Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№347

Ислоҳ нет

Ин бор номаҳо аз Панҷакент, Шаҳритус, Ашт ва Маскав ба дасти мо расидааст, ки барои нашру пахш омода намудем

Аз Панҷакент дар бораи як нафар муовини сардори милиси ин шаҳр сухан меравад, ки ба иддиои муаллифи нома худаш бо ҳамроҳии падараш ба тақсиму фурӯши маводи мухаддир машғул мебошад.

Аз Ашт дар бораи фаъолияти сархатиби ноҳия, имомхатибҳо ва инки онҳо минбари поки пайғамбарро ба баландгӯи таблиғоти пешво табдил ва олуда карданд, шикоят шудааст. Ин муаллиф мегӯяд, ки таҳти чаҳорсад барномаи Ислоҳ шомили ҳаракати Ислоҳотхоҳон шудааст.

Вазъи масҷид ва мардум дар Шаҳритус аз Ашт бадтар ҳасту беҳтар нест. Имомхатибро маҷбур кардаанд, ки таъмири як садикро бар ӯҳда гирад ва ҳоло худаш хишт чинда истодааст. Ин вазъу ҳолат дар номаи омада аз Шаҳритус инъикос шудааст.

Аз Маскав як муҳоҷир баъди тамошои ҷашни наврӯзи имсола дар Душанбе бо ширкати Раҳмонов ва Рустам як нома навишта шахсан ба худи Раҳмонов муроҷиат кардааст.

                                         Панҷакент

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Иди саиди фитр муборак бошад. Умедворам, ки хуб ҳастед.

  Ман аз шаҳри Панҷакент мебошам.  

Имрӯз ман як барномаи пешинаи шуморо тамошо кардам. Дар онҷо гап дар бораи участковый Мумин меравад. Ончи шумо дар бораи ин участковий гуфта будед, сад дар сад рост ва ҳақ ҳаст. Аммо боло ё пушти ин ҳама корҳо дигар кас меистод. Гап дар бораи ҳамонвақта началники милитсияи шӯъбачаи милисаи шаҳраки Колхозчиён, наркобарони рақами 1 дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинзода Чеҳрон меравад. Агар дар ёд дошта бошед як журналисти деҳаи Колхозчиён дар радиои Озодӣ баромад карда гуфта буд, ки бародарашро бо баҳонаи лайк мондан ба шуъбаи милитсияи Колхозчиён оварда сӣ ҳазор сомониашро гирифтанд. Дар ҳамон вақт ин барига Наҷмиддинзода Чеҳрон дар Колхозчиён кор мекард ва ҳама корро ҳамин карда буд ва ҳангоми аз дигар мақомот оиди ин ҳолатҳо санҷиш омаданд, пул дода худро халос кард. Ҳоло бошад дар мақоми муовини сардори милитсия шаҳри Панҷакент кор карда истодааст.

Оиди ин Наҷмиддинзода Чеҳрон мехоҳам як каме маълумоти бештар диҳам. Наҷмиддинзода Чеҳрон зодаи шаҳри Панҷакент мебошад. Падарашро мардум ҳамчун Наҷмӣ барига, нашъаманд, наркобизнес мешиносанд.

 Барои чи ман ва бародаронам ин додамонро гуфта истодаем? Барои онки бигзор Рамазон Раҳимзода ва Эмомалӣ Раҳмонов донанд, ки киро ба вазифа мондаанд. Бовар кунед ин лаънатиҳо пулро гирифта ана хамин хел одамонро ба вазифаҳо монда истодаанд.

Наҷмиддинзода Чеҳрон бо ҳамроҳии падараш Наҷмии баригаи нашъаманд тамоми ҷавонони Панҷакент ҳатто духтарҳоро нашъаманд карда истодаанд. 

Як бор ин вазири МВД Рамазон Раҳимзода омада аз халк оиди Наҷмӣ ва писараш пурсон шавад. Картошка фурӯши Панҷакент ҳатто медонад ин Наҷмӣ бо ҳамроҳии бачааш Чеҳрон чи кор карда истодааст. На ба мусулмонӣ дуруст мегирад на ба христианӣ.  

Соли 2014  Наҷмӣ барои пеш рафтани кораш, то ки мақомотҳо барои фурӯхтани маводи мухаддир барои вай кор нагиранд, духтари бероҳаи худро ба ҳамонвақта сардори милитсия Давлатзода Раҳмон «туғрӣ» карда буд.

