Ид ба дӯши халқ: сафари «Ледии Ғарм» бо пули камбағалон
«И кор шухӣ нест-ай, э мардум. Ҳукумат меёя иҷо, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нест-ай, э бародаро. Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава».
Истиқболи гарми мардум аз шумораҳои қаблӣ
Чӣ гуна матолиби «Ледии Ғарм» дар байни сокинони Рашт паҳн гардид
Шумораҳои қаблии «Ледӣ аз Ғарм», ки ба кору фаъолият ва зиндагии Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт ихтисос дода шуда буд, ҳамчуноне аз куҳистони Ғарм ба мо маълумотҳо расид, дар байни мардум бо истиқболи хеле ҳам гарм рӯ ба рӯ шудааст.
Вокуниши Зарина Идизода: дастури ҷустуҷӯи муаллифон
Амният, милиса ва кормандони муассисаҳо таҳти бозпурсӣ
То ҳамин имрӯз дар ҳама гуна маҳфилу маҷлисҳо сухан ва суҳбат аз «Ледии Ғарм» меравад. Худи «Ледии Ғарм» ҳам, сахт таҳти таъсири ин навишта монда ва ба тамоми мақомот дастур додааст, ки муаллифони ин номаҳоро пайдо кунанд. Даҳҳо нафар аз сокинон, ба шумули омӯзгорон, табибҳо, ҳатто кормандони военкомат ва бемористонҳоро ба амният ва отдели милиса бурдаанд. Чандин нафар аз кормандони худи ҳукумати ноҳияро ҳам таҳти шубҳа қарор додаанд.
Нақшаи нав: такрори «сафарҳои корӣ»-и Ҷаноби Олӣ
Сафар ба деҳаҳо, буридани лента, сурудхонӣ ва рақси иҷборӣ
Баъди нашри ин мақолаҳо Зарина Идизода барои худ «нақша-чорабинӣ» кашида ва бо баъзе аз раисони ҷамоатҳо маслиҳат ва ба ин хулоса расидааст, ки корҳои Ҷаноби Олиро такрор кунад. Яъне ба деҳаҳои гуногуни ноҳия «сафарҳои корӣ» анҷом диҳад ва «иншоотҳои ҷашнӣ»-ро бикушояд ва барои ин ӯро айнан, мисли Ҷаноби Олӣ пешвоз гиранд ва дар пешаш рақсу бозӣ ташкил намоянд, кудакҳову талабаҳо суруд хонанд, мусафедҳо дуъои ҷондарозиашро кунанд. Ва ӯро (махсус таъкид кардааст, ки ҳамин тавр гӯянд: «ободкор, пайи қадамаш бобаракат, Ҷаноби олии Ғарм»).
Иштироки мардуми Навдию Ҳалқарф дар «Рӯзи Президенти Ғарм»
Чӣ тавр истиқбол ба намоиши расмии Кулобу Рӯдакӣ монанд шуд
Ва як чунин вохӯрӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои ҷашниро дар рӯзи 16 ноябр-Рӯзи Президенти Тоҷикистон (ба гуфтаи Зарина Идизода-«Рӯзи Президенти Ғарм») дар ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф баргузор кард. Чуноне аз наворҳо бармеояд, дар ин мулоқот вайро пирони ришсафеду кудакҳо айнан мисли истиқболи Раҳмонов пешвоз мегиранд ва ӯ курта-курта гӯшт гирифта истодааст.
Аммо, дар ин номае, ки дар поён мутолиа мекунед, сояҳову пасманзарҳои ин вохӯрӣ хеле ҳам ошкоро рӯшан мешавад, ки барои пешвози ин Ледӣ мардуми дар куҳистони сард ва зимистонӣ ва торики ҷамоати Навдӣ чӣ харҷу масраф ва азобҳо кашидаанд. Ҳоло ин номаро мутолиа кунед.
Нома аз Ҳалқарф: овози мардуми азобкашида
Эътироз бар зидди маҷбуркуниҳо ва қаллобии раиси деҳа Тоҳиров Файзиддин
Ассалому алайкум, устод ва муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи ман аз Ғарм-ноҳияи Рашт, ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф дар бораи раиси ин деҳа Тоҳиров Файзиддин бо лақаби «флис» мебошад. Ин раис чоплуси №1 аст. Мегуфта бошӣ, «Заринаи Ледӣ очаи роднойаш бошад».
