Ду нома аз Душанбе, як нома аз Айнӣ, як нома аз Нурободро дар ин навбати барномаамон омода ва пешкашатон мекунем.
Номаи аввали Душанбе аз фасоду фиребкориҳо дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон маъруф ба номи Донишгоҳи славянӣ ва дар бораи яке аз роҳбарони ин Донишгоҳ бо номи Золотухин ҳикоят мекунад. Нависанда мегуяд, ки Золотухин ҳам фаҳмидааст, ки худро дар зери чатри хешовандони Раҳмонов дароварад, корҳояш хуб пеш меравад. Золотухинро Баҳром Холназаров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва домоди бародари Эмомалӣ Раҳмонро оварда ноиби ректор таъин кардааст.
Муаллифи нома аз Рарзи Айнӣ аз он шикоят кардааст, ки пули ёриҳои башардӯстонаи созмонҳои хориҷӣ дар дасти шахсони алоҳида меафтад ва онҳо ин маблағҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд.
Номаи Нуробод аз порагириву порахӯриҳои масъулони ноҳия, табибони зоишгоҳ ва аз ноуҳдабароии раиси ноҳия суҳбат мекунад.
Номаи охири барнома аз як муаллифи доимии мо аз Душанбе аст ки дар бораи Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амният ва Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон маълумотҳои ҷолиб медиҳад:
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ин номаро барои Шумо менависам, то ки дарду аламамонро ба Шумо ирсол кунам. Аз Шумо хоҳиш мекунам ин номаро ба пуррагӣ барои тамошобини худ бихонед.
Номае, ки аз тарафи Шумо дар бораи декани факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи славянӣ Золотухин Алексей Валериев нашр шуда буд ҳама факту далелҳояш 100% рост мебошад.
Вақте он нома нашр шуд тамоми факултаи ҳуқуқшиносӣ хурсанд шуданд ва фикр карданд, ки Золотухинро аз кор мегиранд, аммо ӯ хешу табори Президентро барои худаш ҳамчун сипар ба кор оварда бо ҳар гуна найрангу бозӣ худро ҳифз мекард. Яке аз ин одамҳо Баҳром Холназаров, домоди Нуриддини акаи Президент аст.
Аммо баъди ин қадар бадиҳо Золотухиноро муовини ректор оид ба корҳои илм таъин карданд. Пеш аз ин муовини ректор оид ба корҳои илм Русакова Марина
Васильевна як инсони босавод ва мутахассиси соҳаи филология буд.
Аммо сад афсус одамҳои босавод дар Тоҷикистон қадр надоранд. Дар айни ҳол декани факултаи ҳуқуқшиносӣ Ҳамроев Ш.С. мебошад-беҳтарин инсон. Ин факулта аз Золотухини найрангбоз халос шуд, аммо акнун Золотухин А.В. тамоми донишгоҳро идора мекунад.
Солҳои аввал тамоми донишгоҳ фикр мекард Золотухин Алексей Валериев як шахси дуруст мебошад. Вақте дар бораи факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳар гуна гап мешунидем бовар намекардем. Акнун бошад аз вақти таъин шуданаш ба вазифаи муовини ректор барои тамоми донишгоҳ собит шуд, ки як шахси бемаърифат ва худпараст мебошад.
Золотухин А.В. аз вазифаи худ суистифода мебарад. Ин гапи хушку холӣ нест, балки асос дорад:
Дар назди Донишгоҳи Славянӣ мактаби миёнаи No14 қарор дорад ва тамоми кормандони донишгоҳ ба ин мактаб бе ягон проблемма фарзандони худро мебурданд. Ин мактаб ба муовини ректор оид ба корҳои илм итоат мекунад яъне ба Золотухин А.В. Вай дар навбати худ роҳи чӣ гуна пул кор
карданро пайдо кард, мисли як бизнес ва то 2.000 доллар барои ба мактаб қабул кардани фарзандони мо талаб мекунад.
Ман як омузгори одӣ дар донишгоҳ ҳастам ва бо як маош зиндагӣ мекунам аз куҷо метавонам 2.000 доллар пайдо ё ин ки ҷамъоварӣ кунам.
