Кулоб: заминфурӯшӣ, ғорати мардум ва рӯзҳои сиёҳи ҷ. Зиракӣ зери ҳукми Зардиевҳо

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед №43

     Ин шумораи мо аз ду нома аз ҷамоати Зиракии шаҳри Кулоби бостон таҳия ва таркиб ёфтааст. Муаллифони ҳарду нома ҳам бо факту далелҳо навиштаашонро мудаллал ва қавӣ кардаанд. Аз заминфурӯшиҳои Зардиевҳо, то фаъолияти «бузҳо»-ву хадамоти оташнишонӣ ва БДАи Кулоб гуфтаанд. Аз инҷо мефаҳмед, ки афроди ба таъбири ин мардум байндаро, ки миёни сокинон ва Зардиевҳо барои фурӯши замин посредникӣ мекарданд чаро барои солҳои тӯлонӣ зиндон шуданду аммо худи Зардиевҳо не. Мефаҳмед, ки заминҳои тасарруфкардаи Зардиевҳоро кадоме аз духтарҳои Раҳмонов гирифтааст. Аз он гуфтаанд, ки аз халқ пул ҷамъ мекунанд вале кореро, ки бояд анҷом медоданд, ба иҷро намерасонанд.

Хулоса, ин номаҳо хонданибоб ва ҷолибанд. Бо Ислоҳ бошед,то огоҳ бошед. 

Номаи 1

                               Кулоб (Комсомол)

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худованд ҳама мушкилиҳоро бартараф кунаду ҳамакаса бо сари баланд ва пирӯзӣ ба ватан баргардем.

Номаи ман аз шаҳри Кулоб, ҷамоати Зиракӣ, деҳаи Абдуҷаббор Зардиев, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, яъне деҳаи Комсомол фиристода мешавад.

Бародари азиз, баъди нашри мақолаҳо ва пахши наворҳои шумо дар бораи Абдуҷаббор Зардиев (Абдуҷаббор Зардиев:

« Аз Данғара ин сӯ ман «Ҷаноби Олӣ»-и Кӯлобам» https://isloh.net/14749/abdujabbor-zardiev-az- danghara-in-su-man-janobi-oli-i-kulobam,

«Пешво» ба ЗАРДИЕВ унвони» Профессор»и фахрӣ дод, то бештар кулобиҳоро зулм кунад.

 https://isloh.net/14902/peshvo-ba-zardiev-unvoni-professor-i-fahri-dod-to-beshtar-kulobihoro-zulm-kunad/

Оё Раҳмонов президенти Кулоб ҳам ҳаст ё аз Кулоб Зардиев аст? https://isloh.net/14672/oyo-rahmonov-prezidenti-kulob-ham-hast-yo-az-kulob-zardiev-ast ) ва ифшои аъмоли ҷиноятии вай мо резултатҳои аҷиб ва зиёдеро шоҳид шудем. Инҷо аз ин резултат-натиҷаҳои ин

   Моҷарои Зардиевҳо

Раиси ҷамоати Зиракӣ Зардиев Ҳусниддин, яке аз писарҳои Абдуҷаббор Зардиев заминҳоро бисёри бад фурӯхта буд. Аз заминҳои деҳаҳои НКВД, Комсомол, Чапаев ва ғайраҳо, хуллас аз ҳамаи 17 деҳаи ҷамоати Зиракӣ садҳо гектарро фурӯхт.

 Аз байн хеле вақт мегузарад

  Як нафарро, ки корманди прокуратура буд Зардиевҳо подставит мекунанд. Ин прокурор аз деҳаи Чапаев буд. Прокурор чи кору бор, махинатсия ва афёраҳои инҳоро бояд тафтиш мекард. Ба ҳамин хотир прокурорро пул пешниҳод мекунанд- 50 000 доллар. Прокурорро пул пешниҳод мекунанду пулро медиҳанд, аммо прокурорро подставит мекунанд.

Вале прокурор чи роҳе карда кору борашро ҳал мекунаду баъд аз ақиби решаи Зардиевро кандан мешавад. Аз ақиби заминфурӯшии инҳо мешавад. Аз Прокуратури ҷумҳурӣ- Душанбе проверка меоянд.

Ҳама заминҳое, ки онҳо ғайриқонунӣ фурӯхтаанд, мисол дар НКВДеву Чапаев, Комсомол, Навобод ва ғайраро тагуру мекунанд, садҳо далелу фактҳоро рӯи об мебароранд.

  Зардиевҳо дар ин деҳаҳо байндаро (посредник) доштанд. Яке аз онҳо раиси деҳаи Комсомол Юсуф, ҳамсояи худи Зардиев, бачаи бобои Абдураҳим буд. Ин аз халқ пулро мегирад, ягон миқдорашро барои худаш вале қисми асосиашро ба Ҳусниддини Зардиев, раиси ҷамоат медиҳад.

  Аз деҳаи НКВД ва Навободи боло Пулод гуфтанӣ одам раиси маҳалла буд. Вай ҳамчун байндаро-посредник аз халқ пулро мегирифт ва ин ҳам як миқдорашро худаш боқиашро ба Ҳусниддин Зардиев медод.

 Шамсулло, аз ҷамоати Зиракӣ, ки дар ҷамоат ҳам кор мекард, ин ҳам байндарои Ҳусниддин Зардиев буд. Пулро ҷамъ мекунад, камашро худаш мондагиашро ба Ҳусниддин Зардиев медиҳад.

