Нақши тазоҳурот ё митингҳо дар баргузории Иҷлосия 16
(бахши бисту нуҳум)
Охирин маҷлис ва ё масофи тазоҳуроти майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби Хуҷанд, ки дар ноябр-декабри соли 1992 баргузор ва беш аз ним моҳ идома ёфт, пирӯзии дуввумӣ бар аввалиро таъмин кард. Мусолаҳаву мадоро ба даст наомад, қатлу куштору хонасӯзиву гурезагӣ, хулоса як ҷанги тамомаёри панҷсоларо ба бор овард.
“Тазоҳуроту гирдиҳамоӣ, раҳпоймоиву хиёбонрезӣ, хаймазаниву эътисоби ғазо, яъне муқовимати майдонии бо иттико ба зӯри издиҳом дар Тоҷикистонро амсоли соири кишварҳои дигар неруҳои оппозитсионӣ вориди муборизаҳои сиёсӣ карданд.”
Аввалин тазоҳуроти пурҷамъият дар Душанбе-пойтахти кишвар дар феврали соли 1990 ба вуқуъ пайваст, ки бинои ҳокимияти онрӯзаро амалан хароб кард. Ҳар се роҳбари аввали ҷумҳурӣ:-Қаҳҳор Маҳкамов, Котиби аввали Ҳизби коммунист, Ғоибназар Паллаев, раиси Президиуми Совети Олӣ ва Иззатуллло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар пайи фишори тазоҳурот истеъфои худро эълон карданд. Аммо мудохилаи Маскав корро дигар кард. Борис Карлович Пуго, вазири корҳои дохилӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ, ки баъдан, баъди онки ГКЧП дар августи соли 1991 шикаст хурд, даст ба худкушӣ зад, вориди Душанбе шуд, пленуми ғайринавбатии коммунистони Тоҷикистонро доир кард ва ин ҳарсе роҳбар зери қавли худ заданд.
Аммо, нуктаи мавриди тазаккури хос аз ин тазоҳуроти аввал ин аст ки дар фазои сиёсии Тоҷикистон чанд масъаларо бармало кард. Яке инки неруҳои нави сиёсӣ, ба вижа исломи сиёсӣ як неруи қавӣ аст ва дар ҷумҳурӣ ҷойгоҳ ва пойдевори муҳкам дорад. Қозии ҷавони мусалмонони Тоҷикистон буд, ки дар асл ҷилави хушунат ва хунрезиҳои бештарро гирифт. Ҳизби ҳоким ва элитаи онвақта ба вузӯҳ дарк кард, ки бо чи неру ва шахсиятҳое сарбасар шудаасту ва дар оянда ҳам кӣ ва киҳо ҷойнишини онҳо хоҳанд шуд. Барои ҳамин ба ин гурӯҳи ҳанӯз пинҳонкор ва ношинохта бо тамоми имконот муборизаро шурӯъ кард ва тамоми иттиҳомро бори онҳо кард. Чуноне имрӯзҳо он корҳое дар гузашта карда буданд карда истодаанд. Ҳамеша таърих такрор мешавад мегуяндаш ҳамин аст.
“Нуктаи дигаре, ки тазоҳуроти феврал, ки бо номи баҳманмоҳ дар таърихи ин миллат сабт шудааст, ошкор кард ин аст ки норозигӣ миёни шимол ва ҷануби кишвар бисёр ҳам амиқ аст. Кумитаи 17 дар раъси Бӯрӣ Карим, муовини аввали Сарвазир ва раиси Госплани Тоҷикистонро мешавад ба ҳайси аввалин талоши гирифтан ва ё мушоракат дар қудрати сиёсӣ арзёбӣ кард, ки баъдҳо дар симои Ҳукумати Мусолиҳаи Милл ва 30%-и баъди ҷанги шаҳрвандӣ талаққӣ кард. Онҳое, ки қурбонии тазоҳуроти феврали соли 1990 шуданд-Бӯрӣ Карим, Нур Табаров, Абдулло Ҳабибов ҳамагӣ кадрҳои ҷануби кишвар буданд.”
Ба ин тариқ дар тазоҳуроти моҳи август-сентябри соли 1991 ҳам асосан мубориза миёни эътирозгарон-норозиёни ҷануб ва ҳукумати ба истилоҳ шимолиҳо буд.
