30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №13

Ислоҳ нет

Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири ночорӣ чаро ҳам оппозитсион ва ҳам ҳукумати Раҳмонов ба вай шак доштанд?

(бахши сенздаҳум)

Абдумалик Абдуллоҷонов танҳо мансабдори баландпояи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ буд, ки баъди суқути он дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон мақоми худро ҳифз кард. Агарчи ба ҳангоми таъйиди салоҳияти вай дар он иҷлосия депутатҳои бахусус ҷонибдори Фронти халқӣ эътироз мекарданд, аммо бо пофишории Эмомалӣ Раҳмонов, ки акнун роҳбари давлат баргузида шуда буд, розӣ шуданд, ки ӯ ба ҳайси раиси Шӯрои Вазирон идораи ҳукумати иҷроияро бар дӯш бигирад. Иллати эътирози депутатҳои ҷонибдори Фронти халқӣ ин буд,ки Абдуллоҷоновро кадр ва ё одами оппозитсия меҳисобиданд. Аммо ҳукумати нави рӯи кор омада дар Хуҷанд наметавонист аз таъйиноти вай ба мақоми сарвазирӣ сарфи назар кунад. Чунки Абдуллоҷонов дигар аз элитаи шимол, ки дар Хуҷанд ифода меёфт ва низ Узбакистон дар пушти вай меистод. Ин ягон чизи пӯшида ва пинҳон ҳам набуд ва инро худашон ҳам ҷаноби Абдумалик Абдуллоҷонов ошкоро гуфтаанд, ки мулоқотҳо бо Ислом Каримов доштанд. Мулоқот доштан яъне мавриди ҳимоят, то ҷое ва то он рӯзе “Фронти халқӣ” Ислом Каримов ва Русияро ба тарафи худашон моил накарда буданду ӯро аз бозӣ берӯн карданд.

Абдумаҷид Достиев, депутати Шӯрои Олӣ ва раиси Котиботи Иҷлосияи 16 таъйини номзадии Абдуллоҷонов дар ин иҷлосия ба мақоми сарвазириро ба ин зайл навиштааст: «….мо ҳама медонистем Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири таъинкардаи ҳукумати дар итоати мухолифин қарор дошта, ба ҷойи Мирзоев Акбар буд. Дар ин иҷлосия бисёриҳо зидди ин номзад баромад карда буданд. Ба эътирози зиёди вакилон нигоҳ накарда Э.Ш.Раҳмонов ба хотири ором кардани вазъ барои ба ҳайси сарвазир интихоб шудани А.Абдуллоҷонов истодагарӣ кард. Ногуфта намонад, ки мувофиқи меъёри конститутсия он вақт ӯ роҳбари ҳукумати иҷроия буд ва хазинаву сиёсати иқтисодии давлатро дар ихтиёр дошт.»

  Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе. «Матбуот»-2006.

Дар як суҳбати расонаияш низ ҷаноби Достиев таъйид мекунад, ки Абдуллоҷонов аз бюҷети ҷумҳурӣ размандаҳои мухолифинро маблағгузорӣ кардааст:

“Ҳамон вақт ҳам мегуфтам ва имрӯз ҳам мегӯям, ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири ҳукумати мухолифин буд. Асноди зиёде кашф шудааст, ки бо фармони ӯ барои ташкили дастаҳои мусаллаҳ аз буҷаи давлат пул ҷудо шудааст. Вай интихобкарда ва таъинкардаи оппозисюн буд.”

 Ҳамчуноне ки тарафдорони ҳукумати Раҳмонов Абдуллоҷоновро одами оппозитсия меҳисобиданд, тарафдорони оппозитсия, ба шумули роҳбарияти он, агарчанде дар воқеъ онҳо Абдуллоҷоновро ба мақоми сарвазирӣ оварда буданд, ба садоқати вай шубҳа доштанд ва мегуфтанд, ки Абдуллоҷонов дар асл бо «Фронти халқӣ» аст. Чунки ин маълумот ба дасти неруҳои оппозитсион расида буд, ки Абдуллоҷонов майдони «Озодӣ»-и Душанберо, ки барои тарафдории Набиев ва Кенҷаев ташкил шуда буд, маблағгузорӣ мекунад. Дар ҳар сурат Абдуллоҷонов ба ҳарду тарафи ҷанг машкук ба назар мерасиад. Ба вай бовар надоштанд. Аслиддини Соҳибназар, узви Раёсати Шӯрои Олӣ то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмонов ва яке аз шахсиятҳои таъсиргузори оппозитсион дар китоби дуввуми «Субҳи ситоракуш»-аш, ки роҷеъ ба ҳаводиси он солҳо ҳикоят мекунад, Абдуллоҷоновро ба ҳайси як нафари фурсатхоҳ ва бидуни мавқеъи мушаххас ба қалам медиҳад. Агарчи ин иқтибос тӯлонӣ аст аммо маълумоти мавриди назарро дар ихтиёрамон мегузорад:

«А.Абдуллоҷонов бештар қаҳрамони ду майдон буд. Таваҷҷуҳи ӯ дар ибтидо ба майдони «Озодӣ» буд ва пас аз мағлубияти ин майдон, ноилоҷ тарафдори майдони «Шаҳидон» гашт. Ва, ӯ бештар ҳаракат дошт, ки дар муборизаҳо ҷанубиён шикаст хуранд. Р.Набев аз сари қудрат дур шавад. Дар ин ҳолат, комилан бовар дошт, ки бо дастгирии Русия ва Узбакистон мумкин аст, ки каси аввал гардад. Ин фаҳмиши ӯ сартопо иштибоҳи бузурги шахсӣ буда, нафаҳмид, ки ин ду диёр намехостанд, ки дар ҳамин лаҳза ҳам Шоҳи навбатии тоҷикон аз шимол бошад. Агарчи ним сол пеш мехостанд, ки шоҳ аз шимол бошад. Аммо пас аз саркуб ва ба ду қисм тақсим кардани ҷануб (Кулобу Ғарм) шимолро сарпараст дидан намехостанд.

     А. Абдуллоҷонов намехост донад, ки Тошканд ва Москва ҷанубро чапаву роста карда, қудрати ҷавонони ҷанубро санҷида, шимолро мутлақо ба он душман карда, пас ҳаракати ба сари мансаб оварани онҳоро кунанд.

   Ғайричашмдошт, вақте Сангак бо дастгирии Русия ва Узбекистон соҳиби маблағи калон гашт А.Абдуллоҷонов мумкин дарк кард, ки бозиро бой дода истодааст. Пас, бо таклифи А.Искандаров розӣ гашт, ки и.в.раиси Девони Вазиронро ба ӯҳда гирад. Ӯ хеле хуб дарк карда буд, ки Р.Набиев дигар ба сари мансаб намеояд. Бештар Москва ва Тошканд намехостанд Р.Набиев шоҳи Тоҷикистон бошад. Барои Москва ва Тошканд аз шоҳи бепул дида, авбоши пулдор Сангак беҳтар буд.

 А. Абдуллоҷонов ҳам дар қатори онҳо ба сари қудрат баргаштани Раҳмон Набиевро намехост. Вале худи ӯ ҳам мумкин аст ин мансабро дигар ба даст наорад. Ҳамин тавр шимол охирин лидери худро бой дод. Метавонист умрбод ба мансаби дуввуми розӣ шавад. Ӯ худ медонист, ки агар ҷануб ғалаба кунад, мансабро дигар ба шимол намедиҳад ва ҳамаи ин давутози бародаршаҳриҳо афсона мегардад. Аз ин ҳисоб агар дар мансаби раиси Девони вазирон бошад, дар ҳолати интихоби номзадҳои оянда дар вохӯриҳои навбатӣ метавонад мавқеи шимолу ҷанубро дуруст муайян кунад. Таваҷҷуҳи Маскаву Тошкандро ба номзади оянда равон созад.

 Пешгирӣ карда мегуям, ки ин таҳлил саддарсад дуруст баромад. Вақте ки интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ,соли 1994 мегузашт А.Абдуллоҷонов зиёда аз 70% овозҳоро соҳиб гашт, аммо раиси ҷумҳурӣ Э.Раҳмонов эълон шуд. Ҳамон шабу рӯз агарчи Тошканд мехост, ки А.Абдуллоҷонов раис шавад, аммо Москва, дӯсти пештараи Тошканд, ҳоло душмани имрӯзаи он, намехост, ки ғалабаро эътироф кунад.

  Ман ин  сатрҳоро лаҳзае ба қалам медиҳам, ки А.Абдуллоҷонов худро тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ пас тарафдори ҳукумати ҷанубиҳо эълон дошта имрӯз «душмани» онҳо ҳисоб мешавад.