Прокурори омада халқро мепурсад, ки кӣ ба шумо замин фурӯхт, халқ метарсад бигӯяд, ки Ҳусниддин Зардиев ё худи Абдуҷаббор ё Сафар ё Набӣ Зардиев, писарони Зардиев ё ки Фирӯз набераи Зардиев, бачаи Абдураҳмон Зардиев фурухтагӣ. Ин Фирӯз ҳам дар ҳамаи корҳо шарик буд. Амалан хонаводаи Зардиев аз калонҳояш то набераи навтаваллудшудааш ҳақу ҳуқуқ дошт, ки дилхоҳ участкаро ҳатто аз заминҳои киштзор бифурӯшад. Ҳақу ҳуқуқ дошт, касе чизеаш гуфта наметавонист.

Вақте прокурор мепурсад, ки ба шумо кӣ замин фурӯхтааст, халқ метарсад бигӯяд, ки ба мо фалонӣ фурӯхтааст.

Дар деҳаи Комсомол аз прокуратура ва пажару милиса, ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадагӣ буд. Халқ як тараф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як тараф. Бо булдозеру бо экскаваторҳояшон омаданд. Манзараи деҳа мисли майдони баъди ҳарбу зарб ва ҷанг шуда буд. Хонаро мемонанду девору плитаҳои гирду атрофи онро покиза чапа мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки халқ меҳнат кардагӣ аст. Ин қадар сари сол ба муҳоҷират омада кор кардааст ва рафтааст як хона сохтааст, барои худаш. Аз куҷо бидонад, ки ба доми найрангу фиреби Зардиевҳо афтодааст. Фикр мекард Зардиев, ки худро одам ва рафиқи наздики президент мегирифт, онҳоро фиреб намедиҳад.

Вақте полний ход аз красний линия мегузаранд, баъд чору ночор мегӯянд, ки Набӣ Зардиев фурӯхтамон. Албатта, мақомот, прокурор хуб медонист, ки қисме аз заминҳоро Набӣ Зардӣ фурӯхтааст. Вале агар одами одӣ бигӯяд, иқрор ва эътироф кунад ин мешавад далел барои кушодани дело. Вақте номи Зардиев ҳаст мардум хап мекунанд. Аммо, дар ҳол баъд аз онки номи Набӣ Зардиро мегиранд Набиро дастгир мекунанд. Набӣ Зардиев ва Ҳусниддин Зардиевро дастгир мекунанд. Набиро бар ивази пули калон раҳо мекунанд.  

Ҳамин тавр Фирӯзи бачаи Абдураҳмон Зардиев, Юсуф, раиси маҳаллаи деҳаи Комсомол, Пулод, раиси маҳаллаи деҳаи НКВДро дастгир мекунанд. Шайдулло дар ҷамоати Зиракӣ кор мекард, сокини деҳаи Зиракӣ аст, вайро ҳам дастгир мекунанд. Хулоса, ҳамаи ин заминфурӯшҳоро боздошт мекунанд.

Дере нагузашта омаданд, полний бе ғайр аз хонаҳои одамҳо дар он минтақа, ки инҳо беқарору бемӯҳру беҳеҷчӣ участкаи ғайриқонунӣ тақсим карда буданд, яъне пулро гирифтанду участкаро ба халқ доданд, ҳамаи ин заминфурӯшҳоро дастгир мекунанд.

Аз байн ду се моҳ мегузарад. Юсуфро якум бор се  ва дуюмбора  шаш солаш медиҳанду Пулодро 15 сол, Шайдуллоро 6 сол медиҳанд. Набӣ Зардӣ ва Фирӯз Зардиро дар спетсприёмник меқапанд, онҷо меистанд. Дар спетсприёмник як сол меқапанд. Баъди як сол, баъди чанд миллион доллар супоридану ришва додан Набӣ Зардиевро бо Фирӯз раҳо мекунанд.

Дар инҷо бояд Сафар Зардиевро низ меқапиданд. Абдуҷаббор Зардиев талош кард, ки яку якбора ду писарашро маҳкам накунанд ва ба ҷои Сафар Фирӯзи набераашр маҳкам мекунанд.

Сафар Зардиев беҳад шахси нобакор ва бераҳм аст. Дар бераҳмӣ ҳадду канор надорад.

 То ба ҳол заминҳои халқ чи тавре буд, ҳамон хел истодагӣ аст. Мушкилии халқ ҳамон тавр истод, бартараф нашуд. .

  Ҳусниддин,Сафар ва Фирӯз Зардиевҳо пулро дода раҳо шуданд. Аммо Юсуф, Шайдулло  ва Пулод раисони маҳалла, инҳо, ки пул надоштанд, сол гирифтанд. Зарари расида ба халқ аз тарафи ҳукумат ва аз ҳисоби Зардиев ҷуброн нашуд.

Аммо заминҳои зиёди Зардиевро аз дасташ гирифтанд. Гуфтанд, ин заминҳоро духтари президент- Тахмина Раҳмонова гирифтаст.

 Аз деҳаи Лақайо сар карда то деҳаи НКВД полний ход по круги заминҳоро маҳкам карданд. Забор гирифтанд. Ин заминҳо як вақтҳо ба номи заминҳои президентӣ ба халқи камбизоат тақсим шуда буданд. Ҳамаи ин заминҳоро гирифтанд. Ин заминҳо як қисмаш корӣ як қисмаш санглох ва чарогоҳ буданд. Ҳозир халқи Чапаев, халқи Лақайо, халқи Комсомол, НКВД ва Навобод  замини кишт ва чарогоҳ барои гову молашон надоранд. Ин заминҳоро гирифтанд.

