Ангезаи ҷанги шаҳрвандӣ
(бахши чаҳорум)
Тоҷикистон, як ҷумҳурии ақибмонда ва фақиртарини шӯравии собиқ дар тафовут бо бештари кишварҳои ин қаламрав дар арафа ва остонаи ба даст овардани истиқлол дастхуши ҳаводисе гардид, ки оқибат як ҷанги бераҳмонаи шаҳрвандиро бор овард. Талафоти ҷонии ин ҷанг150.000 ва хисороти модии он 10. миллиард доллар баровард шудааст, ки яқинан ин муҳосибот тахминӣ ва кам аст. Дар ҳоле аз кушташудаҳо то мафқудуласарҳо дар ин ҷангро 301 ҳазор ҳам гуфтаанд.
Агар ин ҷанг набуд, иҷлосияи16 ҳам дар Хуҷанд баргузор намешуд ва ноҷавонмарди ватанфурӯше мисли Эмомалӣ Раҳмонов ҳам абадан рӯйи ҳукуматро намедид. Аммо чӣ чора, ки ҳам ҷанг шуд ва ҳам Эмомалӣ Раҳмоновро дорем. Пас, савол ин аст ки чаро ҷанг шуд ва ё шояд саҳеҳтар ин бошад бипурсем, ки чи боис шудааст ва ангеза ва омилҳои ин ҷанги панҷсолаи бародаркуш чи буд? То ҳамин ҳоло таҳлилгарон дар робита ба ин масъала ду назар доранд. Мегуянд, ин худи тоҷикҳо буданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ замина ва ангеза фароҳам карданд. Боз мегуянд, ки ҷанги тоҷикҳо таҳмилӣ буд ва аз берун таҳрик шудааст. Ҳарду назар ҳам дуруст аст. Ин мо-тоҷикҳо будем, ки ҷанг кардем ва ба бозии бозигарон табдил шудем.
Бале, дар арафа ва оғози истиқлол муборизаи наву куҳна, бархурди аҳзобу ҳаракатҳои навзуҳур бо ҳизби коммунист ва ҳокимияти ҳафтодсолаи вай, агарчи ҷомеаро ҳушёр ва бедор карда равандҳои мардумсолорӣ ва ҳокимияти халқиро ба роҳ мемонд, аммо сарфи назар кардани манофеи геополитикии кишварҳои зинуфуз, бетаҷрибагии неруҳои нав оқибат балои ҷангро овард.
“Ҳудуди 35% ба даст овардани раъйи мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии нахустин дар ноябри соли 1991 барои неруҳои милливу демократӣ дастоварди ниҳоят бузург буд. Ин рақам метавонист то интихоботҳои баъдӣ хеле болотар бишавад. Аммо боз ҳам бетаҷрибагӣ, камогаҳӣ, нопухтагии сиёсӣ, бесабрӣ, шитобу бетобии неруҳои нав барои ислоҳи ҷомеа авзоъро бар суди ҳамон неруҳои куҳна ва рӯ ба Кремл иваз кард.”
Воқеият ин аст ки дар пушти тамоми ҳаводиси рухдода дар Тоҷикистон шурӯъ аз мубориза ва талошҳо барои забони давлатӣ дар солҳои 1987-88, баҳманмоҳи 1990 ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳ дар солҳои 1992-1997сару калаи русҳо намудор аст. Вале ин мавзуъ ва масъалаи навиштаҳои баъдӣ аст.
Аммо ҳоло аз оғози таҳаввули авзоъ баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва сари кор омадани Раҳмон Набиев, собиқ Котиби аввали ҲКТ мегӯем, ки тамоми ҳаводиси баъдӣ, аз ҷумла ҳамин Иҷлосияи16 ва руйи кор омадани Эмомалӣ Раҳмонов пайванди мустақим ба он дорад.
