Номаи маро алоҳида нашр кунед № 69
РОМИТ—3
Ин нашри сеюм аз силсиланомаҳои мо дар бораи «Ромит»-дараи зебоманзари куҳистонӣ ва сокинони он аст.
Дар бахши аввал ва дуввуми ин силсилаи номаҳо дар бораи раиси ҷамоат, дар бораи муллоҳо, дар бораи генерале бо номи Сафарзода Бахтовар Амиралӣ , дар бораи бузҳои Ромит ва боз чандин масъалаву мавзӯъҳо гуфта будем.
Номаҳои воридшуда аз Ромит ба «Ислоҳ», ҳам катбианду ҳам савтӣ-аудиоӣ. Ҳамин ҳоло ҳам ин номаҳо ба почтаи «Ислоҳ» ворид мешаванд.
Ростӣ,коркарду таҳияи онҳо вақт ва фурсати зиёдро тақозо мекунад. Аммо, кормандони тими эҷодии «Ислоҳ» онҳоро барои нашру пахш омода мекунанд.
Ҳоло бахши дигари ин номаҳо, бахши саввуми он пешкаш карда мешавад.
Дар ин қисмати номаҳои «Ромит» аз вазъу шароити ҳавзҳои моҳӣ, аз дача-бустонсароҳо, боз ҳам аз такистҳои масири Ваҳдат-«Ромит» ва маълумотҳои ҷолибу рангини дигареро пешкашатон менамоем. Инак бахши саввум аз силсиланомаҳои «Ромит».
Ромит-3
Дискотекаҳои Ромит
Дискотекаи Шафран дар доми даҳэтажаи Дарвоза дар тайи дом, дар подвал ҷойгир аст. Ягон одам онҷо даромада протензия намекунад. Касе коре карда наметавонад.
Соқиевҳо, соҳиби яке аз дискотекаҳоянд, ҷияни кадом генерал мебошанд. Онҷо таблетка ошкоро фурӯхта мешавад. Тамоми навъи маводи мухаддир муҳайё аст. Мегирӣ мезанӣ, мекашӣ, мехурӣ, «роҳат» мекунӣ, меравӣ.
«Дачаи 6,5 миллион долларии Раҳимзода дар Ромит»
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ(буқача) дар Қайсар мавзеъе дар дараи Ромит як дача дорад, ки онҷоро кормандонаш муҳофизат мекунанд. Худаш гуфтааст, ки барои сохту бунёди он дача 6унимиллион долар расход кардааст. Онро дар бағали куҳ рост кардагианд. Буқача онҷо ҳар аз гоҳе дамгирӣ меравад. Ин бӯстонсарои 6униммилионӣ аз Хушон боло дар Қайсар қарор дорад. Аз Ромит то Хушон 4 км ва аз онҷо то дача 9км масофа аст.
«Дачаи Сомон: ҳуҷраҳои VIP ва сирҳои пушти парда»
Онҷо боз дачаи Сомон қарор дорад. Дар дачаи Сомон як вип комнатаҳо ҳаст. Онҷо одамҳои худашонро медароранд. Он комнатаҳоро спетсиално барои компромат омода ва муҷаҳҳаз кардаанд. Бисёр ҳам шикарний, евростандарт аммо камераҳои махсуси ноаён насб кардагианд. Онро барои одамҳои болоболо медиҳанд. Барои одамҳои одӣ дар лаби ҳавз.
Дар он випкомната арӯс мебаранд, нашъаву бангу дигар маводи мукаййифа. Ин системаро Шорух Саид бо фармони Рустам сохтагӣ. Барои забонкутоҳ кардани мансабдорҳо.
Аммо, гуфтанд, ки дачаи Сомонро дар Ромит баъди навори «Ислоҳ» чанд муддат маҳкам карданд. Гуё хабар ба гӯши Раҳмонов расидааст, ки дар онҷо Озода ҳам рафта будаасту Тахминаву Парвина ҳам, албатта бо хушдорҳо-бойфрендҳояшон.
