Ҷамолиддин Нурализодаро пешниҳоди президент шуданаш барканор кард?

Ислоҳ нет

Ҳашт моҳ шуд, ки Ҷамолиддин Нуралиев пурнуфузтарин домоди Эмомалӣ Раҳмонов аз давру бари дастурхони падарарус ва лутфу меҳрубониҳои хуштоман маҳрум шудааст.

Дар фармони барканории Ҷамолиддин Нуралиев, ки 10 июни соли пеш содир шуд, гуфта мешуд, ки «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифа сабукдуш карда шуд.

Аз он рӯз то ба ҳоло фармоне барои таъйину интисоби Ҷамолиддин Нуралиев ба мақоми нав содир нашуд, вале ҳар аз гоҳе Ҷамолиддин ва масъалаи ронда ва бекор шудани вай аз командаи Раҳмонов ва дастурхони ҳукумат дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ кашида мешавад.

“Ончи ки ин бор ба дасти мо расид, нишон медиҳад, ки ҳамагӣ як пешниҳод ё хоҳиш сабаб шудааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев, ин домоди тавоно ва муқтадиру бо ояндаи дурахшон аз назарҳо уфтонда ва осиву ёғӣ хондаву мардуди лутфу марҳамати ҷанобашон бишавад.”

Ҷамолиддин дигар он эътибору ҷойгоҳеро, ки дошт ва он имтиёзоту манзалат ва ҷоҳу ҳашмате, ки дошт, баъди ин хоҳиши ғайримунтазира аз Раҳмонов комилан аз даст дод ва ҳоло ҳатто дигар наметавонад мисли ронандаи Муроди телех дар фурудгоҳи Душанбе аз долониVIP савор шавад ва иҷозат ҳам надорад, ки вориди ин толор бишавад. Вай дигар мошини хидмативу телех, ки бақия домодҳо доранд, надорад. Дар мағози Дастгоҳ ҳам роҳ надорад. Мо, наметавонем саддарсад бо итминон бигуем, ки ҳо, бале Ҷамолиддин феълан дар Олмон ба сар мебарад. Чунки бархеҳо мегуянд, ки дар Амрико ҳам дидаанд, назди Наврӯзи ҷиянаш, ки қисмате аз пулҳои ба ғоратбурдаи Ҷамолиддинро дар инҷо «тоб» ва гардиш медиҳад, омдааст. Ин хабар ҳам ба дасти мо расид, ки чанде пеш дар як маърака дар Душанбе ҳам дидаанд. Аммо дар тӯи арусии Фарзона-духтари хурдии Эмомалӣ Раҳмонов ва писари Юсуф Раҳмон, Додситони кулл аслан ҳузур надоштааст. Мисли инки Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ки дигар афту башараашро дар ин давру барҳо набояд бинам.

Масъала масъалаи хонаводаӣ набудааст, ҳамчуноне пештар аз баъзе манобеъ ҳамин тавр гуфта буданд ва ҳатто расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» ҳам дар як матлаби муфассал иллати барканории Ҷамолиддин аз мақоми муовинати аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамин тавр «оилавӣ» тазаккур карда ва беш аз ин навишта буд, ки рӯзҳои наздик Ҷамолиддин ба мақоми нав даст хоҳад ёфт.

Фарзияи якум :

Гуё Ҷамолиддин ба якҷо кардани Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ва дар мақоми раҳбари он таъйин шудани Шамсулло Соҳибов, боҷаи худи Ҷамолиддин, яъне шавҳари Рухшона Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир мухолифат карда овардани Шамсулло ба ин мақомро кори нодуруст ҳисобидааст. Яъне рақобат ва ихтилофоти дохили оила иллати барканории Ҷамолиддин шуда будааст. Гуё Раҳмонов аз ҷамъ нашудани пул ва даромад ба буҷа ва ҷой доштани коррупсия дар ин ду ниҳоди муҳим,ки кори ҳукуматро ба ҳараҷу мараҷ оварда ва маблағҳое сарф шуда дар омода созии он,ки таҷҳизотҳое бо маболиғи миллионҳо доллари қарзи хориҷӣ харҷ шуда барои пардохти низоми ягонаи электронӣ бар ҳадар рафта мехостааст ин ду ниҳодро зери назорати як домодаш,ки он ҳам Шамсулло Соҳибов бошад фикр карда будааст. То ин домод,ки ширкати овозадори “Фароз” ро,ки солҳост роҳбари мекунад ва дар овардани фоида ба “Оила” муваффақ будааст супорад. Инҷо нақши Муҳаммадзир Соҳибов домоди калонаш барои мутақоид кардани Раҳмонов муҳим будааст.

