Чи гуна Э. Раҳмонов ва Фронти халқӣ ба Душанбе ворид шуданд?
(бахши ҳаштум)
Эмомалӣ Раҳмонов аз Хуҷанд ба Душанбе рӯзи 10.12.1992 омад. Баъди як ҳафта аз анҷоми кори Иҷлосияи 16. Омад, аммо сулҳу умеду бовару шодӣ наовард. Минҳайси як ишғолгар вориди Душанбе шуд.
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурӣ Белорус, як диктатори дигар дар густураи шӯравии пешин дар яке аз суҳбатҳояш дар ду соли пеш бо ифтихор иброз дошт, ки «Эмомалӣ Раҳмон, рафиқи беҳтарини ман пулемёт дар сари гардан вориди Душанбе шуд то тартибот ҷорӣ кунад». Лукашенко гуфт барои онки Раҳмонов тартибот ҷорӣ кунад, хеле зиёд «ришдорҳоро» нобуд кард. Лукашенко ҳақ буд ва росту дуруст гуфт. Раҳмонов даромад Душанбе ва қатлу террор, боздошт, зиндонисозӣ, гурезогурези аҳолии пойтахт ва эъдоми сокинон бар пояи маҳалли таваллуд ва мавқеъи иҷтимоиву сиёсӣ ба авҷи аъло расид. Боз ҳам рӯ меоварем ба осори катбӣ аз он рӯзгорони талх, ки мутаассифона тули ин се даҳа талхтару тундтар шуда истодааст:
“Ҳукумат танҳо рӯзи 10 декабр, пас аз 10 рӯзи хатми сессияи Хуҷанд ба Душанбе ворид гардид. Болои танкҳо ва мошинаҳои зиреҳпуш, ки дар паҳлуҳояшон исмҳои «Файзалӣ», Лангарӣ, Турғунбой, Қулбек, Серёжа, Сачан», сабт шуда буд, дар қатори парчами Тоҷикистон байрақҳои Узбакистон ва Русия, СССР парафшонӣ мекард. Аз ҳамин рӯз марҳалаи тозаи фоҷиаи халқи тоҷик шурӯъ мешавад. Гуё ба шаҳри Душанбе на ҳукумати Тоҷикистон, балки кадом як аҷнабии билкулл бегонае бо силоҳу сипоҳ омада буд ва шаҳрро мехост аз беху бунёдаш барандозад. Ҳазорҳо зану кӯдаку пирро аз хобгоҳҳо-сарпаноҳи муваққатиашон берун кашида, таҳқиру шиканҷа мекарданд, ҳарки гумонбар, танҳо гумонбар мебуд, дигар илоҷи зистан надошт.
Дар Душанбе декабри соли 1992 ҳар ки бо худ навишта бо ҳуруфи арабӣ дошт, аз дасти сарбозони Фронти халқии ҳукумати “конститутсионӣ” ба қатл мерасид. Сарбозони Фронти халқии ҳукумати “конститутсионӣ” ҳуқуқ доштанд ин қабил одамонро бикушанд:
ҳаркиро гумонбар ба узвияти ҲНИ, ҲДТ «Растохез» бошад;
ҳар нафаре гумонбар ба ширкат дар майдони «Шаҳидон» бошад;
ҳар нафареро, ки мансубият ба мардуми Рашт дорад;
ҳар киро мансубият ба мардуми Бадахшон дорад;
ҳар фард ва ҷавонмардеро, ки бадахшониасл ва раштиасл буда аз вилояти Қурғонтеппа ба Душанбе аз ҷанг паноҳ бурдааст.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо» Москва, «Трансдорнаука» 1997
Бале, мутаассифона Раҳмонов ва дуздону ғоратгарону одамкушони овардаи вай, ки акнун онҳо на фақат Фронти халқӣ, милисаву сарбозу амнияту ҳама чизи дигар буданд, одамони ҳукумат ва аз номи ҳукумат ҳам баромад мекарданд.
