Ин бор аз навоҳии Нуробод, Ванҷ, Вахш ва шаҳри Ваҳдат номаҳои расидаро дар ин барнома ҷой додем. Ва аз ҳар кадоме аз онҳо сархатеро ба ҷойи муаррифии дар оғози барнома ба ин зайл ҷо додем.
Нуробод: «Участковийҳо дигар шудаанд. Нозирони минтақавӣ. Як рӯз мебинам аз занҳои талбанда доля гирифта истодаанд. Сумкаи як зани талбандаро кофта истодааст. Он зан мегуяд: «имрӯз уқа пуле надоданум».
Яктои дигараш гуфта истодааст, ки «мада по**й, доляра бте».
Ванҷ: «Ман, вақте хондам, ки дар масҷиди Ванҷ кино мондаанд, мӯи баданам рост хест. Албатта, ман хуб огоҳам, ки ин нафароне, ки бо шиори «Нест бод ислом» ба Душанбе омада ва ҳоло гуё соҳиби он шуданду ҳокимият меронанд, аз аввал бо масҷиду Худову Расулу Қуръону мулло, яъне бо ислом мушкил доштанд».
Вахш: «Ҳамин қадар мефаҳмидем, ки модар ва ватанро аз душман ҳимоят мекунем. Аммо, ҳоло бошад фарзанд нест –дар Русия, ба ҷойи вай модарро дастгир ва пешандоз карда меоранд. Модарро «ватан» гаравгон мегирад».
Ваҳдат: «Шумо нишасти ОБСЕ рафта будед. Раҷаб гуфтаст, ки «вай иқа басавод будаст, да уҷаҳо раҳ додан». Шоҳасан гашту гуфтаст, ки «ваё биён баъд мефаҳмӣ, ваё ҳамаш одам доранд. Мегуяд ду бори дигар онҷо раванд чи гап мешуда бошад. Эй Худо руи вазифа наоянд»
Нуробод
Ассалому алайкум домуллои муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз Нуробод аз дараи Муҷихарф менависам.
Аз имомхатиби масҷиҷди ҷумъахонӣ Изомиддини бачаи Муҳаммадикром,ки мардум домулло Изомиддин ва домулло Изом мегуянд. Дар ҷанд ҷумъаи ахир гапи ин имомхатиб фақат ин аст ки ба он гурӯҳҳо нагузаред,шомил нашавед,барномаҳояшро тамошо накунед, фирефта нашавед, шукри ободиву тинҷӣ кунед,шукри ҷаноби олӣ кунед.
Мо намедонем, ки дар ин калаи куҳ, ки свет дорему гоҳ надорем,нону обу алови зиндагиамонро худамон, фарзандонамон аз муҳоҷират пайдо мекунем, агар муҳоҷират нараванд фарзандомон, на рӯзӣ ва на ризқ мемонад, чаро шукри ҷаноби олӣ кунем?
Ангишти куҳи моро домоди ҷаноб гирифтаву барои худамон 1сомониву 3сӣ-чил дирам мефурушад, чаро бояд шукри ҷаноби олӣ кунем?
Гапи мегуфтанӣ зиёд аст.
Участковийҳо дигар шудаанд. Нозирони минтақавӣ. Як рӯз мебинам аз занҳои талбанда доля гирифта истодаанд. Сумкаи як зани талбандаро кофта истодааст. Он зан мегуяд: « имруз уқа пуле надоданум».
Яктои дигараш гуфта истодааст, ки «мада по**й, доляра бте». Шармандагии ҳукумат беш аз ин намешавад, ки участковий-коркуни давлат аз талбандаҳо участковий пул гирифта истодаст. Ин учстковийҳову танзим барои тую маърака мардумро хело ғам дода истодаанд.
Муллоҳо дар дастҳо газета. Амри маъруфашон аз газета. Домулло Изомуддин фақат сулҳу суботу шукрона гуфта истодааст.
Ванҷ
Ассалому алайкум бародари ҳамдину ҳамқисматам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ростӣ, чанд сол аст ки сайти «Ислоҳ»-ро мебинам ва мехонам. Аз соли 2015 ин тараф дар яке аз кишварҳои аврупоиям. Аслан аз Ванҷ ҳастам. Дар онҷо ба дунё омадааму сипас волидонам Душанбе омаданд.
