«Рӯзи Президент: Раҳмонов “неъмати миллӣ” ё соҳиби давлати хусусӣ? Аз нигоҳи як чоплус ва як зиёӣ»
Қисмати чаҳорум
Нашри қисмати чаҳоруми риштагузориши «Раҳмонов аз манзаре дигар…» ба санаи 16 ноябр, ки аз соли 2016 ба ин тараф дар тақвими кишвар ҳамчун «Рӯзи Президент» зикр мешавад, мусодиф омад.
То кунун «Ислоҳ» дар бораи «Рӯзи Президент» чанд матлаб ба нашр расонидааст. Аммо дар як навиштаи вижа бо бурҳону далоил собит карда буд, ки 16 ноябр ба ҳиҷ ваҷҳ наметавонад Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошад. Метавонед ин навиштаи моро таҳти ин линк «16-уми ноябр «Рӯзи президент» ва ё «Рӯзи Э. Раҳмонов»? (https://isloh.net/16-umi-nojabr-ruzi-prezident-va-yo-ruzi-je-rahmonov/),
мутолиа кунед.
Аммо, мо ки Раҳмоновро аз манзаре дигар, аз ончики дар шабакаҳои садо ва симои кишвар мегуянд, дар нашрияву расонаҳо, дар ҷаласаву толорҳо мегӯянд, аз ончики Давлат Сафару Абдулло Раҳнамо мегӯянд, мегӯем, дар ин рӯз, ки Рӯзи Президент эълон кардаанд, саволамон ин аст ки Президенти Тоҷикистон Президент аст ё чизе дигар?
Мо, мегӯем, ки Президенти Тоҷикистон Президент нест. Чунки Президент дар тамоми давлатҳо як мақоми интихобӣ барои муҳлат ва давраи муайян аст. Аммо Раҳмонов, ки ин тавр нест. Ҳоло, ки сиву чор сол мешавад, ҳаст ва Худо агар хоҳаду 34 соли дигар умр дошта бошад, боз ҳам ҳаст. Чунки дар Қонуни асосӣ, барои вай, ки худро Пешво сохтаву хондааст, маҳдудият дар ишғоли ин мақом аз байн бурда шудааст. Танҳо барои вай ин имтиёз ва бартарӣ дода шудааст. Барои боқии аҳолии ҳудуди 11миллионӣ дода нашудааст.
Дар ҳеҷ як кишвари дигари дунё президенти модомулумр ва қоидаву қонуни инчунонӣ вуҷуд надорад. Аз ин ҷост, ки гуфтем Раҳмонов Президент нест, чизе дигар аст. Чизест, ки Абдуллоҳи Раҳнамо дар як маросим ( на фақат дар ин маросим) бо ҳамон вижагии хокзаниву моябардории ҳирфаии мухтаси мутамаллиқону хушомадгӯён баён доштааст. Ана ҳамин гуна сӯҳбатҳои ғайривоқеъӣ ва ғайризаминӣ, ки Раҳмоновро хориқулодда, фавқулбашар ва супертоҷик тасвир мекунад, далели дигар, ангезае дигар барои ифшо ва навиштани «манзаре дигар»-и Раҳмонов аст. Яъне, дар асл ва амал Раҳмонов на оне аст, ки Раҳнамо ташвиқу таблиғ мекунад.
Барои кӯтоҳии сухан пораеро аз сӯҳбатҳои Абдулло Раҳнамо дар маросими рӯнамои китоби суперчоплуси дигар Давлат Сафар «Намакдони миллат кафи дасти ӯст» (китобро ба рӯзи таваллуди Раҳмонов бахшидааст) пешкашатон мекунем.
Раҳнамо дар он маҳфил суолро ин тавр гузоштааст: «Чаро Эмомалӣ Раҳмон мавзуи адабиёт ва илм аст»? Ва, тавре посух додааст, ки дар зодрузи «пешвои гиромии миллат» ва дар умум дар бораи вай гуфтан на чоплусӣ асту «на сохтану на бофтан». Ҳоло ин аст он сӯҳбат:
«Чаро мо тоҷикон, чаро мо шоирон, чаро мо аҳли адаб, эҷод ба мавзуи пешвои миллат, ба мавзуи Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамин мафҳум, ба ҳамин падида, ин гуна таваҷҷуҳ дорем? Ва чаро бо ин ҷуръат алорағми ҳамаи нақдҳову чи хеле устод Низом Қосим ёдоварӣ шуданд алорағми баъзе ишораҳову гапҳо мо ин мавзуъро давом медиҳем. Чунки, ман аз таҷрибаи худам, ки дар ин мавзуъ менависам гоҳо ҳамин хел эҳсос дорам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат навиштан як нуқтаи қувват дорад барои мо, як нуқтаи такягоҳ дорад, ки нуқтаи такягоҳаш ҳамин аст ки вақте мо дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунем ҳиҷ ниёзе барои чизе бофтан, чизе сохтан, афсона сохтан, миф сохтан нест. Балки ҳамин воқеияти таърихие, ки дар пеши чашми ҳамаи мо сурат гирифт, агар ҳаминро баён кунем, ҳамин кофист, ки бузургии ҳамин мавзуъ ва падида худаш инъикос шавад.