Худи Раҳмонов ҳам ба Душанбе ба унвони «сардори давлат» омад ва ҳукумати ӯро «ҳокимияти конститутсионӣ» хонданд. Инки таъбири «ҳукумати конститсионӣ» як фиребе, як шиори дуруғине беш набуд ва аслан иртиботе бо конститутсия надошт ва як табаддулоте беш набудро борҳо тазаккур кардаанд, ки мо ҳам фуругузор нахоҳем кард, вале дар навиштаҳои баъдӣ.
Абдумаҷид Достиев, муовини аввали Эмомалӣ Раҳмонов ва аз идеологҳо ва роҳнамоҳои солҳои аввали ҳукуматдории вай низ иқрор мекунад, ки силаҳшӯрони бо онҳо ба Душанбе омада, ба ҳадде аз чаҳорчуба берун буданд, ки мардум дар симои онҳо як ҳукуматеро дид, ки фарқе аз ҷинояткор надошт. Вай мегуяд онҳо Душанберо амсоли дигар манотиқи кишвар ба «дуздбозор» бадал карда буданд:
«Чун минтақаҳои задухӯрдҳои шаҳрвандӣ ва баъдан пойтахти ҷумҳурӣ ба дуздбозор табдил шуда, барои олами ҷиноӣ басе гирову муносиб афтода буд, ба авбошони маҳаллӣ дуздону роҳзаноне аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ пайвастанд ва дар замоне, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ ғайриқобили фаъолият шуда буданд, тасаввур кардан душвор нест, ки Тоҷикистон дар рӯбарӯи чи хатари азиме қарор гирифта буд. Бо ба сари кор омадани ҳукумати нави Тоҷикистон ва ҳатто аз ин ҳукумат бархе аз ҷинояткорон наҳаросидаву гурехта пинҳон нашуданд, балки «фаъолият»-и худро ба шароити нави ҳарбию сиёсӣ мутобиқ намуда, бо пӯшидани либоси ҳарбӣ ва бо «намоянда»-и ин ё он мақомоти низомии ҳукумат ё «бачаҳои фалон қумандон» номидани хеш, ба корҳои ҷиноии бадтар аз пешинаашон идома медоданд. Носолимии авзои кишвар ва ногувории ҳолати роҳбарияти давлат дар ҳамин буд, ки аъмоли ҷиноятбори чунин «хизматчиён»-и дуруғин дар байни мардум тасаввуроти нодуруст ба вуҷуд оварда, боиси ташвишу нигаронии онҳо мегардид. Ва бархе одамони ноогоҳ аз рӯи ҳамин тасаввурти нодуруст, дар марги хунини ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва шахсони машҳури мамлакат, ки бо ҳар бори рух доданаш бунёди суботи иҷтимоии бе ин ҳам ноустуворро ба ларза меовард, нақши дасти неруҳои ҳукуматиро медиданд».
Абдумаҷид Достиев. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он». Душанбе: «Матбуот» -2005
Шикори ғармиву бадахшонӣ барои «ҳокимияти конститутсионӣ» ба як кори маъмулӣ табдил шуда ва ҳеҷ мақому мақомоте фронтихалқиҳоро барои ин кор на муҷозот мекард на танбеҳе медод. Донишманди тоҷик Акбари Турсон, ки ин ҳамаро дар он айём шоҳид шуда буд, таҳти таъсири он ҳама бедоду шуру чаповули Фронти халқӣ бо як дарду алам чунин менависад:
«Медонем, ки ҳафтаи аввали ба пойтахт ворид шудани ҶХ Тоҷикистон (Фронти халқӣ) бархе аз асокир амали Исоро аз Мсуо гирифта зодагони осоиштаи Қаротегину Бадахшонро фақат ба хотири ғармию помирӣ буданашон таъқибу тазъиқ ва ҳатто эъдом каданд….Бино ба иттиллои шоҳидон ҷо- ҷо дар таъқиби ба истилоҳ фундаменталистон ҳам аз ҳад гузарониданд! Аз хонаи касе дастхати куҳна ва ҳатто китоби форсиро пайдо кунанд, ӯро мусулмони «бунёдгаро» эълон дошта ҷазои сахт доданд». «Садои шарқ»,№ 7-8-1993.
