Номаи маро алоҳида нашр кунед №75
Пешгуфтори «Ислоҳ»
Дақиқан панҷ сол пеш, 25 ноябри соли 2021, гурӯҳи бузурге аз сокинони ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ омаданд. Сабаби эътироз марги Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола аз Шохдараи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти мақомоти амниятӣ буд. Мардум ҷасади хунолуди ӯро ба саҳни бинои ҳукумати вилоят оварда, таҳқиқи воқеа ва муҷозоти омилони марги ӯро талаб карданд.
Мақомот Гулбиддинро бар асоси иттиҳоми гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ таҳти пайгард қарор дода буданд ва гуфтанд, ки ӯ ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Наздикону шоҳидони маҳаллӣ ин ривоятро рад карда, мегӯянд, ки Гулбиддин силоҳ надошт ва метавонист зинда боздошт шавад. Маҳз ҳамин ихтилофи бунёдӣ — миёни баёнияи расмӣ ва шаҳодати мардум — то имрӯз бе таҳқиқи мустақилу ошкор боқӣ мондааст.
Марги Гулбиддин Зиёбеков танҳо як ҳодисаи ҷудогона намонд. Эътирозҳои ноябри соли 2021, баста шудани интернет, боздоштҳо ва саркӯбиҳои моҳи майи соли 2022 зиндагии мардуми Бадахшонро дигар карданд. Теъдоди зиёде кушта, маҷруҳ, зиндонӣ ё маҷбур ба тарки зодгоҳ шуданд. Омори дақиқи муҳоҷирону паноҳандагони бадахшонӣ дастрас нест, аммо паёмади ин рӯйдодҳо то имрӯз эҳсос мешавад.
Дар суханрониҳои баъдӣ Эмомалӣ Раҳмонов аз амалиёти «безараргардонӣ» дар Бадахшон ҳимоят кард. Аммо саволи асосӣ ҳамоно боқист: чаро дар шароити ғайриҷангӣ як шаҳрванди таҳти пайгард зинда боздошт ва дар додгоҳи ошкор муҳокима нашуд? Чаро то имрӯз ҷомеа ба таҳқиқоти мустақил, хулосаи пурраи ташхиси судию тиббӣ ва посухи равшан дар бораи истифодаи силоҳ дастрасӣ надорад?
Номае, ки пешкаши хонанда мегардад, аз ҷониби шахсе навишта шудааст, ки худро шиносу наздики Гулбиддин, собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шоҳиди мустақими бахше аз воқеаҳо муаррифӣ мекунад. Ӯ дар баъзе мавридҳо аз дидаву шунидаи худ ва дар мавридҳои дигар аз нақли шоҳидони маҳаллӣ сухан мегӯяд. Мо тамоми ҷузъиёти номаро ҳифз кардем. Иттиҳомҳои марбут ба шахсони номбаршуда мавқеи муаллифи номаанд ва бояд дар таҳқиқоти мустақил санҷида шаванд. Ба ҳар шахсе, ки номаш дар ин нома зикр шудааст, ҳаққи посух маҳфуз аст.
Ин шаҳодат ба ҳамаи саволҳо ҷавоби ниҳоӣ намедиҳад, аммо ҷузъиётеро пеш мегузорад, ки набояд нодида гирифта шаванд: моҷарои ёвари додситон, талаби Гулбиддин Зиёбеков барои мурофиаи ошкор, рӯзҳои охири зиндагии ӯ, лаҳзаи амалиёти боздошт, баҳс бар сари силоҳ ва ташхиси такрории ҷасад. Нашри нома даъват ба таҳқиқи мустақил, ҳифзи шоҳидон ва ошкор шудани ҳақиқат аст.
Матни нома
Салом бародари баномуси миллат Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як муҳоҷирам. Бори аввал аст, ки ба шумо нома менависам. Ман пеш аз гузоштани муҷассамаи Майрами гурсӯхта дар Хоруғ тоқат накарда аз Помир рафтам. Агар ин мактуби ман чоп шавад, ман дар бораи сабабҳои сафари пайдарпайи қотили помириҳо — Раҳмонов ба Бадахшон пурра менависам. Имрӯз ман дар бораи Гулбиддин Зиёбеков, ки бегуноҳ кушта шуд, он чиро медонам, менависам.
Ман худам қариб 6 сол корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будам. Аммо баъд аз ин кор рафтам. Гулбиддин бароям ҳам дӯст, ҳам бародар ва ҳам мисли як фарзанд буд. Баъди кушта шуданаш кормандони амният сокит нашуданд, балки ба сиёҳ кардани ӯ сар карданд. Дар коғаз дурӯғу бофта навишта халқро маҷбур карданд, ки вокуниш нишон диҳанд. Касеро, ки иҷро намекард, аз кор пеш мекарданд. Ман ҳатто ному насаби чунин одамонро номбар карда метавонам. Аммо агар гӯям он одамонро амният азият медиҳад ва бовар дорам пӯсташро меканад. Сипас як филм бо номи «Неруи қонун»-ро ба тамоми халқи Бадахшон ва дар ҳудуди Тоҷикистон, чӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дар зиндонҳо ҳам нишон доданд. Гулбиддинро амният берун аз Тоҷикистон ҳам сиёҳ кард. Филми «Неруи қонун» нерӯи найранг ҳасту халос. Чун ман худам дар ин система кор кардаам ва аз интернет ҳамаи дурӯғҳои ҳукумати золимро исбот кардан метавонам.
Шиносоии ман бо Гулбиддин
- Бори аввал ман бо Гулбиддин Зиёбеков дар ноҳия ҳангоми ба назди раиси ноҳияи Роштқалъа Султоноёбов Юсуф даромадан шинос шудам. Гулбиддин Зиёбеков чун дид, ки ман калонсолтар ҳастам, навбатро ба ман дод. Ӯ гуфт Юсуф беҳтарин раис аст. Ҳама вақт варзишгаронро дастгирӣ мекунад. Навбати ман нарасад, боз рӯзи дигар медароям. Ман барои таъмири толори варзишии деҳаи Тавдем арз карданӣ ҳастам. Ин раис ягон касро ноумед ва хафа намекунад. Суҳбати ман бо Гулбиддин Зиёбеков тӯлонӣ шуд. Аз он рӯз сар карда ӯро дӯст, бародар ва фарзанд қабул кардам. Пас чаро дар «Неруи қонун» омадааст, ки Гулбиддин Зиёбеков Султоноёб Юсуфро таҳқир кардааст. Ин тамоман дурӯғи маҳз аст.