Худо бубахшадаш Раҳмон Набиевро (роҷеъ ба Раҳмон Набиев дар ин риштагузоришҳои худ як матлаби алоҳида дар назар дорем) аввалин иштибоҳе, ки минҳайси раиси ҷумҳурии мунтахаб содир кард, курсии мансуб ба намояндагони водии Қаротегин ва ВМКБ-ро ба як шимолӣ-Сафаралӣ Кенҷаев дод. Тавозуни қудрат дар низоми ҳокимият дарҳам шикаст. Дар ҳоле, ки ин ду минтақа ва низ ақшори миллӣ ва демократигаро ва зиёиёну дигарандешон дучори нокомии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуда буданд ин тарзи муносибати шахси аввал бидуни паёмад буда наметавонист. Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик ва аз ҳаводорони сарсахти Раҳмон Набиев ин тасмими ӯро хатои сахти сиёсии вай меҳисобад, ки баъдҳо аз ангезаҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ шуд:
«Хатоии Раҳмон Набиев, ки С.Кенҷаевро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд, яъне таносуби иштироки маҳалҳои Тоҷикистонро дар давлатдорӣ вайрон кард, боиси идомаи ташаннуҷоти сиёсӣ гардид. Барои ҳамин ҳам моҳи феврали соли 1992 неруҳои оппозитсионӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа эътирозҳои сиёсии зиддиҳукуматиро ташкил карданд. 15 март дар майдони назди театри ба номи Айнии шаҳри Душанбе митинге доир шуд, ки дар он дувуним ҳазор кас иштирок намудан». И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол», Хуҷанд. 2003
Давлати Усмон, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз роҳбарони гирдиҳамоӣ ба хотири ҳимоят аз Маҳмадаёз Навҷувонов, вазири умури дохили дар апрел-майи соли 1992 дар як мусоҳибааш бо BBC-и фоосӣ дар соли 2012 ба ҷойи намояндаи манотиқи куҳистонӣ овардани «одами худӣ»-и Набиевро тафсир мекунад:
«Дар бозиҳои сиёсӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва кӯшишҳои як гурӯҳ барои расидан ба қудрат, бо шумули Сафаралӣ Кенҷаев ва атрофиёни Президент Раҳмон Набиев тавозуни қудратро як муддат аз миён бурд. Аз ҷумла, барканории Қадриддин Аслонов аз мақоми раиси порлумон ва раиси порлумон шудани Сафаралӣ Кенҷаев тавозунеро, ки русҳо дар минтақаҳо эҷод карда буданд, ба ҳам зад. Дар натиҷа, бархе аз мақомоти ҳизби кумунист дар манотиқ, ки мақомҳояшон зери хатар рафта буд, ба тазоҳургарони майдони “Шаҳидон” пайвастанд. Онҳо сокинони рустоҳою навоҳиро муваззаф мекарданд, ки ба тазоҳургарон маводди ғизоӣ ҷамъоварӣ карда ва бифиристанд».
Ин «иштибоҳ»-и Набиев ба муҷарради расидан ба курсии раёсати Шӯрои Олӣ даст ба амалҳое зад, ки рӯёрӯӣ ва мухолифати неруҳои нави милливу демократӣ бо ҳокимият, яъне Набиевро бештар кард.
Манзур муҳокимаи парлумонии Маҳмадаёз Навҷувонов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз тарафи С.Кенҷаев, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва нашру пахши он тавассути шабакаи телевизиони сартосарӣ аст, ки мунҷар ба хиёбонрезии ҷавонҳои бадахшонӣ ва ниҳоят шуруъи нооромиҳо ва ҳамин тавр ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Яъне ангеза ва иллати асосӣ, муҳаррики ҷанги шаҳрвандии панҷсола ҳамин ҳодисаи муҳокимаи Навҷувонов аз тарафи Кенҷаев буд.
