Нашри навбатии барнома бо номаҳо аз Қубодиён, Душанбе, Айнӣ ва аз Ваҳдат (Ромит) фароҳам шудааст. Аз Ваҳдат ду то нома дорем. Барнома бо номае аз Ваҳдат оғоз ва бо номаи дуввуми Ваҳдат, ки идомаи қиссаҳои шурангези Ромит аст хотима меёбад.
Номаи аввали аз Ваҳдат дар бори сардори мизи шиносномадиҳӣ (паспортний стол), ки ҷияни вазири дохилӣ будааст, суҳбат мекунад.
Аз Қубодиён дар бораи ба ном эшонҳои деҳаи Комсомол навишта шудааст. Ба навиштаи муаллиф ин эшонҳо ҳеҷгуна қонун қоидаро, мақомоту ҳукуматро писанд намекунанд. Ҳар коре бихоҳанд анҷом медиҳанд. Барои мисол яке аз онҳо бинои боғчаи бачагонаро гирифтаву барои худаш хонаи шахсӣ карда ва ҳоло дохили онро евроремонт карда истодааст.
Дар номаи расида аз Душанбе як нафар фиребхурдаи ширкати домсозӣ сарнавишти шури худро баён карда ва парда аз руи баъзе ҳолатҳое бардоштааст. Муаллиф гуфтааст, ки соли 2015-40 ҳазор доллар дода буд, инак 2026 поён меёбад, аммо вай ҳануз соҳиби хона нашудааст.
Як нафар сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ аз бебандубориҳои облава дар мисоли ҳамсояаш навиштааст. Ду писари ин ҳамсоя Русия аст ва барои онки онҳоро аз Русия наоваранд ин падар 20 000 сомонӣ ба облавачиҳо додааст.
Инро бояд тазаккур диҳем, гуруҳи муаллифони мо аз Ваҳдат (Ромит) тавре менависанд, ки гоҳо як факт ё ҳодиса дар чандин нома меояд. Ин як каме корро мушкил месозад. Ҳайати таҳририяи «Ислоҳ» ҳам бо навбат номаҳоро таҳрир мекунад ва эҳтимоли нашри такрории як ҳодиса ё воқеа вуҷуд дорад.
Ин бор низ аз Ромит қиссаҳои ҷолиб ба дастамон расид, ки пешниҳодатон кардем.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Худо кунад, ки ҳамеша тандурусту сарбааланд бошӣ. Ин нома аз шаҳри Ваҳдат аст.
Началники паспортний стол (мизи шиносномадиҳӣ)-и Ваҳдат хусурбачаи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аст. Номаш Раҷабмурод ҷияни зани сеюми вазир аст.
Яке аз наздикони мо бо вай кор мекунад. Мегуяд, ки постоянний пиён аст. Ягон духтари хушру барои шиноснома ояд, ё ягон ҷавонзан сахт мечаспад. Ҳам пулҳояшонро мегирад, ҳам истифодаашон мебарад. Суиистифода аз ваколати хизмати мекунад. Махсусан ҷавондухтарҳои тоза шавҳаркардаро, ки паспорт надоранду барои паспорт меоянд беҳад ғам медиҳад.
Боз мегуфтааст, ки «мара гавзана дар МВД фалон мекнам. Дар Ваҳдат бхоҳум зани милисаву прокурору амнията фалон мекнм, ягонташ зуршон да ма намераса. То вақте вазир ҳаст ҳиҷ каса гардан наметам».
Дар таги пояш мошини 100 ҳазор доллара.
Аз қазо як руз 2 каса арус мебаранд бо ҳамон хеши мо ба кадом дачаи Ромит. Аруси у саҳар мехезаду мегуяд, ки «и ай дастш ҳичи наомад, ҳезалак будай, ҳамаи гапош воҳимаяй»
Баъд аруси уро ин даровардааст.
Дар Ваҳдат ҳамаро безор кардааст. Ин боз аз мардум пул мегирифтаасту вазифа тақисм мекардааст, посредникӣ мекардааст. Мегуфтааст, ки «дар МВД ҳамара муттаҳам кадагийм, ягомкас ягонҷма хурда наметона».