Ҳамин шахсияти Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба саҳнаи сиёсӣ омадан то лаҳзаи ба як лидери бузурги миллӣ табдил шудан дар пеши чашми ҳамаи мо сурат гирифтааст. Бинобар ин кофист инсоф, кофист чашми бино, кофист ҷавонмардӣ, ки ҳамин мавзуро дидан эътироф кардан, баён кардан. Бинобар ин нуқтаи қуввати мост. Яъне мо дар бори як чизи мафҳуми мубҳаму номаълум намегуем ва Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи таблиғот, таблиғоти расонаӣ, шахсияти ҳубобӣ нест, балки як воқеияти таърихиест, ки фақат эътироф кард.
Ин як нукта.
Дуввум инки мо дар ҳамин идеологияи миллиамон се мафҳуми калоне дорем, ки гоҳо ҳамин тафсиргарҳо байни унҳо каме омехта мекунанд. Яке бузургони фарҳангу адабу илм, ки мо бисёр зиёд дорем, яке роҳбари давлат( даувлат талаффуз мекунад) ё президент у як мақоми расмии давлатӣ бо вазифаҳои муайяни конститутсионӣ аст. Вале мафҳуми сеюм пешвои миллат. Пешвои миллат на ба бузургони фарҳангиву таърихиву адабиву илмӣ дахл дорад, на ба роҳбари давлат ҳамчун президент. Балки пешвои миллат ба касе гуфта мешавад, ки дар таърихи ҳамон миллат як рисолат ё нақши сарнавиштсозе ифода карда бошад, ки дақиқан он нақш боиси наҷоти миллат, боиси наҷоти давлат, боиси аз як вартаи нобудӣ ё буҳрони бузург раҳо ёфтани ое миллат шуда бошад.
Он шахс президент бошад ё набошад фарқ надорад. Масалан Маҳатма Ганди на президент буд на сарвзир буд, лидери ҳаракати истиқлол. Бинобар ин дар баробари президент будан, ки ҳамчун президент тамоми салоҳиятҳо ва вазифаҳои хидматии худро дуруст пурра баҷо овардааст.Эмомалӣ Раҳмон у як баҳси дигар вале илова бештар аз президент будан боз як рисолати бузурги таърихии ин шахс ҳамин аст ки ҳамчун пешвои миллат дар лаҳзаи мушкил боиси наҷот шуд. Бинобар ин дуввум. Ва севвум инки акнун дар давраи ҳамин сӣ соли фаъолият зери роҳбарии у масалаҳои асосии таърихӣ ва ҳаётии ин миллат ва ин давлат ҳалли худро ёфт ва бинобар ин дар ҷамъбасти ҷашни сиюпанҷсолагӣ мо як калима гуфта метавонем, ки мо ба тамоми маъноаш давлат шудаем.
Тамоми атрибутҳое, ки як давлати пойдори устувор бояд дошта бошад ҳам аз назари ҳудудӣ, марзӣ, сарҳадӣ сохторӣ, идеологӣ, дурнамо, ҷойгоҳи байналмилалӣ ҳамаш зери роҳбарии ин лидери миллӣ таъмин шуд. Бинобар ин ина дар сиёсатшиносӣ бо як ибора мегем ки давлат шудем. Тамом. Ана агар ҳамаи ҳамин чизора дар назар гирем, як сиёсатшинос агар ҳаминро нагуяд чӣ гуяд, як шоир агар ҳаминро наситояд чи бигуяд бояд? Як инсон агар ҳаминро эътироф накунад худаш мушкил дорад дар замираш, ё дар дидаш, ё дар таҳлилаш, ё дар шинохташ. Бинобар ин ҳамин ба мавзуи Имомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат руҷу кардан, гуфтан, ифтихор кардан и на чоплусӣ аст, на ғараз аст, балки ҳамин чи хеле шумо офтобро, куҳро, обро ситоиш мекунед ҳамчун як неъмат ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба як неъмати миллӣ табдил шудааст, ба як сарвати миллӣ табдил шудааст. Барои ҳамин дар бораи у гап задан ҳамчу дар бораи як сарвати миллӣ гап задан. Аз ин ру ман хоҳиш мекардам, ки мо бо дарки ҳамин нукта ҳиҷ гуна эҳсоси буҳрон дар худ накунем».
