30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия?№5

Ислоҳ нет

Чаро Иҷлосияи 16 ҷангро қатъ накард?

 (бахши панҷум)

 Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифта натавонист. Агарчи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон эълон кард, ҳадафи вай ва ҳукумати нав гирифтани пеши роҳи ҷанг ва барқарории сулҳу субот дар кишвар аст, вале чуноне шоҳид ҳастем, ҷанги шаҳрвандӣ дуруст ва дақиқ баъди ҳамин иҷлосия сахттар ва масоҳату миқёси он васеътар шуд. Хуб, чаро ҷанг қатъ нашуд, дар ҳоле, ки ҳукумат нав шуд ва ваъда кард, ки сулҳу суботро барқарор мекунад. Пурсиши дигаре, ки филҳол ба зеҳни ҳар касе дигар ҳам хутур мекунад ин аст, ки оё имкон дошт, мумкин буд, ки пеши роҳи ин ҷанги дар ҳақиқат бемаънӣ ва таассуфбор ва кишварсӯз гирифта бишавад?  Ва, агар имкону шароит вуҷуд дошт, пас чаро роҳбарияти ҷадид, масалан ҳамин Раҳмонов, Достиев ва дигарҳо коре накарданд?

“Посухи возеҳ ва дақиқ ин аст, ки Раҳмонов камтарин талош барои ҷилавгирӣ аз ҷангро накард, даст наҷунбонд. Чунки ин иҷлосия аслан бо ҳадафи қатъи ҷанг ва барқарории сулҳу созиш ташкил нашуда буд. Ва, Раҳмоновро ҳам қувваҳое, ки сари қудрат оварданд ҳадафи бо ин зудӣ ором кардани Тоҷикистонро надоштанд. Шарту шурут доштанд, ки мо дар бораи ин шартҳои онҳо дар навиштаҳои қаблӣ аз қавли Акбаршо Искандаров, ки дар Иҷлосияи 16 курсии Раёсати Шӯрои Олиро барои Раҳмонов тахлия кард, ёдовар шуда будем.”

Роҳбарияти Русия ва бахусус Узбакистони ҳамсоя бо овардани Эмомалӣ Раҳмонов ба қудрат дар шумори шартҳои дигар ин шартро пеш гузошта буданд, ки бояд Эмомалӣ Раҳмонов роҳбарияти мухолифинро ҷисман нобуд кунад ва қувваҳои нави сиёсӣ ва билхоса Наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳадде саркуб кунад ва бизанаду нобуд кунад, ки дигар сар боло карда натавонад. Аммо ин шарт ва ин нақша маҳол буд, ки ба осонӣ даст бидиҳад.

Иброҳими Усмон, коршиноси ҳаводор ба Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вай иллати ҳарчи зудтар қатъ нагардидан ва ё таври дигар идома пайдо кардани ҷанги шаҳрвандиро дар он мебинад, ки Раҳмонов муваффақ ба нобуд кардани роҳбарияти мухолифин нашуд ва онҳо “сиҳат ва саломат” тарки кишвар карда ва муқовимат ба ҳукумати навро ба роҳ монданд:

«Чаро баъди таъсиси давлати қонунӣ ҳам ҷанг идома ёфт ва террор ин қадар шадид ва гирифтани пеши роҳаш номумкин гардид?