Бародарам Муҳаммадиқбол. Саргузашти Гулбиддин Зиёбеков бисёр ҳам ғамангез аст. Ӯро режими Раҳмонов бо туҳмату дурӯғ аз байн бурд.
Иттиҳоми латукӯби раиси вилоят
- Дар «Неруи қонун» гуфта шуд, ки гӯё Гулбиддин Зиёбеков ба бинои мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ даромада раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро мавриди лату кӯб қарор дод. Ин кормандони худонотарси режими Раҳмонов корашон танҳо дурӯғу туҳмат аст.
Ман дар пешгоҳи Аллоҳ қасам мехӯрам, маро виҷдонам азоб медиҳад, ман дурӯғ намегӯям, ки Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 15.08.2018 ҳамроҳи ман буд. Вай ҳатто ба бинои ҳукумат наздик ҳам нашуда буд. Ман шоҳиди зинда ҳастам. Он рӯз Латипов Булбул низ ҳамроҳи мо буд. Пас чаро Додиҳақов Фарид 8 сол зиндон шуд?
Ман дар бораи ба бинои ҳукумат, ки даромаду кӣ чӣ кор кард, чизе гуфтан наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки ман шоҳиди зиндаи Гулбиддин Зиёбеков ҳастам. Зеро Гулбиддин Зиёбеков тамоман ба лату кӯби раиси вилоят дахолат надошт. Ӯ дар ин кор тамоман бегуноҳ аст.
Моҷарои Абдусаттор Абирзода
- Дар «Неруи қонун» гуфта шудааст, ки Гулбиддин Зиёбеков прокурори ноҳияи Роштқалъа
Абдусаттор Абирзодаро 8 соат лату кӯб мекунад ва 8 соат гаравгон мегирад. Ин аз суҳбатҳои пур аз туҳмату буҳтони Мамадов Ҳабиб мебошад.
Бародарам Муҳаммадиқбол ин як дурӯғе ҳаст, ки ҳайрати одам меояд. Чаро Абирзода Абдусаттор ба духтур муроҷиат накард?
Чаро Ҳабиб Маҳмадов бедалел вокуниш медиҳад. Чаро аз ин ду ҳолат ягон далел нест. Мамадов Ҳабиб шоҳиди дурӯғгӯй буд. Чунки ҳодиса дар ноҳияи Роштқалъа аз якуним соат зиёд набуд. Гулбиддин Зиёбеков Абирзодаро на гаравгон гирифту на лату кӯб кард, балки бурда ба дасти ҳукуматдорони ноҳияи Роштқалъа супорид. Гулбиддинро туҳмат карданд, ки прокурор Абирзода Абдусатторро 8 соат лату кӯб карду 8 соат гаравгон гирифт. Он рӯз ман ин ҳодисаро бо чашми худ дидам. Дар сар шудани ҷанҷол дар маркази ноҳия Гулбиддин Зиёбеков тамоман он ҷо набуд. Маҳмадов Ҳабиб аз Шоназарова Зуҳро 300 сомонӣ ва як сар бузро мегирад. Ба ӯ ваъда медиҳад, ки баъди як ҳафта биё шиносномаи хориҷиатро мегирӣ. Зуҳро Шоназарова як моҳ аз қафои Ҳабиб Маҳмадов медавад, аммо гирифтани шиноснома маълум намешавад. Ҳабиб рақамҳои телефони Зуҳро Шоназароваро ба Абирзода Абдусаттор медиҳад ва Зуҳроро мегӯяд, ки бо Абирзода гап зан. Вай одами пулдор аст, мушкилиҳои туро ҳал мекунад. Ҳамин хел Абирзода ба Зуҳро занг зада ӯро ба утоқе, ки аз қабл махсус омода буд, даъват мекунад. Зуҳро Шоназарова аз ин макри Ҳабиб Маҳмадову Абирзода Абдусаттор хабардор мешавад ва рафта ба ҷавонон мегӯяд.
Бародарам Муҳаммадиқбол! Дар ин ҷанҷол ман шоҳид будам. Бачаҳо Ҳабибу Абирзодаро даъват карданд. Абирзодаро пурсиданд, ки ба ту рақамҳои телефони Зуҳроро кӣ дод? Вай гуфт Ҳабиб. Баъдан Ҳабиб Абирзодаро зад ва ҳамин тавр байни онҳо ҷанг шуд. Абирзода баъди ин ҷанҷол гурехт, то сирри ӯ фош нашавад. Ана баъд аз гурехтани Абирзода ҷавонон ба Гулбиддин Зиёбеков занг мезананд ва Гулбиддин ҳамроҳи дигар ҷавонон Абирзодаро аз роҳаш гардонданд ва ба деҳаи Анҷин оварданд. То ки ҳақиқат исбот шавад. Охир ман шоҳид ҳастам дар деҳаи Анҷин.10–15 дақиқа ҷавонон бо Абирзода Абдусаттор гап заданд.
Қасам ба номи Худованд, ки Гулбиддин Зиёбеков Абирзодаро гаравгон нагирифтааст ва лату кӯб ҳам накардааст. Баръакс, ӯро муҳофизат карду гуфт «Ҷавонон ба ин шахс нарасед ва мо инро ба маркази ноҳия мебарем, то назди ҳукумат ҷавоби худро диҳад» (видео).
Маҳмадов Ҳабиб аз Аллоҳ натарсида туҳмат кард. Пас чаро Ҳабиб 16 соати гаравгону лату кӯби Абирзодаро ба навор нагирифт. Чаро ҷойе, ки Абирзода Абдусаттор гаравгон буд, нишон надод. Эй мардум ин сагони Раҳмонов дурӯғ мегӯянд. Ман шоҳиди зинда ҳастам. Гулбиддин Зиёбеков Абирзода Абдусатторро ба дасти сардорони милитсияю амният ва раиси ноҳия Назаршозода Лойиқ супорид.
