Нашри имрӯзаи барнома аз номаҳои мардум аз навоҳии Деваштич, Данғара, Ғафуров,Темурмалик, Нуробод ва Ашт омода шудааст.
Аз Деваштич-Ғончии пешина муаллиф аз порагириву порахӯрии масъулин, аз ҷумла раиси ноҳия ошкоро ҳарф задааст. Ба навиштаи муаллиф раиси ноҳия барои сохтмони беморхона, ки бо пули муҳоҷирон ва ҳашари мардумӣ сохта шудааст, то 50 ҳазор сомонӣ ришва нагирифтааст, иҷоза надодааст.
Муаллифи мо аз Данғара аз он шиква кардааст, ки Раҳмонов тӯли 33 соли кориаш фақат ба он деҳаҳои ноҳия меояд, ки дар онҷо ин ё он мансабдор сохтмоне дуруст карда бошад. Ин муаллиф аз Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) шикоят кардааст, ки барномаҳои сафари Раҳмонов ба ноҳияро тавре таҳия мекунад, ки Раҳмонов аз аҳволи ними мардум бехабар мемонад.
Нависанда аз ноҳияи Ғафуров аз Нусратулло Салимов, раис ин ноҳия навиштааст, ки кораш фақат дуздиву порагирӣ аст.
Вале муаллифи мо аз Темурмалик дар бораи як муллои зинопеша навиштааст. Беҳтараш ин номаро худатон бихонед.
Ва номаи аз Ашт омада аз мавридҳои таъқиби доимии амниятиҳо қарор гирифтани ашхоси намозхон шикоят кардааст:
Деваштич
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ташаккур, ки қисмати аввали номаи моро дар барномаи пешина ҷой додед. Дар номаи пешинаи ман аз Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, аз участковий ва аз кормандони Уголовний розиск шикоят карда мешуд.
Инро бояд зикр намоям, ки дар мо участковий, уголовникҳо ва раиси танзим Ғуфронов Имомаддинро гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гӯем ҳам хато намекунем.
Дар ҳар деҳаҳои минтақаи Калининобод группаи Ватсап- Ободии диёру маҳал фаъол кардаанд ва бо зӯриву шантаж, маҷбурӣ аз муҳоҷирон пул ҷамъ мекунанд.
Соли гузашта роҳи дохили Калининободро бо пули муҳоҷирон асфалтпӯш карданд. Бовар кунед он қадар мақомот ва ҳукумати Деваштич беинсофанд, ки барои иҷозати асфалткунӣ пора талаб карданд. Ҳар деҳа 10000-15000сомонӣ ба ҳукумат бурда дод, сонӣ ҳукумати Деваштич, яъне Ашуралӣ Ҷалилзода иҷозат дод, ки асфалт кунанд! Аз пушти дер додани иҷозат як қисми роҳ, ки дар зимистон асфалтпӯш шуд, аллакай то баҳор вайрон гардид!
Дар деҳаи Қалъаи Дӯст имсол президент омад, видеояш дар Ютюб ҳаст, барои кушодани беморхона. Ин беморхонаро аз пули муҳоҷирон ва сарватмандони деҳа сохтанд! Барои иҷозати сохтмони ин беморхона 50ҳазор сомонӣ ба ҳукумати ноҳия доданд, токи иҷозат диҳад. Ба ҷои онки ҳукумат 50ҳазор кӯмак кунад, мардум иҷозати сохтмонро хариданд.
Масъалаи барқ! Дуздии коргарони барқи Калининободро ҳама медонад, аммо касе кор намегирад. Дар ин минтақа зиёда аз 100скважи обӣ ҳаст. Ҳар хоҷагӣ гурӯҳ шуда дар масофаи 10-15км линия труба кашида ба заминҳояшон бурданд. Ҳама мардуми ин минтақа картошка мекоранд. Барои иҷозати светавой сари як скваж 8000-10000сомонӣ медиҳӣ. Дар худи хоҷагии мо 5 скваж ҳаст, ки барои иҷозати кори он 40000сомонӣ медиҳем. Лимити барқ дар мо ҳатто дар тобистон ҳам ҳаст. Дар мо доим рӯзона 7-8соат баркро хомӯш мекарданд. Вақте сабаб мепурсӣ-светавой ремонт мегуяд. Агар хоҳӣ, ки барқи скваж хомӯш нашавад 5000сомонӣ медиҳӣ ту аз лимит озод!
