«Ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмонов аст…..давом дорад»

Ислоҳ нет

табрикоти Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи «Ислоҳ» бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

   Пас аз гузашти 26 сол аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ имсол ин сана мутобиқ омад ба бузургтарин рӯзҳои сол ва он ҳам “Рӯзи арафа”. Ҳама мусалмонони олам дар ақсо нуқоти олам ин рӯзро гиромӣ медоранду дар он рӯза медоранд, то Аллоҳ ба бузргии ин рӯз гуноҳони соли гузашта ва соли ояндаашонро бибахшояд. Аллоҳ ба бузргии ин рӯз савганд ёд намудаасту аз он тамҷид намудааст. Миллионҳо ҳоҷиён аз ақсо нукоти олам ин рӯзро дар саҳрои Арафот мегузаронанд ва агар ҳоҷие ин рӯзро дар наёбад ҳаҷҷи ӯ пазирӯфта нест. Ҳоҷиён имрӯз дар саҳрои Арафот пас аз адои зуҳр,то ғуруб дуъо менамоянду аз Аллоҳ омурзиш металабанд. Худо кунад ҳоҷиёни мо намояндагони миллати мазлум дар ин рӯз барои миллат ва ватани азизамон дуъоҳои холисонаи худро намоянду наҷоти ин миллат ва мардумро аз Аллоҳ таманно намоянд. Муҳим ин сол яъне 2023 ин санаи таърихӣ дар чунин рӯзи бузурге мусодиф омад.  

Раҳмонови алайҳилаъна ва касиф имрӯз аз сулҳу оштӣ дам мезанад, агар ҳама мусалмонон рӯза дор бошанду дуъову ниёиш намоянд ӯ Водка менӯшаду масту махмурӣ қудрат аст.  Агар Раҳмонов аз сулҳу ошти дам мезанаду ҳамеша миллатро ба “Шукрона кунед” даъват менамояд аммо ӯ ҳаққо,ки дурӯғ мегуяду як каззобу авантюристе беш нест. Мумкин аст пурсед чаро? Бале дур намеравем ӯ чанде пеш дақиқан дар моҳи май имсол  санги сари гӯри Муҳаммадбоқирро канду хароб кард, ки дақиқан ин амалаш аз идомаи ҷанги шаҳрвандӣ мегӯяд.

26 сол аз замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ сипарӣ мешавад, аммо ҳамчуноне мебинем, хусумат, нафрат ва душмании Раҳмонов нисбат ба ин мардум ҳамоно дар ҳоли афзоишу шиддатёбист. Ин бадахлоқи беадаб, ин занбамузди бешараф, ин даюси зану духтар фоҳиша, ин шаробии алкагол, ин беимону аз худову расул бехабар на як бору ду бор нишон дод, ки ба ҳеҷ гоҳ сулҳу оштӣ накардааст. Танҳо фурсат ва маврид мепоист, ки хуни мардумро бирезонад ва ҳамин, ки гуфт, ман дастури қатли помириҳоро содир кардам, гуётарин далел, ҳуҷҷат ва мадраки муътамад бар ин гуфтаи мо, ки то ҳамин ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар идома дорад.

  Имрӯз Раҳмонову дору дастааш аз сулҳ мегуянд. Аммо сулҳ бо кӣ? Ку, дасте, ки фишурд? Тарафи дигари сулҳ куҷост?

Чаро маҳз санги сари гӯри Муҳаммадбоқирро тахриб кард? Магар, ин кор барозанда ва дар шаъни давлате аст ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст ва бадтар аз ин, санги гӯри шахсе кандаву хароб карда мешавад, ки тарафи дигари ҷанги шаҳрвандӣ ва тарафи дигари сулҳу оштӣ буд.

