Номаи моро алоҳида нашр кунед№ 22
« Комилхуҷа Мирзоалиев бо Музаффар Юсуфӣ, прокурори нақлиёти Тоҷикистон дар ресторан духтарони мардумро оварда рақсу бозӣ мекунанд, 100$ долларӣ мечаспонанд,….хуб дигар усуш маълум»…..
« Комилхуҷа пули нақдро нағз мебинад, буй мекашад, ранги занако худша педикюру краска мекунад».
«Комилхуҷа Муҳаммади писарашро дар ҷойи худаш омода карда истодааст».
«Комилхуҷа Мирзоалиев аз Хуҷанд ба Владивосток ба вагонҳои боркаш ҳар моҳ партияи калони «хоки ватан» равон мекунад ва дар Владивосток одамонаш қабул мекунанд».
«Тамоми коргарони Роҳи оҳани Тоҷикистон ба якдигар шикоят мекунанд. Комилхуҷа Роҳи оҳанро ба як корхонаи морг яъне утилизатсия табдил кардааст. Ҳатто муовини Комилхуҷа гуфтааст, ки раиси Комилхуҷа фикр намекунад «я болнитсаи калона шахсиш кард и мардум касал шава куҷо мерава, ҳақатан Комилхуҷа бало будаст»…
Империяи Комил: «Фасод, қочоқ, хиёнат-ва хомӯшии мақомот»
Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Кулоби бостонӣ менависем. Мо,як гурӯҳ бачаҳои шаҳри бостонии Кулоб дар бораи Комили дукуна, Комилхуҷа Мирзоалиев, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки бо лақаби Эскобаро машҳуру маъруф аст, чанд гап дорем. Комил Мирзоалиев, яке аз асоситарин наркобаронҳои Тоҷикистон аст ки аз ҳисоби ин тиҷорат садҳо миллион доллар кор кардааст. Аммо саволи мо ин аст ки Комил барои чи ин қадар ба мардуми Кулоб ту нафрат ва қасд дорӣ?
Кулобиҳо чи корат карданд?
Мо як чизро мехоҳем гап занем. Ин дукуна аввал барои сохтани карйераи худ думби қумандонҳои Фронта халқӣ, масалан Саидшоҳ Шамоловро гирифт. Ҳатто хоҳарашро ба додари Саидшоҳ тела кард. Бо найрангу ҷодугарӣ ва ҳилла ба бародари Саидшоҳ ба шавҳар дод. Баъд, дарав ба хокзании Қурбон Чолов сар кард. Боз моямоли Ғаффор Седой шуд. Баъдтар аз Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон шуд, боз ба Суҳроб Қосимов часпонду лесаки вай гардид. Баъди чанде моямоли Зоири мундуқ, домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва тавссути Зоир ба Рустами гунг моямолиро сар кард ва ҳоло дигар мустақим моямоли Эмомаливу Рустам, ҳардуяшон аст.
Ин ҷодугари Комил хиёнатҳое ба мардуми Кулоб кардааст, ки чени вай даже ягон опозитсия накардааст. Чанд миллион доллар масрафкардагӣ аст ки мардуми Кулоб дар Маскав ё дар дохил сар набардорад ва митинг накунад. Ӯро спетсиално ба роҳбарии «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» (Гостевой дом) дар шаҳри Маскав равон карда буданд. Чандин нафар аз бачаҳои Кулобро дар Русия подставит кард.
Фақат ба Зоир бачаҳои Кулобро сиёҳ мекард, намемонд бачаҳои Кулоб бо Зоир рафту омад кунанд. Зоирро бо ҷодуву муллобозӣ афсун карда гирифта буд. Дар компоти зардолуву олуча ҷоду карда хона ба хонаи вазирҳо тақсим мекард. Ташкилотчии асосии экстрадитсияи чанд нафар аз бачаҳои ғармиву помирӣ ва кулобӣ аз Русия ба Тоҷикисон ва зиндон кардани онҳо ҳамин Комили дукуна мебошад. Маблағгузориро ҳамин кардагӣ аст.
Фаррух Мирзоалиев ҷияни Комилхуҷа Мирзоалиев аст.