Хулосаи гап, хабару навигариҳоро аз ватан ва аз зодгоҳ тавассути расонаҳои интернетӣ,аксаран аз «Ислоҳ» мехонаму беш аз гузашта зиқ ва ҷигархун мешавам.
Дар инҷое, ки ман зиндагӣ мекунам, касеро ба касе коре нест. Мехоҳӣ, намозатро бихон, мехоҳӣ, тани палто ё шорт ва ё сарурӯи мастур бигард. Ҷойи аз ҳама амн дар ин шаҳр, масҷид, каниса, калисо-серков аст.
Ман, вақте хондам, ки дар масҷиди Ванҷ кино мондаанд, мӯи баданам рост хест. Албатта, ман хуб огоҳам, ки ин нафароне, ки бо шиори «Нест бод ислом» ба Душанбе омада ва ҳоло гуё соҳиби он шуданду ҳокимият меронанд, аз аввал бо масҷиду Худову Расулу Қуръону мулло, яъне бо ислом мушкил доштанд. Вале, бо ин вуҷуд, фикр мекардам як рӯзе бар мусалмон ва бачаи мусалмон будани худ эътироф мекунад ва даст аз хушунат ва хусумат бо Ислом бармедорад. Вале ҳайҳот. Ба ҳафтоду чор даромаду ҳиҷ не, мусулмон шавад.
Ман тасаввур мекунам,чи қадар хешу таборони ман, инсонҳои мутадаййин дар Ванҷ дар ин шабурӯзҳо, ки кинои Эмомалӣ Раҳмоновро дар масоҷид намоиш медиҳанд, дар азобу уқубатанд, аз дилашон хун мегузарад. Чун хонаи худояшон, ҳарими муқаддасашон, макони суҷуду тоату ибодаташон дар пеши чашмонашон таҳқиру хурду реза мешавад. Аллоҳ, ин пири беимони дур аз исломро хору залил мегардонад. Чунки тамоми хати қирмизро гузашт, ҳарими муқаддасро масхара ва мазоҳу муҳаққар кард.
То онҷо, ки шунидам дар он рӯз на фақат намозгузорон, дигарҳоро ҳам ба масҷид кашонидаан то он киноро бубинанд. Магар ҷое дигар набуд, ки киноро мебареду дар масҷид мемонед? Магар масҷид ҷойи киномонӣ аст? Дар давраи комунистҳо ин қадар тавҳину таҳқир нашуда буд ислом.
Инҳо аз мардум чи мехоста бошанд? Агар мехоста бошанд, ки мардумро аз ислом дур кунанд, ғалат кардаанд, номаъқул кардаанд. Тамоми корро шояд бикунанд, сивуандсоли дигар бачааш дар ҷойи худаш ояд, аммо наметавонанд исломро аз мардум ва мардумро аз ислом бигиранд.
Беҳтар ва дуруст ин аст ки тавба кунанд, калима арза кунанд ва мусулмон шаванд.
Ҳаминро мехостам бигуям ва ба мардуми шарифу ғаюр ва бономуси диёрам гуфтаниам, ки собир ва бо таҳаммул бошед. Ин рӯзҳо ҳатман мегузарад ва он рӯзҳо ҳам хоҳад омад, ки шумо озод нафас мекашед.
Вахш
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин
Аллоҳ таъоло аз шумо розӣ бошад. Ҳар номае, ки мегуям чоп мекунед. Мо ғарибҳо ва муҳоҷирин ва дар ватан будаҳо дар ҳақи шумо ҳама вақт дуъо мекунем. Ин ша Аллоҳ як рӯз не, як руз шамъи золим тамом ва торик мешавад. Ва дар ҳамон чоҳе канда буд, худаш сарнагун хоҳад шуд.
Номаи № 410 аз Вахшро хондем. Ҳам хандидем ҳам тавба кардем. Солҳои пеш мо хизмат мекардем, мегуфтанд хизмат ба модар-ватан мекунед. Ҳамин қадар мефаҳмидем, ки модар ва ватанро аз душман ҳимоят мекунем. Аммо, ҳоло бошад фарзанд нест –дар Русия, ба ҷойи вай модарро дастгир ва пешандоз карда меоранд. Модарро «ватан» гаравгон мегирад. Пас, он фарзанд номус карду омад, барои кӣ хизмат кунад? Аҷибаш ҳамин устод. Модарро дастгир карда оварданд дар подвали милиса ё толори сарди военкомат маҳкам карданд, монд ватан. Аммо ин ватан чи ватан аст? Ватан меравему Русия, Русия меоему ватан меравем. Сиву анд сол аст вазъу ҳоламон ҳамин. Сивуанд сол аст, ки Раҳмонов аст. Падарам, худам ва ҳоло писарам, набераи падарам муҳоҷир. Аммо Раҳмонов раис буд, духтараш, раис, боз писараш ҳам раис. Хуб, ин чи ватан аст?