Тибқи маълумоти баъзе аз манбаъҳои огоҳ дар подвали дачаи Сомон дору омода мекардаанд. Онҷо лаборатория доранд. Дар он дарун ягон кас намедарояд. Ин манбаъ гуфт, ки чанде қабл дачаи Сомонро бар ивзи 45 ё 65 миллион доллар ба Раҳими ғармӣ мехостаанд фурӯшанд аммо пас нашр барномаҳои мукаррари «Ислоҳ» ин муомила сурат нагирифтааст. Ин муомила маҷбурӣ бояд сурат мегирифт ё бо хоҳиши Раҳими ғармӣ номаълум. Муҳим ин аст, ки пас аз нашри матолиб ва барномаҳои «Ислоҳ» ин муомила дигар сурат нагирифта ва Сомон ҳоло ҳам ба инҷо меомадааст.
Бег Сабур ва бинои 17-ошёнаи Ваҳдат: деворҳои тарқишдор — кӣ ҷавоб медиҳад?
Бег Сабур, собиқ раиси Хадамоти алоқа ва яке аз қудоҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмонов дар Ваҳдат ҳам «корҳои ободиву шукуфоӣ» кардааст. Дар Ваҳдат доми 17 этажа бардошт. Он дом бо номи доми Бег Сабур машҳур аст. Ширкати «Комил-2020»-и Бег Сабур рост кардааст. Он домро қасд доштанд то 26 этаж бардоранд. Аммо дар ин замин то ин баландӣ ошёна бардоштан мумкин набуд.
Он дом кафидагӣ, катлаван, таҳхона ва чанде аз деворҳояш трешина додагӣ. Онро ягон кас қабул накард, вале Бег Сабур аст дигар, фурухтанаш.
Доми росткардаи Бег Сабур дар даҳани дарвозаи Ромит воқеъ аст. Сохтмони он домро соли 2018 тамом карду фурӯхт, доми садамавӣ ва хатарнокро. То вақте Раҳмонов ҳаст, ки пишаки вайро пишт мегӯяд?
Бо як нафаре аз онҳо шину хез дорам. Гуфт ба ғайр аз пуле, ки ба давлат месупурӣ барои замини зери дом, барои мисол дар масоҳати 20 ба 20 ё 30 ба 30 пули пораи як дом аз 700.000 то ба 1 миллион доллар аст. Каму беш ба раиси ноҳия медиҳӣ, раис то домро пушидан кришават мекунад, албатта, ба ҷуз аз андоз. Барои ҳамин замин деҳ гӯӣ ҳам иҷозат намедиҳанд. Барои доми 17-18 этажа як миллион доллар мегиранд. Вале ошёнаҳои аввали домро инҳо худашон мегиранд, раису вазирҳо мегиранд, магазин мекунанд. Аммо ин доми Бег Сабур ҷой барои парковка ва ҷойи бозии бачаҳо надорад.
Боз дар бораи Хурсанд Мирзоева, раиси пешини ҷамоат
Домоди Хурсанд Мирзоева, собиқ раиси ҷамоати Ваҳдат набераи Бобомурод аз Ромит будааст. Тағоиҳои он бача майда -чайда мефурушанд. Ҳамин сол бачаи ӯро ҳам облава бурд. Ба фикрам кори бева (Хурсанд Мирзоева) буд. Хурсанд гапи раиси шаҳрро гӯш намекунад, прямой бо Озода гап мезанад: «что хочу то делаю».
Барои Хурсанд шаҳодатномаи таваллуд-метиристка, иҷозати тӯй-танзим ва облава ҳамааш пул. Хурсанд пул бисёр мегирифт. Одамҳои хизмат нокардаро двойно ключат мекунад:- ҳам пули хизмат ва ҳам туйро гузарондан. Як имзо- барои справкаи паспортгирӣ -400 сомонӣ. Рӯи рӯшод, бе ягон тарс дар кабинеташ мегирифт.
