Номаи маро алоҳида нашр кунед №50
«Ислоҳ», ҳанӯз моҳи июни соли 2025 хабари аз зиндони Туркия озод ва ба Тоҷикистон фиристодани Сулаймон Қаюмовро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи 251 нашр карда буд. Як каме пеш аз ин дар яке аз барномаҳои «Минбари муҳоҷир» ҳам ин хабарро ба мардум расонида будем. Тибқи маълумоти он шабурӯзҳо Сулаймон Қаюмовро аз Туркия оварда буданд ва вай дар СИЗО нигоҳ дошта мешуд.
Сулаймон Қаюмов, қотили шаҳид Умаралӣ Қувватов, роҳбар ва муассиси ҳаракати оппозитсионии «Гурӯҳи 24» аст ки дар марти соли 2015 бо тири туфанги бесадо Умаралиро дар ҳузури фарзандон ва ҳамсараш дар яке аз хиёбонҳои Истанбул дар пушти сараш паронида ба шаҳодат расонд.
Додгоҳи Туркия дар он сол қотили аҷиркардаи Раҳмоновро барои ин ҷинояти сангин ба ҳукми абад маҳкум кард. Аммо бо гузашти даҳ сол аз ҳукми додгоҳи Туркия нафаре, ки бо ҳабси абад маҳкум шуда буд, ҳоло дар хиёбонҳои Душанбе савори Лексус мегардад.
Номаи зер дар ҳамин бора маълумот медиҳад:
Раҳмонов ба Сулаймон Қаюмов, қотили Умаралӣ Қувватов озодӣ ва мошину хона подарка кард
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ин номаро аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Бовар дорам ин хабар барои мардуми Тоҷикистон ва тамоми мухолифин бетафовут нахоҳад буд. Ман бо бастагони Сулаймон Қаюмов, нафаре, ки соли 2015 Умаралӣ Қувватов, асосгузори ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро дар Истанбул ба шаҳодат расонд, равуо ва ошноӣ дорам.
Сулаймонро аз зиндон бароварданд ва ҳозир дар озодӣ ба сар мебарад.
Ба ин муносибат дар хонаи додари Сулаймон Қаюмов, дар Душанбе ва Восеъ нони калон доданд. Мо ҳам даъватӣ будем. Номи додараш Абдураҳмон аст.
Дар шаҳри Душанбе ба вай хона тӯҳфа карданд ва ба ҷои кор таъмин намуданд. Ҷои корашро ҳоло ман намедонам. Ба Сулаймон Қаюмов дар район ҳам хонаву дар доданд. Дар маркази райони Восеъ, дар кӯчаи Фирдавсӣ хонаи 8 зиндагӣ мекунанд.
Аввал омад дар хонаи тағояш дар қарибиҳои бозори Корвони Душанбе истод. Баъд аз инҷо бурданаш Восеъ. Дар Восеъ ҳам баъди ду рӯзи анҷоми моҳи Рамазон нон доданд.
Ҳамсари Сулаймон вақте мефаҳмад, ки Сулаймон зиндонии якумра шудааст, тобу тавонро аз даст медиҳад ва дигар ҳардаста ва «полний рост» мешавад ва бо «бачаҳо» -асосан амният ва МВД дар дачаҳои Варзоб чанд сол аст ки мераваду истироҳат мекунад.
Зани Сулаймон дар беморхонаи Восеъ ҳамшираи шафқат-медсестра буд. Масҳ-массаж мекард. Лекин «бачаҳако» мебурданду…..
Худи Сулаймон ҳама чизро медонад. Акнун ва ҳоло пас аз озодии Сулаймон чи гап мешуда бошад, инаш хело аҷиб аст.
Дар бозори Султони кабири Восеъ ҳам барои додараш магазин туҳфа карданд. Онҷо Абдураҳмони додари Сулаймон қолинфурӯш аст.
Ин ҷоизаҳо ба Сулаймон ва додараш барои иҷрои бомуваффақи миссия ва хушрӯ оправдат кардан- куштори Умаралӣ Қувватов дода шудааст. Ана «президента бераҳмуш»
Умаралӣ Қувватов кӣ буд?
Умаралӣ Қувватов аз ҷумлаи он сиёсатмадороне, ки тарафдорони зиёд дошта бошад набуд, дар кӯраи сиёсат гудохта, обутоб ёфта, собиқа ва таҷрибаи зиёди сиёсӣ дошта бошад, набуд.
