Се қотилони сайёҳон дар Данғара “безарар” гардонида шуданд
Се қотили сайёҳоне, ки дар ноҳияи Данғара ба қатл расонида шуданд, безарар гардонида шудаанд.
Пештар эълон шуда буд, ки онҳо дар пайгард қарор доранд, аммо имрӯз ВКД хабар дод, ки дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара пайдо ва безарар гардонида шуданд.
Аз ин хабар пеш ВКД се шаҳрванди Тоҷикистон — Зафарҷон Сафарови 19-сола, Асомуддин Маҷидови 19-сола ва Ҷаъфариддин Юсувофи 21-соларо ба иттиҳоми даст доштан дар пахш кардан ва куштори сайёҳон дар шоҳроҳи Данғара ба пайгард эълом карда буд.
“Се нафар ҷинояткорони дар кофтуков буда, дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара муайян карда шуда, онҳо безарар гардонида шуданд”, — хабар додааст дафтари матбуотии ВКД ҶТ.
Маврид ба зикр аст, ки 29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини “Леганза”, ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз ҳодиса ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.
Ахиран, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани як нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дода буд.
Дар ин бора, сомонаи Ислоҳ таҳлил ва маълумотҳои худро дорад, ки рӯзҳои наздик пешкаши хонандагон мегардад. Мо аз худи дирӯз ба ин андеша будем, ки ягон нафар аз қотилон ва муҷримони ин ҳодиса зинда нахоҳанд монд. Чун зинда мондани онҳо боиси ифшо шудани сирри мафиозҳои Данғара хоҳад шуд. Бино ба баъзе аз маълумотҳо худи мақомот ба баъзе аз шоҳидони ҳодиса ҳам тавсия додаанд, ки як муддат пинҳон шаванд. Эҳтимол меравад, ин шоҳидон низ ба зудӣ “безарар” гардонида мешаванд.
***
Эрдуғон Натанёҳуро Гитлер ва низоми Исроилро фашистӣ унвон кард
Раисҷумҳури Туркия бо интиқод аз қонуни “қавмияти яҳуди кишвари Исроил”, ки ахир дар Кнессети саҳюнистӣ ба тасвиб расид, тасреҳ кард, ки ин қонун боиси машрӯъияти бахше аз саркӯбгарӣ мешавад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз хотирнишон кард, ки “Исроил” бо ҳамла ба Фаластинён, бо истифода аз тонкҳо ва тӯпхонаи артиши саҳюнистӣ нишон дод, ки “кишвари террористӣ” аст.
Вай афзуд: қонуни “давлати қавмиятӣ”, ки ахиран дар Исроил тасвиб шуд, ба саркӯбгарӣ ва иқдомоти номашрӯъ, машрӯъият мебахшад ва « мебинем, ки рӯҳи Гитлер дар вуҷуди бархе масъулони Исроилӣ ҳулӯл кардааст”.
Аммо Бинёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳам дар посух ба ин изҳороти Эрдуғон муддаӣ шуд, ки «Туркия ба як диктатори хафақонӣ табдил ёфтааст».
Натонёҳу дар вокуниш ба суханони Эрдуғон, ки Исроилро «кишваре фашистӣ ва нажодпараст» дар ҷаҳон тавсиф карда буд, хотирнишон сохт, ки «вай суриҳо ва курдҳоро мекушад ва даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони туркро зиндонӣ мекунад… Дар воқеъ, Туркия дар сояи ҳукумати Эрдуғон ба як диктатори хафақонзада табдил шудааст, аммо Исроил чӣ қабл аз ин қонун ва чӣ баъд аз он ҳуқуқи баробарро барои тамоми шаҳрвандони худ таъмин карда буд ва мекунад.»
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пеш Кнессети Исроил қонунеро ба тасвиб расонид, ки тибқи он саросари сарзамини Фаластин кишвари қавмии яҳудиён дониста мешавад. Пойтахти ин кишвар, ки айни ҳол дар Тел-авив аст, ба Байтулмуқаддас кучонида шуда, дигар ба ғарбию шарқӣ тақсим намешавад ва тамоми ҷуғрофияи ин шаҳр пойтахти яҳудиёни олам дониста мешавад. Ҳар яҳудӣ аз тамоми канори олам метавонад ба Исроил омада, сукунат ихтиёр кунад.
Мардуми мусалмони Фаластин ба тамоми вуҷуду ҳастии худ барои бақои ватанашон ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас мубориза мебаранд, аммо кишварҳои мусалмонӣ ба ҷуз шиорпартоиҳо ва кашмакашҳои қавлӣ дигар чизе аз дасташон намеояд.
