Ин бор муҳтавои барномаро номаҳо аз ноҳияҳои Панҷ, Нуробод, Айнӣ ва Ҳамадонӣ ташкил додаанд.
Аз Панҷ як нафар корманди собиқ дидбонгоҳи марзӣ, ки мегӯяд барномаҳои Семейка дар бораи КПП-Панҷи поёнро бо мароқ тамшо кардааст, навиштааст. Ин нома дар бораи тиҷоратҳои оила тавссути ин гузаргоҳи марзӣ ва инки ҳоҷӣ Амирулло чи гуна духтарфурӯшӣ мекунад, маълумот медиҳад.
Муаллифи мо аз Нуробод дар бораи порахӯрии табибон ва дигар мушкилоти ин ноҳияи куҳистонӣ навиштааст. Ин муаллиф мегӯяд, ки таъсири навиштаҳои Ислоҳро барои аз кор рафтани намояндаи амнияти ноҳия шоҳид шуд вале пизишкони ноҳия аз ҷумла Зарина Шафоатова, сардухтури таваллудгоҳ ҳамоно кор ва порагирӣ мекуанд. Муаллиф аз он шикоят кардааст, ки як табиби ҷарроҳ барои як амали хатнаи кӯдакон 500 сомонӣ ва се шогирдаш 100 сомонигӣ мегиранд.
Аз Ҳамадонӣ номае дар бораи Музаффар Юсуфов, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон омадааст, ки маълумотҳои ҷолиб дорад. Бубинед, ки нозиру ҳомии қонун ва ҳуқуқ, як мансабдори баландпояи давлат ба чи корҳое машғул аст.
Номаи расида аз ноҳия Айнӣ аз он мегӯяд, ки агарчанде дар Ислоҳ дар номаҳои қаблӣ навишта дар бораи баъзе аз масъалаҳо навишта буд аммо чизе иваз нашуд.
Панҷ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммдиқбол! Шумораи охирин Семейка водорам кард, ки ин маълумотҳоро барои шумо фиристам. Ман ҳам чандин сол дар ҳамон КПП, гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён кор кардаам. Медонам, ки онҷо чи гапу хабар аст. Пешопеш мегӯям, ки ҳар ончизе, ки дар бораи Муҳибу ин оила гуфтед, саддарсад дуруст аст.
Инро дар аввл бигӯям, ки дар вазифаи сардори застава, КППи Панҷи поён на ҳар касро мемонанд. Ин вазифа ва ҳамчунин вазифаи гумруки Панҷ хеле арзиши баланд дорад. Онҷо яке аз манбаъҳои асосии даромди инҳо аст. Дар онҷо фақат одмони худашонро мемонанд. Ҳатто сарбозҳои погранвойскро дар инҷо аз тарафи худашон мемонад, то ки бӯи корро набароранд. Ин сарҳад ҳозир комилан гузаргоҳи тиҷоратии оила шудагӣ аст.
Муҳиб бо наркотик ҳам сарукор дорад. Дар Қурған пеш як одам буд бо кличкаи Полвон. Мошини Тойота кемрии сафеди 5 номерҳоя 9990.
Вақте кор мекардам дар сарҳад, гуфт биё сигарет занем. Гуфт дар любой ҳолат ҷавоб медиҳам. Мақсад Муҳиб кришаам аст. Гуфтам ин бизнеси сигаретро Ҳасан гирифт, безеб мешавад, мефаҳмад.
Сардори застава полковник Бобораҷабов буд. Вай бо Раҳмоналӣ Раҷабалиев, сардори пешинаи Қӯшунҳои сарҳадӣ рафиқи нағз буд. Генералро гирифтанду инро ҳам гирифтанд. Вале пул дода боз ба кадом заставаи тарафи вилояти Суғд кор гирифт.
