Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№ 399

Ислоҳ нет

Аз Ваҳдат, Ашт, Исфара ва Бохтар номаҳои расида муҳтавои ин нашри барномаамонро ташкил доданд. Ин бор ҳам ба унвони муқаддима аз ҳар як нома пораеро пешкашатон намудаем.

 Ваҳдат: «Дар бораи Олим Шералиев ё Олими истанса дар он ҷое омада будем, ки Ардашер Ҳимматзода судяи ноҳияи Шоҳмансур 10.000 долари амрикоии додари Олим Шералиевро  мегираду дар ҳалнома хулосаҳои бофтаву сохта ва дур аз адолату ҳақиқатро менависад».

 Ашт: «Як қисми ин гилемҳоро, аз масҷид ҳамин суфии масҷиди домулло Абдураҳим бо додари Дадоҷон оварда ба масҷиди Шамбарӣ андохт. Ҳоло боз мардум нишаста дар ин масҷид намоз мехонанд. Номи домулло Абдураҳимро истифода бурда корҳои зиёде карданд. Одамҳои аз ин кор бохабар мегуянд, ки як қисми ин гилемҳои домулло Абдураҳимро Сулаймон ба хонааш андохтааст».

Исфара: «То онҷо, ки баъди нашри мақола ҷустуҷу кардам, дар бораи ин китоби Раҳмонов тақризу тавсиф шояд аз адади нашри китоб зиёдтар навишта шуда бошад. Ҳатто дар сайти ВКД-и Рамазон Раҳимзода ҳам як тақриз ба китоби мазкури Раҳмонов дарҷ шудааст. Ин намунаи олии тамаллуқу чоплусии Рамазон Раҳимзодаи буқача аст. Наход дар сайти ВКД тақриз ба китоби Раҳмонов чоп кунӣ?»

Бохтар: «Медонед барои чи? Барои он, ки интеллигент (ба гуфти инҳо шахси бо фарҳангу культурный) ба даст яроқ намегираду ба тазоҳурот намебарояд. Инро Абдуҷаббор Раҳмонов дар вақти Вазири маориф буданаш гуфта будааст. Гуё Раҳмонов чунин дастур додааст».

        Ваҳдат

 Ассалому алейкум бародари роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ман чандин нома ба шумо ирсол кардам, нашрашон кардед. Ман аз заҳматҳои шабонарӯзии шумо миннатдорам ва дар ҳақатон дуъо мекунам- ҳамавақт Худо шуморо нигаҳбон бошаду дар поятон хоре нахалад. Чунки шумо дар ин замона такягоҳи халқи камбағалед. Халқи ҷабрдидаву мазлум ҷое барои арзу шикоят ба ҷуз аз  шумо надоранд.

 Ин ҳукумати Раҳмонов тарзе сохта шудааст, ки аз фаррошаш сар карда то ба вазиру президенташ ҳамааш дузду ғоратгару дуруғгуву ҳаромхуранд. Барои камбағал дар ин давлат ҷои арзу шикоят намондаст. Аз камбағал ҳамаи сохторҳо  фақат пулро нигоҳ мекунанд, на қонуну на адолатро. Барои ҳамин ҳама мардуми камбағал рӯ ба шумо овардаанд, чунки шумо аз ҳеҷ кас пул намегиред ва намепурсед ва ҳама вақт хизмат аз барои Худо мекунед ва аҷрашро аз Худованд талаб мекунед. Худованд шуморо иззату ҳам қудрат додааст, ки як ҳукумат дар пеши шумо оҷиз мондааст. Худо шуморо ва аҳлу байти шуморо нигаҳбон бошад.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Баъди танаффуси тӯлонӣ боз мо ба асли масъала, баҳсе, ки тамом нашудааст бармегардем.