  Ҳукми тақдир буд ё насиб, вале хуб медонам, ки А.Абдуллоҷонов бо таклифи мухолифин моҳи сентябри соли 1992,пас аз фирори раиси ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев ба мансаби иҷрокунандаи раиси Девони вазирон розигӣ дода буд. Вале амалан мувофиқи гуфтаи халқ «дар ҷомаи дӯст душманон бисёранд» рафтор кард. Зоҳиран бо мухолифин ва амалан бо Сангаку мушовирони он монда буд. Ӯ мехост бо як тир ду нишон занад. Ва иштибоҳи ӯ ҳамин буд. Вай комилан бовар дошт, ки ғалабаи коммунистони ҷануб ба манфиати комунистони шимол як мешавад». Аслиддини Соҳибназар «Субҳи ситоракуш» китоби дуввум

   Сафаралӣ Кенҷаев ҳам, ки Абдуллоҷоҷновро  чашми дидан надошт дар қисми сеюми  китоби «Табаддулоти Тоҷикистон» -аш дар бораи ӯ чунин менависад:

«Дар охир профессорону генералҳо моро огоҳониданд, ки аз рӯзи 24-уми октябри соли 1992 Абдумалик Абдуллоҷонов ба тарафи ФХТ-Фронти халқӣ гузашта, барои даъвати сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд кӯмак мерасонад. Ин суханҳоро шунида, хотирпарешону оташин гардидам ва бо дуруштӣ пурсидам: Шумо киро, кадом Абдумалик Абдуллоҷонвро дар назар доред?!»

Вакили ИДМ ба ман нигариста, бо заҳрханда гуфт:

«Шумо оташин нашавед, бе таҳлилу далел касеро ба худ душман нагардонед. Сухан дар бораи и.в.Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов меравад. Бовар кунед, он кас бо тамоми вуҷудаш тарафдори Шумо мебошад. Бо он кас борҳо ҳамсӯҳбат гардидам, ки мутлақо тарафдори бунёд кардани давлати демократию ҳуққбунёд мебошад. Оппозитсия бошад ӯро танҳо ба хотири аз гуруснагӣ намурдани мардуми ҷумҳурӣ ба курсии мансаб нигоҳ дошта истодааст. Бинобар ин, аз ӯ хотирпарешон нагардида, ба вазъияташ дуруст баҳо диҳед. Вай ҷонибдори шумост….»

  Аз шунидани чунин ахбор аз забони генерал-полковники Федерасияи Русия хеле хушҳолу қаноатманд гардида, шукри Оллоҳи таъоло кардам, ки тарафдорони мо дар Ҳукумат ва Раёсати Шӯрои Олӣ низ будаанд»

 Ба ин тартиб ҳарду тарафи низоъ ва ҷанг Абдуллоҷоновро танҳо ба хотири онки намояндаи барҷастаи элитаи шимол аст ба мақоми сарвазирӣ оварданд. Ин нуктаро, ки Достиев ва Соҳибназаров рӯи он ба таври хосса таъкид мекунанд, яъне Абдуллоҷонов бо хосту барномаи оппозитсион ба мақоми сарвазирӣ мансуб шуд, воқеият аст.

Давлати Усмон, ноиби  сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва роҳбари бонуфузи мухолифин дар он солҳо дар як сӯҳбати расонаияш мегӯяд, ки онҳо Абдуллоҷоновро барои он ба мақоми сарвазирӣ оварданд, ки Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурӣ дигар аз иҷрои масъулияташ комилан фориғ ва бепарво шуда буд. Аммо азбаски вай намояндаи шимол, сулолае, ки солҳост мақоми аввали ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт, намешуд бидуни мувофақа ва дарёфти ризоияти онҳо Набиевро канор гузошту Абдуллоҷоновро овард:

«Дар ин мулоқот ману марҳум ҷаноби Нурӣ ҳадафамонро барои онҳо бозгӯ кардем. Дертар вохӯрии мо бо худи Абдумалик Абдуллоҷонов баргузор шуд. Қарор шуд, ки намояндаҳои Хуҷандро ба ин кор омода кунем, то ки дар ҷаласаи порлумон Набиевро маҷбур ба истеъфо кунанд