Фарух Мирзоалиев чандин сол аст, ки шахсан барои таъқиби бародарҳои мусулмони тоҷик дар хориҷа:- Русия, Европа, Америка ва Қазоқистон маблағгузорӣ мекунад- ба кормандони УБОП-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Ҳозир шахсан кашелоки Комили дукуна ҳамин Фаррух аст. Вай аз номи Зоир «хоки ватан»-ро ба Россия ва Европа равон мекунад.
Барои экстрадитсияи бачаҳои тоҷик аз Европа ба Тоҷикистон шахсан ҳамин Фаррух ба органҳо маблағ медиҳад. Ин предател як худозадаи даюс аст.
Ин Фаррух дар милиция кор мекард. Баъд бо наркотик дар Питер дастгираш карданд. Беш аз 10 нафар бачаҳоро ба ФСБ-и Русия супорид, яъне бузӣ кард. Аз Питер гурезониданд, то ҳозира бузи УБОП ҳаст, нештатник.
Дар байни Комили Дукуна, Исмати Дулик ва Умар Кремлев ҳамин Фаррух посредникӣ ва почталонӣ мекунад. Беш аз 200$ миллион дар тиҷорати «хоки ватан» оборот доранд.
Аммо ин Фаррух як шахси буздил аст. Кораш бузиву одамфурушӣ. Бачаҳои Кулоб аз кори ин тағову ҷияни беимон медонанд, бохабаранд. Ранги отаашон Ҷумъахон подхалиманд. Чи қадар дар солҳои 1988-1989 ба кулобиҳо зулм кардагӣ аст. Беш аз 20 нафар мусулмонҳоро ба КГБ бузӣ карда супоридагӣ аст.
10 сол зиёд аст ки бо вагонҳо героин мекашонад.
Комилу Фаррух ҳама органҳои қудратиро ба пора харидагианд. Ягон мақомот инҳоро проверка намекунад. Инҳо ҳар моҳ миллионҳо доллар ба Дубай ва Аврупо мебароранд. «Тоҷикистон оянда надорад» мегӯянд онҳо бо ҳамдигар.
Вақте Фаррухро ФСБ дар Питер дастгир мекунад Комили дукуна ӯро бо пардохти 800 000$ пора мехарад. Ва мегӯяд, ки «касера фрушӣ иҷозат вале номи мара наги, ма кори давладдаюм». Ва ҳамон вақт чанд шербачаи тоҷикро месупоранду ҷони худашонро мехаранд ва дар ҳамонҷо Зоирро ҳам ошкор мекунанд ва як нафари дигар бо номи Эргаш Маҳмадбековро, ки дар Иркутск асту ҷонишини Исмоили пингвин дар дзюдои Тоҷикистон мебошад. Ҳамин хел зиндагӣ доранд ин тағову ҷиян. Боз Фаррух худро таъриф мекардааст, ки «ман ранги раиси Комилум».
Дар Душанбе Фаррух зиёда аз 100 квартираи 3 ва 4 хонаӣ дорад. Аксарияти онҳоро ба иҷора додагӣ аст.
Соли 2020 Мурод Тошев, сардори Раёсати УР- Уголовный розыский шаҳр Фаррухро бо як духтар меқапад. Съемкаи маҳрамонаи онҳоро доранд. Ин наворро ба интернет мепартоем гуфта 200 000$ долларашро мегиранд. Духтар агенти отдели проституция МВД мешавад. Уголовникҳои пеши Танкаи шаҳр маҷбураш мекунанд, ки духтарро никоҳ карда мегирӣ, вагарна съемкаро дар интернет мепартоему шармандаат мекунем ва ҳамин тариқ муттаҳамаш мекунанд.
То ҳозира барои ин съемкаҳо ба Мурод Тошев «доля» медиҳад. То ҳозира «маро шарманда накун» гуфта таваллою зорӣ мекунад. Ин худобехабар ҳамин хел рӯз дорад.
Ин хунхурҳои миллати тоҷик ҳақи мардумро шабу рӯз медузданд. Аз Роҳи оҳан солярка, равған, бензин ва стройматериал ва ҳатто релсҳоро пора-пора карда фурӯхтанд.