На танҳо зодагони Ғарму Бадахшон буданд, ки ҳадафи хашм ва тиру корди сарбозону милисаҳои «ҳокимияти қонунӣ» қарор мегирифтанд. Шоирону нависандагон, рузноманигорон, олимон ва ҳар касе, ки рушанфикр буд мавриди таъқиб ва боздошту шиканҷа қарор мегирифт. Ин ҳукумат дигар ба ҳар касе, ки тарафдораш набуд, заррае раҳм намекард. Шоираи машҳури тоҷик Гулрухсор, олими ҳуқуқшинос, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, Шоири халқӣ Бозор Собир боздошт ва зиндонӣ шуданд. Дар манотиқи кишвар низ боздошти шахсиятҳо ва кофтукоби манозили зисти онҳо як амри маъмулӣ шуда буд. Шодравон Ҷумъабой Ниёзов, досенти Донишгоҳи политехникии Хуҷанд, раиси Ҳизби демократӣ дар вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) бо иттиҳоми нигоҳдории патрон дастгир шуд. Ҷарроҳи варзидаи бемористони Мастчоҳ Сайидшо Акрамов низ боздошт гардид, Нуриддин Садриддинов, раиси созмони вилоятии «Растохез» дар Ленинобод бо айни иттиҳом-нигаҳдории патрон дастгир гардид. Ҳамчунин хабарнигорони тоҷик Аҳмадшои Комилзода, Хайриддин Қосим ва Хуршеди Назар бо ҳамроҳии Мирзошоҳи Акобир, раиси созмони «Растохез» дар Ғарм дар сарҳади Қирғизистон дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон супорида шуданд. Мирбобои Мирраҳим ва домулло Маъруфҷони уротеппагӣ 15 январи соли 1993, яъне баъди як моҳи вуруди Раҳмонов ва Фронти Халқӣ ба Душанбе дар Ашхободи Туркманистон дастгир ва ба Душанбе истирдод шуданд, ки ҳар кадоме сол гирифтанд.
Ҳамин тавр алайҳи тамоми роҳбарони неруҳои оппозитсион парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Иброҳими Усмон, муаррихи тарафдори «ҳокимияти конститусионӣ» менависад, ки таҳти таъсири шароити ҷанг ҳукумат қарорҳое содир мекард, ки ба ҳамон давра марбут буданд:
«Дар замони ҷанг ҳукумат қонунҳое қабул мекард, иқдомоте дошт, ки руҳияи ҳамон давраро инъикос менамуд. Масалан, моҳи июни соли 1993 Суди Олии Тоҷикистон дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷамъиятҳои «Растохез» ва «Лаъли бадахшон» мурофиаи ҷиноятие гузаронида онҳоро гунаҳкори ҷанги гражданӣ донист ва фаъолияташонро манъ кард. Дар ҳамин вақт фаъолияти ҳафтанома ва нашрияҳои ҳизбҳои зикршуда манъ эълон гардиданд. Дар қарори коллегияи Судӣ оид ба корҳои шаҳрвандии Суди Олии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1993 омадааст,ки: «Дар саросари ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон созмони «Растохез» -ҷунбиши мардумии Тоҷикистон, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» лағв карда шаванд. .»
И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003
Шодравон Имомназари Холназар, сардабири «Адолат»-органи чопии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар сӯҳбате бо Олег Панфилов, як хабарнигори русзабони тоҷик, ки низ дар шумори садҳо ҳамкасбаш баъди вуруди Фронти халқӣ ва тасаллути Душанбе аз ҷониби роҳбарияти вай тарки кишвар кард гуфтааст, ки ӯро ба «люк»-и самолёт баҷо карда аз Душанбе фирорӣ доданд. Фишори «ҳокимияти конститутсионӣ» болои аҳли адабу зиё дар Душанбе ба ҳадде гарон омад, ки бузургоне мисли Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ҳам тарки Душанбе кунанд: устод Қаноат ба Бишкек рафт ва устод Лоиқ ба зодгоҳаш.