Рӯзи 16 ноябр, ба гуфтаи ҳамин Файзиддин Тоҳиров, «Рӯзи пешвои муаззами миллат», Заринаи Ледӣ ба қишлоқи мо омада буд. Як моҳ пешакӣ тайёрӣ диданд барои ин «меҳмони олиқадр». Аз 29 кас 200 сомонӣ ва боз аз чандин нафарони дигар 100 сомонӣ ҷамъ карданд. Як одамро ош фармуданд, якеро себ, якеашро каду, якеро мурғ, хулоса мевагиҳо, аз ҳамаи чиз, ранги Эмомалиро мекунанд, барои ин Ледии Ғарм ҳам ҳамон тавр карданд. Ба Худо, бародар, мардум безор шудаанд аз ин раиси қишлоқ. Ҳамчунон буз аст, ки то «бас» гуфтан. Ягон гапро агар ба соатҳои шом ё бегоҳ шунид, то рӯз бедор меистад, ки чӣ тавр зуд раваду бузӣ кунад.
Як гап мегӯӣ, номи амниятро мегирад ё таҳдид мекунад, ки «ба назди участковый медарорам, ҳамаатонро ҷарима мекунад: ба сиёсат кордор нашавед». Ё ҳозир мардум худашон мактаб рост карда истодаанд, меояду мегӯяд, ки «тезта ростуш кнен, бо ай боло фармон нашава, ҳар гапмон бган». Мардум худашон 2-ошёна мактаб месозанд. (Ҳамаи аксу наворҳоро бароятон мефиристем, ҳамааш бо «факту доказателство».) Ман ба ин раис хитоб дорам: аз омадани Заринаи Ледӣ чӣ беҳбудиҳо шуд? Барои чӣ аз шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия барои сохтмони мактаб ёрдам намекунанд? Мо шароит надорем, ки мактаб бисозем, бо ин маош. 1100 сомонӣ чӣ маош аст? Панҷ фарзанд дорам. Барои чӣ мардуми камбағалро маҷбур мекунед, сум супоранд? Як бор пешниҳод намекунӣ, ки аз тарафи давлат ёрдам кунанд. Боз воҳима мекуниву лоф мезанӣ, ки «номи Ҳалқарфро мебардорам». Туро раиси ҷамоат ва амният истифода бурда истодаанд: «Мега, бояд мо яхеле райисара пешвоз бгирем, ки хурсанд биёя, хурсанд брава. Ягон проблематон шид, тезтар райиса ҳалш мена, барои и бояд номи деҳара боло бардорем дар райён».
Ба Худо, бародари мубориз, ягон қишлоқ ранги қишлоқи мо тарсу нест. Дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро. Вале дар мо бошад раис маҷбурӣ номҳои мардумро менависад: «ту и чиза меёрӣ, ваяш дига чиз». Мардум безор шидагиян. Ҳами бина, камтар шароитат 50 фоизаҳай да группа номта мегира, мега: «1 камаз рег ё 100 халта семент биёр ва як дуъо ранги Раҳмонов метия» ба ҳамин халос.
Дар 1 моҳ 2 бор маҷлис баргузор мекунанд ва гап фақат «пешвои миллат»: «меган, мардма чанқаи тонистейсан, ба ҳар намуд кор тарсондейсан, оқибаташ ба хайр боша».
Ва акнун дар ин қисмат, ба унвони далел ва мадорики мувассақ, феҳристи афроди барои ҷашни пешвози Идизода Заринаи Ледӣ аз Ғарм спонсорӣ карда ва корҳои анҷомдодаи раиси ҷамоат ва бархе аз чоплусонро пешкаш менамоем. Супориши сахт ин будааст, ки то расидани пойи Заринаи Ледӣ ба Ҳалқарф ҷуқуриҳои роҳ ҳатман ҳамвор ва муҳимтар аз ҳама маъракаи обунаи маҷбурӣ, бо чӣ қимате бошад, барои «Оинаи Рашт» ба анҷом бирасад. Ин ҷо эълони обунаи маҷбуриро дар ин ҷамоат барои ин нашрия пешниҳод менамоем:
Ҳамаи номи «хайрхоҳон»: рӯйхати маблағу туҳфаҳои иҷборӣ
Аз телевизор то 2 пачка пиёла -хароҷоти боркардашуда бар дӯши мардум
Эълон:
120 с супоред
35 с «Оинаи Рашт»
100 с мактаби №84
500 с мактаби №84
ҷамъбасти соли 2025-12-03 қарздор нашавед.
