17 сентябр дар Кореяи шимолӣ эъъ мебахшед дар Кореяи ҷанубӣ боз як саҳнаи ошно такрор шуд: либоси академӣ, вале бидуни кулоҳи докторӣ, диплом дар даст ва аксҳои хотиравӣ. Ин дафъа Шӯрои илмии Донишгоҳи Корея Эмомалӣ Раҳмоновро бо унвони доктори фахрӣ сарфароз кард.
Аммо агар аз ин ҳама либосу унвонҳо ба оғози роҳи таҳсилии ӯ баргардем, манзара хеле сода аст. Эмомалӣ Раҳмонов соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона бо додани пора ва қурут , шир ва пулҳои аз равғандуздии заводи равғани Қурғонтеппа ба дастовардаашро дода ва хатм кардааст. Ҳатто хабаргузории давлатии «Ховар» дар зиндагиномаи ӯ ҳамин шакли таҳсил — «ғоибона»-ро зикр мекунад.
Яъне, дипломи асосии донишгоҳӣ — иқтисодчӣ. Баъд аз он, бахусус дар давраи президентӣ, дипломҳои фахрӣ яке паси дигар мисли оилаи пеш пинҳон будааш пайдо шудаанд.
Соли 2006 — доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии Туркия.
Соли 2008 — доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев.
Соли 2009 — доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия.
Соли 2012 — боз Туркия: доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно.
Соли 2015 — Покистон: унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам.
Соли 2018 — Озарбойҷон: доктори фахрии Академияи дипломатӣ (ADA).
Ҳамон соли 2018 — Ҷопон: доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба.
Соли 2022 — Миср: доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира.
Ва акнун, соли 2026 — Кореяи Ҷанубӣ: доктори фахрии Донишгоҳи Корея. Рӯйхати то соли 2022 дар зиндагиномаи расмии ӯ омадааст ва унвони Корея 17 сентябри 2026 ҳам ба он илова шуд.
Ҳисоби одӣ: ҳадди ақал 9 унвони докторӣ ё доктории фахрӣ дар 8 кишвари хориҷӣ — Туркия, Украина, Русия, Покистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Миср ва Кореяи Ҷанубӣ. Туркия ҳатто ду бор ба ин «коллексияи докторӣ» саҳм гузоштааст.
Ва ин ҳанӯз тамоми коллексия нест. Дар канори «доктор» профессорҳои фахрӣ ҳам кам нестанд: Маскав, Урал, Беларус, Малайзия, Чин, Туркманистон, Уфа, Брюссел… Танҳо моҳи майи соли 2026 Донишгоҳи Пекин ба Раҳмонов боз унвони профессори фахрӣ дод.
Ҳамин ҷо як нуктаи муҳим аст: доктори фахрӣ PhD-и илмӣ нест. Барои чунин унвон ҳатман чанд соли докторантура хондан, рисолаи илмӣ навиштан ва онро ҳимоя кардан шарт нест. Донишгоҳ онро ҳамчун унвони ифтихорӣ тақдим мекунад. Дар мавриди Раҳмонов ҳам бисёре аз ин унвонҳо маҳз зимни сафарҳои расмии давлатӣ дода шудаанд.
Пас тарҷумаи ин манзара ба забони сода чунин мешавад:
Таҳсил — як дипломи иқтисодӣ, ғоибона ва он ҳам дар 30 солагияш, пирбузбала шуд диплом гирифт
Сафарҳо — Туркия, Украина, Русия, Покистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Миср, Корея.
Натиҷа — доктор, доктор, боз доктор…
Гӯё дипломатияи хориҷӣ як бахши нави кори худро пайдо кардааст: аз фурудгоҳ ба қасри президентӣ, аз қаср ба донишгоҳ ва аз донишгоҳ — бо як либоси академӣ ва унвони нави фахрӣ ба Душанбе.
Аз диплом то дан: вақте «пешво» шуди ба «камарбанди сиёҳ»- ҳам мерасӣ
Агар ҳамин суръат идома кунад, масъала дигар ин нест, ки Раҳмон чанд доктори фахрӣ дорад. Савол ин мешавад, ки кадом сафари хориҷӣ ҳанӯз бе докторӣ мондааст?
Коллексия бо докториву профессор тамом нашудааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто бо либоси таэквондо, камарбанди сиёҳ ва сертификати фахрии DAN ҳам акс гирифт. Яъне пас аз дипломҳои иқтисодӣ, докториҳои фахрӣ ва унвонҳои профессориву академӣ, навбати «устоди размӣ» ҳам расид. Акнун коллексия қариб мукаммал аст: диплом ҳаст, докторӣ ҳаст, профессор ҳаст, камарбанди сиёҳ ҳам ҳаст — танҳо мондааст барои ҳар сафари нав як ихтисоси нави фахрӣ пайдо кунанд. Бо ҳамин суръат, шояд дар сафари баъдӣ дигар напурсем «чӣ созишнома имзо шуд?», балки бипурсем: «ин дафъа пешво кадом диплом ё камарбанд гирифт?»
«Осорхонаи унвонҳо, дипломҳо ва камарбандҳои Пешво».
Дар даромадгоҳаш ҳам мумкин аст чунин навишта шавад:
«Лутфан ором бошед — дар ин ҷо таърих не, коллексия нигоҳ дошта мешавад».
Ва шояд бузургтарин танзи рӯзгор ҳамин бошад: миллате, ки ба адолат, озодӣ ва пешрафт ниёз дорад, ҳар рӯз ба ҷойи натиҷа — унвон тамошо мекунад. Ба ҷойи ислоҳот — диплом. Ба ҷойи ҷавобгарӣ — акс. Ва акнун ба ҷойи сиёсат — камарбанди сиёҳ ва семейкаи бе карони пешвои таэквондоистро мебинему зиқ мешем…