  Сухан дар бораи ҷиноятҳои Олими истанса мерафт — Шералиев Олим. Ҳамон Олими аз қишлоқи Бурунови шаҳри Ваҳдат. Шумо ва хонандаҳову тамошобинони барномаҳои шумо дунболи ин баҳси нотамом буданд, ки ин баҳс чи мешуда бошад? Ман ҳам дар пайи таъқиби ҳамин баҳс будам. Вале мутаассифона он бародароне, ки ба ман итилоъ мерасонданду равиши баҳсро мегуфтанд, ки чи гуна рафта истодааст онҳо аз ман дурӣ ҷустанд ва нахостанд бо ман сӯҳбат кунанд. Иллати инро ман аз онҳо пурсидам. Гуфтанд, ки амният болои онҳо фишор оварда истодааст  ва ман роҳи чораро аз дигар тараф давом додам ва ҳамаи он чизе байни дастаи ҷинояткори Олим Шералиев ва он кампири 70 сола рух додаст ва онҳо то ҳозира дар кадом ҳолат қарор доранд ба шумо ва мардум мефаҳмонам.

 Шояд дар барномаи алоҳида нашр кунед, беҳтар бошад. Дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» биравад дар оғози барнома ҷой диҳед.

 Дар бораи Олими истанса дар он ҷое омада будем, ки Ардашер Ҳимматзода судяи ноҳияи Шоҳмансур 10.000 долари амрикоии додари Олим Шералиевро мегираду дар ҳалнома хулосаҳои бофтаву сохта ва дур аз адолату ҳақиқатро менависад.

Акнун давомашро гӯш кунед. Ин кампири ҳафтодсола бо ҳевараш ба қабулгоҳи Рустами Эмомалӣ мераванд бо ариза. Онҳоро дар аввал муовини дуюми Рустами Эмомалӣ қабул карда пурсупос мекунад ва онҳо ҳамаи ҳодисаи гузаштаро ба ӯ мефаҳмонанд ва ӯ ягон чорае намебинад ва баъдан инҳо ба муовини якуми Рустами Эмомалӣ мебароянду талаб мекунанд, ки кори мо чи шуд ва ӯ посух мегардонад, ки аризаи кампирро ба суд равон кардаанд. Аризаи туро дар прокуратура дида мебароянд, мунтазир монед, ҷавобашро ба шумо ба тарзи хаттӣ бармегардонанд ва онҳо интизор мемонанд. Вале аз санг садо ҳасту аз мақомотҳои мо не. Ва онҳо боз ба прокуратураву суд муроҷиат мекунанд. Вале ҷавобҳои рад аз ҷониби суд ва аз прокуратура мегиранд. Сипас ин кампир бо ҳевараш ба суди шаҳри менависанд. Судяи шаҳрӣ Мустафозода 15,000 доллари   Олим Шералиевро мегираду боз хулосаи сохтаву бофтаи Ардашер Ҳимматзодаро бе тағир мемонад ва баъдан инҳо боз ба Суди олӣ ариза мекунанд. Суди олӣ 20.000 доллари Олим Шералиевро  гирифта ҳалномаи Мустафозодаро бетағир мемонад.

 Акнун бинед, ки қонун ва адолат дар куҷо монд? Агар гунаҳгор набошӣ барои чи пул медиҳӣ? Инҳоро гуноҳашон сад дар сад исбот шуд. Делоҳои қалбакие, ки ташкил карда буданд, ҳамаашро ин кампир аз архив кофта мебарорад ва дар куҷо инҳо читавр бо кӣ ин корро карданд ҳамаашро ошкор мекунад. Бо сардори идораи нотариуси ноҳияи Шоҳмансур, ки дар номаҳои гузашта номаш ҳаст Маҳмудов.С, бо ӯ ин корро анҷом доданд ва соҳиби магазини бепул шуданд ин ҷинояткорон ва баъдан ин кампир ва ҳевараш инҳоро дар прокуратураи шаҳр медиҳад. Ҳамаи делоҳои қалбакии онҳоро бурда якто ба якто ба прокурор мефаҳмонанд, ки инҳо чунин ҷинояти дастаҷамъона анҷом додагианд ва ин дело ҳам як моҳ давом меёбад. Сардори нотариуси Ваҳдат бо 10000 доллари амрикоӣ ҷони худро аз прокуратура халос мекунад. Олим Шералиев 20.000 долари амрикоӣ медиҳад.

