30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №23

Ислоҳ нет

Иҷлосияи 16 чи ҳукуматеро рӯи кор овард: -миллӣ ё маҳаллӣ?

(бахши бисту севвум)

Ёқуб Салимов, яке аз авторитетҳои олами ҷиноӣ ва Сайидамир Зуҳуров, муовини сардори Раёсати КГБ-и вилояти Кулоб ба ҳайси ду вазири умури дохилӣ ва амнияти ҳукумати нави Тоҷикистон рӯзи 4 декабри соли 1992, баъд аз ду рӯзи хатми Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоби Хуҷанд вориди Душанбе шуданд. Таъйиноти ин ду нафар дар ҳайати «ҳукумати конститутсионӣ» тасдиқ мекард, ки акнун дар Тоҷикистон ба ҷойи ҳокимияти эътилофӣ ва муштарак бо неруҳои нав, рушанфикрону зиёиён, ҳокимияти давлатӣ бо олами ҷиноӣ идора мешавад. Ҳарчизе ҳам ки нагӯем, наметавон инкор кард, ки Раҳмонов, Достиев, Зуҳуров ва ҳар нафари дигари ин «ҳукумати конститутсионӣ» дар асл марионетка ва куклаи дасти ҳамин «авторитет»-ҳои «преступний мир» ҳастанд. Агарчи «ҳокимияти конститутсионӣ» мегӯянд, аммо дигар маълум шуда буд, ки ин ҳокимон ва ин ҳукумат дар ҳавои озу ниёз ва тибқи дастуроти Сангак, Файзалӣ, Ёқуб, Ғаффор, Ибод, Қурбони Чол, Хӯҷа-командир ва амсолаҳум кор мекарданд.

  Сайидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ наметавонист, ки бе Ёқуб Салимов Душанбе ояд. Чун Ёқуб рэкет ва ё ҳамон авторитети олами ҷиноии Душанбе, дар канори Рауфи ургутӣ буд, ки дар «Водонассос» ва «8-Март»  ҳокимияти худро доштанд. Албатта, дертар Сангак ва Файзалӣ кушта шуданд, Қурбони Чол мурд Ғаффор ҳабси абад гирифт, Ибод ҳам ҳамин тавр гумном аст Ёқуб ҳам ёғӣ шуду дар дастонаш завлона зада аз Маскав ба Душанбе оварданду 15 сол доданд. Ҳамин Сайидамир Зуҳуров ҳам он роҳату оромишеро, ки Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа дорад, надорад, хеле барвақт аз аркони ҳукумат канор зада шуд.

Аммо он рӯзи 4 декабр Ёқубу Зуҳуров, фотеҳони ҷанг эътилофи «преступний мир»-у ҳукумати нав омада буданд, ки шароити ба пойтахт овардани Эмомалӣ Раҳмоновро ҳамвор кунанд. Чун ҳоло пойтахт дар дасти оппозитсион буд ва Раҳмонов ҷуръат ва ҷасорат надошт, ки хезаду ояд. Дар ҳукумати нав ягон кас аз Душанбе ҷо нагирифта буд ва ҳукумате омада буд, ки аксарияти мутлақи онро аз вилояти собиқи Кулоб, вилояти  Фронти халқӣ ташкил карда буд. Сангак Сафаров, пири ҷинояткорони ин ҳукумат кадом мақоми расмӣ нагирифта бошад ҳам мақом ва манзалати болотар аз Эмомалӣ Раҳмоновро дошт ва дар ҳар ҷаласа ва ё мулоқоте, ки ӯ ҳузур дошт Эмомалӣ Раҳмонов ҳоли гурбаи ошолуд ва мурғи куркро дошт. Аз зарби дасту мушти Ёқуб он солҳо на Раҳмонов дар амон буд, на Достиев. Хуллас, як ҳукумате рӯи кор омад, ки «авторитетҳо» ҳарфи охирро мезаданд. Аз инҷо буд, ки дар парлумони солҳои 1995-2000 наздик ба нисфи курсиҳои онро қумандонҳо ишғол карда буданд.