Мисол агар пули гуфтагиш барои облава ё туйро надорам гуфтӣ, гуфти камтар кун, ин қадар ёфта наметавонам мегуд «хайр ёфтӣ, баъд биёр». Вале пагоҳ ё худи ҳамон бегаҳ дар пушти дарат кормандони СС-и махуф чухт истодагӣ, Тангаӣ мебаранд. ССиҳои махуф масҷиди Тангаиро гирифтагианд. Онҷо барои он меистанд, ки шашаку бузҳои худашонро доранд дар онҷо. Гуфтам ку бева худаш масҷид даромад -тани юбка, попушҳояшро нокашида. Беҳад беваи шаттоҳи бадахлоқ буд.
Як вақт як одам дар ҳавлиаш дар Ромит туалет пушондан хост. Мирзоева Хурсанд, ки раиси ҷамоат буд аз он нафар пул талаб кард. Нафар надод.
Ду одами СС-и махуфро роҳӣ кард. Барои туалетро беиҷозат пушонидан. Омаданд назди он марди калонсолу саломалек карданд. Он бечора фарзанд надорад. Гуфтанд бобо ҳамин туалетро, ки пушондӣ беиҷозат аст. Он мард гуфтааст «дар замини ҳавлиам аст иҷозат чи даркор. Хайр, қайчӣ, биёред лентаро буред».
Ту пешвои миллатро таҳқир кардӣ гуфта зада зада бурданду хеле такиданаш. Вай дар тарафҳои мамнуъгоҳ зиндагонӣ мекунад.
Пул барои Хурсанд Мирзоева отделно, барои амният,барои танзим, барои облава бояд дода шавад. Барои онки ту туй кунӣ, аввал Хурсанд Мирзоева бояд розӣ мешуд. Бе розигии вай намешуд ягон кор кардан.
Кали Шурик ё мулло Муллоҳасан Тағоев ҳам туй мераванд ва дастурхону дегҳоро дар телефонҳояшон навор мекунанд. Инро ҳама медонад. Барои онки проблема нашавад боз барои инҳо бояд отделно кабобу самбусаву дигар ғизо биёрӣ ва агар набиёрӣ мераванду хабар мекашанд, тамом пагоҳ 10-15 ҳазор сомонӣ ҷаримат мекунанд.
Хурсанд Мирзоева дар хонаи падараш аст. Асосан ҳаминҷо зиндагӣ мекард. Инҷо ҳозир Асалбеки ҷиянаш зиндагӣ мекунад. Хурсанд дар Душанбе квартира дорад, квартираи 250 ҳазор доллара, дар домҳои Сафо, назди Донишгоҳи омӯзгорӣ.
Як вақт домодашро бо 18 кило маводи мухаддир қапиданд. Аммо он бор бори боло буд. Ба гуфти гапҳо аз они Илҳоми ҷияни буқача-Рамазон Раҳимзода будааст. Илҳом дар Вааҳдат милиса аст. Ин як гурӯҳи калони ҷинояти ОПГ дорад. Як зан аз гурӯҳи ӯро, ки нимаш дар Маскав аст, дар Маскав қапиданд. Хурсанд Мирзоева ва духтараш дар Ромит зиндагӣ намекунанд. Духтараш дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Азизмо ҳавзҳои моҳиро чи гуна тасарруф кард ва ҳоло ин ҳавзҳо дар чӣ вазъанд?
Дар бораи ин ҳавзҳо дар навиштаҳои пешинаи «Ислоҳ», аз ҷумла дар нашри ахири Семейка маълумот дода будем.
Инҷо пеш аз омадани Азизмову ҳамроҳонаш ду ҳавзи моҳӣ буд. Якеаш аз Муллоҳасан Тағоев якеи дигараш аз они Қудрат буд. Онҳо (одамони Азизмо) омаданд, гуфтанд 10.000 сомонӣ медиҳемат, барову рав, ки вай розӣ нашуд. Гуфт ман инҷо меҳнат кардам -10 сол зиёд. Дар ҳақиқат меҳнат карда дарахт сабзонида буд.