Дар бинои ҳукумат ҳар яки онҳо гапи худро гуфтанд. Гулбиддин Зиёбековро баъди тахминан 10–12 рӯз ба шаҳри Хоруғ ба пурсиш даъват карданд. (Видео) Ӯ ба пурсиш рафт. То соати 9-и бегоҳ ӯро пурсиданд. Баъди 2–3 рӯз ман назди Гулбиддин Зиёбеков рафтам. Ва аз аҳволаш пурсидам. Гуфт маро зиёд пурсиданд. Абирзода Абдусаттор ҳам дар он ҷо буд. Бародар, ба фикрам ҳақиқати ман беҳуда аст. Гапи рости маро дар пурсиш писанд ҳам накарданд. Хулоса, ман гунаҳкору Ҳабибу Абирзода бегуноҳ ҳастанд.
Ман дар ин мактубам чизе, ки дар бораи Гулбиддин Зиёбеков медонам, шоҳид будам, аз ҳамдеҳагонаш шунидам, менависам, чунки ин одам маро аз марг наҷот додааст.
Беҳтарин фарзанди диёри мо буд. Баъди маргаш Бадахшон мотам дошт. Бовар кунед, ман бо яке аз ҳамсояҳои Гулбиддин Зиёбеков суҳбат кардам. Ва ӯ ба ман чунин гуфт: мо мотам дорем, дар қишлоқ тӯй нест, касе, либоси сурх намепӯшад, ҳатто садою ғалоғулаи кӯдакон дар кӯчаҳо шунида намешавад. Беҳтарин инсон буд. Шаробро бад медид, пулдор набуд. Як варзишгари одӣ буд. Бо кадом гуноҳаш ӯро куштанд, намедонам.
Абирзода Абдусатторо,ки ҷияни генерал буд, гурезонданд. Ҳабиб Маҳмадовро аз ноҳияи Роштқалъа ба ноҳияи Шуғнон бурда вазифаи нав доданд. Гулбиддин Зиёбеков, ки ҳақиқатро талаб кард, ӯро куштанд. Он ду нафар ҳам пора гирифтанду ҳам духтарро таҷовуз кардан хостанд, имрӯз дар озодианд. Ҷиноятҳои Ҳабибу Абирзода аз мӯйи сар зиёд аст.
Агар ин мактуби ман чоп шавад ман ҳамаи ҷиноятҳои онҳоро боз менависам.
Агар рафтори Гулбиддин Зиёбековро фикр кунам, саволе пайдо мешавад.
Оё рафтори Гулбиддин Зиёбеков зидди давлат буд ё зидди рафторҳои бадахлоқонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ?
Талаби Гулбиддин барои мурофиаи ошкор
Боре ман ҳамроҳи Гулбиддин Зиёбеков аз Хоруғ ба Шохдара ҳаракат мекардем. Дар мошин танҳо будем. Ӯ ҳар рӯз ба Хоруғ рафта дар як зал машқ мекард. Ман аз аҳволаш пурсидам. Ҷавони камгап буд ва таъриф карданро бад медид. Ба ман чунин нақл кард. Ман аз ҳукумати ноҳияи Роштқалъа оид ба ҳодисаи рухдода суд талаб кардам. Ҳам ба раиси ноҳия Назаршозода Лойиқ ҳам ба сардори милитсия Сайидҷафар Усмонзода ва ҳам сардори амнияти ноҳия Ҳалимов Хайёл гуфтам: ман розӣ ҳастам ба ман даъватнома фиристонед, маро суд кунед, суд суди халқӣ бошад ва ман ба худ адвокат гирам, то гуноҳам исбот шавад. Аммо ин талаби ман бе ҷавоб монд. Дар клуби Тавдем маҷлис шуд. Клуб аз одам пур буд. Аз ноҳия ҳам милисаву ҳам КДАМ, ҳам прокурор ва ҳам раис иштирок доштанд. Намоянда дар ин маҷлис Абдурраҳмон Аламшозода (Бузмаков) буд. Ман дар ин маҷлис хестаму гуфтам. Ана ман. Гулбиддин Зиёбеков ва маро дар ҷустуҷӯ додед, ман ягон ҷо гурехтанӣ нестам, худамро ягон ҷо пинҳон накардаам. Халқи маро озор надиҳед. Ана ман дар пеши шумоён. Маро суд кунед, гуноҳи маро исбот кунед. Бигзор сол бошад, моҳ бошад танҳо адолати судӣ бошад. Ман худам зидди дуздию шаробу маводди мухаддир ҳастам. Ман мехоҳам ҳуҷҷати тоза дошта бошам. Чунки ман варзишгар ҳастам. Ва бояд ба дигар давлатҳо сафар кунам.
Гулбиддин Зиёбеков инро гуфту каме хомӯш монд: ва боз гуфт дилам пур аст, чунки Аламшозода талаби маро ба назар мегирад. Боз нақлашро давом дод.
Бародарам, ба ман як хоҳар аз Маскав занг заду гуфт: Гулбиддин Зиёбеков бародарам ба ман гуфт, ки туро суд мекунанд, ана ин рақамҳои телефони маро ҳифз кунед. Рӯзи суд, ки маълум шуд, мо панҷ духтар омада дар суд иштирок мекунем. Дар суд нақл мекунем, ки Ҳабиб Маҳмадову Абирзода Абдусаттор бо мо чӣ кор карданд, ҳамаашро нақл мекунем. Ҳамаи ҳамин рафтори номардон ба ман таъсир мекунад. Чанд бор хоҳарони ҷавон ба ман шикоят карданд, ки мо дигар барои гирифтани ҳуҷҷат аз рафтан ба ноҳия метарсем.
Ҳабибу Абирзода забон як карда пули калон талаб мекунанд. Ё гӯсфанд, ё бо онҳо …. хуб, дигар худат медонӣ. Ман ҳарчи тезтар аз ин ноҳия равам, ки чашмам ягон чиро набинад.
