Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№354

Ислоҳ нет

Ин бор аз Норак, Душанбе, Кӯлоб, Конибодом номаҳо дорем. Муаллифи нома аз Кулоб муътақид аст ки ба маҳзи вориди бозори гӯшт шудани говҳои фермаи «Мармари»-и Рустам ва гӯшти мурғаш нархи гӯшт ва фаровардаҳои гӯшт дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла Кулоб боло рафт.

Кандани қабристонҳои Душанбе-пойтахти азизи кишварамон аз тарафи Рустами Эмомалӣ боиси нороҳатии сокинони шаҳр шудааст. Муаллифи нома аз Душанбе дар бораи ҳамин масъала навишта гуфтааст, ки Рустам ин қабристонҳоро барои бизнеси домсозии худ канда истодааст.

Номаи расида аз Норак бошад дар бораи сафари Раҳмонов дар 24 апрел ба ин шаҳр мегӯяд. Муаллиф мегӯяд, ки барои онки Раҳмонов нороҳат нашавад, садои азонро дар масҷиди ҷомеъ, дар намози ҷумъа сокит карданд.

Як нома аз Бохтар Қурғонтеппа дорем, ки муаллифи он  бо истинод ба як полковник баъзе аз сиру асрори сӯҳбатҳои Раҳмоновро навиштааст.

Нависандаи нома аз Конибодом дар бораи информатор-бузҳои ҷамоати Лоҳутии ин шаҳр навишта баъзе аз «корномаҳояшон»-ро бо номҳои онҳо зикр намудааст.

                                        Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Раҳмонов дар Данғара боз барои бачааш Рустами наркоман як птитца фабрикаи нави «Мармарӣ»-ро ба сохтан сар кард. Бародар Муҳаммадиқбол. Як чизро мегӯям, бовар кунед, ки аз рӯзе ҳамин Рустам фермаи Мармариро дар Ёвону дар Данғара сохт ва дар Душанбе забҳхона ташкил кард, нархи гӯшту тухми мурғ ва гӯшти гов ҳатто дар шаҳри мо ҳам баланд рафт.

Як бародар дар 33 микрорайон як шиноси ургутӣ дорад, ки қассоб ва гӯштфурӯш аст. Ин бародар аз қавли ҳамон гӯштфурӯш гуфт, ки одамони Рустам ҳар сари чанд вақт омада гӯштфурӯшҳоро таъкид ва таҳдид мекунанд, ки нархи гӯштро поин набаранд.

Ман чи гуфтаниам? Тамоми чизе, ки ин оила гирифт, номер, техталон, техосмотр, билети ҳавопаймо, нӯшобаҳо (Сиёма) справкаи мактаб, лабораторияии беморхонаҳо, ангишт, маводди сӯзишворӣ, ҳатто памперс чандин баробар боло рафт. Роҳкирои таксиҳо ба дараҷае боло бардошта шуд, ки пеш вақте таксиҳо бо бензин мегаштанд ин қадар гарон набуд.

Ин Раҳмонову оилааш ақли сершавӣ надоранд. Наход мурғу гову памперсро ҳам шумо гиред? Имон, ки надоранд. Ҳаёву шарму инсоф рафт, аз ин мамлакат рахт бастанд. Чунки роҳбари давлат дар ин мамлакат дузди калон ва дузди асосӣ асту бачаву набераҳои бешумораш аз худаш ҳам бадтаранд.

То вақте инҳо дар сари қудратанд мардуми тоҷик на рӯи ободӣ мебинад ва на нони ба серӣ пайдо мекунад.

Ин птицасфабрикааш ҳам барои мардуми Данғара, ки дарди сар хоҳд шуд. Чуноне фермаи гови «Мармарӣ» дар Ёвон боиси ранҷу машаққати мардуми онҷо шудааст.

                                     Душанбе 

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман барномаҳои шуморо мунтазам тамошо мекунам. Дар маҳаллаи Яккачинори Душанбе зиндагӣ мекунам. Гапи зиёд намезанам. Рӯирост мегӯям, ки лаънати Аллоҳ ба Рустам ва аҳлу оилааш бод. Рустам имрӯзҳо аҳолии пойтахтро ҷигархун кардааст. Ва имрӯз на фақат ман, тамоми сокинони пойтахт дар ҳақи Рустам дуъоҳои бад карда истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе қабристонҳои мардумро, ки аз замони шуравӣ монда буданд, махсусан қабристонҳоеро, ки дар ҳамвориҳои Душанбе қарор доранд, ҳамаашонро аз як сар канда чапагардон карда истодааст. Ба ҳамаи онҳое, ки наздиконашон дар он қабристонҳо гӯр карда шудаанд, фармон доданд, ки ки омада мурдаҳоятон ё чизе аз онҳо мондаро канда бурда дар дигар қабристон гӯр кунед.