Солҳои пеш Донишгоҳи Славянӣ беҳтарин донишгоҳ дар Тоҷикистон буд. Омузгорон маошҳои хеле хуб ва мукофотпулӣ мегирифтанд. Инро ҳамаи омузгорон ва ҳамаи кормандон тасдиқ мекунанд. Аммо аз рӯзе, ки Золотухин А.В. ба вазифа нишаст мо умуман мукофотпулӣ намегирем ва маоши хеле паст мегирем.
Золотухин А.В. ҳамаи хешу таборашро дар назди худ ҷамъ кардааст. Дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ клиникаи ҳуқуқӣ фаъолият мекунад ва ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад ва донишҷӯён дар ин клиника давраҳои таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Бори аввал ба ин вазифа додараруси Шукуров Руслан, баъд зани Шукуров Руслан – Шукурова Наргис, баъдан Пияров Вячеслав (ҳамкурси Золотухин Алексей Валериев ) омаданд.
Барои ҳар як навишта дар рӯзномаи донишҷӯён 200-300 сомонӣ пул мегирифтанд ва то ҳол ҳам мегиранд.
Шукурова Наргисро мудири кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ таъин карданд. Аммо бояд зикр кунам, ки вай дар ихтисоси худ кор намекунад.
Шукурова Наргис як хоҳар дорад ба номи Ҳайдарова Нозанин, ки зани бародари Золотухин Алексей Валериев мебошад. Айни ҳол дар магистратура мехонад вале умуман ба дарсҳо намебиёяд. Аммо дар клиникаи ҳуқуқӣ ба ҳайси мутахассиси пешбар кор мекунад. Ба кор ҳам намебиёяд вале музди меҳнатро пурра мегирад. Магар инҳо ҷиноят ва қонуншиканӣ ба ҳисоб намеоянд?
Пеш аз ин Шерматова Ирода дар клиника кор мекард, аммо ин шахс тамоман дар Тоҷикистон набуд, берун аз кишвар буд ва дар Русия қарор дошт. Дар тамоми ин муддат музди меҳнат мегирифт. Ин маълумотро дар чанд дақиқа исбот кардан мумкин аст.
Боз як қонунвайронкунӣ аз тарафи Золотухин Алексей Валериев. Вай худро мисли Корол тасаввур мекунад. Золотухин ҳамаи хешовандон ва наздиконашро дар гирди худаш дар донишгоҳ ҷамъ овардааст. Ҳатто тозакунандаи ҳуҷра –полшуякҳоро аз наздикони худ таъин мекунад.
Ба наздикӣ барои наздиконаш шӯъбае кушод, ки дар он шуъба маоши хеле хуб мегиранд (Ахмедова Тахмина, Боровицкий Александр ва ғайраҳо) Вақте мо мепурсем, ки мо ҳам мукофотпулӣ мегирем, мегуянд пул нест, дар бухгалтерия пул надорад.
Мо, ҳамеша дар Соли нав, Иди Навруз, Рӯзи Истиқлол ва Иди муаллимон мукофотпулӣ мегирифтем. Аммо ҳоло ин мукофотпулӣ аз байн бурда шудааст.
Боз як ҳамкурс ва дӯсти наздики Золотухин Алексей Валериев-Насков Диловар мебошад. Вай аз факултаи ҳуқуқшиносӣ аст ва дар дигар факултетҳо аз фани коррупсия дарс медод. Дар охири ҷаласа вай аз ҳамаи донишҷӯён 150 сомонӣ ҷамъ овард.
Золотухин бо мошини Лексус мегардад. Савол ба миён меояд аз куҷо ин мошин? Бо музди меҳнати худ харидааст? Барои чи коррупсия назорат намекунад? Одамҳое, ки ҳазор-ҳазор доллар мегиранд мақомоти коррупсия гум мешавад.Золотухин Алексей Валериев ҳама вакт метарсонад бо Прокуратура, Коррупсия, УБОП, ВКД ва амният. Дар ин чандин сол кормандони зиёд аз кор рафтанд аз дасти Золотухин А.В. Барои ҳамин аз ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш карда
мешавад, ки чораҳо андешанд. Дар донишгоҳи мо боз як проблеммаи дигар ҳам аст. Агар пеши ин проблемма гирифта нашавад баъдан мисли роҳбари фурудгоҳи Душанбе Исматулло Абдуллозода мешавад ё ин ки аз Исматулло Абдуллозода ҳам мегузаронад.