Муҳибуллои номард бошаму зинда бошам аз афғонҳо барои шикор як намуд тир мегирифт. 600- 700 аз афғон мегирифт, то 3000 мефурӯхт. Ин Бобораҷабов пулро ба Башолов медод. Башолов, генерал, ҳозир сардори Ситоди марказии Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад. Ин аз Данғар аст. Ду зан дорад.
50 -60 ҳазор сомонӣ ҳар моҳ ба Башолов медод, Башолов ба Раҷабалӣ Раҳмоналӣ медод. Башолов фамилияашро дигар кардааст. Ҳозир Ҳусейнзода шудааст. Дар ин застави, КППи Панҷ дар як моҳ 500 то 700 ҳазор кор мекунад. Бовр кунед гоҳо рӯзҳое мешуд, ки дар як рӯз то 60 000 сомонӣ кор мекард.
Ҳозир сардори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хусури Сомонии бачаи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Хуб мешуд, ки дар чунин ҷойҳо кадрҳои ҷаавонро мемонд.
Бист -сӣ сол мешавад, дуздҳоро дошта шиштааст.
Аммо пули пора ба боло через таксӣ мерафт. Дар КПП як такси постаянний, 20 сол бозо кор мекунад.
Як Илёс гуфтанӣ одам. Через ҳамон пулро наличка медоду меомад. Началник КП дар картаи худаш пул намемонд пул дар картаи ҳамин таксӣ меистод ва ин нақд карда бурда медод.
Илёс аз Қумсангир, аслш фархорӣ. Мошинаш мерседес. Зуд-зуд мошинҳояшро иваз мекунад.
Ман ҳайрон мешудам, ки бо як такси ин чи хел пул меёбад? Ду зан дорад. Ҳар ҳафта мошин иваз мекунад. Ин барои хизматаш доля мегирифтааст. Началник КП мошини инро тез-тез дигар кардан мегирад.
Баъде, ки корҳои Илёсро фаҳмиданд ба худаш як шофёр гирифт. Гоҳ ба Лексус меомад он шофер гоҳ ба тойотаҳои 7 одама- минивен, как будто ки аз сарҳад афғонҳоро гирифта Душанбе мебурдааст.
Барои аз сарҳад гузаронидан афғонҳо аз сарҳад ва ҳам пул мегиранд. Аз ҳар одам 200- 300 сомонӣ мегиранд. Ин афғонҳо барои гирифтани паспорти тоҷикӣ меоянд.
Боз як афғони дигар буд, ки духтарҳои тоҷикро мебурд. Ин духтарҳоро аз Тоҷикистон Муҳибулло ва ҳоҷӣ Амирулло пайдо мекарданд. Духтарҳои беҳад хушрӯ. Ин афғон ҳар бор меояд ба як духтари дигар бармегардад. Духтарҳои «ёшёш». Мегуфт занам аст. Мепурсидӣ, ки он пешинааш кӣ буд, мегуфт ваяш ҳам занм. Риш мондагӣ, даҳ рӯз пас мебурд духтарҳои хушрӯро аз Тоҷикистон ба Афғонистон.
Исмоили пингвини бачаи Зоири мундуқ, набераи Раҳмонов рушод таблетка меовард ва дар Душанбе, Қурған ва Хуҷанду Кулоб мефурӯшад.
Вақтҳои охир Ҳасан ба бизнеси сигарет шарик шуд. Мегӯянд, ки ин бизнесро гирифт. Далше Ҳасан. Ду –се мошини фура ё дулан дар ҳафта мезанад. Аввал Муҳиб буд ҳоло Ҳасан гирифт. Через Шерхон бандар, через Ишкошим ҳам Ҳасан мегузаронад. Ду сол зиёд шуд, ки Ҳасан гирифт.
Иллат ва сабаби асосии шомили Иттиҳоди иқтисодии Авро Осиё нашудани Раҳмонов ана ҳамин тиҷоратҳои чанд миллионӣ ва шояд миллиардии Оила аст.