Баъди ҳодисаи дар ноҳия рухдодаю дар ҷустуҷӯ қарор додани Гулбиддин Зиёбеков таҳдиду таъқиб рӯз аз рӯз зиёд шудан гирифт. Ман синну солам аз ӯ калон буд ва ман мисли фарзандонам ӯро дӯст доштам. Пинҳонӣ наздаш рафта дилдорӣ медодам. Бечора аввал тан надода умед дошт, ки ҳақиқатро исбот мекунаду ба роҳи пешинааш бармегардад. Аз машқ кардан даст намекашид. Аммо Раҳмонови хунхор нахост чунин мардони шуҷоъ зинда бошанд.
Як рӯз ӯро дар Хоруғ дидам, ғамгин метофт. Гуфт ман ҳамроҳи Сорбон назди раиси вилоят Ёдгор Файзов даромадем. Он хоҳар яъне Шоназарова Зуҳро низ дар он ҷо буд. Пеш аз ба назди раиси вилоят даромадан Шоназароваро прокурори вилоят Орифзодаи Парвиз ба пурсиш даъват кардааст. Ӯро чунон тарсондааст, ки ин хоҳар назди мо ба раиси вилоят ҳақиқатро нагуфт. Мо ҳатто дар даст тафсилоти зангҳо доштем, ки Абирзода ба Зуҳро чанд бор занг задааст. Зуҳро Шоназарова дар Тавдем назди мо ба ҷавонон ҳақиқатро гуфт.
Дар Тавдем Зуҳро Шоназарова гуфт, ки маро Ҳабиб Маҳмадов маҷбур кард, ки бо Абирзода Абдусаттор гап занам, чун зани дуюм маро истифода барад. Аммо назди раиси вилоят ҳақиқатро нагуфт. Вақте ки аз утоқи раис баромадем, Мирзонаботов Алишер аз қафои ман омаду «Як дақиқа мумкин?» гуфт. Ман истодам. Вай ба ман гуфт: гуноҳи дигаронро бахшидан мумкин аст. Аммо ту дар назди қонун ҷавоб медиҳӣ. Ин раис кадом нияте дорад гуфт Гулик.
Ин дунё дунёи дурӯғ аст. Зеро гунаҳкор бе ҷазою бегуноҳ кушта мешавад. Чаро пас Ҳабиб ҳам ҷиноят карду ҳам боз вазифа гирифт.
Боре ман аз Хоруғ ба мошин савор шуда хона мерафтам. Дар роҳ Ҳабиб Маҳмадов ҳам савор шуд. Дар пеш нишасту таърифи худро сар кард. Ман ҳар рӯз меҳмон дорам. Кормандони амният, мақомот, прокурор ва ҳатто суди ноҳияи Роштқалъа шиками худро дар хонаи ман сер мекунанд. Ҳамаи онҳо назди ман забонашон кутоҳ аст. Барои ҳамин зани маро дар ҷойи хуб ба кор гирифтанд. Вай хуҷаини ЗАГС аст.
Бародарам Маҳмадиқбол, рост. Занаш Мирзоалишоева Сураё халқро аз ҷон безор кардааст. Ҳар як маълумотномаро 3 ҳазор сомонӣ мефурӯшад. Савод надорад. Ягон ҳуҷҷатро бе хато наменависад. Касе гап занад ҷавобаш чунин аст. Равед, ба Эмомалӣ ҳам шикоят кунед, маро касе чизе гуфтан наметавонад. Вой бар ҳоли мо. Ҳабиб Маҳмадов ҳамин тавр гуфтан гирифту як модар дар пешам нишаста гуфт, ки ин фиребгар ба ман ваъда дод, ки ҳуҷҷатҳои гаражи туро дуруст мекунам. Баъди як ҳафта ба хонаи ман омад ва ду коғазро ба ман доду гуфт, ки ана ин ҳуҷҷатҳои гаражи ту. Соат 9 шаб буд. Баъд гуфт дар хона меҳмон дорам, дар хона гӯшт нест ба ман як гӯсфанд диҳед. Ман шабошаб ҳамсояи худро занг задаму, гӯсфандро куштем.
Ҳабиб Мамадов ҳақи худро боз 400 сомонии дигар аз ман талаб кард. Худи ҳамон шаб гӯшти гӯсфанд ва 400 сомониро гирифта ғайб зад. Баъди як ҳафта маркази ноҳия рафтам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки Ҳабиб Мамадов маро фиреб додааст. Ким – кадом ҳуҷҷати аслиро дуздида аз рӯйи он ба ман коғазҳои қалбакӣ навишта додааст. Ана ҳамин тавр Ҳабиб Мамадов шиками меҳмонони худ ва фарзандони худро сер мекардааст. Барои ҳамин Ҳабиб, ки гуноҳкори асосӣ буд, ҷазо нагирифту вазифа гирифт. Раҳмонов чаро чунин одамонро тарафдор аст. Чаро ҷазо намедиҳад. Муаллим, ки бесавод бошад, талабаҳо ҳам бесавод мешаванд.
Чаро Гулбиддин Зиёбековро кушт? Раҳмонов фармон дод, ки силоҳбадастонро безарар гардонед. Ман аз чунин роҳбар ҳайронам. Оё мақомоти амнияту прокурор, умуман роҳбарияти ноҳияю вилоят боре дар дасти Гулбиддин Зиёбеков силоҳро дидаанд? Оё касеро номбар карда метавонед, ки Гулбиддин Зиёбеков паронда ё захмӣ кардааст? Ман ба кори роҳбарияти ноҳия баҳои сифр медиҳам. Аз раиси ноҳия Лоиқ Назаршозода сар карда то коргарони хурди ин ноҳия ҳама бевиҷдонанд. Ман қазияи қатли Гулбиддин Зиёбековро дар назар дорам.
