Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз шаҳри Самараи Русия ва аз Ваҳдат ин бор номаҳоро барои шумо пешниҳод мекунем.
Муаллифони номаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз фаъолият ва муносибати шуъбаи маорифи ноҳия ба шиддат изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки мудири маориф ҳатто омӯзгоронро рӯз намедиҳад ва ягон моҳе нашудааст, ки омӯзгорони ноҳия маоши худро комил гирифта бошанд.
Аз шаҳри Самараи Русия чанде аз муҳоҷирони корӣ дар бори се нафаре гап мезананд, ки бузӣ мекардаанд, ҳам барои ФСБ ва ҳам барои КДАМ. Ба мҳзи бузии инҳо чанд нафар депорту экстрадитсия шудаанд.
Муаллифи мо аз Ромити Ваҳдат ин бор ҳам аз ҳаводиси ин дараи куҳистонӣ ва кору бори мардумонаш навиштааст. Аз ҷумла дар бори Диловр Солеҳови раиси ҷамоати Ромит, ки чанд вақт пеш ба ин вазифа омада буд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳи меҳрубон аз шумо розӣ бошад.
Мо як гурӯҳ омӯзгорон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мехоҳем аз барномаҳои шумо истифода бурда арзу шикоятамонро ба гӯши кар ва бар чашми кӯри ҳукуматдорон расонем, аз он ҷумла ба раиси порлумон, раиси шаҳри Душанбе ва ба падари бе падараш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов расонем.
Ҷаноби олӣ, пешвои миллат ин чи системае сохтаӣ. Маоши омӯзгоронро чанд фоиз зиёд кардию лекин қиёматро бар сарамон бор кардӣ.
Мудири маорифи ноҳия Гадоев дар ҷону ҳоламон расондааст. Пули либоси мактаб, формаи мактабӣ сахт мушкил шудааст. Агар аз мактаб либос намегирӣ бояд 30 ё 50 сомонӣ ҷарима супорӣ. Пули таъмири мактаб аз талабаҳо ва аз омӯзгорон, пули либоси чакан барои 35 солагии ваҳдат, пул барои комиссия 30 сомонӣ, пул барои амният 30 сомонӣ. Пул барои плакатҳои дохили синфхонаҳо, боз пул 400-500 сомонӣ барои Фароз аз духтур гузарӣ. Хулоса, ҳоло мактаб сар нашуда дар зиндагиамон чанд дирҳаме дорем ба мактабу маориф бароварда медиҳем. Боз бар замми ин ҳаррӯз дар гармии 40/45 дараҷа маршировка- муаллиму муаллимаҳо. Аз волидайн хоҳиш мекунем, ки ҳамин пулҳоро супоридан даркор, мегӯянд охир надорем, шароит вазнин аст, ҳамаро аз Русия ронда истодаанд, зиндагиамонро ба зуру азоб пеш мебарем.
Ҷаноби Президент муттаҳам Эмомалӣ Раҳмонов ва ба раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ гуфтанием, ки шумо сазовори ин вазифаҳо нестед. Наход, ки системаи маорифи як ноҳияро ба тартиб дароварда натавонед. Вазири маориф баромад карда мегӯяд, ки пулҷамъкунӣ барои либоси мактабӣ манъ аст. Мо ин наворро ба мудири маориф Гадоев нишон медиҳем. Вай мегӯяд фармон аз боло аст. Охир дар ҷонамон расониданд. Намедонем болояш кӣ бошад? Шояд Президент бо раиси Маҷлиси миллӣ ҳоло ҳам сер нашуда бошанд, ки фармон медиҳанд бо дар пушти саҳна ҳамон корҳои ҳароми пора хури худашонро давом медиҳанд?
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ,Озодаи Раҳмон бар ҳафт пуштатон лаънат.
