Номаи маро алоҳида нашр кунед №23
Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як нафар аз кормандони пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳастам, ки айни замон ба нафақа баромадаам, ба истилоҳ «давлати пирӣ» меронам ва дар яке аз деҳаҳои ҷамоати Навдии Рашт зиндагӣ мекунам.
Филми ҷолиби «Леди фром из Гарма»-и «Ислоҳ.ТВ»-ро тамошо кардам. Бовар кунед, ки онро 99% мардуми Ғарм тамошо карданд ва бинобар маъулмоте, ки ба дасти мо расид, шахсан худи Ледӣ-Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт онро дар экрани калонҳаҷми хонааш тамошо кардааст.
Аксарияти мо сахт дар тааҷҷубем, ки Шумо ин ҳама факту рақамҳои воқеъиро аз куҷо дастрас карда бошед?
Масалан дар бораи раиси ҷамоат, ки гуфтед, дар ҳақиқат 100% зинокор аст. Ҳамон корҳоеро, ки дар ин филм гуфтед, кардааст. Вақте ӯро аз кор мегиранд, мақомот боздошташ мекунад. Дар шаҳри Ваҳдат бародари Обиди фиръавн, (Обид Шарипов, раиси кони ангишт), ки Абубакр ном дорад ва Мансур ҳамсинфаш аст, пораи калон дода озодаш мекунад.
Чизи дигар ин аст ки дар ҳақиқат Шоҳ Искандаров ва Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад мухолифин дар байни мухолифин шуда буданд. Инҳо ду нафар хуни мардуми бегуноҳро бисёр резонидаанд. Барои ҳамин аст ки то имрӯз дар мақомот кор мекунанд.
Бародарони Обиди Фиръавн 7 ё 8 нафар аз як падару модаранд, ки калониашон Шарифов Давлатхуҷа Мирзохуҷаевич. Соҳибкитоб ҳам ҳаст. Як китобаш бо номи «Дунё фонӣ ва уқбои боқӣ» чоп шуда буд. Худованд раҳматаш кунад, ки гузашта шудааст.
Ҳоло як каме дар бораи Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад маълумот медиҳам, ки бо вуҷуди ин ҳама ҷиноятҳои содиркардааш тавонистааст то ҳозир дар мансабҳои калидӣ кор кунад.
Ин нафар зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Навдӣ, деҳаи Навдӣ аст.
Маълумоти аввалинаш аз омӯзишгоҳи тиббии Рашт –медучилиш аст. Соли 2006 аз як донишгоҳ дар Душанбе ғоибона хондам гуфта, ҳуҷҷат харидааст. Аз Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ.
Ин нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сафи ба қавли худашон гурӯҳҳои муҷоҳидин мепайвандад ва то солҳои 2000 бо онҳо ҳамроҳ буд. Баъдан раиси онвақти ноҳия Толибов Маҳмадшариф ӯро ба ҳайси муҳофизи шахсӣ ба кор мегирад.Сабаби ин одами хунхорро дар бараш гирифтани раиси ноҳия он буд, ки ҳамон вақтҳо сиёсати давлат суст буду ин гуруҳҳои роҳзану дузду ғоратгарнамемонданд, раисони ноҳия ба осонӣ кор кунанд. Сайдаҳмад, он вақтҳо яке аз командирони бе раҳмтарину беинсофтарин буд, ки бо лақаби Сайдаҳмади калабур ном бароварда буд. Сайдаҳмад як ҳамдеҳаи худашонро бо номи Зуҳуруддин калаашро мегирад ва дар қади ғор мепартояд, намемонад, ки гиранд гураш кунанд.
Толибов ин нобакорро ба хотири ҳимояи худаш аз дигарони монанди худаш ба кор қабул мекунад.
Ин командири бераҳмтарин дар деҳаашон буд. Танҳо дар деҳаи худашон чор куштор дорад, ки ҳамаи мардуми Навдӣ аз хурд то калон, аз пир то ҷавон, аз зан то мард ҳама медонанд.Аммо сокит ҳастанд. Онҳо мегуянд, ки Худованд рӯзашро меорад ва ҷазояшонро медиҳад. Номҳои нафароне, ки Сайдаҳмад аз он деҳа ба қатл расонд:
1) Мавлуда — духтур
2) Модари Мавлуда
3) Духтари Мавлуда, 7сола,
4) Зуҳуриддин.