 Давлатзода Раҳмон ҳар саҳар дар чойхонаи Наҷмӣ завтрак мекард ва бегоҳ духтари вайро бурда таҷовуз мекард ва ин ҳолатро ҳама сокинони шаҳри Панҷакент медонистанд.

 Давлатзода Раҳмон ба гуфти мардум аз қудоҳои президент Раҳмонов будааст. Мегуфтанд, ки амаки падарзани Рустами Эмомалӣ мебошад. Он вақт вай сардори шӯъбаи милитсия шаҳри Панҷакент буд. 

Айни замон дар дохили шаҳри Панҷакент Наҷмиддинзода Чеҳрон ва падараш Наҷмӣ ба фурӯши ханка ва кристал (шиша) машғул мебошанд. Ҳақиқати кор ҳамин аст ки худашон мардумро нашъаманд карда истодаанд ва писараш нашъамандонро ба милитсия оварда аз онҳо пул мегирад. Дар таги пои бачааш 80.000 ҳазор доллара мошини гаронарзиш, падараш ҳам ҳамин хел. Ин шахсон барои   пеш рафтани корашон ҳатто коргари КГБ Далер ном шахсро ба гурӯҳи муташаккили ҷиноии худ гирифтаанд. Далер феълан дар КГБ шаҳри Панҷакент кор карда истодааст ва дар квартираи Наҷмӣ тӯли 4 сол мешавад, бе пул шиштааст.

  Бовар кунед дар Панҷакент ҳамчун солҳои 90ум қонун фақат барои камбағалҳо амал мекунад. Наҷмӣ, Далер, Чеҳрон маводи нашъаоварро фурӯхта ҳатто ба Узбекистон гузаронида истодаанд. Наҷмӣ хамаи наркобизнесҳои шаҳри Панҷакентро бо воситаи Далери КГБ маҳкам кард ва ҳоло бошад фақат худаш Панҷакентро таъмин карда истодааст.

 Картошкафурӯши Панҷакент медонад, ки Наҷмиддинзода Чеҳрон ба Раҳим Рамазон пули калон дода вазифаро харидааст. Чаро пеш аз вазифаро додан санҷиш намекунад, ки ба кӣ вазифа дода истодаанд.

 Як амакиашро, ки пеш подабонӣ мекард ғайриқонунӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мондааст ва вай дар он ҷой валютчикии ғайриқонунӣ карда пулҳои маводи мухадирро регулировка мекунад. Бачааш Чеҳрон ҳамчун корманди милитсия кришаватӣ мекунад ва ҳангоми дар Панҷакент ягон баригаи дигар пайдо шавад ҳатман ӯро ба милитсия даъват намуда лату куб карда пулашро гирифта ҷавоб медиҳад. Аз болои вай борҳо ариза карданд вале бенатиҷа, пулро дода халос мешад.

 Ин ҳолатҳоро сардори милиса низ медонад ва ҳеҷ кор карда наметавонад. Чунки  Чеҳрон дар гирду атрофаш одамои худашро гирифта аз саҳар то шаб мардумро оварда ба отдел маблағ гирифта мегаштааст. Дар гирду атрофаш гуфтааст, ки началник милиса дар  сари к**ам парад мерам ВКД пулро дода ҷояшро мегирам. 

Ин ҳолатҳоро Рамазон Раҳимзода медониста боша? Охир семичкафурӯши Панҷакент медонад, ки 70.000 доллар дода вазифаро гирифтааст ва пулашро аз мардум чапаю роста гирифта маводи мухадирро ба ҳама тақсим карда истодаанд бо ҳамроҳии падари баригааш.

Аз барои як ноболиғ, ки ба гандагаштӣ машғул мебошад ними сокинони Панҷакентро даъват карда бо ҳамроҳии прокурор аз сад то дусадҳазорӣ маблағситонӣ карда истодаааст ва се камбағалро дело карданд. Мондагиашро ҳамаашро пул карданд.  Яке аз онҳо писари як валютчик аст. Ин ҳолатҳоро низ санҷиш карданд. Аммо бо сабабҳои номаълум ҳама хап.

 Як навбат маводи мухаддир дастгир карданд, ки маълум шуд источник дуюм зани кӯри Олим баромад. Аммо ин ҳолатро низ бо маслиҳати прокурори шаҳри Панҷакент маблағи калон аз зани дуюми Олими кӯр гирифта пинҳон доштанд ва он знро ҷавоб доданд. Зани дуюми Олими кӯр аз Саразм мебошад.