 Инро дар баробари омилҳои дигар, аз ҷумла дар ин сабабҳои зерин низ суроғ кардан мумкин аст, аксарияти роҳбарони дараҷаи аввали сиёсӣ ва идеологии ҳукумати то иҷлосияи 16 бемамноиат Тоҷикистонро тарк карда, дар онҷо қувваҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ташкил доданд ё ба онҳо ёрӣ расониданд. Онҳое, ки ба ҳукумати нав пайвастанд ,ба вай камтар боварӣ доштанд, самимона онро дастгирӣ намекарданд; ҳамаи роҳбарони оппозитсияи мусаллаҳ сиҳат- саломат ҷумҳуриро тарк карда, амали худро идома медоданд, бештарии роҳбарони аслии зидди оппозитсионӣ кушта шуданд, ё дар натиҷаи тафриқа зиндамондаҳо дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд, иддае аз сарбозони бо ҳукумати нав омада дар муносибат бо мардуми оддӣ амалеро пеша карданд, ки эътироззо буд; мақомоти муҳофизати ҳуқуқ муддати мадиде дар муқобили ҷинояткорон ва қотилон кори заруриро анҷом дода натавонистанд, дар натиҷа беҷазоӣ, ҷиноятҳои нав ба навро боис гардид: овоза дар бораи ҷанги милӣ, талоши вазифахоҳӣ ва маҳалгароӣ, ки ба василаҳои гуногун пахш карда мешуданд ва манбааш оппозитсия буд, аз ҷониби ҳукумат амалан пешгирӣ карда намешуд, балки баракс, амалҳое ҳам ба назар мерасиданд, ки ин дурӯғро рост мекарданд; воситаҳои ахбори омма таблиғи яктарафа дошт, мотаму ёдбудҳои пайдарпай тарафи дигарро асабӣ мекард, ҳамарӯза нишон додани як-ду симо дар телевизион эътиқодро ба ҳақиқати вай камтар мекард. Боварӣ ба ин васила ба ҳамкорӣ ва сулҳ намемонд, ҷанг давом мекард.» И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Нашриёти «Нури маърифат» Хуҷанд-2003

Дар ин ҷо мо ба баррасии ин изҳори назари оқои Усмон намепардозем, агарчи дар таркиби он нукоти воқиан ҳам қобили мулоҳиза ҳам ҳаст. Ҳама нотавонӣ ва камбудро ин таҳлилгари муҳтарам бори оппозитсион мекунад, вале нокифоятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нобоварӣ ба ҳукуматдорони нав на танҳо дар байни мардум дар миёни худи ҳукуматиҳо, такрор ба такрор нишон додани “як-ду” симо дар телевизионро ҳам зикр кардааст, ки айни воқеият аст.

Аммо, ончи ки воқеият ва ончи бояд иқрор ва эътиоф бишавад ин аст ки Раҳмонов як бозигар дар “сенариё”-и ин ду кишвари фавқуззикр аст ва аз тарафи дигар вай ҳанӯз намефаҳмид ва фаҳмида ҳам наметавонист ва маъаласаф то ҳамин  имрӯз ҳам нафаҳмидааст, ки раиси як давлат будан ва давлати мустақил доштан чӣ маъное дорад.

Нуралии Давлат, пажӯҳишгари ҳаводиси солҳои истиқлол дар яке аз сӯҳбатҳояш мегӯяд:  “Раҳмонов аз музофот омада буд ва бидуни иродаи Русия ва Узбакистон коре аз дасташ барнамеомад”, агарчи дар қасри Арбоб “оши оштӣ” ҳам хурданд, аммо  ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нуқтаи таммат гузошта натавонист: “Аввал ин ки онҳое, ки сари қудрат омаданд, дар низоми давлатдорӣ қабл аз ин нақши чандоне надоштанд, яъне инҳо таҷрубаи давлатдорӣ надоштанд. Ин як. Дуввуман, инҳо ҳам чандон дар тасмимгирии худ озод набуданд. Ман фикр мекунам, ки Русия ва Узбакистон, ки аз инҳо пуштибонӣ мекарданд, манфиатҳои худро низ думбол мекарданд. Ва севвум ин ки нафарони Ҳукумати Муросои Миллӣ ҳам зиёд моил ба созиш набуданд. Як иллати аслӣ ин буд, ки ҷонибҳо ба ҳамдигар бовар намекарданд. На мухолифин ба Фронти Халқӣ ва на Фронти Халқӣ ба мухолифин.”

 Воқеияти идомаёбии ҷанг ҳам ҳамин аст. Баъд аз онки ҳукумати нав дар ин иҷлосия бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфт шартҳои пешгузоштаи Ислом Каримов дар амал татбиқ шуданд. Аз ҷумла Шӯрои олии Тоҷикистон аз Узбакистон даъват кард, ки неруҳои мусаллаҳи худро барои ором кардани авзоъ вориди Тоҷикистон кунад, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Алайҳи ҳама роҳбарони оппозитсион делои ҷиноятӣ боз шуд ва дар соли 1993 фаъолияти Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳаракати мардумии “Растохез ва Лаъли Бадахшон” дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шуд. Дурусту дақиқ ҳамин кореро, ки ҳоло доранд анҷом медиҳанд.