***
Дар Зимбабве интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд
Мардуми Зимбабве барои нахустин бор дар беш аз 30 сол имрӯз дар ҳоле пойи сандуқҳои раъй мераванд, ки дигар хабаре аз номи Роберт Мугабе дар миёни номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ нест.
Манонгова, раисҷмҳури феълӣ, раҳбари ҳизби ҳокими Зону Пайов ва Нелсун Чомизо, раҳбари ҳизби мухолиф номзадҳои аслии ин давра ҳастанд.
Ба ҷуз интихоботи раёсатҷумҳурӣ, имрӯз, душанбе, 30 июл дар Зимбабве интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ низ баргузор мешавад.
Бар асоси назарсанҷиҳо Манонговаи 75 сола бо ихтилофи каме аз рақиби 40 солааш, ки раҳбари Ҷунбиши демократии “Тағйир” мебошад, пеш аст.
Роберт Мугабе, раисҷумҳури собиқ ва бунёнгузори ҳизби ҳокими Зону Пайов гуфтааст, ки ба раҳбари кунунии ин ҳизб, яъне Манонгова раъй нахоҳад дод. Мугабе гуфтааст, ки Манонгова бо кудатои алайҳи ӯ ба қудрат расидааст.
Мугабеи, 94 сола ба хабаргузории ВВС гуфтааст, ки наметавонд ба касе раъй бидиҳад, ки ӯро “азоб” додааст. Ў ибрози умедворӣ кард, ки мардум бо раъйи худ давлати низоми феълиро канор бизананд ва дубора шароити ба қудрат расидани ӯро муҳайё кунанд.
Аз нигоҳи Мугабе, танҳо номзади қобили эътимоди ин давра аз интихобот Нелсун Чомизо, раҳбари мухолифон аст.
***
Доналд Трамп Маскав меояд
Бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия, Доналд Трамп, президенти ИМА, моҳи январи соли ояндаи 2019 ба Русия меояд.
Дар ин бора хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст.
“Президент Трамп бо як даъвати махсуси президенти Русия, саршавии соли ояндаи 2019 барои дидор ва мулоқот ба Маскав меравад” – гуфтааст сухангӯи Кохи сафед Соро Сандерз.
Путин дар баробари Трампро даъват карданаш ба Маскав гуфтааст, дар ҳолати дар ояндаҳои наздик даъват шуданаш ба Вашингтон, бо камоли майл даъватро хоҳад пазируфт.
***
Уламои дини Афғонистон: Фасод решакан карда шавад
Уламои дин ва иштироккунандагони Конфронси “Садои минбар бар зидди фасоди идорӣ” дар Афғонистон аз ниҳодҳои адлӣ ва судӣ тақозо намудаанд, то бо муртакибони фасоди идорӣ, ахлоқӣ ва ҳама анвоъи он бархурди шаръӣ ва қонунӣ намоянд.
Нишасти дурӯзаи “Садои минбар бар зидди фасоди идорӣ”, ки рӯзи гузашта дар Кобул оғоз ёфт ва наздик ба 200 нафар аз уламои дини саросари кишвари Афғонистон дар он ширкат доранд, имрӯз бо ҳузур ва суханронии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай раисҷумҳури ин кишвар поён ёфт.
Дар қатъномае, ки дар поёни ин нишаст содир гардидааст, омадааст, ки парҳез аз ҳаром ва даромади ношӣ аз фасоди идорӣ аз иршодоти сареҳи дини мубини ислом буда, …ҳаромхӯрӣ мӯҷиби нобудии ҳама дастовардҳои инсон дониста мешавад. Тарки луқмаи ҳаром воҷиб буда, шиори асосии инсони муъмин ва мутааҳҳид ба инсоният аст. Дуои бандаи муъмин мавриди пазириши илоҳӣ замоне қарор мегирад, ки моли ҳаром дар зиндагии вай ҷой надошта бошад…
Ба ҳамин манзур уламои дин аз мардуми мусулмон ва мутадайини Афғонистон тақозо кардаанд, ки ба ин масъулияти шаръӣ ва динӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ буда, худ ва аъзои хонаводаашонро аз муртакиб шудан ба он амалҳои номашрӯъ ва табоҳкунанда барҳазар доранд. Дар сурате, ки шоҳиди ҳолатҳои ришваситонӣ мегарданд, бо ниҳодҳои адлӣ ва қазои муроҷиа намуда, муфсидинро ба панҷаи қонун бисупоранд.