  Раҳмонов ҳеҷ гоҳ, хосса, бо бадахшониву ғармӣ оштӣ накардааст. Раҳмонов қири ин мардумро баровард. Қири ин мардумро ҳамин ҳоло ҳам, ки силоҳ ба замин ниҳодаанду оштӣ шуданд, бароварда истодааст. Худову халқи худову мову шумо шоҳид ҳастем, ки ҳамин ҳоло ҳам садҳо помириву ғармӣ дарбадари кишварҳои аврупоӣ дар талаби паноҳандагиянд, ки яке аз ин ҳазорон нафар худи ман ҳам ҳастам. Инҳо аз Раҳмонов ба ҷое дигар паноҳ мебаранд, амон мехоҳанд. Чунки агар Раҳмонов инҳоро (маро ҳам) биқапад, зиндон мекунад, мекушанд. Пас,чи тавр мешавад гуфт,ки ҷанги шаҳрвандӣ тамом шудааст?

  Ҷанги шаҳрвандӣ тамом нашудааст, давом дорад. Балки ҷанги шаҳрвандӣ ин худи Раҳмонов аст.

   Агар Раҳмонов ҷанги шаҳрвандӣ набошад, ман инҷо чи кор мекунам, ман чаро дар ватани худам нестам? Чаро Прокурори генералӣ дунболи ман аст ва ба суроғи ман миллион-миллион пули халқро масраф карда Париж омаданист?

   Агар Раҳмонов ҷанги шаҳрвандӣ набошад, ин ҳама тоҷик чаро паноҳандаву паноҳҷуст ва аз куҷо омадааст?

  Ҷанги шаҳрвандӣ ин Раҳмонову аъзои бешумори оилааш аст. Ҷанги шаҳрвандӣ истиқрори ҳокимияти як маҳал дар кишвар аст. Ҷанги шаҳрвандӣ бастани масоҷид, ҷанги шаҳрвандӣ, зиддият ва душманиву хусумати бо дину оини ин миллат аст. Як мисол мезанам. Таълими як кудак ва як наврас мамнуъ аст, магар инки мадраса ва муаллиме дошта бошӣ, ки муҷаввизи таълими динӣ дошта бошад. Ҳатто барои падару модари кудак номумкин аст, ки ба фарзандаш биомӯзонад. Ҳоло шумо як касро ном бубаред, як намуна оваред, ки муаллим асту иҷозаи расмии таълими динӣ дорад? Дар тамоми Тоҷикистон биковед, ки ҳамчунин муаллиме дорем? Пас, ин чӣ маъно дорад? Ин магар ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанг бо шаҳрвандон, ҷанг бо муқаддасоти ин мардум, нест, чист? Ва, ин ҷанговар ва ин ҷангсолор, ки бо чунин тарз бо шаҳрвандон ҷангида истодааст, ба ҷуз аз Раҳмонов кист?

 Ҷанги шаҳрвандӣ дар зоҳир қатъ шудааст, тағйири суратӣ кардааст. Вале моҳияташ ҳамон, сираташ ҳамон аст. Ҳоло ҷойи қумандонҳои сарвайронро Рустам, Озода, Парвина, Рухшона, Таҳмина, Исмоил, Зоир, Зарифбек, Ашраф, Шамсулло, Ҳасану Муҳиб, Амриддин, Зайниддину дигару дигарҳояш гирифтаанд. Инҳо Калашников, инҳо Макаров, БМП, БТР надоранд. Аммо инҳо дар дасташон милиса, кгб, прокурор доранд. Дилхоҳ нафарро мешикананд, мешинонад. Молу ҷонашонро меситонанд. Ҷойи ин силоҳҳоро моддаи 307-у 247-ҳои дигар гирифтааст.