Хуб, ки дигар гуфтем Раҳмонов аз назари Раҳнамову амсоли вай чизе ғайри инсон, бартари инсон, афзали инсон аст. Ин авсофу ин сифоту ин ташбеҳу ин тазаккуротро дидед. Гӯйи сабқат бирбурдааст Абдуллои Раҳнамо дар лесолесиву дар хушомаду дар тамаллуқ. Ба ин шакке надорем. Инҷо ҷояш аст ки посухи муҳаққиқи ростин ва равшанзамир Меҳмоншо Шарифзодаро ба ин гуфтаҳои Раҳмонов биёварем. Вале дар аввал чанд нуктаро худамон тазаккур медиҳем, ки бидуни шак «аз манзаре дигар» аст, аз манзаре воқеӣ, аз манзаре, ки мардуми тоҷик, ба ҷуз аз чанд резачинҳову резахӯрҳои мутамаллиқ мебинанду мешиносанд.
Бале, мо низ медонем, ки шахси Раҳмонов «ҳубобӣ» нест. Аммо қазия ва мағзи гап ин аст ки шумо ҷаноби Раҳнамо каззобӣ мекунеду кизб мегӯед.
Мардуми тоҷик Раҳмоновро «пешво» нахондааст. Ин худи Раҳмонов аст ки фармон бароварду қонун сохт, ки ӯро Пешво гӯянд-яъне самозванетс.
Ба фарқ аз Раҳмонов Маҳатма Ганди қонун набаровардааст, ки ӯро пешво хонанд. Агар Раҳмонов Президент набуд, кӣ ӯро Пешво мегуфт? Раҳмонов Пешворо барои он эҷод кард, ки бо ин баҳона роҳ барои «якумрӣ»-ро ружду рост кунад. «Пешво» сохтани Раҳмонов як хидъа, талбис ва ҳиллаи буд барои «беохир» ва «умрбод» мондан дар курсӣ. Так что ҷаноби Раҳнамо боз ҳам чоплусиву лесолесакӣ карда истодаед. Ба маълумоти шумо расида бод, ки мардум Пешвои самозванетсро Пас во ва пешоб ҳам мегуянд,
Чоплуси лесаки моямолак намебудед он тавр неву ин тавр мегуфтед, ки унвони Пешвогиро Раҳмонов худаш ба худаш дод ва агар дар сари қудрат набуд ва агар Президент набуд, ҳиҷ гоҳ Пешво намешуд.
Аҷаб эъҷоз мекунад, доди сухан медиҳад, Раҳмонов агар президент набуд, Пешво мешуд?
Вақте дуруғ ба каррот гуфта мешудааст, не ақли солим мемондаасту не мулоҳизаву не андеша, ҳамаро килет мекардааст. Раҳмонов чи гуна наҷот медод, вақте аз военторги Тирмиз вазири мудофиаи Узбекитон костюму шимаш мепӯшонд? Ҳамин аст наҷотгарӣ? Ними халқро овораву дарбадар кунӣ, ними халқро кушиву ба зиндон андозӣ, магар мешавад пас ин ҳама ҷиноят ва хиёнат ба ватану давлату миллат боз ҳам пешво бошӣ?
«Неъмати миллӣ»? Чи гуфторе? Дақиқан чоплус! Дақиқан суперчоплус, абарчоплус, бартару зӯртар чоплус! Дақиқан «манзаре дигар».
Магар дар давраи Шӯравӣ Тоҷикистон бо ҳамин марзҳо, «ҳудудӣ, марзӣ, сарҳадӣ сохторӣ, идеологӣ» вуҷуд надошт? Як бор ба харитаи Тоҷикистони давраи шӯравӣ бингареду сад бор ба давраи ин кӯҳу офтоб, ки Тоҷикистони давраи ин «неъмати миллӣ» ва ин «сарвати миллӣ», ки чи қадар хурду кучак шудааст. Ҳоло агар, агар не яқин аст, ки малакулмавт, Азроили ҷонситон омаду қабзи руҳаш кард, пас бе «неъмат»-у бе «сарват» мемонад ин миллат?
Ҳоло мегӯед, ки давлат шудем. (Талаффузи «давлат» дар баён оҳанге дигар дорад-«даувлат»).
Аммо ин чӣ «даувлате»? Худ раис, бача раис, духтар роҳбар, духтар сафир, домод сафир ва ҳоказоҳову ҳоказоҳои дигар, ҳоказову ҳоказоҳои дигар. Ҳамин шуд давлат? Давлати як қабила, як маҳалл, як авлоду оила давлат аст? Чаро намебинед, ки ин давлат на он давлате аст, ки таърифаш дар илми сиёсатшиносӣ гуфта шудааст. Як режими авторитарӣ, тоталитарӣ, як ОПГ-гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ «даувлат» шинохта шавад?
