Се нома мундариҷа ва муҳтавои нашри имрӯзаи барномаро ташкил дод ва ин номаҳо аз Душанбе (н.Сино) ноҳияи Рӯдакӣ ва Зафаробод ба почтаи «Ислоҳ» ворид шудаанд.
Нигорандаи номаи Душанбе дар бораи мактаби рақами 54 ва муаллиму муаллимаҳои он навиштааст. Чи гуна дар инҷо мудири мактаб ба дуздӣ ва фиреби талабаҳо даст мезанад, дар ин нома баён шудааст.
Аз ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи шинонидани лӯлаҳои обгузар ва дуздии ин трубаҳо ва низ дар бораи ҷамъоварии маблағ аз тарафи нозирони барқ навишта шудааст.
Инро бояд бигӯем, ки раиси ноҳия Рӯдакӣ, генерал Абдуғаффор Ҳикматуллозода, яке аз қаҳрамонҳои манфии «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки чанде пештарак аз мақомаш ронда буданд, барои рафъу ҳалли мушкилоти замин ва инфрасохтори фарсуда ва фасодзадаи ин ноҳия оварда буданд. Вайро аз мақоми муовини аввал(!)-Прокуратураи генералӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда буданд. Аммо натавонист ин муаммоҳоро ҳал кунад балке худаш яке аз коррупсиянерҳои ашадӣ шуда рафт. Ҳоло Нусратулло Салимзодаро оварданду монданд.
Дар ҷойи як порахӯр боз як порахори гузарои дигар Нусратулло Салимзодаро аз Ғафуров оварданд. Аз ҳамин ҳоло гуфта бошем, ки ин вазъи бадро бадтар мекунад. Мауллфи ин нома навиштааст, ки Наход то контролёри об аз Данғара бошад? Магар дар ин ноҳия, ки яке аз калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, кадре ёфт нашавад, ки дар ин соҳа кор кунад? Горсвети ноҳияро ку полний ҳамааш бачаҳакои боло контролу назорат мекунанд дар навоҳии Рудакӣ ва Зафарободу….
Дар номаи омада аз Зафаробод муаллиф дар бораи бузҳо, дар дораи фосидии ахлоқ дар мактаб ва сабабҳои он навиштааст. Як мушоҳидаи ҷолибе, ки баён кардааст ин аст ки давлат ва мақомот дар вайрон ва фосидшудани ҷавондухтарҳо дар макотиб ҳавасманд аст. Савол медиҳад, ки чаро агар духтар хоҳиши аз синфи нуҳ қатъи таҳсил кардан дошта бошад амният иҷозат намедиҳад аммо ба писарҳо чизе гуфта намешавад ва онҳо метавонанд, ки бо номаи камоли синфи 9 фориғи таҳсил шаванд?
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар бораи дуздиҳои Дилбар Бекназаровна, директори мактаби № 54-и Душанбе навиштаниам. Агар дар ин нома хатоӣ бошад, хоҳиш, ислоҳаш кунед, аммо ҳатман нашр намоед.
Дар мактаб чи ёрдам аз тарафи давлат меомад худаш мегирифту обу лояш мекард ва баъд муаллимаҳоро мегуфт «хдтон бкнен». Баъд муаллимҳо талабаҳоро вақте ки ман мактаби 54 рафта будум як Лексуси RХ дошт.
Пеш аз сураш кардан Ланд крузери 200 харида буд ва боз як шофиёр дошт. Барои пул любой корро буд мекард. Барои як талабаи як синфи як 100$ зиёд мегирифт. Пулро худаш намегирфт, пеши Искандар роҳӣ мекард. Мегуфт «амуда бтен». Агар аз дигар районҳо омада бихонӣ ставкааш баланд мешуд. Мегуфт «хонат дар куҷояй?» Мегуфтӣ аз Зарафшон ё ягон ҷои дигар. Резко ставкаро боло мегуфт. Искандар секретарш буд.