Ин чор нафаре мебошанд, ки ошкоро кушта шудаанд ва ҳамаи мардуми деҳаашон ин ҳодисаи ваҳшатнокро медонанд.
Агар мехоҳед, ки ин кушторҳоро аниқ кунед, аз собиқ муовини Прокурори генералии Тоҷикистон Ваҳобов Абдувалӣ пурсед. Чунки ин фоҷиаро хуб медонад. Аммо сабаби чаро пинҳон нигоҳ доштанашро намедонам. Фикр мекунам бе восита дар ин кушторҳо шарик аст ё ҳамон вақтҳо чи тарсе додааст, ки то ҳозира хомуш аст. Лекин ин хомушии ҷаноби Ваҳобов аз ҷавобгарӣ озодаш намекунад. Айни замон Абдувалӣ Ваҳобов дар Прокуратураи генералӣ дар кадом як раёсат кор мекунад.
Инро ҳам бояд тазаккур дод, ки Абдувалӣ Ваҳобов (Ваҳобов Валӣ Манонович) моҳи марти соли 2015 ба ҳайси муовини Додситон таъин шудааст. Вай соли 1963 дар Ҳисор таваллуд шудааст. Ҳудуди чиҳил сол мешавад, ки дар додситонӣ кор мекунад ва дар тайи ин муддат умдатан дар бахшҳои назорати вобаста мақомоти қудратӣ кор кардааст. Масалан:-прокурори шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмиллалии прокуратураи РСС Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст….
Аммо сардори ҳамаи ин ба ном муҷоҳидин Мирзохуҷаи Аҳмад бо лақаби Белгӣ мебошад.
Сайдаҳмад баъдан аз корманди шуъбаи муҳофиза, ки ба кумаки Толибов омада буд, ба раёсати он вақтаи ВКД дар Рашт мегузарад.
Дар ин вақтҳо буд, ки генерал Маҳмадназар Салихов вазири корҳои дохилӣ таъйин мешавад. Сайдаҳмад бо воситаи як хешаш Маҳмаднаим Наимов аз деҳаи Қалъаи Шайх бо вай шинос шуда апаашро бароварда ба Солиҳов медиҳад. Баъди язна шудани Салихов дигар корди Сайдаҳмад дар болои равған мешавад. Лекин ин хурсандиаш дер давом намекунад, чунки Салиховро аз кор мегиранду дар ҷойи вай Абдураҳим Қаҳҳоровро мемонанд. Абдураҳим Қаҳоров хело шахси маккор ва оғози мубориза бо исломро маҳз ӯ дар кишвар оғоз мекунад ҳамчун вазири дохилӣ. Хулоса корро давом медиҳад.
Дар он вақтҳо Рамазон Раҳимзода муовини аввали Вазир буд, ки яке ҷанг бар зидди Мирзохуҷа Аҳмад дар Ғарм сар шуд. Дар ин ҷанги зидди Мирзохуҷа Рамазон Раҳимзода, сардори штаби ҳамин ҷанг буд.
Дар он сол Сайдаҳмад ва Раҷабалиев Ҳусейн Сафаралиевич ҷанг мондагӣ як сӯву рӯз то бегаҳ, бегаҳ то саҳар корашон фақат лесидани мояҳои Раҳимзода буду халос. Дар ин бора, ки ин ду нафар духтарони хонаи ғармиро ба Рамазон Раҳимзода меоварданду пешпарон мекарданд, маълумот ҷамъоварӣ шудааст ва барои мо ному насаб ва аз кадом ҷамоату деҳа будани ин духтарҳо маълум аст.
Ҳусейн худаш одами бад нест. Худаш борҳо ҳикоят кардааст, ки духтари ҳамсояашро чи хел оварду ба Рамазон пешпарон андохт. Фикр намекунам, ки ин ду даюси беномуси номарди ноодам фаромуш карда бошанд ин корҳои номардонаашонро.
