Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№361

Ислоҳ нет

Душанбе, Конибодом, Нуробод ва Волгоград

Маҳаллаи «Ҳаёти нав»-и Душанберо комилан тахлия ва дар хок яксон карда истодаанд. Номаи аввали ин нашри барнома, ки аз пойтахти Тоҷикистон ба дасти мо расид дар ҳамин масъала навишта шудааст. (Ба муҷарради расидани маълумоти бештар матлаби алоҳида дар ин масъала нашр карда мешавад)

Аз Конибодом дар бораи ГАИҳо ва порагирии онҳо навиштаанду номаи расида аз Нуробод бошад ришватситонии табибони ноҳияро ба қалам додааст.

Аммо ҳамкори мо (метавонам минбаъд бемалол ҳамкор ва корманди Ислоҳ хитобш кунем) аз Волгоград ин навбат «ибтикори амал»- овардани хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аз Русия тавассути Раҳмоновро, ки муқаррибону косалесонаш ба як маъракаи густардаи ташвиқоту тавсифот бадал карданд бо овардани факту далелҳо як плагиат хондааст. Беҳтараш онро худатон мутолиа фармоед:

                                     Душанбе

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Дар ҳар куҷои дунё, ки бошӣ, сиҳату сааломат бошӣ Аллоҳ нигаҳбонат бошад.

Як хабари бадро бачаҳо аз Душанбе расонида аз ман хоҳиш карданд, ки ба шумо бигӯям.

 Халқи Ҳаёти навро хезонида истоданд. Маҷбурӣ. Аммо дар иваз хона намедиҳандашон. Аввал гуфтанд, ки хона медиҳем. Ҳозир бошад пул медиҳем мегӯянд. Барои ҳар як метри мураббаъ-квадратний метр медодагиашон 730 доллар. Халқ бошад гирёну нолон.

Сокинони маҳаллаи Ҳаёти нави ноҳияи Синои Душанбе дар вазъияти бисёр вахим ва фоҷиавӣ гирифтор шудаанд. Ин Эмомалии мошенник бо лашкараш Ҳаёти навро тохтутоз карда истодааст.

 Онҷо аксаран халқи Қаротегин зиндагӣ мекунад. Як барбари онҳоро Раҳмонов тюрма кардааст. Як барбарашон гуреза. Инҳо дар майдони Шаҳидон буданд.

 Аллоҳ Раҳмоновро хору залил кунад. Бисёр ҳам кинагир аст. Бо ҳеҷ куҷои Душанбе,ки хонаҳояшонро хезонд чени ин мардум зулм сурат нагирифтааст. Бар ивази хонаҳо хона медиҳанд, пули квартира медиҳанд. Аммо ба ин мардум чунин нест.

 730 доллар фақат барои масоҳати хона. Аммо замину дигар иншоот ҳисоб ва саҳни ҳавлӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.

Дар ҳоле, ки ҳозир як духонаӣ масалан дар Профсоюз ё Автовокзал 120- 140 000 доллар савдо шуда истодааст. Ин мардуми камбағал аз куҷо дорад ин қадар пул. Боз дар як ҳавлӣ ду -се оила зиндагӣ мекунанд.

Дунё аҷаб тагурӯ шуд. Дар ҳақиқат сарҳо пову поҳо сар шуданд. Ин «бачаи кампир» ҳамаро ҷазир кард, ҳамаро. Ин аз аввал мардуми Ҳаёти навро бад медид.

Генерал Абдураҳим Қаҳҳоровро ҳам як лағад дар дари кунаш мезананд, хонаашро чапагардон мекунанд. Вай дар кӯчаи Турдиев зиндагӣ мекард. Дар кӯчаи Парвина бошад он солҳо Зиёев Мирзоҷага, Ҳасани банкир, дар назди якум тюрма ва театри Оина-Қучқорбой хонаҳои муҳташам доштанд.