  Қарор буд бо вакилони Шӯрои Олӣ аз Хуҷанд, ки он замон беш аз 50 дарсадро ташкил медоданд, Абдуллоҷонов сӯҳбат ва қазияро баррасӣ мекард ва вақте ҳамаи онҳо ин масъаларо якдилона қабул мекарданд, баъд мо ҷаласаи порлумонро доир мекардем. Абдуллоҷонов пас аз сӯҳбатҳои як моҳ-думоҳа ба мо иттилоъ дод, ки намояндаҳои Хуҷанд омода ҳастанд. Тавассути Акбаршо Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд ва бо оппозитсиюн робитаи бад надошт ва раёсати Шӯрои Олӣ, ки дар онҷо ҷаноби Тӯраҷонзодаву Соҳибназаров узвият доштанд, тавонистем, ки ҷаласаи 15-и Шӯрои Олиро даъват кунем. Дар рафти ҷаласаи 15-и порлумон бо Нарзулло Дӯстов, ки он вақт дигар ноиби президент набуд, сӯҳбат кардам. Ӯ гуфт, дар ҳукумат кор бидиҳед, омода ҳастам, ба Набиев бифаҳмонам, ки ӯ дигар кишварро идора карда наметавонад, бесалоҳият шудааст. Гуфт, ки ин ҳамаро ошкоро дар ҷаласа низ мегӯяд. Дуюм нафаре, ки бояд суханронӣ мекард, марҳум Даврон Ашӯров мебуд ва сипас раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) Ҷӯра Шокиров идома медод. Бесалоҳиятӣ ва бекифоятии раисиҷумҳур дар овоз монда мешуд. Дар натиҷа Раҳмон Набиев бояд ба истеъфо мерафт. Ҷаласаи порлумон шурӯъ ба кор кард ва аввалин шуда Нарзулло Дӯстов сухан кард. Ӯ гуфт, ки Раҳмон Набиев, Шумо дигар салоҳияти идораи кишварро надоред, ҷанг сар шуда истодааст, ба истеъфо равед. Вақте ки Даврон Ашӯров ҳам ба чунин мазмун сухан кард, Раҳмон Набиев, ки раисиҷумҳур буд, албатта, ҳис кард, ки чизе ҳаст дар пушти ин суханрониҳо. Ба раиси порлумон пешниҳод кард, ки бояд дар кори ҷаласа танаффус эълон шавад.»

Вале, ҳаройина Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, баъди онки Набиев дар7сентябри соли 1992 истеъфо дод, Абдуллоҷоновро ба мақоми сарвазирӣ мансуб кард. Худобиёмруз Аслиддини  Соҳибназар дар китоби «Субҳи ситоракуш»-аш менависад, ки дар Раёсати Шӯрои Олӣ танҳо Абдулло Ҳабибов ва Сайфиддин Тураев муқобили номзадии Абдуллоҷонов ба ин мақом буданд, вале бақия аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз Абдуллоҷонов пуштибонӣ карданд. Ва ҳамин тавр 21сентябри соли 1992 мақомоти Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бо ин умед, ки бо таъйини Абдуллоҷонов ҳимояти клани Хуҷанд, ки аз барканории намояндааш Раҳмон Набиев аз мақоми раисиҷумҳур сахт нороҳат шуда буд, ба даст меоранд, ӯро ба ин мақом мансуб карданд.

Худи Абдуллоҷонов солҳо баъд дар як суҳбаташ бо радиои «Озодӣ» ин нуктаро,ки ӯро ба ҳайси намояндаи элитаи Хуҷанд ба мақоми сарвазирӣ оварданд, такзиб мекунад:

«Ман аввал бо қарори президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва баъдан, дар ҳамон сессияи 16-ум дар Арбоб бо қарори Шӯрои олӣ сарвазир интихоб шудам. Ман на ҳамчун намояндаи шаҳри Хуҷанд, балки ҳамчун намояндаи насли нави раҳбарон, ки дар шароити нав тавонистанд худро муваффақ намоиш диҳанд, интихоб шудам. Ман танҳо набудам. Сайфиддин Тӯраев аз раҳбарони хуби иқтисоддон буд. Шояд масъулини сессияи 16-ум зодаи Хуҷанд будани маро ба назар гирифта бошанд, вале ҳоло касе ба ёд намеорад, ки ман ва аъзои ҳукумат чанд бор ба нишони эътироз маҷлисгоҳро тарк кардем ва ба қабули баъзе қарорҳо муқовимат нишон додем».

 Ному корномаи Абдумалик Абдуллоҷонов замоне ба сари забонҳо уфтода буд, ки дар нашрияи «Сухан»-органи чопии Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар соли 1991 матлабе бо номи «Наҳанги ҷумҳурӣ» мунташир шуд. Он вақт Абдуллоҷонов ба ҳайси вазири ғаллаи Тоҷикистон кор мекард. Дар ин матлаб Абдуллоҷонов ба сифати як дузду ғоратгари хазинаи давлат, қаллоб ва фиребгар тасвир шуда буд. Вай, дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба буҷҷаи кишвар зарар ворид кардааст. Барои мисол гандуму орд ва дигар маҳсулотро аз Қазоқистон оварда дар асноди муҳосибот аз Канада нишон додааст.

