Каҳтӣ Мисрро таҳдид мекунад.
Ҳабашистон ҳамсояи Миср нӯҳ сол мешавад,ки ба сохтмони нерӯгоҳи азиме даст задааст,ки бунёди онро таҳдид ба Судон ва Миср меҳисобанд.Имтидоди он 1800 метр ва иртифоаш 145 метр аст ва ба яке аз баҳракҳои бузурги саноатии ҷаҳон табдил мегардад.
Шаҳид Муҳаммад Мурсӣ,собиқ раиси ҷумҳурии мунтахаб аз тарафи мардум дар як суханронӣ бо лаҳни тунд бо ишора ба ҳабашиҳо гуфта буд,фурсат намедиҳем ба касе ва мо услубҳои таомул карданро дорем, мо ҷангҷӯ нестем валекин агар як қатра аз обамон кам шуд, ҷои онро хунамон бадал хоҳад кард.
Генерали артиш Абдулфаттоҳи Сисӣ, бо кӯмаки хориҷиҳо дар соли 2013 алайҳи раиси мунтахаб табаддулоти ҳарбӣ анҷом дод ва ҳоло ки қудратро қабза кардааст ба сохтани нерӯгоҳи Садди Наҳзат (ГЭС Наҳзат) ризоият дод. Вай ояндаи мардумро фикр накард. Хисороти дар пай меомадаро ба инобат нагирифт ва худсарона барои бунёди ин нерӯгоҳи азим имзо гузошт. Имрӯз мардум аз Сисӣ сахт норозианд,чун таҳдиди беобиро ҳис кардаанд. Зеро оқибати бунёди ин нерӯгоҳ беш аз бист миллионро ба беобию гуруснагӣ мувоҷеҳ хоҳад кард. Сисӣ илова бар ин амали кутоҳандешона ду ҷазираро бе раъйпурсии мардумӣ ба Саудия бахшида буд ( Тирон ва Санофир ).Феълан вай дар мубориза бо коронавирус ноком мондааст ва ҳар рӯз аз 1500 нафар зиёд олуда шуда то сад нафар мемиранд. Аммо ин омор ва нишондодӣ расмӣ аст. Манобеи мустақил арқоми хеле бештарро дар назар доранд. Дар Миср иқтисод паст рафта мизони бекорӣ ба баландтарин дараҷа расидааст. Дар ин рӯзҳои вазнин бо дастур ва ҳидояти давлатҳои манфиатҷӯи хориҷа нақша дорад ба ҳамсоядавлат қувваи низомӣ ворид карда хуни бегуноҳонро бирезонад ва бештар касоду фасодро густариш диҳад. Қонуни Қайсар ва тазалзули ҳукумати Башор Асад
Ду се моҳи охир дар расонахои иҷтимои аз ҷоришавии қонуне бо номи қайсар дар Сурия бо сабаби ҷурмҳои даҳсолаи Башор ва ҳамтоёнаш болои мардуми мазлум ва харобкориҳои давлат мебошад. Қонуни қайсар чи аст ва чихел пайдо шудааст ?
Соли 2015 корманди милиса,ки шуғлаш акс бардорӣ буд,инчунин ӯ аз шахсони бовари ба Башор Асад аз Сурия фирор мекунад бо худ беш аз 55000 аксҳо аз зиндону маконхои ҳассоси мутааллиқ ба ҷурмҳои кардаи Башор Асад тааллуқ доштаро мебарад. Баьди фошшавии ин аксҳо вокунишҳои зиёд нисбати хукумати Башор Асад ва тарафдоронаш аз тарафи ҳукумати Амрико сурат мегирад ва соли 2016 парлумонни Амрико қарор мебароранд, ки қонунеро бо номи конуни қайсар ба тасвиб расонанад. Қайсар ин номи мустаори шахси маълумотрасон суратгири маконҳои хассос ва корманди собики полиси Сурия мебошад.
Ин қонун танҳо Башор Асадро дар бар намегирад балке зердастонаш хешу ақрабояшро ҳам дарбар мегирад. Ҳукумати Амрико имрӯз ном ба ном 39 шахсро дар ин руйхат қарор додааст. Афроде,ки бо Башор Асад ҳамкори мекунанд дар дохили Сурия ва ё берун аз онро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат Русия, Лубнон Эрон ва ширкатхои халиҷиеки ҳамкори доранд хадаф карор мегиранд. Имкони ҳатто парвозҳо ба дигар давлатҳоро надоранд. Масири ҳукуматаш ва худи Башор чи мешавад,ҳоло ҳам норӯшан ва номаьлум боқӣ мемонад. Рӯзҳои охир дар Сурия нархҳо боло рафта қурби пули миллӣ лира ночиз шудааст, мардум бо халтаҳо пул мекашанд. Ин вазъият мардумро дар саросари Сурия ба по хузонд, тарафдоронаш ва мухолифони Башор ҳама зиддаш хеста истеъфояшро талаб доранд. Мардуми шимоли Сурия ба ҷои муомила бо пули лираи сури лираи туркиро ба муомила шурӯъ кардаанд. Дар байни хешу табору наздикони Башор Асад нофахмиҳо сар зад низоъҳои шадид байнашон ва ҷудошавиҳо азҳам мушоҳида мешавад ва кормандони низомиву амниятӣ аксарашон аз фармонардории Башор даст кашида истодаанд.