  Ҳасан-банкир барои писари калониаш Тоҷиддин ҳамон театри Оинаро ба хок ҳамвор карда дар ҷояш як қаср сохт. Хуллас дар онҷо ягон камбағал намонд. Ҳамаро дафъ карданд. 4 этажаи Оқил Оқилов сарвазири собиқи Тоҷикистон ҳоло  истодааст.

Ҳамаи ин маҳалларо ҳозир Зайнулло Соҳибов, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бародар ва ҷияни Шамсулло ва Зоир Соҳибовҳо, ду домоди Эмомалӣ Раҳмонов харида истодааст. Полний ҳамаро гирифта истодааст. Онҷо бинои Миноборон буд. Онро ҳам дафъ карданд ва барои бачаи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов хона карданд. Ин хона-қасрро пештар карда буданд, боз калонтараш карданд.

Чанд сол пештар ин бадбахти Озодаи ҷойи инвалидҳоро гирифта буд. Инвалидҳоро бехонаву бемакон карда ҳамаро дафъ карданд. Дар онҷо қасре рост кард , ки вертолёт метавонад бемалол дар рӯи бомаш бишинад.

Ин қавми куҳнагадо омаданд, шаҳри моро гирифтанд барои худашон қасру кӯшк сохтнд, акнун моро аз хонаҳоямон мебароранд.

 Ин Ҳасани банкир дар куҷо дар шаҳр хона дошт? Хонаи Абдурауфро гирифта буд,

 дар пушти якум тюрма. Дар кучаи Парвина. Ин як петух аст.

 Бародар, бачаҳо мегӯянд, ки сахт мунтазири бозгашти мухолифинанд. Инро ҳм бигӯям, ки бо вуҷуди онки барои бо худат гап задан статяи 307 мезананд, аммо мардум зиёд тамошоят мекунанд.

                                  Конибодом

Ассалом Алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Хубу хуш ҳастед. Ман боз нома навиштам. Илтимос, нашр кунед. Дар аввал ба шумо ташаккур, ки номаи маро дар барноми № 357 нашр кардед. Дар Конибодом масъалаи ришро бисёр сахт қапидагӣ ҳастанд. Милисаҳои Конибодом дар кӯча ягон бачаро мебинанд, ки риш дорад, сраза рафта тафтиш мекунанд:- аввал телефонашро баъд худашро. Баъд огоҳ мекунанд, мегӯянд ришатро бигир, агар нагирад аз ӯ пул мегиранд.

Дар масъалаи ҳиҷоб низ кордор ҳастанд, тафтиш мекунанд. Дар коллеҷҳо мебинам духтар сатр дорад. Вақте дохил шуданӣ мешавад ба даруни коллеҷ рӯймолашро кашида дигар намуд карда мебандад. Барои чи дар шаҳри Исфара ба сатру ҳиҷоб кор намегиранд фақат дар Конибодом кор доранд. Чунки мо бе соҳибем ягон нафари гапзан надорем. Мо аз дин дур мондаем. Исфарагиҳо дар масъалаи дин дар пеш ҳастанд, барои ҳамин нангу номус ва ғайрати диниашон баланд аст.

Масъалаи дигар. Як милиса ҳаст номаш Далер. Аз Арабо ӯро подстава карда аз кор пеш карда буданд, аммо ҳозир боз ӯ кор карда истодааст. Барои чӣ? Намедонам. Дар бисёри ҷойҳои Конибодом ҳамроҳи ГАИҳо меистад. Боз либоси милисагӣ дорад. Мошинаш Опел Астраҷи, серебристый, тонировка — оинааш сиёҳ рақами қайди давлатиаш 0010.Бигзор ин нафарро тафтиш кунанд. Ин одам бо коррупсия аз кор рафта буд, чи тавр боз кор карда истодааст?

Дигар масъала. Роҳҳои маҳаллаҳоро асфалт карда истодаанд. Бо пули кӣ? Бо пули худи мардум. Чаро бо бюҷети давлатӣ не бо пули мардум? Бо пуле, ки бечораҳо дар Русия кор карда мефирсонанд.