Дар корпуси руси як нафари дигар завуч буд, зур буд. Охирон сол иваз карданд, Зеваршоева омада буд. Намедонм аз кадом мактаб омадагӣ буд. Яке дар берун медид худо зад. Дод мезад «чикор мекни т дар берун». Беҳад одами бад буд. Мо мактабро тамом кардем, ки ӯро коррупсия қапида буд. Бад сураш карданд. Ба гуфте боз дар дигар мактаб директораш монданд. Дилбар Бекназоровна буд агар хато накунам.
Чанд сол шуд дар Маскава кор мекунем. Баъзе номҳояшонро фаромуш кардам.
Шафиев Муҳаммад муаллими тарбияи ҷисмонӣ буд. Бачаҳоро барои мӯи сар ва духтарҳоро барои сатр ғам медод. Корманди мақомот буд. Вақте телефонҳоямонро мегирифт, мегуфт ба ягон кас телефонашро намедиҳам: «бефоида отаҳотона файрод накнен ма задагийм отаҳотона». Баъд,ки отаҳоямон меомаду мегуфт телефони бачаи маро гирифтаӣ. О, мегуфт манам Фалонӣ «ака хоб, шид», мегуфт ва телефонҳоро медод. Кадомеро, ки отааш коргари баланд бошад, тамом, зуд бе ягон гап бароврада медод. Вале агар отаат ягон ҷо кор накунад, бало зад, аз зора кардан мемурдӣ, ё ки ягон корат мефармуд то он телефонро мегирифтӣ, дил аз телефон мемонд, ё ки мегуфт як пачка сигарет биёр. Фақат меомад дар бораи пешвояшон мегуфт.
Ин Шафиев аз синфи 9 то 11-ро дар актовий зал манъ мекард ва дар бораи пешвояшон мегуфт ё ки ягон навори шуморо мемонду мегуфт инҳо ифротиву террористанд, тамошо накунед, ки тюрмаатон мекунанд 8 сол. Лайкашон намоед, ки тюрма мешавед. Инҳо шуморо ба мо нишон дода шинос кардагианд. Мо шуморо намешнохтем, то ғарибӣ омадан. Баъди онки ғарибӣ омадем, чанд вақт пас яке дар Ютуб дидам ва то ҳозира тамошо мекунам. Дар ин ғарибӣ безор шудаем.
Фақат шуморо сиёҳ мекарданд. Мегӯянд, ки Шафиев то ҳозира кор мекунад. Ҳама иваз шуд, аммо ин не.
Нафари дигар Зафари кал — охраник буд. Ин ҳам чанд сол буд, ки ҳамонҷо кор мекард, ба фикрам то ҳозир кор мекунад. Агар телефонатро гирифта бошад, барои проверка, тамом, худо зад. Пул гуфт, ё ягон чизе, ки бифорадаш, ҳамонро бояд бихарӣ. Чанд охранник дигар шуд, аммо ин ҳоло ҳам иваз нашудааст.
Ин Шафиев Муҳаммад ҳар вақте моҳи шариф рамазон мешавад, меояду мегӯяд, ки «ма шмора дар мачито набинм, ки дафтон мекнм».
Талабаҳоро бераҳми бад мезад. Ӯро як дафъа бачаҳое мактабро буд карда, аттестат-номаҳои камолашонро гирифта баъданд задане карда буданаш, ин кали баднамудро, ки руи ҷогаҳ шуда буд.
Зеваршоеваро намедонам, ки ҳоло ҳам кор мекунад ё не?
Бародар ҳоло як, ду чизи дигар ҳаст, ки 100% тайёр шавад, баъд мефиристам.
Мактаби 54-и шаҳри Душанбе дар ноҳия Сино рӯбарӯи клиникаи Мансуров қарор дорад.