Қубодиён
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Қубодиён ҳастам. Дар бораи эшонҳои деҳаи Комсомоли Қубодиён гуфтаниам. Як корманди ҷамоат бо номи Аслӣ бо онҳо шарик аст. Боғчаҳои бачагонаро гирифтанду барои худашон хона карданд.
Агар мақомот бовар накунед, биёед тафтиш кунед. Вале мақомот фақат аз Душанбе биёянд, аз они Қурған ва аз ноҳия намешавад, чунки онҳо ҳамааш кори дар Қубодиён сурат гирифтаро медонанд. Раиси ноҳия медонад, худаш шарик аст. Эшони Муҳаммад як беморхона буд, ки онро низ гирифт, боз чи қадар заминҳои обиро аз они худ кард. Ин эшон, валлоҳӣ, ориентираш дигар аст, сабзибадаст мебошад. Ҳозир он хонаҳоро евроремонт карда истодааст. Як рӯз ….. яке аз устоҳояшро қапидааст. Гуфтаст,ки бинам …. чи қадар аст. Шарманда. Дар пеши хонааш магазини калон сохта истодааст
Ин сабзибадасти Муҳаммад ҳамаи заминҳоро фурухт-фермаро фурухт, хирманҷоро фурухт, чаро мақомоти Қубодиён намебинанд? Як одами одӣ заминашро фурухта наметавонад, аммо чаро инҳо метавонанд? Хирманҷо ва фермаро эшони Муҳаммад 4000 долларӣ фурухт.
Эшони Зоир дар техосмотр кор мекунад, яке аз боғчаҳои бачагонаро гирифту замин кард.
Мо мехоҳем, ки кормандони давлат, модоме қонун мегуянд аз Душанбе омада санҷиш гузаронанд, ё қонун фақат барои одамони камбағал? Чаро ин эшонҳоро мақомот чора намебинанд? Ин эшонҳои сабзибадасти Қубодиён ҳатто заминҳои президентиро ҳам фурухтанд.
Бародар агар барои тафтиш аз Душанбе наоянд, дигарҳояш бефоида. Чунки омаданду проверка карданд, чизе нашуд. Падари эшони Муҳаммади ….раиси ноҳияи Носири Хусрав аст. Гуё боз сум додааст, дар Қубодиён раиси ноҳия шавад. Вале ин эшони Муҳаммадаюб дар гарданаш крест –салибро кашол карда мегардад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Дар чанд барномаатон дар бораи вазъи бинокорӣ, яъне домсозӣ ва мушкилоти ин соҳа, махсусан фиреб хурдани муштариҳо навишта будед.
Ман ҳам яке аз фиребхурдаҳои як ширкати домсозӣ бо номи ширкати «Муҳаммад-2009» ҳастам. Ман даҳ сол пеш, соли 2015 ва 16 ба ин ширкат ҳудуди 40 ҳазор доллар дода будам ва мебоист аз доми Бухоро-29 аз 5ум ошёна як сеутоқа мегирифтам. Аммо инак соли 2026 шуду ман ва мисли ман садҳо нафари дигар натавонистем на хона гирем ва на пули додаамонро. Мо чи қадар бо ин ширкат ва масъулони он Зафару Ҳокимшову қорӣ Нусрат дар прокуратруаву суд ҷангу ҷангҷол кардем. Аммо фоида накард. Ҳоло Зафар Қурбонов, раиси ин ширкат гуреза аст.
Баъдан аз Ютуб ва Фесбук фаҳмидам, ки нафаре бо номи ҳоҷӣ Фируз ин бародарҳоро фиреб карда ҳамаи дору надорашонро гирифта будааст. Суҳбатҳои Зафарро дар интернет дидаму шунидам. Муи тани одам сих мешавад, ки мо дар чи гуна давлат зиндагӣ дорем ва ин ҳукумате, ки дорем чи ҳукумат аст? Ҳама, прокурор, суд, дастгоҳи президент ВКД ҳамаашон тарафи як мошенник шуда 450 касро бехонаву дар карда пулҳои онҳоро хурда гаштаанд. Ин як ҳалқаи коррупсионӣ аст. Ба мардум ягон майда эътибор ва аҳамият намедиҳанд.
Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳар кадоме аз инҳо, ки ба ҳукумат меоянду вазифа мегиранд, корашон дуздиву ғорати мардум аст.
Як нафар бо номи Насим ҳам ҳамроҳи мо буд. Дар ҳамон доми Бухоро-29 ба гуфтаи худаш барои чанд квартира 500 000 доллар супорида будааст. Ин Насим ҷияни СС.Ятимов, раиси КДАМ ва бизнесмен будааст. Насим ҳам бисёр даводав кард, аммо натавонист. Барои онки ҳоҷӣ Фируз уро ҳам фиреб кардааст. Ба Насим ҳоҷӣ Фируз ваъда кардааст, ки ту ором исту хапу дам карда ист, ман ҳамаро гирам, ҳалномаи суд ҳама чизро дар номи ман мекунад, он вақт масъалаи туро ҳал мекунам. Насим бовар карду сокит истод. Ҳоҷӣ Фируз қарори судро гирифт, дигар ҳамаро кидат кард. Хонаҳои уро ҳам бо нархи се баробр гарон дар дигар кас дод. На Насим монду на Зафару на дигару дигараш. Насим душмани руирости ҳоҷӣ Фируз шуд. Насим пеши тағояш меравад, ки ёрдам кунад. Аммо тағояш мегуяд, ки ман худам на волоске истодаам. СС.Ятимов гуфтааст, ки ҳозир ҳама аз пушти ман зада истодаанд. Ман худам йели-йели истодаам, ягончи аз дасти ман намеояд. Ҳама аз қафои ман кор карда истодааст.
Ба қарибӣ шунидам, ки як додари Насимро бо миқдори зиёди героин қапидаанд. Ин корро УВД-и Душнбе, Шорух Саид кардааст. Аз рӯи баъзе овозаҳо уро ҳамроҳи ронандаи раиси КДАМ қапидаанд. Насим барои додараш бисёр даводав кардааст, бароварда натавонистааст.
Ҳатто шунидам, ки СС.Ятимов ба Фаттоҳ Саиди падари Шорух занг задааст, аммо тилфонашро ҷавоб надодааст. Ҳозир Шорух гуфта бошад, ки давр, даври мо омад. Дар вақташ ту падари маро беобру кардӣ дар назди президент, ҳоло навбати мо расид.
Вале ин ҳоҷӣ Фируз бошад, даҳҳо миллион доллари мардум, аз ҷумла 40 ҳазор доллари маро хурда кайф карда гаштаасту касе ба доди мои камбағал намерасад.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ин номаро бароятон мефиристам. Омузгор мебошам. Маълум аст ки ному насабамро пинҳон мекунед.
Ман дар бораи масъалаи облава гуфтаниам. Дар матбуот хондам, ки даъвати тирамоҳӣ ба Қувваҳои мусаллаҳ 84% иҷро шудааст.
Аммо, ман ҳайронам, ки чаро ҳамаруза дар деҳаи мо кормандони мақомот ба сарбозшикор меоянд. Як ҳамсояамон ду писари сини даъват дорад. Қариб ҳаррӯз ба хонаи онҳо омада истодаанд. Чунки ҳарду писари ин ҳамсоя дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Бори охир, ки омадаанд, гуфтаанд, ки ё барои ду бачаат 20 ҳазор сомонӣ медиҳӣ ё онҳоро ба зӯр меоварему аскарӣ мефиристем. Ҳамсояам мегуяд, ки маҷбур карданд, ки ариза навишта ваъда диҳам, ки писаронамро оварда мефиристам ба хизмат. Ин ҳамсояам мегуяд, ки ҳисобаш гум. Илоҷ надорам гуфт. Бояд бачаҳоям пул фиристанд, то ба инҳо дода ҷонамро халос кунам. Вале, ман дар тааҷҷубам аз чунин тарзи ҷалб намудани сарбозон ба Қувваҳои мусаллаҳ. Вақте як нафар ба зӯрӣ аскарӣ бурда мешавад, магар вай посбону муҳофизи ин ватан хоҳад шуд? Бояд шароити хидматро хуб кунанд. Дедовшина аз байн бурда шавад. Сарбозҳоро лату куб накунанд. Хуроки дуруст диҳанд, он гоҳ худи ҷавонҳо бо хоҳиши худ аскарӣ мераванд. Аммо вақте шароит нест, на фақат худи ҷавонҳо, падару модари онҳо ҳам намехоҳанд, ки писаронашон ба хизмат раванд.