Ҳам аз барои худаш ва ҳам аз номи Абдусалом гунаҳгори сеюмин. Барои онки он мусафед худаш як дастнигар аст, пул надорад. Агар ӯро дело оғоз кунанд, тамоми ҷиноятҳои онҳо ошкор мешавад. Барои руйпуш кардани ҷиноятҳояшон инҳо маҷбуранд, ки аз тани мӯйсафед пул диҳанд. Барои ҳамин Олим Шералиев 20.000 доллар аз ба ҷойи ду кас медиҳад ва ҳамин тавр аз инҷо ҳам ҷонашонро халос карданд. Ва ҳоло Илҳоми додари Олим Шералиев гуфтааст, ки «магазинро мефурушаму аз инҷо меравам- ба умеди ин магазин шарманда шудем, дар ҳиҷҷо сар боло карда наметавонем. Фарзандои моро кудакҳо «отаи шумо тераристай мегуфтиян дар мактаб ва ҳамаи мардум моро ба чашми бад нигоҳ мекунанд».

  Кампир гуфтааст касе, ки ин магазинро  бихарад ҳам рӯзе мешавад онро пас мегирам ва дар он инсони харида ҷабр нашавад, беҳтар аст, ки нахаранд. Аз ин лиҳоз мардумро пешакӣ огоҳ карданиям, ки нахаранд. Чунки ин магазин моли ҳалоли ман аст. Ман ва фарзандонам онро сохтаем, Олим Шералиев ва бародаронаш омада бепул онро гирифтанд. Инҳо ҳақи фурӯхтан надоранд. Барои онки соҳиби асосиаш моем, на инҳо. Мо, мегӯяд кампир, боз муборизаро давом медиҳем. Агар ин власт ҳамаш фурухташуда бошанд умед аз Худованд дорам. Рӯзе мешавад ман ҳақамро мегирам.

  Баъд як чизи дигарро ба шумо бирасонам, ки он ду милисае бо ҳамроҳи Олим Шералиев омада ин бачаҳои кампиро азоб доданд ва ба ёрдами инҳо Олим Шералиев соҳиби магазини бепул шуд ҳоле яке аз онҳо дар амният кор карда истодааст ва ҳамон бисёр инҳоро таъқибу таҳдид карда истодааст, ки яке кор ба ҷое нарасад, ки онҳоро ҳам даъват кунанд. Лекин ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки видеоҳои ҳамаи онҳо-омадани милисаҳо, азоб додани онҳо ҳамааш дар дасти онҳо ҳаст. Кампир дар суди ноҳияи Шоҳмансур диски ҳамонҳоро овард ва ба судя пешниҳод кард, ки бубинад, ки инҳо чи тавр ин магазинро ба зулм гирифтаанд. Судя Ҳимматзода Ардашер отказ мекунад. Мегӯяд даркор нест.

  Ин буд достони як таъқиби ман, ки баъди чанд моҳи танаффус ин маълумоти навро ба шумо, ба тамоми мардум ва он мақомоти кару гунг расонида бошам. Аммо ман сокит намемонм. Боз ҳам баҳсу моҷароро таъқиб ва пайгирӣ мекунам ва ҳатман ба «Ислоҳ» менависам, то ҳақиқат тантана кунад.

          Ашт

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Худо кунад, ки ҳамеша сиҳату саломат ва дар роҳи мубориза бар зидди ин режими худкома қоиму устувор бошед. Аз Ашт бароятон менависам.

 Дар бори баъзе нфарҳое гуфтаним, ки кору кирдори мунофиқҳоро аноҷм медиҳанд.

Барои мисол Матқулов Дадоҷон гоҳ ба намозҳо меояд гоҳ намеояд. Кораш бошад, корашро мекунад. Корро аз намоз пеш меҳисобад. Ин як сифати мунофиқҳо аст. Ман ягон хел ҳукм намекунам. Вай инсони хуб аст, лекин ҳамин хел хислат дорад. Бо Сулаймони суфии масҷиди домулло Абдураҳим як ду- се корҳо кардагӣ буд.

Барои масҷиди сохтаашон худораҳматии домулло Абдураҳим аз Туркия гилем заказ карда буданд. Он гилемҳо омаданд. Як қисми ин гилемҳоро, аз масҷид ҳамин суфии масҷиди домулло Абдураҳим бо додари Дадоҷон оварда ба масҷиди Шамбарӣ андохт. Ҳоло боз мардум нишаста дар ин масҷид намоз мехонанд. Номи домулло Абдураҳимро истифода бурда корҳои зиёде карданд. Одамҳои аз ин кор бохабар мегуянд, ки як қисми ин гилемҳои домулло Абдураҳимро Сулаймон ба хонааш андохтааст.