Чанд вақт муқаддам маълум шуд, ки дар содироти семент ба Афғонистон ҳам Раҳмонов арқому оморро тамоман кам нишон медодааст. Оморе, ки Афғонистони Толибон ироа дод, нишон медиҳад, ки гумруки Тоҷикистон дар содироти семент низ миллионҳо долларро пинҳон мекунад. Маънои ин ин аст ки Муҳибу амсоли Муҳиб борҳоро қочоқӣ, бидуни пардохти аворизи гумрукӣ мегузаронанд.
Скутеру электромобил ҳам бизнеси Рустам ва Озода аст, ки аз Хитой медароранд.
Сардори КПП-и Панҷи поён яке аз мансабҳои гаронарзиш дар сарҳадот аст. Барои соҳиб шудан ба ин вазифа 700 000 сомонӣ барои ду сол медиҳад. Боз баъди ду сол ин миқдори маблағ дода мешавад. Аммо боз доляи моҳона дорад, ки он ҳам ҳар моҳ дода мешавад.
Дар як сол бист баробари ин пул кор мекунӣ. Регар, Айваҷ, Ойбек, Фотеҳобод, Гулбаҳор, сарҳадоти самти қирғиз, сарҳади Помир бо Хитой ва КППҳои онҳо ҳамаашон бо пули беҳад калон гирифта мешавад. Баъзеашон то 2 миллион ставка доранд.
Генерал «об мега, сигарет мега, шавховравак мега барои янгара, хуллас чизе мега бурдан мегирӣ. Маъқулуш шудӣ, кришаватут мекунад. Заказои янгарам иҷро кунӣ боз беҳтар.
Аз ду сол зиёд таъмин мекунӣ зиндагии ӯро. Ту таъмин мекунӣ ӯрову ӯ туро кришаватит мекунад.
Як маълумоти дигар дар бораи ҳоҷӣ Амири бродарзани Раҳмонов.
Ҳоҷӣ Амир ҳозир бизнеси фоҳишаҳо дар Қурғонтеппа-Бохтарро пеш мебарад. Вай духтарҳоро дар меҳмонхонаҳо ҷой кардааст. Барои як шаби «истироҳат» аз 2 то 5000 смонӣ медиҳӣ. Духтарҳоро меоранд, худат вибор мекунӣ. Соати 9и имрӯз меравӣ, соти 9-и пагоҳ мебароӣ. Меҳмонхонаҳои ҳоҷӣ Амир дар Қурған ва дар Душанбе амал мекунанд. Живая музика доранд. Ҳофизаҳои Тоҷикистон хизмат мекунанд. Як меҳмонхонааш дар шафати озери Душанбе аст. Онҷо раққосаҳо рақси урён мекунанд-стрептиз. Меҳмонҳо аз дигар давлатҳо-аз кишврҳои арабӣ, Эрон, Афғонистон, Покистон, аз Русия. Кадом меҳмоне меояд ин духтарҳоро пешниҳод мекунанд. Бар ивзи доллари бисёр.
Бародар, боз дар номаҳои баъдӣ идома медиҳам ифшокориҳои бештарро.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Як духтури порагир Қосимов Иброҳим хирург оиди кудакон. Як кудакро назначени менависад 30 сомонӣ мегирад. Боз як вазифаи дигар дорад: даст ҳалол мекунад. Нархаш 500 сомонӣ.