Ҳар як скваж то тирамоҳ 10000сомонӣ зиёд пул мезанад. Маблағи мо деҳқонҳо барои пардохт тайёр. Аммо светавой намехоҳад, ки мо ин пулро пардохт кунем. Ба мо мегӯяд, ки барои шумо 50% скидка, 5000сомонӣ диҳед, чек напурсед, мо худамон рафта счёчикро нол мекунем! Ин маблағро ба ҷайбаш мезанад ва бо коргарони барқ меравад счёчикро нол мекунад ё счётчик вайрон шудаааст гуфта нав мезанад. Вале агар розӣ нашавӣ соли дигар иҷозат намедиҳад ва мегӯяд бояд 10ҳазор сомонӣ пешпардохт кунед, сонӣ иҷозат. Маълум аст ки дар вақти кишту кор дар дар деҳқон пули нақд нест. Маҷбур ба шарти световой розӣ мешавем!
Хулоса, инки обро худамон дар масофаи 10-15км труба хобонида меорем, трансформаторҳоро худамон мехарем, роҳро худамон таъмир мекунем, болниса ва мактабро худамон бо муҳоҷиронамон месозем. Аммо бар зами ин болои мо мардум ин қадар зулм аз тарафи мақомоти давлатӣ!
Боз ба ин дурӯғ мутаваҷҷеҳ шавед. Аз Хуҷанд рафта станоки пойафзолдӯзии як соҳибкорро оварда ва мошинаи либосдӯзӣ оварда насб карданд. Баъди баргашта рафтани президент бурда додем. Ин пойафзолҳо, ки намоиш доданд аз они мағозаҳои Қлъаи Дӯст буд. Ин станокҳоро аз соҳибкор раиси ноҳия ва раиси вилоят то рафтани президент гирифта доданд, то ки президент бинад. Ин появфзолҳо ини магозахои дехаи Калъаи Дӯст. Раҳмоновро ранги кӯдак фиреб карданд.
Мардуми деҳаи Қалъаи Дӯст нақшаи сохтани ин беморхонаро соли 2021 кашиданд ва аз мардум маблағ ҷамъ карданд, аммо ба таъхир афтод, аз сабаби норозигии раис ноҳия. Сонӣ боз маблағ ҷамъ карда роҳҳои даруни деҳаро асфалт карданд.
Боз соли 2023 маблағ ҷамъ карданд барои сохтани беморхона ва ба раиси ноҳия 50ҳазор сомонӣ ришва доданд, сипас раис розӣ шуд. Охир то ба кай мо дар ин зулм ва сахтӣ бояд зиндагонӣ кунем?
Данғара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро аз Данғара бароятон менависам.
Ман як ҳолати воқеӣ вале аламоварро ба шумо ҳикоят мекунам. Чанде пеш сафари навбатии Раҳмонов ба Данғара сурат гирифт ва Раҳмонов чун ҳарвақта ба қишлоқҳое рафт, ки аз он қишлоқҳо мансабдорон ҳастанд. Ягон маротиба дар ин ҳама сол, ки Раҳмонов Президент аст- 33 сол зиёд мешавад, як ё ду маротиба ба Сангтуда ҳамон ҳам барои ГЭС ва як маротиба ба Саргазон, ки хатти роҳи оҳан кушоданд, рафтааст.
Э, мардум шумо боз аз вай хафа мешавед, ки дигар ҷойҳо намеравад, намебинад. Ин курнамаки Эмомалӣ мардуми ҳамсояҳои худашро 30 сол мешавад намеравад намебинад, шумо куҷо?