Абдумаҷид Достиев, ки акнун муовини аввали Раиси Шӯроии Олии Тоҷикистон интихоб шуда ва аз афроди наздиктарини Раҳмонов ба ҳисоб мерафт, шояд таҳти таъсири ҳамин ҳарфу суҳбатҳо ва шояд ҳам воқеиятро баён мекард, Абдуллоҷонов-раиси Шӯрои вазирони ҳукумати худро ба тахаллуфи молӣ муттаҳам мекунад. Ҷаноби Достиев аз мушкилоти набуди гандум ва орд дар он рӯзҳо ёдовар шуда мегуяд, ки бо дастури Раҳмонов барои ҳалли ин масъала машғул шуда ва шоҳиди як чунин тахаллуфкории Абдуллоҷонов шудааст:

    «Аз назди роҳбари давлат баромада ба як соҳибкоре, ки худаш чанд маротиба барои ба ҳукумати нав ёри додан изҳори хоҳиш карда буд, занг задам. Ӯдар ҷавоб гуфт, ки барои ҳамкорӣ бо ҳукумат тайёр аст. Ӯ изҳор кард, ки дар Тирмизу Бекободи Ӯзбакистон чанд қатора гандум дорад ва метавонад дар муддати як шабонарӯз он ҳамаро ба Душанбеву Қурғонтеппа ва Хуҷанд ворид созад. Ба шарте ки ба ҳар тонна ғалла 62 долларӣ ба суратҳисоби ӯ гузаронад. Ман бо қаноъатмандӣ дар ин бора хабар додам, зеро мувофиқи ҳуҷҷатҳои хариду фурӯш ҳукумати мо он вақт як тонна гандуми Қазоқистонро ба воситаи фирмаҳои Амрико 150-160 долларӣ харидорӣ мекард. Тамоми кушишҳо ва хушҳолиямон бефоида баромад, чунки ҳукумати иҷроия онро нагирифт. Сабаб он буд, ки худаш ин корро бевосита иҷро мекунад. Баъдтар фаҳмидем, ки бо истифода аз вазъият бо тарзи пештара, ҳамон шабонарӯз аз фирмаи амрикоие ҳартонна гандумро 230-олларӣ харидорӣ кардааст. Он вақт Роҳбари давлат сардори ҳукумати иҷроия набуд.» Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот»

Дар зимн, масъалаи харҷи ғайримақсадноки маблағи бюҷети давлатӣ ва дигар маблағҳо аз тарафи Абдуллоҷоновро Додситони Кулли Тоҷикистон ҳам таҳти тафтиш қарор дода буд. Солеҳҷон Ҷӯраве, иҷрокунандаи вазифи Додситони Кулл дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар як сӯҳбати расонаияш таъйид мекунад, ки ҳанӯз вақте сардори Раёсат дар додситонӣ буд ба таҳқиқи бархе аз паҳлуҳои фаъолияти Абдуллоҷонов пардохта аст:

«…. бо супориши хаттии ман ҳамчун сардори раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ алайҳи Абдуллоҷонов, ки пештар дар мақоми вазири ғалла фаъолият мекард, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Ғайр аз ин дар соли 1992 вақте ман и.в прокурори генералӣ будам Русия тахминан 320 миллион ба Тоҷикистон пул дод. Аммо пул бевосита ба Бонки марказии Тоҷикистон наомада, бо супориши Абдуллоҷонов, ки он вақт дар Маскав ҳузур дошт, ба вилояти Ленинобод дохил шуд. Дар бораи ин пулҳо дар ҳукумат ва президиуми Шӯрои олӣ ҷангҷол хест. Ба ман роҳбари давлат Акбаршоҳ Искандаров супориш дод, ки онро тафтиш намоям. Вақте ман ба тафтиш шурӯъ кардам, ин кор ба Ҳомидов ва Абдуллоҷонов маъқул нашуд. Гуфтанд Шумо шарик нашавед. Ман гуфтам, чӣ тавр ман прокурори генералӣ будаам, ки кордор намешудаам. Дар ин миён иҷлосияи 16 оғоз шуду корро то ба охир бурда натавонистам».

Аммо ҳузури Абдуллоҷонов дар мақоми сарвазирӣ дар ҳукумати Раҳмонов зиёд давом накард. Бурузи ихтилоф миёни ӯ ва Раҳмонов ҳам дар масоили харҷу масрафи бюҷет ва ҳам қасди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи Абдуллоҷонов боис шуд, ки ӯро ба Русия ба сифати сафир аз Тоҷикистон «бадарға» кунанд. Ҳукумати Раҳмонов алайҳи Абдуллоҷонов парвандаи ҷиноӣ боз карда талош кард ӯро комилан аз саҳна берун кунад.

Ҳаводис бар вифқи муроди барномарезони ин тарҳ пеш нарафт. Русия ва Узбакистон барномаҳои худашонро таҳмил карданд. Фишори Узбакистон ва бархе аз доираҳои ҳукумати Русия ба Раҳмонов иҷоза ва имкон надод, ки аз ширкати Абдуллоҷонов дар интихобот ҷилавгирӣ карда шавад.

Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳайси рақиби Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 ширкат кард. Ин интихобот воқиан ҳам як сабқат ва як муборизаи  бисёр ҳам шадиду сангинеро миёни рақибон ба бор овард. Боис шуд, ки Русия ва Узбакистон роҷеъ ба Тоҷикистон ва номзадҳои интихоботии дучори ихтилофи назар ва мавзеъгириҳои комилан муқобили ҳам шаванд. Дар инҷои гузориш чанд пора иқтибосҳоеро аз китобҳои шахсиятҳои дахил ва огоҳ аз қазия, бидуни онки тавзеҳу ташреҳ кунем,меоварем. Ин иқтибосҳо ҳавлу ҳавои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ё сабқати миёни Раҳмонов ва Абдуллоҷоновро бозтоб медиҳанд:

«Барои курсии президентӣ асосан сарвари феълии давлат Эмомалӣ Раҳмонов ва сафири ҷумҳурӣ дар Маскав Абдумалик Абдуллоҷонов талош меварзанд. Номзадҳои дигарро ба қайд гирифтани ҳукуматдорон гумон аст. Абдуллоҷонов, ки аз рӯи пешгӯии сотсиологҳо ба ҷонибдориаш қариб 70%  аҳолии ҷумҳурӣ овоз хоҳад дод, кӯшиш мекунад оппозитсияро ба тарафи худ бикашад. Дар ин сурат бо ҳам омадани мухолифони Раҳмонов аҷаб нест. Абдуллоҷонов ба оппозитсия чанд портфелро дар ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Вале ҷонибдорони Раҳмонов дар интихобот нагунгашта метавонанд, муқобили ҳукумати нав муборизаи мусаллаҳонаро оғоз намоянд. Дар сурати ғалабаи Раҳмонов оппозитсия натиҷаҳои интихоботро ғайриқонунӣ шумурда, муборизаи мусаллаҳонаро идома хоҳад дод.  Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо» Москва «Трансдорнаука» -1995

  «Абдуллоҷонов ба иллати надоштани ҷонибдор дар миёни раҳбарони мақомоти низомии Тоҷикистон, ба иллати надоштани роҳи фарох бо воситаи ахбор хеле зуд аз козири асосии худ –пуштибонии Маскав маҳрум гардид, ҳарчанд равшан маълум буд, ки ӯ компанияи пешазинтихоботии худро бидуни машварат дар эшелони болоии ҳукуматдории Русия шуруъ накардааст, ҳамчунин дигар риштаҳои равобити ӯ хуб маълум аст. Бо вуҷуди ин дар арафаи интихобот Раҳмонов дастгирии шахсии президенти Русияро дарёфт кард» Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо» Москва «Трансдорнаука» -1995

Дар воқеъ Бӯрӣ Карим дуруст менависад, ки Русия ба ҷиҳати надоштани неруи ҷангӣ, ки Тоҷикистон дар шароити ҷанги дохилӣ қарор дошт ва неруҳои оппозитсиони мустақар дар Афғонистон аз лиҳози низомӣ беш аз пеш бартарият касб мекарданд, тарафи Раҳмоновро гирифт, агарчи вай бохта буд.

Ҳоло инҷо аз навиштаҳои марҳум Султон Мирзошоев, ки дар он шабурӯзҳо роҳбари Дастгоҳи Эмомали Раҳмон дар Шӯрои Олӣ буд иқтибос мекунем:

«Абдумалик Абдуллоҷонов ташвиқоту тарғиботашро дар қаламрави ҷумҳурӣ бо иштироки як зумра олимон, мутахассисон, журналистони ботаҷриба ба роҳ монда, ҳатто тавассути вилояти Ӯши Қирғизистон ба ВМКБ чанд корвон маводи хурокворӣ, «ҳадя аз номзад ба президентӣ А.Абдуллоҷонов»-гӯён ба мардум фиристонда тақсим кард» Султон Мирзошоев «Дар пайванди ду аср»-Душанбе,2009

 

Иқтибоси ҷолиби дигар аз хомӯшшавии неруи барқ ҳангоми баромади пеш аз интихоботии Э.Ш. Раҳмонов