Генерал Саиданвар Камолов мегӯяд шурӯъ аз гирдиҳаиоии феврали сои 1991 то тазоҳуротҳо дар майдони Шаҳидон ва Озодӣ дар апрел ва майи соли 1992 оқибат кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғарқ карданд:
« Гирдиҳамоиҳое, ки аз оғози даҳаи аввали моҳи феврали соли 1990 манша гирифт, мисли боронҳои сели пай дар пай буданд ва якдигарро тақвият медоданд. Неруҳои мансабхоҳу сарватпараст, тӯли як солу ҳашт моҳи баъди гирдиҳамоии феврали соли 1990ум боз дар худ зӯру қудрат эҳсос карданд. Гурӯҳҳои манфиатҷӯи кӯчак, ки пайваста анҷуманҳои кӯчак меоростанд, сарварони онҳо ҳарчанд мақсадҳои худро пинҳон медоштанд, вале бо ҳамдигар дар равобит шуданд ва даромехтанд, чун қатраҳои калон-калони борони сел. Ва моҳи сентябри соли 1991 боз гирдиҳамоӣ дар майдони назди бинои КМ ПК Тоҷикистон бо номи «Шаҳидон» сурат гирифт.
Баъди ҳашт моҳ, яъне апрели соли 1992 гирдиҳамоии 3 юм (апрели соли 1992 баъди тайёрии ҳаштмоҳа дар майдони «Шаҳидон». Ва пас аз камтар аз як моҳ-гирдиҳамоии чорум дар майдони Ленини Душанбе (бо номи майдони «Озодӣ») пур аз садо, доду фарёди оммавӣ!…Ду гирдиҳамоӣ муқобили ҳам. Ин рӯйдод дар асл миллатро ду пораи ба ҳам мухолиф кард ва фоҷиае шуд барои ҷумҳурӣ». Сайиданвар Камолов «Ситораи умед» Душанбе- «Адиб», 2012
Тазоҳуроти моҳи август сентябри соли 1991 дар пойтахти кишвар ҳам тавассути неруҳои нави сиёсӣ-демократҳо, наҳзат, Растохез ва «Лаъли Бадахшон» ҳам тавре маънидод мешуд, ки муқовимат маҳаллӣ, яъне ҷануб бар зидди шимол аст, чун шимол дар курсии аввали қудрати сиёсӣ нишастааст. Аммо ин тазоҳуротҳо вокуниш ба амалкарди ҳукумати марказӣ буд, ки равандҳои сиёсӣ, тағйиру таҳаввулро қабул надоштанд.
Султон Мирзошоев, котиби аввали Ҳизби коммунисти вилояти Кулоб менависад, ки рӯёрӯиҳои майдонӣ миёни коммунистон, ки қудратро аз даст медоданд ва неруҳои нави сиёсӣ, ки ҳанӯз таҷриба надоштанд беш аз пеш авҷ мегирифт:
«24 сентябри соли 1991 коммунистон бо роҳбарии котиби КМ ҲКТ Ваҳҳоб Воҳидов, дар майдони марказӣ гирдиҳамоии серодам ҷамъ оварда, бо талаботи қатъӣ дар маҷлиси Шӯрои Олӣ барои аз раисӣ сабукдӯш кардани Қ.Аслонов муваффақ шуданд. Ҳамчунон Р.Набиевро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Ин қарори Шӯрои Олӣ ба мухолифин хуш наомад ва онҳо бо авҷи ғазаб ба муқовимат хестанд.
Гирдиҳамомадагони дар майдони «Озодӣ», ки мухолифин ташкил карда буданд, талаби қатъӣ гузоштанд, ки Р.Набиев аз ин мансаб равад. Ва рӯз то рӯз шиддати ин даъвою ин талаб меафзуд.
Намояндаҳои Маскав А.Собчак ва акакдемик Ю.Велихов бо супориши Горбачёв ба Душанбе омада, баъди гуфтушунидҳои се рӯза шартномае ба тасвиб расониданд, ки дар асоси он Р.Набиев аз иҷрои вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ даст мекашид ва интихоботи Президент аз 27 октябр ба 24 ноябри соли 1991 гузаронида мешуд.» Султон Мирзошоев. «Дар пайванди ду аср». Душанбе, «Шарқи озод», 2009.
Ба ин тартиб дар ин тазоҳурот ҳам ҳокимони вақт дар баробари неруҳои нави милливу демократӣ шикаст хӯрданд ва Раҳмон Набиев ночор шуд, ки даст аз курсии раёсати Шӯрои Олӣ бикашад.
