Аз навоҳии Фархор, Шаҳритус, Ваҳдат (Ромит) ва шаҳри Хуҷанд ин бор номаҳои расидаро барои нашру пахш омода намудем ва аз ин номаҳо сархатҳоеро ба унвони муқаддима дар оғози барнома ҷой додем, ки шарҳи зайл аст:
Фархор: «Як хоҳарзодаам дар Челябинск буд. Вайро тибқи қонуни авф аз ҷавобгарӣ озод карданд. Падарашро милисаи Фархор даъват карда мегуяд, ки «камтар ба прокурор додан даркор, то делояшро қатъ карда розискашро бекор ва коғази амнистияашро диҳад». Падар гуфтагиашро бурда медиҳад.
Аммо ин ҳайати Маскав рафта телефонҳои ин хоҳарзодаамро пайдо карда занг зада мегуяд, ки биёву коғазҳоятро бигир».
Шаҳритус: «Мегӯяд имсол сисола мешавам ва тағоям Саъдуллоев Муҳибулло мегӯяд, ки ту соҳиби ояндаи Шаҳритус мешавӣ. Вазифаи раисии ноҳияро ман дар рӯзи зодрӯзат бароят ҳадя мекунам».
Хуҷанд: «Дар кишварҳои ҳамсоя барои кӯдаки то сесола кумакпулӣ медиҳанд, баъдан то синни 17-солагӣ низ маблағи муайян ҷудо мекунанд. Барои кӯдакони маъюб омӯзгор ва мутахассисони махсус медиҳанд ва ҳар моҳ ба онҳо кумакпулӣ пардохт мекунанд».
Ваҳдат (Ромит): «Шоҳасан Мирзокаримов мегуяд,ки кадоме ин маълумотро мефиристад вай аз дин хориҷ мешавад,дузах меравад: «Бояд ин масъала ҷиддӣ дида шавад. Дидед пешво авф кард,бояд сиёсатҳои уро дастгирӣ кунем,мунофиқ мешавӣ агар дастгирӣ накунӣ». Дар пеши магазин ҳар бегаҳ маҷлис мекунад. Мегуяд онҳоро гуш накунед. Мегуяд агар онҳо сари вазифа биёянд ҳамаро мекушанд, таҷовуз мекунанд, онҳоро бовар накунед, онҳо ватанфурушанд».
Фархор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худо кунад, ки ҳамеша саломат ва сарбаланд ва дар амри расонидани сухани ҳақ ҳамин тавр қоиму устувор бошед. Як матлаби шуморо дар бораи сафари ҳайати вазорати дохилӣ ба Маскав хонда беҳад дар хашму ғазаб шудам. Ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ранги кирму шулук хуни мардуми мазлуми бечораро дар ҳар мавриди мумкин хурдаву макида истодаанд. Шумо саддарсад дуруст фармудед, ки ин ҳайат аслан бо нияти хайр, дастгирӣ ва ёрдам барои муҳоҷирон ба Маскав нарафтааст. Инҳо барои пулкоркунӣ ва боз ҳам азияту озор додани муҳоҷирони бедифоъу беҳуқуқ рафтагианд.
Як хоҳарзодаам дар Челябинск буд. Вайро тибқи қонуни авф аз ҷавобгарӣ озод карданд. Падарашро милисаи Фархор даъват карда мегуяд, ки «камтар ба прокурор додан даркор, то делояшро қатъ карда розискашро бекор ва коғази амнистияашро диҳад». Падар гуфтагиашро бурда медиҳад.
Аммо ин ҳайати Маскав рафта телефонҳои ин хоҳарзодаамро пайдо карда занг зада мегуяд, ки биёву коғазҳоятро бигир.
Мо ҳайрон ҳастем, ки ин мақомот бо ин гуна корҳояшон мардумро чи фикр мекарда бошанд. Он ҷиянам намеравад ва мегуяд милисаи Фархору прокурор корашро ҳал карданд. Аммо онҳо мегуянд, ки мо дар иноҷ туро аз розиск снимат мекунем. Хулоса, 20.000 рубл ба онҳо медиҳаду Маскав намеравад.
Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки дар зиндонҳои Тоҷикитон ҳамин ҳоло низ ҳазорҳо бегуноҳ шиштаанд. Ин шо Аллоҳ, ки ҳар вақте ин ҳукумати касофатро чапа кардем ман мехоҳам, ки зиндониҳои бегуноҳро озод кунему дар ҷойи инҳо аз ҳамин мақомоти порагиру ҳаромхуру фасодкор бурда мешинонем. То бифаҳманд, ки кори бад мукофоти бад дорад. Бо ҳаминҳо тюрмаҳоро пур мекунем.
Бародар, барномаҳои «Ислоҳ»-ро дар Фархор ҳама тамошо мекунанд. Шумо дар инҷо тарафдорҳои зиёд доред!
Боқӣ дар амони худо бошед.
Шаҳритус
Ассалому алейкум бародари гиромӣ зиёд мехостам номаи маро нашр намоед чунки баъди барномаҳои шумо нисбати девонаҳои аз ақл дур чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Шикоят аз як директори муассиса дорам. Вақте як нафареро омӯзгор мегузоранд вазифааш таълиму тарбияи насли наврас аст на истифода аз мансаб ва даст расонидан ба духтарони ноболиғ.
Моҳе қабл барои чунин амали ноҷавонмардонааш танбеҳ шуд вале мошинашро фурӯхта ба порахурҳои болоияш дода ҷонашро харид ва ваъда дод, ки ҳамон духтараки шогирдашро ба зани мегирад, дар ҳоле, ки зану фарзанд дорад. Ному насаби духтарро намегӯям зеро ӯ ноболиғ аст. Вале тамоми муассиса ӯро аруси директор мегӯянд. Ҳеҷ омӯзгоре наметавонад духтарро сарзаниш карда, чунки аз кор маҳрум мешавад. Вай як ҷиянашро овардааст барои таҳсил ба литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус. Ӯ бошад ман ҷияни директорам гуфта касеро гуш намекунад. Магар дар Данғара муассисаи литсейи касбӣ нест, омӯзгори фаннӣ нест.
Дар муассиса мардҳо намегузоранд занҳояшонро дар литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус кору фаъолият намоянд.Чунки аз зоти ҳароми Шарифзода Фирдавс метарсанд, ба занҳоямон дастдарозӣ мекунад мегӯянд. Вале бо вуҷуди набудани омӯзгор директори бесавод номи хешу табори худашро дар рӯйхати кормандон сабт намудаасту маоши бе меҳнатро бародару чанд хешу ақрабои дигараш бо роҳат мегиранд. О, ин қонунҳо танҳо рӯйи китоб бошад ё барои одамони камбағал? Барои ин мансабдору маблағдорҳо қонуни дигаре ҳаст чи? Чандин ҷавони ба хидмати ҳарбӣ даъватшавандаро, ки дар литсей таҳсил мекарданд бо додани маълумотномаи бардурӯғ, ки дар литсейи таҳсил доранд гӯё кайҳо ба Федератсияи Русия рафтаанд аз хизмати ҳарбӣ гурезонд. Чанд маротиба аз болояш шикоят карданд вале ҳеҷ чораи зарурӣ нисбаташ андешида нашуд. Бо ифтихор мегуяд, ки мара тағам ҳоҷӣ Муҳибулло Саъдуллоев аст ва ба гуфтааш барои одамони вазифагир Шарифзода Фирдавс миёнаравӣ мекардааст яъне маблағро гирифта ба тағояш медодааст тағояш Муҳибулло Саъдуллоев бо як занги телефони нафари пулдодаро соҳиби вазифа мекардааст. Гӯё роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия, мудири маорифро, директори муассисаи таълимии давлатӣ литсейи хонандагони болаёқат, вазифаи муовини раиси ноҳия бо миёнаравии Шарифзода Фирдавс таъин гардидаанд. Мегӯяд имсол сисола мешавам ва тағоям Саъдуллоев Муҳибулло мегӯяд, ки ту соҳиби ояндаи Шаҳритус мешавӣ. Вазифаи раисии ноҳияро ман дар рӯзи зодрӯзат бароят ҳадя мекунам.
Вазифа дар замони шуравӣ барои хидмат ба мардум буд, ҳозир бошад ин вазифаҳо ҳадяву ба фурӯш гузошта шудаанд. Лаҷоми ин девонаҳоятонро каме кашед, зеро аз ҳад зиёд имконият додаед шумо ба ин девонаҳоятон мӯҳтарам Саъдуллоев Муҳибулло.