Давлати Усмон, ноиби аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегуяд, ки дар гушаи хаёли неруҳои мухолифин гирифтан ва омадан ба сари ҳокимият набуд. Вале иштибоҳоти пайдарпайи Набиев ва Кенҷаев онҳоро водор ба аъмоли ҷавобӣ кард, ки дар ниҳоят боиси хунрезӣ ва ҷанг шуд:
«….ҳеҷ яке аз неруҳо ҳадафи барандохтани ҳукумати вақтро надоштанд. Ва ҳамаи тазоҳуротҳо ва ҳамаи намоишҳое, ки дар он вақтҳо сурат мегирифт бо талабҳо ва дархостҳои баргузории як интихоботи озоду шаффофу демократӣ буд. Бояд бигӯем интихоботи соли 1991 ки дар он Раҳмон Набиев раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд, то як андозае хеле демократӣ буд, бо вуҷуди ҷой доштани қонуншиканиҳо. Аммо мутаассифона иқдомоти ин ҳукумат, яъне гомҳои аввали оқои Набиев баъди ба сари қудрат омадан, ки бо таъқиб ва саркӯбии мухолифин оғоз шуд , мувоҷеҳ ба эътирози ин неруҳо ва ба вуҷуд омадани гирдиҳамоии хеле дурудароз ва дар ниҳояти амр агар воқеиятро бигӯем, сабаби суқути ҳукумати ӯ гардид. Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд. Яке аз сабабҳои аслии эҷоди Ҳукумати мусолаҳои миллӣ ҳамин буд».
Баъдҳо ҳам Р.Набиев ва ҳам С. Кенҷаев дар ҳодисаи муҳокимаи Мамадаёз Навҷувонов гуноҳро бори ҳамдигар карданд. Вале дигар дер шуда буд. Ҷараёни ҳаводис ба ҳадде тунд пеш рафт, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, вале воқеият ин аст ки ин ҷанг аз ҳамин муҳокимаи вазири дохилӣ шуруъ шуд. Ва, метавон гуфт, ки муқассири асосии он Кенҷаев аст. (Дар бораи Кенҷаев ва нақшу саҳми он дар ҷанги шаҳрванди навиштаи алоҳида пешкаш хоҳем кард)
Тарафдорон -и Р. Набиев, «Комиссар катанӣ»-Кенҷаев аз Кулоб ва дигар манотиқ барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ ва ҳукумати то 7 май дар майдони «Озодӣ» тазоҳурот барпо карданд.Дигар саг соҳибашро гум кард.Тақсими силоҳ ба афроди комилан тасодуфӣ аз тарафи Набиев,мусаллаҳсозии Фронти халқӣ аз тарафи русҳо ва узбакҳо, таркиши мина дар майдони «Озодӣ» бо дастони Белоусов, муовини раиси КГБ-и Тоҷикистон, ба батарфи мухолифин гузаштани генерал Баҳром Раҳмонов, фармондеҳи Горди президентӣ, хуллас баҳонаву сабабҳои дигари ҷанги миёни тоҷикҳо шуд. Эътидол ва оромӣ аз байн рафт.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ва яке аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик мегуяд, ки иллат ва ангезаи умдаи ҷанги шаҳрвандӣ ва бахусус то ба панҷ сол идома ёфтани он дар он буд, ки кишварҳое, ки силоҳу муҳимот медоданд, хостҳои худро доштанд:
” Фронти халқӣ зери парчами сурх ва барои барқарор кардани Иттифоқи советӣ меҷангид. Аслан, онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ман ҳайронам, ки чаро имрӯз ҳамаи ин гӯё фаромӯш шудааст. Ҳамон филмҳои мустанади он давраро бинанд, ҳама байрақи сурх доштанд ва мегуфтанд, мо СССР-ро барқарор мекунем. Ва он қишри ҷавононе ки бо номи “оппозисюн” муттаҳам шуда буданд, онҳое буданд, ки бедору худшинос буданд. Онҳо худшиносии миллӣ ва динӣ доштанд ва эҳёи фарҳанги миллию динии мардуми худро мехостанд.”