На танҳо нашрияҳои аҳзоби манъшуда, ҳамчунин нашрияҳои хусусӣ ва мустақил ҳам дигар аз тарафи «сардори давлат» ва «ҳокимияти конститутсионӣ» таҳти таъқиб қарор гирифтанд ва кормандони онҳо аз кишвар фирор карданд.
Аммо акнун дар ҷойи онҳо бо супориши Сангак Сафаров аз вилояти собиқи Кулоб ба истилоҳ мутахассисин ба Душанбе оварданд. Ҳикматулло Насриддинов, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ширкатдори Иҷлосияи 16 дар китобаш бо номи «Таркиш» менависад, ки бо дастури Сангак 80 нафар журналисту адибон аз Кулоб ба Душанбе оварда бо хона таъмин шуда ва барои пеш бурдани кори радио ва телевизион ҷалб карда шуданд. Ҷаноби Насриддинов менависад, ки Сангак дастур дод, ки ҳама кадрҳои кулобии Душанбе, ки қасди ҳамкорӣ бо ҳукумати навро дошта бошанд, новобаста ба онки дар гузашта бо оппозитсион буданд, бояд ба ҳамкорӣ фаро хонда шаванд.
Аммо дар муқобил, онгуна ки медонем дар Душанбе ба ғармиву бадахшонӣ дигар рӯз набуд. Ба навиштаи Иброҳими Усмон, аз муаррихони тарафдори Эмомалӣ Раҳмонов «раштинасаб»-ҳо дигар таъқиб ва таҳқир мешуданд:
«Дар шароите, ки дар Хуҷанд иҷлосия давом дошт, бо таҳрики тарафҳо даҳҳо ҳазор нафар аҳолии вилояти Қурғонтеппа ба Афғонистон гурехтанд. Онҳо намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бошанд ҳам, аксарияти кулро мардуми раштинасаб ташкил медоданд. Дар он рӯзҳо ва баъди анҷоми иҷлосия оппозитсия дар Душанбе ба ном артиши миллӣ-демократиро ташкил дода роҳҳои даромад ба пойтахтро банд мекард. Ба воситаи радио ва телевизион ба муқобили қарорҳои иҷлосия таблиғ мекард. Артиши ҳукуматӣ ба шаҳри Душане 10 декабр дохил шуд ва дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ҷанг ба амал омад. Опозитсия ба ҷониби Қаротегин оқиб нишаст ва 20 декабри соли 1992 дар бораи таъсиси Ҳукумати Исломии Ғарм изҳорот дод. Ҷанги байни ҳукумат ва оппозитсия сар шуд, ки дар он аз ҷониби ҳукумат Фронти халқӣ ва милитсия иштирок мекард.» И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистон соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003.
Аммо ҷаноби Усмонов дар ин қисмати навиштааш ба бархе аз воқеиятҳо сарпуш мегузорад ва ё амдан ёдовар намешавад. Гап дар ин ҷо аст ки ҳанӯз иҷлосияи сарнавиштсӯзи Хуҷанд идома дошт, ки калабурону одамхурони Файзалӣ Сайид, яке аз қотилони тоҷикон, фармондеҳи Фронти халқӣ вориди Кофарниҳон шуда даҳҳо нафарро кушт, хонаҳоро оташ зад ва аломат дод, ки Фронти халқӣ «оштӣ» карданӣ нест ва то охир мезанад. Вале ҷониби оппозитсион изҳор дошт, ки омодааст ҳукумати навро ба гулу гулдаста пешвоз бигирад. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон ва депутати Шӯрои Олӣ расман тавассути расонаҳо ин омодагии неруҳои милливу демократиро эълон кард. Аммо чуноне мебинем Раҳмонов ва Фронти халқӣ савори тонку тупҳои аҷнабиҳо ва дар иҳотаи артиши онҳо вориди Душанбе шуд.