Дар бозор як милиса ҳаст ному насабашро фаҳмида менависам ба шумо. Як милисаи оддӣ кор мекунад. Вале аз куҷо мошини Тойота Прадои 60 ё 70 ҳазор доллара дорад? Рақамҳои давлатиаш 4300 оинааш сиёҳ. Ӯро барои чи коррупсия тафтиш намекунад? Ин, албатта аз пули мардум, аз ҳамон пораҳои мегирифтагиаш харидагӣ аст. Ин ҳаромхур як бе савод аст. Аз худаш калонро дар бозор ту гуфта гап зада пеш мекунад, савдо кардан намемонад. Магар ин кор ба корманди давлатӣ дуруст аст? 

Масъалаи дигар ин масъалаи андози мошин! Мо ҳар сол техосмотр карда андоз месупорем, барои мошин, барои роҳ. Аммо роҳҳои бозори Конибодомро омада бинанд, аз пеши Муроду Мақсад то 3юм дарвоза, то чойхонаи Чашма, ки чи тавр роҳҳо безеб аст. Барои чи таъмир намекунанд? Барои роҳ гуфта ҳар сол андоз мегиранд аз ронандагон. Ин масъалаҳоро бигзор раиси шаҳр ва раиси вилоят  тафтиш кунанд. ГАИҳои ҳаромхур, порахуриро бас кунед, ки дар охират ба ин корҳоятон ҷавоб медиҳед. Ин ГАИҳои ҳаромхур бечораи таксиронҳоро кор кардан намемонанд.

Номери мошинҳои ин ГАИҲо 2888, 0010 Опел астраҷи, Тойота авенсус -5600, баъд боз опел астраҷи 9000. Инҳо на барои бехатарии мардум меистанд, барои пули ҳаром кор кардан инҷо меистанд, барои порагирӣ меистанд.

Дар охир гуфтаниям бигзор кормандони ҳамаи сохторҳо аз Конибодом шавад, на ин ки конибодомӣ дар Исфара кор кунад, исфараги дар Конибодом ё кӯлоби дар Конибодому конибодомӣ дар Кӯлоб. Бигзор одами ҳар як шаҳр дар шаҳри худаш кор кунад.

Паноҳатон ба худо бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккури зиёд, ки номаҳои маро нашр мекунед. Худованд ба шумо қувват диҳад, ки дарди дили мардуми бечораро мешунавед ва менависед.

                                     Нуробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Нуробод дар идомаи номаи гузашта,ки дар бораи духтурҳо ва порагирии онҳо навишт будам, инро илова карданиам, ки духтури дандон Арчабекова Зарина муддати 10 сол мешавад,ки дар ноҳияи Нуробод кор мекунад. Вай дар ин муддат на кам аз 10 нафарро маъюб ё касалӣ кардааст. Дандон канда наметавонад, аммо касе проверкааш намекунад.

Барои онки апааш дар ҳукумати райони нав назди Солеҳзодаи раиси район кор мекунад. Зарина як бесавод аст, аммо таға дорад, ҳеч кас ягончи шикоят намекунад. Ба ҷои дандони пусида дандони сиҳатро меканад. Ба наздикӣ дандони зани як устои мошинро канд- Ҷалолиддин мегуянд. Ман ҳамроҳи Чалолиддин гап задам. Гуфт Арчабекова Зарина дандони занамро канд. Аммо ба ҷой дандон ҷоғи занашро кандааст. Усто занашро як моҳ дар шаҳри Душанбе табобат кардааст. Бечораи камбағалро ҳеҷ кас ба додаш нарасидааст. Гуфтам шикоят накардӣ? Гуфт бефоида аст. Шикоят кунӣ ҳам ҳиҷ кас аҳамият намедиҳад.

 Бародари азиз аз вақте Солеҳзода Фатҳуддин раиси ноҳияи Нуробод шуд пора гирӣ авҷ гирифт. Барои онки ё аҳамият намедиҳад, ё гапаш намагузарад дар коргарҳои давлатӣ ё инки худаш қуш аст.