Боз ин амниятиҳоро ягон мақомоте нест тафтиш кунад, ки ҳаррӯз меоянд маст, даҳонашон буи арақ мекунад. Боз дар ҳамин ҳолат зарулём мегарданд. Зинову фаҳшоро дар ноҳия ба дараҷае расонидаанд, ки кадом зане ё духтаре маъқул шавадшон бурда маҷбуран зино карда истоданд. Ба инҳо фарқ надорад он зан шавҳар дорад , надорад аслан аҳамият надорад. Шумо ин ҳама азобе, ки миллатро дода истодаед,иншоаллоҳ рузеш мешава аз биниҳои набераву фарзандатон хун шуда мебарояд.
Ин 35 солагӣ илохо саратонро хурад.Мо дар майдонҳои тафсон ташнаву гушна, фарзандҳои мо зори як луқмаи нонанд.
Ҷаноби пешво! Дар ноҳия як бозори Зайнулло ҳаст, аз хешовандони шумо аст. Дар атрофи ин бозор 3 мактаби ноҳия ҷойгир шудааст. Баъд аз ин бозор фаъол шудан аз ин мактабҳои атрофи он ягон духтари мактабхон роҳро озод убур карда наметавонанд.Чандин духтари мактабхонро бурда таҷовуз карданд. Вале ин ҷиноятҳоро мақомоти ноҳия пул гирифта мепӯшонанд, то ки ин бозор дар ҷояш фаъолият кунад.
Бармеояд, ки барои ҷаноби пешво бозор муҳим будааст нисбати миллат ва генафони он.
Дар охир гуфтание дорем.Ҷаноби пешво Эмомалӣ Раҳмонов. Шумо пешвои одил бошед, пас чаро наздикони шумо, хешу ақрабоятон дар ду- се вазифаи калидии давлат кор мекунанд ва ҳамаи авлодат тиҷоратҳои калону корхонаҳои калони давлатиро идора мекунанд, лекин як гӯшаи кишварро обод намекунанд. Чаро фарзандҳои мо дар муҳоҷират касалӣ шуда меоянд боз дар ободии ноҳия, мактабу деҳаҳо саҳм мегузоранд? Канӣ адолат?
Боз як рӯз дар бозори Зайнуло як амниятии маст мегӯяд, ки Тоҷикистонро мо амниятиҳо идора мекунем. Он авлоди наркаману қили аспу Клеопатра фақат рол бозӣ мекунанд халос.( таъсири Ислоҳро дидед? Амниятиҳоят аз суханони ту карда ба наворҳои Ислоҳ диққату таваҷҷӯҳ доранд. Чун ҳақиқатро мегуяд)
Бародар Муҳаммадиқболи ин дарди мо омӯзгоронро дар барномаҳоятон ҷой диҳед. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.
Самара
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Дар барномаи № 390-и «Номаҳо…» зимни ирсоли нома мо дар бораи баъзе нафарон навишт ва гуфта будем, ки ҳоло идома дорад ва баъди ҳама маълумотҳоро дар бори инҳо фиристодан нашр кунед. Аммо шумо ншр кардед. Барои ҳамин мо он қисмати марбути ин нафарон, тоҷикҳои бузи Самараро дар ин нома овардем ва аз шумо илтимос мекунем, ки ҳамаашро якҷоя чоп кунед:
Мо дар бораи се нафар тоҷикҳои буз менависам, ки чандин касон аз пушти онҳо зиндонӣ шудаанд.
Аз Бохтар ҳоҷӣ Орзу, падараш солҳои пеш дар идораи Роҳи оҳани Қурғонтепа кор мекард, ҳозир шояд дар нафақа аст. Дар маҳаллаи сарватмандони Самара (Каменский поселка) хона дорад. Якеаш ҳамин аст. Дуввумаш мулло Мақсуд мегӯянд аз ноҳияи Куйбеш, насабашро намедонам. Сеюмаш ҳоҷӣ Азиз Аҳмадов аз Ҷиргатол. Инҳо посредниканд. Мардумро кор мефармоянд, аз рӯи мардум пул мегиранд мехуранд. Манзурам ин аст ки ҳақу ҳуқуқи мардумро мехуранд, намедиҳанд, номардӣ мекунанд. Ҷояш меояд одамфурушӣ мекунанд. Ҳамин қадар давлату савлати ҳаром доранд боз ҳам аз ҳамин корҳояшон намемонанд. Инҷо, ин бародарҳо аз рӯи инҳо шикоят карда истодаанд. Ба шумо салом мегӯянд, аммо гап намезнанд, метарсанд.Чунки дар ҳақиқат инҳо одамони нохалаф,ношоиста ва номарданд.Бовар кунед,ки ба ном мусулмонанд.
