Нашри ин навбати «Номаҳо аз ноҳияҳо..» ро ин бор бо ду нома аз Хуҷанд, як нома аз Волгоград ва як нома аз Левкант омода намудем.
Аз Хуҷанд нома камтар меомад. Аммо ин бор ду нома аз Хуҷанд дорем, ки дар ҳардуи он проблемаҳои мубрами рӯз дарҷ гардидааст.
Номаи аввали омада аз Хуҷанд аз мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва инки нафар бо чандин тоҷикони дипломдор ва ҳатто номзади илм дар Русия мардикорӣ кардааст, ҳикоят мекунад.
Номаи дуввуми Хуҷанд аз вазъи маҳбусони як зиндон дар ин шаҳр мегӯяд, ки гирифтори бемории туберкулез шудаанд вале дармону табобати онҳо тамоман ғайринсонӣ аст.
Нависандаи доимии мо аз волгоград бо ирсоли як матлаб аз сайти нашрияи СССР масъалаи гаронии нархи гуштро дар Душанбе ва Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ва мегӯяд, ки нархи болоравии гӯшт дар Душанбе аз пушти ноуҳдабароии Рустам аст.
Нависандаи нома аз Левакант бо нафрину лаънати Раҳмонов ва Рустам ва бо истинод ба навиштаи як блогер, ки гуфтааст таксиҳои Душанбе аз сангпушт ҳам оҳиста мераванд, ба ин блогер хитоб намуда гуфтааст, бояд мустақим мухотабатро муроҷиат кунӣ, на инки умумигӯӣ намоӣ:
Хуҷанд
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ба баракотуҳу бародари арҷҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехоҳам дар бораи он чизҳое, ки бо чашми сарам дидам камтар нависам, илтимос чоп кунед, бигзор ба Раҳмонов расад. Чунки як рӯз дидам дар бораи аҳамияту фоидаи дониш гап зада истодааст.
Ман бори аввал соли 2006 ба муҳоҷират баромадам. Фикр кардам як сол муҳоҷират меравам ва бар мегардам то зиндагӣ хубтар шавад. Аммо сар шуда будааст, чунки то ҳозир дар муҳоҷират мебошам. Имсол 20 сол мешавад, омада дар Россия ҳудуди як сол кор мекунам.
Бар мегардам як ба моҳ назди хонавода вале боз бар мегардам, ҷойи кору ризқу рӯзи Россия. Аммо инҷо таҳқир, чурка, дашном ва ҳамин хел умр рафта истодааст. Ман боре дар бозори Москва «Садовод» мардеро дидам бо се фарзанд, ки ба рӯфту рӯби бозор машғул буд-уборшик кор мекарданд. Як писараш маъюб буд- гунг. Ман аз мард савол кардам дар Тоҷикистон чи кор мекардӣ? Гуфт дар яке аз мактабҳои Душанбе омӯзгор кор мекардам, аз фанни математика, Аълочии маориф ҳастам. Ин муаллим Институти педагогии Душанберо бо дипломи сурх тамом карда омада уборшики мекард. Ин мусибат нест?
Бо як нафари дигар ҳам сӯҳбат шудам дар Россия. Хатмкардаи Селхозинститут, гидрофакро бо дипломи сурх тамом карда аспирантура хонда ва номазади илм ҳам буда аст. Аммо дар инҷо як рабочийи одӣ дар сохтмон. Як нафари дигарро вохӯрдам. Вай тамомкунандаи Институти политехникӣ бо дипломи сурх омадааст дар Россия шкатурчик дар сохтумон аст.
Оилаи Осимиҳо ҳама донишмандону профессор буданд, рафтанд аз Душанбе. Шумо ҷаноби Раҳмонов мегӯед, ки дониш омӯзед.
Охир донишмандони тоҷик ҳама дар бозорҳои Россия аробакаш, уборшик, шкатуршик дар сохтмонҳои Россия рабочик. Ин вазъу ҳолро шумо магар намебинед. Худи шумо ба сад азоб ва он ҳам ғоибона донишгоҳро тамом кардед, аммо шумо дар куҷову он донишмандони бо дипломи сурх куҷо?