Вай худаш дар як дача, дачаи бачаи Қудрат Самиев кор мекард. Ин Самиев ҳам дар тарафи мамнӯъгоҳ се дачаи калон дорад. Ин ба умеди ҳамон буд, ки ёрдам мекунаду дачаашро намегиранд аз дасташ ва ё бо нархи беҳтар мегиранд, аммо, не, чизе нашуд. Не пул доданаш не ҳиҷчи. Пагоҳаш омаданду (одамони Азизмо) трактор дароварданду ҳамаро ҷуфт карданд.
Ин Муллоҳасан Тағоев «Самиев гуфт, Самиев гуфту ҳавзро аз даст дод. Гуфти гапҳо, вайҳо одамҳои шутка нестанд».
Бояд Муллоҳасан Тағоев ягон чи намегуфт. Ҳамон пулро мегирифт, ин соз буд.
Аз дарё он тараф, тарафе, ки ҳавзҳои моҳии Азимо воқеъ аст боғи Ёқуби магазинчӣ (Исмоилов) -ро низ гирифтанд. Дар лаби дарё буд. Боғҳои ҳоҷӣ Баҳриддин, боғи кӯри Раҳмон, боғи Латипов Зарин, боғи Муроди марқа, боғи Қудрат, боғи Муллоҳасан Тағоев инҳоро ҳам бепул беҳиҷчӣ кашида гирифтанд. Инҳо заминҳои заповедник буданд. Ин нафарон харида обод карда буданд.
Боз дар ҳамонҷое, ки ҳавзҳои моҳӣ сохта шудааст, ягон бист гектар зиёд дар танаи кӯҳ замине буд, ки мардум аз он алаф даравида меовард. Онҷоҳоро Ғулунг ва Ғозёб мегуфтанд. Хуллас, аз инҷо то дараи Яфрак ҳамаашро гирифтанд.
Падари қорӣ Шоҳасан Мирзокаримовро мол додагӣ буданд, нигоҳ мекард. Сесад чорсад сарро бонӣ мекунад. Отаи Шоҳасан Мирзокаримов чупонашон аст. Ҳам молҳои худаш ва ҳам молҳои Азизморо инҳоро нигоҳ мекунад.
Баъди инҳо боз магазини ҷияни Хурсанд Мирзоеваи раиси ҳамакнун собиқи ҷамоатро гирифтанд. Магазини инро гирифтанду дар ҷойи он моҳифурушӣ ва моҳипазӣ ташкил карданд.
Дар онҷо боғҳо буду хона набуд. Мардум мерафт меомад,бо хар нимсоата роҳ.
Магазини Хуршеди бачаи Холро 400 ҳазор сомонӣ доданд. Ин баақлӣ кард пулро гирифт. Чунки инро ҳам бепул аз дасташ мегирифтанд.
Дар параи ҳамин магазин замини ҳоҷӣ Баҳриддин буд. Мебоист онҷоро корхгоҳи пахтазанак мекард. Замини вайро шашсад доллар дода гирифтанд. 7 сотих замин. Мисли мусодира, чунки як сотих замин ҳоло 3 ҳазор доллар аст.
Вақти сохтмони ин ҳавзҳои моҳӣ ба одамҳо, ки масолеҳи сохтмонӣ ба ҳавзҳо меоварданд, масалан раствори семент ё ягон масолеҳи дигар, пули дуруст намедоданд. Бетони лаби дарёро 1ба1 мерехтанд -як бел семент як бел қум. Ба хотири нашустани сел.
Арматураҳои барои сохтмони Роғун рост инҷо меомад ва дар сохту сози ҳавзҳои Азизмо масраф мешуд. Ҳамаи шоферҳо медонистанд, ки сементу арматураи Роғунро оварда истодаанд.
Мӯҳриддин прораби онҷо100% медонист. Чунки бачааш постоянний дар даруни мошин ва аз ҳама чиз бохабар буд. Аммо «дору» мезад, кайф карда мегашт. Пул меовард, пули соз намедод. Коргарҳоро не зан, не оча мемонд, ба онҳо пули кам медод. Худаш боз ҳоҷӣ ҳам буд.