Инҷо бояд тазаккур дода шавад, ки вақте Қаҳҳор Маҳкамов аз ГКЧП дар августи соли 1991 дастгирӣ кард неруҳои нави сиёсӣ-опозитсиюн бо баргузории як тазоҳурот ӯро маҳкум ва истеъфояшро боз ҳам дар миён гузоштанд. Депутатҳои халқии Тоҷикистон таҳти фишори майдони «Озодӣ» ногузир шуданд, ки истеъфои ҳамакнун раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро дар гарданаш бор кунанд. Маҳкамов истеъфо дод вале коммунистон барои ҳифзи бақои худ дар қудрат Набиевро ҷойи вай оварданд. Чун дар ин миён Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ ба ҷойи Маҳкамов иҷрокуннадаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ шуда буд, аммо азбаски Аслонов фармони манъи фаъолияти ҳизби коммунист, миллисозии амволи онро имзо ва Эъломияи мустақилияти Тоҷикистонро қабул ва қарори кандани ҳайкали Ленин аз майдонро имзо кард, коммунист-депутатҳо ӯро ба иҷбор ба истеъфо фиристоданд. Ва ҳамин тавр муқовимат миёни неруҳои нави сиёсӣ-демократҳо, наҳзати исломӣ ва ҳаракати Растохезу Лаъли Бадахшон шиддати бештар касб кард. Зимнан, ҳам «Озодӣ» ва ҳам «Шаҳидон», ки баъди сари қудратоии Эмомалӣ Раҳмонов табдили ном карданд, номҳое буданд, ки неруҳои нави сиёсӣ гузошта буданд. Майдони «Шаҳидон»-дар назди кохи Раёсати ҷумҳурӣ, собиқ бинои КМ ҲКТ бахшида ба 25 тан шаҳиди баҳманмоҳи соли 1990 ва «Озодӣ» дар рӯбарӯи бинои Шӯрои Олӣ дар пайи баркандани ҳайкали Ленин ва эълони истиқлолияти давлатӣ номгузорӣ шуда буданд.
Анатолий Собчак ва Евгенний Велихов, фиристодаҳои Михаил Горбачев ҳам ба унвони намояндаи Маскав дар ҷараёни тазоҳуроти моҳи август- сентябр ба Душанбе омада дар тағйири авзоъ ва восозии гиреҳи он мудохила карданд.
Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик, ки шахсан муроқиби он лаҳзаҳову рӯзҳо буд, мегӯяд, шиори «Аз хоби гарон хез» ҳам дар майдон садо дод:
«Рӯзи 21 сентябр митинг ба авҷи аълояш расид, дар майдони Озодӣ даҳҳо ҳазор одамон ҷамъ шуданд. Дар майдон шиори «Аз хоби гарон хез» баланд садо медод. Шоми 21 ва 22 сентябр муҷассамаи Ленин аз ин майдон афтонда шуд. Рӯзи 23 сентябр дар ин майдон митинги коммунистон-тарафдорони бақои ИҶШС оғоз ёфт.
Митингҳои моҳи сентябр сабаби тағйир ёфтани роҳбарияти парламенти Тоҷикистон, истеъфои Қ.Аслонов ва аз нав ба қудрат омадани Раҳмон Набиев гардид, яъне 23 сентябр Шӯрои Олӣ ӯро бо 182 овоз раиси худ интихоб кард.» И.Усмонов. «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол». Хуҷанд-2003
Ба ин тартиб ҳам дар тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 бо омадани Пуго ва пахши тазоҳурот тавассути «Алфа»-и КГБ-и СССР ва ҳам дар тазоҳуроти август- сентябри соли 1991 бо фиристодани Собчак ва Велихов Маскав аломат медод, ки Тоҷикистон ҳамоно минтақаи зери сайтараи вай аст. Аммо мудохилаи Маскав дар ҳаводиси баъдӣ дар тазоҳуроти моҳи апрел-май ва ба ду майдони муқобили ҳам гирдиҳам омадани тарафдорон ва мухолифони ҳукумат кишварро ба як ҷанги панҷсола бурд, ки маросими имзои санади созиши тарафҳо ва нахустин музокироти ҳайатҳои дуҷониб ҳам дар Маскав сурат гирифта буд.
Тазоҳуроти майдони Шаҳидон дар апрели сои 1992 дар пайи пирӯзии Раҳмон Набиев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва бохти номзади неруҳои милливу демократӣ, замоне ба амал омад, ки ҳукумати Набиев талош кард, мавқеи худро бо суст кардани мавқеи оппозитсион тақвият диҳад. М.Навҷувонов, вазири дохилро дар як барномаи телевизионӣ Сафаралӣ Кенҷаев дар дуздӣ муттаҳам кард, алайҳи бархе аз афроди саршиноси оппзитсион, эшони Қиёмиддин ва қорӣ Муҳаммадҷон ва Мирбобо Мирраҳим парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуд ва ба қонуни матбуот ислоҳоте, ки маҳдуият ворид мекунад, ворид карда шуд. Ин амалҳои Раҳмон Набиев бо вокуниши сахту шадиди оппозитсион рӯбарӯ шуд. Бахусус, ки Кенҷаев, ки дар мақоми намояндаи Қаротегин ва Бадахшон –раиси Шӯрои Олӣ нишаста ва боз мансабдори бадахшониро суди оммавӣ кард, дигар тазоҳурот дар майдони «Шаҳидон»-ро мадраку далел дод, то таваққуоташон ҳосил бишавад.