  Агар қумандонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо таҳдиду тарс додан чизу чора, молу мулкро кашида мегирифтанд, ҳоло инҳо ин корро ба гунаи дигар бо роҳи «қонунӣ» мекунанд. Масалан тамоми заправкаҳои Умед-88-ро «қонунӣ» карда гирифтанд. Масалан тамоми дороиҳои Зайд Сайидро «қонунӣ» карда гирифтанд. Инҷо метавон садҳо мисол аз чунин «корнома»-ҳои ин сангакҳову файзалиҳои феълӣ, овард. Масалан аз дуздиҳои Ҳасан Асадуллозода, аз дуздиҳои Фароз, аз дуздиҳои “Авестогрупп”,аз дуздиҳои Таҳмина, аз дуздиҳои худи Раҳмонов, аз ғорати Талко, аз ғорату яғмои тамоми дороиҳои ин мамлакат гуфт. Як худи ширкати пулчинаки IRS- чи қадр аз ҷайби мардум ба таври «қонунӣ» дуздид? Ҳамаи инҳо ҷанги шаҳрвандӣ набуда чиянд? Агар Раҳмонов-намод ва рамзу аслу асоси ҷанги шаҳрвандӣ набуд, инҳо ҳамин гуна халқро метохтанду медохтанд? Ҳам дохтан доранд, ҳам тохтан!

  Фикр мекунед, агар ҷангӣ шаҳрвандӣ яъне Эмомалӣ Раҳмонов дар сари қудрат набуд, ин ҳамаи аъзои ин оила, ҳар кадоме он қадар пулдор мешуд, ки яктоӣ бонк мекушод: Спитаменбонк, Коммерсбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон, Ориёнбонк, Душанбе сити, Тавҳидбонк ва даҳҳои дигар? Агар Эмомалӣ Раҳмонов ҷанги шаҳрвандӣ набошад, тамоми аъзои оилаи вай ба ҳукумат оварда мешавад ва тамоми ҳаммаҳалҳои вай вазиру кабир мешаванд? Ин ҷанги шаҳрвандӣ аст ки Рустам одами дуввуму Озода севвуму Рухшонаву Ашраф сафиру ….Исмоил дастбахайр ва Зоир наркокорол шудаанд. Ин ҳама ҷанги шаҳрвандӣ набуда чӣ аст?  Ва, ҳар касе бар зидди инҳо садо баланд кард, ба ин корҳо мухолифат кард, ба зиндон меандозад. Террорист тамғааш мезанад. Раҳмонов вазъияти кишварро ба соли 1992 баргардонд. Неруҳои оппозитсион, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, тарафи дигари сулҳро дигарбора мамнуъ эълон кард. Шароити ҷанги шаҳрвандиро дубора фароҳам кард. Пас, Раҳмоновро чи метавон гуфт, ба ҷуз аз  ҷанги шаҳрвандӣ? Ин Раҳмонов аст ки ҷанги шаҳрвандӣ аст.

 Агар Раҳмонов ҷанги шаҳрвандӣ набошад, чаро ҷавонони миллат ба хидмати сарбозӣ намераванд? Магар облава ҷанги шаҳрвандӣ нест? Облава ҷанг бо мардуми кишвар нест? Бале, ҷанги шаҳрвандӣ дурусту дақиқ худи Раҳмонов аст.

Ҳоло фарқ инҷо аст ки сангарнишинҳо дигар шудаанд. Дигар як тарафи сангар халқ аст тарафи дигар Раҳмонову чор чоплусу чор милисаву прокурори дузду чор мансабдори дузд ва тарафи дигар халқи худо: кулобӣ, ғармӣ, бадахшонӣ, хуҷандӣ, ҳисорӣ, зарафшонӣ, хуллас тамоми Тоҷикистон як тарафи ҷанги шаҳрвандӣ аст, Раҳмонов, оилаи Раҳмонов ва югурдаку думравкаонаш тарафи дигар. Агар пеш ҷанги шаҳрвандӣ миёни Раҳмонову оппозитсиюн буд, ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ миёни Раҳмонов ва тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар симои ҷангсолор ва ҷанговари асосии он Эмомалӣ Раҳмонов ҳамоно хунрезӣ мекунад ва ҷонҳоро  мегирад.