Аммо вай дар фурсати андак ба як шахсияти пештозу пешрави неруҳои мухолифи Раҳмонов бадал шуд ва дар як фосилаи кутоҳ ҷойгоҳи намоён ва рейтинги боло касб кард, мавриди таваҷҷӯҳи оммаҳо қарор гирифт ва дар қиёс бо оппозитсиони онвақта, масалан ташкилоти пурнуфуз ва пурҷамъияти ҲНИТ, ки аз ҳар гуна рӯёрӯӣ бо режим имтиноъ меварзид, Умаралӣ Қувватов ба унвони раҳбари ҳаракати нави сиёсии «Гурӯҳи 24» бо сароҳат ва ошкоро ба сарнагунӣ ва нобудии Раҳмонов ва режими вай даъват мекард ва ҳамин даъватҳои ошкоро ва оммавӣ ӯро ба рақиби сахти Раҳмонов дар майдони сиёсат мубаддал кард.
Даъвати вай барои тазоҳурот дар тирмоҳи 2012 дар Душанбе барои мақомоти Раҳмонов мисли раъду барқи тамуз ногаҳонӣ буд ва таҳдиди ошкоро ва ҷиддӣ ҳисоб меёфт. Аз инҷо буд, ки он рӯз тамоми ҷодаҳои пойтахт пур аз мошинҳои зиреҳпӯш ва низомиҳову милисаҳои мусаллаҳ шуда буд. Чанд рӯз қабл аз он ҳам неруҳои вижа ва таъиноти махсуси мақомоти қудратӣ зидди саҳнахезӣ ва хиёбонбароӣ дар майдони назди кинотеатри ҳамакнун собиқи Ҷомӣ
тамрини зидди тазоҳурот доир карда буданд, ки далолат аз тарс ва таҳлукаи Раҳмонов мекард.
Инҷо мехоҳем як иқтибосеро, агарчи тулонӣ ҳам бошад, дар бораи Умаралӣ Қувватов аз як матлаби қаблиамон, ки 12 феврали соли 2022 таҳти унвони «Фармоишгар ва қотилони Умаралӣ Қувватов ошкор шуданд»
(https://isloh.net/14044/farmoishgar-va-qotiloni-umarali-quvvatov-oshkor-shudand ) пешкаш намоем:
«Худобиёмурз Қувватов аз муассисони ширкати “Фароз” буд, ки баъдан Шамсулло Соҳибови домоди раиси ҷумҳурӣ ӯро на танҳо аз ин ширкат маҳрум, балки тамоми дороӣ ва моликияташро ҳам тасарруф намуд ва коре кард, ки хусураш бо истифода аз фишанги давлатӣ ӯро ба унвони як ҷинояткор муаррифӣ бикунад. Қисааш тӯлонист. Вале ҳаминро бигӯем, ки вақтҳои ахир Умаралии шаҳид дигар на танҳо ба як мунтақиду ифшосозандаи аъмоли ҷиноякоронаи Раҳмонову хонаводааш, балки ба як сиёсатмадори мардумӣ ва лидери садҳо ҳазор аз муҳоҷирон бадал шуда таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои қудрати Раҳмонов маҳсуб мешуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти «Гурӯҳи 24»-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Ҳар гоҳе, ки Қувватов тариқи шабакаҳо ва бахусус шабакаи моҳвораии “К+” суханрониҳо мекард, ҷон аз қолиби Раҳмонов берун мешуд. Шояд даҳҳо миллион доллар масраф карда буд, ки ӯро бо ҳар роҳу восита ба ватан бозгардонад. Чанд навбат тавассути ИНТЕРПОЛ-пулиси байналмилалӣ ӯро мавриди боздошту бозпурсӣ қарор дод. Аммо ҳеҷ яке аз ин кишварҳо, ба шумули ҳамин Туркия розӣ нашуданд, ки шаҳид Умаралиро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Аз инҷо буд, ки таҳдиду ихтори зиёди ӯ ба Умаралӣ Қувватов камтарин таъсир надошт. Дигар Раҳмонов тасмим гирифт, ки ӯро ҷисман аз байн бибарад. Ва, ҳамин тавр ҳам кард. Ин масъулиятро Раҳмонов бар дӯши Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гузошт. Рамазон Раҳимзода Сулаймон Қаюмови восеъиро барои иҷрои ин амалиёт ҷалб кард…….