Инҷо як ҳавзхонаи генерал Комил ҳам ҳаст, рӯбарӯи ҳавзҳои Азизмо, аз дарё ин пара. Ин ҳам замини Сафарбеки Пулодро, ки боғ карда буд, гирифт. Омад гап зад, нархҳо соз нагирифт. Пагоҳ трактор дароварда полний ҷуфт кард, як тинаш надод. Даже дар стройка кор нагирифтанаш. 50-60 сотих заминашро бо буқагӣ захватит карданд.
Ин ҳавзҳо чанд бор мешавад, ки дучори касалӣ мешаванд. Рамазони имсола моҳиҳо касал шуда мурдан гирифтанд. Ҳатто ҳамон моҳиҳои касалиро ба мардум надоданд. Моҳиҳои як ҳавзаш созтар буд, онро ҳам дар дарё сар доданд. Бӯгирифтаҳоро ҳам дар дарё сар доданд. 10-15 рӯз оби дарё аз Ромит то Ваҳдат бӯ мекард. Бо кафши экскаватор аз ҳавз гирифта ба дарё рехтанд, моҳиҳои мурда, бӯгирифта, дорузадаро. Дар ҳоле, ки онҳоро бояд гӯр мекарданд. Аммо барои харҷи камтар шуда ба дарё рехтанд.
Як нуктаи дигар. Вақте ба назди он ҳавзҳои моҳӣ наздик шудӣ, телефонро ҳамроҳ гардонидан мумкин нест, мегиранд.
Ҳоло боз дар ин шабу рӯзҳо дар ҳавзҳои моҳӣ боз касалӣ омадааст. Ҳавзҳои Олучадара ва Ромит. Ҳамаи онҳоро ба дарё рехта истодаанд. Мардум дошта фурухта истодаанд. Бо кафши тракторҳо гирифта ба дарё афканда истоданд. Мардум ҷамъ карда бурда фурухта истодааст Аз 40 -50 то 70 сомонӣ килояшро мефурушанд. Ба саломати инсон беҳад зарар дорад, чунки ба онҳо дору -химия мезананд. Дар як ҳавз, ки 100 -200 моҳӣ касал шуд, ҳамаи онро дору мезананд. Онро хӯрда намешавад, хурдан мумкин нест. Мардуми Ромит, тамоми одам меравад. Аз лабҳои дарё меқапанд, моҳиҳо касалӣ, ранги мурдагӣ мешаванд. Об онҳоро боло мебарорад, ҳамонҳоро қапида фурухта истодаанд.
Бадани моҳиҳо, ранге одам гул мебарорад- сурхак сурхак, онҳо ҳам ҳамин хел мешаванд. Барои чи ин хел мешавад?Он тарафҳо гарм мешавад, оби он ҳавзҳоро намешавад хунук ва обработка кард. Вақте касал шуд барои пешгирӣ ҳавзро полний дору мезананд. 10-20 халта дору мезнанд. Баъди дору истеъмол мумкин нест. Вале ин мардум мегирад мефурушад. Онро бояд дар хок гӯр кард.
Ин моҳиҳо аллакай ду -се бор касал шуданд. Ҳозир боз як моҳ шуд касаланд.
Охирон бор 60-70 тоннаро дар дарё рехта буданд.
Аввали касалӣ чи хеле гуфтам дар рамазон буд. Дар гармӣ тоқат намекунанд. Оби ҳавз гарм мешавад, насоси боқувват надоранд, ки оби сард дохил кунад. Моҳиҳоро мепартоянд, мардум аз дарё мегирад, мегиранд мефурушад. Одамҳои мо фикри пулкоркуниашонро мекунанд. Онҳо худашон намехуранд. Бӯгин аст. Меоранд дар морозелка зада ях кунонида мефурушанд. Ба Қурғонтеппа, Регар, Ҳисор мефурушанд. Дар ошхонаву қаҳвахонаҳо мебаранд, медиҳанд. Онҳо дақиқ медонанд, ки касал мекунад, аммо ҳеҷ назорате нест дар ин соҳа.