Ба дараҷае ин лаънатии Сумбулоғо Раҳмонов ранги Кукла тоб медиҳад, ки намемонаш рафтан.
Ман ба ин кукловод гуфтанам, ки бидон, ки Данғара аз район ва чанд қишлоқе, ки ту меравӣ, иборат нест. Барои чи дар 33 сол дигар қишлоқҳо Раҳмоов намеравад? Арвоҳи ҳамон бачаҳои Данғара, ки хестану бо фиреби шумоҳо вориди майдони ҷанг шуданд, ки Эмомалӣ ба қудрат расид шуморо ором намегузорад. Ту имон надорӣ Асадулло Раҳмон.
Аллоҳ шоҳид дар 30 сол зиёд ягон маротиба ба кишлоқҳои Гумсу, Лаҳур, Чолтов, Эгизак, Паси гачу нарафтааст.
Бо ин аблаҳи Эмомалӣ дар пеши ҳама сағераашро мехезонад кино мекунад, спектакл нишон медиҳад, мегӯяд, ки «ту серӣ, ту ҳама чи дорӣ, ту бояд хонаҳои одамои одӣ рави пурсӣ».
О ту к@зани курнамак худат ҳамсояҳоят, қишлоқҳои ноҳияро дар 33 сол намеравӣ бубинӣ, «и герчик ай кҷо и корора мекна». Қишлоқҳо 33 сол мешавад об надоранд. Мардуми Данғара ганда дилаш аз ту мондагӣ. Баъзеи онҳоро дар Маскав бачаҳо диданд, ки ҳоли зор доранд. Дар қишлоқи Пушинг замину хонаҳояшонро гирифтаанд барои сохтмонҳои нав аммо бар иваз дар як ҷойи беоб замин додаанд. Барои баъзеҳояшон бошад фақат ваъда додаанд, ҳатто дар ҳамон ҷо ҳам замин надодаанд.
Онҷоҳо, ки ту меравӣ ва мардум мебароянд нимаш хешони ҳамон вазифадорон дигарҳояшро маҷбурӣ мебароранд пешат:
«Эмомалӣ тра сарта и Сумбулоғои к@ндарида хурдай, дарак надорӣ. Мардуми Данғара сахт ай ту хафаҳан, сахт. Наход ту заррае виҷдон надошта бошӣ, ки я рӯз равӣ қишлоқҳои Данғарара бинӣ вале ҷудо карда ва фақт ба қишлоқҳое равӣ, ки пешакӣ барои омадани ту тайёр кардаанд. Агар баъзеи и қишлоқаро бинӣ, мумкин ё Сумбулоғо убратат кунад ё ту Сумбулоғоро чунгурак монӣ. Руи ин Сумбулоғо дар ду дунё сиёҳ. Ба ном «куратори Данғара». Дар чанд ҷо гуфтааст Сумбулоғо: «Паҳ и муаллима аҳ серӣ надорад. Миёном шалақ шуд. Ҳар рӯз дору мехурам, ки талаботша қонеъ кнам» Майлаш дигар минтақаҳора соҳибкоро обод мекунанд, дар ҳоле, ки ин кори давлат аст ва набояд соҳибкорҳоро ба ин корҳо маҷбур кард.
Рост гуфтаанд Тоҷиддин Пиров ва Анвари текстил, ки бояд «и калағавса вақтшда убрат мекадан».
Б.Ғафуров
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хубу хуш бошед.