Мақсад инҷо танҳо Сайдаҳмад аст. Ҳоло барои Ҳусейн вақташ меояд, ки пурра маълумот диҳем. Ҳамон қадарашро мегуям, ки ин Ҳусейн се зан дораду чанд фарзанд. Ҳусейн ронандаи шахсии хонадони Рамазон Раҳимзода аст. Вақташ, ки ояд ҳамаш рушан мешавад.
Баъдҳо Рамазон Раҳимзода вазири дохилӣ таъин шуд ва ин ду нафарро барои лесиданҳояшон ба вазорат бурд. Айни замон низ ин ду беномуси моялес дар вазорат мебошанд.
Вақте Сайдаҳмад дар ноҳияи Ленин ба кор пардохт ҷони мардуми ноҳияро ба лаб оварда буд. Шикояти зиёд ба гӯши роҳбарияти кишвар мерасад ва дастур дода мешавад, ки гиред нобудаш кунед: «вай кӣ аст ки мардум ин қадар шикоят доранд». Аз кор мегирандаш.Чанд вақт мегузарад ва боз Рамазон Раҳимзода ӯро меоварад ва роҳбари Дастгоҳи вазорати дохилӣ таъйин мекунад.
Аҷоибаш ин аст ки Сайдаҳдам дар вақти роҳбарии Маҳмадназар Солиҳов апаашро ба вай дода буд, ба Рамазон Раҳимзода бошад хоҳарашро додагӣ аст ва барои ҳамин ин нобакор кор карда гаштааст.
Ин ягон савод надорад, танҳо саводи чи хел одамро куштан, кала задан, дуздӣ, ғорат, туҳмат, шантаж ва моялеси дораду халос. Азбаски Раҳимзода язнааш шудааст, аз пушти хоҳараш дар вазорат кор карда гаштааст. Ягон нафар дар вазорат бо ин сарбасар шуда наметавонад. Агар ягон гапи нороҳаткунандааш зананд, дарав пеши Рамазон медавад. Ҳамаи кормандонро сиёҳ мекунад, туҳмат ва буҳтон мезанад
Хуни садҳо одами бегуноҳро резондааст, садҳо нафарро ба туҳмату буҳтон маҳбас кардааст, садҳо нафарро хонавайрон кардааст, ҳазорон нафарро аз ватан бе ватан кардааст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо сухан бисёр аст. Чи гуна Рамазон Раҳимзода ба мақоми вазирӣ омад ва барои чӣ ҷанги бардуруғ бар зидди Мирзохуҷа Аҳмад ташкил карданд, маълумотҳо дар бораи ҳамаи ин корҳояшон ҳаст. Аммо ифшои ҳама чиз вақту соат дорад. Феълан ҳаминаш кифоя аст.
Сайдаҳмад падару модараш ҳастанд ва дар деҳаи Навдӣ зиндагӣ мекунанд.
Як додараш Маҳмадҷонов Ҳайдар Одинамаҳмадович соли тавалудаш 1988, сардори шуъбаи шиносномадиҳӣ дар раёсати корҳои дохилии ноҳияи Рашт мебошад, ки ягон нафарро ҳато сардори Раёсатро гуш ва писанд намекунад.
Додари дигараш Маҳмадҷонов Алимаҳмад Одинамаҳмадович, таваллудаш1985, бекор вале кораш бузиву хабаркашӣ карда гаштан аст. Чи хеле гуфтам ба ду вазири дохилӣ ду хоҳарашро бароварда дод. Ҳардуи ин хоҳаронаш, маълум нест, ки зани чандуми ин вазирон шуда бошанд.
Полковник Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад кист?
Сардори Раёсати таҳқиқоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2 июли соли1973 таваллуд шудааст. Тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ ва соли 2010 факултети №1-Академияи ВКД барои ҳайати раҳбариро хатм кардааст. Аз 14 апрели соли 2000 хидмат дар ниҳодҳои вазорати корҳои дохилиро сар кардааст .