Сафаралӣ Кенҷаев, ки дар пайи фишори «Шаҳидон» истеъфо дода буд, мегӯяд, ки «Шаҳидон»-ро асосан муллоҳо ташкил ва сармоягузорӣ карданд:
«Дар рӯзҳои гирдиҳамоии моҳҳои апрел-май майдони «Шаҳидон» танҳо аз вилоятҳои Намангону Фарғонаи ҷумҳурии Узбекистон ба унвони ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз номи зиёда аз бист масҷиди ҷумъахонӣ барқия дохил гардидааст. Ба хазинаи гиридиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» аз муфтии мусулмонони Мовароуннаҳр»-и Осиёи Миёна ҳоҷӣ Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф 200.ҳазор доллари амрикоӣ, ҷонишини ӯ оид ба масҷидҳои Фарғона ҳоҷӣ Абдурауф Ғаффоров 100.000 сум ҳадя ирсол гардидааст.»
Аммо Кенҷаев дар ҳеҷ ҷое аз навиштааш зикр намекунад, ки тазоҳурот ва гирдиҳамоии осоишта дар тамоми кишварҳои бо низми демократӣ як чизи маъмулӣ аст. Ва, аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ барои иҷрои ҳадафҳояшон даст ба нофармониҳои маданӣ мезнанд. Вале ончизе, ки сохта, дурӯғӣ ва ғайривоқеӣ аст ин аст ки ҳукумат ва мақомоти давлатӣ даст ба тазоҳурот бизананд, ҳамчуноне, ки дар муқобили Шаҳидон ташкил кардани майдони Озодӣ бо зодагони Кулоб, кор дасти Набиев, Кенҷаев ва Дӯстов буд.
Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон дар китобаш «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам , аммо..» мегӯяд, ки агарчи мансабдорони бархе аз навоҳии водии Қаротегин ва Бадахшон ба иллати танг шудани нуфузашон дар ҳокимият дар марказ ва маҳалҳо барои майдони «Шаҳидон» ёрӣ мерасониданд, аммо митинги майдони «Озодӣ» дар Душане тамоман кори худи давлат буд:
«Коргардонҳои асосии Майдони Озодӣ номенклатураи ҳизби давлатии минтақаҳои Ленинобод ва Кӯлобу Ҳисор буданд, ки баъди интихоботи Раиси Ҷумҳур мехостанд, мавқеи худро дар тамоми доираҳои қудрати давлатӣ аз ҳисоби саҳмияи номенклатураи Қаротоегину Бадахшон, ки дар ин интихобот ширкат хӯрданд, таҳким бахшанд.»
Рустами Абдураҳим, яке аз лидерони майдони Озодӣ иқрор мекунад, ки онҳоро дар Кулоб барои рафтан ба Душанбе мақомот давъат карданд:
«Мулло Ҳайдар мегуфт, ки республика дар хатар аст. Ваҳҳобиҳо ба сари ҳокимият меоянд. Мо бояд рафта дар Душанбе республика ва парламентро муҳофизат кунем. 21 апрел соли 1992 дар майдони назди комиҷроияи Кулоб гиридиҳамоӣ ба амал омад. Ва рӯзи дигар боз одамон ба ин майдон ҷамъ омаданд. Дар инҷо мулло Ҳайдар халқро ба шаҳри Душанбе таклиф кард, барои барқарор кардани «ҳақиқат».
Сипас Рустами Абдураҳим мегӯяд, ки раиси комиҷрояи шаҳри Кулоб барои онҳо мошин, бензин ва ГАИ дод ва дар Душанбе онҳоро Нарзулло Дӯстов, ноиби раиси ҷумҳурӣ пешвоз гирифт ва азбаски борон буд бо супориши ҳукумат раиси савдои ҷумҳурӣ ба онҳо кафш, ҷуроб, ботинка ва хайма додааст.