Раҳмонов, гӯш фаро деҳ! Миллат бесавод набуд, миллатро ту паст задӣ ва хору зору муҳоҷир ва дар ба дар кардӣ. Ман шахсан дар як ҷо дар сохтмони Россия кор кардам. Як коттеҷ сохтем. Як рус бригадирамон буд, ки диаганал баровардан сарфаҳм нарафт. Ман мактаби миёна тамом кардагӣ гуфтам. Аз рӯи теоремаи Пифагор чен кун, нафаҳмид. Ман худам диганали хонаро баровардам.
Ман гуфтаниам, ки мо бесавод нестем.
Раҳмонов бо ташаббуси пешгирифтаи ту ҳама донишмандон дар бозорҳои Россия ароба мекашанд.
Раҳмонов муҳоҷират чист медонӣ? Дар муҳоҷират таҳқир мешавӣ, чуркаат мегӯянд, чернажепат мегӯянд, дашном медиҳанд. Барои онки мо бе соҳибем. Муҳоҷират хунукӣ, аз зан фарзанд дур будан аст. Ҳар муҳоҷире мебинам , ҳамаашон шуморо дашном мекунанду дуъои бадат мекунанд.
Дар вагон хоб будам 40 градус хунукӣ. Берун дар ҷои хоб пойҳо сӯхта мекард. Дар хунукӣ 10литр об барои таҳорат оварда дар ҷои хоб пеши радиатор мондем. Саҳар барои таҳорат кардан хестам. Об ба мисли бетон сахт ях кардааст. Тасаввур мекунӣ Раҳмонов миллат чи қадар дар азоб мебошад? Охир аз пушти ноуҳдабароии ту чи корхонае буд дар Тоҷикистон клет шуд. На заводи яхдон монду на корхонаи алюмний.
Раҳмонов ту аз қафои муҳоҷир душман накоб, душман дар дохили ҳукумати ту мебошад. Раҳмонов, ту медонӣ, ки фасоду рибо ва пора умри давлатро кӯтоҳ мекунад. Давлати туро коргарони ту клет мекунанд. Раҳмонов ту худат тарафдори давлати шӯравӣ будӣ ва барои бақои вай ҷанг мекардӣ. Аммо мухолифоне, ки имрӯз террорист мегӯӣ давлати соҳибистиқлол мехостанд. Магар надидӣ давлати мехостагии ту СССР чи хел барҳам хӯрд. Вай ҳам зидди ислом буд. Агар ба ту савол мекардан дар соли 1988, ки СССР клет мешавад, бовар намекардӣ. Раҳмонов давраи интихоботи аввали президентӣ ,ки Абдумалик Абдуллоҷонов бурида буд ту ҳамаги 16 фоиз овоз гирифта будӣ. Ҳозир ҳам агар интихоботи дуруст ва шаффоф гузарад 2 фоиз овоз намегирӣ. Мардум аз ту безоранд. Ним зиёди низомиҳо ва милиса аз ту безоранд
Оё ту медони кӯдаки мактабхонро савол мекунӣ, ки калон шавӣ, чи мешавӣ? Ҳатман ҷавобаш ин аст ки Россия муҳоҷират меравам. Ту орзуҳои ҷавонони миллатро дуздидӣ. Раҳмонов давлати ту каме дигар мондааст. Рафта дар пеши президентҳои дигар худатро гарени мегирӣ:- ман боевик будам -пулеметчик дар болои БТР. Нафарони бо ту буда ҳамааш медонанд, ки ту чихел будӣ, ту афсона нақл мекунӣ.
Ё Аллоҳо, дарди мои ғарибҳо, азоби мои ғарибҳоро фарзандонат кашанд, Раҳмонов. Аллоҳума омин! Таҳқир шаванд. Аллоҳума омин!
Эй мардуми тоҷик ин ша Аллох ғалаба наздик аст.
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаро бори дуввум бароятон мефиристам. Намедонам барои чӣ чоп накардед? Бовар дорам дар ин шумора ҷояш медиҳед.