   “Ҳанӯз, ки иҷлосия дар Хуҷанд бо кори худ поён надода буд, ки ширкати ҷузву томҳои фирқаи 201 ва неруҳои марзбони Русия ҷиҳати саркӯби як тарафи ҷанг вориди масоф шуд ва садҳо ҳазор аз атбои тоҷик якҷо бо роҳбарияти мухолифин Омуро убур ва ба Афғонистон ҳиҷрат кард. Дастаҳои ҷинояткори Файзалӣ Сайид ба рустову деҳоти Кофарниҳон ҳамлавар шуда даҳҳо куштаву садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Раҳмонов дар иҷлосия ин хабарро таъйид кард, ки ҳамчунин ҳодисае дар Кофарниҳон (Ваҳдат)-и имрӯза ба амал омадааст, аммо вай ин ҷуръат ва ин ҷасоратро надошт, ки дастур бидиҳад ва ҷилави ин дастаҳои хуношомро бигирад. Аз тарафи дигар вай худаш ҳам моил буд, ки оппозитсионро ва тарафдорони онҳоро бизананду бикушанд.”

Худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам баъд аз даҳ рӯзи хатми Иҷлосия дар иҳотаи сарбозу афсарони Русияву Узбакистон ва савори тонку зиреҳпӯшҳои ҷангӣ ва зери байрақи сурхи СССР ва байрақи Узбакистон  дохили Душанбе шуд.

Бӯрӣ Карим, дар китоби “Фарёди солҳо”-аш манзараи мазкурро чунин тасвир кардааст:

“Дар болои шаҳр самолетҳои ҳарбӣ паст дар парвоз буданд. Нақлиёти мусофиркаш ҳаракат намекард. Одамон аз роҳу бероҳа суи манзилҳои худ роҳ меҷӯстанд.

Пасон маълум гашт: ба шаҳр ҳукумати ҷадид ворид гардид. Ҳамроҳ бо ҳукумат сарбозони Фронти халқӣ таҳти пуштибонии лашкари рус ва узбак мардуми осоиштаро бо қабеҳтарин шеваҳо мавриди ҷазо қарор доданд.

Террори оммавӣ сар шуд: дар куча, нақлиёти мусофиркаш, ҷои кор, дар хона одамонро ба қатл мерасонданд. Силоҳдорони Фронти халқӣ рӯйхати онҳоеро, ки бояд нобуд карда мешуданд, дар даст доштанд.

  Гӯйё ба шаҳри Душанбе на ҳукумати Тоҷикистон, балки кадом як аҷнабии билкулл бегонае бо силоҳу сипоҳ омада буд ва шаҳрро мехост аз беху бунёдаш барандозад”.

Абдумаҷид Достиев, ки дар он солҳо дасти рости Эмомалӣ Раҳмонов (нафари дуввум) ва мафкурасози вай талош мекунад воқеиятҳоро тавре ба қалам бидиҳад, ки гӯиё дигарҳо нобино ҳастанд ва намедонанд. Бинобар навиштаи вай ин ӯ ва Эмомалӣ Раҳмонов буданд, ки омаданду ҷангро сокит карданд:

«Роҳбарони ҳукумате ки баъди иҷлосияи 16 таъсис ёфт, то сарзаниву авҷгирии ҷанги шаҳрвандӣ ба сиёсате ҳамроҳ набуданд ва ҳизбе ё созмоне надоштанд. Танҳо баъди  пайдо шудани хавфи нестшавии диёру халқамон роҳи наҷотро ҷуста, ҷон ба каф гирифта, байни обу оташ даромада, ҷанг халос карданд, дар гуфтушунидҳои асабхаробкунанда ширкат варзида, тарафҳоро ба ҳам оварданд, вале ҷанг ташкил карда нагурехтанд. Сӯхтори афрухтаи онҳоеро, ки имрӯз аз дур истода бешармона доварӣ мекунанд, хомуш карданд».А.Достиев Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо. Душанбе «Ирфон».