Рӯзи охирини зиндагии Гулбиддин
Акнун дар бораи силоҳ надоштани Гулбиддин Зиёбеков чиро медонам. Ба ман як дӯстам видеоро равон кард, ки дар он ҷо Гулбиддин Зиёбеков тарафи купрук давида истодааст. Дастонаш холӣ буданд. Аммо сад афсӯс телефони ман дар об афтоду вайрон шуд. Ман бовар дорам, ки ин видео дар дасти ҷавонон ҳаст аммо аз нишон додан метарсанд.
Рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 соат 9 саҳарӣ буд. Гулбиддин Зиёбеков ба ман занг зад, ки бародар дар хона Интизор (бародараш) ҳам несту дар беморхона доруҳои модарам тамом шудааст. Ман бояд то соати 11 доруҳои модарамро ба ӯ бирасонам. Агар вақт дошта бошӣ, ман доруҳои модарамро диҳам, ба Ҷавшангоз меравем. Ман, ки ба Роштқалъа расидам, ба ту занг мезанам. Ин буд овози охирини Гулбиддин Зиёбеков.
Ой, ҳукумати золим! Чаро фарзанди беҳтарини диёрамонро куштед, чаро намондед, ки модари дар бистари беморӣ хобро бори дигар бинад ва доруҳояшро расонад.
Лаҳзаи амалиёти боздошт — аз нақли як шоҳид
Лаҳзаи боздошт аз нақли як дӯсти наздики Гулбиддин Зиёбеков. Мо дар назди нуқтаи сӯзишворӣ истода будем. Мошини Лашкарбеков Маҳкам омада дар назди мағоза истод. Баъдтар фаҳмидам, ки Маҳкам мехост бо мошини худ пеши роҳи мошини Гулбиддин Зиёбековро гирад, то ки вай ягон ҷой нагурезад. Ман диққат надодам, аммо он ҷо одам пур буд. Боз як мошини дигар ҳам омада истод. Баъдтар фаҳмидам, ки вай мошини сардори амнияти ноҳияи Роштқалъа Ҳалимов Хаёл будааст. Ҳалимов Хаёл ва боз ду нафари дигар буданд. Онҳо ҳам коргарони КДАМ буданд. Кормандони амният бо мошини худ ба тарафе, ки аз он ҷо Гулбиддин Зиёбеков меомад, рафтанд. Ман дигар диққат надодам. Ман ба он тарафи роҳ гузаштам. Он мошин боз пайдо шуд. Гулбиддин Зиёбеков ҳам бо мошини худ расид. Аз мошин баромад ва назди амниятиҳо рафт. Ба онҳо салом дод. Яке аз онҳо ба вай коғазеро дод, ки баъдан маълум шуд даъватнома будааст. Ман дар назди онҳо қарор доштам. Баъд қалам дод. Ба фикрам қалам нанавишт. Боз қалами дуюмро доданд. Гулбиддин Зиёбеков хост даъватномаро имзо кунад. Намедонам имзо кард ё не, якбора мошини «Газел»-и сафед пайдо шуд. Аз он ҷо силоҳдорони ниқобпуш баромадан гирифтанд. Сардори амният Гулбиддин Зиёбековро дошт. Гулбиддин вайро як лагад заду боз истод. Аз силоҳдорон касе дод зад гуфт: э ҷавон гурез. Ман аз тарс дар қафои девори боғ худро пинҳон карда мушоҳида мекардам. Баъд Гулбиддин Зиёбеков фаҳмид, ки ин нерӯи мусаллаҳ бар сари ӯ омадааст. Ҳодиса хеле даҳшатнок буд. Мардуми дар назди мағозаю нуқтаи сӯзишворӣ доду фарёд мезаданд. Он ҷо занон калонсолон ва талабаҳо низ буданд. Онҳое, ки дар боғ, дар хонаҳои навсохтаашон кор мекарданд, аз ҳар тараф фарёд мезаданд: Гулик худро ба дарё парто. Кӯдакон доду фиғон бардоштанд.
Аммо ин аҳволи халқ ба касе аҷиб ҳам набуд. Намедонам чанд силоҳбадаст буд, фақат ҳисоб кардам ҳафт нафар аз пушти Гулик давиданд. Садои тир беист буд. Дигарҳо одамони он ҷоро маҷбур мекарданд, ки дастонашонро ба девори мағоза гузоранд, касе меҷунбид, тир холӣ мекарданд. Қисми дигари силоҳбадастон роҳро ҳам аз болою ҳам аз поён маҳкам карданд. На мошин ва на одам мегузашт. Ба доду фиғони занон касе гӯш ҳам накард. Кӯдакон аз тарс ларзида худро дар замин партофтанд. Одамон ҳатто беҳуш шуда афтиданд. Гулбиддин Зиёбеков болои купруки ларзон давиду садои тир баланд шуд. Вай ба зону афтод ва бо дастони худ панҷараи купрукро дошта каме худро бардошт. Боз садои тир шуд, Гулбиддин Зиёбеков афтод. Ба зӯр ҳаракат карда он тарафи купрук расид, силоҳбадастон низ назди ӯ расиданд. Ҳафт силоҳбадаст, ки чанд қабат пӯшок пӯшида, рӯйҳояшон баста, дар дастонашон дастпӯшак ва силоҳ болои сари Гулбиддин Зиёбеков истода хостанд ӯро таслим кунанд. Гулбиддин дар тан як футболкаи тунук ва як бриджаи тунук дошт. Пойҳои Гулбиддин Зиёбеков беҷон буданд, аммо бо дастони пурқуваташ бо қотилони худ мубориза мебурд. Ҳафт каси силоҳбадаст як Гулбиддини бесилоҳро натавонистанд мағлуб кунанд. Номардона ӯро дар гарданаш занҷир баста, кашолакунон сӯйи мошин мебурданд. Гулбиддин Зиёбеков бошад бо тани нимҷону хуншори худ таслим нашуд. Бо ҳамин ҳолат Гулбиддин Зиёбеков ба халқи худ хитоб кард, ки ба ман наздик нашавед, шумоёнро мепаронанд. Вақте ба мошин наздик шуданд, боз садои тир баланд шуд. Ӯро ба фикрам тири панҷум заданд. Сипас вайро ба мошин бор карданд. Вақти рафтани мошин боз садои тир шуд. Баъдтар фаҳмидем, ки ду тири дигар яке дар чашму дигаре дар дилаш дар дохили мошин заданд. Аз ҳафт тир дутояш (назоратӣ) буданд. Ғуломшоев Тайғуншо марди 55-сола Гулбиддин Зиёбековро мисли фарзанд дӯст медошт. Он лаҳзаи боздошт Тайғуни бечора дуртар аз ҷойи ҳодиса ҳезум ҷамъ мекард. Садои тирро шунида давида назди мағгоза расид. Аҳволи вазнини Гулбиддин Зиёбековро дида дастони худро боло бардошт, фақат мегуфт Гуликро бахшед. Барои ҳамин гап ӯро паронданд. Вай афтид (ҳоло дасти росташ кор намекунад) Мирзоев Розиқ бошад дар ҳамин вақт аз мағоза мебарояд. Вай ҷавони бемор буд. Вай ба тарафи силоҳбадаст ҳаракат мекард, ӯро ҳам паронданд. Мардум чӣ кор карданашро намедонист (ҳама дар ҳолати шок буданд).