Инҳо-соҳибони ҳавзҳо гуноҳашон ин аст ки бояд гуронанд-зери хок кунанд, ба об сар надиҳанд. Даҳ тонна, бист тонна мепароянд. Ин ҳамаро мардуми гушна мегирад, баъзеаш то 120 000 сомонӣ мефрӯшанду пул кор мекунанд.
Ин моҳиҳоро қапидан осон аст, чунки дар лаби дарё мебарояд. Гушна ба шер задааст, меқапанду мефурушанд. Мумкин 50-60 фоизаш лаби об барояд. Он моҳиҳоро то ба бозори «Хайр»-у дарвозаи Ромит мебиёранд. Инҷо гап сари тонна аст, на килову дона.
Барои канда рехтани он маблағ расход намекунад Азизмо. Кафши трактор осон арзон. Мегӯянд ҳавзҳои моҳии Азизмо бӯ гирифтанд.
Соле, ки подстансияро соз карданд, инҷо пешво омада буд. Хурсанд Мирзоева (раиси пешини идораи ҷамоа)гуфт, ки минбаъд свет доимӣ мешавад. Аммо светро барои ҳавзҳои моҳиашон барои дачаҳошон аз тарафи Файзобод оварда буданд.
Дар ҳавзҳои моҳии Сомону Азизмоҳ ягон хел счетчик нест, як дирам ҳам намесупоранд, дачаҳояшон ҳам ҳамеша чароғон аммо пули свет намесупоранд. Ҳабибулло Воҳидзода куҷо Исфара ким кадом кариерро мисол меорӣ дар суҳбати хабарият. Марҳамат як ҳайат ба ҳавзҳои моҳии Азизмо фирист миллионҳо сомонӣ пули барқро напардохтааст.
«Роҳи Ромит: 2000 сомонӣ аз ҳар хонавода — барои чӣ?»
То 9 уми сентябр ба баҳонаи таҷлил аз 35 –солагии истиқлолият, сари хонавода 2000 сомонӣ ҷамъ карданд. Барои асфалти 37 километр роҳ аз Ромит то Дарвоза. Акнун пеши худ биандешед, ки кони тилло, ҳавзҳои моҳӣ, дачаҳоро оилаи Раҳмонов мегираду аммо асфалти роҳ ба дӯши халқ аст. Чаро, масалан аз ҳисоби моҳии ин ҳавзҳо ва аз ҳисоби даромади дачаҳои ин оила намешавад барои мумфаршсозии ин роҳ маблағ ҷудо кард. Ё ҳадди ақал нисфи маблағро онҳо бидиҳанду нимашро аҳолӣ.
Агар сари оила 2000 сомонӣ ҷамъ шавад пули се 37 километриро ҷамъ мекунанд. Агар аз мардуми аз Дарвоза он тараф пул ҷамъ кунанд метавонанд ин роҳро бемалол шаш паласаӣ бисозанд, боз пул аз ин раҳ зиёдатӣ мекунад. Аммо боз ҳисоби одамҳои пулдор дигартар. Одаме магазин дорад, бозор мешинад, гову гуспанду мурғу чурғ дорад отделно пул медиҳд, яъне зиёдтар.
Хуллас, мо бояд барои кони тиллову ҳавзҳои моҳӣ ва дачаҳои Азизмову Озодаву Сомон роҳро дар ҳудуди 40 километр мумфарш созем.
Аммо вақте малейший дар ин бора намекат кардӣ, капаат дуд, саратро қоқоқоқ метарошанд: хойини миллат,муқобили сиёсати пешвои муаззам гап задӣ мегӯянд.
Ҳамин ҳоло ҳам сахт кофта истодаанд, ки ин хоини миллат кӣ бошад, ки ҳама сиру пиёзи Ромитро бароварда истодааст. Махсусан таксиҳои буз дар ин кор сахт байни ҳам дар мусобиқа даромаданд.