  Нуралии Давлат, муаррихи тоҷик дар яке аз навиштаҳояш дар бораи ҳаводиси он солҳо роҷеъ ба Ёқуб Салим менависад:

   «Дар яке аз нахустин мусоҳибаҳои худ дар рӯзномаҳои Тоҷикистон ӯ рӯзҳои ҷаласаи 16-умро ба ёд оварда гуфта буд: «Вақте ба ман ин мансабро пешниҳод карданд, розӣ нашуда, гуфтам, ки таҷриба ва дониши касбӣ надорам. Далелам ин буд ки роҳбарии чунин хадамот кори генералҳост. Вале маро мутақоид сохтанд, ки рутба муҳим нест, балки қобилияти табдил додани милитсия ба як неруи фаъолу разманда муҳим аст то ки он дар лаҳзаи мушкил амал карда тавонад.» Ба қавли худи Ёқуб Салимов пешвои аслии Фронти халқӣ Сангак Сафаров пофишорӣ карда буд, ки маҳз ӯ ин мансабро ишғол кунад. Ҳамчунин мегӯяд ӯ усули хосеро дар роҳбарӣ пеш гирифтааст. Ин усул ба он вобаста будааст, ки аксари унсурҳои олами ҷиноиро дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ба кор мегиранд.»

Дар китоби «Фарёди солҳо»-и Бӯрӣ Карим дар робита ба масъалаи ба мақоми вазири дохилӣ овардани Ёқуб Салимов таъкид мешавад, ки «дар диёре, ки давлат бо ҷинояткорон ҳамдасту ҳамдил аст, табаъа ҳаргиз рӯи осоишро нахоҳад дид.» Ва Бӯри Карим, рӯихати мухтасари собиқ боевикҳо дар сохтори вазорати умури дохилӣ ва дифоъро бо истинод ба нашрия чопи Маскав « Новая ежедневная газета» меоварад, ки «ҳукумати конститутсионӣ» ба вазифаҳо истихдом карда буд:

   “Ёқуб Салим, Ғаффор Мирзоев, Чолов Қурбон, Куганов Иззат, Каримов Хуҷа, Вадудов Мадиёр, Шамолов Саидшо, Қумбалаков Қурбон, Қосимов Суҳроб  ва чандин нафарони дигар, дар умум 44 нафар боевик ва қумандонҳои Фронти халқӣ ба вазифаҳо меоянд.”

Хуб, ҳоло баргардем ба инки чи ҳукуматеро Фронти халқӣ ва русҳову узбекҳо сари қудрати давлати навпои Тоҷикистон оварданд. Аз се муовини раиси Шӯрои Олӣ якеаш узбек-Хуҷааҳмад Хидиралиев буд. Вазири дифои Тоҷикистон полковники вазорати мудофиаи Узбакистон Шишлянников Александр Владимирович  таъйин шуд. Ёдатон бошад, мо дар матолиби қаблӣ гуфта будем, ки Ислом Каримов айни ин талабро аз Искандаров Акбаршо кард аммо вай рад кард вале Эмомалӣ Раҳмонов бо камоли майл ин корро анҷом дод. Ҳамин тавр:

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ;

Абдулмаҷид Достиев, муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ;

Маҳмадсаид Убайдуллоев, муовини сарвазир;

 Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилӣ;

Сайидамир Зуҳуров, раиси КДАМ;

Маҳмадназар Солеҳов, Прокурори генералӣ;

Бобохон Маҳмадов, вазири фарҳанг;

Воҳид Шафоев, вазири об

Ҳабибулло Табаров, вазири кишоварзӣ.

Ҳамаи ин нафарони фавқуззикр зодагони вилояти собиқи Кулоб буданд, ки дар Иҷлосияи 16 ба сари мансабҳои давлатӣ омаданд. Аммо ҳар кадоме аз онҳо ҳанӯз бовар надоштанд ва худро муносиб ба ин вазифа ҳам намеҳисобиданд ва баъзеашон баъди як моҳу ду моҳ ба ҷойи нави корашон омаданд. Барои мисол Ҳабибулло Табаров, ки вазири кишварзӣ таъйин шуда буд мегуяд танҳо моҳи январ, яъне баъди ду моҳи таъйиноташ ба ин мақом ба Душанбе омад:

   «Дар ин иҷлосия, инчунин, Абдумалик Абдуллоҷонов Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гашт. Ҳайати ҳукумат, ки ба он ман низ ҳамчун вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил будам, ба муҳокимаи вакилон пешбарӣ гардид. Аз сабаби он ки ҳоло имконияти ба Душанбе рафтан набуд, мо корро аз Кулоб оғоз намудем. Баъд ба ихтиёри ҳар як вазир 2-3 муҳофизатгар дода, ба Душанбе фиристониданд. Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе моро қисми низомии Кумитаи бехатарӣ истиқбол намуда, ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ бурд. Ин 25 ё 26 декабри соли 1992 буд. Рӯзи 4 январи соли 1993 маро Мунавваршо Назриев-ҷонишини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорати кишоварзӣ оварда, ба коллектив муаррифӣ намуд.» Ҳабибулло Табаров.«То мард сухан нагуфта бошад…» Душанбе-2009