Падари Рустам як барбар мардуми зиндаи Душанберо любой хел қир карду карда истодааст, акнун навбат ба мурдаҳо расид.

Раҳмонов ва Рустам Аллоҳ лаънататон кунад.

Мардуми бечора қабрҳоро канда мурдаҳову устухонҳои наздиконашонро ба суфи сафед печонида ба дигар қабристонҳо бурда истодаанд. Дар ҷойи ин қабристонҳо Рустам дом месохтааст. Боз ин Шӯрои уламои Саидмакаррам фатво содир карда ин амали шанеъи Рустамро сафед карда истодааст. Гуфтааст, ки кандани қабрҳо мумкин аст. Бовар кунед, як хел мурдаҳоро нав гур кардаанд. Ақалан мегуфтанд, ки як сол, ду сол дар ин қабристонҳо дигар гӯр накунед ва сипас ин кори зиштро мекарданд.

Рустам барои нафси бади худаш домҳоро чапа карда истодааст, ҳатто домҳои то 12 ошёнара. Мардуми бехонаву дар монда намедонад куҷо раванд то анҷоми сохтумон. Акнун боз мардумро дар мурдакобӣ заданд. 

 Дар шаҳр бе ист чаппа кардани домҳои то 12 ошёна рафта истодааст. Мардум   барои иҷора квартира наёфта истодаанд. Нархи иҷора дар осмон.

 Дар як кӯчаи марказии шаҳри Душанбе-хиебони Рудакӣ 12 доми баландошёна, ки то 18-20 ошёнаанд, аз Тахминаву Ҳасани Ориёнбонк будаанд. Домҳои хиёбони Рудакӣ 110, 112, 130, 132, 134, 136 боз доми баъди чорроҳаи Фурӯшгоҳи марказӣ,, ки дар умум 4578 квартираро ташкил мекунанд, холӣ ва шахсии онҳост.

 Тахмина дар чорроҳаи гостиницаи Тоҷикистон як доми калон сохтааст, ки танҳо барои худаш мебошад. Бо охрана ва амнияташ.

Чи тавре, ки Воҳиди шогирди Ҳасани Ориёнбонк гуфтааст:     «чашми и Раис сер нашид».

 Аз соли 2010 то соли 2013 ҳамин Воҳид бо Холмирзо, ки ҳарду одамони наздики Ҳасани Ориёнбонканд, аз Ҳасани Ориёнбонк зиеда аз 3 миллион доллар дуздидагианд- бо изофанависиҳо ва фурӯши маҳсулоте, ки барои сохтумонҳои гуногун буданд. Аҷиб.

 Аҳволи мардуми Душанбе вазнин. Тамоми мардум дуъои бад доранд. О, барои чи ин қадар сохтумонҳо? Тамоми домҳои сохташуда, холианд. 

                                       Норак  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Рӯзи бистучоруми апрел рӯзи ҷумъа буд. Президент ба шаҳри Норак омад. Дар деҳоти ҷамоати Тутқавул намози ҷумъаро бе микрофон хонданд. Гуфтанд свет нест. Аммо дар даруни масҷид вентилятор кор карда истодааст. Намози ҷумъаро бе микрофон хондем. Амниятиҳо гуфтаанд, ки имрӯз президент дар даруни боғи анор абед кадестаи, авози азона нафаҳма, настраениш мепара, азона бе микрафон бхонен». Гуфт ҳар ҷумъа ба микрафон мехонданд, аммо ин ҷумъа бе микрофон. Панҷоҳ фоизи мардум намозашро нахонд. Мегӯянд Ҷаноб омадааст, роҳҳоро толпа накунед.

Гуфтаанд, ки агар бо микрофон мехонед масҷидро маҳкам мекунем.  

 Тавба, мегӯянд свет нест вале дар даруни масҷид вентилятор кор карда истодааст. Дар ҳама деҳа свет буд. Ба мардум дурӯғ гуфтанд, мардумро хандааш гирифт.

Аҷаб. Ин Раҳмонов то ба ҳамин дараҷа дини исломро бад медидааст. Вале вай чанд бор ҳаҷ рафт. Ҳамааш дурӯғ будааст. Наход барои мусулмон овози азон нофорам бошад?