Сайфулло Носировро чаро маҳкум карданд?

Як масъалаи дигар ин масъала Носиров Сайфулло аз деҳаи Офтоблиқо аст. Ин одам як вақтҳо бо шумо дар бораи мушкилоти мактаб сӯҳбат карда буд. Яъне фарзандонаш пули бур, пули хондан, пули ремонт, пули газету пули журналу пули моҳонаи мактаб, пули ранги партаву доскаву ручка гуфта безораш карда буданд.   

Ин шахс беҳад инсони хуб аст.

Вақте ки беҳади бад вазнинаш меғалтад, бо шумо сӯҳбат мекунад. Аммо Сайфулло постояно дар Русия аст. Вай ба куҷо муроҷиат карданашро намедонад. Ба пеши шумо омада ба шумо муроҷиат кард, ки мо ҳамин хел ҳол дорем. Ягон фикри бад надошт.

Аммо худи ман як чанд рӯз пеш телевизорро тамошо кардам вазири маориф гуфт ки хонанда дар мактаб набояд пул диҳад. Лекин  ин одам ҳамаи пулро месупорад. На фақат ин одам, ҳама падару модарҳо месупоранд. Аммо ҳама хап карда бошад ҳам, ин одам гап зад. Ин бечора мушкилоташро гап зад. Таври дигар гӯем худашро қонунӣ ҳифз кард. Баъди қонунӣ ҳифз кардан ин шахсро фарёд карданд ба Тоҷикистон ва ваъда карданд, ки биё мо туро авф мекунем. Омад ба Тоҷикистон. Чандин ҳазор сомониашро гирифтанд. Аз фурудгоҳ ӯро гирифтанд ва рост амният бурданд. Хеле пули калонашро гирифта баъди се рӯз раҳояш карданд.  

Раҳояш карданд, омад дар хонааш барои ҳақу ҳамсоя як даҳан нон кард ва ду се рӯз дар хонааш гашт. Аммо боз аз сар фарёд кард амният. Прокурор аз сар делоро бардошта гуфтааст, ки ин шахсият пул дод, шумо корашро буд, кардед. Хулоса, гӯё делоро аз сар мебардоранд.

Ин нафарро худашон фарёд карданд аз Москва, гуфтанд, биё авфат мекунем, дар ҳоле, ки ин шахс дар асл ягон гуноҳ накардааст, 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ба хотири онки камбудиро гуфт. Бояд камбудиро гуфт то ислоҳ шавад.

Аммо ҳанӯз ҳам директори мактаби деҳаи Офтоблиқо Шамсия  Ғоибова, духтари Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб аст, аз ҳамаи талабаҳо пули моҳона, пули газета, пули журнал, пули ҳамаи чиз гуфта аз халқ ситонида гирифта истодааст. Сайфулло бошад фақат ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амали ғайриқонунӣ 9 сол гирифт.

Як масъалаи доғи рӯзи дигар барои кулобиҳо

Ин масъалаи доғи рӯз масъалаи таъминоти мардум бо оби ошомиданӣ барои мардуми мо аст. Дар як қисми деҳаи Офтоблиқо аз номи Зоири домоди президент бо миёнравии Умед, ки бо Ҷаноби олӣ кор мекунад, пул доданд ва бо ин маблағ дар як қисми деҳаи Офтоблиқо об кашиданд. Насос монданд ва обро ба ҳама кӯчаҳои халқ кашиданд.

  Баъди ин боз як соҳибкори дигар бо маблағи закоти молаш ба як қисми дигари деҳа об кашид. Насоси калон хобонданд, обанбор ташкил карданд. Ин обанборро дар кӯҳ дар болои деҳа дуруст карданд ва аз он ба ҳамаи хонаҳо об кашиданд. Соҳибкор закоти молашро дод ва об кашид.

  Баъди ин ҳама водоканал ҳам омад ва ҳамаи деҳаро бо оби обанбор таъмин кард. Аммо оби аз номи Зоир ҳадякардаро маҳкам ва аз обанбори соҳибкор халқро таъмин карданд.

 Аммо ҳоло бисёрии вақт ба халқ ин об намерасад. Дар давоми рӯз саҳар меояд  вале то шаб намеравад. Мардуми дар аввали обанбор дорад ба охири қишлоқ об намерасад. Деҳаи мо то ҳоло аз об танқисӣ мекашад. Дар тобистон вазъ боз бадтар мешавад.

  Набиев Ҷамшед раиси водоканали Кулоб аст. Мо дар барои ин шахс як маротиба ба шумо нома навишта будем. Вақте ин шахсро фарёд мекунанд, ки дар бораи шумо Муҳаммадиқбол гап зада истодааст. Мегӯяд: «туғрияй, пула додам амниятда корма ҳал кардан, ягон кас ягон корум карда наметавонад».

 Шогирди Набиев Ҷамшед Олим ном дорад. Олим, ки мулло Олимаш мегӯянд дар   17 деҳаи ҷамоати Зиракӣ пули об ҷамъ мекунад. Мулло Олим аз ҳар оила барои об аз 110 то150 сомонӣ дар моҳ пул ҷамъ мекунад. Маълум аст ки халқро фиреб мекунАд. Дар ҳамаи хонаҳо учетчик часпондагианд.150 сомонӣ мешавад мегӯяд: «150 сомонӣ шуд 100 сомонӣ диҳед туғриш мекунам, мегӯяд».