Ин ҳоҷӣ Орзу бо Лексус 570 номери 007,мулло Мақсуд бо Прадо,номерҳояш 777 ва ҳоҷӣ Азиз як ҷипи ҷопонӣ доранд. Инҳо дар миёни мақомоти Русия сеҳарфаҳо, муфаттишу милисаҳо шиносҳо доранд, ҳамкорӣ мекунанд, мефурушанд, бузӣ ва подстава мекунанд».
Ин акси мошини оилааш аст. Оилаш казачка аст. Ин Орзу чандин духтарҳои тоҷикро ба занӣ гирифт, вале ҷавобашон дод. То ҳоҷӣ шуданаш кораш майишату бевабозӣ буд. Вақтҳои пеш, солҳои 2000 то 2015 ин ҳеҷ кас ҳам набуд ва нони хурдан надошт.
Баъд ба бародароне, ки дар бозори Кировскийи Самара роҳбариву порякдка мекарданд, саломалек шуду рафиқӣ кард. Аз ҳисоби ҳамин 3 бародар мехурд. Ин бародарҳо якеаш аз ноҳияи Қубодиён буд. Аз олам даргузашт. Дастгириаш мекарданд. То нони қоқро аз хонадони ҳамин се бародар мебурду мехурд. Бисёр курнамак одам аст.Ҳозир саломи ин бародарҳоро алек намегирад. Бо тамоми санъаташ маст шудагӣ аст. Аллоҳ ин хел ҳоҷии ҳаромхуру зинокорро хор кунад. Боз бар болои ин мардуме, ки дар зери назараш кор мекунанд ҳамагӣ аз ин розӣ нестанд.Чунки ҳақи кори мардуми тоҷикро бо пурагӣ намедиҳад»: «да любой ҷой ман да шумо ҷавоб метиям» гуфта мардумро метарсонад. Кору бораш бо ФСБ Россия аст.
Як бародар ҳоҷӣ Сафар ном дошт. Аз дасти ҳамин шаҳрвандиашоро бекор карданд ва 1.5 зиндон карданд. Баъд Тоҷикистон истирдод шуд.
Ҳоҷӣ Сафар аз ноҳия Ёвон буд, дасти кумак ва хизматаш ба мардуми тоҷик ва мигрантҳо мерасид, хело бо инсоф буд. Ҳуҷҷатҳои мардумро пурра ва қонунӣ буд мекард ва бо маблағи арзон медод. Аз дасти ҳамин ноҷавонмард истирдод шуд. Инҳо бисёр бахилнд,ки агар як тоҷик каме номи нек пайдо кунад дарав мешикнанд: ё зиндон ё истирдод мекунанд.Чунки ду тарафа одами бузҳои ҳукуматанд. Ҳам брои Россия ва ҳам барои Тоҷикистон. Мардуми муҳоҷири бечора аз дасти ин беинсофҳои ҳаромхур дар азияту уқубат қарор мегиранд. Ҳеҷ чора ва илоҷ намеёбанд. Мошинҳояш гарон, хонаҳои ду-се ошёнаи замонавӣ. Лекин пулаш ҳаром ва аз ҳақи мардум аст.Ҳамаи инҳо аз Сайдасрор метарсиданд. То ҳатто беиҷозати Ганс инҳо дар ҳеҷ ҷо гапашон намегузашт, аз тарса тар мекарданд. Вале афсус, ки ин ҳам аз инҷо рафт ва роҳи ин бузҳову ҳукуматпарастҳо кушода шуд. Ба мисли режими Тоҷикистон ин чоплусҳову ин бузҳо шохҳояшон тез кардагӣ, байни мардум ана ҳамин хел нисбати миллати худашон бадрафторӣ мекунанд ва ҳимоят аз ҳукумати диктатурӣ карда рӯирост мефурушанд.