 Ҷумъаи рӯзи 28 август ГАИҳо ба масҷид омада буданд. Ҳама намози ҷумъа даромад. Дар ин вақт ГАИҳо номери мошинҳоро канда бурданд ба дафтари ширкати Фароз. Офиси ширкати Фароз дар шаҳри Хуҷанд аст.

Имрӯз ҳам баъди намози ҷумъа ГАИҳо омаданд. Номери мошинҳои бе техосмотр ва бе утилизатсияро канда истодаанд. Дар сари як баландӣ истодаанд ва мошинҳоро наззора мекунанд.

Дар намоз Қурбон имом гузашт. Гоҳ Қурбон ва гоҳ Сулаймон, аз ҳарду якеаш имом мегузарад. Якдигарашонро иваз карда меистанд. Ин бор Қурбон гузашт. 50 маротиба зиёд Пешво гуфт. Барои мардум пешворо таъриф кард. 5 дақиқа аз вақти намоз гузашт. Соат яку  панҷ шуд. Касе гап назад. Ҳама ором, ҷим. Як нафар хесту гуфт, ки вақти намоз сар шуд. Ҳама хомуш, афсус. Ин Қурбон соли таваллудаш 1967аст. Ба гуфтаи намозгузорони масҷид як бачаи бесавод мебошад. Сулаймонаш ҳам як бачаи бесаводи дигар аст. Ҳозир дар масҷид 5 нафар намозгузор ҳасту халос. Тавба кардам худоё.

Сухани пайғамбарамон ҳаст, ки мегӯянд аз Даҷҷол ҳам пештар мунофиқ мебиёяд, аз мунофиқ тарсед. Ин гапро аз ҳоҷӣ Зикриддин ҳам шунидаам. Он кас ин гуна гапҳоро гуфта меистанд.

Оби ҷӯйбори Дадоҷону ҳамсояҳояш кам шуд, ба трактор ҷуйро канданд. Дадоҷон Зарифро мегуяд, ки барои трактор пул ҷамъ кунад. Мегуяд ҳозир шумо аз мардум ҷамъ карда гирифта ба трактор диҳед, сонӣ ман худам медиҳам. Аммо наздикони Зариф эътироз карда мегӯянд, ки Зариф пул ҷамъ намекунад, даркор бошад худат ҷамъ кун. Руихат карда аз мардум барои обод кардани ҷӯй пул ҷамъ мекардаанд. Бобои Зариф суфии масҷид аст. 

Дар мактаби маҳаллаи Шахак ба марафон иштирок карда меистад, дар группаҳо даромада меистад –онлайнӣ корҳои хайр кунед гуфта мардума таклифу ташвиқ мекунад. Ҳар вақт пул ҷамъ карда меистд. Мақсадаш пулҷамъоварӣ аз мардум.

Ин Мумин рӯзи панҷшанбе дар ҳаминҷо ҳам гуфта буд, ки хайр кардан даркор.

Як нафари дигар, ки Шавкатҷон ном дорад, ба вай шарик шуд, тариқи онлайн. Сайёд гуфтанӣ бача. Ин ҳамкурси бародар Шавкатҷон будааст.

Муминҷон Турсунов як вақтҳо магазин дошт, арақфуруш буд. Арақфурушиаш (магазин) чанд бор оташ гирифт. Партови сухторро ба даштҳо бурда партофтанд. Данний момент дар дари хонааш магазин дорад, стройматериал мефурушад.

Пештар дар инҷо як бинои нонвой буд. Он вақт Шарипов Муминҷон оқсақол буд. Нонвойхона замин ҳам дошт. Дар он замин Муминҷон Турсунов толори билярдний кушод. Баъд магазин кард. Ҳозир, чи хеле гуфтам маводи сохтмон савдо мекунд.