 100 сомониаш медиҳӣ дар сӣ сомонӣ чек мекунад 70 сомониашро дар ҷебакаш мезанад. Дар асл бигирем ин қадар пул, ҳатто ҳамин сӣ сомонӣ ҳам кор намекунад.

Азбаски дар Тоҷикистон занҳову кӯдакҳо ва пирсолҳо мондаанду тамом, бобои Муллоолим ба хонаҳо даромада зану пирҳоро фиреб мекунад.

Дар болои деҳаамон як канали калон ҳаст. Вақте баҳор мешавад ва аз куҳистон сел меояд болои ҳамин деҳа об меравад. Барои онки канал аз ҳисоби заминҳои Зардиев пур аз лою гил шудааст. Ҳар вақт аз ин канал сел сар мезанад ва ба даруни деҳа меояд. Аз он ҷумла порина беш аз 50 хонаро зарари беҳад зиёд расонд. Сел аз кӯҳ меояд ва через канал ба деҳа сарозер мешавад. Канал пур,ки буд сел даруни заминҳо ва хонаҳои халқ, ба дохили деҳа даромад.Роҳҳову латокҳои даруни қишлоқ,хуллас ҳамаро ҷазир кард.

  Инҷоро, масалан ҳамон каналро бояд идораи Водоканали Кулоб ба вақту соаташ тоза кунад. Пули халқро чандвайной фиреб карда мегиранд вале ҳеҷ чизе намедиҳанд ба худи халқ.

Набиев Ҷамшед бояд ин каналро тоза кунад. Аммо баъд аз онки ба халқ зарари вазнин  расонданд аз тарафи ҳукумат экскаватор оварданд ва каналро тоза карданд. Чор рӯз тоза карданд, аммо канал буд нашуд. Тракторист мехост биравад. Барои онки вақти шартномааш буд шуд.

Ҷумъа немис гуфтанӣ одам (ин одам мехоҳад, ки раиси маҳаллаи деҳа шавад, ҷамоат ҳам мехоҳад, ки Ҷумъа -немис раиси маҳалл шавад, зеро Ҷумъа немис бо ҷамоат даромадҳоро тақсим мекунад) ҳаракат кард, одам овард ва муҳлати кори тракторро боз добавит карданд. Боз ду -се трактори дигар кор кард. Лекин соляркаашро аз ҳисоби халқ рехтанд. Се рӯзи дигар кор карданд тракторҳо.

            Пули бақияи свет 10.000 сомонӣ.Аз куҷо?

Акнун дар бораи мушкилоти истифода ва масрафи қувваи барқ дар Офтоблиқо гуфтаниам. Ҳозир тамоми счетчикҳои деҳаи Офтоблиқро бо счетчикҳо нав иваз намуданд.

Счетчикҳои электронии картавӣ. Гуфтанд, ки дар счетчикҳои пешина бақияҳоро нол кунед, баъд картаҳоро биёед бичаспонед. Счетчики картагӣ бизанед баъд бичаспонедашон.

Як хел одам то 8, то 10000 сомонӣ бақия дар номаш ҳаст. Ин бақия аз куҷо меояд, номаълум. Халқ, аз он ҷумла худам ҳар моҳ пули свет- чанд пуле мешавад,через карта месупорам. Наличий карда ба светавой месупорам. Ҳоло дар ҳисоби хонаи ман 8 000 сомонӣ бақияи свет будааст. 8000 сомонӣ!

Як световойро пурсидам, ки свети хонаи худат бақия дорад?

Гуфт свети хонаи ман бақия дорад, вале илова кард, ки бақияро аҳамият надеҳ.

 Ҳамсоя дар светавой кор мекард. Гуфт ман ягон бор пул-мул намедиҳам. Ман медонам, ки ката-катаҳо худашон истифода мебаранд, заводу фабрикаҳояшон кор карда истодааст, пули ин ҳамаро бояд дар гардани халқ бизананд.

 Ин пули бақия аз куҷо меояд номаълум. Ин гапро светавой ҳам мегӯяд. Худаш ба даҳанаш мегӯяд, коргаронашон ҳам ҳамааш медонанд, халқ ҳам медонад, ин гапро. Лекин боз ба болои халқ ҳамин пулро мезананд.

Ба идораи светавой мардум барои даъво кардан меравад, лекин даъвоҳояшон  нол аст.

Як ҳамсояи мо меравад световой барои даъво. Мегӯяд, ки ин бақия чаро омадааст, чаро ин қадар шудааст? Ва мегӯяд, ки катакатаҳо истифода мебаранд, пул намедиҳанд, шумо пули онҳоро дар номи халқ мезанед.

Баъд дар светавой ба ин ҳамсояи мо гуфтанд, ки ту доказат дорӣ?

Хуллас, ин ҳамсояи мо ҳамин қадар гап гуфта будааст. Вайро барои танҳо ҳамин гап се- чор бор,аз ҷумла амният печонда бурд.

Айни замон дар Офтоблиқо пули халқро маҷбур карда гирифта истодаанд ва бақияҳоро холӣ карда истодаанд. Ҳозир мардумро барои бақия таҳдид доранд: «бақиярО бидеҳ вагарна светҳоятро мекушем».

  Свети хонаи як хел одамҳоро кушта истодаанд.То бақияро насупоранд, як суткаӣ, ду суткаӣ светҳои одамҳоро мекушанд.

Бовар кунед, ки нав кори хуб ёфтанд, ки аз ҳамон  марказ мекушанд ва дигар хонаи   ту намеоянд, аз ҳамонҷо мекушанд. Счетчики ту  автоматӣ мепартояд.