 «Ман, Давлаталӣ Давлатов, Қурбон Расулов, Шариф Раҳимов дар қабулгоҳи роҳбари давлат бо омодагии ҳамаҷониба қарор доштем.Э.Ш.Раҳмонов бо ёварҳояшон Саймурод Фаттоев ва масъулини амният бо сардори ҷавонмарди ғаюр Мурод Саидов ба студияи телевизион рафтанд. Аз суханронии Эмомалӣ Шарипович Раҳмонв ҳафт-ҳашт дақиқа сипарӣ шуда буд, ки неруи барқ қатъ шуд. Аз қабулгоҳ ба Иброҳим Усмонов, вазири  алоқа дар тамос шуда суханҳои баланду паст гуфтам. «Охир ба неруи барқ ман чи коре дорам» гуфта буд, ки суҳбат боз шакли дурушттар гирифт. Вазорати энергетика хабар дод, ки хатти интиқол дар Норак коҳиш ёфтааст ва чораҳои фаврӣ меандешанд. Бо телефони дигар бо Э.Ш.Раҳмонов дар тамос шуда асли воқеаро арз кардем. Рафиқон аз Кумитаи амният низ ба ин ҳодисаи ғайричашмдошт машғул шуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҷонибдорони А.Абдуллоҷонов гуё «қасос» гирифтаанд. Гӯё ҳангоми суханронии он кас дар кадом як ноҳия ё вилоят неруи барқ қатъ шуда будааст». Султон Мирзошоев «Дар пайванди ду аср»-Душанбе,2009

 

  Ба ин тартиб рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар 64 ҳавзаи интихоботӣ: 685 нуқта 727 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда 2.535.957 нафар ё инки 94,31% ба раъйдиҳӣ ҳозир шуданд. Тибқи эъломи Комиссияи марказии раъйпурсӣ ва интихоботи ҷумҳурӣ ба ҷонибдории Абдумалик Абдуллоҷонов 1.025.932 нафар, ё ки 40,46% интихобкунандагон раъй доданд. Муқобил ба Абдуллоҷонов 1.489.191 нафар ё 58, 73%. Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмонов 1.478.759 интихобкунанда раъй доданд, ки 58.32% ташкил дод. Ва Комиссиюни марказии интихобот Эмомалӣ Раҳмоновро барандаи интихобот эълон кард. Нуктаи ҳайратовар ин буд, ки ҳамон шаби интихобот, ҳануз ҳатто омори муқаддамотӣ  эълон нашуда радиои «Маяк»-и Русия хабареро ба касби 58 дар сад пируз шудани Раҳмонов мунташир карда ҷаҳонро буҳтзада ва дар ҳоли шигифтӣ қарор дод.

 Абдуллоҷонов ғалабаи Раҳмоновро, ки сохта ва тақаллубӣ буд эътироф накард ва пайваста гуфтааст, ки барандаи интихобот ва президенти воқеии мардуми Тоҷикистон ӯст:

“Ман медонам, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ман пирӯз шудам. Ҳамон шаб маро сафирони Амрико ва Русия телефонӣ табрик карданд, аммо рӯзи дигар Раҳмонов худро пирӯз эълон намуд. Русия ва Узбакистон, ки кафили расмии интихобот буданд, ба ман ишора карданд, ки як муддат эътироз накунам. Ба ҳар ҳол ман шахсе ҳастам, ки аксар мардуми Тоҷикистон ба ман раъй доданд.”

 Дар пайи ин бохт Абдуллоҷонов дигар наметавонист бо Раҳмонов кор кунад ва ночор шуд тарки Тоҷикистон ва Русия кунад. Абдуллоҷонов дар ҳамон сӯҳбати ахири матбуотиаш мегуяд, Раҳмонов ваъдаи ҳамкорӣ баъди интихоботро дод, аммо вафо накард:

” … баъди интихоботи соли 1994 Раҳмонов ба кишварҳое, ки ба Тоҷикистон таъсири бузург доштанд, ваъда дода буд, ки маро аз нав ба вазифаи сарвазирӣ пешниҳод мекунад. Лекин мисли ҳамеша рафтору гуфтори ӯ дигар буд. Онҳо ҳатто маро аз ширкат дар интихоботи вакилони Шӯрои олии ҷумҳурӣ маҳрум карданд. Ман аз баъзе ашхос баъд шунидам, ки гӯиё маро барои раҳбарии вилояти Хатлон мехостанд таъин кунанд, то ин вилояти ақибмондаро Абдуллоҷонов обод намояд. Гуфтанд, ӯ пул ҳам дорад. Аммо расман ба ман ҳеҷ пешниҳоде нашуда буд. Баръакс, бародарам Абдулазизро тӯҳмат карда дар зиндон куштанд. Ҳамон вақт модарам гуфтанд, ки “ҳаволаи бадкарда ба Худо. Ту ба касе бадӣ накун”. Ман то ҳозир ба насиҳатҳои модари раҳматиам содиқам.”