Инҷо аз ин «даувлат» ва аъмоли вай яке ду мисол меоварем, ки «манзари дигар», манзари воқеии онро тасвир, тарсим ва тасдиқ мекунад. Ва, ин мисолҳо воқеӣ аст, аз забони худи мардум. Ин мисоли ба гуфтаи Раҳнамо бофтаву сохтаву ҳубобӣ нест, мисоли рӯзҳои мост, ки дар давлати Раҳмонов ва бо ҳидояти худи Раҳмонов анҷом мешавад.
«Вақте ман бо 10 000 доллари пора тендерро гирифтам акнун ман даҳ ҳазор доллари дигар «исун усун» доля бояд диҳам, то ки ба ман 800.000-ро диҳанд. Вале он 800 000 –ро намедиҳанд, боз меқапанд. 20 дар садашро медиҳанду корро сар кун мегуянд.
Ман майда-майда сар мекунам.
Он одам (яъне, ман, ки тендерро буридаам) бояд иншооти ҳаштсадҳазораро ба 200 ҳазор рост кунам. Баъд конечно меравам чизи хитоии мусор меорам ва онро (иншоот) –ро соз мекунам. Як бало мекунаму соз мекунам. Дар дусад ҳазор ҳамонро ба як азобе соз мекунам, такрор мекунам, ба як азобе. Боз меоянд дар охири кор дар дасти коррупсия, тоҷикстандарт, налог, прокурор мезанам. Дигар меравам хонаву дарамро мефурушам ба коррупсия медиҳам. Баъд конечно меравам худамро мекушам.
Аз 800 000 доллар арзиши иншоот, аз 8000000 доллари тендер 60-70% ҳамин ку***изано мегиранд. Ба 200 000 доллар бинои 8садҳазордоллараро бисозӣ чи мешавад.Ин ҳам дар ҳоле, ки фактический -амалан худи он иншоот 1000.000 доллара тендер аст. Представит кунед.
Одам ё корхона, ки тендер медиҳад, масалан мегуяд дар 1000000 млн доллар ин биноро бисоз. Пул медиҳад. Инҳо мегиранд тендерро эълон мекунанд ва кадоме аз ҳама арзон мегуяд ба ҳамон медиҳанд. 50 фоизи онро дар тендер автоматӣ мегиранд. Бизнесмен ба 50% бо маҳсулоти Хитой рост кард. Ӯро мегӯянд чизҳои арзон задӣ. Охир, он бечора аз куҷо гирад чизи қиматрову занад. Агар не ту 1000 000 ба бизнесмен деҳ, бубин чи хел месозад. Ман дар 800.000 месозам боз 100 000 фоида кардам, ана ин сӣ ҳазор пули налоги шумо 50 000 фоидаи ман- 20- 25 % мемонад. Боз инҳо пешакӣ 60% ро мегиранд ба боқии он чи хел соз мекунӣ. Ними тендерро мезананд.
Мисол тендер 150 000 доллар эълон шуд, дар 100.000 доллар соҳибкор мебурад- 10 000-шро ин, 20 000- ашро он, ҳамин тавр 50 000 %дигар рафт. Дар дасти домсоз монд 50 000.Ана акнун ҳисоб кунед, ки бо ин 50 000 домсоз бинои 150 000аро чи гуна бисозад? Меравад маводу маҳсулоти китайский мегирад ва бо ин маблағ арзон бинои мактабро рост мекунад. Боз аз ҳамон коррупсия меояд, пул пули бюҷет буд гуфта камбудӣ меёябад. Ва барои онки камбудӣ наёбад, боз пул медиҳӣ. 10-15 000 доллари дигар грузит мекунанд. Бечора меравад хонаву дарро мефурушад. Баъд он домсоз зиндон нашавад, судаш накунанд ё худашро накушад чи кор кунад? Одамҳо девона шуданд, асабҳояш набардошт-нервы не выдержали».
Абдулло Раҳнамо дуруст қайд кардааст, ки Раҳмонов ва шахсияти вай дар пеши чашми мо сурат гирифт. Бале, дар пеши чашми мо. Вале чашми Раҳнамо чи чашмест, ки ин ҳамаро надид. Албатта, чашматон мебинад, ақлатон мерасад, вале ҳирсу озу тамаллуқ намегузорад, ки воқеиятро бигӯед.
Як нуктаи дигар
Чаро ҳамаи онҳо, ки Раҳмоновро дуруст, ончики ҳаст шинохтаанд дар дохил нестанд. Агар дар дохил бошанд ҳам дар дохили зиндонанд, ё лаб фуру бастаанд.
Раҳмоновро Сангак пешандоз карду овард. Инҷо як гуфтаи В.В.Путин, раиси Ҷумҳури Русияро зарур мешуморем ёдрас кунем:
«После захвата власти радикалними исламистами действуюший президент Таджикистана господин Рахмон входил в столицу своей страни Душанбе с автоматом руках. Вы понимаете».