Нуробод вақтҳои пеш ин хел набуд.

  Вақте дар духтурхонаи райони нав касал шуда хоб мекунӣ бояд дар бушкаи 20 литрӣ барои худат об барӣ. Барои онки беморхона об надорад. Беморхона бӯи безеб мекунад.

 Ман худам апендисит шуда 5 рӯз хоб кардам, об нест. Фаррошҳо мегӯянд беморҳоро, ки хешонатон хабаргирӣ омад, занг бизанед дар 5 литра обатон биёранд. 5 рӯз хоб кардам, азоби беобии ҳочатхонаро гуфтан намешавад. Дар балнитса об нест, 500 сомонӣ медиҳӣ, баъд чавоб медиҳанд. Ҳоли зори беморҳоро мебинӣ,раҳмат меояд. Ягон кас ба додат намерасад.

Моҳи апрел буд. Дигар дар бораи ин беморхонаи райони нав чи бигӯям? Инҷо як бесоҳиб. Кор фақат порагирӣ. Анализ месупорӣ пулро дар Фароз медиҳӣ. Барои талабаҳои мактаб анализ мебиёрӣ 150 сомонӣ буд 200 сомонӣ шудааст. Мардуми камбағал факат дар ҳақи раиси Фароз дуои бад мекунанд. Ин чи ҳол аст? Як хел занҳо 3 кудакаш барои мактаб дар лабаратория анализ месупоранд 600 сомонӣ- 3 фарзанд.

  Худованд хор кунад ин раиси Фароз Шамсулло Соҳибовро. Мардуми камбағал надоранд. Аз роҳи дур меоянд, роҳкиро мекунанд- 20 сомонӣ. Заҳри танат шавад ин пулҳое, ки мегирӣ.

                                   Волгоград

Ассалому алайкум  устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Боз ҳам аз Волгоград бароятон менависам. Ин бор аз нашрияҳои чопи Душанбе ягон матлаби бадардбихур наёфтам ва вақте дар сафаҳоти маҷозӣ «сайр» мекардам дар Фесбук дар сафҳаи корбарии нафаре бо номи Ориён Ориён як навиштаи ҷолиб ва бомаззаеро пайдо  кардам.Ин навишта дар бораи як «иқдом» ва «ташаббус»-и Ҷаноби олӣ дар нохунак ва пешвои миллат дар пушташ аломати савол аст,ки он ҳам бошад аз Маскав ба Душанбе овардани хоки шахсиятҳои таърихӣ Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аст чашмм афтод. Ин навишта як каме тулонӣ мешавад вале бо вуҷуди ин дар аввал пости Ориён Ориёнро айнан меоварам:

Ориё Ориёнв

«Плагиат имрӯз қариб дар ҳама соҳа реша давондааст. Ба ҷойи эҷоди фикри наву кори мустақил, баъзеҳо танҳо ба нусхабардорӣ, худнамоӣ ва таблиғи шахсӣ машғуланд. Дар ҳоле ки ҳазорон оила дар кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷират, бекорӣ ва гаронии зиндагӣ рӯ ба рӯянд, гурӯҳе фақат саҳнаороӣ, рақсу бозӣ ва “ширин нишон додани вазъият”-ро идома медиҳанд. Аммо дигар пинҳон кардани ҳақиқат бо намоишу таблиғ мардумро фиреб дода наметавонад.

Бо чунин амалҳо мардумро гумроҳ насозед.

Хоки мазори қаҳрамони миллат Шириншо Шотемур ду маротиба ба Помир бурда шудааст. Бори аввал соли 2012 яке аз ҳаводорону пайравони ӯ хокро аз оромгоҳ гирифта, ба Помир бурд. Бори дуюм соли 2017 С. Заифӣ ин амали эҳтиромомезро анҷом дода, онро дар оромгоҳи аҷдодии Шириншо бо эҳтиром ҷой дод. Ин ҳақиқатест, ки бисёриҳо аз он огоҳанд.