аз деҳа Ҳалқарф
Муҳр. Тасдиқ мекунам, раиси ҷамоати д. Навдӣ (имзои раис) Тоҳиров Файзиддин:
Рӯйхати Обунаи «Оинаи Рашт» барои соли 2026 дар ҷамоати деҳоти Навдӣ
номгӯи деҳа шумора маблағ шахси масъул
1.Навдӣ 162 11340 Хидирова Ф
2 Қалъаи шайх 51 3570 Бегов К
3 Қалъаи махсуд 28 1960 Хидирова Ф
4 Кулло 68 4760 Бегов К
5 Кочон 125 8750 Убайдулоев Г
6 Ниширён 50 3500 Гулов С
7 Бедак 126 8820 Убайдулоев Г
8 Ҳалқарф 98 6860 Мирзоев Х
9 Ғарми боло 80 5600 Алимова Д
10 Навбунёд 10 700 Барфакова П
Ҳамагӣ 796 55720
Ва, ана, акнун феҳристи афродеро, ки барои маъракаи пешвозгирии раиси ноҳия Зарина Идизода сум партофтаанд. Ин сумҳоро (ҳоло поинтар мехонед) барои дастурхон ва низ туҳфаҳо ба баъзе аз нафарон, ки аз номи раис тақдим карда шуд, аз аҳолӣ базӯрӣ гирифтаанд:
Бекмуродов Муродбег +200 с
Асов Наҳибулло +200 с
Ғиёсов Аҳсан +200 с
Асоев Мирзо +200 с
Азизов Далер +200 с
Аминов Ҳабибҷон +100 с
Муродов Иззатулло +100 с
Латипов Ҳандулло +100 с
Содиқов Иброим +300 с
Қандаков Нодир +400 с
Фаёзов Собирҷон +200 с
Маҳмадонов Сунатулло – хона бо хурок, гулҳо
Мирқурбонов Абдуқадим – телевизор
Қадриддинов Нажмӣ – 2 комплект набор чойпиёла
Қадриддинов Аскар – 4 пачка шарик ранга
Сангинов Ҷамшед – 1 пачка набор чойпиёла
Ғиёсов Хайридин –
Аҳмадов Муминшо –
Аҳмадов Мирзошо +100 с
Мирзоев Сабоҳидин –
Сангинов Атохуҷа –
Муборо Ҷиёдулло –
Маҳмадонов Хисрав Ҳ. –
Аюбов Ҷовидон –
Нозилшоев Хисрав –
Нозилшоев Қурбон –
Насирдинов Диловар –
Аҳмадов Мирзомурод –
Мирзоев Иҳромидин +2 пачка набор чойпиёла
Аминов Сахиҷон –
Ва, акнун, ба ҷолибтарин қисмати ин навиштаамон омадем. Ин ҷо навори суҳбати се нафар аз масъулони ҷамоати Навдӣ пешкашатон мешавад.
Се навори фошкунанда: чӣ тавр масъулон мардумро дастур медиҳанд
Фош шудани суханони раиси ҷамоат ва гурӯҳҳои ҷавонмардон
Навори аввали суҳбат, ки матнашро мутолиа мефармоед, чунин аст:
«Салом алейкум, раисои муҳтарам. Ина ситод баргузор гашт вайда, зали мақомотда оиди Рӯзи президента ҷашнгириш. Ҳамаи мову шумора лозим меояд, ки мо дар ҳудуди ҷамоат иншоотҳои ҷашнӣ дорем барои Рӯзи пешвои муаззами миллат. Дар деҳаи Ҳалқарф се иншооти ёрирасонай, мағоза, сартарошхона, баъд чупаки одамгузар. Ҳаминора мо бояд кушодакунӣ кнем.