Ҳар гоҳе таҳдид мекунанд, ки «шумо боз соли 92 карданиед, шумо боз мехоҳед оромии кишварро аз байн бибаред»  ва аз ин қабил адабиёти таҳлукаовару тарсафзову ташвишу изтиробангез фаровон истифода ва таъкид мекунанд, бояд ба ҳамин гуфтаҳо, ки гуфтем биандешанд.

 Тарафи дигари ҷанги шаҳрвандӣ, яъне опозитсион нест, мо нестем, вале чаро тарафи дигар ҷанги шаҳрвандӣ-яъне Раҳмонов ҳаст? Мо, ки нестем, мо ки рафтем, чизе нашуд, ку? Чаро Раҳмонов биравад, ҷанг бишавад? Ин ҳама таблиғоту ташвиқот, агитатсияву пропагандаи махсус ва ҳадафмандона аст, ки бо истифода аз он мардумро гӯлу гумроҳ карда ва хуну ҷони халқро гирифта истодааст. Магар Ёқуб Салим, Ғаффор Седой, Суҳроб Қосим ва ҳамон Сангак Файзалӣ ҷангиданду зиндонӣ шуданду кушта шуданд, ки Рустам раиси Маҷлиси миллӣ бишаваду Эмомалӣ Раҳмонов то мурдан дар қудрат биистад ва авлоди яъҷуҷу маъҷуҷашро ба сари халқ оварад?

Раҳмонов набошад…ҷанг мешавад. Охир чаро ҷанг бишавад? Имсол, соли дигар ё баъди ду- се ё панҷ ё даҳ соли дигар мемурад. Пас, баъди ин солҳо ҷанг мешавад? Пас,  мо барои ҷанг аз ҳамин ҳоло худро омода бисозем? Чунки Раҳмонов, хоҳем нахоҳем мемурад. Вале Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо Тоҷикистони бе Раҳмонов чи хоҳад шуд? Ҷанг? Чаро?

Шумо боз соли 1992-ро мехоҳед? Чаро мо соли 1992-ро бихоҳем? Ин Раҳмонову чоплусакону леслесаконаш аст ки бо таҳдиди такрори ҷанги шаҳрвандӣ ба гушҳои мардум макарон кашол карда вале дар пушт фақат ва фақат дуздиву ғорат карда ва ҷони халқро ба лабаш овардаанд.

 Ҷанги шаҳрвнадӣ идома дорад. Ҷанги шаҳрвандӣ онгоҳ қатъ мешавад, ки ман ва манҳо баргардем. Аммо роҳи бозгашти моҳоро кӣ бастааст? Раҳмонов воҳима карда мегуяд, ки ҳаёт ин мубориза аст. Дуруст аст ҳаёт мубориза аст. Мубориза барои накукорӣ, мубориза барои ободиву рифоҳу озодии мардум мубориза аст. Аммо мубориза несту нобуд кардан нест, мубориза зиндониву куштор ва кандани санги қабр нест ва ба ҳабсу бист сол маҳбус кардани Улфатхонум нест. Наход як занро ва он ҳам бидуни кадом гуноҳе 20 сол зиндон андозӣ?

Ҷанги шаҳрвнади то замоне Раҳмонов дар қудрат ҳаст ва то замоне ман дар Париж ҳастам давом мекунад. Мо дар шароити ҷангӣ зиндагӣ дорем. Ин ҷанги миллат бо як як ҷангсолор ва бо одами яроқнок аст. Мо, бояд бо ҳарчи абзору василае, ки дорем бояд муқобили ин беимони номард, ин даюси занбамузд биҷангем, чун чорае бароямон нагузоштааст ва инки «соли 92-ро такрор мекунед, боз ҷанги шаҳрвандӣ мешавад»-гуфтанҳои инҳо набояд тарсид.