Сухан дар бораи Одинаев Аҳлиддин меравад, ки худро декани шуъбаи ғоибона муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки ман ин вазифаро ба касе намедиҳам. Ин одамро аз куча оварда ба вазифа шинонданд медонед?. Вай ягон дараҷаи илмӣ надорад. Ба назар мерасад, ки ин одамро одам назоидааст, мебахшед аз чунин дағалгӯӣ. Одинаев Аҳлиддин ҳамагӣ ду сол пеш омада буд.Ягон хел мошин надошт, дар маршрутка меомаду мерафт. Аммо ҳоло ҳафтае пас мошин иваз мекунад. Бо муаллимон ва донишҷӯён рафтори дуруст надорад. Гуё дар бозори Корвон аст. Имтиҳонҳо ва зачетҳоро руи рост мефурӯшад. Аз ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш мекунам, ки нисбати ин одамон санҷиш гузаронанд.
Дархости махсус аз муҳтарам Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки пеши роҳи ин одамҳо гирифта шаванд, то ки дигар аз номи шумо ё аз номи хешовандонатон барои мақсадҳои худ истифода набаранд.
Бародар Муҳаммадиқбол!. Пешакӣ ба шумо ташаккур мекунам барои нашри ин нома.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Рарзи шарифи ноҳияи Айнӣ ин номаро бароятон мефиристам. Дар бораи чанд нафар, ки ин деҳаро ба табъи худашон мехоҳанд рулит кунанд менависам. Яке аз онҳо Сарварҷон Тошбеков аст.
Сарварҷон Тошбеков аз самти тагоби Рарз хост хати об биёрад ба гузари Боғи сар. Онҷо агар хато накунам тахминан 3 гектар замини нокорам буд. Хост ин заминро об биёраду боғ бунёд кунад. Ба ҳамин хотир ҳамроҳи ҷиянаш Беҳруз Тошбеков корро сар карданд. Сарварҷон тамоми хешонашро ба ҳашари умумӣ гапзанон кард. (Ман дар номаи пешина, ки мунташир кардед ишора карда будам, ки мардикори бепул, ин мероси падари Тошбеков аст)
Қариби тамомшавии кор мардуми гузар (маҳалла) омаданду манъ карданд. Хуллас, мушаххас шуд, ки азбаски ин ёрдами хориҷа-ёрдами бебозгашт будааст, сабаби намондани мардуми гузар шудааст. Ба фикрам ин корро аз пеши худ ва нопурисда аз мардуми маҳалла карданӣ будааст ё ки мумкин мафияи Бобои Бакс бошад, ки обро овардан намонданд. Аммо акнун ва айни замон чи шудааст, ки барои хати об овардан ба муҳтарами номуҳтарам Бобои Бакс иҷозат дода шуд?
Инро чи хел фаҳмем, ки халқи гузар ҳама зид буданд, ки ин об барои гузарашон хафвнок мебошад вале барои чи ба Бобои Исмоили (бакс) иҷозат доданд? Ин ҳама бойбачаҳо аз фондҳои хориҷӣ ҳамчун хайр пулҳоро мегиранд, барои боғот, барои обёрии деҳот фақат ба дода мешавад. Шумо фикр накунед, ки Бобои бакс ва Сарварҷон Тошбеков аз кисаи худ ободӣ мекунанд. Не, не инҳо фақат як фикр доранд: ғорат ва дуздии ҳамин маблағҳои грантии хориҷиҳо.
Муҳтарам Бобои Бакс шумо бигуед ба мардуми Рарз, ки чанд каналро об овардед, чанд неругоҳи барқӣ сохтед? Аммо дар коғаз сохтам гуфта пулро гирифтед, шарм намекунед?
Неругоҳи барқи обии осиёи Мирҳофизро дар телевизони марказӣ нишон дода гуфтанд, ки ГЭС дар Рарзи ноҳияи Айни ба кор сар кард. Шарм намедорӣ бо ин фиребдиҳӣ? То кай давом медода бошад? Кай ин коркунони мақомот аз ин саркор- бобои Бакс пурсиш мекарда бошанд?