Комилхӯҷа ва вагонҳои Укроинӣ
Комилхуҷа зиёда 40 вагони мусофиркаширо аз Украина бо маблағи 5 миллион доллар харидорӣ кардааст.Аммо вагонҳои Украинаро Русия қабул намекунад, вуруди онҳоро ба қаламраваш иҷозат намедиҳад. Дар Роҳи оҳан ҳар рӯз ҷангҷол аст. Комил ин вагонҳоро бурда дар тарафи 9ум километри Душанбе баҷо кардааст, то ки ягон мақомот набинад. Барои онки аз маблағи бюҷети мамлакат ин вагонҳоро харидааст. Намедонад, ки ин вагонҳоро куҷо пинҳон кунад. Ин вагонҳо куҳнаанд, соли бароришашон аз 1982 то 1985 аст, аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст. Комилхӯҷа маблағ барои вагонҳои навро аз ҳукумат гирифта аммо вагонҳои куҳна овардааст.
Ин вагонҳои мусофиркашониро Узбекистон ҳам қабул накард ва иҷозат надод, ки аз қаламраваш убур кунанд. Акнун Комилхуҷа бори муовинҳояш карда истодаасту муовинҳо бори Муҳаммади бачаи Комилхуҷа. Чунки дар ҳақиқат «сделка»-ро бачааш кардааст.
Ин вагонҳоро давно овардагӣ аст, аммо ба кор намераванд. Арзон ёфтем гуфта харидагианд. Ин чил вагонро берун аз депо дар тарафҳои Ваҳдат пинҳон кардааст.
Агар бовар накунед,бигзор тафтиш бареду одамҳоятонро аз мақомот фиристед, бинанд, ки ин вагонҳо чанг задагӣ, хобанд. Комил намедонад, ки чи хел онҳоро списат кунад ва бар сари кӣ бизанад. Ба чанд кишвар бо нархи арзон пешниҳод карда бошад ҳам, аз ҷумла ба Қирғизистон аммо касе харидор нашуд. Ҳамин вагонҳо сари Комилхуҷаро мехурад. Кормандони Роҳи Оҳан маоши худро гирифта наметавонанд, ин рафтаву дар 5 миллион доллар вагонҳои пусидагии краска кардагии сроки истифодаашон кайҳо тамомшудаи давраи СССРро харида боз пул харҷ карда овардааст. Ҳозир Муҳаммади бачаашро дар ҷойи худаш омода карда истодааст. Инҳо шабурӯз бо қопча сомониву доллар мегиранд.
Комилхуҷа Мирзоалиев аз вокзали шаҳри Душанбе то мости аэропорт –пули фурудгоҳ заминҳои пойтахтро аз Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр ба 50 миллион доллар оптом харидааст. Дом месозам мегӯяд. Дар ин ҳудуд-территория, ки Комил харидорӣ кардааст беш аз 50 бинои баландошёна рост мекардааст. Аллакай як доми калони бисёрэтажаро дар назди вокзали ЖД-вокзали Роҳи оҳан буд кардааст -22 этаж. Аммо то ҳоло ягон хонаро аз ин бино нафурухтааст. Ягон биноҳои месохтаашро намефурушад: «ман то охира ремонт мекунам баъдан гаронтар мефурӯшам, саросема нестам» мегӯяд..
Аммо домсозҳо имрӯз семент биёбад, арматура намеёбад, арматура ёбад қум намеёбад, маошашро намеёбад, ва дар охир ҳамааш гурезаи дарбадар мешавад ё кунҷи зиндон меандозанд. Ва ҳамонеаш ҳам, ки месозад, нимасохт аст ва худи харидор тармиму таъмири дохилиро анҷом медиҳад, ки инҷо ҳадди ақал 30 фоизи нархи хона сарф мекунад.
Мақсад ин аст ки ин домсозҳо аз аҳолӣ, ки муштарии онҳо мешаванд, пешпардохт мегиранд ва то суми қарордодро муштарӣ то ба охир напардозад на санад ва на ҳуҷҷат медиҳанд. Яъне ин домсозҳо бо пули худи мардум дом месозанд, аммо Комилхуҷаро бинед, ки 50 бинои 22 ошёнаро бо пули худаш месозад. Бовар кунед ин ҳама пулҳо ва сармоя маълум аст дигар аз кадом ҳисоб аст.