Баъд аз онки дар бораи корҳои  Дилшод Асоев видео карда пхш намудед ӯро аз кор гирифтанд ва ҳоло як сол мешавад, ки бекор гаштааст. Дар бораи Орзу прокурор видео мекаден тағоиш Темур бачаи Темур харсеш прокурор дар кор шава хонаи Темур кати хонаи Орзура видео мекнам.

Тағои Орзуои прокурор Темур дуэтажа котеҷ дорад. Хона даруни хона,18 комната ҳавзи оббозӣ-бассейн дорад, бо беваҳо отдих мекунад

Ин масчид дар деҳаи Тутқавул қарор дорад. Пешдарои масҷид ҳоҷӣ Абдулҳай ном дорад. Хонаи Абдулҳай дар наздикии вокзали Норак мебошад. Дар намозҳои ҷумъа ва идҳо пешдарои мсҷиди Тутқавул ҳамин одам аст.

Дирӯз, рӯзи омадани президент рӯзи ҷумъа буд. Роҳҳоро баста буданд. Агар президент халқӣ мешуд меомад бо мардум намоз мехонд….

                                      Бохтар

Асалому алейкум бародари қиёматиям Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ҳамон бародари қиёматии шумо ҳастам, аз Қурғонтеппа.

 Боз як хабари нав ба шумо мерасонам. Ман бо ҳамон полковнике, ки вомехурдам боз вохурдам. Мо шишта дар як сталовий суҳбати бародарона кардем. Сӯҳбати мо аз сарбозон шуруъ шуд. Полковник гуфт, ки инро ҷаноб бо худаш бизнес кардааст.  Ин сарбозоне, ки дар хизмат ҷон аз даст медиҳанд инро ҷаноб худаш мегуяд, ки аз ҳар част дар як сол 2 ё 3 сарбозро кушед, модарони инҳо метарсанд, фарзандони худро бо хизмат равон кунанд. Баъд пули вазнин мегирем, фоидаи калон ба даст меорем. Ин мешавад бизнеси пулкоркунӣ. Ин полковник гуфт дар як ҷо шишта сад грамм задагӣ бо чиновникояш гуфтааст: «диден чи хел ин милата қоқоқоқ фалон кадам, ки чи корешон кунум овоз баланд намекунанд, ана ира меган буқагӣ, чизе хостум кадум дар ҳақи ин милат, любой фарзандамро дар куҷое хостам ба кор мондам, касе чизе гуфта натонист».

   Ман гуфтаниям, ки э, булдок! Ин шо Аллоҳ камат мондааст:

  Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,

 Агар сӯзад, шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Чи хеле мегӯӣ ин миллатро ман таҷовуз кардам, ки овозашон намебарояд, метарсанд, сабр кун ин шо Аллаҳ навбати ту ҳам мерасад.

Бародари азиз аз номи дӯсти шумо полковник салом мерасонам. Гуфт ин шо Аллоҳ  ғалаба дар дасти ҳамон аст. Гуфт, ки ин булдокро камаш мондааст. Хандида гуфт, ки «Ислоҳ» ба пеш! 

  Дар охир гуфтаниям салом ба модари азизи меҳрубонам, дуъогу бошед дар ҳақи фарзанди дур аз модар. Зеро дуъои ғарибон тез мустаҷоб мегардад дар назди худованди пок. Ба ҳамаи муборизони шерони нар аз ҷумла Муҳаммад Тағоев саломи моро расонед. Шери нар шуморо ҳам тамошо  мекунам. Худованд ҷойи модари шуморо ҳам ҷаннат гардонад.   

                                     Конибодом

Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Аз ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом бароятон ин номаро равон мекунам. Номи ин навиштаро «Шағолҳои ҷамоати Лоҳутӣ ё худ информаторҳои амният» гузоштам, ки хоҳед гузоред, нахоҳед ҳам боке нест. Аммо хоҳиш мекунам, ки зудтар нашр намоед.

Хабарҳои бошандагони ҷамоат дар муддати чанд вақт аз бадкорони мансабдори ҷамоат каме бошад ҳам тағироту дигаргунӣ оварда сабаби беҳбудиҳо гашта буд.