 Чанд вақт пеш низ маводи мухадир -700 грамм аз деҳаи Ғарибак гирифта аз источникаш 90.000 ҳазор доллар гирифта озод карданд.

Ҳангоми дар Колхозчиён кор карданаш низ мардум ба дод омада буданд:- на лайк монд, на кайку на пайк.

  Падар даюс, барига, нашъаманд, наркобизнес, худаш низ хаминкора. Ҳангоми дар Колхозчиён кор карданаш коргараш Азаматро бо 12 кг маводи нашъаовар дастгир карданд. Вале вай аз об соф баромад, лекин маводи мухадирро худаш бо воситаи Муҳриддин, ки ҳозир сардори милитсияи Колхозчиён мебошад дода буд. Вай пули калон дода халос шуд. Баъди ин ҳолатҳо боз Рамазон Раҳимзода ин ду наркобизнесро якеро сардори милитсияи Колхозчиён –Муҳриддин, дигаре Чеҳронро муовини сардори милитсия шаҳри Панҷакент таъин кард. Албатта бар ивази пули калон.

 Ҳоло милисахонаи Панҷакент ҷои группировкаи наркобизнесҳо шудааст. Ин ҳолатро Рамазон Раҳимзода намедониста бошад ё барои вай по**й, ки давлату миллат чи мешавад? Чи мешавад, маълум, албатта ба мардум ҷавр карда истодаанд, чи мешавад, ҳамаро наркоман карда истодаанд. 

 Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро ҳатман пахш кунед, чунки мардум наворҳоро мебинанд ва он шахсон, ки инҳоро таъин карданд гум мекарда бошанд ё аз кирдорашон даст мекашида бошанд.

 Лекин инҳо як гурӯҳи муташаккил ташкил кардаанд, ки ҳеҷ кас зӯраш намерасад.

Ман бовар дорам баъди ин навори шумо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ягон хулоса меомадагист.

Ин номаро мо дар Инстаграми шумо низ навишта будем.  

                                           Ашт

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шуморо ба фарорасии иди баҳор, ки вақти бедории мавҷудоти зинда аст табрик менамоям. Аз ноҳияи Ашт барои шумо менависам.

 Аллоҳ тиловату тоату ибодоти моро дар ин моҳи муборак қабули даргоҳаш гардонида бошад. Ман ошкоро мегӯям, ки ин 400 барномаи шумо буд, ки мо ин тавр мубориз шудем ва фаҳмидем, ки барои нафси дунявӣ набояд имонро фурӯхт.

Ҳоло 22 марти соли 2026 аст. Ошкоро мегӯям, ки ҳамин ҳаракати Ислоҳотхоҳон буд, ки мо, масалан ман қуръонхон шудам, камбудиҳоямонро ба хотири мубориза ислоҳ карда истодаам ва савоби тиловатҳои кардаамонро ба пешвоёнамон бахшидам.

Ман Эмомалӣ Шарипович Раҳмоновро пешвои худ намеҳисобам. Вай душмани дини мо аст.

Ман пешвоёни дини худро домулло Саид Абдуллоҳи Нурӣ, домулло ҳоҷӣ Қаландар, домулло Абдураҳими понғозӣ ва домулло Муҳамммадиқболи Садриддин мешуморам, ки дар пойдории ислом саҳм доранд.

Бародар ман чи гуфтаниам?

Сархатиби ноҳияи мо домулло Абилбақо дар аввли моҳи рамазон қориҳоро даъват ва маҷлис карду гуфт, ки дар ҳар рӯз як пораӣ қуръонро хатм кунанд ва дар сӣ рӯз ба охир расонанд.

Ман дар вақташ домуллои марҳум Абдураҳими понғозиро хуб мешинохтаму рафту омад доштам. Он кас барои ободии диёри мо зиёд хизмат кардаанд. Ҳозир писари он кас қорӣ Абдусабир мебошад.

 Домулло мо дар мубориза зидди ин диктатор ҳастем. Инро ошкоро мегӯям. Дар ҳар куҷое, расонае, ки бошад гуфта метавонам. Ба ҷуз аз Аллоҳ аз касеву чизе тарс надорем. Ман бори дигар мегӯям, ки Раҳмоновро пешво намеҳисобам. Пешвоҳои ман мисли Саид Абдуллоҳи Нурӣ, мисли шумо, мисли Муҳиддин Кабирӣ одамонеанд, ки саҳмашон барои пойдор доштани дин ҳаст.