Ин бор аз сайти нашрияи СССР як матлаберо дар робита ба нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе ва проблемаи гӯшт ҷудо кардаам. Аммо ин навбат мақоларо пурра пешниҳод намекунам ва аз он чанд иқтибос меоварм ва сипас ҳам дар бораи ин мақола ва ҳам дар бораи гӯшт ва боз як масъалаи дигар фикрамро баён медорам. Навиштаи СССР аз 24уми декабр аст, ки зери унвони «Гӯшт, гӯштфурӯш, гӯштхар ва гӯштхӯр» чоп шудааст. Дар ин навишта аз кори милисаи шаҳр дар амри назорати нархи гӯшт дар бозорҳо тавсиф карда мешавад. Ҳоло чи хеле гуфтам чанд иқтибос аз ин навишта:
1) « Ҳафтаи дуюм аст, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо садри он – милисаи №1-и пойтахт Шоҳрух Саидзода бар зидди гӯштфурӯшоне, ки ба таври сунъӣ нархи гӯшти маҳаллиро дар бозорҳои шаҳри Душанбе боло бардоштаанду боз ҳам бардошта истодаанд, муборизаи беамон эълон кардааст.
Тавре дар шумораҳои гузашта хабар дода будем, рейдҳо бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан маҳсулоти гуштӣ, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Прокуратура дар бозорҳои «Меҳргон», «Фаровон», «Саховат», «Ховарон» ва тамоми дукону марказҳои савдои хурду бузург, гузаронида шуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар рӯзи аввали рейдҳои мазкур беш аз 40-далели аз меъёри муқарраргардида, гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуштӣ ошкор карда шуд».
2) «Соат бо вақти Душанбе 09:25 дақиқа. Тамомии дӯконҳои гӯштфурӯшии КВД «Бозори «Деҳқон» кушода ва гӯшт фаровонист. Нархи 1 кило гӯшти гов 75 сомонӣ аст. Дар ҳамаи дӯконҳои гӯштфурӯшии на танҳо ин бозор, балки бозорҳои дигар низ имрӯз гӯшти истеҳсоли Беларус воридшударо мефурӯшанд. Гӯшти қазоқӣ низ ҳаст, аммо кам ба чашм мерасад.
Нархи 1 кг гӯшти аз Беларус воридшуда дар дӯконҳои КВД «Оид ба ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» 65 сомонӣ аст ва навбати бештари харидоронро маҳз дар ин дӯконҳо мебинем».
3) «Чанд моҳ пеш мо дар ин бора матлаб навишта будем. Бояд гуфт, ки гӯшти гов аз Беларус тавассути мошинҳои гаронвазни яхдондор аз комбинатҳои истеҳсоли гӯшти шаҳрҳои Слутск ва Пински Ҷумҳурии Беларус ворид карда мешаванд. Ҳар як мошин то 18 тонна гӯшт бор мекунад.
Ин амал дар асоси дастуру супоришҳои раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, ҳадаф танзими нархи гӯшт ва бо ин роҳ пешгирӣ намудан аз гароншавии сунъии нархи маҳсулоти номбурда дар бозор аст».
4) «1 сирри дигарро бояд ба сокинон ва харидорони гӯшт ошкор кунам: гӯшти воридоти аз Беларус танҳо гӯшти буқачаи то 2 сола аст, на модагов! Аз ин лиҳоз гӯшти буқача мулоим, камравған ва хушхӯр аст. Алалхусус, хушхӯр барои он, ки ин буқачаҳо мисли говҳои маҳаллии мо ин сӯву онсӯ намегарданд, дар якҷо парвариш меёбанд ва танҳо хӯроки серғизо – витаминдор мехӯранд. Ва муҳимтарин аз ин он аст, ки чунин мол ва чунин гӯштро бо дастури раиси ш. Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи мазкур барои мо сокинони пойтахт мехарад».
5) «1 омили дигари камчин шудани гӯшти маҳаллиро гӯштфурӯшон дар кам шудани воридоти он аз вилоятҳо мебинанд. Агар солҳои пеш аз Суғду Хатлон гӯшт бештар ворид мешуд, имсол қариб, ки воридот нест. Ҳатто воридоти гӯшт аз вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти агросаноатӣ ба шумор меравад, коҳиш ёфтааст. Ва ҳоло баръакс фурӯшандагони гӯшт аз тамомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба Душанбе омада, аз бозорҳои пойтахт гӯшт харидорӣ карда мебаранд. Ба қавли савдогарони гӯшт, агар 5 сол пеш ҷумҳурӣ пойтахтро таъмин менамуд, ҳоло пойтахт мамлакатро».