Мардуми деҳаи Ҳалқарф як иқдоми бениҳоят хуб гирифтагианд пешвози муҳтарам раиса қати роҳбарои ташкилоту муассисаҳо, ана рӯзи понздҳум (ноябр) ҳамунҷа ҳамзамон ай баъд мегем, ки вақту ҳамачии муайян рӯзи чимонам мо баргузор мегардонем ҳунарманди беҳтарину хуштомани беҳтарину ҳамин хели ҳолатҳо мешава. Ҳамира илтимос, хоҳиш ана фаъол бошен, мардуми ҷамоати Навдӣ, шахсан деҳаи Ғарми боло, Ҳалқарф. Акаи Файзиддин, ҳами саломи мора ба мардуми деҳадоритон брасоне. Хоҳиш, илтимос мекунем, ки да ҳамин хел рӯзои ҷашнӣ дар бари худут, шахсан дар бари мо истодагарӣ кунад, ки меҳмоно меёян, айб нашавад, ки бениҳоят ҳамин баъзе масалаҳое ҳаст, ки то имрӯза ҳалли худшона ёфтагӣ нестан дар мо. Деҳаи Ҳалқарф ҳаминора бартараф кунем, ки баъде, ки омадан, хай меҳмонои олиқадр ягон камбудӣ набошад. Ай сафеду тоза кардани биноҳои ҳамин назди иншоотҳои ҷашнӣ.
Баъд ай рафти қабулам мардум меган, ку дарку масъулияти баланд дошта бошанд. Илтимосу хоҳиш, ҳамин чии мора, талаботи мора ба деҳадориҳо шахсан, ба акаи Файзиддин, ба акаи Беҳрӯз ана ба чи брасонед, ба мардуми деҳадоритон, ба гурӯҳи деҳадорӣ ҳаст. Илтимос, як коре кунан, ки да як сатҳи хуб бгзаронан.
Баъд мақсад, бо ба ҷои ифтитоҳамон бо камбудиҳо дарди сар накнем ба худмонам, барои ки баъзе ҳаст. Мегум, ки чизое то ҳозира ваё ба талаботи меҳмонои олиқадр ҷавоб намекунанд. Ай қабили кумрову баъд дига рафтагӣ, уна у иншоотои гуфти гапо, ки ана масалаҳои сохтмониву ҳаминора, хай вай охи раҳай. Роҳ роҳи давлатай, да бари вай ту масолеҳи сохтмонита рехта, ҳишки намегуяд, ки наёр, биёр, бмону, неки бо бар. Вая, аку ба даруни ҳавлита меорӣ, баъд ёки намерезиш, гуфти гапо биги, ай ҳаму роҳ бераҳааш кун, охи. Сад меҳмон мегзара, сад камбудиву сад вай меша, да ҳамун роҳ монеа эҷод шуда истодаанду ҳамиё, ба талабот ҷавобгӯ нестан ина ҳамиё. Мардум бе ягон зӯраворӣ мо ягон чи вай надорем. Бояд ҳамин рушди деҳот дар маҳал боша.
17 моҳи март буд дар Данғара майлис гузарондан пешвои муаззами миллат деҳаи беҳтарин. Хушбахтона ҳазорон мартаба шукр, ки имсолам манам раис рафтам, сазовори ҷои дуюм шудам ба ёрдаму дастгирии ҳамин мардум, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ буд, ки ноҳияи Рашт бозам ина соли дуюм аст, ки сазовори ҷои дуюм гашт дар ана ҷумҳурӣ. Ҳамин коре кунем, ки хай ҳар як ҳисоботу ҳар як суратгузоришу ҳар як чорабиние, ки мешавад, ҳамаи ҳамин ино наворои телевизионӣ мешаван, баъд иттилоот бисёр меравад, дар сомонаҳо мепартоян, ҳами бояд чии хумон нашавад. Ҳама бояд да ҳамин равад.
Барори кор мехоҳем. Ҳозир ба ғайре аз бигирем масъалаи обунара. Ина, аку ду руз шуд мо нигаҳ дорем, ягон кас ягон корам накарда истодай, ҳамин рӯз бояд як натиҷаи хуб ба даст биёрем. Мо то абити руз нига мекунем, наомаде маҷбур мешем, ки соъати се ҳамаи шумора даъват кнем, ай вазъияти обуна оиди газетаи «Оинаи Рашт» пурсем, ки дар чи вазъият қарор дорем, чи корҳо рафта истодааст. Ҳамада барои кор».