Аммо Сулаймон Қаюмов нақши агенту гумошта ва барномасози амалиёти қатли Умаралиро бар дӯш гирифт. Ӯро чанд муддат дар вазорати дохилӣ омӯзониданд. Тахминан шаш моҳ ӯ нақшеро, ки бояд ифо мекард, машқ кард. Баъде, ки мутмаин шуданд, ӯ аз ӯҳдаи иҷрои нақши бар дӯшаш вогузоршуда баромада метавонад, роҳии Истанбул карданд. Сулаймон Қаюмов дар Туркия худро савдогару тоҷир рост карда,ҳатто корманди назофати масҷиде дар наздикии фурудгоҳ, оҳиста-оҳиста ба марҳум Қувватов ва ёронаш наздик мешавад. «Наздикшавӣ» аввалин марҳалаи нақшаи куштор буд, ки ӯ муваффақ шуд ва тавонист, ки дар як фурсати кӯтоҳ бо Қувватов ошно ва ҳатто дӯст бишавад. Хонуми шаҳид Умаралӣ аз наздикшавии шавҳараш бо Сулаймон Қаюмов хушбин набудааст, ки баъдан бо хабарнигорон ин нигарониашро изҳор намудааст.
Хабаргузориҳо дар он шабурӯз навишта буданд, ки 5-уми март, Қувватов ҳамроҳи зан ва ду писараш ба хонаи як ҳамватани тоҷикистонӣ бо номи Сулаймон Қайюмов барои зиёфати шомгоҳӣ даъват шуда буданд. Ба оила заҳр хӯронданд, вале онҳо зинда монданд. Дар ин зиёфат бо шаҳид Умаралӣ бархе аз рафиқонаш,аз ҷумла Суҳроби Зафар, Ҳусейн Ашуров ӯро ҳамроҳӣ менамуданд. Ғизои заҳролуда ба ҳамаи инҳо ҳам таъсир карда буд. Ҳама беҳолу бемадор буданд ва бо марҳум натавонистанд аз хона берун шаванд. Умаралӣ аммо исрор меварзад, ки бояд аз хона бадар шуд, чун инҷо «чи гапе» ҳаст. Худи Сулаймон Қаюмов ба баҳонаи онки ғизо аз гӯшти гӯспанд таҳия шудааст, луқмае самти даҳан намекунад. Вақте амалиёти бо заҳр куштан амалӣ намешавад марҳум Қувватовро дар кӯча замоне, ки дар як даст дасти ҳамсар ва дар дасти дигар дастони яке аз кӯдаконашро дошт ва мунтзири таксӣ буданд, аз пушти сараш парронданд. Аз пушти сар ва бо туфанги бесадо».
Поёни иқтибос
Иллат ва ангезаи куштори шаҳид Умаралӣ Қувватов сиёсӣ аст. Раҳмонов аз Қувватов барои он тарсид, ки вай аз Кулоб буд ва метавонист, ки норозиҳои ин минтақаро, ки бар зидди Раҳмонов вақту соатро мунтазиранд ба ҳам биёрад. Иллати дигар он буд, ки мардум беҳад аз Раҳмонов хаста шудааст ва вақте як чунин нафаре мисли Қувватов, ки бо оилаи Раҳмонов ҳамкор буд, равуои дошт дар муқобили вай қад алам мекунад, ҳатман ҳамроҳаш мешуданд ва тарафдорӣ мекарданд. Хулоса, Раҳмонов барои онки аз курсӣ ва қудрат маҳрум нашавад роҳи чораро дар маҳви физикии Умаралӣ Қувватов дид. Ва, ин корро кард. Раҳмонов ҳар касеро, ки даъвои сиёсӣ кард, ҳар касеро, ки нуфуз ва ҷойгоҳ пайдо кард ё кушт ё зиндонӣ кард ё водор ба фирор намуд.
Аммо, ростӣ, мо ҳанӯз ҳам нафаҳмидем, ки ҳукумати Туркия нафареро, ки ба ҳукми абад муҷозот шудааст, чи гуна озод кард?.
Бинобар навиштаи муаллифи ин нома Сулаймон Қаюмов то раҳоияш дар СИЗО-и Душанбе қарор дошт. Вай дар онҷо наздик ба як сол истод. Пеш аз иди Рамазон ҷавобаш доданд. Чунки вай миссияашро иҷро кард, корашро кард».
Ин гуна фарзияҳо ҳам ҳаст, ки гӯё Сулаймонро бо як нафар аз табааи Туркия, ки дар яке аз муасссаҳои таълимии Фатҳулло Гюлен дар Душанбе кор мекард ва аз афроди наздики Гюлен буд табодул кардаанд. Бар ивази он нафар ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст Сӯҳроби Зафар, роҳбари ҳамакнун пешини «Гурӯҳи 24»-ро аз туркҳо бигирад. Вале, ин ҳарфҳо фақат фарзияанд.