Аммо иқдомоти ҷавобии бархе аз роҳбарони мухолифин ба пуштибонии русҳо аз Фронти халқӣ масалан, гаравгонгирии мактаби русии Душанбе, эътирозҳо ба ҳузури фирқаи 201 ва аз ин даст мавзеъгириҳо Русияро ба дастггирии ошкорои ҷониби дигар, амалан ба вориди майдони ҷанг шудани он таҳрик дод.
Сайидамир Зуҳуров, раиси собиқи КДАМ-и Тоҷикистон дар як суҳбати матбуотиаш тазаккур медиҳад, ки чунин мавзеъгирии мухолифин боис шуд, ки Русия ба самти Фронти халқӣ майли бештар дошта бошад:
«Мо бояд аз ягон бегона хафа нашавем, аз худамон хафа шавем. Агар мо баақл мешудем, ба ин корҳо роҳ намедодем. Имрӯз чӣ гиребони Русияву Узбакистонро бигирем ва ё мамлакатҳои арабро, ки ба мухолифин шумо кӯмак кардед ё Эрону дигарҳоро. Аслан ман зидди он ҳастам, ки боз коҳи кӯҳнаро кофта бароварда бод диҳем. Вале агар ошкортар дар бораи пуштибонии русҳо ҳарф бизанем, вақте мактаби рақами 8-ро мухолифин гаравгон гирифтанд ва чанд шиори зиддирусӣ дар миён андохтанд, аз ин ҳама тарафи дигар истифода кард. Худашон фаҳмиданд. Аз ҳамон давра шурӯъ шуд, то он давра кадом иртиботу тамос набуд».
Яке дигар аз ангезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба бовари хелеҳо дар асл иллати асосии он вориди саҳна ва рӯи майдон омадани ҲНИТ аст. Бахусус, вақте намояндаи ин ҳизб дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ноиби сарвазир –мақоми баландеро соҳиб шуд, Русия ва Узбакистон қасами ин ҳукумат ва ин ҷангро хурданд.
Генералитети Русия ҳанӯз шикасти хурдааш дар Афғонистон аз тарафи муҷоҳидинро фаромӯш накарда буд, ки дар Тоҷикистон исломиҳо қудратхоҳӣ мекунанд ва инҷо дуруст майдоне барояшон шуд, ки мебоист реванш мегирифтанд. Дар асл туфоне, ки Сангак Сафаров дар садади хезонидани он баромад, туфони ҳаминҳо буд.
Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва сарвазири наздик ба ду соли аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов баъдҳо дар як мусоҳибааш бо радиои «Озодӣ» мегӯяд, ки ончики ин ду кишварро ба шиддат нигарон карда буд ҳамин «исломӣ» шудани ҳукумат буд:
“Ҳарос аз эҳтимоли исломӣ шудани ҳукумати Тоҷикистон дар чашми кишварҳои атроф, бахусус Узбакистон ва Русия хеле бузург буд. Паёмҳои таблиғотии баъзе раҳбарони мухолифон, ки мегуфтанд, “мо 17 сол ба ин чиз омодагӣ дидем” ё “тамоми русзабононро гаравгон мегирем”, он кишварҳоро зидди мухолифон шӯронд. Дар вилояти онвақтаи Ленинобод рӯҳияи зидди ҳизби исломӣ, ки онро “ҳизби ваҳҳобиҳо” низ мегуфтанд, пурзӯр буд».