Инки дар дар иҷлосияи 16 фотеҳони Фронти халқӣ аксарияти мутлақи курсиҳоро соҳибӣ карданд, бори дигар нишон медод, ки ҳадафи онҳо қатъи ҷанг нест ва бар мабнои барнома ва нақшаҳое, ки бо Русия ва Узбакистон кашидаанд, бояд оппозитсиюн ва раҳбарияти онро маҳв кунанд. Барои ҳамин ба онҳо як ҳокимияте ва афроде даркор аст ки дар иҷрои ин ҳадаф онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

Худобиёмурз Аслиддин Соҳибназар, ки дар Иҷлосияи 16 ҳузур дошт дар қисмати аввали «Субҳи ситоракуш» характеристикаи ин ҳукуматро хеле ҳам хуб тасввир кардааст:

“Имрӯз дар Тоҷикистон шахсиятҳое сари қудрат омадаанд, ки аксаран хешу табори якдигаранд, аҳлу авлод ҳастанд ва ё як қабилае аз мулку диёри муайян. Инҳо бечуну чаро дар давраи коммунистӣ наметавонистанд, сари қудрат оянд, барои он ки будааст ё набудааст, назорати ҳукуматӣ ё назорати партиявӣ чунон сахту сахтгир буд, ки он шахсе ки писартағо ё писарамак, хешу табор ё дуру наздик мешуд, аз тарафи дигарҳо назорат мешуд ва ӯро рӯи об мебароварданд ва мегуфтанд, ки ин ҷияни фалонӣ аст ва ҳақ надорад дар ин вазорат кор кунад…”

Албатта, инро худи раҳбарони ҳамакнун нави Тоҷикистон ҳам медонистанд, ки тавозуни намояндагии маҳал дар ҳокимиятро вайрон карданд. Аммо инки бо олами ҷиноӣ ва ҷангсолорҳои Фронти халқӣ як буданд, онҳоро пушт ва муттако карда ин ҳамоқати худро ба гунаи дигар тафсир мекарданд. Боз ҳам тазаккур бидиҳем, ки вақте Набиевро хостанд мутақоид кунанд, ки вай дигар аз ӯҳдаи иҷрои раҳбари Тоҷикистон намебарояд барги баранда ва ё «туз козер»-ашон ҳамин ҷангашон буд, ки бачаҳои кулобӣ кардаанд. Абдулмаҷид Достиев, аз идеологҳои солҳои аввали ҳукумати нав роҷеъ ба ин масъала чунин ибрози назар кардааст:

 «Зикри ин нукта муҳим аст ки иддае сидқан чунин ақида доштаанд, ки дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон на инки адолату ҳақиқат тантана карда ҳукумат қонунӣ ба мақоми қонунии худ барқарор шуд, балки намояндагони минтақаи Кулоб ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Ва ҳамин тавр ҳам мегуфтанд: «шумо ҳокимиятро гирифтед», « ҳукумати шумо…» .Яъне,ки дар пеши доираи муайян ба таври қонунӣ сари ҳокимият омадани як идда фарзандони миллати тоҷик, ки ба хости тақдир зодаи минтақаи Кӯлоб буданд, бар ҳасби тангназарӣ моҳияту ранги маҳаллӣ дошт.» Абдумаҷид Достиев. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он». Душанбе- «Матбуот»-2006

 Дар китоби дигари худ Абдулмаҷид Достиев бештар аз ин талош кардааст, ки Раҳмонов ва ҳукумати вайро тавре сафед кунад, ки онҳо дар ҷанг аслан ширкат накарда бошанд:

«Вақте ки Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов ба сари қудрат омад мамлакатро мамлакат ва қудратро қудрат номидан ба ном буд. Ҷумҳурӣ бо вилоятҳо ва ҷангу навоҳии ҷангзадааш ва аз ҷанг эминмонда, вале бенизому бесуботаш, чун пораҳои киштии шикаста дар уқёнуси ҳаводиси айём алвонҷ мехӯрд. Бе ҳокимиятиву ҳарҷу марҷ ба он оварда буд, ки иқтисодиёти кишвар беназорат монда, ҳар чобукдасте моликияти давлативу ҷамъиятиро ба ғорат мебурд. Мардуми аз сиёсат дилсард шуда, аз бими онки фарзандонашонро имрӯз ё фардо ба ҷанг накашанд, онҳоро ба ҳар тараф мегурезонданд. Дар мамлакат ҷинояткорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида буд». Абдулмаҷид Достиев «Ситораи ғолиб» Душанбе. «Матбуот»-2006

Аммо воқеият ончуноне гуфтем аз ҳамон оғози кори иҷлосия дигар буд. Раҳмонов бо ташкили ҳукумати зодагони як маҳал дурусту дақиқ ҳамон сиёсати солҳо ҳокими сулолаи хуҷандиҳоро идома дод. Аммо акнун ба ҷойи Хуҷанд Кулоб ва дар ин авохир Данғара шудааст. Барои таъйиди ин гуфта аз Сафаралӣ Кенҷаев, яке аз ёрони наздики Эмомалӣ Раҳмонов нақли қавле мекунем:

« Ду рӯз пеш аз оғози сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, ба воситаи телевизион ва ахбори умум ба мардуми ҷумҳурӣ ибрози ақида намудам, ки даъвои ягон мансаб надорам. Ба фикру ақидаи депутатҳои вилояти Кулоб ризо ҳастам ва номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ҷонибдорӣ менамоям. Аз ин рӯ,ҳамеша дар ақидаи он будам, ки ҷанги бародаркушӣ ҳар қадар тезтар қатъ гардаду мардуми ҷумҳурӣ озоду осуда. Вале Эмомалӣ Раҳмонов бе маслиҳат амал намуда, оиди ҷобаҷогузори кадрҳо ба хатогиҳои бисёр ҷиддӣ роҳ дод, ки он ба мӯътадил гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ зарари хеле ҷиддӣ хоҳад расонд». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон», ҷ.з-Тошканд, нашриёти Узбекистон.

Чуноне тазаккур додем Эмомалӣ Раҳмонов, дар ин иҷлосия ҳукумати худро бар мабнои танҳо як критерия-маҳал ташкил кард. Асосан аз ҳаммаҳалҳо-ҳамяроқони худ интихоб ва дар тамоми мансабҳои калидӣ намояндагони вилояти собиқи Кулобро таъйин кард. Барои мисол Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Шӯрои Олӣ, амалан нафари дуввуми Тоҷикистон интихоб шуд. Ва, дархости Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистонро ҳам барои нишондани нафаронаш ба мақомоти давлатӣ иҷро кард: Хуҷааҳмад Хидиралиеви депутати узбактабор аз Шаҳритуз муовини раиси Шурои олӣ интихоб ва Шишляников Александр Владимирович , намояндаи вазорати дифои Узбакистон, вазири мудофиаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Аслиддин Соҳибназаров дар китоби дуввуми «Субҳи ситоракуш» аз як мавриде ёдовар мешавад, ки лозим донистем инҷо зикр намоем. Вай мегуяд, ки ҳамроҳ бо Сайфиддин Тӯраве, ки акнун муовини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда буд барои барраси авзоъ ба ноҳия Вахш мераванд. Чунки онҷо омилони нуфузии Русия ва Узбакистон ду халқи бародари қаротегиниву кулобиро ба ҷони ҳам андохта буд. Дар ин сафар Ёқуб Салим ҳам ҳароҳ будааст. Ба навиштаи Соҳибназаров Ёқуб дар назди мардум суҳбати хуб мекунад. Огоҳ мекунад, ки шуморо дастҳои берунӣ ба ҳам душман карда истодааст. Тураев мегуяд, ки ӯро раиси Вахш ва Достиевро ба муовинати раис вилоят пешбарӣ мекунем. Хуллас, ин ду нафар аз Ёқуб мехоҳанд, ки ҳамроҳи онҳо ба совхози Туркманистон ҳам равад. Вале Ёқуб рад мекунад:

«Мо бо ҳамин хайрухуш карда ба сӯи совхози Туркманистон роҳ пеш гирифтем. Ёқуб бошад дар онҷо монд. Мо бо ӯ то ҷаласаи 16-Шӯрои Олӣ, ки дар ноҳияи Хуҷанд сурат гирифта буд дигар во нахӯрдем. Пас аз ба сари мансаб омадани ин ҷавон шахсан умеди калон доштам, вале аз тағйири муносибати ӯ бо муолифин ман комилан дарк намудам, ки вай  «қартабоз» будааст. Манфиати миллии ӯ аз манфиати маҳал берун набаромадааст. Барои ӯ манфиати шахсӣ аз ҳама чиз боло меистад. Қавмият аз диди ӯ аз манфиати миллат зинаҳо болотар аст.»    