Ин гуна ахтору ҳушдордиҳиҳо, ин гуна тарсу ҳаросу воҳимангезиҳо таҳлукаандозиҳо амали ҳисобшуда аст. Ҳар вақт дар хотирҳо зинда месозанд, ҳадафмандона ва барқасдона аст. Ба ин хотир, ки ҳамеша аз ин «одами яроқнок», аз ин «ҷанги шаҳрвандӣ» эҳсоси биму тарс дошта бошем. Чун дар ҳақиқат мо аз ҷанги шаҳрвандӣ сахт осеб дидаем, зарар дидаем, заҷр кашидаем, аммо, бовар кунед, ин балое, ки болои сар дорему «продукт» ва бунёдгузори асосии ҷанги шаҳрвандӣ аст, бадтар аз ҷанги шаҳрвнадӣ моро мекушаду азоб медиҳад.

Раҳмонов худи ҷанги шаҳрвандӣ аст ки болои сари мардум истодааст. Шамшераш хунолуда ва овезон. Ҳар гоҳе бихоҳад хун мерезад, ҷон меситонад. Агар гӯем ҳоло ҳам шамшераш ба ниём надаромада ва аз нугаш хун мерезад валлоҳи ғалат накардаем ва ҳама шоҳиди он ҳастеду ҳастем. Вақте ҷанги шаҳрвандӣ худи раиси ҷумҳурӣ аст, вақте ҷанги шаҳрвандӣ асосгузори сулҳ аст, вақте ҷанги шаҳрвандӣ асосгузори давлатдории навин аст, вақте ҷанги шаҳрвандӣ давлатро инҳисор кардааст, ҳар лаҳза метавонад осебу хисораву зарару зиён бирасонад, чи метавон кард?

Онро чи гуна метавон ба сулҳ бадал кард? Аз он чи гуна метавон халос шуд? Тамоми роҳу василаҳо барои сулҳу оштии ростин ва воқеъиро бастааст, чи кор бояд кард?

Раҳмонов ва дору дастааш бо ёдоварӣ ва таъкиди ҳамешагӣ ва аксаран ноҷо ва нолозим дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ муроду мақсадашон ин нест, ки худашро сулҳовар нишон диҳад.

Муроду мақсади асосиаш ин аст ки нишон бидиҳад, ҷанги шаҳрвандӣ худи вай аст. Вай аз такрори ҳарфи ҷанги шаҳрвандӣ дурусту дақиқ худашро образ, намод ва муродифи ҷанги шаҳрвандӣ кардааст, то ки мардум гуянд сарашу равғанаш, дар сари гураш аз гураш монад ҳамин ҳукумат, анде оромӣ ҳифз шавад. Барои ҳамин муттасил ҷанги шаҳрвандиро ёдоварӣ кардан ҳадафмандона аст. Қасдаш ин аст ки дар афкору азҳони мардум симои худ, сирати худ, сиёсати худро ба унвони ҷанги шаҳрвандӣ тарсиму тасвир ва ҷову фуру кунад.  Ва, мардум ҷанги шаҳрвандиро бинанду тарсанд сукут кунанд. Ризо ва гардан ба ҳар навъи таҳқиру тавҳин бишаванд, то инки ин «ҷанги шаҳрвандӣ» роҳат бошад.

Овардани Рустам идома ва фронти нави ҷанги шаҳрвандӣ аст. Аммо ин бор ҷанги шаҳрвандии вайронгартар, сузонандатар,

Рустам фермаи Мармарӣ дар Ёвонро болои замину хонаҳои мардум сохт. Деҳаҳо аз замину обу чарогоҳ маҳрум шуданд. Фақат барои онки Рустам аз ин ферма даромад бигирад. Ҳоло агар «шоҳбача»-и носерам бо ин ҳама нафси аждаҳоӣ раиси ҷумҳурӣ шавад, ҳамчунин ҷанги шаҳрвандӣ тамоми кишварро фаро намегирад?