Худи Давлати Усмон ҳам дертар иқрор ва эътироф мекунад, ки ҳузури намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳукумат ҳарду кишвари Русия ва Узбакистонро сахт нигарон карда буд, агарчи ҲНИТ ва бақия неруҳои нав ҳеҷ нияте, ки дар равобит бо ин кишварҳо мушкил пеш оваранд, надоштанд:
« Бешубҳа нигаронӣ вуҷуд дошт. Зеро кишварҳое мисли Ӯзбакистон ва мисли Русия, ки дар он вақт манфиатҳои бевосита дар Тоҷикистон доштанд аз ба саҳна омадани як неруи ҷадиди сиёсии ношинохта нигарон буданд. Ман фикр мекунам, ки тамоми неруҳои ҳамон вақтаи оппозитсион барои ин ду кишваре, ки манфиатҳои аслӣ дар Тоҷикистон доштанд, яъне Ӯзбакистону Русия нашинохта буданд. На танҳоҲНИТ, балки Ҳизби Демократ, ҳаракати Растохез, неруҳое буданд барои онҳо ношинохта. Ва онҳо аз ин неруҳои озодихоҳ, аз ин неруҳое, ки истиқлолияти воқеии кишварашон ва истиқлолияти воқеии давлаташонро талаб мекарданд нороҳат буданд».
Ангеза ва ё омили дигаре, ки дар охири кор кишварро ба гирдоби ҷангу хун кашид минтақа ва маҳалгироии худи мо тоҷикон буд. Тули солҳои ҳокимияти шуравӣ, ки умдатан намояндаҳои шимол-элитаи хуҷандӣ мақомоти калидии кишварро бар ӯҳда дошт, боиси рушди нобаробари минтақаҳо шуда буд. Ҳамин нобаробарии рушд ва аз тарафи дигар эҳсоси худбартарӣ дар миёни элитаи ҳукмрон сабаб шуда буд, ки намояндагони сиёсии ҷануби кишвар дар нисбати онҳо машкук бишаванд ва ҳатто эътирозоти ботинии худро то сооти лозим пинҳон бидоранд. Акнун, ки дигар Маскав мисли пешина ошкоро наметавонист дар ташкил ва ҷосозии кадрҳо дахолат дошта бошад, бо пеш омадани шароит ин ҳама маддаҳову норозигиҳои солҳо ҷамъшуда бикафад.
Солҳо пеш пажӯҳишгари амрикоӣ, ноиб-президенти Институти байнулмилалии муколамаи давомдор Ренда Слим дар як сӯҳбате бо Салими Аюбзод, хабарнигори донишманди тоҷик, ки роҷеъ ба таҳаввулоти солҳои навад ва ҷанги шаҳрвандӣ матолиби фаровоне ба нашр расонидааст муътақид аст, ки ин ҳолат яке аз сабабҳои асосии эътирозҳо ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд:
“Ба ақидаи ман, сабаби аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон роҳи бознигарии формулбандии тақсими қудрат дар байни минтақаҳо буд. Ба фикрам, статус-ковони кӯҳна ва ҳолати кӯҳнаи қудратмандии сиёсӣ ва иқтисодии як минтақа ба муқобили минтақаҳои дигар акнун дигар қобили қабул набуд. Ба ақидаи ман, ин як инқилобе буд таҳти фишори демократии минтақаҳои гуногун, ки худро ҳалкунандагони як муколамаи тақсими нави қудрат дар кишвар мегумориданд.”