Бачаи Муминҷон Турсунов ҳуқуқшиносӣ хондааст. Дар мактаби ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев омодагии ҳарбӣ дарс медиҳад. Вай ҳам ба группа даромада «корҳои хайр кунед» гуфта гадоӣ карда мегардад.

 Сайёд ҳам як сол дар мактаби Юлдош Улмас директор шуд. Ин ҳам пешвои миллатро лоф зада мегардадва худашроба корҳои халқ зада меистад. Ҳозир муаллими одӣ аст, директор нест.

 Матқулов Дадоҷон ҳозир таксӣ кор мекунад. Аз Шайдон ба Понғоз одам мекашонад. Бо ҳамин рӯзаш гузашта истодааст. Бачаҳояш дар Русия, занаш ҳам дар Русия аст. Занаш столовая дорад. Хоҳари худораҳматии домулло Абдураҳим-Кимиё.

Солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддин Кабирӣ Понғоз омада буд бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ. Он солҳо Дадоҷон Матқулов тарафдори оппозитсия буд. Маҳаллаи Шамбариро ба номи Саид Абдуллоҳи Нурӣ мемонем мегуфт. Аммо ҳозир дар масҷид дар ҳақи пешвои миллат гап зада мегардад.

Ин Мумин Турсунов он вақтҳо ба Саломов Абдусалом чойкашак буд: «раис чойи кабуд дам кардем: гуфта хушомад карда мегашт. Ҳозир акнун вай мошинҳои калон дораду соҳиби магазин шудаст. Пулдор вале буз шудагӣ, одним словам

Саломов Абдусалом чи кор карду чи кораш монд, ки ландкрузераш буд, касе омад гирифту рафт. Гуё қарздор будааст, ба қарзаш гирифтааст. Ин одам дар Зафаробод кор кард, завод харид. Ба мактаби гимназия хизмат карда буд. Синфхона пушида буд. Пули кормандонашро саривақт медод.

       Исфара

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап, пеш вақт ба шумо зиёд менавиштам. Ҳоло баъди хондани мақолаи шумо дар бораи китобнависиву китобҳои Раҳмонов, таҳти сарлавҳаи «Раҳмонов аз манзаре дигар» ба ин натиҷа расидам, ки ҳамкорӣ  бо шуморо идома диҳам.

Аз ин навиштаатон, рости гапро гуям, кайф кардам.Чунки бисёр ҳам хубу нишонрас ва бомаза навиштаед. Дар ҳақиқат дуруст қайд шудааст, ки Раҳмоновро бо Мавлоно ва ё Имоми Аъзам чи кор?

То онҷо, ки баъди нашри мақола ҷустуҷу кардам, дар бораи ин китоби Раҳмонов тақризу тавсиф шояд аз адади нашри китоб зиёдтар навишта шуда бошад. Ҳатто дар сайти ВКД-и Рамазон Раҳимзода ҳам як тақриз ба китоби мазкури Раҳмонов дарҷ шудааст. Ин намунаи олии тамаллуқу чоплусии Рамазон Раҳимзодаи буқача аст. Наход дар сайти ВКД тақриз ба китоби Раҳмонов чоп кунӣ?

Инҳо мехоҳанд аз Раҳмонов як зуфунуне, ки мавлави шиносони олам дар пеши вай чизе нестанд, ҷилва диҳанд ва ончунон навиштаанд, ки Раҳмонов ба мағзу моҳият ва жарфнову умқи Мавлавӣ ворид шудааст ва хулоса Раҳмонов мавлавишиноси №1 –и олам аст

Аммо, ин ҳама чаранду паранд, ҳарфи муфт аст. Чаро? Чунки «туғрӣ» намегирад. Мувофиқ намеояд, имкон надорад, ғайримумкин аст. Ва ба гуфтаи худи шумо Раҳмонов ва Мавлоно ду қутби ба ҳам муқобиланд. Раҳмонов ба ҳиҷ ваҷҳ наметавонад дар бораи Саидалӣ Вализода бинвисад, чи расад ба Мавлоно.

 Аммо барои онки Раҳмонов яксаду анд китоб чоп кардааст, ман пешниҳод мекунам ки ба вай унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шавад ва ҷоизаи илмии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ҳам бидиҳанд. Ман ҳайронам, ки бо ин ҳам китоб чаро узви Иттифоқи Нависандагон нашудаст?