Дар чанд барнома дар бораи Салимов Нусратулло Файзуллоевич, раиси ноҳияи Ғафуров, аз калонтарин навоҳии Тоҷикистон гуфта будем. Тибқи маълумотҳое, ки аз ҳукумати ноҳия ба дасти мо расид Нусратулло Файзуллоевич, ки худро дар ноҳия шоҳу табъашро вазир медонад аз чанд нафар хафа шудааст ва шубҳа карда истодааст, ки шояд ҳаминҳо ба «Ислоҳ» гапҳоро равон кардаанд. Яке аз онҳо котибааш Мунирахон аст. Ин Мунирахон фақат котиба нест. Ҳамаи корҳои «черний»-и раисро медонад ва аз тамоми сиру асрораш бохабар аст. Ҳамин котибааш Мунирахон гуфтааст, агар раис «ай ма бадгумон боша, ма доказатш мекнм, ки ма нестм. Ма, ки мегуфтм кору борои раиса, оли кайҳо раис бари Зайд Саид мерафт. Манам беақл нестм. Ҳамаи движенияҳои кадагии раиса чи да вақти вазири тандурустӣ бданш, чи да вақти раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бданш ва чи ҳозир, копия када мондестам. Агар яке мара убрат каданӣ шава ё кна, ма дар дасти одами боваринокм додагийм, сразу Прокуратураи Генералӣ, Коррупция, Президент, Рустамда рои мекна, ана ба гуҳша гашта мехра».
Я ай ЮНИСЕФу WFP ва дигар созмонҳои хориҷӣ, аз грантҳо ва проектҳояшон чандин миллион доллар гирифтагӣ аст дар вақти вазири тандурустӣ буданаш. Як моҳ пеш аз вазирӣ гирифтанш, кадоме аз дастгоҳи Президент хабараш дод, ки мегиранат, пулҳояшро ба номи дигарҳо дар банкҳои хориҷӣ счёт кушоду гузаронд. Камтар, ки тинҷ шуд баъди аз вазирӣ рафтанш, оҳиста-оҳиста пулҳояшро обратно даровардан гирифту бачааш домсозиро сар кард. Бачааш ҳам як чи сағераи сохтакори қаллоб аст. Дом месозад, ними ҳуҷҷатошу имзоҳош сохтакорӣ кардагиян. Э, хуб мекнан ҳами ҳукумата ғорат мекнан. То чи дараҷа куран калоно, ки намебинан дуздиҳора. Аҷоиб.
Темурмалик
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз қишлоқи Ҷайралии ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик аммо ҳоло дар муҳоҷирати кориам ва берун аз ватан қарор дорам. Як маълумот, хабари бисёр ҳам нохуш ва риққатборро дар бораи як нафар мулло бо номи Носир Ҳалимов ба шумо ирсол менамоям. Худи ман феълан дар Русия ҳастам. Ин маълумтро аз деҳа фиристода хоҳиш намуданд, ки ба шумо бирасонам.
Носиров Ҳалимро ҳама дар ин ҷамоат ҳамчун мулло Ҳалим мешиносанд. Вай муллоӣ мекунад. Аммо, аз ин гуна муллои зишткори зинопеша худо ҳам безору халқ ҳам безору мақомот ҳам ва боиси обрӯрезии муллоҳои дигар ва забондарозии душманони ислом мешавад. Ин ба ном мулло бо чанд духтар ва ҳатто занҳои шавҳардор робитаҳои маҳрамона карда ва он духтарҳову занҳоро расво ва шарманда кард. Як духтарро бо номи М ва духтари дигареро бо номи А чунин кард, ки ҳоло дар деҳа ҳама аз онҳо ҳазар мекунанд.
Зани шавҳардор номаш М… соҳиби се кудак, ки шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Ин зан ҳамсояи ин мулло аст. Шавҳараш З. дар Русия буд.
Шуъбаи амнияти миллӣ, ШВКД-милиса аз ин амали шанеъу зишти ин мулло бохабар ҳастанд. Ҳозир муҳоҷирони қишлоқи Ҷайралии ноҳияи Темурмалик, ҷамоати деҳоти Танобчӣ ба мақомот муроҷҷиат кардаанд. Аммо ин мулло
З- шахси ҷабрдидаро чи ба таҳдид ,чи ба зораву нола, ё чи бо пул даҳанашро баста ба ҷодугарӣ маҳкам кардааст. Мутаассифона ин нафари ҷабрдидаро аз деҳа гуфтанаш, ки «занта қати фарзадот гир ҷота ёб ин маҳала қишлоқ ҷои ту нест».