Аз Солеҳзода Фатҳуддин, раиси ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки пеши роҳи порахӯриҳои ин духтури порагирро бигирад. Мардуми камбағали Нуробод пул надоранд. Ман дар ҳамин райони нав мегардам. Дидам, ки чанд зан шикоят доранд, ки Қосимов Иброҳими хирург барои дасти кудаки майдаро ҳалол кардан бераҳмона пулро талаб мекунад. 500 сомонӣ худаш ва боз 3 шогирдаш 100 сомонӣ мегиранд. Баъди нашри номаи № 337 дар бораи Шафоатова Зарина, сарпизишки зоишгоҳ назорат кардам, ки чи хоҳд шуд. Аммо ягон кас ягон чизаш нагуфт, ва дар Нуробод кор карда гашта истодааст ва боз ҳам пора мегирад
Ҳозир он амниятиро аз вазифае, ки дошт ва дар ришу облава ва масҷидмаҳкунӣ буд аз вазифа гирифтанд. 6-ой отделро вобаста карданд. Дар моҳи Рамазон 6-ой отдел масҷидҳо райони куҳна ва қишлоқҳоро ҳамаро сурат гирифтанд. Вақтҳои таровеҳ якта -якта мардуми камбағалро фарёд мекунанд. Ин 6-ой отдел боз зулмро дар Нуробод сар кардааст.
Амниятиҳо мардумро бисёри бад дар подвал заданду шиканҷа карданд. Боз навбат ба 6-ой отдел шуд.
Эй, кормандони 6-ой отдел аз Худованд битарсед. Ин рӯзҳо мегузарад. Оҳи мардуми мазлуми камбағал мегирадатон. Осиёб ба навбат аст. Вазифа аз саратон мемонад. Худованд дергиру сахт гир аст. Ин зулме шумо болои мардуми Нуробод карда истодаед ҳамаашро мардум медонанд, лекин аз тарс хапанд. Лекин рӯзе мерасад, ки дар назди Аллоҳ ва назди қонун ҷавоб медиҳед.
Охир сари роҳи ғамдиҳии ин мардуми камбағалро бигиред.
Духтурҳо-Қосимов Иброҳим, Зарина Шафоатова, Болтаева Парвина ва Раҳматуллоева Назрон, ки беморхонаи райони куҳна кор мекунанд барои як справка додан 100 сомонӣ мегиранд.
Ҳозир дар райони кӯҳна сокинони баъзе аз деҳаҳоро барои онки зери обанбори ГЭСи Роғун мемонанд, мехезонанду ба дигар ҷо мекӯчонанд. Тақсимоти замин сар мешавад. Одамҳои пулдорро дар Регар –Турсунзода замин медиҳанд. Одамҳое, ки камтар ба раис ҷамоъат ва раиси шуғли аҳолӣ Эшонов Забиҳулло пули соз медиҳанд Регар ё Файзобод вале агар пул надиҳӣ ба райони нав, дар як чули малик заминат медиҳанд. Аввалҳо замин 8 сотихӣ тақсим мешуд ҳозир 6 сотихиаш карданд. Боз аз ин 2 сотихӣ, ки эконом мекунанд, ба хешу ақрабоҳояшон медиҳанд. Мисли раиси ҷамоати пешина Ҷумъа, ки ба тамоми хешу ақрабоҳояш замин дар райони нав додааст. Ҷойҳои хуб, мисли Сайхуҷа, ки дар ҷои тақсимоти замин кор мекарду ба додарҳояш ва бачаи апааш дар райони нав замин дар ҷои соз дод. Ана ҳозир замин барои мардуми камбағал медиҳанд. Бойҳо барвақт гирифтанд.
Аз раиси ноҳия муҳтарам Солеҳзода Фатҳуддин хоҳиш карда мешавад, ки ин масъаларо бинед. Аммо ҳозир дар Нуробод 6 –ой отдел Раиси ноҳия шудагӣ аст.
Мардуми Нуробод аз амнияту милиса як намуд метарсанд, ки номи Ислоҳро гирӣ аз пешат мегурезанд.
Мардуми бечора дигар дар дасташон фақат телефони нокияи одӣ мегардонанд. Аз ҷумла коргарҳои давлатӣ. Одамҳои одиро ҳам пурсидам, ки чаро чунин телефон мегардонед, мегуян 6-ой отдел рейд сар кардааст. Амният халос боз 6-ой отдел сар кардааст.
Ростӣ, бародар Муҳамаддиқбол, ман муддати як моҳ мешавад дар ҳамин Нуробод бе телефон мегардам. Телефони прастой-одӣ дорам. Намешавад ба телефони андройид гаштан.