                     Қурбонхони помошхурак

Дар деҳа мо ҳам аз тарафи ҳукумат камбизоатҳоро ёрдам мекунанд, соле чор маротиба ва гоҳе гову молу чорво гусфанд, бузу рамкаҳои асал дода мешавад. Ин ҳама чизу чораро ба хотири халқи камбағал меоранд ва ба дасти Қурбонхон ин кӯмакҳо барои камбағалҳоро месупоранд ва Қурбонхон ба халқ бояд тақсим кунад. Қурбонхон додари Эмом Рамазон, командири Фронти халқии  Тоҷикистон аст. Ин Қурбонхон ранги ҳамон боевикҳо кор мекунад, ягон касро аҳамият намедиҳад. Ҳар сол, то ҳозира, барои халқи камбағал гову молу гусфанду бузу рамкаи асал   медиҳанд. Аммо то ҳозира ба ягон одам ягон чи надодааст. Гуфтааст, ки ман намедиҳам, ман худам медонаму ин кору борҳо.

Ин нафар як вақт раиси маҳалла буд. Гуфтааст, ки ҳозир дигар барои ма раиси маҳаллагӣ даркор нест, манда ҳамин помош бошад басай, ай ҳамин раиси нагиранма басай. Ва боз гуфтааст, ки «ира ай дасти ма ҳиҷка гирифта наметона»

   Як масъалаи дигари доғи рӯз барои кулобиҳо:

Он ҳам масъалаи ГАИ аст. Дар пеши бозори Кулоб ГАИҳо дар чандин точка меистанд. Инҳо ГАИ нестанд, инҳо участковийи бозоранд. Дар пеши ГАИ меистанд, ронандаҳоро ҳудаву беҳуда протокол мекунанд.

 Дар пеши вокзали Кулоб меистанд -як точка. Як точкаи дигар дар пеши магазини Бадахшон- саршавии бозор. Як точкаи дигар дар чорроҳаи Равшан. Боз дар пеши Умед- 88 пеши бозор. Боз як точкаи дигар аз тарафи бозори Сомонӣ.

Аз Сомонӣ поёнтар якҷо литсензия аст дар пеши донишгоҳ. Як литсензияи дигар пеши мактаби президентӣ меистад. Як точкаи дигар дар саршавии деҳаи Санпар. Дар инҷо дар пушти дарахтҳо меистанд, радар доранд. Дар даруни Санпар. Яктои дигар аз Санпар фаромадан. Инҷо ҳам дар пушти дарахтҳо ҷогаҳ мешаванд. Онҷо як хона ҳаст, дар пушти вай ҷогаҳ мешаванд. Радар доранд. Инҷо бояд аз рӯи чил ҳай кунӣ. Агар чил бошӣ ҳам манъат  мекунад, 37 бошӣ ҳам манъат мекунад. Бардурӯғ мегӯяд, ки суръатат баланд буд. Як радари вайронаро нишон медиҳад. Мегӯяд радар пул мегӯяд. Пул диҳӣ хуб, надиҳӣ ва бо онҳо баҳс кунӣ, сахт гап занӣ, рӯирост мегӯяд, ки дод назан, вагарна «ҳозир корҳои хоинҳои давлат қатӣ қушат мекунма меравӣ, худам провожатат мекунам». Гапи хуби мо барои ГАИҳо пул аст. Вақте маҷбур мешавию баъд пул медиҳӣ чтоби протокол накунанд, он вақт аллакай документҳоят хуб бошад ҳам протокол мекунад. Мегӯяд «началник да бояд бигирад».

Ҳар кадоми ин ГАИ радар доранд, надоранд, дар куҷое, ки дар ҳамин шаҳр ҳастанд, вақте манъ мекунанд, бояд пул бигиранд. Дар ҷонат мезананд.

                          Пажари бозори Кулоб

Як бародар дар мавриди вазъияти бозори Кулоб, бахусус дар бораи бархӯрди пажарникҳо бо бозоракиҳо ҳикоя кард. Он бародар гуфт, ман фикр мекардам пажар барои тоқа алоб куштан аст. Аммо пажар дар ҷони халқи бозори Кулоб задагӣ аст. Пажарникҳо меоянд фир мегарданд, проблема создават карда:- у светут ухелай, иш ихелай бо ҳар баҳона пул меситонанд.

Вақте савдогарҳои бозор мегӯянд, ки ин кори мо нест, кори раис ва соҳиби бозор аст. Аммо раиси бозорро кор надоранд меоянд пеши халқ медароянд. Дар як моҳ як бор, ду бор дар ҳамин бозорро фир мегарданд. Ҳар кадомеаш таҳдид карда мегӯяд протокол мекунам ва  коғаз -поғазашро пур мекунанду мераванд. Баъд байни даҳ -понздаҳ рӯз меоянд, пул ҷамъ мекунанду мераванд. Ҳар кас сад, садупанҷо то дусад сомонӣ медиҳанд. Халқро  протоколи бисёр мекунанд.  

Бечораи пожар ҳам даҳанашро боз мекунад, мегӯяд мо маҷбур шудем. Ба хотири онки дар ноҳияи Ховалинг як мактабро дар номи пажаркаи Кулоб задаанд. Мо аз куҷо меорему мактаб месозем. Мо маҷбур мешавем шуморо протокол кунем ва он мактаби ноҳияи Ховалингро мо бисозем.