Дар ҷараёни фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун аз ҷумла сардори хадамоти амвол дар қисми ҳарбии 3974 –и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД кор кардааст. Сипас ваколатдори калони фаврии Гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Шуъбаи милисаи навоҳии минтақаи Рашт, баъдан ваколатдори калони фаврии Гурӯҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди нашъаовари ШВКД дар ноҳияи Ховалинг, сонӣ ваколатдори калони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар минтақаи Рашт, муовини сардори милисаи ШВКД дар ноҳияи Рашт, муовини аввали сардори ШВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт кор кардааст.
Баъдтар сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд ва дертар сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан мушовири якуми вазири корҳои дохилӣ таъин ва чанд муддат дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи ВКД кор кардааст.
Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад 2 феврали 2024 ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад ва то ҳол дар ин вазифа кор карда истодааст.
Дар рафти фаъолияти кории худ барои дастовардҳо ва муваффақияти хидматӣ, нишон додани дараҷаи баланди касбӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дохилӣ, саҳми арзанда дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун бо медал, нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорнома ва сипосномаи вазорати корҳои дохилӣ тақдир шудааст.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон №1092 аз 26 июли соли 2011 бо ордени «Спитамен» II сарфароз гардонида шудааст.
Аммо ончи ки ман инҷо навиштам, як қисмати ками маълумот дар бораи Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад мебошад.
Ман, ростӣ бисёр мебинам ва дидаам ва ба қадри имконам бошад ҳақиқати ҳолро расонидам. Модари Сайдаҳмад аз Шаҳринав аз деҳаи Обид Шарипови сардори кони ангишт аст. Аз онҳо пурсед ҳамин навиштаҳои маро тасдиқ мекунанд, лекин шояд тарсанд. Лекин агар дар вазорат одам дошта бошед, пурсед, тасдиқ мекунанду боз маълумотҳои бисёртар ҳам шояд бидиҳанд.
Як чизи дигарро бояд қайд кунам, ки инҳо ҳамаашон аз як хайланд.
Обид, Сайдаҳмад, Ҳусейн, Мирзохуҷаи Белгӣ ҳамаашон мунофиқоне ҳастанд, ки дар якҷоягӣ мардумро зулм мекарданду мекунанд.
Суханҳо бисёр асту афсус, ки шояд бисёриашонро ногуфта аз ин дунё меравам. Ин золимон бояд ҷазои сахттаринро гиранд, ки мардум бинанду қалбашон каме ҳам бошад ором гирад.
Ин кушторҳое, ки Сайдаҳмад дар деҳаи худашон Навдӣ кардааст, агар аз Мирзохуҷаи Белгӣ пурсанд бояд тасдиқ кунад. Чунки он вақтҳо касе бе иҷозаи Мирзохуҷа гунҷишкро намекушт.
Сабаби донистани дигараш ин аст ки ҳамон давраҳо, ростӣ, солаш аз ёдам рафт, Мирзохуҷа аз пояш ҷароҳат бардошта ва дар беморхонаи деҳаи Навдӣ бистари буду инҳо телехҳои вай буданд.
Марҳума Мавлуда духтур буд. Мехост модарашро бо духтари ягонааш гирифта Душанбе ва аз онҷо Русия равад. Аммо аз руи маълумоте, ки мардуми деҳаашон нақл мекунанд, бо худ тило ва ҷавоҳирот доштааст. Борҳояшонро дар мошин бор мекунанд ва ба роҳ мебароянд. Аммо Сайдаҳмад рафта дар Лаби Ҷари ноҳияи Комсомолобод, ҳозира ноҳияи Нуробод камин гирифта меистад ва вақте онҳо ба онҷо расиданд, онҳоро кушта тиллову ҷавоҳироташонро мегирад.