Дар бораи Зеваршоева як, ду чиз фаҳмидем. Мегуянд аз талабаҳои синфи 11 пешакӣ барои аттестат гуфта 100$ ва аз баъзе сумдорҳояш аз ин ҳам зиёд мегирад. Ва, ваъда карда будааст, ки ҳамаатонро дастгирӣ мекунам. Аммо дарсҳо тамом нашуда сураш мекунанд, талабаҳоро кидат мекунад. Ин муаллима дар як обшижит зиндаги мекард. Як дафъа як духтар дар ресторан дида буданаш. Мепурсанд, ки ин кӣ аст? Гуфтааст, ки духтарам. Аммо духтараш дар мактаби 54 намехонд.
Муаллими Шафиев Муҳаммад занаш духтари Дилбар Бекназаровна буд, ҳамин тавр мегуфтанд. Ҷиянҳои директор муаллимаро вапше гуш намекарданд, «мо ҷиянои директорем» мегуфтанду мегаштанд. Холаашро сур карда буданд. Як муши мурда шуда буданд. Бисёрии талабаҳо аз синфи 8 боло нос мекашиданд. Талабаҳоро носашон буд мешуд пеши муаллим мерафтем, ё ки аз муаллим тамом мешуд талабаро мепурсид, ки нос дорӣ? Ҳо ҳастай. Як каш бте бкашем, ки сар дард дорад, нос тамом шидай.
Шафиев ҳар гоҳ сараш дард мекард мерафт сигарет мекашид.
Аз дигар муаллимҳо, аз корпуси русӣ ва низ аз тоҷикӣ маълумот дорем. Муаллима Давлатоваро чанд сол пеш аз мактаби 95 пеш карда буданд, намедонам барои чӣ? Давлатова як мошинчаи майдаяк дошт, сурх буд, тико буд.
Корпуси тоҷикӣ як хубӣ дошт, ки муаллимҳояш камтар инсоф доштанд. Аммо корпуси руси инсофашон дарида буд.
Дар корпуси тоҷикӣ он қадар маҷбур намекарданд, дар русӣ маҷбур мекарданд. Дар бораи корпуси русӣ фактҳои зиёде дорам. Кадом муаллимҳо чанд пул мегуфтанд ва агар дар дафтарчааш минус бошад, бало задат. Дар пеши ҳамаи талабаҳо шармандаат мекарданд.
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 312 -и шуморо тамошо кардам. Аз ҷумла дар бораи мушкилоти оби нушокии ноҳияи Рӯдакӣ ҳам гуфта шуд. Ин об дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабобод аст. Ин водокачка аз даврони Союз ба мардуми ин ҷамоат қариб хато накунам ба 12 ҳазор об медиҳад. Шумо дар як барномаатон қайд карда будед, ки сафири Амрико омаду лентаи ин водокачкаро бурид. Барои он ки ин сафорат пули калоне ҷудо намуда буд. Аммо инҳоро фиреб доданд. Хато накунам соли 2021 ё 22 буд. Ин оби союзиро орову торо доданду как будто нав ва онро ба «истифода» доданд. Вале ин пули ҷудошударо хурданд. Вале баъди рафтани намояндаи Амрико насосҳои ин обро канданду бурданд. Боз ин мардум пул ҷамъ каданду насос часпонданд.
Пули обро сари ҷон мегирифтанд. Раиси об бародар Неъмат аз Рӯдакӣ буд. Дар вақти раиси вай мардум ягон проблема надоштанд. Ӯро гирифтанду аз Фархор як пацани вчерашниро оварда монданд. Ин раис худаш хона ба хона гашту мардумро штраф кард, ки шумо счочик надоред ва счочикҳои худашонро оварданду часпондан ба маблағи 320сомонӣ. Хато накунам соли 2023 буд. Ҳамон сол яхбандӣ шуду аксарияти ин счочикҳо кафиданду баъзеашон аз кор монд. Аксарияти мардум худашон гуфтанд, ки ё дар ҳамон пули додагӣ биёреду счочик часпонед ё мо дигар намехарем. Контролёри об омаду хона ба хона гашт. Гуфт ҳеҷ кас дуюмбора оварда намечаспонад ё худатон рафта раисро гӯед ё ман сари одам ҳисоб мекунам. Аксарияти ин мардум гуфтанд, ки мо пули зиёдатӣ надорем, ки як сол баъд счочик харем, майлаш сари ҷон медиҳем. Аммо баъзеашон гуфтанд, ки не, мо счочк дорем, онҳоро ба инобат ва ҳисоб гир. Аммо ин счочикчаспонӣ як бизнес буд, пулро хуб кор карданд. Тавоноии корашон, ки барои ду сол буд аз кор монданд.