Султон Мирзошоев, яке аз роҳбарони пешинаи вилояти Кулоб ба ёд меоварад, ки чи гуна майдони «Озодӣ» дар Кулоб сохта ва сипас да Душане интиқол дода шуд:
«Алангаи гирдиҳамоиҳо дар Кӯлоб низ забона зад. Баъди идома ёфтани талотуми майдони назди КМ дар Душанбе бегоҳии рӯзи 22 апрели соли 1992, намояндагони вилоят, шаҳри Кӯлоб ба Шӯрои Олӣ нома навишта, дар он талаб пешниҳод намуданд, ки гирдиҳамоӣ қатъ, муноқишаҳои хатаровар хотима бахшида шавад. Вале ғайричашмдошт 23 апрел дар маркази шаҳр, майдони назди донишкада, мардуми зиёде, тақрибан аз ҳазор нафар бештар ҷамъ омаданд. Намояндаҳои онҳо ба ҳуҷраи кории раиси комиҷроияи вилоят Қурбон Мирзоалиев омада, хоҳиш намуданд, ки ману раис ба назди мардум биравем. Борони шадиди баҳорӣ меборид. Ману Мирзоалиев ба минбар баромадем. Ба гирдиҳамоӣ Мулло Ҳайдар ва Сангак Сафаров роҳбарӣ мекарданд. Пурсон шудем, ҳадаф аз гирдиҳамоӣ чист? Фаҳмем, мардумро барои ба Душанбе рафтан даъват мекардаанд. Мулло Ҳайдар баландгӯякро ба ман дод.
-Ҳамватанони азиз! Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷумҳурии мо ба ҳама маълум…Куҷо меравед? Алайҳи кӣ нияти даст ба гиребон шудан доред? -гуфта будам, ки баландгӯякро Мулло Ҳайдар аз дастам кашида гирифт.» Султон Мирзошоев. «Дар пайванди ду аср». Душанбе, «Шарқи озод»,2009.
Акнун дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ду то тазоҳурот ва метавон гуфт бо аксарияти зодагони ҷануби кишвар дар муқобили ҳамдигар ташкил шуда буд. Бархеҳо, аз ҷумла худобиомурз Аслиддини Соҳибназар ва Шарофиддин Имомов бар ин назар буданд, ки элитаи шимол тавонист дар байни ин мардум ҷудоӣ биандозад. Вале Карим Абдулов, мудири Котиботи маъмурияти Раҳмон Набиев мегӯяд, ки мухолифин баъди шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мунтазири пайт ва фурсат буданд, ки ба ҳукумат зарба бизананд. Профессор Абдулов дар як сӯҳбати расонаияш мегӯяд:
«Аз ин рӯ, назари ман ин аст ки ҳар як ҳизб дар рушди ҷомеа саҳми худро беғаразона ва холисона бигзорад. Ман дар ёд дорам вақте аввалин президенти Тоҷикистон Раҳмон Набев, ки аз тариқи раъйдиҳии мардумӣ интихоб гардид ва ба кор шурӯъ кард, мухолифин рӯирост мегуфтанд агар ҳукумат иштибоҳе кард мо гирдиҳамоӣ ташкил мекунем, муқобилат нишон медиҳем ва истеъфои онро талаб мекунем. Албатта чунин мавзеъгирӣ хуб набуд».
Барои онки авзоъи он рӯзҳо ва ҳолати тазоҳуротҳо дар ҳарду майдонро, бештар бишиносед ва огоҳ бошед аз чанде аз шоҳидони бевоситаи он солҳо чанд иқтибосеро инҷо лозим медонем биоварем.
Иброҳими Усмон, устоди донишгоҳ ва муаррихи тоҷик:
«Вазъияти майдонҳо хеле пуршиддат буд. Дар майдони «Шаҳидон» монанди пештара тазъиқи танзимшуда шурӯъ шуд: Шеър мехонданд, таронаи инқилобӣ месуруданд, баёнияҳо гуфта мешуданд, шиорҳо меандохтанд, сурае аз қуръони маҷид тиловат, аҳли майдони «Озодӣ» ба кофириву хушомадгӯӣ ғуломиву ҳалқабаргӯшӣ муттаҳам мешуд. Аз овози дастаҷамъиву муташаккилона замину замон меларзид. Аз навоҳӣ дар мошинҳо одамон меомаданд. Майдон пур, хаймаҳо аз нав пайдо мешуданд. Эълони ёрии муассисаҳову масҷидҳо дар авҷ буд.