Барои онки шуморо ошкоро ва пайдо намоянд баъзеаш мегӯяд «у(Муҳаммадиқбол)шери нарай ҳақиқатра мега, қатиш чи гуна алоқа кунем». Яъне маълум мақсадаш ва боз мегӯяд, ки «номероша ай куҷо ёбем». Дар ҳоле, ки явно медонад, дар эфир ҳаст ку!
Мақсад як бало кунанд, фаҳманд, ки ту гӯӣ дар эфир ҳаст ку. Ана баъд…адо. Мебаранду здават мекунанд, агарчи ту аз рӯи ростӣ гуфт бошӣ, тамошочӣ бошиву номанавис набошӣ ҳам тамом. Пули маҳшаратро мекананду мегиранд.
Боз баъзе дигараш ин тавр мегӯяд «ино ободира намехоҳанд, ино оянд (мухолифин) мардумро мекушанд, боз ҷанг мекунанд, тенҷира намехоҳанд»
Боз одамҳое ҳастанд, ки ҳақоратҳои бад мекунанд, бо ин умед, ки яке ту дошт надиҳӣ, тоқат накунӣ ҷавобаш гардонӣ, ки чаро ҷавонмардро дашном мекунӣ? Ана баъд дар подозрений афтодӣ, ҳатман ба кормандони СС-и махуф дар бораат маълумот медиҳанд. Кормандони СС-и махуф, ки дар масҷиди Тангаӣ ҳам ҷо доранд, масҷидро комилан гирифтагианд, дар Бонғура ҳам ҷо доранд, боз як ҷои дигар дар Каҳлон, ки ба Тангаӣ норафта, ҷо доранд, филфавр ҳозир мешаванд. Хулас ҳама нуқтаҳои Амният дар Ромит ва харитаи маконҳои зулму шиканҷа ба Ислоҳ фиристода шудаанд бояд пешатон бошанд.
Поёни бахши севвуми Ромит, идома дорад….
Пасгуфтори «Ислоҳ»—Ромит-3
Азизмо ва Рамазон Раҳимзода! Ин бор сухани мо мустақиман ба шумост. Он чи сокинони Ромит дар номаҳои худ ба «Ислоҳ» навиштаанд, саволҳои бисёр ҷиддиро ба миён мегузорад. Мо аз шумо посух мехоҳем, на хомӯшӣ.
Аввал ба ту, Азизмо!
Барои фоида аз ҳавзҳои моҳӣ ҳақ надорӣ саломатии мардумро ба хатар андозӣ. Агар маълумоти расида дар бораи бемор шудани моҳӣ, рехтани он ба дарё ва баъдан ба фурӯш баровардани он дуруст бошад, ин масъала танҳо масъалаи тиҷорат нест, балки масъалаи саломатии ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Оё медонӣ он моҳиҳое, ки ба гуфтаи сокинон аз ҳавзҳо ба дарё партофта мешаванд, баъдан ба бозорҳо ва ошхонаҳо мерасанд? Чаро мақомоти масъул ин хабарҳоро таҳқиқ намекунанд? Чаро барои муайян кардани сабаби марги моҳӣ ва хатари эҳтимолии он ба саломатии мардум ташхиси мустақил гузаронида намешавад?
Азизмо! Бо манъ кардани аксбардорӣ, гирифтани телефон аз мардум ва роҳ надодани шаҳрвандон ба наздикии ҳавзҳои моҳӣ гумон накун, ки «Ислоҳ» аз воқеаҳои Ромит бехабар мемонад. Мо ин қазияро пайгирӣ мекунем ва ҳар маълумоти боэътимодеро, ки ба дастамон мерасад, ба мардум мерасонем.
Масъалаи дигар заминҳои мардум аст. Сокинон шикоят доранд, ки заминҳо, боғҳо ва ҳавзҳои моҳии онҳоро бидуни пардохти ҷуброни одилона аз дасташон бо зурӣ гирифтаанд. Аз ту мепурсем: ин заминҳо бо кадом қарори қонунӣ гирифта шуданд? Соҳибони онҳо чӣ қадар ҷуброн гирифтанд? Ҳуҷҷатҳои ин муомилаҳо куҷоянд?
