа дода истодааст.

Ин чи Пешво аст?

Мақсади халқи худро дар ин ҳолати вахими ғайринсонӣ нигоҳ доштанаш чӣ аст?

Инсофат хушк шудааст. Хонаат сӯзад, ки  бисту панҷ сол зиёд аст хонаҳои мардумро сарду торик кардаӣ. Ҳазорҳо ҳазор дар ҳасрати барқи доимиро дидан ҷон доданд.

Як ҳамсоя гуфт, ки якҷоя шавему панелҳои боқувваттари офтобӣ харем. Аммо гуфтанд, ки аз барои вай андоз месупоридаӣ, иҷозат мегирифтаӣ.

Э к@зан ин чи қонуну қоида аст. Света ку намедиҳӣ, боз ин душворсозиву монаегузориат чаро?

Ҳамин хел мушоҳида кардам, ки як коре, ки халқ барои сабукиаш мекунад, ҳатман онро гирифта душвор ва мураккаб ва ҳатто то нашуданӣ мерасонад. Ин чи хел одам бошад?.

Ягон чизи зиёд насохтаӣ, ки гӯӣ барқро мегирад.

Бародарҳо! Бовар кунед, ки ин Раҳмонови лаънатӣ тамоман аз худ рафтааст. Як касе нест, ки гиребонашро гираду гӯяд чи кор карда истодаӣ?

Бародарҳо, агар ин аз худ нарафта бошад, рӯған чашму мағзашро нагирифта бошад, дар ҳамин ҳолу рӯзи мардум самолёти 100 миллиондоллара мехарад? Ва, барои духтарону домодҳову бачаҳову олу авлодаш шароити зиндагӣ, бизнеси шику бороҳат фароҳам мекунад.

  Парвина ва Озода тамоми бахшҳои фарматсевтика дар мамлакат, маориф ва идоракуниро ба мерос гирифтанду ҳар як муассиса барои онҳо манбаъи пули шахсӣ шудааст;

  Қудоҳо ва домодҳояш, Шарифбек Давлатов, Зайнулло Соҳибов, Ашраф Гулов, Бег Сабур ва даҳҳои дигар ҳар кадоме як соҳаи давлатиро ишғол карда ва ба бизнес табдил дода, мардумро аз ҳаққи зиндагии шоиста маҳрум кардаанд. Аммо инҳоро Раҳмонов «шарикони рушд» ном мондааст.

 Доруву даво на барои табобат, барои сарватандӯзӣ истифода шуда истодааст. Ширкати «Сифатфарма»-и Парвина воридоти доруҳоро идора мекунад. Як дору, ки аз хориҷа ворид ва 5 сомонӣ арзиш дорад, бо иҷозати Сифатфарма ба дорухонаҳо бо нархи 25–30 сомонӣ бардошта мешавад. Доруҳои сохта ва муҳлати масрафашон гузашта ба фурӯш меравад, касе чизе карда наметавонад.

 Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Дубай ва швҳари Парвина пуштибони бизнесу бизнесменҳо аст ва доляҳои калон мегирад. Як чизи дигар. Вақте беморон бо доруҳои қалбакӣ мемиранд, Парвина дар Дубай виллаҳои гаронарзиш мехарад бо пули ин кушташудаҳо аз дорӯҳояш.

Душанбе ба майдони сохтмон табдил ёфтааст, аммо соҳибаш кӣ? Ҳама иҷозатномаҳо дар дасти Рустами Эмомалӣ ва гурӯҳи наздики ӯ. Сохтмончиён барои ҳар як иҷозат барои дом садҳо ҳазор доллар медиҳанд; Ба ғайр аз маблағ, ҳатман чанд квартира ҳам ба номи Раҳмонов меравад.

Раиси фурудгоҳи Хуҷанд Қурбони Алимардон қудои Озода ва Шарифзода Зайнулло, раиси фурудгоҳи Душанбе додари ду домоди Раҳмонов- Шамсулло ва Зоир аст. 

 Озода Раҳмон дар паси ҳар қарори муҳим сару калааш намудор аст. Аз таъини кадрҳо то идоракунии ниҳодҳои давлатӣ ҳама таҳти назорати ӯст. Бидуни «о,кей»-и  Озода ягон нафар на директори мактаб мешавад, на вазир. 

 Дар воқеъ Тоҷикистонро ба як кооператив ва корпоратсияи хонаводаӣ мубаддал намудаанд. Давлат ба ширкати хусусии хонаводагӣ ва халқ ба муштарии маҷбурӣ ва  миллат ба ғуломи иқтисодӣ табдил шуд.

Бародар Муҳаммадиқбол! Илтимос, ин навиштаи манро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Вақте шумо чоп мекунед ман илҳом мегирам. Ва боз навишта мефиристам. Бовар кунед, ки дар Кулоб мардум аз Раҳмонов ва оилаи вай сахт безор шудаанд ва ҳамаи мардуми Кулоб барномаҳои Ислоҳро тамошо мекунанд ва мегӯянд, ки ҳама чизе, ки мегӯяд рост аст.

Тарафдорони шумо инҷо хеле зиёданд, қариб ҳама сокинони Кулоб ҳам гуем хато намешавад.

Саломат бошед.

Share This Article