Амрикоиҳо мегуянд. Ин қонун барои ҷурмҳои даҳсолаи Башор Асад мебошад чунки ӯ пиру ҷавон кудаку ноболиғонро мекушт сурияро ба хок яксон кард мардумро гурезон ва дур аз аз ватан кард ҳама ганҷу сарвати давлатро барбод дод ва талаби мардумро гуш надод яккаҳукмронӣ кард тамоми кувваро зидди мардуми худаш истифода кард, то инки дар курсии қудрат боқи бимонад. Имрӯз ончи кард ба сазояш мерасад салоҳияташ тамом шуд . Марадум соҳиби давлат ҳастанд қарор дар дасти мардум аст. Рӯзҳои охир Русия ҳам эьтироф кардааст,ки ниҳояти Башор расидааст пеш аз суқути ӯ нуфӯзи аскариашро зиёдтар карда истодааст. Дигар Башорро дӯсту ёваре пайдо нахохад шуд. Амаки Башор Асадро додгоҳи Порис ба чор чол зиндон маҳкум кард
Хабаргузории Reuters хабар медиҳад, суди Порис карор баровард, ҳаммаи дороиҳои амаки Башор Асад, Рифъат Асадро мусодира кунанд. Рифъат Асадро муттахам ба пулшӯйи моли худ ва амволи дигарон донист. Додгоҳ Рифъат Асадро инчунин барои хариду фурӯши амволи давлатиро ба нафъи худ ва барои харидани амволхои ғайриманқул,ки хариду фурӯшашон ғайри қонунӣ сурат гирифтааст ва маболиғи миллионхо евро будаанд муттаҳам дониста ва ӯро ба чаҳор соли маҳкум ба зиндон намуд. Ва амволи ғайри манқули дигареро аз ӯ ба миқдори 29 миллион евро дар Англистон ҳукм ба мусодира намуд. Рифъат Асад корманди низомие буд,ки соли 1982 ҳамроҳи бародараш дар қатли аз биступанҷ то чиҳил ҳазор нафар даст дорад. Дар пай ин Амрико таҳримеро бо номи қонуни қайсар ҷори кард,ки 39 афроди наздик ба Башор Асадро шомили он намуд, инчунин аҳлу оилаи ин афрод низ шомили он мегарданд. Майкл Помпео вазири хориҷаи Амрико таъкид кард,ки таҳримоташро аз ин ҳам бештар менамояд, то поёнёбии ҷанги ваҳшиенае,ки Башор Асад болои мардуми ғайри низомӣ амалӣ кардааст. Ин қонуни қайсар аз тарафи Трамп раиси амрико соли 2019 ба имзо расида буд барои аз байн бурдани ҷиноятхои Башор Асад алайҳи мардуми Сурия.
28 пирӯзӣ 2 масовӣ 1 шикасти Ливерпул
Дастаи Ливерпули Англия тӯли сӣ соли ахир аз ҷоми қаҳрамонии ин кишвар бенасиб монда буд. Аммо имсол бахт ба рӯи ин даста хандид ва барояш муяссар шуд,ки бидуни кадом мамониати ҷиддӣ ва бо холи зиёд ин имтиёзи болоро соҳиб бишавад. ЮРГЕН КЛУБ,тренери маъруф, сармураббии дастаи Ливерпул мебошад. Толеаш баланди кард,ки обрӯи ин дастаро боло барад ва мақомашро баргардонад. Мутаассифона Ливерпул натавонист ба сабқати бозиҳои ҷоми Урупо рох ёбад. Бо вуҷуди ин аз саъю кушиши бозигарон мухлисон розӣ буданд. Онҳо бо як маҳорати баланд бо дастаи Атлетико Мадрид Испания бозӣ карданд. Вале бахташон омад накард ва фурсатро аз даст доданд.
Муҳаммадсалоҳи мисрӣ зарбазан ва муҳоҷими дастаи Ливерпул то имрӯз дар шумори худ 17 гол дорад ва дар мақоми дуюм баъди Ҷими Форди, бозигари дастаи Листер сити қарор дорад. Ливерпул дорои 86 хол гаштааст. Дар ҳоли хозир ин нишондод кам нест. 20 хол аз Манчестер Сити мебошад. Ва Манчестер сити дорои 63 хол аст. Дар мавсими имсола Ливерпул ҳамагӣ 1маротиба шикаст хӯрд ду маротиба мусовӣ кард ва 28 маротиба пирӯзӣ ба даст овард. Ин натиҷа беҳтарин нишондод дар 30 соли охир мебошад.