Масҷиди ҷомеъ амри маъруфро соати 12:30 сар мекард, ҳозир 12:40 фақат. Гап фақат дар бораи наврӯзӣ ва дар бораи пешво. Хатибҳоро маҷбур мекунанд. Хатибҳора бояд тамоман камера накунӣ дар даруни масҷид. 6-ой отдел назорат мекунад ва ҳар касе телефон мебарорад, меқапандаш. Худам нигоҳ кардам дидам. Ин чи гап, ин чи вазъу ҳол дар Нуробод.
Рӯзи Иди модарон номуҳтарам раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин суханронӣ кард. Фақат дар таърифи пешвову таърифи Рустамгап зад. Раис гап зада истодааст, аммо мардум дар даруни зал хоб. Охир, э,аблаҳ гапи бисёр чи даркор? Амал кун, коргаронат ҳамааш порахӯру порагир. Гапат намегузарад. Бираву худат довталабона вазифаатро бисупор. Иҷрокунанда бисёр.
Ин раиси мо фақат ба мардум як гап мегуяд: картошка коред. Охир, ту гӯӣ, нагӯи худи мардум медонад, ки чи корад, чи накорад. Бо мотосиклаш фақат мегардад. Замини холиро бинад фарёд мекунад соҳиби заминро, ки ҷуфт куну картошка ё сабзи кор. Мегӯӣ агроном тамом карда боша ин Солеҳзода Фатҳуддин.
Айнӣ
Ассалому алейкум устод Муҳммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб ҳастед. Аллоҳ нигаҳбони шумо бошад. Омин
Ман аз ноҳияи Айнӣ, қишлоқи Махшевад ҳастам. Номае, ки навиштам ягон тағйирот надод. Директори мактаб ҳамоно ҳамон данғарагии фоҳиша мактаб барделхона шудааст. Се муаллимаро туҳмат карда бурданд маркази ноҳия. Пулҳояшонро гирифтанду сардодан. Онҳо тамоман бе гуноҳ. Просто подозрения карданд. Онҳо ҳақиқатгӯ буданд. Акои Рӯзибой, раиси ноҳия бурду пулҳояшонро гирифт, сар дод. Ба валлоҳ қасам мактаб барделхона шудагӣ. Диламон аз акои Рӯзибой Раҳимзода ҳам монд.
Ҳозир ман барои номаи навбатӣ мавод ҷамъ карда истодаам. Рӯзҳои наздик ба шумо роҳӣ мекунам.
Баъди он нома ин қадар кову чов карданд, ки кӣ нависта бошад ба Муҳаммадиқбол. То ҳозира кофта истодаанд. Бовар дорам шумо маро ифшо ва таслим намекунед.
Дар ҳамин наврӯзӣ дар мактаб ҷанг шуд. Наворҳояш ҳаст. Ҳамаашро дастрасатон мекунам.
Мактаби моро бинед ба ҳолаш раҳматон меояд
Ман ягон гапи дурӯғ ба шумо наменависам.
Ҳамадонӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Душанбе ин номаро мефиристам.
Чанд навишта ва наворҳои «Ислоҳ» дар бораи Музаффар Юсуфов, Прокурори нақлиёти Тоҷикистонро хондам ва тамошо кардам.
Дар бораи Музаффар Юсуфов, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, дар идоми навиштаҳои шумо мехоҳам, ки чанд ҷумла бигӯм. Чунки ман ӯро мешиносам.
Музаффар бачаи бобои Қурбон аст. Қурбони бойи бурут мегӯянд. Марди шӯхтабиат буд, 06 дошт. Ин падараш оҳиста-оҳиста ранги қади асои дасти одам шуд. Аммо пештр беҳад танмуанд ва солим буд. Бузбалаи боқувват буд. Вай рафт хонаи худо, зиёрат кард омад. Чи гапе куфр гуфт, ба фикрам худованд ба итобаш гирифту ба ин ҳол афтод. Хеле азоб кашида мурд.