Ман ба ин муллоҳомон гуфтаниам, ки минбари пайғамбарамонро хор накунанд. Хусусан ҳамин бачаи шайдонӣ, ки пешдарои намоз гузаштагӣ.

Инҷо аз чанд нафар ном мебарам.

Понғоз ин ҷои калон. Ман инҷо хизмат кардаам. Ҳозир Фирӯз Ҳайитов, ки дар яке аз барномаҳо дар борааш гуфта буд Русия рафт. Боз Шодиматов Дилмурод як шайдонӣ намозро нағз мехонад, забонаш бурротар. Лекин инҳоро мардум ҳамчун чоплус   мешиносанд. Ман инҳоро дар паҳлуи ҳамин золим мемонам, ғоратгари мардум меҳисобам. Шахсан худам бо Ислоҳотхоҳон ҳамроҳ ва пайваст шуда қуръонхон шудам.

 Аммо ҳоло аксарияти имомхатибҳо  пешво гуфта мемуранд. Дар ҳоле, ки дар минбари пайғамбарамон набояд ӯро пешво гуфта минбарро олуда кунанд.

Ин боиси афсус аст ки ҳамин хел илмдорҳо пешво гуфта дар ҳар намоз аз як ғайридин таъриф мекунанд.

 Агар ҳамин пулҷамъкарданҳо аз мардум ба розигии Аллоҳ буд, ман мекардам. Аммо ин корҳо бо дастури шоҳи золим аст. Дар паҳлуи шоҳи золим дар бари вай меистанд. Дар маҳаллаи мо Шодиматов Дилмурод, Ҳайитов Аҳлиддин ва Қурбонов Суҳроб чоплусҳоанд. Дар яке аз барномаҳои шумо қаҳрамон Суҳроб Қурбонов буд, ки вай бачаҳои синни даъватиро фурӯхта буд

Домулло дар ҳақи мо дуъо кунед. Дарахт ба об инсон ба дуъо месабзад.

Як нафари дигар, ки ҷойи домулло Абдураҳими понғозиро гирифтааст -ҳоҷӣ Зикриддин, ки хонааш дар нздики масҷид, ин ҳам ранги дигарҳо аст.

Домулло Абдураҳим роҳҳоро обод мекарданд, дар хизмати халқ буданд. Аммо имрӯзҳо дар масҷидҳо камера насб карда истодаанд. Масҷид бо мақсади намоз меравад одам. Камераи худо ҳамачиро, мебинад огоҳ аст.

Дар ҳар намоз, вақти саҷда мегуям, ки «э парвардигори меҳрубон ин золимро аз сари миллат  нест кун, пирӯзиро насби миллат ва халқ гардон. Вале ин мулло низ пешвопешво гуфта минбари пайғамбарро олуда мекунад. Аммо мо дар дили худ дигар гап мегӯем. Аз ин камераи дили мо Худо огоҳ аст.

                                         Шаҳритус

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз ноҳияи Шаҳритус менависам. Мо дар ин моҳи шарифи рамазон бисёр ҳам ҳоли бад доштем.

Мо аз дасти ин золимхо безор шудем. Як ду моҳи пеш гуфтанд, ки дар деҳаи Тракторучастка як садик рост мекунем. Аз масҷидҳои Шаҳритус пул ҷамъ карданд, аммо пулро барои худ сарф намуданд. Ҳатто ба имомхатиби ҷумъа мулло Бахтиëр гуфтанд, ки ин корро анҷом деҳ. Камтар хишт оварданд ва дар сари имомхатиби чумъа заданд, ки инро мечинӣ (хиштҳоро).Хатиб бо ëру рафиқонаш хишти садикро чинда истодааст.

Барои масҷидҳоро таъмиру обод карданд аввал ба амният пул ҷамъ карданд, баъд иҷозат дод.

Чанд рузи пеш мардум гуфтанд, ки масҷиди деҳаи Сайëдро таъмир мекунем (бомпӯш-шифери онро нав мекунем) мардум пул ҷамъ карданд ба амният доданд, баъд иҷозат дод. 