Фарзияи дуввум :

Дар ин васат аз духтарбозӣ ва зани дуввум доштани Ҷамолиддин гуиё завҷаи меҳрабонаш Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент огоҳ шуда ва ӯро дар як утоқи як меҳмонхона бо ду арус «қапидааст».Инҷо ҳамон ҳолате дар назар дошта мешавад, ки Давлаталӣ Саидов, собиқ муовини аввали сарвазир ва ҳоло раиси вилояти Хатлон ва Ҷамолиддин Нуралиевро Қурбон Хушаков ва Тоҷиддин Пиров,роҳбарони бонки муфлисшудаи «Тоҷиксодиротбонк» «зиёфат» дода буданд. Ҳатто он духтарон ҳам духтарони афроди бонуфӯз дар ҳукумати кишвар ҳам унвон шуда буданд,ки мо асомии он духтарон ва падаронашонро бо назокатҳое зикр намекунем.

Фарзияи севвум:

Аз рӯи баъзе аз маълумотҳо айни замон Ҷамолиддин қасд дорад дар Олмон мақоми паноҳандагӣ ба даст оварад. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” Ҷамолиддин Нуралиев дар “Отел Боварском лесу” дар минтақаи  “Grafenwiesen” , бо писараш қарор дошта будааст. Ин минтақа дар Олмон макони туристи ва сайёҳӣ буда ҳамагӣ 1400 зиндагонӣ мекардааст. Масоҳати ин минтақа 10 ҳазор км2 будааст.  Бармеояд, ки Ҷамолиддин дар ҳолати вазнин қарор дорад ва ҳеҷ умеде барои оштиву созишу сулҳ бо хусураш надорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Ҷамолиддин аз миёни домодҳои бешумори никоҳиву ғайриникоҳиаш болои хусур хеле нуфуз дошт ва хусур ӯро барои «пулёбу пайдогар» буданаш хеле дӯст медошт ва мифтоҳи ҳама сандуқҳои пинҳон аз назарҳояш дар хориҷаро бо як ҷаҳон ташаккур ва бовар ба дастони пурҳунараш супорида буд.

Назари муҳаллилони оилашинос:

Бархе аз огаҳони авзоъи даруни оила мегуянд, ки инҷо айби худи Эмомалӣ Раҳмонов аст ки дар мақомоти калидии ҳукумат аксаран хешу таборонашро оварда барои онҳо шароити ҷамъоварии сарвату пулро ниҳоят осон кард ва ҳоло акнун онҳо бо ончики ҳам доранд, қаноъат намекунанд, нокофӣ меҳисобанд. Бубинед, ҳамин Ҳасани додарарусаш ва дигар бародарони Ҳасан кӣ буданду чӣ шуданд. Ҳасан дар оғоз бо падараш Асадулло як чупон дашт ба дашту куҳу пушта бо гусфандон мегашт ва сипас як заправчик будаасту ҳар аз гоҳе сахт гизала мешудааст, Олимтой омада бачагияшро ба ёдаш меовардааст. Ҳоло Ҳасан мултимиллиардер асту шумор кудакону занҳояш аз 150 нафар бештар аст ва танҳо дар худи Душанбе ду боғчаи бачагонаи хусусӣ барои фақат бачаҳои Ҳасан фаъолият мекунанд. Ё ҳамин Зоиру Шамсулло ва Зарифбеки домодҳои расмии дигараш ҳам айни замон мултимиллиардеранд. Худи Ҷамолиддин чӣ? Ҳар гоҳе қаҳри Озода меомадааст ба Ҷамолиддин таъна мезадааст, ки ту писари як роҳпоккунак(ПМК) будӣ, ҳоло аз пушти ман ба ин мақому сарвату давлат расидӣ. Дар ҳақиқат ин гап ҷон дорад. Ҷамолиддин ва дороиҳои вай аз садҳо миллион доллар ҳам зиёд аст. Шумо фақат аз «Спитаменбонк» ва ширкати пулчинаки дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва чанд корхонаи вай огоҳӣ дореду халос. Аммо, аз тиҷоратҳои вай дар Амрикову Дубай, суратҳисобҳои оффшориаш дар Қибрису ҷазоири Вирҷиния ва чанд минтақаи дигар огоҳӣ надорем.

Фарзияи  чаҳорум :

Ин нуктаро ҳам мебояд тазаккур дод, ки яке аз фарзияҳои барканории Ҷамолиддин аз тарафи Раҳмонов ин буд, ки гуё Ҷамолиддин ба манфиати Амрико бархе аз сирҳо дар ҳамкории молиявии Тоҷикистон бо Русияро фурухтааст. Гуё Тоҷикистон дар давр задани таҳримҳои байналмилалӣ бо Русия ҳамкорӣ карда бошад. Ин иттиҳом бори дигар он вақт баландтар шуд, ки сафири пешини Иттиҳоди Аврупо баъди чанд муддат аз барканории Ҷамолиддин ӯро «ситораи фардо»-и Тоҷикистон ва яке аз ҳирфаитарин мутахассисони арсаи молияи Тоҷикистон баҳо дода ҳузури ӯ дар ҳукуматро барои равобит бо созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла молиявӣ бисёр ҳам муфид ва муассир хонд.