Аммо воқеият чизи дигар аст. Роҳбарияти оппозитсион Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳукумати вайро пазируфт ва талош кард бо вай ҳамкорӣ бикунад. Вале Эмомалӣ Раҳмонов дастури юриш ва ҳамла ба тамоми манотиқи ба истилоҳ оппозитсиониро содир мекард.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, аз роҳбарони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон он замон ба расонаҳо гуфта буд, ки вай талош кард, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов дасти оштӣ дароз кунад вале вай напазируфт, балки таҳдид кард:

  “Он вақт мо назди Раҳмонов намоянда фиристода аз ӯ хоҳиш кардем, ки ба Кофарниҳон ҳуҷум накунад, ва бо кумаки дивизияи 201, ки шояд кафили амният буда метавонист, ба халъи силоҳи ҳарду ҷониб замина эҷод кунем. Раҳмонов амр кард, намояндагонро ҳабс кунанд, танҳо бо дахолати Абдуллоҷонов, ки гуфтааст, ин ашхосро шахсан Ислом Каримов мешиносад, онҳо зинда монданд. Вақте намояндагон баргаштанд, суханони Раҳмоновро ба мо нақл карданд, ки ба оппозитсия ҳеҷ гуна шафқат нест; ё таслим мешаванд, ё несту нобуд карда хоҳад шуд. Баъди он ки бовар кардем урдуи рус бо танку вертолёти худ Кофарниҳонро оташборон мекунад, дигар чорае ҷуз аз гурез намонд”. Бӯрӣ Карим. “Фарёди солҳо”.Москва. “Трансдорнаука”.1995

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода солҳо баъд ҳам иттифоқоти он солҳо ва махсусан Иҷлосияи 16 ро арзёбӣ карда ва ба тафовут аз Достиев, Усмонов ва чандеи дигар онро “оғози бадбахтиҳо” унвон кардааст:

“Бадбахтиҳои мардум аслан баъд аз интиҳои сессия шурӯъ шуда буд. Мутаассифона, дар ин бора талош мекунанд, ҳақиқат пинҳон монад ва ё ҳатто баракси онро мегӯянд.”

Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҳаракати мардумии «Растохез», созмоне, ки дар шумори дигар ҳизбу ҳаракатҳои милливу мардумӣ дар соли 1993 аз тарафи Раҳмонов мамнуъ эълон гардид, ширкатдори ин иҷлосия буд, чун депутати Шӯрои Олӣ буд, низ мегуяд, ки   ин иҷлосия мақсади ҷилавгирӣ аз давоми ҷангро надошт:

“Ман фикр мекунам, ки чизе иҷро нашуд дар он ҷо. Яъне ҳадафи аслии ҷамъ омадан расидан ба як муросову оштиву оромиш буд ва ҳамагон ба ин розӣ буданд. Оши оштӣ ҳам хӯрданд, ҷома ҳам ба ҳамдигар пӯшонданд. Вале дар амал ин кор нашуд. Метавон гуфт, ки ин як нуқтаи чархише буд ба самти дигар.”

Абдумаҷид Достиев боз ҳам бар сари ҳамон андешае, ки дошт, қоим аст. Вай мегӯяд, ки Раҳмонов дар рӯзи ахири ин иҷлосия хабарнигоронро фаро хонд ва таъкид кард, ки бояд дар руҳияи сулҳу созиш барнома ва гузоришҳои худро дуруст кунанд:

«Дар ҳамон Иҷлосия, рӯзи 1 декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олӣ Э.Ш.Раҳмонов, бо мақсади дар доираи низом ва ҳамдигарфаҳмӣ гузаронидани ҷаласа, аз тамоми хабарнигорони дар толор ҳузурдошта ва раиси Садову Симои Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки вазъиятро бо далелҳои дуруст инъикос намуда, мардумро ба роҳи росту ҳақиқат ҳидоят намоянд: «Мо аз рӯзи нахустини Иҷлосия қарор дода будем, ки агар мақсадамон сулҳу салоҳ бошад, бояд ба гузашта салавот гӯем-таъкид кард Э.Ш.Раҳмонов ва афзуд:-Агар имрӯз ҳукумати навтаъсис, ҳануз ба кор шурӯъ накарда, ба ҷустуҷӯи гуноҳи ҳамдигар даст занем, ба мақсад ноил намешавем». А.Достиев «Ситораи ғолиб».Душанбе «Матбуот»2006

