Кӯдакозор дар Қазоқистон дастгир шуд
Дар деҳаи Байсеркои вилояти Алмаатои Қазоқистон марди 57-сола духтарчаи сесолаеро дар ҳоле медуздад, ки падараш машғули хондани намоз дар масҷид будааст.
Тавре сардори хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Алмаато Сергей Незнаев гузориш додааст, падари духтар баъди хатми намоз дар гирду атрофи масҷид духтарашро намеёбад ва ба пулис муроҷиат мекунад.
Гурӯҳи зудамали РКД Алмаато дарҳол аз паи ҷустуҷӯи кӯдак мешаванд. Дар паи ҷустуҷӯ марди кудакозор дар майдони кишт ёфт мешавад ва баробари дидани кормандони пулис кӯшиш мекунад, ки кӯдакро раҳо карда роҳи гурезро пеша кунад. Аммо барояш муяссар намешавад ва кормандони пулис ӯро боздошт мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир кӯдакозории мардон зиёд ба назар мерасад. Ҳафтаи гузашта, як духтарчаи 5-солаи тоҷикро марди 27-солаи рус дар Маскав, аввал таҷовуз карда баъд ба қатл расонида буд.
***
Тадқиқот: Теъдоди донишмандони мусалмон меафзояд
Муаллифони тадқиқоти нав “Оид ба таносуби миқдори намояндагони динҳои гуногуни ҷаҳон” ба хулосае омадаанд, ки то соли 2030 сеяки аҳолии ҷавонони ҷаҳон, яъне шахсони аз 15 то 29-сола мусулмонон хоҳанд буд.
Аз он ҷумла, ин тадқиқот муайян кардааст, ки дараҷаи саводнокии ҷавонони мусалмон нисбат ба эътиқодмандони адёни дигар рӯз ба рӯз дар афзудан аст.
Теъдоди мусалмононе, ки бо нишондоди дониши аъло дар маъруфтарин маконҳои илмӣ ба монанди Донишгоҳи Гарвард (Harvard University), Донишгоҳи Кембриҷ (University of Cambridge), Донишгоҳи Оксфорд (University of Oxford), Донишгоҳи Империяи Лондон (Imperial College London) ва ғайра таҳсил карда истодаанд, ба маротиб зиёд шудааст.
Мутахассисон инчунин таҳлил кардаанд, ки дар оянда рағбати мусалмонон ба туризм зиёд хоҳад шуд. Ба тахмини мутахассисон то соли 2025 мусулмонони аз 18 то 36-сола то 100 миллиард доллари амрикоӣ дар саросари ҷаҳон барои туризм харҷ хоҳанд кард, ки ин нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд хоҳад буд.
Айни замон кишварҳои асосие, ки гардишгарони мусулмонон бештар дидан мекунанд, Малайзия, Индонезия ва Туркия мебошанд.
***
Ҳангоми вафот майнаи сари инсон то чанд соати дигар аз кор намемонад
Тадқиқотчиёни маркази тиббии Лангон дар Ню-Йорк кашф кардаанд, ки лаҳзаи вафот, баъди аз кор мондани дил, майнаи сари инсон то чанд соати дигар кор мекунад.
Ҳамин тариқ, дар аксари мавридҳо, шахси фавтида мефаҳмад, ки ӯ «мурда» аст. Илова бар ин, ӯ ҳис мекунад, ки бадани ӯ дигар ӯро итоат намекунад ва равонаш аз танаш ҷудост.
Ин далолат бар он мекунад, ки майнаи сари инсон нисбат ба дил дертар аз кор мемонад ва баъди аз кор мондани тамоми организм, мағзи сар метавонад чанд соати дигар кор кунад.
***
Daily Mail: Моссад созмони террористӣ аст
Бар асоси гузориши рӯзномаи Daily Mail, режими саҳюнистӣ танҳо дар 10 соли гузашта 800 амалиёти террор анҷом дода, ки мунҷар ба кушта шудани ҳазорон тан шудааст.
Бар асоси ин гузориш, маъмурони Созмони ҷосусии Моссад баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум беш аз дастгоҳҳои ҷосусии ҳар кишваре одам куштаанд.
Daily Mail навиштааст, ки ҷосусони Моссад натанҳо беш аз дастгоҳҳои ҷосусии тамоми кишварҳо аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум террор анҷом додаанд, балки суръати ин кор афзоиш ёфтааст.
Рӯзномаи Daily Mail ҳамчунин гуфтааст, ки Созмони ҷосусии бадноми Моссад, собиқае тӯлонӣ дар террор ва низ ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дорад.
***
Фарзанди соҳиби китоби “Тафсири ҳилол” мушовири ИДМӮ таъин шуд
Фарзанди соҳиби китоби “Тафсири ҳилол” ва яке аз машҳуртарин уламои охири асри XX ва аввали асри XXI дар Осиёи Миёна, Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, Исмоил Муҳаммад Содиқ ба вазифаи мушовир дар Идораи марказии мусалмонони Ӯзбекистон таъин карда шуд.
Исмоил Муҳаммад Содиқ соли 1976 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Соли 1994 ӯ ба Донишгоҳи Даъвати Исломии Либия дохил шуда, соли 2001 онро хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар сафоратхонаҳо, муассисаҳои таълимии динӣ, нашриётҳо ва вебсомонаҳо кор мекард. Ӯ сарвари нашрияи “Ҳилол Нашр” ва тарҷумони китоби “Олтин Силсилла” мебошад.