Ҳоло раиси ноҳия иваз шуд Акои Рӯзибой Раҳим, шояд ин раиси нав ба ягон хулоса меомадагист:- не ГЭС , не пул, не об, не хати Оби шафит, не хати Оби канал. Боз як ёрдами калони хориҷа ба дасти Бобои Исмоили Бакс омадааст.
Хати об аз тагоби Рарз ба Оби шафит овардани об. Аммо ин кор хеле осон аст, чунки чанд километрашро Сарварҷон Тошбеков канда тайёр карда буд. Ин ду саркор, ду дилсузи Рарз бо ҳам маслиҳат карда ҷойҳои хати обро иваз карданд. Бобои Бакс хати Оби шафитро гирифт, Сарварҷон хати оби аз тагоби Рарз ба гузарҳои Миро ва гузари Эшоноро гирифт Ба фикрам ин хати об зарурати аз масофаи дур оварданаш набуд ва ин маҳалҳо муҳтоҷи ин об нестанд. Беҳтараш Сарварҷон дар ҷуйи асосӣ ободӣ мекард. Об дарёи Зарафшон намерафту ба қишлоқ меомад, осон ва беҳтар мешуд. Ин корҳо асосан роҳи осони пул ёфтан, яъне списат кардан мебошад.
То кай ин мардумфиребӣ давом мекарда бошад? Мӯҳтарам Сарварҷон агар корат ба охир шаваду об омад, мо дуогуем. Метарсем, ки мисли станцияи телевизиони Душанбе нашавад.
Ҳар ширкати хориҷӣ, ки хайрия барои ободии деҳот медиҳад, аммо ин шермардони Рарз ба кисаи худ мезананду мақомҳои дахлдор сокитанд ва ё бо инҳо дар долия шариканд.
Ин чор марди бо номуси Рарз муҳтарами номуҳтарам Абдулаҳад, Бобои Исмоили бакс, Ҳайдаров Меҳроҷ, сардухтури Рарз Рарзро ба ин рӯз оварда расониданд. Ин бойбачаҳоро органҳо намепурсанд. Сабаб чи бошад, ки прокурор намепурсад, кумитаи бехатарӣ намепурсад, раиси ҷамоат намепурсад, раиси ноҳия намепурсад?. Мо инхел дигар намемонем ва ҳама ончи мебинем ҳатман ба «Ислоҳ» пурра ночаконда но резонда муфассал менависем, то ҳама дигар аз ҳама ҷузъиёт огоҳ шаванд. Чун дигар Генпрокуратураи мо «Ислоҳ» аст, на мақомоти ноҳия ва Вилоят!
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Сипоси фаровон ба шумо, ки номаҳои фиристодаи моро чоп ва навор кардед. Ман идомаи номаамро ба шумо мефиристам.
Як нафар ҳаст бо номи Ғайбулло, ёрдамчии Манучеҳри раиси дирексия оид куҷонидани хонаҳое дар минтақаи зериоб- шавандаи ҳавзи Роғун, қарор доранд. Ин одам, ки дар барномаи пешина ҳам дар борааш гуфта шуда буд, бар ивази пора баҳои хонаҳоро барзиёд менависад. Аммо камикам 50дар100-и онро худаш мегирад. Раиси ноҳия ин қазияро хуб медонад вале ҳеҷ коре намекунад.
Ҳоли Мулломуҳиддинро амнияти Нуробод, аз ҷумла Сиёвуши амниятӣ ба танг овардааст. Инро Хайбари манту мегуянд, бузи рақами яки Нуробод аст. Соли 2019 мардуми Нурободро бо писараш Каримҷон ва Садиров Раҷабалӣ бузҳои райони куҳна бисёр фурӯхтанд. Каримҷонаш ҳам буз ҳаст. Аз мактаби рақами як ангишт медуздид.
Дар бораи табибони ноҳия мехоҳам бигӯям
Болтаева Парвина момодояи Нуробод дар райони куҳна буд. Нархи пули занҳои ҳомила, агар духтарча ба дунё оварад 200 сомонӣ, писар бошад 250 мегирад, полшуякҳо бошанд100 сомонӣ мегиранд. Рушод мегӯянд, ки пули моро бидеҳ. Маоши давлатро мегиранд, боз пора мегиранд.