Худобиёмурз Эшони Тураҷон (падари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода) ҳодисаи ҳуҷуми Файзалӣ Сайид ба Кофарниҳон ва бедодиҳои вайро чунин ёдоварӣ кардааст:
«Рӯзе,ки Файзалӣ Саийд ба Кофарниҳон ҳуҷум кард, мо маҷбур шудем аз деҳа баромада ба Ромит равем. Ҳамон рӯз ҳафт-даҳ нафар аз колхози мо шаҳид шуданд. Панҷ нафарашон аз деҳаи мо буданд. Мо аз Роҳ омада ҷанозаҳои баъзеашонро хонем, баъд хостем аз ҳавлиямон хабар гирем. Рафтем, ки махсуми Неъмат дар ҳамонҷо аст.
Ман гуфтам: -Эшони Махсум! Акнун рӯзҳои сахт омада истодааст, биё бо мо бош ё хонаи писарат рав ва худатро чанд муддат пинҳон кун. Ниятҳояшон бад аст. Хонаҳои моро охираш вайрон мекунанд.
Гуфт:-Ман ҳеҷ ҷо намеравам, ман мурам ҳам ҳаминҷо мемурам.
Хулоса, ҳеҷ ҷо нарафт. Охираш ин ваҳшиҳо омада, хонаҳои моро оташ заданд, аз ҳамонҷо дастгираш мекунанду мебаранд. Дар ситоди дар колхози Коммунизм ташкилкардаашон шаҳидаш мекунанд. Сарашро аз танаш ҷудо карда, ба назди Сангак, ба Кулоб мебаранд, то нишон диҳанд, ки мо падари Қозиро куштем…». «Ҷаҳон ҷойи гудози дустон аст». с. 1997
Дар китоби «Фарёди солҳо»-и Бурӣ Карим роҷеъ ба ин ҳолат дар иқтибосе аз нашрияи «Садои мардум) 12.01.1993 чунин инъикос шудааст:
«Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон сухан ронда гуфт, ки ҳама мавқеашро нисбати ҳукумати ҳозира муайян кунад ва онҳое ,ки минбаъд дар куҷое зидди ҳукумат варақе нависад, ҳуқуқи маънавии зистан дар Тоҷикистонро надорад. Раиси Шӯрои Олӣ ақидаи худро оиди мавқеи Гулрухсор Сафиева, Б.Собир. Лоиқ Шералӣ иброз намуд»
Яке аз қумандонҳои ҷонибдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, ки гуфтем бо даъвати ҳукумати нав дар Иҷлосияи 16 ширкат кардааст, тарзу тариқи воридшавии Эмомалӣ Раҳмонов ва Фронти халқӣ ба пойтахти кишварро дар суҳбат бо мо чунин қисса карда буд:
«Дар ҳақиқат баъд аз 4 рӯз Фронти Халқӣ аз пушт ва пеш – пеши онҳо армияи Русия ва Узбакистон даромада Душанберо ишғол намуданд, Ҳукумати Муросои Миллиро бошад аз Душанбе берун карданд. Баъд аз ишғол кардани Душанбе Фронти Халқӣ ба амалиёт даст заданро дар пойтахт сар кард. Амалашон асосан аз ғорат кардан, мардуми бегуноҳро куштан, занҳоро таҷовуз кардан, мошинҳо ва хонаҳои сокинони Душанберо забт карда гирифтан, дуздии молу мулки мардум иборат буд. Қаҳрамонии Фронти Халқӣ ана дар ҳамин гуна ҷиноятҳо буд».