Бори дигар мегӯем, ки Раҳмоновро халқ пешво нагуфтааст. Раҳмонов худаш худашро Пешво гуфту эълон кард.
Раҳнамо воқеияти Раҳмоновро дар мавҳумот, дар мубҳамот, дар хиёлоту рӯъёҳояш мебинад. Дар пеши чашмаш сиву анд сол мешавад, ки Раҳмонов дуздидаву ғорат ва тасарруф кард истодааст, намебинад? Чунин ба назар мерасад, ки дигар аз нангу мардиву ростӣ комилан тахлия шуда қошуқлесакашро дар маъқади Раҳмонов насбу ниҳодина кардааст.
Чаро Рустам Душанбе-сити дорад? Чаро Озода Спитаменбанк, чаро Парвина Бонки байналмилалӣ, чаро Рухшона Коммерсбанк, чаро Ҳасан Ориёнбонк?
Чаро роҳи ягонаи шимолу марказ Душанбе-Хуҷандро Озодаву шавҳараш пулакӣ карданд?
Мо, метавонем садҳо, ҳазорҳо мисолу намуна оварем, ки ин давлат он давлат нест, ки гӯӣ давлат асту давлатдор дорем.
Раҳмонов давлатро ба хешу табораш базлу бахш кардааст, ин чи давлат аст?
Ҳасан ишкамба куҷову бозори Панҷшанбеи Хуҷанд куҷо, ки кашиду гирифт. Магар давлат ҳамин аст?
Аммо дар маъракаи рӯнамои китоби уруқи Қизиларслон Давлат Сафар (бор худоё, афту башараашро бинед, ки як зарра монандӣ ба шоир дорад ё ба суммоист) Абдулло Раҳнамо дар ҳузури як гуруҳ «илман» исбот мекунад, ки чаро Раҳмонов «неъмат», чаро бояд дар бораш нагӯянду нанависанд? Ва, боз мегӯяд, ки дар ин кор «таҷриба» дорад.
Магар надиду намебинад, ки Галустянро кӣ овард. Медонад. Аммо худро ба каракиву куракиву гунгакӣ мезанад.
Хонаи Айниро кам монда буд, ки ин давлатсоз тахриб ва дар ҷояш барои Тахминаву Илҳоми ботурободӣ, Озодаву Шаҳбоз, Заринаву Шаҳроми Абубакр барделу дискоклуб месохт. Раҳмонов, ин куҳу офтобу моҳтоби Раҳнамо ҳаррӯзи худо бо дину оини ин миллат, масҷиду муллои ин миллат таҳқиру тавҳин мекунад, чи гуна давлат месозад?
Раҳмонов агар ончики Абдулло Раҳнамо мегӯяду мебинаду тасвиру тасаввур мекунад, дар ҳақиқат агар ҳамин тавр буд, пинҳон намекард, ошкоро мегуфт, аз халқ намедуздид намепӯшонд. Маълум аст ки бо нархи ночиз харидааст. (Бигзор бовараш сахт, вале бовар кунем, ки харидааст).
Пас, чаро Раҳмонов соҳиби корхонаи Азотро пинҳон мекунад, чаро соҳиби ширкати нави «Шоҳинайр» пинҳон карда мешавад.
Инҳо пулро аз куҷо меёбанд, ки мераванд нақд дар чандин миллион доллар Боингу Айробус мехаранд?
Чаро Абдулло Раҳнамо инҳоро намебинад, нодида мегирад. Абдулло Раҳнамо неъмату сарват будани Раҳмоновро, мебинаду ин азобу мушаққат ва албастигариҳоро намебинад?.
«Даврон Мирзозода, тоҷири калон, ки ба мардум ёрӣ мерасонад, кор эҷод мекунад. Барои мардуми Восеъ меҳмонхона, ресторан ва мактабҳои калон сохту дод. Дар ҳақиқат меҳнат мекунад. Аммо Раҳмонов дар вақти боз кардани иншоотҳои сохтаи ин нафар масалан ҳамин меҳмонхона мактабҳо бояд бошад ва худро нишон диҳад. Дар ҳоле, кӣ ягон ёрдам аз тарафи давлат нашудааст. Баракс аз Мирзозода 300 ҳазор доллар гирифтаанд, ки Пешвои миллат меояд ва ифтитоҳ мекунад ва боз нашармида мегуянд, ки меҳмонхона ё мактаби сохташуда ба ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонов аст ва Раҳмоновро дар шабакаҳои телевизионӣ реклама мекунанд.
Раҷабали Мирзозода як соҳибкори дигари восегӣ чанд беморхона сохтааст. Аз ин шахс, ки худованд хайраш диҳад 500 ҳазор доллар гирифтаанд, ки «ту метавонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунӣ».