Бори дигар ба Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод гушзад карданиам, ки масъалаи порахӯрҳоро бин.
Аммо гапи даҳани ин раис ба мардум ин аст ки заминҳоро сабзӣ бикоред. Солеҳзода сабзӣ ва картошкаро қапидааст. Эй, Солеҳзода! Бе гуфти ту ҳам мардум худ медонад, ки чи кораду чи кишт кунад. Ту налоги заминро гиру дигр хомуш бош кордор нашав.
Охирин огоҳии мардуми Мучахарфро бигиред. Мо аз роҳи дароз ва бо мушкилӣ райони куҳна меоем. Поликлиника таги шоғазамин меоем, занҳои ҳомила меорем.
Болтаева Парвина момодояи ноҳияи Нуробод райони куҳна 200 ё 350 барои хоб мегирад. Дар палатаи алоҳида хобонӣ 500 сомонӣ мегирад.
Охирин бор хоҳиш мекунем аз шумо муҳтарам Солеҳзода! Масъалаи порагирҳоро ҷиддӣ бинед.Аз амният натарсед. Мо шуморо нагуфтем, ки масҷидҳои маҳкамро бикушо, барои онки наметавонӣ, ақалан пеши роҳи поргириро бигир!
Номерҳоятро наёфтам ҷаноби Солеҳзода вагарна худам зангат мезадам. Аз дасти ин духтурҳои порахурат безор шудааст мардум.
Мефаҳмонӣ, ки мо камбизоатем, санад дорем, ба назар намегирад, на Парвина, на Зарина дар райони нав.
Садиров Раҷабалӣ ҳозир бо милисаҳои Нуробод корро сар кардааст бо акааш Каримҷони нештатний. Ин Раҷабалӣ дар райони куҳна дар ошхонаи Таги чанор арақ мефурушад, Раҷабалӣ арақфуруши Нуробод аст.
Шуҳрат ҳамроҳи падараш Сайдаҳмад дар Нуробод ба хабаркашиву бузигарӣ машғуланд.
Шуҳрат Давлатов дар бораат маълумоти лозимаро дорем вале ҳоло боз кофтукоб дорем. Мо дида истодаем, ки ту чи тавр бо шайтанату фиреб мардуми Нуробод ва дигар ноҳияҳоро ба ҳаҷи умра даъват дорӣ. Аз дур муомилаи хушру дорӣ. Албатта, барои пул. Вақте мавсими ҳаҷ меояд одамҳо мефаҳманд ва мебинанд, ки рафтораш дигар мешавад. Аз пули мардуми камбағал хешу таборашро ҳач мебарад
Агар аз Муҳаммадиқбол ва аз Гурӯҳи 24 барои бузигарита бахшиш напурсӣ, қиссаҳо дар бораи онро, ки модарат чи кора буд пурра менависем.
Як гапатро ҳозир мегуям. Бо як ҳамсинфат гап задӣ, гуфтӣ дар ҳаки ҷаноб дуъо мекунам, тезтар режими амниятиаш халос шавад, дуъоям қабул нашуда истодааст. Амният безор кардааст, зуд дигар кас президент шавад, биёям Тоҷикистон
Шӯҳрати шайтон дигар корҳоят ҳам ҳаст. Ҳоҷиҳоро мазоҳ мекунӣ, ки «лаббайка»-ро намедонанд ва ба ҳолашон механдӣ. Боз ҳамонҷо як арус дорӣ дар бораи вай ҳам ҷустуҷӯ дорем.
Иброҳимов табиби ҷарроҳ ҳаст. Аммо ҳозир кудакҳоро назначений мекунад. Аввал 10 сомонӣ мегирифт, ҳозир бошад 20 сомонӣ кардааст пули назначенийи кудаконро. Ҳоҳиш мекунем, аз роҳи дур меоем, Иброҳимов ҳамон 10 сомониатро гир. Ё инки раиси ноҳия фарёдаш куну бигуяш, ки пул нагирад. Мо мардуми Мучахарф безор шудем.