2. Матни навор: Фишор ба ҷавонон барои «обрӯи деҳа»
Барои пешвози раис ҳатто ҷӯйбор бояд «аз телевизор намоишпазир» бошад
«Саломалайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ. Созен, хубен, тенҷен… Хайр, як шарти эълонкунӣ гапзаниям нестай. Рӯзи шанбе соати 8 фароғатгоҳи байнда ҷамъ шудан даркорай. 9 да муҳтарам раиси ноҳияра қабул мнем да дураҳагӣ. Да унҷа меоя магазини акаи Ҳоҷӣ Сафарбег, баъд маркази деҳа, сартарошхона илтимос. Наворо, сиёмка, сурат. Як чиза гуфтаниюм, ки илтимос, илтимоси бародаронаву хешутаборона, ки ҳами хафагиё нашава ба ягон хоҷагӣ. Тозагия бқапе, бқапе, бачаҳо, наворо мешаван, салютои болоиҳо мешаван, наворо гапу чап зиёд нашавад, ки даруни деҳа, а у бландиёи куҳо навор мешава деҳа, ҳамаи и дар сиёмкаву наворӣ мешава, да телевизор пешниҳод мешава.
Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, тозагира якумдараҷа бқапе.
Баъд ҳами ҷавонои деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, на самом деле як кор бале намеге. Хай, мора ҳамин як сиёсатмо кардан, як рӯзи маъракаи ҳамин деҳада, раиси ноҳия шавошав рафтем, ай бачаҳои Бедак гардани каҷ кардем, мисол ҳамин Амирхуҷа бачаи фаъолай, дастгиримон кардай овардем, чиба ҳамин да барам намехезе гап занед, ки ҳамон камерчиски Шервон да мондагия, мондагия, уш қарибии хонаи акаи Холмаҳмаддаҳай… ҳамун чуқуриҳо ҳастан, кур нестан, дида истодаан ҳамун мардуми чи кайф мекардагие, ки истифода мебарад деҳа, накарда истодан ҳамуна дастӣ. Чико кунем ина. Погрузчик наёран, ки агане брам, дастш кунам, э, и обрӯи ҳамин деҳаяй, барои ободии ҳамин деҳа гап задестем. Охи, ба хонаи Шарифбега нагуфта истодему ба хонаи як каси дигара. И ҷо ҷаъмиятияй. Намеган, ки хай биё, ҳамин камбудиҳоя ҷобаҷо кунем, ки ҳамин деҳамона меҳмон мешава, у руз даҳ қишлоқ меёя, иқа талабаи беруна миёя.
И кор шухӣ нестай, э мардум. Ҳукумат меяё иҷа, амният меёя, раёсатуш меёя, прокуроруш меёя. Ин ҷо маъракаи чорабинии вазнин мегузара. И кори шухӣ нестай, э бародаро.
Ба сиёсати давлат бозӣ карда намешава. Касе мора туғрӣ бфаҳма, дар барам бхезе, ки имрӯз ма ин худм тоқа, қати Шарифбег бачам шубонӣ дорам, набераҳои акаи Маҳмагадо дар латок пушти масҷидан, дига ҳишки надида истодаам. Акаи Меъроҷидин ай пушти плакатову расмо, ки ваёра пага бо ҷобаҷокунешон. Акаи Мустафошам ҳамита хизмат дора. Кияй дига да бари ман. Илтимос, хоҳиш, ҷавонмардита ншон бте, ака.
Мо бояд ногуфта шумо биёе, мна ёрдам кнен, ки обрӯи деҳа ҳамиқа пеш брава».
3.Матни навор: Омодагии маҷбурӣ, ҷалби омма ва ҷамъ кардани туҳфаҳо
Дастурхони маҷбурӣ, тозагии ҳатмӣ ва иштироки умумии кӯдакону пирон
«Ассалому алайкум, ҷавонони деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ, созен, тинҷен, хубен.
Як эълона ба сари ҳамаи мардуми деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ брасонум, ки имрӯз ҷамоатда маҷлис буд, ай маҷлис бо ҳукумат фарёдмон кардан қати раиси ҷамоат рафтем, бо да ҳузури муовинони раиси ноҳия будем, ина бегаҳ бо да алоҳидагӣ раиси ҷамоата, раиси ноҳия бо фарёд кадай барои чорабинии кори деҳаи Ҳалқарфи бостонӣ.