Ин бечора як сағераи камбағал аст ки аз рейди милисаи рус гурехт, ки ҷанги Украина наравад. Вай депорт шуда баргашта омад, бепул чи кор карданашро намедонад.
Ин мулло боз ҷойи онки шарманда бошад забонаш дароз аст.
Гуфтааст, ки ин гапи афсона аст. Вақте ба вай мегӯянд, ки гуноҳи бузург кардӣ, дар ҳақи ҳамсояат раҳм накардӣ, на ба худаш ва на ба фарзандонаш. Ту номи муллоӣ дорӣ, медонӣ, ки зино гуноҳи кабира аст.
Ҳозир баъзе аз бачаҳо гуфта истодаанд, ки ҳамаи кору кирдори ин муллоро, ки навору сабтҳои садоияшро доранд расонаӣ мекунанд ва ба мақомот таҳвил медиҳанд.
Аммо ин мулло он марди муҳоҷири камбали бекасро тавассути баъзе аз калонҳои деҳа тарсонида ором кардааст.
Мо, аз амнияти миллӣ ва аз милиса талаб дорем, ки ин масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ кунанд. Ин ҷинояти сахт аст. То ки барои ашхосе мисли ин муллои зинокор сабақ ва дарси ибрат шавад. Зеро садҳо ҳазор мардҳо ва ҷавонҳо имрӯз занҳояшонро дар ватан монда барои ризқу рӯзӣ Русия мардикорӣ мераванд. Онҳо бояд ором бошанд.
Ин ҷинояти зинокорӣ ҳамчун масъалаи амниятӣ миллӣ бояд дар қонун дарҷ карда шавад.
Агарчи тамоми СМСҳо, гапҳои фаҳшои ин мулло дар телефон ҳаст, ки гуфтааст, «к**та бухрум, иҷата бхрум, уҷата бхрум» боз инкор карда гуфта истодааст, ки дар ҳақи вай туҳмат карда истодаанд.
Ба як нафар гуфтааст, ки ин СМСҳо аз рӯи хатоӣ ба он зан рафтааст. Чи гуна хато будааст, ки соли дароз мукотиба карда будааст.
Боз гуфтааст, ки ин проблемаи зиндагии шахсӣ аст. Ва ҳатто бо таҳдиду воҳима ва беҳаёёна гуфтааст, ки «брен да любоҷо арз кнен, касе ҳиҷҷома хурда наметавона, да лубой ҷо бтен» гуфтааст».
Ҳама шоҳиданд як хешашон аз Данғара як духтараки зардинаи русмонанд доштаанд. Ба хонаи ҳамин Носир Ҳалимов меҳмон шудаанд. Пас аз чанде ин духтар ҳомила мешавад ва шарм нокарда духтарро бурда ба хонаашон Данғара мемонаду мегуяд бачаам як аҳмақи кард бо духтари шумо хай мебахшен. Дар ҳоле худаш ин корро бо он духтар карда ва бачаашро гунаҳкор кардааст. Омада бачаша гурезонида Русия равон мекунад. Бо ҳамин кор тенҷ ягон гап нашуд доду вой соҳибони духтар ҳам бе фоида. Чун амниятиҳо пуштибонияш мекунанд.
Ана барои ҳамин бояд КДМ ва ВКДи ноҳияи Темурмалик ин масъаларо расидагӣ кунанд ва ин ба ном муллои фосиқ ва зинкорро ба сазои аъмолаш бирасонанд. Ин Носир Ҳалимов бо амнияти ноҳия сахт дар иртибот аст ва бачаҳора бо амният таҳдид ҳам мекунад. Гӯйё амният гуфта бошад ба Носир Ҳалимов,ки ҳар касеро чикоре хоҳи кардан гир парво накун мо ҳимоятат мекунем. Ягона чизе мехоҳем ҳар шахсе диндор бошад ба мо маълумоташро расон тамом, дигар дар худат зелёни свет!
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баркотуҳу домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз Нуробод менависам. Барномаи навтонро тамошо кардам ва ба ёдм зулми амниятиҳо зад, ки муллоҳоро дашном мекард.