Дар вақтҳои бекориашон пожарникҳо кӯчабакӯча, деҳабадеҳа фир мегарданд. Мабодое дар ягон хона ягон лампочкаи давраи союзӣ биёбанд тамом, капаи хонадор дуд кардагӣ аст. Медароянд маҷбур карда ягон пули калонашро мекананд.  

Ҳамсояи барбари рафиқи ман Бобоҷон аст. Меоянд дар таги навесаш лампочкаи давраи Союз сухта истодааст, аз берун метобад. Пожарник меояд ин мумкин нест гуфта дӯғ мезанад. Хуллас, ҷаримаи калон мекунанд. Баъд коғази ҷаримаро медаронад, пулро меканаду мезанад дар киса.

Маоши пожарник 1500 то 2500 сомонӣ аст. Се- чор фарзанд дорад, лекин дар таги пояш мерседесу лексус. Опелро ҳай намекунанд. Мошинҳои последний модел доранд. Барои онки аз киссаи халқ рӯирост дуздӣ карда мехуранд.

Ман худам дидам пожарники кулобӣ кор мекунад, қадпастаки ғафсакак аст, пешониаш кал. Яктои дигараш ранги африқоиҳо сиёҳ. Дарунбадаруни деҳа фир мегардад. Папкаҳо таги каш.Дар бозори Кулоб ҳардуи ҳамин куратор. Дарунбадаруни бозор фир гашта пул ҷамъ мекунанд. Хулоса ҳамаи инҳо, аз ҷумла ГАИ аз халқ пули калон мегиранд.

Номи се ГАИро медонам: Давлати сияҳ, Сулаймони дандонтилои қадпастак ва Фарҳод аз деҳаи Зиракӣ. Ин Фарҳод пештар участкавои Зардиев буд, дар таги дасти Зардиев кор мекард, аз даруни замини пахтаи Зардиев гову молро ҷамъ карда бурда руст мекард. Зардиев пул мегирифт, баъд гови одамро пас медод. Ҳозир ГАИ кор карда истодааст.

Шояд сабаб шаведу ин ҳаромҳои ҳаромхӯрро Худованд ҳидоят кунад.

                                     Номаи 2

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Офтоблиқои ҷамоати Зиракии шаҳри Кулоб бароятон ин номаро мефиристам. Дар ин нома чанд масъалаи мубрамро матраҳ мекунам.

                          Пул барои партовгоҳ

  Дар деҳаи мо чанд сол аст пули зиёд барои тоза ва тамиз кардани мусор-партов ҷамъ мекунанд. Партовҳои деҳаро бояд дар ҷойҳое, ки аз қабл эълон кардаанд баранду резанд, аммо дар амал қишлоқи мо ҷойи мусорпатоӣ надорад. Ҳамаи сокинон бо ҷамоати деҳа  маслиҳат карданд, ки дар ҷойҳои махсус, дар гӯшаҳои деҳа ҷойи партов бисозанд.

  Пули беҳад зиёд ҷамъ карданд. Аммо ягон маротиба ва ҳиҷ вақт эълон намекунанд, ки чи қадар пул ҷамъ  шудааст. Пул дар дасти Шариф раиси маҳалла, дурусттараш раиси пешин ҷамъоварӣ мешуд.

Ба ҷуз аз ин пул барои мусор, боз барои маҳкам намудани гирди манзилҳои деҳаи Офтоблиқоро аз аҳолӣ пул гирифтанд. Барои ин кор ҳам пулро ҷамъ карданд. Охирон маротиба, ки раиси маҳалла иваз шуд, чунки Шариф раиси маҳаллагиро бас кард пул дар дасти Хайриддин зад. Як миқдори ночиз, вале ин пул ҳам номаълум куҷо шуд.

  Дар вақти раиси маҳалла будани Шариф аз тарафи ҳукумат барои сохтани латок пул ҷудо мешавад. Ин латок барои  он сохта мешуд, ки дар тори куҳ чорворо об диҳанд. Онҷо, ки оби чашма меояд, дар онҷо бояд латокро мерехтанд, ки одамон ҳар рӯз вақти нисфирӯзӣ чорвои худро қишлоқ нахамбонанду боло биистад, то ки аз он об хурад. Аммо пули аз тарафи ҳукумат ҷудошуда дар вақти раиси маҳалла будани Шариф гум шуд. Инкор мекунад, ки «пул-мул набуд, доказат дошта бошед, нишон диҳед, ман мегӯяматон, ки пул гум шуд».

Чуноне гуфтем баъди Шариф Хайриддин раиси маҳалла шуд. Вале Хайриддинро Шариф руководит мекунад. Ба хотири онки набояд раиси маҳаллагиро Ҷумъа немис бигирад.

Аммо, бояд ҳақро гӯем, ки дар ин қадар вақт Шариф дар деҳа ободӣ ҳам кард. Раҳу рӯ, латокро тоза мекард, аҳамият медод. Танҳо Шариф буд, ки ҳамчун раиси маҳалла ободӣ кард. Ҳам хубиашро гуфтан даркор ҳам ноӯҳдабароияшро. Мегӯянд, ку дар куҷое бишинӣ бояд дар ҷойи гарм бишинӣ. Мақсад Шариф ҳам фоидаашро аз раиси маҳалла буданш гирифтагӣ аст. Дар вақти раиси маҳалла буданаш аз тарафи ҳукумат ва соҳибкорҳо трактору экскаватор ва мотосиклҳои сечарха барои мардум оварданд. Асосан ҳамаи ҳамаи инҳоро аз тарафи ҳукумат меоранд.