Не бесавод буданашон маълум не девона буданашон.
Дар байн савол омад , лек худам мегӯям давомашро
Мо куҷоро ҳимоят кунем, модар –ватанро? Дар ҳоле, ки душман дар даруни ватан аст. Ин раиси ҷамоату коргари ҷамоату, отделу амният, мардумро чи хаёл мекарда бошанд?
Ё тавба!
Дар охир гуфтаниям, «эй парашютистое, ки омаден бо прашют ба осмони ватани мо бо кумаки хориҷиҳо, аввал рафта худатона табобат карда як ҷои паноҳ рафта барномаҳои Ислоҳро тамошо кунен, мумкин одам шавен».
Ваҳдат ( Ромит)
Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқбол. Ин шо Аллоҳ, ки натиҷаи корҳои тими «Ислоҳ» дар Ромит беҳад баланд аст.
Ҳоло дар идомаи қиссаҳо Ромит дар аввал аз муллоҳо қорӣ Шоҳасан Мирзокаримов ва мулло Ашӯр Нарзуллоев бигуям, ки омаданду бурданд пулро доданд 18 000-ӣ 20000 сомонӣ. Вале аз пешина бадтар карда истодаанд. Мегуянд, ки мо бурдем ҳақу ҳуқуқро додем.
Ҳардуяш Мулло Ашур ва қорӣ Шоҳасан бурданду доданд. Ин ҳардуро кову чов карданд, вақте Русия рафта буданд. Гуфтанд, ки чорсад ҳазор роҳиаш карданд.Бурд корашро ҳал кард. Пишакашро пишт нагуфта буданд вақти дар Русия будагиашон.
Мулло Ашӯр Нарзуллоев бошад пули ҳаҷро додаст «туғрӣ» кардааст. Боз ҳаҷ мерафтааст. Умра. Агар нархи сафар 15.000 сомонӣ бошад мегуяд, ки 2000 ҳақи ман аст.
Инҳоро чизе нагуфтанд. Мулло Ҳасан Тағойзода ҳам дар ҳамон вазифааш кор карда истодааст. Дар намозҳои ҷумъа «ин хоин кӣ бошад, мардуми Ромитро дар пеши Ҷанобу ҳукумат шармандаву забонкутоҳ кард» гуфта боз ҳамон гапҳои куҳна «аз дину чор мазҳаб хориҷ мешаванд, бидъат мешаваду аз мазҳаби мо хориҷ мешавад»-у «инҳо як одам нестанд, бист одам зиёданд, моро шарманда карданд, мо дар куҷо ин хел будем такрор карда гаштаст. Инҳоро бояд сангсор кунем»
Ҳозир тамоми ҷондору бузу хабаркашу махуфиҳову бачаҳои буқачаву дигару дигараш гашта истодааст, как нибуд ёбем ҳамон одамҳоро. Ин мулло Ашӯр Нарзуллоев : «кадоме ҳавая ёбад ё худша таслим кунад пешво дили раҳмгин дорад мебахшад» гуфта истодааст. Ин мулло Ашӯр Нарзуллоев мегуяд, ки «мо одамҳои ҳавайем (Раҳмоновро дар назар дорад) мо пула бурдем додем, мо пулмона кор мекунем.
Хурсанд Мирзоеваи фифиро дар ягонҷо кор нагирифтанд. Диловар Солеҳов ҳам якқад шуду рафт. Ҳозир фақт пули калонро Аҳтам кор карда истодааст. Аҳтами хушонӣ.
Диловар Солеҳовро не кришааш ёрдам кард, не пулҳои додааш. Бо кришааш генерали Прокуратура-Сафаров Бахтовари Амиралӣ гапаш гурехтагӣ. Ҳамон тараф намеравад. Ҳозир Аҳтам (Комил ҳам мегуянд)-и облавақапак раиси ҷамоат шуд. Соли таваллудаш 97 ё 98, як кудак аст.Бо ҷияни буқача-Рамазон Раҳимзода, ки дар Қайсар дача дорад, бо ҳамон аст. Ягон бор, ягон бор зиёфат кардагӣ, через ҳамон дар ҷамоат раис шуд.