Зуҳуриддини бечораи камбағал гуё дуздӣ карда бошад, ин мусалмонҳои «ҳақиқӣ» ту гови фалониро дуздидаӣ гуфта мегиранд мекушанд. Даҳшатноктар боз ин буд, ки мурдаро чанд руз намемонанд гиранду гураш кунанд. Гуё ба мардум ҳақ буданашонро нишон медиҳанд, ки касе чунин кор кунад, ҷазояш ҳамин. Аммо дуздҳои асосӣ худашон буданд. Мардуми ҷамоати Навдӣ ва деҳаи Навдӣ байни худашон ин суханҳоро то ҳол мегӯянд. Беҳуда нагуфтам, ки собиқ муовини Прокурори генералӣ Ваҳҳобов Абдувалӣ, ки то ҳозир дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад, ҳамаи ин қиссаҳоро нағз медонад. Ҳамаи ҷиноятҳоро бо Сайдаҳмад якҷоя содир кардагианд.
Инро мебояд тазаккур дод, Худоро шукр, ки ду нафар аз ин қотилонро боздошт намуданд.Якеаш Шарифи калабур,ки Сайдаҳмад одами дасти росташ буду дар ҳамаи кушторҳо якҷоя буданд, дигараш Шарифи немис, ки одами Мирзохуҷаи белгӣ мебошад.
Дар умум ҳамаи ҳамин қотилон зери роҳбарии қотили калониашон Мирзохуҷаи белгӣ буданду ҳастанд ва ҳар супоришро бевосита аз ҳамин бадбахти худобехабар мегирифтанд.
Аҷоиби кораш ин аст ки ҳамаи ҳамин қотилон аз Мирзохуҷаи белгӣ сар карда то Шоҳ Искандару одамони зертобеи ин нафарон дар зери чатри Рамазон Раҳимзода қарор доранду пуштибониашон мекунад.Медонед чаро чунин аст? Барои онки ҷанги Мирзохуҷаи белгӣ дар соли 2008 ва соли 2010 ин ҷанги сохтаи мақомот буд. Рамазон Раҳим вазир шуду боз чанд мансабталаб соҳиби мансаб ва чандин нафар рутбаталабон соҳиби рутбаҳои генералӣ шуданд. Хулоса ҷангро худашон сохтанд.Омада хонаҳои Мирзохуҷаи белгиро, ки дар деҳаи Ниширёни ҷамоати деҳоти Навдӣ қарор доранд,ба коми оташи тиру туфанг гирифтанд. Ду ҳафта аз ин корҳо гузашт омада боз даҳ карати пешина таъмираш карда доданд, аз нав сохтанд.
Тибқи маълумотҳои расид Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад бояд рутбаи генералӣ гирад.Барои ҳамин командири пешинаашро бо нақшаҳои шумаш боздошт карданд ва ваъдааш додааст, ки ҳарчи ҳаст ту ба уҳдаи худ бигир, ман генерал шавам боз аз маҳбас мебарорамат.То ҳозир куштори 45 нафарро ба гардан гирифтааст. Иншоаллоҳ Сайдаҳмад бо ин нақшаи кашидааш ба чоҳи кандаи худ меафтад ва то мурданаш дар маҳбас мемонад ва мурдаашро сагу гургҳо мехуранд.Дар он дунё дар қаъри ҷаҳаннам абадан иншоаллоҳ, ки мемонад. Чунки ин нафарон хуни ҳазорҳо инсонро резонидаанд.
Сайдаҳмад ва Шарифи калабур аз ҷамоати деҳоти Навди,деҳаи Навдии ноҳияи Рашт мебошанд.Шарифи Немис аз ҷамоати деҳоти Навдӣ,деҳаи Бедак мебошад.
Мирзохуҷа,ки бо лақаби Белгӣ мешиносандаш зодгоҳаш деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанак аст.Аммо аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки зани дуюм гирифт дар ҷамоати деҳоти Навдӣ деҳаи Ниширён зиндагӣ мекунад. Маҳмадҷонзода Сайдаҳмадро дар вазорати корҳои дохилӣ аст ки арӯси вазираш мегӯянд. Ҳам худаш аруси вазир асту ҳам кадом як ҷиянашро ба вазир додааст.
Таҳқиқоти «Ислоҳ» дар ин қазия идома дорад, агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноёти Сайдаҳмад будаед ва ё медонед ҳатман ба «Ислоҳ» нависед…!