Вақте киштукор сар мешавад калонҳо аз маркази ноҳия меоянд. Музаффар дар деҳаи мо замини хоҷагӣ дорад. Раиси ноҳия, раисони ҷамоат, сардори идораи кишоварзӣ то началник милиса ва дигару дигараш дар сари замини Прокурори нақлиёт меистанд. Тракторҳои белоруси нав заминашро ҷуфт мекунанд, кишоварзон гандумашро мепошанд, мераванд. Вақти гандумдарав мешавад боз ҳамин тавр:- раиси ноҳия, сардори идораи кишоврзӣ, раисони ҷамоатҳо меоянд, бахудо қасам, дурӯғ ва тӯҳмат намекунам, бовар кун, меоянд меистанд гандумашро медараванд ва дар ҷояш линга карда худшон мехаранд. Гандум агар дар қишлоқ панҷ сомонӣ бошад аз они Музафарро 7-8 сомонӣ мехаранд. Гӯё гандуми ӯ ягон хосияти хуб дорад. Валлоҳи қасам дар болои гандуми ин ҷанг мешавад: раиси ноҳия мегуяд ман мехарам, раиси ҷамоат мегӯяд ман мегирам, хулоса мансабдорҳо барои хушомаду тамаллуқ талошак мекунанд ва гандум намерасад. Ягон гандуми аз осмон фуромадагӣ нест, ранги гандуми дигарҳо аст. Аммо як баробар гарон мегиранд, ки дар ҳайрат мемонӣ.
Ин кӣ аст ки раиси ноҳия, раиси ҷамоат ҳама сари заминаш ҷамъ меоянд? Тракторҳои ноҳия ҳама дар хизматаш мешаванд, ҷуфт мекунанд медараванд, пресс мекунад комбайн. Музаффар Юсуфӣ дасташ дар кисааш чухт болои инҳо рост меистад. Дар дегоҳо гӯштбирёну оши палав ҷӯшида истодааст, албатта аз ҳисоби ноҳия ва ҷамоатҳо. Музаффар ягон кори дигар намекунад, сумро дар кисаш мекунаду меравад. То ин дараҷа золим аст.
Музаффар Юсуфӣ мардуми ришдорро ғам медиҳад, бад мебинад. Чандин одамҳои қишлоқи мо маҳз аз даасти ҳамин гурехтанд. Айни замон баъзеш дар Аврупоанд. Биёянд зиндонашон мекунад ин худозада. Ин ҳам як беимон аст.
Ин гаренӣ ба ислом ва муллоҳо нафрат дорад. Душманӣ ба ришу ҳиҷобу мусалмонҳо мекунад.
Ҳатто одамони наздикаш, хешу таборашро, ки мо бо онҳо рафтуомад дорем ҳамонҳоро мегуфтааст, ки « и бо чия,чи нағмайя, ришта риши така ворӣ мондӣ». Гапҳои куфр бисёр мезанад.
Боз мардуми содаи дилраҳми мо ана ҳамин гуна шахсиятҳоро мебаранду ҷаноза мекунанд. Инҳоро бояд ҷаноза накунӣ. Чунки бовар ва эътиқод надоранд.
Ин як дача рост кардааст дар ҳамон Масковский. Хеле калону бадвоҳима аст. Порина раиси ҷумҳур омада буд. Бурданду ҳамонҷоро нишон доданд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳам буд.
Ин дар онҷо корол аст.
Вақте қишлоқ меояд свет намемурад. Дар кӯчаи Музаффар Юсуфӣ тамоман светро намекушанд. Кӯчаи ин асфалт кардагӣ. Представит кунед дигар кӯчаҳо ҳамин хел талотуб, чангу ҷазир аммо кӯчаи Музаффар Юсуфӣ асфалт кардагӣ. Кӣ кардааст? Ноҳия. Ин беҳад золим аст