Нигоҳ кунед, дар дигар давлатҳо тоҷирҳоро давлат зора мекунад, ки срмоягузорӣ кунанд, аз налогу гумрук сабукиҳо медиҳад, аммо ин оилаи гушнаи палиди Раҳмонов сероӣ надоранд.Тоҷирҳоро бо зур пулҳошонро мегирад.
Бовар кунед, ин гуна соҳибкорҳо зиёданд дар ҳар минтақаи Тоҷикистон, ки пулҳояшонро бо ҳамин гуна фанду фиреб гирифтаанд. Ҳатто ба пули мардум сохта шудагӣ биноҳоро Оилаи Раҳмонов гирифта Тоҷикистонро ғасб карда истодааст».
Ҳоло фикр мекунед, ки Раҳмонов дарак надорад, фикр мекунед, ки «окруженияаш» бекора асту худаш ин тавр нест? Ин аз хушбоварӣ, содалавҳӣ ва нашинохтани Раҳмонов аст. Яъне шумо Раҳмоновро аз ҳамон манзар ва шинохти Абдулло Раҳнамоҳо шинохтаед?.
Ин ҳама корҳо зери сари Раҳмонов аст. Ин як дузди бағдодӣ, ин як гадогушнаи данғарагӣ солҳост, ки пули давлатро пули худаш меҳисобад. Бюҷети давлат бюҷети хонаводаи вай шудааст.
Ва боз аз гуфтаи мардум:
«Ҳар моҳ ба вазирҳо доля мондагӣ, охири моҳ шуд дипломатро мебаранд «ҷошда» месупоранд. Ҳар моҳ любой вазир мебарад месупорад. Чи хеле мекунӣ намекунӣ мада по…й» мегӯяд Раҳмонов
Ба Раҳмонов отделно ба Озода отделно, ба Рустам отделно. Ҳар яктоаш ба худаш одам дорад.
Мисол Бег Сабур доляро мебурд дар Тахмина месупорид. Тахмина Бег Сабурро кришават мекард.
Вазири МВД Рамазон Раҳимзодаи буқачаро Зоир Соҳибов кришават мекунад. Ин ва вазири налог Нусратулло Давлатов дар ресторан чойкашаки зоиранд. Ҳардуи инро Зоир нигоҳ мекунд. Инҳо меоранд дипломати доляро дар Зоир Соҳибов медиҳанд Зоир мебарад дар хусураш медиҳад».
Доляи 1 миллион доллар аз налог ( ин панҷ сол пеш буд), ҳар моҳ 100 ҳазор. Боз вақти тағйироти кадрӣ 1 миллион медиҳад, то нагирад».
Ҷаноби Раҳнамо! Чаро намебинӣ, ки дар кишвар чи рафта истодааст?
Синфҳои як сесад сомонӣ маълумотнома (справкаи саломатӣ) мегиранд? 250 000 зарби 300 ба кисаи Фароз.
Дар Тоҷикисон 800 000 бештар мошин утлиазтсия ба ҳисоби миёна 4000 сомонӣ ба кисаи Фароз. Чаро инҳоро намебинад. Бист сол бозо ин қадар пул куҷо рафта истодааст?
Фароз як синфхона сохт? Барои ягон мактаб як доска-тахтаи синфӣ харид..Пули яксолаи он маоши ҳамаи муаллимони вилояти Хатлон ва НТМ мешудааст.
Соҳибкорони бо нангу номус, халқи азиз мекунад, чаро шумо намекунед?
Сокинони Панҷро водор карда истодаанд, ки барои симхори сарҳад 500 сомонӣ ҷамъ кунанд.
Агар Фароз як ширкати хусусӣ аст чаро бояд дар тамоми бемористонҳои кишвар лаборатория дошта бошад. Дастур чунин аст ки бидуни хати ташхиси Фароз бемористон ва пизишк ҳақи муоина ва бистарӣ карданро надорад.
Ин пули мардумро, ки миллиард-миллиард мешавад Фароз чи кор мекунад, куҷо мебарад.
Ин як ширкати хусусӣ аст. Ин ҳақу ҳуқуқро кӣ ба вай додааст? Раҳмонов набуда кӣ аст ин соҳиби амру фармону қарор?
Пештар гуфтем, ки дар посухи сӯҳбатҳои Абдулло Раҳнамо аз навиштаҳои Меҳмоншо Шарифзода,муҳақиқи ҷомеашиноси тоҷик меоварем, ки аз дурусту дақиқ «манзаре дигар» ба Раҳмонов баҳо додааст. Аз манзаре, ки бар хилофи тамаллуқкорону лесакон аст.