Як нафари дигар муовини раиси ноҳия Сафарбекзода Фаридун барои дастдарозӣ ба духтари ноболиғ 5 сол пеш нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд, вале бо гузашти чанд моҳ дигар ҳама хомӯш Сафарбекзода Фаридун дар вазифааш «бо сари баланд» кор карда истодааст ва дар ихтиёраш гузоштанд ҳуҷҷати қонунигардонии амволро. Нархи ин ҳуҷҷат бо чойпулии Сафарбекзода Фаридун 10 ҳазор сомонӣ аст. Мо мардуми камбағал аз куҷо ин қадар маблағ дорем, ки дар кисаи онҳо мегузорем. Аксарият дар хона падару модари пир, фарзандони мактабхон дорем, зиндагиро бо сад азоб пеш мебарем. Вале ҳуҷҷат, ки лозим аст аз куҷое набошад бояд маблағро пайдо намоӣ.
Тураева Мақсуда, муовини раиси ноҳия аз марг бипурсияш мегӯяд марг чист, Азроил кист. Аммо ин зани худобехабар як духтар дошт, ки чанд шавҳар кардаву ҷудо шудааст. Вақте меҳмоне меомад ба ноҳия албатта меҳмони марду соҳиби вазифаи хуб ӯро бегоҳ ба хонааш ба қавле ташкилӣ мебурд ва шаб боз меҳмонро духтараш меҳмондорӣ мекард. Як нафар аз чунин меҳмонҳо гирифтори бемории сироятӣ мегардаду духтари Тураева Мақсударо бурда хуб мезанад ва духтар баъди озод шуданаш аз Тоҷикистон гурехта ба Дубай меравад. Ҳоло дар хидмати шайхҳои араб қарор дорад ва Тураева Мақсуда барои ин корҳояш чанд духтари ҷавонро ёфтааст, ки гоҳ -гоҳе ба хонааш даъват мекунад духтарҳоро. Барои чунин фоҳишагияш писараш занашро гирифта аз хонаи модараш рафт ва гуфтааст, ки метарсам боз зани маро ба ҳамин роҳ мебарӣ. Лутфан чораи ин нодидаҳо дида шавад. Демократия мегуед, о, монед ҳамаги озод зиндагӣ кунанд. То ба кай ин тағабозиву вазифахариву зулму ситам ба ҷони мо мардуми одди Шаҳритус?
Хуҷанд
Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол! Худованд ҳамеша шуморо сарбаланду муваффақ нигоҳ дорад, сафатонро зиёд кунад ва дар паноҳаш ҳифз намояд.Бародар як савол дорам: барои чӣ дар бисёр кишварҳо, ҳатто дар кишварҳои ҳамсоя, давлат аз рӯзи таваллуди кӯдак ба оила кумакпулӣ медиҳад, аммо дар Тоҷикистон ин гуна дастгирӣ дида намешавад?
Магар мардуми тоҷик чӣ гуноҳ доранд, ки аз бисёр имтиёзу кумакҳои иҷтимоӣ маҳрум карда шудааст? Президент ва парламент ҳамеша, вақте ки қонуни бюҷетро таҳия ва қабул мекунанд лоф мезананд, ки ин қонун бартариро ба арсаҳои итимоӣ, тандурустӣ ва маориф дода беш аз чилучанд дар сади он ба ҳамин соҳа равона карда шудааст. Аммо мо хуб медонем, ки ҳам дар беморхонаҳо ва ҳам дар мактаб мардум хидматрасонии ройгонро фаромуш кардаанд. Бепул ҳатто демидрол намедиҳанд ва ҳатто бури мактаб аз ҳисоби фарзандони мардум аст.
Дар кишварҳои ҳамсоя барои кӯдаки то сесола кумакпулӣ медиҳанд, баъдан то синни 17-солагӣ низ маблағи муайян ҷудо мекунанд. Барои кӯдакони маъюб омӯзгор ва мутахассисони махсус медиҳанд ва ҳар моҳ ба онҳо кумакпулӣ пардохт мекунанд.
Чаро давлати мо ба шаҳрвандони худ чунин шароит фароҳам намекунад? Агар кори хуберо кишварҳои дигар анҷом медиҳанд, чаро мо аз онҳо намеомӯзем?
Масъалаи дигар ба зиндони 3/5-и Хуҷанд, назди «Пожарка», дахл дорад.