Аммо дар бораи таъйиноти Ёқуб Салимов ба мақоми вазири дохилӣ инҷо аз сӯҳбати Ғулом Бобоев, собиқ сардори гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа бо нашрияи «Миллат» як пораеро меоварем:

«Ба вазифаи вазири корҳои дохилӣ пешниҳоду интихоб шудани Ёқуб Салимов барои ман ва дигар қумандонҳои Фронти халқӣ ғайричашмдошт буд. Зеро вақте, ки моро аз Хуҷанд гусел мекарданд, ҳамроҳони мо ҳамагӣ дар ҳавопаймо нишаста буданду ман дар назди дар рӯ ба сӯи онҳо гуфтугӯй доштем. Ҳамин вақт дасте ба китфам  расид, ба қафо нигоҳ кардам, Маҳмадсаид Убайдуллоев истодааст. “Ёқубро бурдан даркор”, – гуфтани ӯ ҳамаи моро ба ҳайрат гузошт. Банда, ки таъмини амнияти ҳамроҳонро ба уҳда доштам, қатъиян таклифи Маҳмадсаид Убайдуллоевро рад кардам.

Ёқуб, ки он вақт хело ҷавон буд, ба изтироб омада, аз ман суол кард; “Ако, тинҷӣ аст?”. Тинҷӣ, рав дар ҷоят шин…- гуфтам. Он вақт, ки амнияти маро аскарони баталёни таъйиноти махсус таъмин мекард, ҳамсафаронамро мутақоид кардам, ки ман ба ҳар тори мӯйи шумо ҷавоб мегӯям. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сабру бо таҳаммул буду зиёд ҳарф намезад. Аммо аз нигоҳу рамузи чеҳрааш дарк кардам, ки мондани Ёқуб дар Хуҷанд барои ҳукумати навтаъсис зарур аст. Ҳамин тавр Ёқуб бо ишораи ман поин фаромад. Ман вақти хайрбодӣ китфашро сахт-сахт сила кардам. Вақти парвоз дар чеҳраи Сангак ҳам нишони тааҷҷуб дида мешуд ва шояд ба худ суол мекард “Чаро Ёқубро манъ карданд?” Ӯ як одат дошт, ки баъзе муаммоҳои ҷиддиро нахуст худ ба худ матраҳ мекард. Вақте ҳавопаймо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омад, муовинону дигар хидматчиёни сохторҳои қудратии вилоят моро пешвоз гирифта, нисбати ман норозигӣ баён карданд, ки чаро пешниҳоди Вазири корҳои дохила шуданро рад кардаам. Дар ҳамон ҷо мо огоҳ шудем, ки хабари номзадии Ёқуб Салимов ба вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз тариқи телевизион пахш шудааст.»

Бӯрӣ Карим, яке аз нахустин сиёсатмадорони қурбонишудаи бозиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, бо таваҷҷӯҳ ба ин тарзу шеваи ташкили ҳукумат дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ менависад:

  «Тайи солҳои бозсозӣ мубориза байни қувваҳои ислоҳотхоҳ-дар симои ҳизбу созмонҳои нав ва куҳнагароён –дар симои ҳукумати мавҷуда, ҷанбаи ғоявӣ дошт. Аввалиҳо барои эҳёи давлатдории миллӣ ба саҳна баромада буданд, дуввумиҳо барои бақои салтанати кӯҳна пофишори мекарданд, ғояҳои коммунистӣ ва моликияти сотсиалистиро афзалтар медонистанд. Воқеан, яке аз самтҳои муборизаи оппозитсия ислоҳ кардани ҳокимияти авлодӣ ва ба ҷои он сохтани давлатдории миллӣ буд. Сессияи 16 ҳамон вазифаро гӯё иҷро кард. Ҳокимигарии авлодиро аз байн бурд. Вале ба ҷои он дар заминаи минтақаи дигар ҳукумат ташкил дод.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо», Москва . «Трансдорнаука» .1997