ПАСГУФТОРИ ТАҲҚИҚОТӢ
Рӯйи рост ба вазиру прокурор мегӯем: Ин қотилро чӣ гуна дар ВКД нигоҳ медоред?
Дар тӯли беш аз сӣ соли пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, мақомоти кишвар аз минбари ҳар идора, ҳар конфронс, ҳар барнома аз «устувории қонун», «волоияти қонун», «ҳуқуқи шаҳрванд», «ифтихори ваҳдати миллӣ», «мустақилияти давлатӣ» сухан мегӯянд. Аммо вақте аз пушти ин шиорҳои давлатӣ пардаро каме бармегардонем, воқеъият намоён мешавад:
қонун барои ҳама нест.
Адолат барои ҳама нест.
Ҷазо барои ҳама нест.
Аммо имтиёз ва ҳифз танҳо барои чоплусони ҳукумат аст.
Яке аз намунаҳои барҷаста ва дардоваре, ки ин низоми носолимро исбот мекунад, сарнавишт, рӯҳия ва роҳе мебошад, ки Полковник Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинамаҳмад тай намудааст.
Мардуме, ки солҳо ба умеди қонун зиндагӣ карданд, имрӯз аз худ мепурсанд:
Чӣ гуна имкон дорад, ки қотиле бо чунин миқдори ҷиноятҳои ошкоро, дар ниҳоди қонунгузор ВКД на танҳо фаъол бошад, балки вазифаҳои калидӣ ишғол кунад?
Чӣ гуна мешавад, ки қонуни Тоҷикистон ба дасти одамоне меафтад, ки худашон ба қонун эҳтиром надоранд, ба мардум раҳм надоранд, ба ҳаёт эҳтиром надоранд?
Ҷавоби ин савол танҳо як аст:
Чун дар Тоҷикистон қонун ба шахсият хизмат мекунад, на шахсият ба қонун.
Ва вақте шахсият ҷинояткор аст қонун низ ба ҷиноят хизмат мекунад.
ХИТОБ БА РАМАЗОН РАҲИМЗОДА
(Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон)
Ҷаноби Раҳимзода!
Шумо беш аз ҳар каси дигар медонед, ки дар ин матлаб суханҳои беасос нестанд. Ин иддаоҳои холӣ нестанд. Ин овозаҳои кӯчагӣ нестанд. Ин:
- исми одамон,
- таърихи воқеӣ,
- кушторҳои мушаххас,
- маконҳои муайян,
- шоҳидони зинда,
- сабтҳои таърихӣ мебошанд.
Шумо вазири дохилӣ ҳастед ниҳоди масъул барои амният, оромӣ, қонун, ҳуқуқ ва ҳаёти шаҳрвандон. Агар дар зери роҳбарии шумо шахсе мисли Сайдаҳмад, ки:
- дар деҳаи Навдӣ се зан (ду калонсол ва кӯдаки 7-сола) куштааст,
- ҷавони бечораро ба номи «дузд» сама суд сар заданд,
- роҳи мардумро баст, молашонро гирифт, хонаҳояшонро вайрон кард,
- туҳмат сохт, парванда сохт, мардумро бараҳна ба зиндон фиристод,
- ба воситаи зӯр ва фасод мансаб ба даст овард,
- бо зан додан ба ду вазири дохилӣ қудрат пайдо кард,
- бо шантажу фасод бархе аз роҳбаронро ба зону шикаста нигоҳ дошт, ва имрӯз ӯ дар мақоми Сардори Раёсати таҳқиқоти ВКД менишинад —
Савол танҳо ба ӯ нест.
Савол ба шумо низ ҳаст:
❗ Чаро ӯ то имрӯз кор мекунад?
❗ Чаро ӯ таҳқиқ мекунад, на таҳқиқ мешавад?
❗ Чаро ӯ бозпурсӣ мекунад, на бозпурсӣ мешавад?
❗ Чаро ӯ масъули парвандаҳои дигарон аст, на парвандаи худаш?