6) «Газетаи СССР бори аввал нест, ки масъалаи чарогоҳҳо ва эҳёи колхозу фермаҳои агросаноатиро ба миён мегузорад. Муттаассуф, дигар он колхозу совхозу фермаҳои даврони шуравӣ барнамегарданд, вале бояд як механизми махсуси фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат ва дигар идораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шавад. Инро барои чӣ мегӯям – масъалаи чарогоҳҳо ва фермаҳои чорвопарварӣ ин ҳафта бори дигар доғ шуд.
Савдогарон мегӯянд, ки соҳибони мол низ мушкил зиёд доранд ва гоҳо аз ноилоҷӣ моли майдаро мекушанд. Пеш аз ҳама ин набудани чарогоҳ барои нигоҳубини чорвои мардум, аксарияти чарогоҳҳои кишварро харида, хусусӣ кардаанд ва моли мардуми одӣ ҷойи чаридан надорад. Ё хоҷагиҳои деҳқонӣ бар ивази маблағи муайан – аз 50 то 100 сомонӣ иҷозат медиҳанд, ки чорворо дар чарогоҳ нигоҳ дорӣ. Ин ҳам таъсири хешро ба нархи мол мерасонад. Агар чарогоҳҳо давлатӣ ва нарх арзонтар мешуд, деҳқон имкон дошт моли худро хуб чаронад».
Ин чанд иқтибос буд,ки аз навиштаи сайти СССР пешкашатон намудем.
Чанд масъалае,ки инҷо зикр шудааст, масалан ҳамин чарогоҳҳо, ки ба дасти ашхоси алоҳида гузашт, дар ҳақиқат дуруст аст. Аммо ин масъала бармегардад ба худи ҳамин ҳукумат ва давлатдорон. Дар доираи хусусисозӣ ҳатто куҳу пуштаҳоро фурӯхтанду фурӯхта истодаанд, ки ин дар ҳақиқат нодуруст ва натиҷаҳои баракс ва фалокатбор ба бо меоварад, ки аллакай маълум шуда истодааст. Инро мешавад хиёнт номид. Мардум ҳадди ақал барои рафъи эҳтиёҷоти хонаводаи худ бояд ба чарогоҳ ройгон дастрасӣ дошта бошад ва чарогоҳҳо бояд аз они давлат бошад, мисли замони шӯравӣ ва ба мардум бояд ройгон дода шавад. Мардум андозро биспоорад тамом.
Чизе дигар ин аст ки айни замон Оила (Мармарӣ) ба тиҷорати гӯшт ҳам қуш шуд ва иллати гаронии гӯшт ҳаминҳо астанд, ки дар ин навишта албатта, ки гуфта нашудааст ва намешавад.
Ва бо роҳи милисаву прокурору дигар мақомоти қудратӣ пеши гаронии нархро гирифтан душвор аст. Бо чанд тонна овардани гӯшт аз Белорус мушкил ҳал намешавад ва корро бояд аз реша иваз кард.
Акнун дар робита ба мавзуъ, ончиро ки худам мушоҳида кардам. Нархи гушт дар Русия назар ба Тоҷикистон 50 дар 100 арзон аст. Ман дидам, ки чи гуна бачаҳои Исфараву Уротеппа аз ҳаминҷо ба флягҳо ба хонаводаҳояшон гӯшт фиристода истодаанд. Говро мегиранд, бузро мегиранд мекушанд, бовар кунед ба нархи худамон гардонем 30 то 35 сомонӣ мешавад, хуб даҳ 15 сомонӣ ба ронандаҳо киро диҳад мешавад 50 сомонӣ ва меравад гушти чорпои русӣ ва бо забҳи мусалмонӣ ба хонаводаҳояшон. Чаро ин корро давлати Тоҷикистон худаш карда наметавонад? Ниҳодҳои махсус масалан Агентии харид ва захираи мол дорад ку?
Ва фикри охиринам дар бораи гароншавии нархи барқ. Раҳмонов маошу пенсияҳоро 10-15 фоиз зиёд кард ва он ҳам аз моҳи сентябр,яъне 11 моҳ пас, аммо нархи светро 17 дар сад зиёд кард, аз аввали феврал. Чаро маошу нафақаро ҳам аз аввали феврал боло накард. Худи ҳамин тарзи муносибати Раҳмонов бо мардум маълум мекунад, ки вай бо мо чи хел назар дорад.