Барои облава аз ҳар призивник 5000 сомонӣ мегирад. Агар гӯӣ ҳозир пул надорам, тамоми ҳақорат мекунад. Ба раиси ҷамоат медиҳӣ дар ҷамоати ромит 18-20 деҳа зиёд аст. Аз Оби Ёс боло ин тараф то Дударагӣ ин тараф то Хушон. 200 000 доллар дар мавсими облава, беғайр аз коғази туйю справкаву шаҳодатномаи тавалдуд кор мекунад.
Айни замон дар Ромит карол ҳамин Аҳтами хушонӣ. Мегуяд «ман очаатонро нишон медиҳам, шумо дар номи мо гап задед дар интернет, маро баровардед». Мегуяд «даркор бошад аз як хона се сарбозро ҳам мебарам». Қаду басти ин раис хароб аст. Аммо вай як лутӣ мебошад.
Як даъватшавандаро аз Новак қапиданӣ рафтааст. Он бача як бачаи бузбала мебошд. Тарафи вай гуфтааст, ки «ваята як бор нишон деҳ ҳеҷ ҷо намебарем». Он бачаро як бор қапидагӣ буданд. Дар вақти раиси ҷамоат будани Хурсанд уро милисаҳои махуф қапида бурдагӣ буданд. 6 ҳазор сомониашро гирифта сар дода буданд. Вай молҳои кадом генералро нигоҳ мекардаст.
Аҳтами хушонӣ 4 призивник гирифта омад. Ба пеши магазини Раҷаби Хайриддин, дар як мерседеси сечка шиштагӣ буд-серебристи.
Вай пеш салдатҷамъкунак облавчик буд. Ин пеш ба Хурсанд Мирзоева барои раиси ҷамоат шудан пул дода буд.20 000 доллар додагӣ буд. Дар ҳар рафтанаш даруни деҳаҳои ҷамоат аз салдатдорҳо 50-60-70 000 сомонӣ ҷамъ мекунад мефарояд. Дар ҷамоат 550 хоҷагӣ ҳаст, ки 2000 зиёд призивник дорад. 5-6 000 сомонигӣ мегирад. Аҳтам ҳар боло равиаш аз Хушон сар мекунад. То Тавиши боло, Сорбуғи боло ва Сорбуғи поён меравад. Вақте облава мешавад, даже связи сим-картаҳоро мекушанд, свет «усун беста».
Бачаи Раҷаби Хайриддин Меҳроб. Вай бо қудои Баҳодури Таваккали Гулсара таксӣ мезад.Таваккали гулсара таксӣ буду вай студент буд, корҳои ….мекард. Вай ҳам девона шудааст,ҳақорат мекунад.
Раҷаби Хайриддин дар барномаи 435 вақти гап задани шумо девона шуд. Телевизорро ба таёқаш мезад. «бо нашоти мо гуфтану мо бачаҳора да роҳи дуруст ҳидоят накардему..»..
Ҳамаи бузҳоро аз Масква оварданд. Ёқубу Шурику дигарҳороро. Ҳамашонро бо мошин маҷбур карданд омаданд. Дар гумрук гузаштан мумкин набудаст, онҳоро меқапидаанд. Инҳоро кришааш ба мошин гирифта бурдагӣ. Единственний Комилаш бо самолет рафтагӣ. Даже ҳамин Комил ба бачааш военний билет мекунад. Вай дар бозори Хайр кор мекунад. Аз ӯ 73000 сомонӣ мепурсанд. Бачаи Комил мегуяд «зани ин Раҳмонова фалон кунм даже да мо раҳм накард. Бачаи Комил дар Донишгоҳи миллӣ ғоибона мехонад. Бачааш ҳам ранги падараш аст. Касбу кори инҳо ҳамин хелин аст. Бобояшон Мусофиров Ҳикмат ҳам ҳамин хели буд. Хулоса корҳои ҳаннотиву бузӣ.