Баъди бурдани Гулбиддин Зиёбеков қисме аз қафои ӯ рафтанд, занону кӯдакону калонсолон ва баъзе ҷавонон. Аз купрук хуни Гуликро тоза карданд. Аз ҷой ҳодиса фақат пойафзолашро ёфтанд. Ҷавонон тақрибан 30–40 дона гилза ҷамъ карданд. Дар як санги хурд ҳисоб карданд, ки 13 изи тир буд. Раиси ҷамоати деҳоти Тавдем Латипов Муқим дар ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва гуфт: Аз қафои Гулбиддин Зиёбеков ягон кас наравед, ҷиноят кардааст ҷавобашро медиҳад. Ҷавонон тоқат накарда вайро як торсакӣ заданд. Қариб 40 дақиқа гузашта буд, ки боз як мошини дигар пайдо шуд, пур аз низомиён. Гуфтанд, ки мо коршиноси тиббӣ овардем. Ҳамроҳи онҳо ҳам силоҳбадастон буданд. Ҳама ҷойро аз назар гузаронида, баъд тарафи купрук рафта боқимонда гилзаҳоро ҷамъ карданд. Баъд боз чор нафар силоҳдор аз ин тарафи купрук гузаштанд. Онҳо гуфтанд, ки ба мо шоҳид лозим, мо ҷавонон рафтан хостем. Аммо кормандони милитсия ду мӯйсафеди қишлоқро интихоб карданд. Файзмамад ва Мамадмуродро ҳамроҳи худ шоҳид бурданд. Он ду мӯйсафедро бо зарби силоҳ аз купрук гузаронданд. Дар ҷое, ки Гулбиддин Зиёбековро азобу шиканҷа карданд, силоҳ пайдо шуд. Баъд аз рафтани силоҳбадастон мо аз Файзмамад пурсидем, ки чаро шуморо ба ҷойи ҳодиса бурданд. Файзмамад гуфт, ки он ҷо силоҳ пайдо шуд. Файзмамад гуфт ман қасам мехӯрам бо ду чашми худ дидам, ки чӣ гуна милисаҳо силоҳро дар ҷойи ҳодиса партофтанд. Моро маҷбур карданд силоҳро дар пушти сари мо монда фармон доданд, ки дар коғаз имзо гузоред. Мо аз тарс имзо гузоштем, ки гӯё Гулбиддин Зиёбеков ҳақиқатан силоҳ доштааст. Агар имзо намегузоштем моро мепаронданд.
Боз аз он тарафи купрук гузаштанд ва як нафар аз милисаҳо ба мошини Гулбиддин Зиёбеков даромада ҳама ҷойро кофт. Аз мошин баромада дақиқае сари худро дошта истод. Сипас рафт. Мардум ҳама гиря мекард.
Ман бародарҷон як чизро рӯирост менависам. Ман дар мақомот одам дорам. Баъзе чизҳои махфиро ба ман гуфт.
25 ноябр дар назди мағоза мардуми бисёре буд. Халқ дид, ки дар дасти Гулбиддин Зиёбеков чизе набуд. Аз он рӯз сар карда бовари халқ ба ҳукумат намонд. Зеро ҳукумат парчамбардорро зери парчам ваҳшиёна ба қатл расонд.
Баҳс бар сари силоҳ
Филми «Неруи қонун»-ро тамошо кардам. Силоҳи ба гардани Гулбиддин Зиёбеков туҳматкардаро дидам. Силоҳро дар ду ҷой нишон доданд. Охир баъди бурдани Гулбиддин Зиёбеков ҳатто хурдсолон ҷойи ҳодисаро кофтанд. Қариб 40 гилзаро ҷамъ карданд. Аммо силоҳ дар он ҷо набуд. Гулбиддин Зиёбеков нияти ба ягон кас ҷанг кардан ҳам надошт. Ба гуфти Амин ва Латипов Муқим ба Гулбиддин Зиёбеков Додаев Пайрав занг зада гуфтааст, ки ба ҷамоат биё, коғазҳоро имзо кардан лозим. Амин гуфт ман ҳамроҳи Гулбиддин Зиёбеков будам. Мо мошини Гулбиддинро шустему вай бояд ба беморхона назди модараш мерафт. Вақте ки Пайрав Додаев занг зад Гулбиддин гуфт, ки ин бародари ман аст, ман ба вай бовар дорам. Ба янгааш гуфт, ки барои модарам чизҳои лозимиро омода кунед, ман тез гашта мебиёям, назди модарам меравам. Дар тан ҳатто либоси тунук дошт. Либосаш тунук буд. Бо одамони дар назди мағоза истода салом кард.
Пас, силоҳ дар куҷо буд? Гулбиддин ҷавони хоксор буд. Инҳо шахсонеанд, ки дар куштори Гулбиддин бо КДАМ ҳамкорӣ доштанд:- Латипов Муқим, Латипов Булбул, Латипов Муйиб, Мамадов Ҳабиб, Кароматова Хубон, Андамов Исмат, Лойиқ Назаршозода, Марамбеков Марамбек, Иқболшоев Ибройим ва боз одамони дигар ҳам ҳастанд.