  Чанде аз ҷавонҳо байни ҳамдигар видеоҳои исломӣ паҳн карданд. Амният аз ин хабар ëфта онҳоро аз мактаби рақами 7-и деҳаи Сайëд бурда аз падару модари ҳар кадомашон маблағҳои гуногун 2.3.4.ҳазор долларӣ гирифтааст.

Солдат нарасад мегӯянд, ки масҷидатонро маҳкам мекунем светатонро мекушем.

Бовар кунед, ки мо мардуми Шаҳритус як ҳоли зор дорем.

                                           Маскав

 Ассалому алейкум домуллои азизи дилҳо Муҳаммадиқболи Садриддин. Аҳсан ба ғайрату шуҷоату меҳнатат, борака Аллоҳ .

  Домулло имрӯз баромади табрикотии президенти худкомаи Тоҷикистонро оиди ҷашни Наврӯз тамошо кардам, ки дар бораи аҳамияти донишу илм сӯҳбат мекард. Ман бо навиштани ин номаам ба ин президент худкома муроҷиат кардан мехоҳам.

 Муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмонов!

 Шумо оиди кадом илм гап мезанед? Илме, ки имтиҳон ба пул, хондан ба пул аст? Ҳамаи он донишҷӯёне, ки бояд дарс хонанд, илм омӯзанд ҳоло дар пеши ту истоданд, ки аз ту, аз фарзанди ту, ки дар барат истодааст безоранд. Оё ту медонӣ ва хабар дорӣ, ки ҳамин донишҷӯёни дар ин майдон истода моҳҳо дарс нарафта маршировка рафтанд, то ки дар назди туву писарат дар ҷашни Наврӯз биистанд. Донишҷӯёне, ки ҳафтаҳову моҳҳо машқ мекунанд, дарс намераванд аз куҷо донишу илм мегиранд?  

Раҳмонов ту имрӯз дар бораи уммати ислом гап мезанӣ, ҳадис гап мегӯӣ. Охир барои чи олимони ҳақгӯи исломро зиндон мекунӣ- мисли бародар Абдуллои язгуломӣ.

 Домулло шумо дар кадом як барномаи «Номаҳо..» гуфта будед, ки камтар фишор биёранд Раҳмонов мулло мешавад. Ҳозир камтари дигар фишор биёранд масҷид меравад ва дар тамоми телевизиюнҳои Тоҷикистон  нишон медиҳанд, ки пешво дар масҷид намоз хонд. Лек то зиндониҳои сиёсӣ, домуллоҳои ҳақгӯ ва рӯзноманигорони бе гуноҳро ҷавоб надиҳӣ аз зиндон боварӣ нест. Ояти каломи  рабониро дар бораи ҳиҷоб  қабул кунӣ, ришро иҷозат диҳӣ баъд маълум мешавад. Раҳмонов ин ҷавонон, ки дар назди ту истодаанд аз ту безоранд. Ту барои бизнеси худат, ки дигар мардум ба донишгоҳи ту дохил намешавад, шумори донишҷӯён кам шудааст, даъват карда истодаӣ, ки донишҷӯёни бисёр шаванд. Не, мардум аллакай медонанд, ки барои тамом кардани донишкадаву донишгоҳ пули бисёре сарф мекунанд, ки борои буҷаи оилаи ту масраф мешавад. Вале оқибат Русия ба ғуломӣ мераванд.

 Раҳмонов дар ҳоле, ки ҳама мақомоти давлатӣ, корхонаи давлатӣ дар дасти авлоди ту  аст ва дар ҳамаҷо раису роҳбар онҳо бошанд дигар чи умеди хондан? Хонад оқибат дар Русия аробакаш шавад?

 Раҳмонов ту истеъфо деҳ! Ту аз уҳдаи идораи оилаи худ намебароӣ, ту чи хел Тоҷикистон идора мекунӣ? Туро хоҷаҳои русиат то имрӯз диктоват карда истодаанд. То имрӯз тоҷикро ба пасттарин мартаба расондӣ, кӯдакҳоямон аз дасти хоҷаҳои руси ту дар ҷанги Украина кушта мешаванд, аммо ту хапу хомушӣ, дар аскарӣ кушта мешаванд, ту хапу хомӯшӣ.

Раҳмонов ман худам бо дипломи олӣ дар бозори Садовод аробакашӣ мекунам.