Ва боз масъалаи бисёр ҷиддӣ: арматура ва сементи барои сохтмони неругоҳи Роғун пешбинишуда чӣ гуна, ба гуфтаи номанависон, ба сохтмони ҳавзҳои моҳии ту расидаанд? Оё ин маълумот дуруст аст? Агар не, ҳуҷҷатҳои харид, интиқол ва сарчашмаи ин масолеҳро пешниҳод кунед. Ин масъала бояд аз тарафи мақомоти мустақил санҷида шавад. Масолеҳи сохтмони як иншооти муҳими миллӣ набояд ба манфиати шахсии Семейкаи шумо истифода гардад.
Акнун ба ту, Рамазон Раҳимзода!
Дар номаҳои расида ба «Ислоҳ» аз бӯстонсарои муҳташаме дар Қайсари Ромит сухан меравад, ки арзиши сохтмонашро 6,5 миллион доллар гуфтаанд.
Мо ҳоло ин рақам ва манбаи маблағгузории онро мустақилона тасдиқ карда наметавонем ва мумкин аст аз ин ҳам бештар бошад. Аммо саволи асосӣ ҳамоно боқӣ мемонад: ин дача бо кадом маблағ сохта шудааст?
Оё ин маблағ аз даромадҳои қонунии ту аст? Агар чунин бошад, чаро манбаи он ба таври шаффоф нишон дода нашавад?
Ба «Ислоҳ» инчунин маълумот ва шикоятҳое дар бораи ситонидани маблағ аз баъзе шахсони муттаҳам ё маҳкумшуда тибқи моддаи 307 расидаанд. Агар чунин ҳолатҳо воқеан ҷой дошта бошанд, ин як масъалаи бисёр вазнини ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ аст, ки бояд мустақилона таҳқиқ шавад.
Тибқи маълумоти ба мо расида, сухан аз бар дурӯғ маҳкум шудагони тақрибан 8 ҳазор нафар меравад, ки гӯё 5 ҳазори онҳо бо моддаи 307 маҳкум шудаанд. Мо дурустии ин рақамҳоро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонем. Аммо талаб мекунем, ки омори воқеӣ, асосҳои ҳукмҳо ва шикоятҳои хонаводаҳо аз ситонидани маблағ ошкоро санҷида шаванд.
Рамазон Раҳимзода, оё маблағҳое, ки ба гуфтаи шикояткунандагон аз ин хонаводаҳо ситонида шудаанд, ба сохтмони дачаи Қайсар ягон иртибот доранд ё не? Ин савол посухи равшан мехоҳад. Оё дар Варзоб низ мехоҳед бӯстонсароҳои дигаре созед бо ситондани маблағ аз ин 5000 ҳазор маҳкумшуда? Агар далел ва санад дорӣ, онҳо аз кадом манбаи даромад сохта шудаанд?
Шармандагӣ мебуд, агар дар паси ҳар парвандаи ҷиноӣ, ҳар айбномаи ифротгароӣ ва ҳар мусибати як хонавода касе барои худ манбаи даромад ташкил карда бошад. Қонун бояд воситаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд бошад, на дӯкони пулситонӣ.
Азизмо ва Рамазон Раҳимзода! Мақсади мо айбдор кардани касе бе далел нест. Аммо наметавонем дар муқобили ин ҳама шикоят ва саволҳои ҷиддии мардум хомӯш бошем. Шумо имкони посух гуфтан доред. Мардуми Ромит ҳақ доранд бидонанд, ки бо заминҳояшон, бо оби дарёяшон, бо сарватҳои миллиашон ва бо маблағҳое, ки аз номи қонун ҷамъоварӣ мешаванд, чӣ мегузарад.
«Ислоҳ» ин мавзӯъҳоро раҳо намекунад. Мо ҳуҷҷатҳо, шаҳодатҳо ва посухҳои шуморо низ нашр мекунем. Ҳеҷ мансаб ва ҳеҷ робитаи хешутаборӣ набояд касеро аз посухгӯӣ дар назди қонун ва мардум озод кунад.