Кадом шаҳрванде апаи Садбаргро гунаҳгор кардааст. Ман аз барои Аллоҳ мегуям ин зан гуноҳ надорад. Ин як коргар аст. Омада сари ҷон ҳисоб мекунад ва сраза дар Душанбе-сити пулро мегузаронию чекатро медиҳад. Вақте хонаи счочикдорҳо меравад он кайҳо ба монанди ин ҳукумати 33сола аз кор мондааст. Фақат бояд дам гирад. Мебинад, ки счочик дар як моҳ 1 сомонӣ кор кардааст, баъд мегӯяд «апа, ака, хоҳар инта намеша, биё хоҷагит калонай ақалан я 20 -30 спор, ки манам гап мераса». Баъзеи инҳо мегуянд: « не раиста бугу бия счочики овардагиша алиш куна». Мардуми ин ҷамоат 70% гарантия медиҳам, ки аз кори Садбарг розианд.
Вале недавна противники Садбарг ду ҷавонро овардаанд, ки инҳо бо Садбарг баъзе хонаҳои бетағаро гаштанду онҳоро то 2.500 сомонӣ штраф карданд.
Ин ду ҷавон, ки худашонро бачаҳакои боло данғарагию кулобӣ муаррифӣ мекунанд, апаи Садбаргро дар назди халқ сиёҳ кардаанд, ки Садбарг моро овард, ки шуморо штраф кунем «брен пеши раис гап занен, то ира аз вазифа гумш куна» Ман ба шумо гуфтаниам, ки аз апаи Садбарг нанолед ба гуфтаи ин ду ҷавон ки инҳо «ташкил» карданд ва ин номаро ба Ислоҳ равон кардаанд то ӯро аз вазифа гиранд. Ин зан-модар аст. Ҳар хел накунӣ раҳми модарӣ дораду ба корҳое, ки бар зарари мардум бошад даст намезанад. Баракс, ин ду ҷавон буданд, ки маҷбур намуданд дар пеши раисашон, ки моро ҳамроҳат мебарӣ, мо ягон касро штраф мекунем ва ба номаш мебинем то барои мо маош шавад. Болобудаҳо кроме ойликашон боз пора мегиранд, ку «морам хатлонием». Яктоаш, ки Диловар ном доштаст гуфтаст «ма ай данғараюм лубой тағадора задагиюм». Инро бинед, ки инҳо пока практикантанд, агар апаи Садбаргро гиранд, чи хеле якум бор омаданду 2000- 2500 штаф карданд агар контролёри ҳақонӣ шаванд боварӣ дорам ё ягон камбағалро маҳкам мекунанд ё магарам хонаҳоятонро фурушеду кучида равед. Чунки дидед ва ҳамаатон шоҳидед, ки дар як бори проверкашон как будто дар хонаи шумо ягон террористро қапидаанд. Чи намуд таҳдиду зуроварӣ, фарқаш нест, ки вай зан аст ё кампир ё мард аст. Чунки мардумеро инҳо проверка мекунанд, медонанд, ки инҳхо не кулобиянду не тағадор. Барои ҳамин дар урфият мегуянд: «каҷ шину рост ҳукм кун».