Абдуллоҷонов дар Амрико паноҳанда шуд ва шояд аввалин ва охирин сиёсатмадори тоҷик бошад, ки дар Амрико ба мақоми паноҳандагӣ даст ёфтааст.

Абдуллоҷонов талош кард, ки дар раванди музокироти сулҳи ҷонибҳо ширкат варзад, аммо талошҳояш ноком анҷом шуданд. Иброҳими Усмон узви музокиротии ҳайати ҳукумат  талошҳои Абдуллоҷонов барои иштирок дар раванди интихоботро ба ин шакл тавзеҳ кардааст:

 “Охири соли 1996 ба Созмони Милали Муттаҳид ариза навишт, ки ба мо ҳам рухсат диҳед, дар музокироти сулҳи тоҷикон иштирок кунем. Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷавоб дод, ки музокироти сулҳи тоҷикон дар асоси ризоияти ҳарду тараф шурӯъ шудааст ва танҳо ризоияти ҳарду тараф метавонад, муайян кунад, ки ширкати қувваи дигаре дар он даркор аст ё не. Дар мулоқотҳои моҳи январи ҳамон сол тарафи мухолифин чандин дафъа пешниҳод карданд, ки бояд гурӯҳи Абдуллоҷонов ҳам дар музокирот иштирок кунад. Ин гурӯҳ роҳҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди оппозисюн суроғ дошт ва мехост ба ин восита ба ҳукумат баргардад.”

   Солҳо баъд Абдуллоҷоновро дар даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур дар соли 1997 дар Хуҷанд, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста ба пулиси байналмилал-Интерпол супориданд.

Дар феврали соли 2012 дар фурудгоҳи Борисполи Укроин Абдуллоҷонов дар асоси ҳамин дархости Тоҷикистон дастгир шуд. Муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев дар сӯҳбат ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС он замон гуфта буд, асноди лозим дар чаҳорчӯби Паймони Минск таҳия ва ба Киев фиристода шуданд. Ин аснод бар пояи 60 ҷилди парвандаест, ки ҳанӯз соли 1998 дар ғайбаш алайҳи Абдуллоҷонов боз шудааст. Вале баъди кашокашҳои зиёд ва мудохилаи мустақими Амрико ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашуд.

Абдуллоҷонов дар азҳон ва афкори умумӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси як корчаллони сарватманд ва менеҷери муваффақ мутасаввир шудааст. Вай аввали январи соли 1949 дар Хуҷанд ба дунё омада соли 1971 донишкадаи технологии Одессаро хатм карда, аз ҳамон сол дар корхонаи орди Қайроқум ба кор пардохт. Ӯ то мақоми раиси ин корхона “сабзид” ва соли 1980, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, ба Душанбе кӯчида, муовини вазири ашёи хоми Тоҷикистон таъйин шуд. Аз соли 1986 муовини аввали вазир ва соли 1987, дар синни ҳамагӣ 38 солагӣ вазири маҳсулоти орду ғаллаи Тоҷикистон шуд. Абдуллоҷонов ба суолҳо дар мавриди саврат ва дороии зиёдаш мегуфт, ки вай аз як хонаводаи пурнуфузи ашрофони Хуҷанд аст ва бобояш Абдураҳмон ибн Аш-Шайх Муҳаммадсултон ал-Маъсумӣ рӯҳонии маъруфе будааст, ки соли 1922, дар пайи истилои Осиёи Марказӣ аз сӯи Артиши Сурх фирор карда, дар Арабистони Саудӣ то ба мақоми мушовири малики ин кишвар расидааст.

Феълан Абдумалик Абдуллоҷонов барандаи воқеии интихобти раёсати ҷумҳурии соли 1994 –и Тоҷикистон дар Амрико ба сар мебарад. Хело мехостем ба паҳлуҳои дигари Абдумалик Абдуллоҷонов пардозем вале,то инҷо иктифо мекунем.

Поёни бахши сенздаҳуми ин силсила матолиб ва бахши чордаҳуми мо “Сафаралӣ Кенҷаев,нафаре,ки Раҳмоновро ба қудрат расонд, вале бо фармоиши вай террор шуд” Бо “Ислоҳ” бошед ва аз ҳаводиси воқии он рӯзгорон бештар огоҳӣ пайдо намоед. Баъд аз ошноии комил пайдо намудан аз ҳаводиси ҷолиби иҷлосияи 16 ва афроду шахсиятҳои бонуфӯз ва таъсиргузор, ҳатман мепардозем ба шиносонидани дастҳои шум ва давлатҳое дар ин ҷанги дохилии мо дасти шум доштанду садҳо ҳазор шаҳрванди мо дар он кушта шуданд.

Share This Article