Бовар кунед, ҳар одаме истирдод кунанд ставка дорад, яъне доля мегиранд. Ин ҳам ҳамроҳи худаш ду -се сагбача дорад.
Кадом бародари тоҷике дар куҷои руй олам бошад, давлатдор, бой хонаву моли зиёд дошта бошад агар зарару зиёнаш ба як мусалмону ва бародари тоҷики худамон нарасад мо ё шумо фахр мекунем ва эҳтиром дорем ин хел инсонҳоро. Лекин ба мисли ин касҳо аз роҳи ҳаром дороиву сарват ҷамъ кардаро нафрат дорем. Як бародар мебиёяд аз Тоҷикистон пули патент надорад. Сад афсус, ки боз дар чанги ин нобакорҳову нохалафҳо мезанад.
Аллоҳ ҳидояатшон кунад ва тезтар мардуми муҳоҷири моро аз зулму ситам наҷот диҳад. Шахсан дар бораи ин Ҳоҷӣ маълумот надорам, худи ман онқадар намешиносам ин Орзуро, фақат шунидаам. Бо ин хел инсонҳо зарурият ҳам нест шиносоӣ ва наздик будан.
Ҳоҷӣ Орзуро солҳои пеш як зам началники отдели шаҳри Кировски Самара кришаватш мекард. Як шарикаш бо лақаби Спартак, дуюмаш Мулло Мақсуди куйбешӣ ва ҳоҷӣ Азизи ҷиргатолӣ буд. Инҳо як гурӯҳ буданд «хоки ватан» мезаданд. Лекин он началники отдел фамилияаш Ҷаҳонгиров буд, афғони Туркманистон. Ин мулло Мақсуди куйбешӣ сахт чарбзабон буд, садқаву банда мешуд, лекин корашро мекард, муллои ҷаҳонсӯз буд. Аммо ҳоҷӣ Азиз як касофати ҳаромхӯр буд. Инҳо таҳти роҳбарии ҳамон Ҷаҳонгирови сардори шуъбаи милиса дар Кировскийи Самара кор мекарданд. Ҷаҳонгиров кришават мекарду инҳо хоки ватан мезаданд.
Инҳо беҳад ба мардум зиёну зарарашон расидагӣ аст. Инҳо мисли худораҳматии Каромат Шарипову Иззат Амон аз пайи зашитаи муҳоҷирони тоҷик намешуданд.
Инҳо, баракс бузи тайёр буданд, зинокорӣ мекарданд. Мисли дарранда ҳастанд.
Ҳоҷӣ Азиз бошад як бародар бо садама дучор мешавад, вазнин дар беморхона, бе ёду хаёл. Мегуяд, ки соҳиби беморро, духтурҳои шиноси мананд,«як миқдор сум ҷамъ кунед, срочно ҷарроҳиаш кунем, бояд соз шавад».
Миқдори сумашро намедонем. Мегӯянд, ки сумро ҷамъ карда ба дасти ин ба ном ҳоҷӣ медиҳанд.Ҷарроҳӣ 3 соат давом мекунад. Баъди се руз ин бечора бандагӣ мекунанд. Инҳо талаби сум мекунанд. Ин гашта мегуяд, ки духтурҳо, яъне оператсионнй врачҳо дар ман барои бемор кафолат надоданд. Ба ҳамин гапу хабару разборашон зиёд мешавад.
Боз як хешу табори ин нафари фавтидаро ба зиндон дучор мекунанд ба муҳлати чанд сол. Боз як одами дигарро ҳам сумашро мегираду подстава мекунад.