Гулбиддин Зиёбеков аз хуну аз силоҳ сахт метарсид. Барои КДАМ лозим буд, ки гуноҳи силоҳ доштанро ба гардани Гулбиддин Зиёбеков бор кунанд. Латипов Булбул силоҳ дошт, ки рақами силоҳ 11-00 буд. Вай силоҳи нав набуд. Бинобар ин дар ҷойи ҳодиса силоҳеро партофтанд, ки муаллиф онро ба сардори амнияти ноҳияи Роштқалъа Ҳалимов Хаёл нисбат медиҳад. Рақами силоҳро 11-00 гуфтанд. Ин силоҳи Латипов Булбул буд. Гулбиддин Зиёбеков силоҳ надошт, ӯ ҳатто тарзи истифода бурдани силоҳро намефаҳмид. Барои онки силоҳи дар дасти Латипов Булбул буда кӯҳна буд. Рақами 11-00 рақами силоҳи Булбул буд, аммо силоҳи нав силоҳи Ҳалимов Хаёл буд. Касоне, ки бо парвандаи Гулбиддин Зиёбеков кор мекарданд, ҳақиқатро исбот карданд. Ва барои ҳамин зиндонӣ шуданд.
Ташхиси такрории ҷасад
Аввалҳои моҳи декабри соли 2021 буд. Ба ман он шиносам, ки дар мақомот кор мекард, занг зада гуфт, ки бародар ин номардҳо мехоҳанд дубора ҷасади Гулбиддин Зиёбековро аз хок бароварда ташхис кунанд. Аз қабр баровардани ҷасад ва ташхиси дубораи Гулбиддини шаҳид барои исботи ҳақиқати куштори ӯ нест. Дар баданаш ду тири марговар зада буданд. Онҳо дар баданаш боқӣ монда буданд. Мақомоту КДАМ аз он метарсанд, ки рӯзе сирри онҳо фош мешавад. Ва онҳо мехоҳанд, ки тирҳоро аз бадани Гулбиддин гиранд. Шумоҳо коре кунед, ки Гулбиддин Зиёбековро дубора ноором накунанд. Ман ин гапро ба бародараш Интизор гуфтам. Интизор ҳайрон шуду чӣ кор карданашро надонист. Танҳо гуфт, аллакай дер шуд. Чунки назди ӯву модараш аз Додситонии кул Манучеҳр Холиқназаров ва ду каси дигар омаданд. Мо танҳо Манучеҳр Холиқназаровро шинохтем. Аммо он се кас ному насаби худро нагуфтанд. Онҳо маслиҳат карданд, ки модараш ва Интизор розӣ шаванд, ки мо дубора ташхис гузаронем. Модар розӣ нашуда мегӯяд «лозим нест». Интизор ҳам мегӯяд, ки дубора бародарамро азоб надиҳед. Манучеҳр ба модар мефаҳмонад, ки модар мо барои муайян кардани ҳақиқати марги писарат ин корро мекунем. Ин барои суд лозим аст. Он ду тири дар бадани фарзандат мондагӣ мумкин аст аз ҳамон силоҳе, ки ба гардани Гулбиддин Зиёбеков бор карданд, бошанд. Мо танҳо ҳаминро мехоҳем.
Модар, ки барои исботи бегуноҳи фарзандаш ба ҳама чиз розӣ буд, ба ин кор ҳам розӣ мешавад. Чунки модар судро бесаброна интизор буд. Модар розигии худро дод ва Интизор дигар чизе гуфта натавонист. Гулбиддинро дубора аз қабр бароварда ташхис гузаронданд. Ин ташхис танҳо барои рӯйпӯш кардани дурӯғу туҳмати ҳукуматдорон буд. Манучеҳр Холиқназаров ҳақиқатро исбот кард ва барои сухани ҳақ 16 сол зиндон шуд. Саргузашти Гулбиддин Зиёбеков дар таърих хоҳад монд. Ҳаёти халқ дар Бадахшон дигар шуд. Мо помириҳо ғулом шудем. Гулбиддин Зиёбеков рафт ва коҳро аз дона ҷудо кард. Ниқоб аз рӯйи душманони халқ кашида шуд. Дар “Неруи қонун” яъне нерӯи найранг баъди марги Гулбиддин Зиёбеков сардори милитсия Сайидҷафар Икромзода вокуниш кардааст.
Ман баромади ӯро гӯш кардам ва хандаам омад. Ту дар ноҳия чӣ гуна корҳоро анҷом додӣ. Ба занакбозӣ, шаробхурӣ, дурӯғгӯйӣ ва ғорати мардуми бечора машғул будӣ. Ман ҷиноятҳои туро панҷ ангушт барин медонам. Аммо имрӯз гап танҳо дар бораи Гулбиддин Зиёбеков аст. Оё ту вазифаатро медонӣ? Аз вокунишат шарм намекунӣ. Агар ҳақиқат мебуд, туро бо ин вокунишат аз кор пеш мекарданд.
Гулбиддин Зиёбеков дар ҷустуҷӯ буд. Шахсе, ки дар ҷустуҷӯ аст бояд ӯро ҷустуҷӯ кунанд. Аммо Гулбиддин Зиёбеков худаш ба назди ту даромад, дастонаш холӣ буданд. Чаро ӯро дастгир накардӣ. Дар итоатат боз чӣ қадар корманд дорӣ? Ин вокуниши ту шармовар аст.
Дар ин бора ман бо Гулбиддин Зиёбеков суҳбат карда будам. Вай ба ман чунин нақл кард. Бародар маро мақомоту амнияту прокурори ноҳия аз ҷонам безор кардаанд. Ҳар чанд талаб кардам, ки аз рӯйи қонун ба ман даъватнома фиристонед, маро суд кунед, касе талаби маро ба назар намегирад. Фақат як гап доранд, рафта худро супор. Ман худро намесупорам. Ман одамкуш нестам, дуздӣ накардаам, бо маводди мухаддир кордор нестам, сарҳадшиканӣ накардаам, назди касе қарздор нестам, пас чаро рафта худамро месупорам. Ман гунаҳкор нестам. Маро суд кунанд, ҳалномаи суд барояд, ман розӣ.