❗ Чаро ВКД ба ҷои муҳофизи мардум муҳофизи ҷинояткорон шудааст?
Ҷаноби Раҳимзода!
Шумо наметавонед бигӯед «ман намедонистам».
Ҳама медонанд, ки медонистед.
Зеро худи шумо:
- ӯро аз Ноҳияи собиқ Ленин аз кор гирифтед,
- пас боз овардед,
- ба Дастгоҳи ВКД гузоштед,
- ба мансаби калони таҳқиқотӣ таъин кардед.
Яъне, шумо на танҳо аз ҷиноятҳои ӯ воқиф будед
Шумо масъули идомаи роҳ ва қудрати ӯ ҳастед.
Ин масъала танҳо масъалаи ахлоқ нест.
Ин масъалаи қонун нест.
Ин масъалаи амнияти миллӣ аст.
Бигӯед, ҷаноби Раҳимзода:
То кай ВКД ба паноҳгоҳи қотилон табдил меёбад?
ХИТОБ БА ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ Ҳабибулло Воҳидзода
Ҷаноби прокурор!
Прокуратура дар кишвар бояд ҷои ҳақиқат бошад, ҷои адолат бошад, ҷои ҷазои қонун бошад.
Аммо вақте куштори се зан, як духтари 7-сола ва як ҷавони камбағал:
- ном дорад,
- шаҳодат дорад,
- сабаби марг дорад,
- ҷои ҳодиса дорад,
- ҷинояткор дорад,
- шоҳид дорад,
- ва дар тамоми деҳа ҳақиқат маълум аст агар чунин раво бошад, ки то имрӯз ягон парванда боз нашудааст
ин на камбудии қонун аст,
на мушкили парванда,
ин ҷиноят дар доираи прокуратура аст.
Чаро Ваҳобов Абдувалӣ, муовини собиқи Прокурори генералӣ, ки ба гуфти мардум аз ҷузъиёт пурра огоҳ буд,
солҳо дар вазифа монд?
Чаро ӯ дониста хомӯш буд?
Чаро имрӯз ҳам касе намепурсад:
— чаро кушторҳои Навдӣ расман сабт нашудаанд?
— чаро шахси муттаҳам дар ҷойи таҳқиқ вазифаи таҳқиқот мегирад?
— чаро қурбониён номаълум мондаанд, аммо ҷинояткор пирӯзи саҳна шудааст?
Ҷаноби Ҳабибулло Воҳидзода!
Ин парванда на танҳо парвандаи Навдӣ аст.
Ин парвандаи обрӯи ниҳоди шумо ҳам аст.
Шумо бояд ҷавоб диҳед:
Чаро қотил аз қонун болотар аст?
ХУЛОСА
(Сухани қатъӣ аз Ислоҳ)
Ҳар қонун, ҳар давлат, ҳар низом, ҳар идора аз дохил бо ду чиз валангор мешавад:
- Ҷинояти қудратмандон
- Хомӯшии қонун дар баробари онҳо
Ҳамин ду чиз имрӯз дар Тоҷикистон дида мешавад.
Ҳамин ду чиз имрӯз ВКД ва Прокуратураро ба нуқтаи бебозгашт бурдааст.
Мо мепурсем-бо забони мардум, бо забони ҳақиқат, бо забони таърих:
❗ Чаро Сайдаҳмад -ин қотил, роҳзан, шантажгар-дар ВКД дар вазифаи сардор аст, на дар курсии айбдоршаванда?
❗ Чаро ВКД ба паноҳи ҷинояткорон табдил шудааст?
❗ Чаро Прокуратура ҷиноятҳоро намебинад, аммо мардумро мебинад?
❗ Чаро хуни се зан, духтари 7-сола ва як ҷавони бечора — 30 сол боз беқасос мондааст?
❗ Ва то кай?
Ин саволҳо на ба Ислоҳанд,
на ба мухолифинанд,
на ба мардуманд-ин саволҳо ба ШУМО ҳастанд, ҷаноби Раҳимзода ва ҷаноби прокурор.
То посух надиҳед-ин суолҳо шуморо таъқиб мекунанд.