Дар майдони «Озодӣ» муташаккилият камтар буд. Мегуфтанд Сангак ном шахсе, ки 20 соли умраш дар маҳбас гузаштааст, Рустами Абдураҳим, раиси Раёсати маданияти Кӯлоб, Абдулло Очилов ва Мирзо Самиев ба штаб роҳбарӣ мекарданд. Роҳбари маънавӣ қозии Кӯлоб Ҳайдар Шарифзода буд. Аммо барои аҳли Душанбе ин номҳо ҳанӯз нав ва шарҳҳояш нофаҳмо буд.» Иброҳи Усмон. «Соли Набиев». Душанбе 1995
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешин ва депутати халқии Тоҷикистон:
«Рӯзи дигар митинги майдони Озодӣ бо ҳамон шӯру ғавғое, ки шурӯъ шуда буд, идома дошт. Хаймаҳо пайдо шуданд, дегҳои калон-калони хӯрок барои мардум омода буд, дар дохили бинои Шӯрои Олӣ барои Штаби митингчиҳо утоқҳои корӣ доданд.
Аз ҳамин бинои Шӯрои Олӣ ба ҳамаи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи Ҷумҳурӣ, раисони колхозу директорони совхозҳо, ки зодагони Бадахшону Қаротегин набуданд, дастур доданд, ки барои ташкил сафарбар намудани мардум ба митинг нақлиёт ҷудо кунанд, барои пуштибонию таъмини хӯроки гарми митингчиҳо маблағҳои зарурӣ ҷамъоварӣ намуда ба Штаби майдони Озодӣ бифрисанд.» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо…»
Нуралӣ Давлат, муаррихи тоҷик дар як матлабе таҳти унвони «Шаби ялдо-2» менависад, ки вақте сокинони Кулоб барои тарафдорӣ аз Кенҷаев ва Набиеву Дӯстов ба Душанбе омда ва дар майдони «Озодӣ» даст ба тазоҳурот заданд, роҳбарони ҳукумат аз хурсандӣ дар курта намегунҷиданд:
«Роҳбарони олирутбаи кишвар, ки аз омадани мардуми Кӯлоб хуш истиқбол карда буданд, суханронӣ карданд. Ҳам Набиев, ҳам муовинаш Нарзулло Дӯстов ва дигарон. Аммо аз ҳама бештар ҳамовозӣ дар ин майдон Сафаралӣ Кенҷаев дошт. Ӯ, ки ҳоло раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шуда буд, дар майдони «Озодӣ» назди гирдиҳамомадагон суханронӣ намуда, аз ҷумла, гуфт:
«Бародарони гиромӣ! Барои ман шуда, аз ноҳияҳои дурдаст омадед. Ташаккур мегӯям ва сари таъзим фуруд меорам. Дар яке аз машваратҳо бо оппозитсия, ки Тоҳири Абдуҷаббор, Соҳибназаров ва дигарон иштирок доштанд. Набиев гуфта буд, ки агар Кенҷаевро ба истеъфо фиристонем, майдон аз мардум пур хоҳад шуд. Онҳо «не» гуфтанд. Гуфтанд, ки агар як нафар ба майдон ояд, мо зомин мешавем. Манро маҷбур намуданд, ки ба истеъфо равам. Агар оппозитсия мард бошад, аз рӯи адолат мансабҳоро бигирад».
Иброҳим Усмон ёдовар мешавад, ки фишори майдони Шаҳидон болои ҳукумат ба ҳадде ҷиддӣ шуд, ки Набиев маҷбур шуд аз ҳисоби майдони Озодӣ нафаронро мусаллаҳ бисозад:
«30 апрел бинои Раиси ҷумҳур муҳосира ва кормандони он ҷо буда гаравгон гирифта шуданд. Ҷавонони машқдидаи сафкашида гоҳ дар назди вокзал, гоҳ дар назди майдонҳои Айниву 800-солагии Москва, гоҳ дар ТВ марши гузар ва митинг мекарданд. Хатари ҷанг меафзуд. Рӯзи 3 ё 4 май бо фармони Раиси ҷумҳур гвардияи миллӣ таъсис шуд, ки ба он асосан аҳли майдони «Озодӣ» дохил шуданд. Ба онҳо яроқ дода шуд: 1700 автомат.» Иброҳими Усмон. «Соли Набиев». Душанбе 1995
Ҳукумат «Озодӣ»-ро мусаллаҳ ва амалан заминаи ҷангро байни ин ду майдон, ки дар фосилаи 500-600 метр воқеъ буданд, фароҳам кард. Бӯрӣ Карим, менависад, ки акнун ба назар мерасид, ки қувваи беруна барои дар бозӣ ширкат кардан шароити мусоидро ба даст овард:
«…баъди онки майдони «Озодӣ» мусаллаҳ карда шуд, рӯзи 3 май ба майдони «Шаҳидон» низ як мошини пур аз автомат омад. Мардуми майдон онро гирд карданд ва хостанд силоҳҳои онро соҳиб шаванд. Вале сарварони майдон ба ин кор монеъ шуданд ва мошинро бо силоҳаш ба идораи қозиёт бурданд. Маълум гардид, ки гӯё ронанда роҳро ғалат карда ба майдони «Шаҳидон» омадааст. Вале ин амал ғайри авантюра чизи дигаре набуд. Ва чанд мақсад ҳам дошт. Якум пурра силоҳдор кардани майдони «Шаҳидон» дар муқобили «Озодӣ», дуввум, майдони «Шаҳидон»-ро ба роҳзанӣ айбдор кардан, ки гӯё як мошин муҳимоти давлати Русияро ба яғмо бурд. Бинобар ин идораи Қозиёт мусоидат кард, ки мошин бо бораш ба қароргоҳи худ баргардад.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва.Трансдорнаука-1997.