Шириншо Шотемур рамзи мубориза бар зидди беадолатӣ ва тангии замони худ буд. С. Заифӣ, ки набераи ӯст ва номи аслиаш низ Шириншо мебошад, мисли бобои худ муқобили зулму беадолатии замон садо баланд кардааст.

Дар Помир як насл бо ашъори С. Заифӣ ба камол расидааст. Аз хурд то бузург поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва дарди мардумии ӯро медонанд. Дар бисёр шеърҳои ӯ ҳар шахси гунаҳкору мансабпараст симои худро медид.

Воқеаҳои соли 2021 дар Помир ба ҳамагон маълуманд. Амалиёт ва фишорҳои ҳукумати Раҳмонов боиси марги зиёда аз 40 нафар ва зиндонӣ шудани тақрибан 300 нафар гардид. Садҳо оила аз тарси бедодиву таъқиб зану фарзандони худро гирифта, маҷбур шуданд Ватанро тарк кунанд ва муҳоҷир шаванд.

С. Заифӣ низ яке аз ҳамин ҷабрдидагон аст. Шириншои имрӯз, мисли Шириншои дирӯз, аз беадолатии замон дур аз Ватан, ғарибу саргардон зиндагӣ мекунад.

Рӯҳи Шириншо Шотемур,

Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ҳаргиз аз онҳое розӣ нахоҳад шуд, ки миллатро ба “равшану ҷамшудагон” табдил доданд. Имрӯз омӯзгор, табиб, ҳунарманд ва варзишгар бояд нерӯи пешбарандаи ҷомеа бошанд, аммо онҳоро ба як фабрикаи таблиғотӣ табдил додаанд, ки вазифаи асосиаш ситоиш ва хомӯшӣ мебошад.

Ва ба ёд меоянд гуфтаҳои пурдарди устод Лоиқ Шералӣ:

«Дӣ будӣ беизораке, дар кӯчаю бозораке,

Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тундҷӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,

Ай сустаку мустак, бигӯ, ин сахткӯшӣ аз куҷо?

Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу харгӯшак будӣ,

Имрӯз бонгат то фалак, вайҳи сурушӣ аз куҷо?»

 Воқеан ҳам ин навишта бисёр ҳам муҳкам ва бодалел аст,ки нишон медиҳад,аз Раҳмонов пештар хоки ин бузугон,аз ҷумла Шириншо Шотемур ба ватан оварда шуда буд. Вале Раҳмонову ҷонибдоронаш онро як намуд ташвиқу тавсифу реклама карда истодаанд, ки гӯё Раҳмонов як кори ғайриодие карда бошад. Масалан ба мисли як чоплуси тамаллуқпеша бо номи Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ, ки навиштаи тулонии вайро дар ин бора  дар сайти «Ҷумҳурият» вохурдам ва зери сарлавҳаи «Ман чи гӯям васфи ин олиҷаноб» аз 22 май чоп шудааст чанд пора иқтибос меоварм:

 «Дар маркази ин рӯйдоди пурмаъно симои Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми бузургии маънавӣ ҷилвагар мешавад, зеро чунин ташаббус танҳо аз зеҳни сиёсатмадор намеояд. Чунин ташаббус аз қалби роҳбаре бармехезад, ки таърихро ҳамчун ҷузъи зиндаи ҳастии миллат эҳсос мекунад. Аз қалби касе бармехезад, ки медонад, давлатдорӣ танҳо сохтани роҳу бино нест, балки сохтани хотира, эҳёи ном, гиромидошти арзиш ва пайвастани дирӯз ба имрӯз аст.
Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин иқдомҳои наҷиб хокро ба рамз табдил медиҳад, хотираро ба неруи миллӣ мубаддал месозад ва ба наслҳои имрӯз меомӯзад, ки миллат бе поси гузашта бузург намешавад. Ман чӣ гӯям васфи ин Пешвои муаззам, ки дар кори давлатдорӣ танҳо ба имрӯз наменигарад, балки бо чашми таърих ба дирӯз ва бо нигоҳи ормон ба фардо менигарад. Ман чӣ гӯям васфи ин Раҳбари таърихсоз, ки дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо истиқлоли сиёсиро таҳким бахшид, балки истиқлоли хотираи миллиро низ зинда кард.
Чунин ташаббусҳо беназиранд, зеро дар онҳо сиёсат бо маънавият мепайвандад. Давлат бо ахлоқ ҳамнишин мешавад. Таърих бо эҳтиром зинда мегардад. Қабр бо Ватан сухан мегӯяд. Хок ба хотира табдил меёбад. Ва миллат дар оинаи бузургони худ симои имрӯзаи худро мебинад.
Ин лаҳза на танҳо барои таърихнигорон, балки барои ҳар фарди бедордили тоҷик маънои амиқ дорад, зеро ҳар миллат як руҳи ҷамъӣ дорад. Ин руҳ аз забон, аз фарҳанг, аз хотира, аз қабрҳо, аз ормонҳо ва аз номи бузургон таркиб меёбад. Агар ин руҳ захм бардорад, миллат ноором мешавад. Агар ин руҳ шифо ёбад, миллат қомат рост мекунад. Бозгашти хоки рамзии ин се фарзанди миллат яке аз ҳамон лаҳзаҳои шифои руҳи миллӣ аст.
Чӣ метавон гуфт дар васфи чунин иқдом. Сухан гоҳе нотавон мешавад. Забон дар назди баъзе амалҳо хомӯш мемонад. Ин ҷо танҳо метавон гуфт: ин кор аз ҷинси сиёсати рӯзмарра нест. Ин кор аз ҷинси маънавият аст. Аз ҷинси эҳтиром аст. Аз ҷинси он муҳаббатест, ки давлатро ба падар, миллатро ба хона ва таърихро ба виҷдон табдил медиҳад.
Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин ташаббусҳо хомӯшии қабрҳоро ба садои ифтихори миллӣ мубаддал месозад. Ман чӣ гӯям васфи он андеша, ки дар он гузашта танҳо хотира нест, балки неруи тарбияи миллат аст. Ман чӣ гӯям васфи он иқдом, ки ба фарзандони миллат мегӯяд: ҳар ки барои Ватан зист, Ватан рӯзе ӯро ба оғӯш мегирад».

Бародар Муҳаммадиқбол! Ин ду навишта Тоҷикистони имрӯзаро нишон медиҳад. Мардум, кулли мардум бо Раҳмонов ва корҳои мекардаи вай ба назари шубҳа менигаранд.Чунки вай ҳамаи кораш холис ва сирф барои миллат ва мардум нест. Агар ин тавр буд «зиндаҳо»-ро хору таҳқир намекард ва ҷои онки онҳоро пушти зиндон бикашонад ва ё водор ба узлат кунад,онҳоро эҳтиром мекард. Ҳамчуноне Ориён Ориёнов навиштааст,ки инҷо фақат худнамоишдиҳӣ асту бас.

Аммо ин навиштаи Фарҳод Раҳимии кунлесро бинед,ки аз Раҳмонов чи метарошад. Кам мондааст,бигӯяд,ки фалонатро хурам. Шармандаи палиди касиф! Мур, мард ношуда.

Манзури инҳо ду навиштаро оварданам дар инҷо устод Муҳаммадиқбол ин аст ки мардум ба Раҳмонов дигар хел нигоҳ мекунаду ин чоплусони лаганбрдори хушомадгӯ дигар хел. Ва ҳамин тарзи муносибат, муомила, бархурд ва баҳодиҳӣ ба Раҳмонов ва амалҳои вай ҷомеаи тоҷикро ду тараф кардааст, ки яқинан тарафи чоплусону моямолон ками кам аст ва онҳое, ки воқеиятҳоро медонанд ба навиштаҳое мисли навиштаҳои Ориён Ориёнов муътақиданд.

Share This Article