Маҳалгароии тоҷикӣ ба унвони омил ва ё ангезаи ҷанги шаҳрвандиро Эмомалӣ Раҳмонов ҳам зикр кардааст. Вай дар робита ба иллатҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳори назар карда мегуяд, ки аҳдофи неруҳои нав зоҳиран муқобала бо афкори коммунистӣ буд вале амалан мансабдоронро дар заминаи маҳал таҳқиру мазаммат мекарданд:
«Маънои асосии ҳаракатҳои нави ҷамъиятиву сиёсӣ зоҳиран гӯё шикаст додани амалдорони номенклатураи коммунистӣ буд, вале дар амал на ба муқобили идеологияи коммунистӣ, балки бар зидди амалдорони мушаххас муборизаи беамон сар шуд, ки он оғозаш моҳияти маҳалгароӣ дошт» .Эмомалаӣ Раҳмонов, «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин». Душанбе, «Ирофон».1996
Маҳалгироӣ ба ҳайси ангеза ва иллати ҷанги дохилии тоҷиконро Оливер Руа, таҳлилгари фаронсавӣ ҳам таъкид кардааст. Салими Аюбзод менависад, ки Оливер Руа, ки ба ҳайси нахустин намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистони ҷангзада хидмат кардааст, сабабҳои ҷангро як чандгонаи воҳид меномад ва мегӯяд:
“Ман фикр мекунам, ки чанд сабаб вуҷуд дошт. Яке мухолифати мардум ба системи советӣ ва коммунистӣ буд. Яъне мардум озодии бештар мехостанд. Сабаби дуввум миллатгароии тоҷикӣ буд. Ва сабаби саввум — мазҳаб, ислом. Ман фикр мекунам, ки ин се сабаб якҷо шуданд ва ба ин хотир оппозисюн ташкил шуд бар зидди коммунистҳо. Аммо як масъалаи дигар низ буд, ки маҳалгароист. Мухолифати мардуми Кӯлоб ва Ғарм, дар ибтидо сиёсӣ набуд, вале бо мурури замон сиёсӣ шуд.”
Абдулмаҷид Достиев, яке аз ширкатдорони бевосита ва аз шахсиятҳои таъсиргузори ҷараёнот ва ҳаводиси солҳои навадум мегуяд шояд солҳо баъд касе аз мо бовар накунад, ки тоҷик болои тоҷик силоҳу туфанг кашида ҳамдигарашро кушт. Достиев ба яке аз сабабҳои ҷанг чунин ишора мекунад:
«Ин ҷанг ҷанги мо набуд, ҷанги таҳмилӣ буд, ба ибораи дигар “остин аз мо буду даст аз дигарон. Лекин мо бо якдигар нотинҷиву нохушӣ кардем, пас мо гунаҳгорем. Агар баъди чанд вақт дар бораи ин ҷанг касе нақл кунад, шояд ҳеҷ кас бовар накунад, ки одам, тоҷик бо тоҷик ҳамин хел рафтор кардааст».
Аммо ҷаноби Достиев дар китобаш “Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо” дар бораи авомил ва сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтилофоти миёни руҳониён ва масҷидҳоро зикр мекунад:
« Фаъол шудани қисме аз ташкилотҳои динӣ ва ба сиёсат гаравидани онҳо,ба вуҷуд овардани зиддият дар дохили руҳониён ва масҷидҳо доман задани ихтилофҳои миллӣ ва маҳалгароӣ шояд ҷузъи ҳамон нақшаи тахрибкорона буд.
Бо иштироки фаъолонаи «ҳомиёни» дасисабозони марказу дигар минтақаҳо дар байни ду масҷди калони шаҳри Кулоб имомхатибони онҳо ва пайравонашон сар задани задухӯрдҳо дар соли 1991, дар ноҳияи Қубодиён оғоз шудани низоъ миёни мардуми таҳҷоӣ ва куҳистониёни баъдан муқими он ноҳия шуда, зиддияти масҷди деҳаи Ободӣ ва масҷидҳои дигари шаҳри Уротеппа ва ғайра ҷузъи нақшаҳои нобасомонкуннадаи ҳаёти ҷомеа ва оғози мусибатҳои оянда буданд».А.Достиев «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо».Душанбе «Ирофон» 2003
Дар зимн, ин нуктаро ҳам мебояд хотирнишон сохт, ки майдони ҷавобии «Озодӣ» аз тарафи Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳиму Муллоҳайдар, гӯиё ба он ҷиҳат созмон дода шуда буд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусалмонони Тоҷикистон ва депутати Шурои Олии Тоҷикистон ба ҳангоми сари масъулият омадани Акбаршо Искандаров сӯйи вай чашмак зада бошад. Ин «чашмакзанӣ»-и қозӣ яке аз сабабҳои даст ба тазоҳурот задани онҳо шудааст.