Вале маро як савол бисёр ҳам гиҷу гаранг кардааст. Раҳмонов осори Мавлоноро бо кадом хат хонда бошад?

Шумори зиёди китобҳои Раҳмонов осори Владимир Иличи доҳии пролетарҳоро ба ёдам овард.

Солҳои шӯравӣ як ҳамсояамон бригардир буд. Мототсикли Урал дошт. Дар қобчаҳои зард “Асарҳо”-и Ленинро меовард. Мо онҳоро мошинчабозӣ бозӣ мекардем, аз онҳо хонача месохтем. Занҳои кӯча тагдаргиронии оштону бухориҳояшон мекарданд. Дар танӯр зери ҳезум месӯхтанд.

Ҳоло Раҳмонов бимирад китобҳои вай ҳам бо айни ҳамин сарнавишт рӯбарӯ мешавад.

            Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам дар бораи як масъала ба шумо ва тавассути каналҳои шумо ба мардум бигӯям.

Чанд сол аст ки Раҳмонов ва командааш озмунҳои гуногунеро ба мисли Фуруғи субҳи доноӣ, Хонандаи беҳтарин асарҳои Раҳмонов ва амсоли ин ташкил карда ва аз сатҳи ҷамоату ноҳия то ба вилояту ҷумҳурӣ бурда истодаанд. Гуё Раҳмонов бо ин кор мардумро ба хондану омухтани илм ташвиқ карда мехоҳад насли оянда донишманд ба камол бирасад. Ба гуфтаи Раҳмонов одами хондагӣ одами маданӣ ва бофарҳанг мешавад ва шахси бофарҳангу маданӣ ва китобхонда ба корҳои дигар даст намезанад. Раҳмонов мегуфтааст, ки дар зоҳир бошад ҳам бояд ҳама  чиз қонунӣ ва маданӣ бошад. Бояд мардумро ба фарҳангу китоб ҷалб кунед.

  Медонед барои чи? Барои он, ки интеллигент (ба гуфти инҳо шахси бо фарҳангу культурный) ба даст яроқ намегираду ба тазоҳурот намебарояд. Инро Абдуҷаббор Раҳмонов дар вақти Вазири маориф буданаш гуфта будааст. Гуё Раҳмонов чунин дастур додааст. Акнун ба фикри инҳо бояд мардум ҳама хондагӣ, костюму галстукпуш бошанд. Иллати костюму галстукпушшавии худи онҳо ҳам ҳамин будааст. Иллати китобнависи Раҳмонов, иллати баргузории озмуни Фуруғи субҳи доноӣ, иллати озмуни Донандаи беҳтарини асарҳои пешво ҳамин будааст. Инҳо фикрашон ин будааст, ки илму дин бо ҳам душмананд, бояд мардумро илм омӯзонд, то аз дин дур шаванд. Бояд намуди зоҳирӣ тавре бошад, ки ҳиҷобу русарӣ мояи хиҷолат бишавад, риш асримиёнагӣ ҷилва дода шавад, мардум аз дину оин дур бишаванд, худоношиносу худонобовар бошанд. Гуянд, ки илм аст, дигар, ва махсусан дин барои зиндагӣ як кори нозарур ва бефоида аст.

 Як нафар ба як прокурори ин оила ё судаш гуфтааст, ки охир ин чи гуна мешавад. Ин нафар гунаҳ содир накардааст. Ба зӯрӣ ба сараш бор карда истодаем. Ҷавоб додааст, ки ин қонунӣ мешавад. «Қонуниаш ҳамитарияй. Роҳи дигаруш  нестай. Бояд қонуниш кнем»

Мақсади гапаш ин аст ки қонунӣ набошад ҳам бояд статя бизанем, то ки қонунӣ намоён бишавад, бигзор он шахс комилан бегуноҳ ҳам бошад.

Аммо, бовар кунед, ки Раҳмонов китобу одами босаводро задагӣ. Вай на худаш ва на Рустами бачааш дар курсии донишҷӯӣ дуруст шиштагӣ нестанд, китоб ҳам нахондаанд. Аммо хуб баладанд, ки «чи гуна қонуниш» кунанд.

Share This Article