Дар хабарҳо омад, ки сардори канализатсияи Панҷекат аз Данғара ва як бачаи 27 сола буд, ки чанд рӯзи пеш мурд. Ҳоло агар Рустам ояд то пионервожатий  дар мактаб ва миробу лесник дар тамоми кишвар аз Данғара намешавад? Дар хабар омад, ки Рустам сармуҳофизи худро барои пул шуда нобуд кардааст, сармуҳофизе, ки наздики 30 сол ҷону ҷисмашро «охранят» кард. Ин ҳама магар ҷанги шаҳрвандӣ нест? Ҷанги шаҳрвандӣ дигар шоху дум дорад?

Бале, имрӯз ҷанги шаҳрвандӣ бо пироҳану бо чодури нав, бо тариқаи нав омадааст. Ҷойи коратро мегирад, хонаву манзилатро мегирад, бизнесатро мегирад,…ҳар чизе бихоҳад мекунад.

Ҳамчуноне тазаккураш рафт тараф ин бор ғармиву помирӣ нест. Тараф ин бор кулли Тоҷикистон аз Кулоб гирифта то Ишкошиму Регар то Масчову Рашт, то Фалғару то Истаравшану Хуҷанд, хуллас, тамоми Тоҷикистон аст. Барои ҳамин Раҳмонов амдан ва қасдан ва дониста ва аз рӯи расчету тибқи проекту программа «ҷанги шаҳрандӣ» мегуяд. То инки пок накунанд, пок нашавад ва Раҳмонов ҳам   ба унвони яроқнок- боевик бимонад.

Хонавода арсаҳоро ишғол кардааст, ҳокимиятро ишғол кардааст, халқро ишғол кардааст. Ва, ин ҳама ишғолҳо «благодаря» ҷанги шаҳрвандӣ аст. Пас, бояд ҳамеша аз ҷанги шаҳрвандӣ бигӯяд.

 Ҷанги шаҳрвандӣ барои Раҳмонов як сипар ва ҷавшани наҷотбахш аст. Ҷанги шаҳрвандӣ дар афкору ақидаи Раҳмонов, дар рафтору атвораш, дар сиёсаташ идома дорад. Вай намегузорад ва ҳадафаш ҳам ҳамин аст ки набигзорад фаромӯш бишавад. Раҳмонов худаш ҷанги шаҳрвандӣ аст.

То замоне, ки Раҳмонов дар ҳокимият ҳаст, ҷанги шаҳрвандӣ тамом намешавад. Раҳмонов худаш намехоҳад, ки ин ҷанг хотима ёбад. Барои Раҳмонов хушоянд ва роҳат аст ки ҳамин фазо ва ҳамин муҳит ва ҳамин тафаккур ва ҳамин шинохт ва ҳамин ҳолат ва ҳамин вазъият ва ҳамин фаҳмиш то ҳамеша боқӣ бимонад. Зеро бо ин тариқа идора ва раёсат осонтар аст чун ба он хугирифта аст. Вайро ҷанги шаҳрвандӣ сари кор овардааст ва вай дақиқан муташаккир ва сипосгузор аз ҷанги шаҳрвнадӣ аст ва вай балад нест, ки дар шароити муқаррарӣ раёсат куанд. Ваҳшат ва даҳшат бояд ҳамроҳаш ва душодушаш қарор дошта бошаду ҳамзамон ва ҳампаҳлу ва ҳамқадам ва аслу асоси сиёсаташ бошад.

Аммо мо бояд ҷанги шаҳрвандиро тамом кунем. Ҷанги шаҳрвандӣ бояд тамом шавад. Аммо чи гуна тамом бишавад. Барои онки ин ҷанги шаҳрвандӣ тамом бишавад ва аз сари мардум биравад мо бояд устувор дар муқобили ин абулҳули хабис истодагарӣ намоему ин ҷанги шаҳрвандиро ором ва сокиту хомӯш намоем.

Share This Article