 Мо, чанде аз сокинони ин ҷамоат хостем аз кору амали баъзе аз беномусони деҳа ҳам мардуми ҷамоатро огоҳ кунем ва ҳам кордиҳандагони ин беномусонро. Аз дасти ин нафарон чанде аз ҷавонони деҳа зиндонӣ шудаанд. Аммо боз ҳам онҳо амалҳои нангини худро зидди ҷавонони ин деҳа истифода бурда истодаанд.

Ҳар чи мусибатҳое, ки ба ин ҷамоат омада истодааст самараи дасти ин информаторҳо ҳаст. Барои ҳамин бояд ҷамоати Лоҳутӣ «қаҳрамонон»-и худро шиносад ва аз онҳо огоҳ бошад.

1. Сангинов Абдушукур— нафақахӯр, дар гузашта коргари ҷамоат, заминсоз буд. Дар вақти вазифа доштанаш чандин заминҳои наздиҳавлигиро аз соҳибонаш ғасб карда яъне худаш заминро расмӣ карда ба дигарон мефурӯхт. Ҳатто як қитъаи замине дар деҳаи Лоҳутӣ бударо аз соҳибаш махфӣ ба расмият дароварда ба як муаллиме, ки қассоб аст ва духтараш дар амнияти вилоят кор мекунад, фурӯхтааст ва он заминро муаллим ба домодаш, ки аз Лоҳутӣ аст, бахшидааст. Ва албатта бо дасти ин коргарзани амният.

  Сангинов Абдушукур баъди ба нафақа баромадан ба амнияти шаҳри Конибодом ҳамчун информатор дохил шуд ва боз баргашта ба ҷамоат омад. Лек ин дафъа ба вазифаи дигар, ки бо мардуми ҷамоат алоқамандӣ дорад, корро оғоз кард. Ва кори асосии вай иборат аз он аст, ки аз китоби рӯйхати хоҷагиҳои ҷамоат кадом оила чанд писар фарзанд дорад ва ба кадом сину сол расидааст ва айни ҳол дар куҷо қарор дорадро хабар диҳад. Бо дасти ин русиёҳ чандин нафар ҷавонҳо маҷбуран ба хизмати сарбозӣ фиристода шуданд. Чандеи дигарро, ки дар телефонҳояшон ягон сурати мулло ё видеои мусулмонӣ, масалан амри маъруфе дошта бошанд, ба мақомот информатсия медод ва аз тарафи амният бар зидди он ҷавонон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда мешуд ва онҳоро бо моддаи 307, қисми 2 гунаҳкор дониста дастгир мекарданд ва баъди тафтишоти ноҳақона ба муассисаҳои ислоҳӣ равон карда мешуданд.

 Агар кӯчаеро аз тарафи худи халқ мумфарш гардонанду аз вилоят ё ҷумҳурӣ ягон журналист омад, албатта Абдушукур баромад карда ин кори Ҷаноби олӣ гуфта рӯирост лаганбардорӣ мекунад. Албатта, ки ин маълум аст- амният одами бовариноки худашро ба ин кор сафарбар мекунад. Инҳо ягона корҳои ин беномус нест. (Абдушукур ту мардуми як ду деҳаро зулм мекуни лекин чи хеле ки хуб медонӣ духтари беномусат туро дар рӯи ҷаҳон шарманда кард. Қиссаи ин барои баъд…). 

2. Ғаниев Абдуманон (Манкашеф)- ин як мурдахури тайёр. Информатори амнияти Конибодом ва қисман амнияти вилоят. Дар даврае, ки Ҷӯраев Зариф раиси кумитаи замнсозии Конибодом буд, шестёрки Зариф буд. Дар тамоми ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои Конибодом замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва чанд иншоотҳои аз давраи шӯравӣ мондаро соҳиб гаштааст. Ва ҳамаи ин объектҳоро ба номи хоҳару хоҳарарӯс ва хешу табор, зану модараш гузаронида гирифтааст. Ва вақте ки ин амалҳои инро Ҷӯраев Зариф мефаҳмад ба ӯ эътироз мекунад, ки ту хело аз худ рафтаӣ. Ин суханҳо ба вай маъқул намешавад ва Зарифро подстава карда зиндонӣ мекунад ва ронандаи ӯро, ки Абдуазиз Ашуров ном дошт тарсонида ба худкушӣ мерасонад, то ки ба ин корҳои вай ин шахсиятҳо халал нарасонанд. 

Қонуни дузанагӣ барои ҳама дахл дорад вале барои Ғаниев Абдуманони Манкашеф дахл надорад. Барои онки кришаи вай амнияти Конибодом аст. Фақат байни мардум мегардад ва бо ҳама бо як кибру ғурур ва бо пичинг гап мезанад.