Шариф тракторашро соҳиб мешавад ва мегӯяд барои деҳа истифода мебарам. АбдуҷабборЗардиев экскаваторро мегираду мотосиклҳоро Набиев Ҷамшед аз худ мекунад.

Шариф то ҳозира мегӯяд, ки солярка барои тракторро бирезед, ман барои кори деҳа бепул кор мекунам. Лекин барои дигар корҳо пул мегирам. Соляркаамро бирезед кор мекунам.

Ҳозир байни деҳҳо як навъ мусобиқа рафта истодааст. Дар байни ҳамаи деҳаҳо группаи Ватсап кушоданд. Халқи расиян –муҳоҷирҳои меҳнатӣ пул мепартоянд -дар ҳамаи деҳаҳо.

Халқи расияни деҳаи Офтоблиқо раҳу рӯро сангу шағал рехта обод карда истодааст, кору бори деҳаро карда истодааст, ёрдам карда истодааст. Роҳҳоро чуқуриву пастиҳояшро пур карда сангфаршу асфалтпуш карда истодаанд. Дигар деҳаҳо аз ҷумла деҳаи Ҷерқалъа ҳам асфалт рехт. Деҳаҳои Комсомол, Навобод ва НКВД ҳам ҳамин тавр карданд. Дар деҳаи Ҷерқалъа болнитсаи калон ва роддом ҳаст. Аҳолии НКВД через Ҷерқалъа бояд бираванд. Роҳро санг рехтанд.

 Ҳозир халқ ҳамааш медонад, ки аз ин ҳукумат ягон фоида нест. Ба ҳамин хотир дар ҳама ҷои Тоҷикистон байни деҳаҳову шаҳрҳо мусобиқа рафта истодааст.

Аммо аҷоибот ва беномусии мақомдорони Раҳмоновро дар ин шаҳру деҳаҳо бубинед. Вақте ту корро сар мекунӣ, корро ту, яъне аҳолӣ бо пули фиристодаи расиянҳо пеш бурда истодааст, раиси шаҳр ба пешат омада як мебинад ва «маладесатон» мегӯяд ва мегӯяд «ба ободии сарзамин дастаҷамъона сар кардед- маладес маладес» ва бо ҳамин меравад. Тамом. На пул медиҳад, на трактори бепул меорад, ки ҳамроҳи аҳолӣ кор кунад. Ягон кору кӯмак аз дасташон намеояд, «маладес»мегӯяду меравад.

Баҳори порина сел омад. Канал аз лою гил пур, тоза накардагӣ буд. Сел каналро гузашта ба деҳа омада ҳама роҳро ҷазир карда буд. Расиянҳои Москва, бачаҳои муҳоҷир ҳама пул партофта буданд, раҳурӯро шебёнка рехта ружд хушрӯ карда будан. Аммо ин сел омаду ҳамаро лойлиқа карда партофт. Ин ҳукумат ҳатто меҳнати мардуми муҳоҷирро дастгирӣ намекунад. Медонад, ки ин ҳама ободиҳоро халқ худаш карда истодааст аммо меҳнаташонро дастгирӣ намекунад. Бояд каналро тоза кунанд то дигар зарар ба халқ нарасад.

                                Бузҳои деҳа

Дар деҳаи мо бузҳо хеле бисёр аст. Бузҳои амниятӣ.

Як нафар аст ки ҳама бобои мулло мегӯянд, бобои Махсум ҳам мегӯянд, шахси бузург аст. Ман фикр мекунам, ки аз ҳама муллои боқувват ва аз ҳама муллои беҳтарин дар Тоҷикистон ҳамин шасият аст. Бениҳоят инсони хуб.

Ин шахс дар хонааш кӯдакҳоро дарс медодааст. Аз соле, ки худамро мешиносам ин шахс беш аз 85 % деҳаи Офтоблиқоро дарси исломӣ додааст. Ҳурмату иззаташ боло ва бисёр аст. Вақте ин одам дарс медиҳад дар ҳамсоягиаш Неъмати Казаков бо ҳамроҳии Шоҳи писараш зиндагӣ мекунанд, ки ҳардуи инҳо бузи ҳукумат, бузи амният ҳастанд, бобои Махсумро мефурӯшанд.

  Як саҳари барвақт аз ду тарафи роҳ ба сӯи хонаи бобои Махсум роҳро маҳкам карда бо 16 кудак  бобои Махсумро дар хонааш меқапанд. Бобои Махсумро хело азобу шиканҷа медиҳанд, хело штрафи калонаш мекунанд.

Ҳамаи деҳа медонад, ки ҳамин Неъмати Казаков бо писараш бобои Махсумро фурӯхт. Худи бобои Махсум ҳам медонад, ки ӯро ҳамин фурӯхт. Лекин тарафи мардум гашт гуфт, ки бачаҳо гумони бад накунед. Он одаме, ки маро фурӯхт аз ин деҳа нест.

Неъмати Казаков ва писараш дар ҳамкорӣ бо амният ва дар бузӣ ҳеҷ устухон надоранд. Раҳме ба ягон ҳамсоя ва ҳамдеҳаҳояш намекунад.

                            Ободӣ аз ҳисоби кӣ?

  Вақте ҳамроҳи ҳукуматиҳо баҳс мекунӣ, мегӯянд, ки ободиро фақат дар роҳ мебинанд. Дар роҳҳои асфалтпӯш мебинанд ободиро. Аммо мо баракс меҳисобем. Ободӣ дар роҳ нест. Ободӣ дар ташкили заводу фабрика аст.