Чизи дигар ин аст ки шумори даъватшавандаҳо ё нақшаи ҷамоату ноҳия солбасол зиёд шуда истодааст. Барои чи ҳукумат шумори сарбозонро зиёд карда истодааст нофаҳмо. Муносибат бо Қирғизистон хуб шуд, бо Узбекистон ҳам хуб шуд, Хитой, ки солҳост дар Тоҷикистон сармоягузори аввал ба ҳисоб меравад.Пас, чи хатари беруна вуҷуд дорад? Ҳатто агар чунин хатар вуҷуд дошта бошад, масалан Толибон магар бо артише, ки бо зурӣ ва маҷбурӣ сарбоз ҷамъ кардааст, пеши онро гирифта метавонад?
Ду рӯз пеш бо ҳамсояам вохурдам. Гуфт бист ҳазор сомонӣ бурдаву додааст. То баҳор нафаси осуда мекашам. Вале март нодаромада бачаҳоям боз Русия бармегарданд….
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман боз аз Ромит ҳикоятҳои нав мегуям. Мардуми Ромит дигар ҳар барномаи шумо, махсусан «Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро бесбарона интизор мешаванд. Аксарияти мардуми Ромит мухлиси воқеиянд, мехоҳанд бидонанд, ки боз чи маълумотҳо нашр шудааст, аммо баъзеи дигар барои он интизор мешаванд, ки ин бор ҳам дар бораи онҳо чизе гуфта шудааст ё не.
Ҳоло хабарҳо аз ин қарор аст:
Сарбозе, ки моҳи апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамагӣ баъди ду ҳафтаи рафтан ба аскарӣ мурд бачаи холаашро дар Маскав қапиданд. Доруҳо аз боло буд, аз Хушон Бинобар гуфтаи мардум он бача се бор гузаронидагӣ.
Бачаи Саидаҳмади хушонӣ, ҳофиз. Аз соли 2018 то 24 Русия буд. Вай Москва омада буд. Дар кадом фирма бо ёвониҳо кор мекард. Ёвониҳо товуш доданд ду -се рейс гузарондан аз сарҳади Белорус, хушру гузаронданд. Корҳояшон соз буд. Аммо ба ин дигар пул надоданд. Одамҳое, ки бояд борро дасти инҳо медоданд, каналашонро иваз карданд. Инҳо дар як дискотека дар Рублевка як подвалро гирифтанд. Бор аз Маскав меомад. Борро гирифтанд мераванд сарҳад. Вале мераванд, ки дигар бор нест.Чунки инҳо каналро дигар намуда буданд.
Ҳамроҳашон як раққоса ҳам буд. Инҳо барои ҳар як рейси мегузарондагӣ минимум 4000 ҳазор долларӣ ба ҳар кадомаш медоданд. Бор ин хелин даҳ кило бист кило не. Инҳо бо сопровождаюший мебурданд. Бор бори болоҳо буд -то сесад 400 кило. Охирон, вақте қапиданд дар сарҳади Белорусия хушониро 22 сол доданд, гуё бо 30 кило қапиданд. Аммо камаш сесадкило бор буд. Бори калонҳо, ё Зоири домоди Раҳмонов ё бори Юсуф Раҳмони котиби Шурои амният. Ин кор сентябри соли гузашта шуда буд. Бор бояд Маскав мерафт. Бештар онҷо мебаранд.
Ёвониҳо бо партияҳои калон кор мекунанд. Онҳо бо мошинҳои консулу посол мебурданд- номерҳои махсус онҳоро манъ намекунанд.
Барои он каналро иваз карданд, ки пули як заявкаашонро надоданд. Азбаски инҳо ҷои харидро медонистаанд дилпурона борро гирифтанд аммо здават нокарда ҳамаашонро қапиданд.