Разборҳои ҷиддии Комилхӯҷа бо Дулик
Комилхуҷа Мирзоалиев бо Исмати Дулик ҳаррӯз кашокашу разбор дорад.Дар байнашон маблағҳои калон мондагӣ аст. Комилхуҷа Мирзоалиев надода истодааст, кашола дорад. «Ин маблағҳои калона да Прибалтика метим, камтар тоқат кун гуфтааст, тарафи Дулик». Инҳо ҳоло гушти якдигарро мехуранд. Дар Прибалтика маводи мухаддири фиристодаашро бояд фурӯшад ва бо Дулик ҳисобӣ кунад.
Ғорати пули буҷа
ЖД вокзали Душанберо бо як наружный обшивка иваз ва маблағи ЖД-вокзали навро списат карда аз ҳукумат пул гирифт, албатта, ин суми халқ, суми миллат аст. Аз ин дида беинсофӣ мешавад? Аз ин дида номардӣ мешавад?
иншооти СССР, ҳукумат шӯравӣ сохтаро, камтар таъмири косметикӣ карда, бинои нав сохтам мегӯяд ва дар чашми мардум хок мепошад, фиреб мекунад, саҳм ва ҳақи мардумро шабурӯз мехурад. Ин бино 50 сол, ним аср пеш сохта шудааст. Ҳоли обшивкаашро бинед.
Бародар ба ин навору аксҳо таваҷҷуҳ кунед. Худатон шаҳрро хушрӯ медонед, дар Жд вокзал чанд бор қадами муборакатонро мондагиед. Ҳамон вокзал, фақат ҷелакашро иваз кардаасту чанд миллионро списат кардааст ин Комилхуҷа Мирзоалиеви беинсоф.
Ёдатон бошад дар бари бинои марказии Корхонаи Рохи оҳан як беморхона, яъне дармонгоҳи Идораи Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Онро солҳои 65-70 сохта буданд, дар давраи шӯравӣ. Ҳамон дармонгоҳро якҷо бо ҳайати табибону кормандонаш Комилхӯҷа шахсӣ карда гирифтааст. Беш аз 3 гектар замин дорад. Дигар чи ҷои гап аст? Корхонаи давлату миллатро моли шахсии отааш-Ҷумахони подхалим кардааст. Ҳоло акнун як корхонаи бузург, ки зиёда аз 3000 коргар дорад беморхона надорад.
Меҳмонхонаи Роҳи оҳанро худашон порсол спетсиално сузониданд, яъне алов заданд, ба хотири онки заминашро бигирад ва дар ҷойи он дом созад. Ин меҳмонхонаро ҳам шахсӣ карда буданд. Меҳмонхона рубаруи баня — ҳаммоми Роҳи оҳан буд. Худашон оташ заданд. Дар ин меҳмонхона як ҷойи зинокорӣ-силтавхонаи Комилхуҷа ҳам ҷой дошт.
КВД Роҳи оҳани ҶТ корхонаи зараровар маҳсуб мешавад
Комилхуҷа Мирзоалиев корхонаи Роҳи оҳанро ба як корхонаи убиточный — зарарнок ба давлат ба миллат табдил кард. Ҳамроҳ бо худаш тудаи гуспандро овардааст, ягонтоаш намефаҳмад кори Роҳи оҳанро. Мутахассисонро тӯҳмат баста сурашон кард. Чандин оилаҳоро аз ризқашон маҳрум сохт. Сахт бераҳми беинсоф, ки мутахассисҳои дараҷаи олиро пеш кард, то одамҳои ба худаш наздикро оварад.
Хонаи Амонулло Ҳукумов, раиси пешини Роҳи оҳан аз кабинети Комилхуҷа 20 метр дур воқеъ аст. Ҳукумов пентҳаус дорад дар рости тирезаи Комилхуҷа. Агар тирезаҳои кабинети Комилхуҷа ҳуй бошад «иш иша» свободно мебинад. Амонулло ҳарруз мегуфтааст, ки «да қафот задӣ корхонаи бузурга, ҳоли ҷавоб метӣ пеши халқда, пеши миллатда».