Дар воқеъ, наздикону бастагони дар ҳукумат овардаи Раҳмонов ба ҳадде ҳавасбозу орзупарвар шудаанд, ки гоҳо ба гуши Раҳмонов хабарҳое мерасанд, ки вай мешунавад, аммо бовар намекунад. Масалан наберааш Исмоил дар Наврӯзи 2018 кам монда буд, ки дар як маъракаи бузкашӣ панҷ духтарро ҳамчун «солим»-ҷоиза ба паҳлавонҳо бидиҳад.

Ҳамчуноне мову шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дидаасту мебинад.

Раҳмонов то метавонисту то тавониста истодааст хешу таборонашро дар гирдаш ҷамъ мекунад. Дар Иҷлосияи 16- дар соли 1992 дар Хуҷанд гуфта буд, ки як камбағалбача асту  як бародари тракторчӣ дорад ва дар авлодаш ба ҷуз худаш касе дигар диплом надорад. Аммо ба назар мерасад, ки хешовандонашро ниҳоят дӯст медорад. Ба бародари домоду ҷияни домоду ҷияни келину рафиқи ҷияни келину қайсангули шоферу ҳевару хусурбурдаҳо вазифаҳоро дорад тақсим мекунад.

Ҷамолиддин- домоди ба ин сатҳу сифат ба ин андоза дар сатҳи болои боло иртиқоёфта ба ин роҳатӣ бояд канор зада бишавад? Албатта,  бояд далелу сабаби ҷиддие бошад.

Фарзияи  панҷум ва хатарнок:

Бинобар маълумоти ахиран ба дасти мо расида сабаби аслии барканории Ҷамолиддин Нуралиев, аз мансаби муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мухолифати ӯ бо президенти оянда шудани Рустам будааст. Ӯ дар як суҳбати шояд саридастурхонӣ ба Раҳмонов номзадии худро ба президентӣ пешниҳод кардааст. Далелаш ин буда, ки Рустам аз уҳдаи президентӣ намебарояд ва атрофиёнаш низ ба ӯ таъсири бад доранд. Ҷамолиддин пешниҳод кардааст, ки Рустам ҳамчун шахси дуввуми давлат боқӣ монад вале президент худи ӯ яъне Ҷамолиддин шавад. Ҷамолиддин хостааст Раҳмоновро бовар кунонад, ки бо президент шудани ӯ бақои оила дар ҳукумат ва давлат таъмин шуда, манфиатҳои оила низ ҳифз хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ агар Рустами «бетаҷриба» ва «бедониш» президент шавад, манфиатҳои оила дар хатар қарор мегиранд.

Манбаъи мо мегуяд Раҳмоновро ин пешниҳоди рӯйирости Ҷамолиддин Нуралиев сахт ба қаҳр овард ва фармони аз кор гирифтани Ҷамолиддин содир шуд. Ҳатто суҳбати домоду хусур беш аз се соат идома дошта будааст. Ин манбаъ гуфт, ки фарзияҳои дигар шояд ҷон ва ҷо дошта бошанд вале аслӣ ва асосӣ нестанд ва наметавонистанд ба барканории Ҷамолиддин оваранд.

Боз ҳам такрор шавад мегуем, ки ин айби худи Раҳмонов аст ки дар давру бараш аз наздиконаш хеле ҷамъ ва онҳоро лусу ҳавасбоз кард.

  “Ҷамъоварии ғайримуқаррарӣ ва фантастикии сарвату пулу мол аз тарафи як тудаи гушнаву нодида ва яку якбора ба миллионҳо дастрасӣ пайдо кардани онҳоро дар воқеъ сабаб ҳамин Раҳмонов шуд. Аммо, нафси одамӣ таг надорад мегуянд, ки дуруст асту рост. Ҷамолиддин ҳам дид, ки Раҳмонов бо ин ҳама саводу фаҳмишу дониши як дар садӣ ин ҳама муддат дар қудрат аст ва дар сари қудрат будан чи қадар пулу даромад дорад, раги нафсаш ҷунбид ва ақлашро зоил кард. Албатта ин мушкилоти моҳи январӣ ва февралии кишвар дар ин сардиҳо ба хуби нишон дод,ки Рустам аз уҳда ва идораи танҳо Душанбе натавонист баромада. Акнун идораи комили кишвар дар ҷойи худаш.”

Ҷамолиддин Нуралиев  гумон кард, ки Раҳмонов ҳамакнун пиршуда шояд ӯро бипазирад, чун худи Раҳмонов ҳам фаҳмида истодааст, ки Рустам аз уҳдаи кор намебарояд. Ҷамолиддин гумон надошт, ки ин пешниҳод боиси қаҳри Раҳмонов мешаваду ӯро аз ҳама ҷо берун мекунад. Вале ҳоло ончи ки воқеият аст ин аст ки дигар Ҷамолиддине несту Рустам ҳамоно дар пушти шонаҳои Раҳмонов тунд-тунд нафас мекашад. Вагарна Ҷамолиддин дуруст ҳам мегуяд, ки агар Рустам ба ҷойи падар биншинад ин кишвари дар ботлоқ ғутида дигар роҳи халосӣ ва наҷот  нахоҳад дошт…

Share This Article