************
Шуҳрати блогер дар Новосибирск одамҳоро ҳаҷ мебурд. Ӯро бо 28 кило як духтар подставит карду гурехт. Як нафар буд бо номи Фахриддин,шумо дар борааш гап зада будед. Аммо вай ҳам шарик буд. Аммо номаълум буд он бор, ки бори кӣ буд. Уро занг заданд, вай ҳам видеоҳояшро удалит кард. Очаи ҳамон духтар баромада гап задагӣ. Ин гапро рӯзи ид як одами махуф гуфта буд.
Коля тоҷик дар як баромадаш гуфта буд мехоҳам бо президент гап занам дар бори муҳоҷиро. Ин корро через Бобоҷон тов доданд. Як вақт ҳамин хел спетсиално карданд. Коля тоҷикро, ки баъд дар Украина куштанд.
Аз руи гапҳо уро бар ивази пул бароварда мешудааст. Шуҳрати блогерро. Вале аз боло пули калон додаанд, ки набарояд. Чунки ин бор ҳам бори кадоме аз ҳаминҳо будааст.
***************
Кришаи Комили буз боҷааш аст. Як қайсингулаш аз шавҳараш баромада буд -Анвар мегӯянд, ки дар Зайрон ҳофиз аст. Инҳо дар қишлоқи Поёноб, аз Лингоба омадагианд. Падари Анвар дар Калтуч дар дачаи генерал кор мекунад. Генерал зани урус дорад. Кришаи Комил ҳамон аст. Мусофиров Комил таксисти буз. Ин дуюм зан гирифтагӣ Онҳо диданд,ки вай одам дорад, қайсингули ин давраи студентиаш фоҳиша буд, аз шавҳараш баромад. Инҳо гирифтанд, тоб доданд ба ҳамон доданд, дуюм зан.
Инҷо як участковий ду -се сол шуд, ки кор мекунд,бо Ланд крузери 80000 доллара мегирад. Барои як носкашӣ 2 то 3 000 сомониатро мегирад. Дар ҷои ҷамъиятӣ мумкин нест мегуяд.
********
Раҷаби Хайриддин бо Баҳриддин, вақте раиси ҷамот буд ҷанг шуд. Баҳриддин Қасам хурда буд,ки бачаатро дар облава меравад. Ин Раҷаби Хайриддин ҷияни Хайровҳо аст ва духтарошро ба кадом амниятӣ дод буд.Аз пушти ҳамон мепарад.
Раҷаби Хайриддин облавақапҳоро зада буданд. Баҳриддин муовини раиси шаҳр шуду бачаи Раҷаби Хайриддинро дошту аскарӣ бурд. Худаш неву аммо ба воситаи облавақапҳо ташкил кард. Коре аз дасти Раҷаб наомад. Раҷаби Хайриддин 300 ҳазор сомонӣ бурд, натвонист бачаша аз облава халос кунад. Ҳозир дар хизмат аст. Ҳозир гуё мехоҳад бачаашро дар хизмат касал гузаронаду бо ҳамин роҳ озод кунад.
***************
Баҳодури Ҳасан занҳои шавҳардорро …..Вай повесткатақсимкунак, масъули мизи ҳарбӣ (вус)-и ҷамоат аст. Буз аст. Боз нафари дигар бародари ҳамин Рустами Ҳасан аст. Инҳо ҳамаашон Ҷонмаҳмадованд. Падарашон келинҳояшро ҳақорат мекунад, касали қанд- якҷо хоб.
Бачаи Баҳодур Манучеҳр ҳам ҳамин тавр аст. Инҳо ҳамаашон бузанд. Ҳар суруке тарафи Ромит меравад 20- 30 молро медузанд, шабошаб, дар портер бор мекунанд, мебаранд мефурушанд. Зани Баҳодур духтари ҳоҷӣ Хайриддин аст, хешу табори Хайровҳо.
Бачаи Баҳодури Ҳасан дар Русия аст. Дар Русия аз пушти вай як одам тюрма шуд. Дар Русия бо духтарҳои рус чи бадрафторие мекунад. Ин ва як нафари дигарро милисаҳо мебаранд отдел. Хулоса, бачаи Баҳодури Ҳасан рафиқашро фиреб карду гуноҳро бори гардани вай карду худаш ҳуй хурду омад Тоҷикистон. Он бача, ки тюрма шуд аз хешованди зани худи Манучеҳр аст. Он бачаи бечора 5 сол шишту баромад.