Роҳи оҳан дар вақташ солярка-сузишвориро ба мошини 10 тоннаӣ мебурданд мерехтанд дар тепловозҳо. Ҳозир бовар кунед ба як тепловози калон бо конистр солярка мебаранд. Корхонаро то ин дараҷа қашшоқ ва бебаракат кард. Ин беғайрат кораш меҳмоннавозӣ аст. Мегӯӣ, ки ин раиси ягон санатория бошад. Инсофу имони мардӣ надорад. Одамгариву мусалмониаш 0и0-нолинол. Агар дар вазифа бошӣ, сумдор бошӣ рақс мекунад дар пешат.
Ҳамин беморхонаро як бор пурсуҷу кунед, беҳтарин бемористон дар Душанбе буд, мустақим ба Тошканд нигоҳ мекард- «Тошкентский обеспечения» буд дар вақташ, 3 гектар замин дар маркази Душанбе. Бовар кунед, ки худашон меҳмонхонаро алов заданд, барои заминаш.
Комилхуҷа дар чанд ҷо гуфтааст, ки «ай ҳамаи корои ман Рустам ва Ҷаноб бохабаран, касе чизем намега. Ман доляи онҳоро 150% додам боз медиҳам»
Комилхуҷа Мирзоалиев бинои корхонаи Роҳи оҳанро аз нав сохтам гуфта чанд милион аз бюҷети давлат пули халқро дуздид. Аммо дар амал он биноро фақат обшивкаҳояшро иваз кард. Аммо бино, бинои давраи шӯравӣ аст, дар замони СССР сохта шудааст. Ин бераҳмиро бинед, ки то куҷо медуздад.
Давлат куҷоро нигоҳ мекунад. Мақомотҳоро харидагиаст. Дар куҷо аст ҳисси миллӣ ва нангу номус?
Ин биноҳо ҳамааш аз Комилхӯҷа аст. Ягонтоаш фурӯхта нашудааст, таъмир карда мефурӯшам гуфта шиштааст.
Ин Комилхуҷа Мирзоалиеви ҷинояткор то зиндон нашавад гуноҳҳояшро ба калла намегирад. Аммо, дар ниҳояти кор сарнавишти Исмати дулик ҳатман ба сараш меояд вале ин аз зиндон намебарояд. Зоир сахт қасамша хурдагӣ аст вале Рустам катишаи дигар роҳи наказат нест феълан.
ПАСГУФТОРИ ИСЛОҲ
Дар ҳар миллат одамоне ҳастанд, ки агарчи дар байни мардум зиндагонӣ мекунанд, аммо на аз мардуманд ва на барои мардум. Инҳо ба мисли занги оҳананд сард, вазнин, беҷон, беимон, ки ҳар куҷо меафтанд чуқурӣ ва харобӣ боқӣ мегузоранд. Комилхуҷа Мирзоалиев аз ҳамин гуна одамон аст: инсонест, ки шарҳашро на аз рӯйи забони мардум, на аз рӯйи сухани сиёсат, на аз рӯйи қонуни давлат балки аз рӯйи вазни ҷиноятҳояш бояд хонд.
Дар тӯли солҳои дароз, ҳар коре ки кард, ҳар қадаме ки гузошт, ҳар тане ки ба замин зада шуд, ҳар хонае ки вайрон шуд, ҳар ҷавоне ки супорида шуд ҳамааш бо як чиз алоқаманд буд: манфиати худаш. Ин одам қудратро ҳамчун асбоби наҷот намедонад, балки ҳамчун асбоби фурӯхтани миллат истифода бурд. Ҳар он чизе ки шахсият месозад — номус, виҷдон, обру, тарс аз Худо, хоксорӣ ӯ аз аввал надошт ва то охир нахоҳад дошт.
Дар зери номи Кӯлоб ин шаҳри шараф, ин минтақаи мардӣ, ин сарзамини қаҳрамонон Комилхуҷа чизе наовард, ҷуз доғ, ҷуз шарм, ҷуз он, ки мардумашро дар шаҳрҳои бегона бо чашмҳои шикаста нигаранд. Кӯлобӣ ба ӯ нон дод, ном дод, аммо ӯ нонро бо хоки ватан иваз кард, номро бо наркобаронӣ, роҳро бо дуздӣ, мардумро бо подставит.
Мо намегӯем, ки мардум аз ӯ гила доранд. Гила барои дӯстон аст.
Инҷо сухан аз хиёнат меравад.