Аммо инки Сулаймон Қаюмов ҳоло дар озодӣ аст ва дар Душанбе ба сар мебарад воқеият аст.
Бинобар навиштаи муаллифи ин нома « Ҳамон шабурӯзҳо, ки Восеъ омаду нон доданд, бо як Лексус чанд рӯз бо каттагӣ ва ҳавобаландӣ гашт. Дар асл ӯро запреташ монда буданд, ки «нарав ба Восеъ. Яке журналистҳо даракатро меёбанду ғавғову валвала мехезад. Боз меоранду маҳкамат мекунанд.»
Барои ҳамин агарчи нон доданд фақат давру бариҳояш иштирок карданд. Ҳеҷ кас наомад, хабаргирӣ
«Худаш бо Лексус омад, дар район фир гашт, катагӣ, худнамоӣ кард. Вале онҷо одамҳое буданд, ки гуфтанаш «хеле кори хуб кардай, ки боз дар инҷо каттагӣ карда гаштестай. Боз занта на*****янд».
Баъд, тағояш пагоҳи барвақт оҳиста мегирад ва мегӯяд, ки «биё ҳуй буху, рафтем, ки ростат меган. Ту да инҷа чиӣ, киӣ, ту чи кор кардай, ҳама медонан, ту ягон қаҳрамонӣ нишон додай, ки да иҷа ба Лексус гаштестай. Ту кулобии худмона куштай».
Баъд, гурехту омад шаҳр. Ва ҳоло бо занаш дар Душанбе зиндагиашон якҷоя рафта истодааст.
Ҳоло саволи асосӣ инҷост, ки Раҳмонов Сулаймон Қаюмовро чаро озод кард, бештар аз ин хонаву мошин тӯҳфааш кард? Раҳмонов чӣ гуфтанӣ аст?
Тақдиру таҳсин, беш аз ин додани ҷоиза ва инъом ба як нафари қотил аз тарафи раиси як давлат чи гуна бояд фаҳмида шавад? Вақте раиси ҷумҳурӣ як қотилро озод ва поошерят мекунад, магар он раиси ҷумҳурӣ кафилу зомини саломат ва амнияти ҳаёти шаҳрвандон шуда ва ё буда метавонад?
Мо мутмаин набудем, аммо ҳадс мезадем, ки Сулаймон раҳо мешавад.
Раҳмонов ҳам ӯро озод мекард, маълум буд. Чунки Сулаймон амри бевоситаи Раҳмоновро иҷро карда буд.
Аммо Туркия ин қарори Раҳмоновро чи гуна пазируфта бошад. Вақте додгоҳи Туркия дайн карду ҳукми абад доду даҳ сол шинонд аммо Раҳмонов оварду озод карду мошину хона дод. Яъне Раҳмонов Туркияро ҳам зад? Имиҷи Туркия дар сатҳи байналмилалӣ чи шуд? Давлати Туркия чи фикр мекунад. Ҷинояти қатли Қувватов дар Туркия бо имзо ва дастури Раҳмонов ба иҷро даромадааст?! Вагарна чаро қотил мукофот мегирад аз давлат?
Бо ин кор Раҳмонов тасдиқ ва иқрор мекунад, ки марҳум Умаралиро вай куштааст. Тасдиқ кард, ки амалиёти куштор ва маҳви физикии шаҳид Умаралиро вай сармоягузорӣ кардааст.
Қотиле, ки ҷинояташ дайн ва зиндонӣ шудааст, ҳукми абад гирифтааст, меояду ҷоиза ва инъом мегирад. Аммо инки ӯро мукофот диҳад, савори Лексус кунад, маъно ва паёмаш ин аст ки ин давлат нест. Ин давлат амалан ОПГ-гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аст ки бо ҳар роҳу восита бояд худро ҳифз кунад
Гуфтанист, ки ҳарки бо ман аст, ҳарки маро бонӣ мекунад, одам кушад ҳам ҷоиза мегирад. Раҳмонов мехоҳад ба ҳарифону рақибони худ зарбаи рӯҳиву равонӣ ворид кунад, шабехун бизанад, то ки касе сар барнадорад.
Додани ҷоиза ба қотили рақиби сиёсӣ ҳамин мазмунро дорад, ки ман омодаам барои курсиам одамро кушам, ман аз ягон ҷиноят рӯ намегардонам.
Инҷо дигар ҳама чиз ба ҳам омехта шудааст.
Вақте «заказчик» президент аст аз вай чи мешавд тавққуъ кард?