Барои онки чеҳраи ҳукумати Раҳмонов, «ҳукумати конститутсионӣ» бештар равшан шавад ва нагуянд, ки танҳо аз мухолифини он иқтибос оварда шуд ин ҷо аз ду нафари комилан холису бе ғараз мисол меоварам. Барои мисол Елена Боннэр, ҳамсари академик Александр Сахаров, ки тамоми умр барои ҳимояти ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ мубориза кардааст дар он солҳо дар робита ба ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳори назар мекунад:

 «Мехоҳанд моро бовар кунонанд, ки ҳукумати қонунии интихобшуда алайҳи шохаи бунёдгарои мазҳаби ислом мубориза мебарад. Вале ман дар онам, ки онҷо на ислом, балки мероси коммунистӣ бештар нуфуз дорад. Ва маҳз ана ҳамин қувваҳои коммунистӣ, ки ҳастии ватан комилан барояшон тафовут надорад, зери кадом шиор қадам бояд бизанад, танҳо ба хотири сари қудрат будан, бо неруҳои миллӣ, мазҳабӣ ва демократӣ меҷанганд. Маҳз ана ҳамин Тоҷикистонро ба ҷанги хонумонсӯзи гражданӣ мувоҷеҳ сохт, ин сарзаминро харб ва абгор кард. Ман фикр мекунам лашкари рус, аз ҷумла марзбонони он тайи ин муддат беғараз набуданд, балки барои сари қудрат овардани ин ҳукумат неокомунистӣ ва ё худ коммунистпараст ёри расониданд. Ва бадбахтона, террори оммавиеро, ки дар Тоҷикистон идома дорад, ба фаъолиятҳои онҳо марбут медонам-террор алайҳи аҳолии вилоёти мушаххас, оппозитсия. Ва дар ин террор демократҳо бештар аз исломиҳо қурбон мешаванд.» «Известия», 16.01.1993.

Нафари дигар як пажӯшигари эронӣ аст ки зимни ба баррасӣ гирифтани авзоъи онрӯзаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ошкоро ба қабила ва қавмпарастӣ муқассир меҳисобад.  Ин таҳлилгари эронӣ Ҳушанги Якто ном дошта ва матлабаш дар ҳафтаномаи «Кайҳони Ландан» дар 23 янври 1997 нашр шуда ва онро нашрияи «Ҷунбиш» дар шумораи №2 дар феврали 97 бознашр кардааст, ки дар китоби «Фарёди солҳо» ҳам бозчоп шудааст:

«Давлати феълӣ ва шахси раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов агарчи дилашон мехоҳад коре барои кишвар анҷом диҳанд, вале аз як тараф ба шиддат қабилапарасту маҳалгароянд ва аз тарафи дигар дониши идораи кишварро надоранд. Ва аз илми давлатдорӣ ва дипломосӣ бебаҳраанд. Тақсими пӯстҳои (мансабҳои) ҳасос ва пурдаромад миёни аҳолии Кӯлоб, ки раиси ҷумҳур аз онҷост, сабаби бурузи ҳисси нафрат дар мардум гардидааст. Ҳар кулобӣ бо иддао ба инки ҳамвилояти раиси ҷумҳур аст, худро муҷоз медонад, ки қонунро зери по бигзорад ва ҳар чи мехоҳад, анҷом диҳад».

Боз ҳам ин Абдулмаҷид Достиев ҳаст, ки талош мекунад собит кунад, ки ҳукумати овардаи онҳо ҳукумати фарогир аст ва Иҷлосияи 16 як ҳукумати бо ширкати намояндаҳои ҳамаи манотиқи кишварро ба қудрат овард:  «Аммо дар мавриди ҳукумат айби маҳалгароиро бор кардан аз рӯи инсофу адолат набуд. Чунки ҳануз дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нав таъсис шуд, намояндагии тамоми минтақаҳои мамлакат пурра ба инобат гирифта шуда, роҳбарияти Тоҷикистон то ба имрӯз тавозуни намояндагии минтақавиро аз бахши муҳимми сиёсати кадрии давлат ҳисоб мекунад». Абдулмаҷид Достиев. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он». Душанбе. «Матбуот»-2005

Вале ин шодравон Аслиддин Соҳибназаров буд, ки дар воқеъ то он соате, ки зинда буд, натарсид, наҳаросид ва воқеиятро баён дошт:

“Расулов, Маҳккамов, Набиев, яъне раҳбарони собиқи Тоҷикистон наметавонистанд, як котиби райкомро бе иҷозаи Маскав аз кор гиранд ё таъин кунанд. Имрӯз ин чизҳо дар дасти худи ҳукумати Раҳмонов аст ва он метавонад, беҳтаринҳоро дарёфт кунад ва сари мансаб гузорад. Мутаассифона, дар тӯли даҳ соле ки мо мебинем, бисёр шахсоне ки дар ҳукумат кор мекунанд, аз ӯҳдаи кор намебароянд, вале аз як мансаб ба мансаби дигар таъин мешаванд. Ин як сабаби вазъи имрӯзаи иқтисодии кишвар аст. Аз тарафи дигар, ҳама чиз ба дасти як шахси алоҳида аст, ки ин хилофи усули демократист. Давраи Раҳмонов метавонист, беҳтарин давраи пешрафти кишвар шавад, дареғ, ки ин имкониятро аз даст доданд.”

 Давлат Усмон, дар яке аз сӯҳбатҳояш бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои баргузории иҷлосия дар Хуҷанд мегуяд, ки ба назар мерасид Раҳмонов он вақтҳо сидқан мехост, ки сулҳу оромӣ дар кишвар фароҳам шавад ва ҳукумате, ки вай онро роҳбарӣ мекунад барои маҳз сулҳ талош хоҳад кард.

“Раиси тозаинтихобшудаи порлумон, ки иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат ҳам ки буд, фикрҳои хеле хуб дошт ва дар майдони ҳавоӣ, вақте ки ҷаноби Раҳмонов қумондонҳои оппозисюнро гусел мекард, хеле суханҳои хуб гуфт. Аммо дар он вақт фишор болои ҷаноби Раҳмонов ҳам хеле зиёд буд. Тамоми қумондонҳои Фронти халқӣ як рӯҳияи реванш, ҳавои қасосгирӣ ва ниқорталабӣ доштанд. Ҷаноби Раҳмонов нияти хуб дошт, аммо танҳо буд ва наметавонист, онро амалӣ кунад.”

 Давлат Усмон ҳамчунин гуфтааст, ки аммо Русия ва Узбакистон ба ин қаноат расида буданд, ки дар Иҷлосияи Хуҷанд неруҳои нави сиёсии Тоҷикистон саркуб шуданд ва аз инҷо буд, ки Раҳмонов ҳатто агар ҳам мехост, наметавонист бо онҳо дар тақсими қудрат муомила кунад.

 Вале баҳои бисёр ҳам воқеъӣ ва муносиб ба ҳукумати Раҳмоновро Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон солҳо пеш, ҳанӯз,ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома дошт, дода буд:

  «Аз пасттарин табақаи тоҷикон, аз бефарҳангтарин табақаи тоҷикон, ки тайёранд барои курсию мансаб миллатро, дину диёнатро фурӯшанд ва ҳатто занҳояшонро низ бифурӯшанд». (Аз садои «Тоҷикистони озод») Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо».Москва. «Трансдорнаука» .1997

Ба ин ҳол дар идомаи фаъолияти сисолаи худ Эмомалӣ Раҳмонов ҳукумати Тоҷикистонро аз сатҳи як ҳукумати қавмиву маҳаллӣ низ поинтар оварда ба як ҳукумати хонаводаӣ табдил дод. Ҳоло худаш раиси ҷумҳур, писараш Рустам, раиси Маҷлиси миллӣ, нафари дуввум ва духтараш Озода раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст. Акнун тибқи тағйироти ворида ба Қонуни асосӣ вай метавонад то абад раиси ҷумҳур бимонад ва дар сурати мурдан ва ё корношоям шудан писараш вазифаи ӯро иҷро мекунад. Аз ҷост, ки барои онҳо воқиан ҳам Иҷлосияи 16 сарнавиштсоз аст. Сарнавиште, ки Раҳмоновро пешво ва миллионҳо тоҷики дигарро ғулому бардаи русҳо кардааст…

Поёни қисмати бисту севвум , қисмати бисту чаҳоруми ин силсиламатолиби мо “Табаддулоти давлатӣ дар иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб аз тарафи кӣ анҷом шуд?“ мебошад. Ин матлабро ҳам дунбол намоед, то чеҳраҳоро беҳтар шиносед!

Share This Article