Ба раиси ноҳия гуфтаниам, ки муҳтарам раис! Шуморо бовар кардаанду дар ин мақом мондаанд, ки ба доду фиғони ин ноҳия бирасед. Раисонро, ки «бояд» аз Данғараву Хатлон бошанд мо розӣ. Аз намояндагон баъзе дигар ҷоҳо дида ҳаминҳо баъзеҳояшон бо маблағ ҳам, ки бошад коратро буд мекунанд. Аммо коргарони одиро ақалан аз кадрҳову мутахассисони ҳамин ноҳия монед. Наход то контролёри об аз Данғара бошад? Магар дар ин ноҳия, ки яке аз калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад, кадре ёфт нашавад, ки дар ин соҳа кор кунад? Горсвети ноҳияро ку полний ҳамааш бачаҳакои боло контрол мекунанд. Аз 6 моҳ то 1 сол ҷамъаш мекунанд, мардумро қарздор мекунанд. Вақте аз болояш шикоят мекунӣ мегуяд: «еҳааа у намечиочара статия кати срш кадан, неки бо мебаре дар дига минтақа мемонеш, агар бовар накне кане бине кантралиёри машенике, ки ҳамаи ин халқро саргардон кад да як 6 моҳи кориаш соҳиби ҳамаи чи шид, фамилияш Қудратов буд, агар хоҳед худатон миёвенш».
Боқӣ, дар амони худо домулло!
Худоро шукр, ки шумо ҳастед ва ин камбудиҳои мардумро расонаӣ мекунеду баъзеашон ислоҳ мешаванд.
Зафаробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳия Зафаробод. Ва, ин нома аз ҳамин ноҳия фиристода мешавад. Мо дар як вазъияти бисёр ҳам хафақон ва тарснок зиндагонӣ дорем. Агар дар як кӯча 30 нафар истиқомат кунад аз он даҳ нафараш хабаркашҳои пинҳонӣ, яъне буз. Ин мардуми буздили тарсу чи нияту мақсад доранд ҳеҷ номаълум. Дар ҷомеае, ки босавод бошад, уро гап задан намемонад, масхара мекунанд.
Дар ин вазъу ҳол тарбияи кӯдакон, насли наврас душвор шуда истодааст. Ягон насиҳат кунӣ гашта таҳқиру дашном мекунанд. Ба кӯдакҳои хурдсол дигар гап зада намешавад. О, инҳо вақте ба воя мерасанд, як зиёнкори ҷомеа мешаванду халос.
Раиси ҷамоат Ҳ. Алиев (чилсола) аст. Баъзан бо ҳамкоранаш аз дуконҳои бозорча пул ҷамъ мекунад. Ҳар мағоза ҳар хел. Баъзе 200, баъзе 300-у 400 баъзеҳо то 1000 сомонӣ маҷбурӣ медиҳанд, балки мегиранд. Баҳона «барои ободӣ».
Ҳоло ба сари мавзӯъ бармегардем. Бузҳои Ҳ.Алиев, раиси ҷамоат хеле бисёранд. Ҳатто ин бузҳо барои ҳарчи бештар ба мақомот наздик шудан байни якдигар муноқиша ва хархаша мекунанд. Ва боз бо сари баланд дар кӯчаву бозору маҳалла шарм накарда мегарданд.
Яке аз онҳо Абдуалии яғнобӣ, Абдурауфи яғнобӣ ки тӯли чанд сол шуд, ки бо мақомот ҳамкорӣ доранд. Медонед, ҳатто ҳозир мардум вақте ки дар сари як даструхон мешинанд дар охир аз дуъо кардан метарсанд.
Пули техосмотр ҳар сол зиёд мешаваду вале роҳро обод намекунанд, ҳаррӯз як мошин осеби калон мебинад. Ҳамин сол зиёда 100 нафар майит-мурда ба ҷойи мо омад, аз ҷанги Украина. Бисёриаш ҷавонҳои 28 -30 сола, ки ҳоло хонадор нашудаанд. Ин чи рӯз аст ки миллати тоҷик бо ин ҳама фасодкорӣ хомуш аст.
Ман дар як ҷое будам, ки коргари амният дар мошини каравани сафеди Абдурауфи яғнобӣ буд, бо корҳои худ овора буд. Лекин ин бузи аҳмақ Абдурауф ба корманди амният гуфт, ки «Ака як рейд намекунем ана ҳамин ришдороя». Коргари амният майлаш гуфту халос.