  Дар ҷойҳои мо ҳеҷ вақт одами калонсол майдаро «шумо» гуфта хитоб намекунад. Ягона одаме ки дар ҷамоат ҳамаро шумо гӯён муомила мекунад ҳамин мебошад. Зеро бо ин намуд сухангӯйӣ ҳама гапро аз мардум кашида мегирад ва ин як намуди истеҳзо ба мардум аст ва инро ҳама хуб медонанд.

  Кадом инсон намозхон шавад дарав хабар медиҳад, ки вай изоркалта шудааст. Кадом одам пулдор шавад ё шантаж мекунад ё бо ягон чиз ба амният албатта хабар медиҳад. Ҳар инсоне, ки ҳамроҳи ин инсон мегардад ё дӯстӣ мекунад албатта, дар охир ё зиндонӣ мешавад ё мемурад. Ин 100 фоиз ҳақ. Ҳама мардум медонад, лекин ба сабаби инсони ҷангӣ буданаш ҳама аз вай меҳаросанд.

  Як объектро ба чанд кас мефурӯшад, лекин ҳама бе ҳуҷҷат ва бе молу замин мемонад. Чунки шабона рафта ба хонаи ҳамон одам таҳдид ба куштор ё дигар чиз мекунад, ки вай аз тарс аз баҳри ҳама чиз мебарояд. Сабаб онки информатори амният аст ва забони онҳоро низ кӯтоҳ кардааст.

3. Дадаҷонов Шарифдомулло: ин муллои деҳаи Лоҳутӣ аст. Дар гузашта чанд номае дар бораи ин муллои касиф шумо нашр карда будед. Ин муллои зинокор рӯирост дар масҷид мардумро барои ёфтани аскарбача барои хизмат маҷбур мекунад ва агар наёбанд аз онҳо 50 сомонӣ ҷамъ мекунад. Барои онки бо он пул аз дигарҷо аскарбача мехарад. Ана муллою мана мулло.

 Э, мардум чашмҳоятонро кушоед. Аз рӯи қоидаи давлат ҳатто муллоҳо барои аз давлат хориҷ шудан бояд иҷозати амният гиранд. Ва ин одам ҳарсол агар ба Россия равад чанд бачаҳоро рӯйхат карда ба амният оварда мерасонад ва амният ба сари он бачаҳо обиҷӯш мерезад. Ё хизмат мефиристонад ё зиндон. Интихоби сеюме нест. Ин муллои ғарбоз дар ҳама ҷо боз лоф зада амният ин коро кард ман ин корро кардам мегӯяд. Ғарбозии инро ҳатто Ҷалилов Эмин, собиқ коргари ВКД ба рӯяш дар маъракаҳо мегӯяд, боз хандида фахр мекунад.

4.Раҳмонов Алишер:  ӯ камазчӣ аст.Ин як ҷавони беномус, ки дар деҳаи Лоҳутӣ мағозаи хӯрокворӣ дорад. Аз ҳама гап гирифта начаконида ҳам ба амният ва ҳам милиса хабар медиҳад. Аз як тараф ба амнияти Конибодом ва аз тарафи дигар ба шуъбачаи ШКД-и Конибодом дар ҷамоати Лоҳутӣ. Ҳамаи он ба ҳамон сабаб ки мағозаашро кришават мекунанд ва ҳам барои паҳн кардани бангу таблеткаҳои психотропӣ ва қиморбозӣ кришават мекунанд ва дар доля шарик ҳастанд. Ба сабаби ин беномус ҷавонони ҷамоати Лоҳутӣ ё зиндонӣ, ё нашъаманд ё аз молу мулкашон ба сабаби қимор бенасиб мегардад.

5. Ҳама кормандони ҷамоат аз раиси ҷамоат то фарроши он зану мард ҳамеша ва ҳамавақт дар хизмати амният ҳастанд. 

Боқимонда шағолҳо информаторҳои милиса дар номаи дигар маълум мегарданд.

Албатта, мо умедворем, ки сокинони ҷамоат чашмонашон кушода мешавад ва то кадом дараҷа бад будани душманонашонро ҳис мекунанд. Огоҳ бошед, ба ҳама сухани изофӣ нагӯед то бар зидди худатон истифода нашавад. 

Умедворем, ки номаи моро нашр мекунед, то ин нохалафон ислоҳ шаванд!

Share This Article