Бачаҳо, эълон ҳамияй, ки рӯзи шанбе раиси калони ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода ана чи мешава, меҳмон мешава да деҳа, рӯзи откритийи ҳавай мешава. Маърака, чорабинӣ бақувват мегзара то ҳамуруза, бо ина хатчаям равон кадан да телефон, ки якум масала ай тозагишон сар шава, баъд тарафи ободониҳошову ҷаъму гири халқи мардумшо. Илтимос, да хоки потон, ҷонум, падвадит накунен ҳамун рӯзи раиси ноҳия омаданда. Ай ҳамат хоҳиш, илтимос, ки ҳами дару деволо тоза бошан, зану мард ҳама рӯзи омадани раиси ноҳия дар фароғатгоҳи байн маъракаи калон мегзара, ҳамиҷада ҳама иштироки ҳамаи пиру калон ҳатмияй да иштирокшон, бачаҳо. Иҷа туҳфаҳо мешававу фаъолои диёру деҳа туҳфа менему, мақсад, ки чорабинӣ хушрӯ мегузара, фаъолона иштирок куне. Ҳама, ҳама, ҳар як хоҷагӣ, илтимос, ҳама бояд биёян. Кудаку зану мард ҳама бояд биёян. Илтимос, хоҳиш. Касе, ки да самти ана ҷавонон нестай, илтимос, ҳамду ҳамсояҳотона, илтимос, хоҳиш, ки хабардор кне, ки аввал тозагии ҳаду маҳалҳошона бинан, ки сиёмкаи наворӣ мешава, раҳу рӯй тозагиҳо. Баъд ана чорабиниҳора кушода менан.
Маслиҳат ҳаминай, ки мактаби 84 медроян, ай мактаби 84 магазини тғои Сафарбега кушода мена, ай уҷа меёя, сартарошхонара кушода мена, бачаҳо, мости талабагузара кушода мекна, баъд пеши трибунаш меоя, вохӯрӣ ба халқ мешававу баъд туҳфатививу, мақсад, кору бору дига. Хай, ваёша акаи Абдуқадимӯ акаи Сунатуло чизои вазбинии кора ана ба уҳда гирифтиян у чизои вазбин. Бо хела сабуктарем, бачаҳо. Хоҳиш, илтимос, касе хайрхоҳ бошад, ина пеши пояш (сарша поин мекна) яг комплекти чойнику пиёла мегирад, я тефал мегира, ина ай магазини Сунатулояй, а магазини Абдуқадимай. Марҳамат, касе, ки хайр мена, биёра. У руз Рӯзи падаркатийияй. Хайр кнен, брава. Касе, ки хайрхо боша, да бармон бхеза.
Ош барои талабаҳо мешавад ай ҳисоби акаи Ғайратшо. Даҳ кило бринҷа ош менем. Ҳамина мо да нақша, да гузориш да ҳукумат пешниҳод кардагием, бачаҳо. Рӯзи иди деҳаи Ҳалқарф ҳастай. Илтимос, ай ҳама илтимос, ай ҳама, ҳами, ки фаъолона иштирок кунед. Касе, ки да группа нестай, хотиррасон кунед. Ай ҳаматон хоҳиш, илтимос, ҷавоби ура бгардоне».
Ана ин буд омодагиҳо ба истиқболи Зарина Идизода, раиси калон: туҳфаҳо аз ҳисоби хайрхоҳҳо, деги оши палав ва кудакону мусафедони ришсафеди ҷамоати Навдӣ, деҳаи Ҳалқарф ва ташвишу сарсониву саргардониҳо, ки дар рӯзи 16 ноябр Зарина ба ин деҳа «ташриф» фармуда буд.
Вай худаш махсус супориш додааст, ки «пешвозгирии маро камтар аз Ҷаноби Олӣ накунед, ки душманҳо сӯзану муран. Нишон тийед, ки мара мардуми Ғарм дӯст медоран. Дар ҳақи ма мусафедо дуъо кнан, духтаро рақс ва суруд хонанд. Растаи ҳунармандо ташкил кунед…» Аммо ин Ледӣ андеша накард, ки харҷи ин сафари кории вай барои кушодани иншоотҳои ҷашнӣ, ба шумули сартарошхона, чаро бояд ба дӯши мардуми камбағал бошад?