Дар ҷое дигар Бӯрӣ Карим аз тадохули Маскав барои ба ҳам задани тазоҳуроти ин ду майдон далели рӯшантареро, ки он солҳо воқеъ афтода буд, меоварад:
«7 май гӯё майдони «Озодӣ» ақиб нишаст, гӯё шикаст хӯрд. Майдони «Шаҳидон» инро ҳамин тавр қабул кард. Акнун дар майдон аз ғалаба ҳарф мезаданд….
Аммо қафошинии майдони «Озодӣ» як усули тактикӣ буд. Майдон вазифаи худро иҷро карда буд, дигар истоданаш дар Душанбе зарурат надошт. Бо истифода аз ду майдон ҳадафҳои зерин иҷро карда шуданд: дар дили ҳарду ҷониб кинаи сахт ҷой карда онҳоро бо ҳам бадбин ва душман сохта барои идомаи моҷаро замина тайёр карданд: Нахуст бо истифода аз шиори «Нест бод ислом!» Ин шиор аз номи майдони «Озодӣ» бардошта шуда буд. Он гӯё якчанд лаҳза дар майдон будааст. Ҳарчи буду набуд он кори худро кард; дар шуури ҳарифони майдон чунон идеяеро ҷой кард, ки Озодиҳо зидди исломанд. Ин шиор ҳамон вазифаро иҷро кард, ки дар воқеаҳои феврал овоза паҳн карданд, митингчиён мехоҳанд ҷумҳурии исломӣ бисозанд. Аммо ҳеҷ кас исбот карда наметавонист, ки инро кӣ гуфтааст. Зиддият дар ин замина миёни ду майдон тақвият дода шуд. Бо истифода аз майдони «Озодӣ» дар таҳхонаҳои Шӯрои Олӣ камераҳои ҷазодиҳӣ созмон доданд. Одамони майдони «Шаҳидон»-ро дастгир карда, дар ин таҳхонаҳо азобу шиканҷа медоданд. КГБ (мисолаш А.Белоусов) аз номи майдони «Шаҳидон» ба майдони «Озодӣ» шабохунҳо ташкил медод» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва. Трансдорнаука-1997.
Акнун, чуноне гуфтем, майдонҳо дигар ба бозичаи дасти омилони нуфузии Маскав табдил шуда буданд ва нақшаи Маскав ин буд, ки ҷангро аз ҳамин ҷо ва дар байни ҳарду майдон шуруъ кунад.
Рустами Абдураҳим, яке аз роҳбарони майдони Озодӣ, ки баъдан ба асорат афтод, эътироф мекунад, ки дар паси ҳамаи омодагиҳо ба ташкили митинги ҳукуматиҳо бо истифода аз мардуми Кулоб худи ҳукумат меистод ва ҳамин куштори Муродулло Шералиев, депутати халқӣ ва сардабири «Садои мардум» дар Шӯрои Олӣ низ тавассути кормандони милиса сурат гирифта буд, ки то ба ҳамин имрӯз ба сари мухолифин бор мекунанд. Рустами Абдураҳим он вақт гуфта буд:
«Вақте ки дар ноҳияи Ленин якчанд касро паронданд ва дигар овозаҳои паррон-парон пайдо шуданд, мо ба назди раиси ҷумҳур Набиев рафтем ва гуфтем ки чаро якдигарро, бисёртар моро мепарронанд. Вай гуфтанд, ки шуморо мардуми майдони «Шаҳидон» мепарронанд. Онҳоро бисёр сиёҳ мекарданд. То чанд андоза аввал мо бовар кардем, вале вақте ки депутат Муродулло Шералиевро парронданд ва полковники КГБ дар майдон гранатаро тарконд, мо фикр кардем, ки дар инҷо қувви сеюм аст. Ман дар бораи паррондани Шералиев Муродулло медонам, ки бегоҳӣ соатҳи 17 буд, ман дар ошёнаи сеюм будам, ки ногаҳон тирпарронӣ шуд. Яке дидем, ки дар рӯи ҳавлӣ як шахс афтод. Касе аз кормандони Шӯрои Олӣ гуфтанд, ки Шералиевро парронданд. Ман намедонам, ки кӣ вайро парронд. Ман бо нияти том мегӯям, ки ин шахсро аз мардони майдони «Шаҳидон» напарронданд, чунки онҷо фақат одамҳои мо буданд.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва. Трансдорнаука-1997.