Ӯро ҳам мешинонанд. Акнун бошад инҳо ҷипсаворӣ ва фақат шикори тоҷику муҳоҷир:- «ё мешинонанд ё шохҳояшон тез –бузҳои шохдори пешипеш. Нафарҳоро истирдод мекунанд. Ваз пушти ҳамин кор рафторҳои ношоиста рӯзи худро мегузаронанд. Ин гурӯҳи ҳоҷиёни ҳаромхуру посредник беҳад зиёданд: ҳоҷӣ Таваккал буд аз Файзобод, Ҳоҷӣ Ҳикмат, бригадири стройка, Ҳоҷӣ Раҷаб документу паспорт мекард ва боз як ҳоҷӣ Асади дигар. Ана ҳамин ҳоҷиҳои ҷаҳонсӯз, буз, корашон ғайбату суханчинӣ, одамфурӯшӣ, ҳақи мардуми муҳоҷирро хурдан аст. Инҳо аз як бародар метарсиданд, номаш Раҳмиддин буд аз ноҳияи Куйбеш. Лақаби вай одинокий волк буд. Сраза маъқул намешуд, гуноҳашонро медид, кордча мезад. Ӯро инҳо маслиҳат карда через ФСБи Русия депорти як умрааш карданд ба мисли Сайидасрори Ганс.
Домулло Муҳаммадиқбол,ин навиштаро нашр кунед. Баъди нашри ин навор ба қисми бузҳои шаҳри Қазон мегузарем.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алейкум устоди мехрубон. Аллоҳ аз шумо розӣ ва нигахбонт бошад. Барномаро тамошо кардем. Аммо дар барнома «гапҳои бамаза камтар буд, формати пешина борин не. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Шукри Аллоҳ, ки шуморо дорем, ба доди мардуми Тоҷикистон мерасед. Ман гуфтаниам,ки он гапҳои бомазаи фирменнийи «қили асп»,Клеоптра, газетхонак, пингвин, мундуқча, қофлонбой, гарданбалонигазӣ, гураш ғрабғраб даргирадро ин бор истифода накардед.»
Номи раиси мамнуъгоҳи Ромит Ҳамойиддин. Дар бораи ин одам гуфта будем. Боз мегӯем. Диловар Солеҳови раиси ҷамот мегуяд, ки «ма пула додагйим, даже то Гова ҳақша гирифтагияй. Мега ҳозир Интерната мефурушм бо Гова ҳақша метм, замини боғи Роғуна мефурушум бо ҳақша метм. Мада фарқ надорад, ма мефурушум».
Ана мегӯяд амакӣ чанд заминро фурухт ягон документ надорад то ҳозира, ягон одам «чизша» хурда натавонист. Мегӯяд замин моликияти давлат ҳаст: « ма имрӯз мефурушм пага қонунша бекор мекнам.Агар Гов (Раҳмоновро дар назар дорад) иҷозат тея ҳама хонаҳои Ромита меканм».
Мегӯяд: « и гов барои пул шуда занаша метея. Замина да Хитой қирғиз фурухт и мардум яҷоша хурда натонист. Муҳаммадиқбол рост мега, ки об ай боло лой ҳастай».
Диловар Солеҳови раиси ҷамоати Ромит мегӯяд «Рустами гунгак куҷора хондай, раиси шаҳри Душанбе кор мекна?»
Мегӯяд: «Шоҳрух Саид як лутӣ ҳаст, дар вазифаи баландай, Махуф одам кушта гаштай, кор мекна, Буқача маст мегарда пула дузида ай мардуми Тоҷикистон ина кор када гаштай».
Мегӯяд,ки: «Мега ина барои Роғун пул ҷамъ карде и гов ба худша ҳавопаймо харид. Ай счети шумо роҳ, мактаб, садик, балнса соз мекна, пула ай буҷети давлат мегира, шумо бесаводед, ғуломед. Чува ма пулма кор накнм? Ина Солиҳов Абдул, амаким, раиси ҷамоати Ромит буд, пула хурд, директори мактаби Ромит буд, пула хурд якҷоша ягон мақомоти давлатӣ хурда натонист и наметона. Ина ширкатҳои гов ва наздикош андози давлата наметян, ина ҳавзаҳои моҳӣ да Ромит, конҳои тилло як сомонӣ андоз наметян, свет да ҳавзаҳои моҳӣ да конҳои тилло ҳастай, да шумо свет нестай, марам красни линия мегузарм, як сомонӣ андози давлата наметм. Исмати дулик чандин миллион сомонра дузид, ҳичиш нашуд. Шумо мардуми Ромит хутон мора иҷозат доден, ки ҳами корора да ҳақи шумо кунум».