Устод, гуфти шумо ин ҳама айби ғулом аст, ки ҷомеаро хуб мешиносад ва хабар медиҳад. Набошад дар ноҳияи Зафаробод, ки ҳазорҳо аҳолӣ дорад кадом мақомот медонад, ки инҳо чи гапу кор карда истодаанд. Касе агар дар канали Ютуб подписатса бошад, коммент навишта бошад ӯро бе ягонпурисш ба маҳбас то 5 сол мебаранд, хоини миллат гуфта. Масалан ба канали Ислоҳ.
Аз дасти ин бебарқӣ ҳамаро дар ин хунукӣ сармо задааст ва беморхона бошад пур аз беморон аст. Кудакони навзод сурфа шуданд.
Ин президент ба ҷуз аз оила, авлоду хешу табораш ба кӣ фоидаш расидааст. Кораш фақат ғорату зиндону қатли миллат.
Канӣ гӯед, ки кадоме аз ин гапҳоям нодуруст аст. Ман, ки бо чашмони худ дидаам. Ҳамон директори мактаби№ 5, ки Абдураҳмонова Малоҳат буд аз ҳамон вақт мактаббачагонро маҷбур мекард, ки дар парта як духтар ва як бача шинанд.
Мактабро ба фоҳишахона табдил доду рафт. Ҳоло акнун мардум фаҳмиданд. Мардум ҳаракат карданд, ки духтаронашонро баъди итмоми синфи 9 бароранд. Аммо амният иҷозат надод.
Бачаҳо бароянд аз синфи 9 ҳеҷ кас ҳеҷ чи намегӯяд. Вале агар духтарҳо бароянд амният намемонадашон. Ҳатто падару модарҳоро бурда ҷазо медиҳанд, ки ту чаро духтаратро аз мактаб мебарорӣ? Аммо дар қонун ин тавр гуфта нашудааст, ки барои духтарҳо мукин нест баромадан аз синфи 9. Баъди синфи нуҳ касе барояд хоҳиши вай аст, чи духтар бошад чи писар. Барои аттестати сини 9 сӣ сомонӣ мегирад. Аттестатнавис Мирзоев Файзалӣ мебошад.
Ин буд бародар Муҳаммадиқбол, қатраҳое аз уқёнуси камбуди ин ҷомеа ва ин миллат, ки то ҳалло роҳи рафъ ва ҳалли худро намеёбад.
Ташаккур ба «Ислоҳ.ТВ»,ки чашми моро оҳист-оҳиста кушода истодааст.
Яъне касе документ надорад, мегирад маҳбас мебарад ва аз онҷо маҷбурӣ ба ҷанги зидди украина.
Ҳозир мардум ягон маърака ё туй мекунанд он бузҳоро ҳеҷ кас хабар ва даъват намекунад. Вале ин бузакҳо аз пеши худшон омада пеши дарвоза меистанду назорат мекунанд ки
чи миқдор одам омад ва чанд дег гузошта шудааст. Ва, аз ҳамонҷо, аз даруни туйхона, аз маърака истода занг мезананд ё СМС мекунанд, Инҳо беҳад беномуси бешарафанд. Мегуянд, ки барои ин бузиашон пул мегирифтаанд. Боз худшон қатори мардум мешинанд ошу дигар зиёфати соҳибмаъракаро мезананд шикамошонро сер мекунад. Ва сипас баромада ба танзим занг мезананд ва худ назоратро давом медиҳанд. Аламовар нест? Ҳайвон инкорро намекунад
Баъзе аз ҳозира одамҳо, яъне чоплусҳо аз шайтон ҳам бадтаранд. Шайтон инҳоро дида худ хиҷолат мекашад. Бародар гап задан гирем, тамом намешавад ҷиноятҳои ин бе номусон хело бисёр аст. Боз дар номаҳои баъдӣ идома медиҳем.
Худо нигаҳдори шумо.