Муовини сардори зиндон Нуруллоев Рустам Хайруллоевич, подполковник, аз ноҳияи Данғара аст. Ин шахс бо маҳбусон муносибати бисёр дурушту дағал дорад. Маҳбусонро барои ҳатто як баҳонаи ночиз ва гоҳо беягон сабаб як моҳ ба ШИЗО мефиристад. Инсони бесавод аст, хатто ному фамилияи худашро навишта наметавонад.
Маҳбусонро танҳо дар ду ҳафта як бор ба телефон роҳ медиҳанд. Барои ним соат телефон кардан аз 50 то 100 сомонӣ талаб карда мегирад. Ва, агар маҳбус пул надошта бошад панҷ моҳ гузарад ҳам имкони истифода аз телефонро намедиҳанд.
Агар як маҳбус аз оилаи камбизоат бошад ва аҳли хонааш имкони пардохти ин маблағро надошта бошанд, ӯ чӣ кор кунад? Магар ӯ ҳақ надорад бо падару модар, зану фарзандаш суҳбат кунад?
Сардори зиндон дар куҷост? Барои ин ҳама кӣ ҷавоб медиҳад?
Бародар Муҳаммадқибол! Як масъалаи дигарро ҳам мегуям: афви зиндониён.
Одамоне ҳастанд, ки ба афв афтодаанд, вале на судяҳо афвро татбиқ мекунанд ва на дар зиндон масъалаашонро ҳал мекунанд.
Вақте нафар бори аввал суд шудааст, судя бояд масъалаи афвро барои вай баррасӣ кунад, аммо намекунад ва мегӯяд:
«Ба зиндон равед, он ҷо афватонро мегиред».
Вақте ба зиндон мераванд, он ҷо ҳам афвро татбиқ намекунанд.
Пас ин одам ба куҷо муроҷиат кунад?
Агар шахс тибқи қонун ба афв афтода бошад, ин ҳаққи қонунии ӯст. Чаро судя ё маъмури зиндон метавонад ин ҳақро аз ӯ бигирад?
Ин зиндониён ҷазои худро гирифтаанд. Баъзеашон ҳатто аз он чӣ бояд мегирифтанд, чандин сол бештар дар зиндон мондаанд.
Ба судяҳо гуфтанием: шумо ҳам фарзанди ҳамин миллат ҳастед. Барои чӣ нисбат ба ҳамватани худ чунин муносибат мекунед? Барои ин амалҳо рӯзе ҷавоб додан лозим мешавад.
Ҳоло дар Хуҷанд низ масъалаи маҳкумшудагони вобаста ба моддаҳои 307 матраҳ аст, аммо гуфта мешавад, ки баъзе дархостҳоро қабул намекунанд.
Барои чӣ? Судяи Хуҷанд ҳозир колонкаи (колонияи ислоҳотӣ) статяҳои 307 –ро гардонда истодааст қабул накарда истодааст, барои чи? Ба ин миллат чи қасд дорад?
Ман пурсиданиам, ки агар қонун вуҷуд дорад, чаро барои як нафар амал мекунаду барои дигаре не? Оё қонун барои ҳама яксон нест? Агар давлат аз шаҳрванд андоз, итоат ва масъулият мехоҳад, пас масъулияти худи давлат дар назди кӯдак, маъюб, оилаи камбизоат ва ҳатто маҳбус чист?
Маҳбус ҳам инсон аст. Зиндон ҳукми маҳрум шудан аз озодист, на маҳрум шудан аз ҳуқуқи инсонӣ, аз суҳбат бо аҳли хона ва аз ҳуқуқе, ки қонун ба ӯ додааст.
Ва агар қонуни афв қабул шудааст, бояд як саволи рӯирост дода шавад: қонунро барои чӣ қабул мекунанд, агар дар вақти иҷро касе тавонад онро нодида бигирад?
Агар Нуруллоев Рустам Хайруллоевич ё дигар масъулони зикршуда ба ин гуфтаҳо ҷавоб ё шарҳи дигар дошта бошанд, бигзор дар васоити ахбор омма ва бигзор ба «Ислоҳ» авоб гардонанд.
Аммо дар охир як саволи асосӣ дорам: дар Тоҷикистон қонун ҳоким аст ё хоҳиши мансабдор?