Инро бигӯем, ки ин посухҳо аз чанд навиштаи ҷаноби Шарифзода оварда шудааст, ки муфассали онҳоро дар сафҳаи фесбукии эшон метавонед бихонед:
«Раҳнамо мегӯяд, ки дар Тоҷикистон марҳалаи давлатсозӣ ба охир расидааст ва акнун марҳалаи рушд оғоз шудааст…..Чи гуна метавон раванди хусусишудани ҳукумати Тоҷикистон; раванди таҷовуз кардани Қонуни асосии ин сарзамин; раванди аз байн бурдани сиёсат ва ба хушунат иваз кардани гуфтугӯи миллиро; раванди ниҳодина кардани фасод, дуздӣ ва дурӯғро; раванди муҳоҷир ва пароканда шудани ҳазорҳо тоҷикистониро; раванди бекор, бечора ва овора шудани миллионҳоро; раванди шикаста шудани ҳуввият, фардият ва ба равшану ҷамшуд ва ба ҳаросафкан табдил ёфтани ҷавононро шарм накарда «марҳалаи давлатсозии миллӣ» номидан?»
Иқтибоси дигар:
«Имруз тоҷикон бо ҳукумате сарукор доранд, ки бо ном «нухбагони фарҳангӣ-сиёсиаш (намояндагони як оила-маҳал-музофот ва хокшапҳои интихобиашон аз музофотҳои дигар) имкони будани чизеро, равандеро, ҳаракатеро ва дигаргуниеро дар ин сарзамин ташкил кардан натавонистанд ва наметавонанд. Ин давлат аз як давлати истеъморзадаи пасошӯравӣ ба як давлати худкома ва аз он ба як режими истибдодӣ табдил ёфтааст …..»
«Пешво»-ро, ки на фақат китобҳояшро, балки нутқҳояшро дигарон бо ҳарфҳои калон-калон менависанд, агар ҷашн набошад намедонанд ба чӣ кор машғул бошанд. Бале ин ҳукумати хусусишуда мамлакатро 30-чанд сол боз бо ҷашнҳо, бо лофҳо, бо шиорҳо ва бо дурӯғ ба нокуҷо расонида ва ҳоло Ато Мирхоҷа ин ҳолатро дар рубоие бисёр хуб инъикос кардааст,…
«Неруи забон ҳар онки бишнохтааст,
Чун миллати ман сар ба фалак охтааст,
Тоҷик на бо зӯри камону шамшер,
Бо зӯри забон давлати худ сохтааст..
……Дар маросимҳои ҷашнии одатшуда метавон дид, ки чӣ тавр президенти номашруъи мамлакатро ба «шоҳигарӣ ва авлиёгӣ» интихоб мекунанд….ё шоирони мамлакат аз «Ӯ» шоҳаншоҳ метарошанд. Агар дар асрҳои миёна як шоҳ бо ишораи шамшер ва қудрати забон ба шахсе унвони наҷибзода медод ин солҳо дидем, ки чи гуна мардуме ба ду зону зада ба як шахс «унвони шоҳӣ» додаанд…..»
Иқтибоси дигар:
«Мардум пештар танҳо нигарони ҷои кор ва зиндагии осудаи фарзандони худ буданд. Сиву чанд сол бо «ягонаи давр», ки ҳама кас ва ҳама чиз «Ӯ» буд, то ба ин низоми фасодзад, дуздӣ, дурӯғ, бечорагӣ , камбағалӣ ва гадоӣ расиданд. Имрӯз мардуми бо буҳрон одат карда аз он нигаронанд, ки пас аз «гузашти ягонаи давр» (ӯ гузаштанӣ нест, вале хоҳад-нахоҳад, хоҳад гузашт), ки дар давлат ва ҷомеа «ягон ниҳоди солим вуҷуд надорад, балки «давлат ва ҷомеаи дуруст вуҷуд надоранд, ҳоли мардум чӣ мешуда бошад!?
Акнун, ин «каттақишлоқ….» ҷоест, ки қавми музофотӣ бо берун кардани намояндагони дигар музофотҳои Тоҷикистон аз фазои сиёсӣ барои худ давлати миллӣ сохтанд; ҷоест, ки аз раиси ҳукумат сар карда то вазирон сармояи миллат ва ёриҳои башардӯстонаро дуздида дар пойтахт ва дар қишлоқҳояшон барои худ ҷаҳони сармоядорӣ сохтаанд; ҷоест, ки мардумаш солҳо боз рӯ ба раҳми худоянд; ҷоест,ки фасод, дуздӣ ва дурӯғ ниҳодина шудаанд; ҷоест, ки бо ном роҳбаронаш субъекти бегонаҳоянд ва мардумаш дар гурезанд, то шаҳрвандии дигар мамлакатҳоро дошта бошанд; ҷоест, ки роҳбаронаш ба бузкашӣ, футбол ва сабқати блогерҳо шавқи бештар доранд, ки ба ҳокимият ва давлатдорӣ; ҷоест, ки ҷавононаш дар ҷанги бемаънии дигарон кушта мешаванд; ҷоест, ки арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳо дар воқеият даркор нестанд; ҷоест, ки қонун таҷовуз шуда ва солҳо боз фазои иҷтимоии сиёсии мардум шикаста шудааст; ҷоест, ки илм, дониш ва фикри таҳлилӣ-танқидӣ зарур нестанд; ҷоест, ки ирода, ғурур ва умуман фардият ва ҳувияти ҷавонон шикаста шуда ва мешавад; ҷоест, ки хушунат ҷои мурувват, муҳаббат ва одамиятро гирифта; ҷоест, ки барои ростӣ, адолат, зебоӣ, гуфтугӯ,созандагӣ ва халлоқият дигар ҷой нест».