Ҳайдар дар ноҳияи Нуробод, дар Сафедчашма началники амният мебошад. Беҳади бад муллоҳоро дашном мекунад, муллоҳоро шум мебинад. Шогирдаш Сиёвуш мегуяд «ин давлати мо якум айбаш ҳамин аст ки мардум намоз мехонанд. Барои ҳамин ҳама камбағаланд. Ана мардуми Амрико ё Русияро бин бой ҳастанд. Тоҷикистон аз руй мусалмонҳо камбағал аст».
Ин гапро Сиёвуши амниятӣ ба раиси маҳалла дар ҷамоати Комсолобод мегуяд. Муллоҳи қишлоқоро ҳамаашро ба ҷамоати Комсолобод фарёд кард Ҳайдари амниятӣ ва гуфт, ки «ин гапро дар назди худованд ҷавоб мегуям ма».
Ҳоҷӣ Мирзоро гуфт 70 фоизи мардуми Кулобро Сурия роҳӣ кард. Эшони Нуриддиҷонро ҳақорат кард, ки вай як ҷангандози маккор ҳаст, барои ҳамин Ҷаноб овози ин сагро баст. Ҳайдари амниятии ҷамоати Сафедчашма саг мегуяд ҳамаи муллоҳои Тоҷикистонро. Занҳояшонро ҳақорат мекунад, духтарони ҳоҷӣ Мирзо ва мулло Абдуқодирро ҳақоратҳое мекунад, ки ногуфтанӣ. Муллоҳои бечора дам намезананд. Аз ҷумла хатиби Тегирмичи бечора аз ҷояш хеста гуфт «и гапҳоят таҳқир ва гуноҳанд».Ҳайдар тарафи хатиб гуфт, ки «хап кун,ки турам ҳози хойнат мезанм, делат мекнум ҳамаш дасти худам ҳастай».
Баъди ана ҳамин таҳдиди ошкорои Ҳайдар се рӯз пас хатибиро партофта гурехта ғарибӣ, ба Русия рафт. Ҳама мардум ошкоро мегӯянд, ки ин Ҳайдар бо шогирдаш Сиёвуш ҳардуяш шайтони калон ҳастанд.
Сиёвуш шогирди Ҳайдар Ҳайдарро дар амнияти райони нав меравад мефурӯшад. Мегуд, ки Ҳайдар мардуми Самсолиқ, яъне Сафедчашмаро гуфтааст, ки «намозотона дар масчид бхоне». Ба гуфте ин Сиёвуш вазифаи Ҳайдар дар Сафедчашмаро гирифтанӣ аст. Ҳайдар дигар ҷо меравад. Ин Нуробод барои онҳо ҷои пулканӣ будааст. Ба Сиёвуш маъқул шудааст. Сивуш гуфтааст, ки Нуробод ҷой сағерапарвар бдай. Иқа ғамшон метем бо мардум асал, гусфанд меорамон ки катишон хушру гап занем. Ба Ҳайдар фляги асал меоранд аз Сафедчашма, то зулмшон накунад.
Ҳозир дар райони нав 6-ой отдел кушода шудааст. Фақат барои риш мубориза бурда истодаанд. Дар Однокласники мекобанд, аз Нуробод бошӣ, бароят менависанд. Бо сайти духтарҳо аввал ҳамроҳат гап мезананд. Баъд мегуянд сурат парто. Партофтӣ, дар Русия бошӣ, тамом, вой бар ҳолат.
Аз мардуми Муҷахарф чанд касро фарёд карданд ба 6-ой отдел. Барои онки дар Одноклассники дар Русия будааст. Як ҷавон риш доштааст ва як муллои афғонро лайк мондааст. 20 ҳазор сомониашро гирифтанд.
Аз қишлоқи Қаланак, аз Тутхор, аз Шашволон, аз Сайдон бачаи камбағалро аз сайти Одноклассники як ҷураашро мебинанд, через ҷураи дигариаш – ҳамсинфаш тамом ин ҳамин аст ҳоли зори мо.