Хулоса: Ледие, ки хароҷоташро мардум медиҳад
Сафарҳои зоҳирии идона, аммо бо азобу хароҷоти мардуми деҳаҳои камбизоат
Ҳикояи «Ледии Ғарм» ва як мулоқоти зоҳиран «идона» дар деҳаи Ҳалқарф, дар асл муодилаи дақиқи тамоми низоми зулму ғорат дар Тоҷикистон аст. Ҳама чиз бо номи «пешво», ва таъбирҳои «ид», «таҳаммулпазирӣ», «рушди деҳот» ва «ободонӣ» оғоз мешавад, аммо поёнаш ба ҳамон ҷо мерасад, ки мардуми камбағал маҷбур мешаванд аз маоши 1100-сомониаш барои гӯшт, барои ош, барои телевизор, барои нашрияи ноҳиявӣ ва барои «обруи деҳа» пул диҳад. Пешво ва «ледӣ»-ҳои ӯ механданду мегарданд, мардум қарздор, таҳқиршуда ва тарсу мемонад.
Ин нома садои як деҳаи дурдаст нест, садои тамоми Рашт, тамоми Ғарм ва дар асл, тамоми Тоҷикистон аст. Он чӣ дар Ҳалқарф рух дод, имрӯз бо шаклу чеҳраҳои дигар дар даҳҳо ҷамоат ва ноҳия такрор мешавад: чоплусӣ, обунаи маҷбурӣ, «сафарҳои корӣ», сафҳо барои пешвозгирӣ, гиряҳои кӯдакон дар сармо барои қарсакҳои ҷонбдорӣ задан, дуъоҳои сунъии пиронсолон барои умри тӯлони «пешво». Ҳама чиз ба хотири он ки чанд нафар дар район ва ҳукумат сабти навор дошта бошанд ва дар назди болоиҳо ҳисобот диҳанд: мардум «шукргузор» аст.
Лек, ҳамин нома нишон дод, ки тарсу хомӯшӣ абадӣ нест. Деҳқон, омӯзгор, табиб, муҳоҷир ва корманди оддии идора вақте мебинад, ки барои як «сафари корӣ»-и раис хонааш ғорат мешавад, дигар дар вай суол пайдо мешавад: ин кадом давлат аст, ки ба ҷои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳисобашон хӯроки «ледӣ»-ҳоро мепазанд? Ин кадом «пешво» аст, ки ободиро аз ҳисоби ба гардани мардум бор кардани обуна, семент, рег ва телевизор месозад?
Мо ин номаҳоро нашр мекунем, на барои он ки ягон раиси ҷамоат ё як «ледӣ»-ро танҳо бадном кунем. Онҳо танҳо пайкари хурд аз як дастгоҳи бузурги зулманд. Аммо ҳар боре, ки як деҳаи дурдаст тавре ки Ҳалқарф ин нописандиҳоро номбар мекунад, ин девори тарсу сукут як хишт заифтар мешавад. Ҳар нафаре, ки ҷуръат мекунад ва номи худро, номи деҳаашро, номҳои чоплусон ва ғоратгаронро менависад, як қадам ба сӯи ҳамон рӯзи озодӣ мегузорад, ки дар он на «Ледии Ғарм» ва на «Ҷаноби олӣ», балки ХАЛҚ соҳиби аслии мулк ва сарзамин хоҳад буд.
То он рӯз, мо садои ин деҳқонон, омӯзгорон ва мардумони оддиро боз ҳам баландтар мерасонем. Чунки тавре яке аз қаҳрамонони ин нома навиштааст: «Ба Худо, бародар, дигар қишлоқҳо задагианд и Ледиро…» навбат ба тамоми кишвар мерасад, ки ин «ледӣ»-ҳо ва «ҷаноб»-ҳоро аз бори гардани худ бизанад, пеш аз он ки онҳо пурра нафаси мардумро бигиранд.
Поёни бахши чаҳоруми Ledy from Ғарм №4, бахши панҷумро ҳам интизор бошед!