Аммо, солҳо баъд мулло Ҳайдар Шарифзода, ки ташкилкунандаи асосии майдони Озодӣ буд, дар посух ба суоли нашрияи «Миллат» тавре тавзеҳ медиҳад, ки вай ҳам таҳти таъсири сиёсати издиҳом қарор дошт ва таъсиси тазоҳурот ва омадан ба Душанберо бори мардум мекунад:
«-Шояд ҳам ин то як андоза воқеият дошта бошад. Зеро он ҷо дигар амр дар дасти издиҳом буд. Мардум нороҳат шуда буд ва инро талаб дошт. Ман бо амри издиҳом, ки аксарият буданд баландгӯро гирифтам ва қисман гуфтаҳои Мирзошоевро ҷонибдорӣ ҳам кардам, аммо издиҳом инро қабул надошт ва нагузошт. Мо таҳти фишори издиҳом будем.»
Аммо тазоҳурот дар Тоҷикистон, онгуна ки худи неруҳои нави сиёсӣ натавонистанд мақом ва ҷойи по пайдо кунанд, ба сифати як намуди эътироз ва нофармонии маданӣ, дар мубориза ва талошҳои сиёсӣ ҷо науфтод ва ниҳодина нашуд.
Тазоҳуроти ахир дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ доир шуд, ки он низ баъди ним сол ҳам ё дақиқтараш дар моҳи май соли 2022 мубтакирин ва ҳам хеле аз ширкатдоронашро ҷисман аз даст дод, ҳукумат бо зарби неру ва истифода аз силоҳи оташфишон муътаризини бадахшониро кушт ва иддаи зиёде беш аз 250 нафари аз онҳоро ба зиндон кашид. Вале воқеият ин аст ва ҳеҷ тардие ҳам нест, ки ҳамин тазоҳуротҳо, ки оқибат ба ҷанг кашонида шуданд, боис шуд, ки Иҷлосияи 16 баргузор ва афроде комилан ноошнову номаълум қудратро бигиранд. Ва, дигар ҳеҷ тазоҳуроте, ки дар пойтахти кишвар бар зидди ин ҳукумат доир шуда бошадро шоҳид нашудем…
Поёни қисмати 29 уми ” 30 солагии 16–умин иҷлосия ё ифлосия?” Хонандаи азизу гиромии “Ислоҳ” мо дар ин 29 қисмат ончи дар тавонамон буд ин иҷлосияи тақдирсӯзро бароятон аз ҳама самту паҳлуҳояш фаҳмонидему баён доштем. Ҳадаф аз ин силсила матолибу барномаҳо огоҳонидани ноогоҳон ва насли ҷавони ноогоҳ буд,то фиреби муҳаррифони торихро нахуранд. Огоҳ бошанду донанд,ки ин иҷлосия на ниҳояти ҷанг, балке оғози ҷанги хунин ва қатлу куштори беш аз се сад ҳазор шаҳрванди кишвари азизи мо ва шумо буд. Аммо он қотилон имрӯз ба ҷойи шармидану изҳори таъассуф хурданашон бо ифтихор аз он иҷлосияи ифлос меситоянду онро “Тақдирсоз” ҳам унвон мекунанд. Дар ҳоле тақдири як оиларо сохту тақдири ҳама сокинони кишварро харобу табоҳ кард.
Қисмати сиюми ин силсила матолиби мо ки ниҳоят ва фарҷоми ин мақтаъи таърихи он солҳост ҷамъбаст ва хулосаҳо ва натиҷаҳо аз ин ҳама ҳаводис мебошад. Ин қисмат ҳам дар ҳоли кор карду омодашудан аст, бо “Ислоҳ” бошед, то ин бахши ниҳоиро ҳам бо ҳам бихонему аз ин масала берун равем….