Ҳоло масалан Рустам, ки ояду нафаре амсоли Умаралӣ Қувватов дар рақобат бархезад, вай ҳам мекушад? Раҳмонов ба Рустам одамкуширо ҳам меомӯзанд ё уже омӯзонд?
Эмомалӣ Раҳмонов ба ин қотил аз кадом ҳисоб мошину хона дод?
Вале дар ин байн Раҳмонов ба мардум ба ҳайси кӣ муаррифӣ мешавад? Оё мо, тоҷикҳо бовар бикунем, ки давлат дорем ва ин давлати мо қонун дорад, ки гунаҳгорро, ҷинояткорро, одамкушро ҷазо медиҳад.
Ва ё баракс мо ба ин андешаву хиёл бошем, ки раиси давлати мо худ як одамкуш аст.
Аз сӯи дигар куштори Умаралӣ Қувватов нишонаи аҷзу нотавонӣ ва заъфи Раҳмонов ва ҳукумати вай аст. Чаро? Чунки як нафаре, ки бо тӯда ва анбӯҳу издиҳом, яъне бо халқ канор омад, пуштибонӣ ва дастгирӣ ёфт, табдил ба умеду орзуи мардум шуд, Раҳмонов хатарро дар симои вай мебинад.
Ин тавр, ки бигзор, рақиб вориди майдон ва арса бишавад ва инки бигӯяд омода аст бо вай дасту панҷа нарм кунад, шоху шона бизанад, ҷуръат ва ҷасорат надорад. Зеро медонад, ки шикасташ ногузир аст. Шумо ҳарифони интихоботии вайро бинед, ки киҳо буданд.
Раҳмонов ва дору дастаи вай медонанд, ки халқи Тоҷикистон ӯ ва онҳоро кайҳо нафрин кардааст.
Вай мезанад мекушад, на барои онки зӯр ва тавоно аст, чунки роҳи дигар надорад. Тарсро бояд барҷаста, овезон ва пайваста ва даҳшатноктар нишон диҳад.
Аммо, ҳама чиз поёни худро дорад. Ва, Раҳмонов мутмаин бошад, ки ҳамон поёноварандагони вай дар роҳанд ва моро доранд ҳамроҳӣ мекунанд.
Аммо роҳи шаҳид Умаралӣ Қувватов пурроҳрав аст ва ҳаргиз ин роҳро холӣ нахоҳанд гузошт.
Паёми «Ислоҳ» ба Раҳмонов ва СС.Ятимов!
Раҳмонов, иштибоҳ накун. Ин намоишҳои тарсофаринат ва озод кардани қотилон моро наметарсонад. Агар фикр дорӣ, ки бо мукофот додан ба ҷинояткорон паём мефиристӣ, ки «бикушед-подош мегиред», пас худат эътироф мекунӣ, ки низомат ба чӣ табдил ёфтааст.
Ин дигар давлат нест-ин паёми ошкор ба ҷаҳону ҷомеа аст, ки қонун зери по шудааст.
Аммо як чизро фаромӯш кардаӣ: тарс на ҳамеша кор мекунад. Баъзан тарс бармегардад ба сӯи худи он касе, ки онро паҳн мекунад. СС.Ятимови махуф ту ҳам тарафи хасми мо ҳастӣ ва ифтихор накун! Ҳатман рӯзҳои ба шумори ту ҳам мондааст дар ин арикаи зулму истибдод!
Мо ин роҳро тасодуфан интихоб накардаем. Бо чашми боз интихоб кардем. Медонем дар муқобили кӣ истодаем ва медонем ин мубориза чӣ қадар гарон аст.
Марг? Медонем.
Зиндон? Дидаем.
Туҳмат? Аз сар гузарондаем.
Ҳеҷ кадоми ин моро бознадоштааст ва нахоҳад дошт.
Ту бо ин корҳоят танҳо як чизро исбот мекунӣ: тарс дорӣ. Тарс аз ҳақиқат, аз номи Умаралӣ Қувватов, аз хотираи ӯ ва аз он чизе, ки ӯ рамзаш шудааст.
Мо наметарсем.
На аз таҳдид, на аз фишор, на аз саҳнасозиҳои ту.
Роҳи мо роҳи баргашт ба қафо ва афву сулҳ бо ту нест. Роҳи мо рафтан то охир ва расидан ба озодии тамом аз низоми хуношоми туст, ки он рӯзи бузург ҳатман фаро мерасад.
Ва як чизро бидон:
пирӯзӣ дер шавад ҳам- он рӯз мерасад ва мо ба ин имон дорем!