“Давлатмоҳ Хоҷаева, ҳамсари Сангак Сафаров солҳо баъд, вақте роҷе ба Сангак сӯҳбат мекард чунин гуфтааст: «Касе ӯро ташвиқ накард. Ӯ ҳама корро аз сари номус кард. Вақте сессияҳо мерафтанд, дар он миён Акбарҷон Тӯраҷонзода чашмак заданд. Саҳар вақте ба кор рафт, ки ҳамаи мардум ҷамъ шуда ва гуфтанд, ки Бобои Сангак агар мо наравем, моро мекушанд. Биё, дар болои сари мо ист ва бо мо рав. Бо роҳбарии халқ ӯ рафт ва халқро солим аз майдонҳо дубора ба Кӯлоб равон кард. Баъд аз омадани мардум худашро панҷ рӯз дар қозиёт бо Рустами Абдураҳим манъ карданд.»
Ин дар ҳолест ки Давлати Усмон, муовини онвақти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегуяд, ки кишварҳои Русия ва Узбакистон ҳатто қабл аз ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар моҳи майи соли 1992, ки комилан қонунӣ ва дар чаҳоруби мавозини байналмилалӣ таъсис дода шуда буд ҳадафҳои муғризона доштанд:
«Ҳанӯз қабл аз ташкили Ҳукумати мусолаҳаи миллӣ он қудратҳое, ки неруҳои тоза нафаси сиёсиро қабул надоштанд – Русия ва Ӯзбакистон ҳанӯз ҳатто пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991 аллакай онҳо кишварро ба ду тақсим карда буданд. Шимоли кишваро бо як қисмати ҷануб ва бо мардуми ӯзбакзабон муттаҳид карда буданд. Ва нашинохтани Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ҳам барномаи қаблан тарҳрезӣ шуда буд.»
Ба ақидаи таҳлилгари тоҷик Нуралии Давлат нооромӣ ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон имкон дошт дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 ба вуҷуд ояд. Вале аз Маскав онро фуру нишонданд, ки ба гумони ғолиб мувақққатӣ буд:
“Бо шурӯъ шудани воқеъаҳои феврали ҷанг дар кишвари мо шурӯъ шуд, аммо бо зӯри нирӯҳое ки аз дигар ҷамоҳир оварданд, қуюди шабгардӣ дар Душанбе то фурӯпошии шӯравӣ давом кард, дар соли 1992, вақте Тоҷикистон давлати мустақил шуд, ҷанг шиддат гирифт.”
Бо ин ҳама Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифта натавонист, агарчи яке аз аҳдофи асосии иҷлосия қатъи ҷанг ва хунрезӣ буд ва Р. Набиев ҳам вақте дар ин ҷаласа истеъфо кард, бо ҳамин шарту хоҳиш буд, ки ҳукумати нав ҷилави бародаркуширо мегирад.
Мо, ростӣ, наметавонем бигӯем, ки тавонистем ба ин саволҳо, ки ангезаву авомили ҷанг чӣ ва кӣ буд ҷавоб додем вале ҳоло дунболи ин саволҳо хоҳем буд, ки чаро Иҷлосияи 16 натавонист ҷангро пешгирӣ кунад ва оё дар асл чунин хоҳише дошт ва ё инки мақсади он дигар буд, ки панҷ сол ҷанг идома кард ва Тоҷикистони фақиру кучак танҳо кишвари вомонда аз шӯравӣ буд, ки барои истиқлол ҳамчунин баҳои сангине пардохт аммо ба ҳадафи худ то ба имрӯз расида натавонист….
Поёни бахши чаҳоруми мо ва бахши панҷуми мо “Чаро Иҷлосияи 16 ҷангро қатъ накард?” буда роҷеъ ба ин масала хоҳем пардохт, то иллаташро пайдо намоем.
Бо “Ислоҳ” бошед, то аз ин масала ҳам огоҳ гардед…