Раҳмонов бо сулҳу салоҳ ва нияти оштиву созиш вориди Душанбе нагардид. Вай ин ҷангу хунрезиро замоне қатъ кард, ки дигар оппозитсион зӯраш овард. Барои ҳамин ин ҷанг то соли 1997 идома кард, ҷанге, ки Раҳмонов бо пуштибонии аҷнабиҳо болои халқи тоҷик таҳмил карда буд. Аз ҳамон солҳо буд, ки дигар Раҳмонов барои ҳифзу ҳимояти курсии ба даст овардааш «облава»-ро дар кучаҳои пойтахт шуруъ кард. Чунки дигар Фронти халқӣ барои ниёзҳои Раҳмонов ва нақшаҳояш мувофиқ намеомад. И.Усмонов дар китоби «Таърихи сиёсии Тоҷикистон соҳибистиқлол»-аш дар ин бора менависад:
«Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон то соли 1997 давом кард. Албатта, дар тамоми давра хислати он як хел набуд. Ҳолати Тоҷикистонро то охири соли 1994 ҳолати ҷангӣ номид, баъди он терроризм оғоз ёфт. 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.Албатта, дар замони ҷанг бо аскар ва афсар таъмин кардани он кори душворе буд, ки дар ин раванд камбудиҳи зиёде сар заданд. Аз ҷумла аскаргирӣ аз куча оғоз шуд, ки ин сабаби фирори ҷавонон аз кишвар шуд.»
Бобоҷон Икромов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҳукумати Раҳмонов, ки дар он иҷлосия ба ин мақом расида буд бар ин назар аст ки кина ва ниқору интиқомҷуӣ ба ҳангоми вуруди Фронти халқӣ ба Душанбе ва инки тарафдорони Раҳмонов аз фаъолияти Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ба шиддат норозӣ буданд, нагузошт, ки ҳукумати тоза ба қудратрасида масъалаи оштиву сулҳро ҷиддӣ бигирад. Ва, аз тарафи дигар он замон, замоне буд, ки силоҳдор ва қумандон ҳарфи аввалу охирро мезад:
“Ҳукуматдории шашмоҳаи мухолифони собиқ боиси поймол шудани ҳаққи одамон шуда буд ва табъан вокуниши ҷавобӣ ба бор овард. Аз сӯи дигар раҳбарони интихобшуда, пурра озод набуданд ва рӯҳияро фармондеҳони Фронти халқӣ муайян мекарданд».
Аммо сангинтарин ҷиноёте, ки Раҳмонов баъди касби қудрат ва вуруд ба Душанбе муртакиб шуд ин буд, ки болои Ғарму Бадахшон самолётҳои ҷангии Узбакистонро овард, ки онҳо бомбаборони ин манотиқро ба тарзи ваҳшатнок шуруъ карданд.
Бале, вуруди Раҳмонов ва Фронти халқии вай ба Душанбе Тоҷикистонро ғарқа дар хун кард. Зеро Раҳмонов қасду ният ва муҳимтар аз ин ҳам дастури дигар дошт. Вагарна метавонист дар ҳамон Иҷлосияи Хуҷанд дар қасри Арбоб ҷангро қатъ ва самимона оштӣ бишавад. Чаро Раҳмонов оштӣ нашуд ва «Оши оштӣ»-и Хуҷанд чаро оштӣ наовардро дар матлаби баъдии ин силсила матолиб тақдиматон хоҳем кард.
Дар лаҳзаҳое мо ин қисматро омода менамудем АМИТ “Ховар” як мусоҳибае бо Адолат Раҳмонова анҷом додааст. БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Адолат Раҳмонова: «Бузургӣ ва марди худодод будани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳо аллакай ҳувайдо буд»
Поёни қисмати ҳаштум ва қисмати нуҳуми мо “Чаро «Оши оштӣ»-и қасри Арбоб оштӣ наовард?” мебошад. Матолиб ва барномаҳои “Ислоҳ” дунбол намоед, то таърихи таҳрифношударо хонеду бубинеду огоҳ гардед.