Се бача дорам, ки ҳар вақт насиҳат мекунам, ки кадом гурӯҳ бар зидди Тоҷикистон ҷанг кард ҳатман шуморо мебаранд, таслим шавед ба ҳамон гурӯҳ, яроқ гиред бар зидди Раҳмонов ва оилаи вай ва сиёсати пешгирифтаи вай биҷангед.

Агар мурдед ин ша Аллоҳ шаҳид мешавед.

Раҳмонов мардуми Тоҷикистон аз ту ва аз оилаи ту безоранд, аз сиёсати пешгирифтаи ту безоранд.

Мактаб ба пул, аммо чи биомӯзанд- пора гирифтан ва пора додан? Вақте муаллиму муаллима пул мегиранд кӯдак инкорро тез кабул мекунанд. Духтур-пул милиса- пул, ҷамоат пул гирад- ин чи хел давлатдорӣ?

 Барқи миллатро мефурӯшанд. Мардум худаш роҳ асфалт кунад, мактабро худаш созад, духтурхона худаш созад, ин чӣ давлат аст? Бачаро калон кунему вай мардикор шавад аз ин давлат чи фоида? Як сум фоидаву манфиат аз давлат набошад, ба сини 18 расад биёянд маҷбур хизмат баранду бикушанд? Тоҷикистон ба мисли давлатӣ ғуломдорӣ шудааст.

Раҳмонов бароят як мисоли одӣ меоварам. Дар ҳолате, ки духтур, милиса, амният военком ҳама порахур бошад, ки кафолат медиҳад, ки вазири амният, ё вазири мудофиа, ё вазири милиса пора намегирад?

Порахуриро ту ривоҷ додӣ. Порахӯрӣ дар ҳукумати ту ба як кори одӣ ва одатӣ табдил шудааст. Агар масъалаи пораро аз аввал  ҷиддӣ мегирифтӣ, пеши роҳашро мегирифтӣ, порахӯрҳоро ҷазои сахт медодӣ, худат пора намегирифтӣ, бо сулҳи мухолифон хиёнат намекардӣ, корхонаҳои калонро клет намекардӣ, имрӯз ба ин ҳол намеомадем. Мо медонем, ки Раҳмонов ту омадан баробар корхонаҳоро, колхозу совхозҳои Тоҷикистонро доля бастӣ, маҷбур шуданд ҳамаро фурӯшанду  доляи туро диҳанд. Фикри коргарони одиро накарда барои худат хонаи 4 миллион доллара сохтӣ. Устову сохтмончиҳоро аз Италия овардӣ, онҳо омада сохтанд. Ту аз аввали омаданат то ба имрӯз ягон бор фикри мардум накардӣ ва ана ҳамин шуд оқибат.

Раҳмонов куҷо мебарӣ Тоҷикистонро?

Раҳмонов фикр накун, ки ба мисли Эрон мардумат ва мақомотат ба ҳимояти ту мехезанд. Раҳмонов мардум туро бо оилаат, бо кӯдакони хурдат бо мисли оилаи шоҳи Русия Николайи 2 мекунанд.

  Раҳмонов ба фарзандонат, набераҳоят раҳм кун.

Ҳар нафаре фарзандаш дар муҳоҷират мемурад, падараш мемурад аз ту медонад, ба ту нафрат пайдо мекунад.

Ҳар нафари зиндониро фарзандонаш, ҷиянҳояшон акаву додаронашон ба ту нафрат ва кинаву ғазаб доранд.

Вақте инқилоб сар шавад онҳо ҳеч касро гӯш ва итоат намекунанд ва ба мисли оилаи Николайи 2 оилаву фарзанду набераҳоятро несту нобуд мекунанд.

Раҳмонов огоҳ ва дониста бош, ки инқилоб шуданист. Хулоса барор

Раҳмонов мо ба набераҳои ту хусумат надорем. Лек дер шудагӣ аст. Туро мақомоти дохилӣ, амният фиреб карда ҳамаро зиндон карданд ва душманони туву оилаатро зиёд карданд.

Раҳмонов истеъфо деҳ ва оилаатро гиру гурез. Инқилоб сар мешавад успет намекунед, дер мешавад, ягон самолёт туро бо ин ҳама авлоди яъҷуҷу маъҷуҷат бурдан наметавонад ва ин ҳавопаймои 92 млн-ат ҳам  парвоз карда наметавонад.

 Хуб фикр кун, ки вақтат тамом шудааст!.

Share This Article