Чи гуна ба гузашта салавот. Пас, чаро Эмомалӣ  Раҳмонов дархости Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро барои  сулҳу оштӣ қабул накард? Пас, чаро Эмомалӣ Раҳмонов, ки дигар сардори давлат шуд, хоҳиши нишастан бо мухолифин ва музокира ва мусолиҳи бо онҳоро накард? Фармони эъзоми ҷузву томҳо ба навоҳии Қаротегинро дар 19 феврали соли 1992 чаро содир кард? Дар ҳоле, ки неруҳояш ба ҷуз аз «сарвайронҳо»-и Фронти халқӣ ва ҷузву томҳои артиши 201-и Русия беш набуд. Он рӯз Эмомалӣ Раҳмонов ба мардуми шарифи ноҳияҳои Ғарм, Комсомолобод, Тоҷикобод  ва Тавилдара бо ин мазмун муроҷиатнома қабул кард:

« Ман ҳамчун сарвари давлат, ки бори гарони масъулиятро бар дӯш дорам, дар асоси дархосту талабҳои сершумори мардум, депутатҳои халқии ҳамаи зинаҳо, фарзандони шумо, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ фаъолият доранд, баҳри ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишварамон, решакан намудани бедодгарию ғоратгариҳо, барои ба ноҳияҳои Ғарм, Комсомолобод, Тоҷикобод ва Тавилдара ва дараи Ромит даровардани қувваҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ розигӣ додам». Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо ».

 Дар идомаи суҳбаташ Акбаршо Искандаров ба намояндаи раиси ҷумҳури Узбакистон мегуяд, ки вай ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин пешниҳодҳо розӣ буда наметавонад, чун қабули ин пешниҳодҳо маънои идомаи ҷанг дар Тоҷикистонро дорад:

“Ман дар ҳамон давра барояшон гуфтам, ки ин шартҳоеро, ки пеш гузоштаед маънои аз сари нав ҷангро идома додан аст. Ман ба ин шартҳои Шумо розӣ шуда наметавонам. Мақсади ман ба инҷо омадан пешгирӣ кардан аз ҷанг аст. Гуфтанд, ки Шумо дигар дар инҷо кор намекунед ва ман дар он давра, бовар кунед, ҳаматарафа ин масъаларо намедонистам. Баъдтар дар матбуот хондам, ки касоне рафта дар Термез вохӯриҳо доштаанд, чи гапу ҳарфҳо будааст. Ман ин чизҳои пасипардагиро намедонистам. Дар он давра ҳам намедонистам ва ҳоло ҳам инҳоро донистан намехоҳам. Лекин мо пешакӣ истеъфоямонро эълон карда будем бо шумули Девони вазирони Тоҷикистон, аммо рафтуомадҳо будаст, аз он ҷумла Абдумалик Абдуллоҷонов низ ҷандин маротиба рафтаву сӯҳбатҳову маслиҳатҳо карда будааст. Нигаронии ман аз он буд, ки депутатҳои мӯҳтарами мо, албатта, як қисме аз онҳо низ бо онҳо ҳамроҳ будаанд. Дар Хуҷанд то баргузории иҷлосия як маҷлиси пасипардагие доир шуда будаасту дар онҷо қароре қабул шуда будааст, ки бояд каси дигар раисиҷумҳур шавад ва ҳамин шароитро иҷро намояд, аз ҷумла масъалаи ворид шудани қувваҳо аз Узбакистон ҳал шавад. Он давра фаҳмидем, ки ин масоил бо Русия низ ҳамоҳанг шуда будааст. Мутаассифона, он мақсаде, ки мо доштем иҷлосяи Шӯрои олӣ ба он ноил нашуд. 