Боқӣ саломат бошед.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Як моҳ зиёд аст ки рафиқи наздикамро дар даруни зиндон боз зиндон кардаанд. Намедонам барои чи. Вай ягон гуноҳ надорад. На занг мезанад на алоқа мебарояд. Ба сардори зиндон занг мезанам трубкаамро намебардорад. Намедонам чи мақсад доранд онҳо. Мебарорем, мебарорем ваъда карданд, аммо чизе нашуд.
Зимистон омадаст либоси зимистонӣ надорам гуфта буд, имкони рафтан худам надорам, як сум ҳам пул надорам бифаҳмам, ки чи гапу чи хабар аст? Чи мақсд доранд чи кор карданиианд, намедонам. Бо чанд нафар аз дӯстонам машварат кардам, ки президентро видеообрашения кунам, ягонҷо бинависам, дасту поям бастагӣ.
Дар даруни зиндон сад одам туберкулёз баромадааст. Дар байни ин одамҳо рафиқи наздики ман ҳам ҳаст. Гуфт, ки хун гирифтанд, аз хунам ҳамин хел баромадаст. Ҳозир дору дода истодаанд гуфт. Гуфт дар як ҳафта як бор мехурем. Гуфт полний як сутка сарам дард мекунад. Дасту поҳоям кор намекунад гуфт. Пешобам хун аст гуфт. Охирон бор гап задам ҳамин гапро гуфт. Хун меояд гуфт. Як дору медиҳанд дар як ҳафта як бор. Сарамро бардошта наметавонам гуфт, сарам дард мекунад гуфт. Охирон бор ҳамин гапҳоро гуфта буд.
Дар ҳамон суҳбати охиронаш, ки як моҳ зиёд шуд гуфт илтимос маро 1000 сомонӣ роҳӣ кун. Аз ягон кас қарз гирифта роҳӣ кун гуфт. Як бало карда равон кардам. Гуфт, ки дар хоб мондам, боз маҳкам карданӣ буданд, ки бо 1000 сомонӣ халос шудам. Бо ҳамон пул халос шудам.
Аммо як моҳ шуд дигар зангам намезанад. Як бача занг зад. Гуфт хавотир нашавед як моҳ занг зада наметавонад. «Ягон чиз гуфта наметавонам, хавотир нашавед». Тамом дигар тамоман зангам намезанад. Аз Маскав як бача занг зад гуфт, ки рафиқат аз мо 80.000 сомонӣ қарздор аст. Вайро як моҳа маҳкам карданд гуфт. Намедонам чи кор кунам, намедонам чи гап бошад, намедонам барои чи қарздор шуда бошад».
Танҳо ҷойи муроҷиатам шумоед!
Леваканд
Асcалому алайкум ва раҳматуллоҳи вабаракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз Левакант мефиристам. Аз Аллоҳ Таъоло умед дорем сиҳату саломат бошед ва дуъо мекунем ҳарчи зудтар ба ватан бар гардед. Барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро мебинем, ки чи қадар дарди зиёд аст. Пахши мустақими имшабаро тамошо кардем.
Мо гуфти худатон чизҳое барои даруни дег лозимаро ҷамъоварт кардем.
Аллоҳ лаънат кунад Раҳмоновро бо пайравонаш. Аллоҳ Таъоло саргардони ва хории Эмомталтарро ҳамроҳи пайравону хонаводааш дар пеши пои ин миллат нишон диҳад. Дар ҳамин дами пириаш, дар вақти ҷисми заифаш фишораш дар гушҳоя бизанад. Ин намефаҳмад, ки мардум чи мегӯяд, чи дарду алам ва чи мушкилӣ дорад. Ҳозир худашро ба карию курӣ андохтааст. Дарди миллатро намефаҳамад. Вале чашмонаш бинанд, ки миллат чи кор мекунад. Ба Худо қасам Устод инҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшем. Аллоҳ лаънаташ кунад худаш ва ҳама мақомоташ дузди ҳаромхуранд.