Мо, мардуми Мучахарф,мардуми Зорун ва Ҳакимӣ ҳамаамон пеши ҳамин райони нав меравем.Аммо ин духтур ҳозир нархашро бардоштааст ва 20 сомонӣ кардааст.
Духтурҳои Нуробод ҳамааш ҳамин хел нархро баланд карданд. Аз ҷумла духтури пенсионер Шогирезов 20 сомонӣ, пенсионери дигараш Маҳмадов Сайдҷон духтури бемориҳои дарунӣ ҳам 20 сомонӣ. Ин Маҳмудов боз беморҳоро ба таври худаш ном мемонад, барои ҳамин Маҳмдовро ҳочӣ масхарааш мегӯянд. Инҳо духтурҳои пенсионер ҳастанд- аз соати 8 то 12 кор мекунанд вале ҳам маош мегиранд ва ҳам 20 сомонӣ пора.
Раиси Нуробод ҳамаи вазъиятро гуфтемат, фаҳмонидемат. Ту барои чи раис шудаӣ? Руят пушти дег барин сиёҳ шавад. Кори хуби туро мардум надида истодааст.
Нав мардуми Нуробод ин раисро «майдача» лақаб доданд.
Ин раис,ки як лақаби дигар «тақалача» ҳам дорад, «дида мебароем» гуфта гаштаст.
Амният уже фарёд карданро сар кард- Раҷабалиро, Ҷалолро.
Касофатҳо ба ҷойи онки порахурҳоро фарёд кунанд бузҳои худашонро фарёд кардаанд, ки аз кӣ шубҳа доред, ки ин маълумотҳоро ба Ислоҳ мефиристад.
Шумо бояд проблеммаро ҳал кунед, на инки нависандаҳои номаҳоро кобед. Ёфта наметавонед, чунки садҳо касанд, ки ҳам дар дохиланд ва ҳам дар хориҷа. Аз пушти ҳалли мушкилот шавед, на аз пушти нома навис. Агар мушкил набошад ва шикоятҳои моро дар ноҳия баррасӣ кунанд мо девона нестем ба Ислоҳ нависем. Камтар фикр кунед амниятиҳо!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд рӯзи пеш ҷаласаи Шӯрои амният доир гардид, ки кори онро Юсуф Раҳмон ба ҳайси котиби Шӯрои амният пеш бурд.
Бародар, ончи ки мову шумо оиди Юсуф Раҳмон гуфта будем, ки Кремл ба Юсуф Раҳмон ва боз нафароне ставка чун ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмонов кардааст, хато набуд. Кремл ба ягон котиби Шурои амнияти дигар ишварҳои СНГ ягон хел медал ё нишоне надода буд. Чанд вақт пеш, бо фармони худ В.В. Путин ба Юсуф Раҳмон ордени Дружба Народов дод.
Дар сафари Прокурори Русия, ки чанд рӯз пеш ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Прокуророни Генералӣ дар Душанб доир шуд, роеъ ба Юсуф Раҳмон таърифи зиёд кард. Агар вохуриро тамошо карда бошед, Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёт дар бари Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори Генералии Тоҷикистон шишта ранги саги вафодор ручка дар дасташ сарашро хам карда беист чизе менавишт.
Баъди вохурӣ дар бустонсарои ҳукуматӣ Музаффар Юсуфӣ гуфтаст, ки нав як одами босавод ба худамон Прокурори Генералӣ шуд: «Паати Юсуф Раҳмон бовар кунен умуман моддаи кодекса фарқ намекад. Факат мегуфт чанд сум мемона ай дела, чи хизмат мекнан, чи метан». Фақат кораш ҷамъ кардан буд.
Баъди аз онки қудои Ҷаноб шуд, камтар иштиҳояш кам гардид: «Онаша овбара қариб кисаҳомона мекофт, ҳар рӯз сумомона мегирифт. Ита гышнаша нав дидем. И паати Юсуфи Раҳмона ҷаноб бояд намедод вазифа. И паати Сафари бачаш бо дхтари Ҷаноба мезадай. Сағераи паат то дина рӯза кабинетои мо меомаду мо сумуш медодем. О, имруз домоди Шоҳ шидӣ, шукрона кун, гуфтааст Музаффар Юсуфӣ».