Акнун имрӯзҳост,ки Эмомалӣ Раҳмонов аз истиқлоли ватану давлат гап мезанад. Он замон омода буд, ки барои гирифтани курсӣ пушту пеши Каримовро бо забонаш тамизу тоза кунад. Ва, ҳатто ӯро “публично” Каримовро “отамиз” гуфта садо мекард. Ҳатто дар ҳамин САМИТи Самарқанд ,ки дар моҳи Сентиябр баргур гардид якум аз зиёрати падархонаш Ислом Каримов шурӯъ кард.

Дар ҳоле, ки маҳз аскару афсару амнияти ин кишвар дар он солҳо қири тоҷикро бароварда ҷангро то манотиқи куҳистони Қаротегин кашонида буд.

Муҳиддин Идизода, хабарнигори тоҷик, ки шоҳиди бевоситаи бедодгариҳои омилони Узбакистон будааст, дар сӯҳбат бо Салими Аюбзод он солҳоро чунин ба хотир меоварад:  “Ман худ шоҳиди зиндаи ҳамаи қатлу куштор дар ноҳияи Шаҳритус будам. Наметавонам бо навиштаҳо ва таҳқиқоти то кунун анҷомшуда розӣ шавам. Чаро? Барои он ки дар ин ҷо нируҳои беруна рӯирост дахолат доштанд. Хадамоти ҷосусии ба хусус Узбакистон, дар симои Алиев ном полковник, ки худро сардори раёсати СНБ-и минтақаи намедонам Сурхондарё ё Термиз эълон карда буд, гаравгонгирии тоҷиконе, ки дар Шаҳритус анҷом гирифт ва он одамоне, ки аввали моҳи декабри соли 1992 аз сарҳад ба Шаҳритус фиристода буд ва онҳо бовар карданду аз сарҳад баргаштанд, имрӯз муттаассифона ягонтои мардони онҳо зинда нестанд. Аз сарҳад болотар як чоҳ канда буданд ва тамоми мардонро дар ҳамон чоҳ зинда дар гӯр карданд. Аз онҳо осоре нест, ба хусус аз ҳамон қирғизтоҷиконе, ки дар деҳаи Сайёду ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекарданд, аксаран ҷавонон, куҷо шуданд онҳо? Имрӯз онҳо на дар Қирғизистонанд, на дар Шаҳритус ва на дар ягон минтақаи Тоҷикистон. Осоре аз онҳо нест”.

Нуктаеро ҳам, ки Узбакистон ва Русия ба инобат нагирифтанд ва чунин таваққуъ ва пешбиние ҳам надоштанд ин буд, ки фирориҳои тоҷик дар Афғонистон ташкили ҳукумат мекунанд, даст ба муқовимат мезананд ва роҳбарияти неруҳои оппозитсионии тоҷикро Эрон ва Покистон ҳаққи зист ва кору фаъолият медиҳад ва давлати Афғонистон ҳазорҳо мил силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар ихтиёрашон мегузорад. Вагарна Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ҳатто ҳамон Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав дар соли 1997-ро ҳам имзо намекард.

Яке аз қумандонҳои ҷониби оппозитсион, ки дар кори Иҷлосияи 16 ширкат карда буд дар суҳбате бо “Ислоҳ.нет” гуфта буд, ки баъд аз онки шоҳиди ғиромӣ ва дугапиҳои Раҳмонов шуд, яқин кард, ки онҳо мақсади сулҳ надоранд ва мехоҳанд ба Душанбе бо қувва ворид шаванд. Вай гуфт, баъд аз онки аз Хуҷанд омад ҳама  қумандонҳоро ҷамъ кард:

«Хулоса, чи гапу чи коре, ки дар боло зикр кардам, ҳамаашро ҳикоят намудам. Қумандони Ваҳдат, собиқ Орҷоникидзеобод -Ризвон Содиров ба ман муроҷиат кард: ака шумо чи фикр доред? Ман дар ҷавоб гуфтам, ки мо он қадар қуввате надорем, ки бо Армияи Россияву Узбекистон биҷангем. Гуфтам 3 – 4 рӯз фурсат дорем, ки мардуми Бадахшон, Ғарм, Комсомолобод  ва дигар тарафдорони оппозитсияро бо мошинҳо, самолётҳо аз Душанбе барорем вагарна халқро қир мекунанд. Дар ҷавоб яке аз қумандонҳо аз ман пурсид, ки чаро 3-4 рӯз ва шумо аз куҷо медонед?  Ман гуфтам, ки Худо ба мову шумо ақли расо додааст, ман ҳамаро ба шумо фаҳмондам, шумо бояд худатон ақлатонро кор фармоед. Ман гуфтам, ки онҳо то ҷамъу гирд мешаванд, тайёрӣ мебинанд ва то ба самти Душанбе ба роҳ мебароянд, худаш 3-4 рӯз мегузарад. Мо бояд аз ин вақт ва фурсат истифода барем. Хуллас, қумандонҳо гуфтанд, не, намебароем. Пешниҳоди маро мисле, ки ба назар нагирифтанд. Бовар надоштанд, ки аскарони Россия ва Узбекистон ба Фронти халқӣ кумак мекунад. Вале қумандонҳои ҷонибдори Ҳукумати Муросои Миллӣ хуб медонистанд, ки Фронти Халқӣ ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ ва ошкоро намеҷангад. Онҳо танҳо шабонаҳо, ба мисли шағоле, ки ба мурғдуздӣ мебарояд, бо истифода аз торикӣ ба қишлоқҳо даромада, халқро ғорат карда, одамҳои бегуноҳро мекуштанд. Танҳо аз ҳамин хотир, қумандонҳои Ҳукумати Муросои Миллӣ фикр мекарданд, ки зӯрашон ба Фронти Халқӣ мерасад. Аммо бовар надоштанд, ки дар пушти онҳо Русия меистаду Узбекистон».

Дар ҳар сурат баъди маҳз ҳамин Иҷлосияи 16 ҷанги бародаркуш аз Душанбеву шаҳри Қурғонтеппа ва атрофи онҳо ба манотиқи шарқи кишвар кашида шуд. Аммо бо ин тафовут, ки «Фронти халқӣ» акнун аз номи ҳукумат ҷангро идома медоду ҷонибдорони Ҳукумати Муросои миллӣ ба унвони мухолифин шинохта мешуданд.

Аммо Акбаршо Искандаров муътақид аст ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд,  агарки роҳбарияти интихобшудаи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд ба Душанбе тавассути қаламрави Тоҷикистон меомад, яъне мустақим на тавассути Узбакистон. Ин ишораи Акбаршо Искандаров баъди солҳо боз ҳам далолат бар он мекунад, ки пушти ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла Узбакистон меистод. Русия ва Узбакистон дар Тоҷикистон ба як гурӯҳе такя карданд, оварданду дар қудрат нишонданд, ки аз ҳар лиҳоз пасту палид ва воқиан ифлос буданд.

Ин гурӯҳ, ки дар раъси Раҳмонов то ба имрӯз қудратро қабза кардааст, бо вуҷуди ин ҳама хунрезиву бародаркушӣ ҳамин ҳоло ҳам ҷуз аз ҷангу хунрезӣ роҳи дигари идораи давлатро надорад. Намунаи рӯшани он дар ҳамин баҳори соли ҷорӣ яксара қир кардани додхоҳони бадахшонӣ дар ин вилоят буд, ки даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Инчунин ончи дар сарҳади Тоҷику Қирғиз гузашт аз тинату атвори ин режим асту машаъ мегирад.

Поёни қисмати панҷум ва қисмати шашуми мо “ Қасри Арбоб чи ҳолу вазъе дошт?” мебошад,ки бояд ҳар хонанда ва бинанда аз вазъияти ин қаср огоҳии комил дошта бошад, то вазъиятро беҳтар фаҳмад. Чун,ки Қасри Арбоб маконест, ки дар онҷо ин ҳама моҷаро гузашта буд. Агар аз он маълумот надошта бошем хело аз паҳлуҳо барои мо равшан намешаванду пӯшида боқӣ мемонанд.

Share This Article