 Ин халқи камбағал, писарҳои мо ҳоло дар Русия кору фаъолият мекунанд. Бояд онҳо биоянд дар ин фабрикаву заводҳо дар Тоҷикистон кор кунанд, на дар Русия. Ободии роҳҳо барои мошинҳои гаронарзиши худи мақомдорҳо аст,ки мошинҳояшон харобу вайрон нашавад ба мо чи фоида дорад?

  Вале ман ягон ободиро дар территорияи худам намебинам. Чунки ҳамаи роҳҳо дар давраи пеш мумфарш шуда буданд ва ҳоло ҳамон тавр бо асфалти шӯравӣ истодаанд.

Як вақт бояд президент Муминобод мерафт. Роҳро аз деҳаи Сампал то миёнаи Мумиинобод (трассаи калонро) асфалтпӯш карданд. Лекини дар деҳҳо ягон роҳро обод кардагӣ нестанд. Як мошин санг ё шағал дар роҳҳои деҳаҳо намерезанд.

Аз раҳи фурудгоҳи Кулоб то раҳи деҳаҳои Лақаё, Чапаев, Комсомол, Навобод НКВД ва Тоқапар ягон майда обод нашудааст. Агар фикри мошинатро кунӣ инҷо тез ҳай намекунӣ, лекин агар фикри мошинатро накунӣ тез ҳай мекунӣ. Суръати мошинро аз чил боло карда намешавад. Беҳад роҳаш безеб аст. Аз он ҷумла аз роҳи Чапаев то Комсомол -деҳаи Абдуҷаббор Зардиев аз рӯи понздаҳ- бист ҳай мекунӣ.  Барои онки мошинҳои грузавой бисёр мегузаранд, мошинҳои грузавойи Зардиев роҳҳоро тамоман корношоям ва ҷазир кардаанд.

  Мо дуъогуем, ки ин Зардиев худаш ҷазир шуда равад.

Ва, дар охир гуфтанием, ки бародар Муҳаммадиқбол мо аз шумо хеле миннат дорем.

Шумо сабаб шудед, ки Зардиев Абдуҷаббор як нима шуда истодааст. Зардиев.А ва зулмаш ҳаду канор надорад. Зардиев то ҳоло ва махсусан як сол, ду сол пеш намехост, ки як кас да кӯча як ароба санг резад, як чуқуриро пур кунад. Меомад рӯирост мамониат мекард: «ҷура бра и иҷа чко мекунӣ, монуш бестад», мегуфт.

Бо ҳамон овози ғафси монанди дудбарои трактораш мегуфт, ки «ягон кор накун монен беста».  

Ҳоло, ки Зардиев каму беш як 25% якнима шудаааст халқ дастаҷамъона бо ёрдами раиси маҳалла раҳу рӯро бо сангу шебен пур ва беҳтар карда истодаанд.

Дар деҳаи Комсомол, деҳаи Зардиев ду водопровод буд: якто дар даҳани дарвоза якта дар ҷои таҳоратхонаи масҷид. Ҳозир ягонтои онҳо кор намекунад, об надорад. Раҳу рӯ ҳам безеб буд. Аммо бо дастгирии муҳоҷирон раиси маҳалла раҳурӯро соз кард.

Аллоҳ баракат бидиҳад, боз шумо сабаб мешавед, ки ин камбудиҳо низ як як бартарф мешавад.

Ман ҳоло дар ватан ҳастам, ҳамаро тамошо карда чи камбудӣ ва чи пешравӣ аст ҳамаашро ба шумо мерасонам.

Ончиро, ки қаблан навишта будему чопу нашр кардед дар бораи Кулоб ва дар бораи Зардиев аз Хушбахти писари бобои Мурод гумон бурдаанд. Набӣ Зардиев хост ва ҳаракат кард, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шавад, тюрмааш кунанд.

  Инҳо гумон карданд, ки он ҳама гапу коре, ки мо ба шумо навиштем Хушбахт нависондаст. Ҳоло бошад Хушбахт дар маҳбас аст. Дар Чапаев ҳам чанин касро маҳкам карданд. Дар деҳаи Офтоблиқо Носиров Сайфуллоро маҳкам карданд. Фикр карданд, ки ҳамаи ин кору борро ба Ислоҳ Носиров Сайфулло навиштааст.

Лекин Аллоҳ шоҳид, кадоме чизе навиштааст ва нависонидааст, коре надорам.Чунки ман худам аз ҳаминҷо ҳамаашро яктоякто навиштан мегирам. Фарзандони мо дар муҳоҷират дар азобанд. Ҳамаи камбудиҳо дар деҳаро худам навишта истодаам.

Дар куҷое чи минусие Зардиев дорад, дар территорияи шаҳри Кулоб ҳамаро менависам. Ҳар чизи дидаамро, ҳамаашро менависам.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ин ду нома танҳо як гӯша аз ҳақиқати талхи зиндагии мардум аст. Зулм вақте идома меёбад, ки мардум хомӯш мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар яки шуморо даъват мекунем: агар шумо ҳам шоҳиди беадолатӣ, фасод ва ҷабру зулм ҳастед- хомӯш набошед. Бинависед, бигӯед, ҳақиқатро ошкор кунед.

Садои шумо метавонад сарнавиштҳоро тағйир диҳад. Бо ҳам метавонем девори тарсро бишканем ва роҳи адолатро боз кунем.

Share This Article