Ваҳдат
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Давоми қиссаҳо аз Ромитро ҳикоят мекунем. Дар бораи як нафар қаллоб гуфтаниам.
Хоҷаев Хуршед Уроқович (кури Хуршед) аз қишлоқи Пойинов (ҳама онҳоро бо номи уроқиҳо мешиносанд) аз ҳамин Ромит дар Подмоскове Раменское район кору зиндагӣ мекунд. Чанд сол шуд дар ҳамонҷо аст. Дар давраи ҷанг командир буд. Дар Тоҷикистон дело дорад. Чанд бор буд, ки милисаҳо бурда буданд. Бори охирон барои дуздии 600 сар моли як одам бурда буданд. Пули он молҳоро доду баромад.
Ҳозир дар Маскав 20-то зиёд котеҷ дорад. Мардумро через милисаҳо мебарад бепул кор мфармояд. Ҳозир камикам 50 то 60 000 аз муҳоҷирҳо мегирифтааст. Муҳоҷирҳоро бепул кор мефармояд, маъқудаш нашудӣ депортатсияат мекунад.
Худаш дар ҳолати мастӣ нақл кардаст, ки прямой ба Озодабону 80 ҳазор доллар медиҳам.
Озода барояш гуфтааст, ки коре кун территорияи Ромитро кам ғам те, ки гап бисёр нашавад байни мардум то дар Ислоҳ хабару маълумот надиҳанд.
Хуршед тоҷикҳоро мебарад кор мефармояд, ҳуҷҷатҳои фалшивий мекард мегашт. Меқапиданд мебурданд. Солҳои пеш 10.000 ҳозир аз 100 000 зиёд мегиранд. Хуршед документҳои қалбакӣ:-студенческий, права, паспорт регистратсия ҳама чи мекунад.
Дар Подмоскове як зани урус дорад. Бачааш сеюм сол аст онҷо милиса кор мекунад. Бо кадоме, ки туғрӣ наомад бачаашро ба сарат роҳӣ мекунад, аз ҷойи хобат дасту поятро мебандад мебарад. Мегуяд шумо дар инҷо ғуломи манед.
Зиёда аз 10 зан дорад. Бачаи худаш аз зани тоҷикаш Юсуф ном дорад 95 ё 96 таваллудаш. Ин бача аз пушти падараш даҳ духтарро нодухтар кардагӣ дар Русия Меовард истифода мебурд, ҳомила мешуданд депортатсия мекард. Онҳоро барои патенту регистратсия ёрдам мекунам гуфта фиреб мекард вале дар охир угрожат мекард,роҳиаш мекард, мерафт. Ин Юсуфча бо лақаби тухми…шинохта мешавад.
Ҳозир дар Ромит гап фақат гапи наворҳои Ислоҳ аст. Бовар кунед, ки видеоҳо девонаашон кардаст. Мардум инаш ба инаш соз намегирад.
Шоҳасан Мирзокаримов мегуяд, ки кадоме ин маълумотро мефиристад вай аз дин хориҷ мешавад, дузах меравад: «Бояд ин масъала ҷиддӣ дида шавад. Дидед пешво авф кард, бояд сиёсатҳои уро дастгирӣ кунем, мунофиқ мешавӣ агар дастгирӣ накунӣ». Хело хурсанд шудем як барномаи «минбари муҳоҷр»№432-ро махсус барои ин масала мондед. Хело хуб фаҳмиданд дар мавриди «Гуфтани сухани ҳақ дар баробари президенти золим гуноҳ аст?»
Дар пеши магазин ҳар бегаҳ маҷлис мекунад. Мегуяд онҳоро гуш накунед. Мегуяд агар онҳо сари вазифа биёянд ҳамаро мекушанд, таҷовуз мекунанд, онҳоро бовар накунед, онҳо ватанфурушанд. Мегуяд, ки бубинед, ки пешво даҳ ҳазор одам зиёд аз тюрмаҳо озод кард. Шумо бояд президенти халқиро иззату эҳтиром кунед. Барои ин ҳама ободӣ. Ободӣ гушаи имондорӣ аст.
Аммо намегуяд, ки одамҳое авф мешаванд бепул ҷавобашон намедиҳанд.
Дар спринтери Ваҳдат-Душанбе чор кас ронанда ду нафар ба назарам одамони СС-и махуф як нафар дар қафои мошин ва ман будем.