Хиёнате, ки на бо як амали якрӯза, балки бо солҳо пухта шуд, обхӯрд, ба шакли одат табдил ёфт.
Комилхуҷа дар ҳар шакл ҷиноят кардааст:
дар шакли роҳбар- амволро ғорат,
дар шакли «мусалмон»- мардумфурӯшӣ,
дар шакли «кулобӣ»- таҳқири Кӯлоб,
дар шакли «давлатдор»- ғасби қудрат,
дар шакли «бизнесмен»- наркобаронӣ,
дар шакли «мутахассис»- нобуд кардани корхона,
дар шакли «писар»- бераҳмии падарона,
дар шакли «падар»- омода кардани писар барои идомаи ҷиноят.
Ҳар чизе, ки ба дасташ расид вайрон шуд.
Ҳар ҷое ки қадам гузошт хароб шуд.
Ҳар касе ки ба ӯ бовар кард пушаймон шуд.
Дар зиндагии чунин одамҳо танҳо як чиз ташбеҳпазир аст масираш то охир ба он ҷое мерасад, ки худи система дигар тавони пуштибонӣ аз ӯро надорад. На Рустам, наРаҳмонов, на касе дигар то абад пушти одамони бебахт истода наметавонад. Таърих аз ин намунаҳо пур аст: ҳар кас, ки бо мол, тарс ва шикоёти пинҳонӣ давлат месозад, як рӯз мефаҳмад, ки бинои сохтааш аз хас буд.
Комилхуҷа фикр мекунад, ки бо пул виҷдонро мехарад, бо дуздӣ қаср месозад, бо хоки ватан роҳи гурез пайдо мекунад, бо ҷодугарбозӣ гуноҳро мешӯяд, бо пуштибонии мансабдор қонуни ҷазоро тағйир медиҳад. Аммо вазни гуноҳ аз вазни пул сангинтар аст. Лаънати мардум аз таҳдиди генерал сахттар аст.
Мардуми Кӯлоб хомӯш аст вале ин хомӯшӣ ризоият нест.
Мардуми Кӯлоб ором аст вале ин оромӣ фаромӯшӣ нест.
Мардуми Кӯлоб чизе намегӯяд вале ин чизногуфтаниҳо як рӯз мисли санги гарон аз осмон бар сари золим меафтад.
Комилхуҷа метавонад достон созад, ки «ман 50 биноро бо пули худам месозам». Вале мардум хуб медонад: касе ки аз роҳи ҳалол 50 бино месозад шабона ором мехобад. Аммо касе, ки аз роҳи ҳаром 50 бино месозад ҳар шаб бо тарси фошшавӣ мехобад. Агар бихобад ҳам.
Ҳар қасре, ки аз дод сохта мешавад, рӯзе бо дод гунаҳкорро дафн мекунад.
Ин суннат аст на сиёсат, на ҳуқуқ балки суннати зиндагӣ.
Имрӯз Комилхуҷа худро пирӯз медонад. Миллатро фиреб хурда меҳисобад. Худро аз ҳама баланд мебинад. Аммо як чизро фаромӯш мекунад: баландтарин дарахтро ҳам вақте ки мезананд садояш аз ҳама баланд асту чи уфтодане дорад.
Ҳар золим насибаи худро дорад.
Ҳар хиёнат рӯзномаи охирини худро дорад.
Ҳар ҷиноят дари хонаи худи ҷинояткорро мекӯбад.
Комилхуҷа метавонад аз ин матн хандонад, худро «қудрат» нишон диҳад, ба рақс машғул шавад, ба хоки ватан пайӣ барад, ба Рустам нони риё диҳад. Аммо ин ҳама дар баробари вазни лаънати мардум чизе нест.
Ва як рӯз, вақте ҳама чиз фош мешавад, вақте дари пинҳонӣ шикаста мешавад, вақте ҳар як дурӯғ ҷойи ҳақиқатро холӣ мекунад, вақте садои хомӯши мардум ба фарёд табдил меёбад он вақт касе наметавонад ӯро аз адолат пинҳон кунад.
Ин мард аз қудрат намеафтад.
Аз вазни гуноҳ афтодааст.
Фарқ танҳо ин аст, ки ҳоло худро намефаҳмад.