Мегӯяд, ки ин корҳои зулму ҷабрро Гов махсус ташкил кардагӣ аст, мардум ғулом бошад, бой нашавад ва боз мегӯяд, ки агар ман дар ин вазифа бе пул меомадам хизмати мардумро мекардам.
Мегӯяд, ки «инами Мирзоева Хурсанд, беваи шайтон 2 миллион доллар зиёд кор кард, ҳақашонро медод, ана акнун повишенний меравад.
Дар бораи бачаҳои Баҳодури Ҳасан, ки бо карта мардумро фиреб доданд, бузӣ мекарданд. Мегӯянд, ки « ягон ҷомона ғам нестай. Мо тағойи Раҷаб бо одами СС. қудо. Як гуспандро мекушему ташкилӣ мекунем, тамом. Мо худамон дар давлат кор мекунем».
Хушбахти Рустами Давлатмурод мегӯяд «ма да Шодигули лутӣ пул метем. Ма ба мошин авария кардм 3 одам инвалид шуд. ГАИ мара ришат кард правама. ГАИра зану гудакша фалон кардм, ай вазифа рафт 20 руз пас бо да роҳ ба мошин кор кардм. Бунафшаи ҳаромӣ одам кушт, гаштай ма занша фалон мекнм, кӣ мара гап мезана ё ягон кор мекнама».
Худи Рустами Давлатмурод солярка барои техникаҳояшро аз кони тиллои Покруд мегирад. Барои вай меоранд. Арзон мегирад. Соляркаи Роғунро Покруд мебранд, аз Покруд ин мехарад. Барои техникаҳояш: 2-3 тонна. Ҳисоби корро ёфтагӣ.
Як хабари дигаар аз Ромит ин аст ки ҳозир облава круглий год шуд. Фарёд карда бурда истодаанд. Маҷбурӣ дар документ подпис мекунӣ, ки бо хоҳиши худам меравам.
Боз худашон военний билет предлагат мекунанд: 90,100 ҳазор сомонӣ. Военком мекунад. Облаваи Ромит Комил аз Хушон аст. Пулро ҳамон мегирад. Пулро медиҳӣ баҳузур мегардӣ.
Ин Комил мустаҳкам аст. Ҷавони 28-30 сола.Чор-панҷ сол шуд, кор мекунад.
Ӯро чанд бор Мирзоева Хурсанд бадарға карданӣ шуд, натавонист. Мехост Бахтов Заровро ҷои Комил оврад. Бахтовар ҳам бо кадом генерал шинос будааст. Аммо Комили облава ду фляг асалро, ба гуфтаи худаш бурда медиҳад як сезон мегардад. Худаш ҳамин тавр гуфтааст. Вай боз ба боло пул медод. Хурсандро подчинятса намекард.
Даже ҷияни Хурсанд Мирзоева, раиси ҷамоатро (ҳозир раис Диловар аст) через облавақапҳои тангаӣ бурда буд. Ин корро худаш накарду через дигар облавақапҳо кард. Комил ҳам раиси ҷамоат шуданӣ буд, пулаш нарасид ё Хурсанд фиреб кард.
Устоди азиз, дар охир аз шумо хоҳиш менамоем,ки дар барнома гапҳои бамаза бисёр шавад.
Дар ҳақи мо, мардуми Тоҷикистон дуъоро фаромуш накун, дар намозҳоят.
Иншоаллоҳ,корҳо ҳамин минвол рафтан гирад, наздик мондааст. Ин ҳаромҳо ҳамш Кирпичний тюрма мераванд. Бори каҷ ба манзил намерасад. Ҳар маълумоти нав аз Ромит шуд ҳатман ба Ислоҳ мефиристем, мо ҳама ҳолатро нигоҳ дорем.