Баъди ҳодисае, ки дар ноҳияи Роштқалъа рух дод, маро ба пурсиш даъват карданд. Ман рафтам, то даъватнома нафиристанд, ман худамро намесупорам.
Ҳар рӯз мақомоту амният ҳар қадами маро мепоиданд. Мақсадашон ин буд, ки маро ба ягон ҷиноят тела диҳанду баҳона пайдо кунанд. Ман ҳеҷ гоҳ бе ҳуҷҷат дар мошин намешинам. Мошинам ҳама вақт ҳуҷҷатҳои дуруст дорад ва рақами давлатӣ низ дорад.
Боз чанд саволи беҷавоб
Дар мазҳака филми “Неруи қонун” омадааст, ки Гулбиддин Зиёбеков ҷанҷол бо прокурорро ба навор гирифта дар сомонаҳои интернетӣ паҳн кардааст. Ман бо чашми худ дидам ва бо гӯши худ шунидам, ки Гулбиддин Зиёбеков дар назди мағоза ҷавононро ҷамъ карда пурсид, ки наворро кӣ дар интернет партофтааст. Агар ман он одамро фаҳмам аз худ хафа шаваду аз ман не.
Дар навор танҳо ману садои ман ҳаст. Сипас як ҷавон номашро намегӯям гуфт: ман дар бинои ҳукумат дидам, ки корманди амният ҳодисаро ба навор гирифт. Ин кори худи ҳукуматдорон аст.
Рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 аз соати 9 то 12-и шаб Хубон ба Исмат ном шахс, ки ронандаи КДАМ буд аз хона баромадану то назди қотилон расидан ба Исмат хабар додааст. Мо тафсилоти зангҳои Хубонро дидем. Ба Исмат беҳисоб занг задааст ва боз ду нафари дигар, ки онҳоро нафаҳмидем 4 маротиба ба Латипов Булбул занг задааст. Ба бовари ман, ин гуфтаҳо комилан дурустанд. Зеро ман дар рӯзҳои мотам бо як омӯзгор суҳбат кардам. Хубон дар он мактаб фаррош будааст. Рӯзи 25 ноябр мо ду омӯзгор дар хонаи муаллимон танҳо будем. Танаффус буд. Муаллимон ва талабаҳо садои тирро шунида тарафи садо медаванд. Хубон хаёл кард, ки дар мактаб касе нест. Вай дар роҳрави мактаб бо касе гап зад. Дари хонаи муаллимон кушода буд. Мо овози ӯро шунидем: «Ана хуб шуд, ки Гулбиддин Зиёбековро куштанд, халос шудем, майлаш» гуфту аз мактаб баромад.
Раиси ҷамоат Латипов Муқим худаш як ҷинояткор буд. Ман садҳо ҷинояти ӯро дар давраи раисиаш медонам. Ӯ барои ба хизмати ҳарбӣ набурдани ҷавонон шаҳодатномаи қалбакӣ навишт, ки гӯё он одам фарзанди дуюм ҳам дорад. Ман ном ба ном он одамонро медонам аммо гуфта наметавонам. Чанд заминро фурӯхт, хонаҷойро фурӯхт. Пули мардуми бечораро ба ҳар баҳона ба кисааш андохт. Ҳатто суд ҳам шуд. Аз деҳаи худ ба КДАМ хабар дод, ки кадом одамҳоро ҳабс кардан лозим.
Мавод дар бораи Гулбиддин Зиёбеков лозим мешуд, Латипов Муқим ҷамъ карда ба КДАМ дод.
Дар рӯзи пешвозгирии “Рӯзи Нур” дар деҳаи Тавдем Латипов Муқим ҳар қадами Гулбиддин Зиёбековро мепойид ба Алишер Мирзонаботов хабар медод. Он рӯз Алишер Мирзонаботов дар хонаи Латипов Муқим то бегоҳ кабоб мехӯрд. Ман қасам хурдам, ки бегуноҳии Гулбиддин Зиёбековро исбот мекунам. Якум маро аз марг наҷот дод, дуюм Гулбиддин барин ҷавони тоза барои халқ лозим буд.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Ин нома ҳукми додгоҳ ё хулосаи тафтишот нест; шаҳодати шахсест, ки мегӯяд бахше аз рӯйдодҳоро бо чашми худ дидааст ва бахши дигарро аз шоҳидони маҳаллӣ шунидааст. Аммо маҳз ҳамин ҷузъиёти санҷиданашаванда саволҳои зарурати таҳқиқи мустақилро бештар мекунанд. Агар мақомот ба ривояти расмии худ эътимод доранд, бояд маводи амалиёт, наворҳо, хулосаи ташхиси судию тиббӣ, силоҳи нисбатдодашуда, натиҷаи ташхиси баллистикӣ ва баёноти ҳамаи шоҳидонро ошкор кунанд.
Саволҳо равшананд: чаро Гулбиддин, ки ба гуфтаи муаллиф мурофиаи ошкор ва ҳузури вакили дифоъро талаб мекард, зинда боздошт нашуд? Оё ӯ воқеан силоҳ дошт? Чанд тир ба бадани ӯ расид ва онҳо аз кадом силоҳҳо холӣ шуданд? Чаро ҷасад дубора аз қабр бароварда шуд ва натиҷаи ниҳоии ташхис ба ҷомеа пурра пешниҳод нагардид? Чаро таҳқиқи мустақил бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба анҷоми шаффоф нарасид?
«Ислоҳ» омода аст посухи ҳар шахсе, ки номаш дар ин нома зикр шудааст, бидуни таҳриф нашр кунад. Ҳадаф интиқом ё маҳкум кардани пешакӣ нест. Ҳадаф ошкор шудани ҳақиқат дар бораи марги Гулбиддин Зиёбеков ва ҷавобгар шудани ҳар касест, ки қонуншиканӣ кардааст — новобаста аз вазифа ва мақомаш.
Манбаъҳои заминавӣ