Боз ҳамин хел мардуми Нурободро 6-ой отдел шикор карда истодааст. Намефаҳмем мо ин давлати мо зидди дин буданаш маълум аст барои риш ва диндорӣ азоб медиҳанд. Охир бо акаунтҳои духтрҳо даромада шинос мешаванд ва сипас меқапанд ки чаро бо духтар гап задӣ пул мекананд. Охир ин чи гӯна низоми давлатдорӣ аст намедонем.
Ашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Хубу хуш ҳастед?
Алҳамдулиллоҳ барномаи Номаҳо аз ноҳияҳоро дида хеле хурсанд шудам. Таъсираш дар ҳақиқат ба ноҳия мерасад.
Ҳамин Аҳлиддин Ҳайитов, ки дар бораи вай дар номаҳои қаблӣ гуфта шуд гарчанде дар группа пул ҷамъ карда номерҳои Душанбе ситиашро гузошта бошад ҳам вале вай танҳо дар муддати се рӯз ба ин кор машғул буд ва идомаи корро ба Диловар Мамараҷабов дод. Ин маблағро дар асл ҳамин Диловар Мамараҷабов ҷамъ кардагӣ аст.
Ҳозир Диловар Мамараҷабов завучи калон аст. Падари вай Дилбар ако -як одами навча -дар бозор пахта ҷамъ мекунад, пулҷамъкунак. Ин корро вай анҷом додагӣ.
Ҳозир дар минтақа чунин гапу корҳо гузашта истодааст.
Участковийи Шайдон мо меёбем гуфта ваъда дода гусел кардаст. Намедонам чаро дар участкаи Шайдон ин корро карданианд? Участка. Понғоз истодаст аммо Шайдонро чиғидагӣ.
Ман ба ҷуз аз озодии ин миллат чизе намехоҳам, ба касе душманӣ надорам. Ин Дилмурод бачаи намозхони нағз буд. Русия рафта омад имсол. Ба масҷидҳо медаромад.
Рӯзи нашри барнома барои адои пешин мерафтам, Дар ҳавлии хонааш нишаста буд. Лекин, мутаассифона, инҳо ғоратгарони мардуманд ва бо Раҳмонованд.
Додоҷон Мақбулов ҳам бачаи нағз , Худо ҷазои хайраш диҳад. Ин корҳоро барои ҳамин мардум кард. Лекин пул талаб кард.
Дар вақташ вақти зинда будани раҳматӣ домулло Абдураҳим Додоҷон Мақбулов бо домулло Абдураҳим хонаи ҳоҷӣ Мирзо рафтагианд. Хонаи ҳоҷӣ Мирзо рафтан пас, ҳоҷӣ Мирзо дар пеши Қаландар ман сухан намекунам гуфта сухан кардагӣ не. Домулло сухан кардагианд
Додоҷон Мақбулов ба домулло Абдураҳим қайнағо. Ман фикр мекардам, ки ин одам таълимоти одамро грифтагӣ аммо хато кардаам.
Дирӯз намози ҷумъа рафтанба. Дар роҳ амниятие, ки чанд нафарро чанд вақт пеш бурда буд ҳамин поида шиштагӣ будааст. Бо як мард гап зада истода будааст. Вақте ин бародар гузаштааст дидаасту истодааст. Баъд боз ба раҳи бозор омада бо як зан гап зада истодааст, боз ин бародар гузаштааст пиёда. Аз ҳамин бари масҷди домулло Абдураҳим пиёда рафтанӣ будааст, боз дидаст. Боз рафта аз мактаби Пулод Ниёзӣ дар росташ расидааст, ки боз гузашта рафт. Дар дари беморхона рафта истодааст дар ҳамонҷо назоратро давом додааст. Ин бародар рафта ба масҷид даромадааст намозро хонда баромадаасту дигар надидааст ӯро, ҳаминхел мардума мепоянд,ки куҷо меравад.
Амниятиҳо ҳозир ҳамааш медонад гапу корҳоро.