Як шахси одӣ аллакай медонад ин авлод чи авлоди золим аст, ки ҳамаҷо ва ҳамачиро монополия кардааст. Вале ин блогерони кунлеси чопики (чоплус) мелесанду ин авлоди нафратзад ва духтарони бадгашти Эмомҷақурро таърифу тавсифҳои дурӯғ мебанданд.
Агар ин лаънатии Эмом алтар золим набошад, сағероҳояш дузд набошанд, домодҳову хусурбачаҳояш ғоратгарӣ ин миллат набошанд, пас чаро аз як хиёбон мегузаранд, тамоми марказро тамба мекунанд, то зуд гузаранд. Медонанд, ки мардум дақиқ донанд инҳо ба куҷо мегузаранду дар даруни кадом мошинан чингракашон мекунанд!
Нав дар Фейсбук як постро дидам хондам, ки яке аз тарафдори говкала барои таксиҳо нависондааст. Аллоҳ лаънатат кунад бигӯ ту хитобатро ба ҳамон шахсе ки ҳамингуна «ҶДММ» хизматрасонии ба ҳамин шакли таксӣ сохт Рустами герчики гунгак аст. Ақалан наметавонӣ хитоб кунӣ ба Фароз? Ба ин дараҷа километр мезананд. Аммо ин лесакҳо обро лой карда моҳӣ қапида мелесанду зиндагониашонро чоплусона пеш мебаранд.
Устод ман ҳамин матлабро дар назар дорам:
«Jura taxi: Чаро ҳаракат кунем, вақте аз истодан пул кор мекунем?
Чанд моҳи ахир дар таксиҳои Душанбе, ки ҳамагӣ «Ҷӯра»анд, нишастан бемаъно шудааст. Аслан таксӣ мешинем, ки ба макони даркорӣ зудтар ва бароҳаттар расем. Аммо дар аксари таксиҳои Душанбе ҳам табъат вайрон мешавад ( муносибати начандон хуби хеле аз ронандагон, қоидаҳои одитарини ҳаракати роҳро вайрон кардани онҳо…) ва ҳам дер мерасӣ. Баъзан ҳатто пиёда рафтан зудтар мешавад. Зимнан, як сабаби «пробка»- и зиёд ҳаминҳоанд. Зеро ҳам аз ҳад зиёд шудаанд, ҳарчанд дар тамоми дунё меъёри муайян барои 1000 сокини шаҳр муқаррар шудааст, вале дар Душанбе ба гумони ғолиб ин меъёр риоя намешавад. Дуюм, маҳз қоидавайронкунии онҳо сабаби роҳбандӣ мешавад. Ҳатто назарҳое ҳаст, ки таксиҳо махсус ҳолати пробка ба вуҷуд меоранд, то ҳарчӣ бештар аз мусофир пул «кананд».
Ин воқеан парадокс аст, вақте мусофир барои … ҳеҷ ҷо нарафтан, бояд пул диҳад.
Реҷаи «интизорӣ» ( ожидание) аслан бояд вақте истифода шавад, ки такси бо хоҳишу дархости мусофир онро манъ мекунад. Аммо вақте ӯ саросема асту ба ҷои даркорӣ дер мерасад ва ба болои ин бояд пули баъзан аз роҳкиро бештар пардохт кунад, як аҷоибот аст. Ё ғорат бо усули нав?»
Устод, ман бо истифода аз барномаи шумо ба ҳамин постнавис гуфтаниам, ки то ба кай вокруг до около мегардед. Шумо бояд конкретно гуед, ки ин ҳама аз кори Рустами Эмомалӣӣ гунгак аст. Чаро мухотабатонро ошкоро гап намезанед. Нависед ва гуед, ки пойтахти мамлкатаро ҷазирбод кардед.
Ва дар охир як чизи дигарро қайд карданиам. Ба Худо қасам чуноне ин мардум аз ҳукумат, ВКД, аз КДАМ ва аз Эмомалалтар метарсад худ ҳамин Эмомчақур аз ин зиёд аз мухолифону миллати тоҷик метарсад. Бачаи Майрами гурсухта талхакаф аст. Аммо мардум инро кам мефаҳманд. Як бор аз ҷо баланд шавем, тамом, инҳо несту нобуд мешаванд, ин ша Аллоҳ.