Ин ду махуфӣ байни ҳам мегуфтанд, ки ин (Раҳмонов) бепул раҳ соз намекунад, чи гуна бе пул авф мекунанд. Мо вазифаро мехарем, дигар чи кор кунем?
Аз мардум мегирем, дар ин хел вақтҳо (манзураш авф) кор накунем кай кор мекунем.
Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев девона шудааст: «ин бадбахт кӣ, ин ватанфуруш кӣ, дар байни мо ҳам будааст. Мо фикр мекардем дар Ромити мо нест, хоини ватан. Ватани мо озоду обод аст.
Аммо ин Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев намебинад, ки свет надорем. Гуфтанд ба хотири ҳавзҳои дараи Ромит свет медиҳам, аммо фақат барои ҳавзҳои моҳии Азизмо медодаанд.
ГАИ бисёр ғам дода истодааст. Дар линияи Ваҳдат -Ромит любой мошинро меқапанд 100 сомонӣ кашида мегиранд ё 500 сомонӣ штраф мекунанд. Не за что меқапанд, пажарка надорӣ, аптечка надорӣ ременти амниятиро набастагӣ. Бо ана ҳамин гуна баҳонаҳо пул мекананд.
Барои санади саломатӣ аз талабаҳои синфи 1 Фароз аз 300 то 700 сомонӣ мегирад. Ҳисоб кунед, ки барои синфи як 250 000 талаба меравад.
Шумо дар бораи Қадамшо Иззатов дерктори мактаби Ромит дар борааш гап зада будед. Девона шудааст. Мегуяд «ман ҳофиз ҳам бошам илме ман дорам хоинҳо надоранд. Баъд наметавонам биёям директор шавам. Ҷаноб ҳамаро мебахшад. 18 ҳазорро бахшид онҳо ҳм биёянд, мебахшад»
Қадамшо мегуяд ман завод надошта бошам барои ҳамин дар ду вазифа кор мекунам.
Муаллимҳо мош мепурсанд, мегуяд «пул дар куҷо будаст ишкамат сер. Гушна бошӣ раву аз магазин гир (худш магазин дорад) Вай дар маоши муаллимҳо барои магазинаш бор овардагӣ. Ду мошини электромобил гирифтагӣ. Бачаҳояш таксӣ мезананд. Вале боз номашон дар ведомости мактаб аст, аз мактаб пул мегиранд.
Пули муаллимҳоро аз моҳи апрел додагӣ нест. Мисол 2000 сомонӣ бошд 1000 сомониашро медиҳад дигарашро дер медиҳад, ё мегуяд, ки чизи рузгоратонро равед аз магазини ман гиред.
Инро аз мактаб бояд барвақт мегирифтанд, вале Наврузи Хайрулбашар ёрдам кард. Инҳо мактабро таъмир карда буданд. Аммо аз ҳисоби мардум карда буданд. Дар ин кор мардумро фиреб кард. Мардум диданд, ки фиреб кард хостанд бигиранд. Боз чи коре карду тоб дод, гиряву нола кард:-«бояд мактаба обод кунем»
Барои ҳамин як мактабро обод кардан зиёда аз 5 миллион рубл ҷамъ шуда буд. 5 миллион пули калон аст. Аз болои полҳои шикастагиву пусидагӣ стяжка рехтанд. Вале дар он панҷ миллион мешуд, ки он деворҳоро канӣ аз нав бо блог чинӣ подвлоро сангу шағал гирӣ стяжка кунӣ тахтаҳоро нав кунӣ. Аммо инҳо пулро хурданд. Барои ҳамин аз директорӣ уро нагирифтанд. Дар дуздии он пул биёриҳо шарик буданд.
Пули лаби обдараро канда соз карданд. Мардум гуфт, ки барои трактор ҷамъ мекунем. Трактор дар Ромит барои роҳи лаби обро соз кардан буд. Ин гуфт ман аз тарафи ҳукумат арзон меорам, пулро ба ман диҳед. Овард як ҳафта кор фармуд 7 000 сомонӣ. Дигараш номаълум куҷо шуд. Аз вай як ду бор пул пул гуфта пурсиданд. Якто-якто фарёд карда таҳдид кардааст, ки «ту хоинӣ, ту аз сиёсатҳои ҷаноб норозиӣ, ки пул мепурсӣ»?