Иқтибоси дигар:
«Дар ин сарзамин ниҳодҳо давлатӣ ва иҷтимоӣ дигар миллӣ (ҷаҳонӣ) нестанд ва музофотиву фасодзадаанд ва ҳизбҳо, нашрияҳо ва рӯзноманигорон ҳама киссагӣ шудаанд. ширкатҳо бо дуздӣ ва фасод бунёд ёфтанд ва арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо дигар дар мағзҳо ва дар ҷомеа дар кор нестанд. Балки ҷомеа дигар вуҷуд надорад. Ва ҳама атрофи афсонаи охирин ё ихтироъи охирин, ки «пешво»-яш меноманд,гуё муттаҳид шудаанд ва бо шиори «номард бошу зинда бош», «буз бошу зинда бош» гуё зиндагии худро ёфта истодаанд».
Хонанда ва бинандаи гиромӣ ва боҳуши «Ислоҳ»,ин буд бахши чаҳоруми риштагузориши«Раҳмонов аз манзаре дигар…»
Тамаллуқ ба Раҳмонов, хушомад ба Раҳмонов ӯро бовар кунонидааст, ки ҳамин гуна як инсони ғайриодӣ аст. Аммо, фарқи гуфтори Раҳнамову Меҳмоншо Шарифзодаро бубинед ва худ қазоват кунед. Кӣ рост гӯфта аст кӣ дурӯғ?
поёни қисмати чаҳорум…
Пасгуфтори Ислоҳ
16 ноябр, ки онро «Рӯзи Президент» номидаанд, аз нигоҳи мо рӯзи сиёҳи ин миллат аст. Рӯзе, ки бояд рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ва давлатдории миллӣ мебуд, ба рӯзи парастиши як шахс табдил дода шудааст. Президент бояд хидматгузори миллат бошад, на ин ки миллатро хидматгузори худ ва оилааш кунад. Давлат моли мардум аст, на мероси як хонавода. Таърих низ на бо ситоишномаҳои дарборӣ, балки бо ҳақиқат ва корномаи ҳокимон доварӣ мекунад.
Ва акнун, ҷаноби Абдулло Раҳнамо!
Ҳанӯз фурсат дорӣ, ки ба виҷдони худ рӯ оварӣ ва аз таъриху миллат шарм бидорӣ! Бидон, ки бо ин ҳама мадҳу сано наметавонӣ воқеиятро дигаргун созӣ. Мабодо номат дар таърихи ин миллат на ҳамчун «Раҳнамо», балки ҳамчун «Раҳнамои раҳгумкарда» сабт гардад ва ин доғи шарм то наслҳои баъд аз ту боқӣ бимонад!
Раҳмонов дигар ниёз ба сафед кардану муаррифӣ надорад. Сиву чаҳор соли ҳукмрониаш худ корномаи ӯст. Аммо ту бо ин ҳама ситоишҳо на танҳо аз ӯ ҳимоят мекунӣ, балки сарнавишти номи худро низ ба сарнавишти ӯ мепайвандӣ.
Фаромӯш макун, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
«الْمَرْءُ مَعَ مَنْ أَحَبَّ»
«Инсон бо касе хоҳад буд, ки ӯро дӯст медорад».
(Саҳеҳи Бухорӣ, 6168; Саҳеҳи Муслим, 2640)
Пас, эй Раҳнамо! Пеш аз он ки дер шавад, андеша кун: имрӯз барои ризояти кӣ сухан мегӯӣ, фардо дар назди Аллоҳ чӣ посух хоҳӣ дод ва рӯзи қиёмат мехоҳӣ бо кӣ маҳшур шавӣ?
Охир Раҳнамо ту Давлат Сафар, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим ва … нестӣ! Маҳз ҳангоми ба қудратрасии Раҳмонов фирор кардӣ ва пас аз имзои созишномаи сулҳ баргаштӣ! Боре ҳам ба он рӯзгорон фикр кун ва чиҳо мегуфтӣ!
Зеро курсиву қудрат гузарандаанд, аммо масъулияти сухан ва доварии таърих боқӣ мемонанд.