Акрам Латиповро ҳам бурда ягон сумашро гирифтанд. Акраме, ки дар Калтуч кор мекунад. Духтарҳоро съемка мекард. Духтарҳоро дар тилфон запс мекунад. Акрам Латипови калтучӣ, бачаи Зарин додари Лоиқ. Бурданд ягон сумашро гирифтанд. Кришааш амниятӣ ҳато рушод мегуяд, ки ман як занг мезанам даркор бошад, дар прокуратура маро ба кор мегирад: «ба болоҳо созум».
Диловар Солеҳовро омаданду бурданд, як кову чов карданд, барои свет. Боз раҳояш карданд.
Диловар Солеҳов, раиси акнун собиқи ҷамоати деҳоти Ромит дуланҳояшро гирифта дар кадом ширкате дар Душанбе кор рафтааст. Аз катлаван хок мебаровардааст. Через Қули бачаи Мирзои амакаш. Қудои Барқи тоҷики пешина.
Раҷаби Хайриддин замини муаллими Қудратро гирифта ҳудуди 4 сотихашро дар магазинаш қуш кард. Шумо нишасти ОБСЕ рафта будед. Раҷаб гуфтаст, ки «вай иқа басавод будаст, да уҷаҳо раҳ додан». Шоҳасан Мирзокаримов гашту гуфтаст, ки «ваё биён баъд мефаҳмӣ, ваё ҳамаш одам доранд. Мегуяд ду бори дигар онҷо раванд чи гап мешуд бошад. Э худо руи вазифа наоянд. Ранги Толибои Афғонистон мекунанд. Шоҳасану мулло Ашур мегуянд, ки мо дидем наҳзатӣ будем, ҳоло дигар баромадагием. Иё хоин будаанд, буромадем.
Сайфулло Қулов дигар куратори амнияти Ромит нест. Дигарҷо рафтааст. Баъзеҳо гуфтанд, ки дар шаҳри Ваҳдат дидаанд. Ставкаи куратори амният 80 00 доллар. Амниятӣ, ки дар облава иштирок мекардааст, барои ҳар призивник ба куратор пул медиҳад.
Барои мактаби Ромит боз пули ремонт пурсида истодаанд. Дар ин моҳи ноябр чи ремонт мекунанд. Директор Қадамшо пенсадиҳак ҳам ҳаст. Мактаби 15-и ҷамоати Ромит. То синфи 9 , 19 сомонӣ аз 9 боло 25 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд.
Бобои Тиллоро аз Убара (ҳозир Навобод)бурда оварда истодаанд. Бобои Тилло пеш ҳам бо ҳаромхурҳо баҳсу даъво мекард. Як ҳафта, ду ҳафта пеш аз омадани Раҳмонов ба Ромит маҳкам мекарданд, ки бо наояд ягон гап назанад, шарманда накунад. Вай мулло, раиси ҷамоат, директори мактаб хуллас, ҳамаро гап мезад. Ҳозир барои номаҳо аз у гумон карда истодаанд. Гуё дар қазияи номаҳо ба Ислоҳ мулло Ашуру Шоҳасана бист бор дар руяш гуфтаанд. Вай раисро ҳам шум мебинад,умуман порагиру ҳаромхурҳоро шум мебинад.
Ҳар вақте Раҳмонов меояд ё депутатҳо меоянд уро баҷо ва дур мекарданд: ё муллоҳо занг мезаданд мебурданд маҳкам мекарданд дар падвали буқача ё Хурсанд Мирзоева. Ин гумону шубҳаи беасос дар ҳақи бобои Тиллоро ё мумкин муллоҳо карда бошанд ё мумкин через одамҳои Мирзоева Хурсанд.Бобо Тилло, Тилло Насриддинов аз Убара.
Бори охир, ки Раҳмонов барои дидани ҳавзҳои моҳии Азизмо ба Ромит омад, бобои Тилло хонааш набудаст дар адир будааст. Ду бор, се бор рафтаанд сагҳои махуф ба хонааш. Рафта аз адир бо ҳамон либосҳои кориаш оварда маҳкам карданд. Гиряву нола кардаст, ки «мара чи кор доред, ман да ҳиҷ касатон кор надорам». Аз дараи Ғознок қапидагианд,ки боз мабодо омада «яке гап назанад гуфта».
Шомаҳмад кӣ ва аз куҷои Ромит аст
Шомаҳмади тоҷир аз Ромит, деҳаи Лангар. Дар Москва чанд магазини либос ва чанд кафе дорад.
Музаффари акаи Шоҳасан Мирзокаримов аз ӯ пул мегирад ва кришаваташ мекунад. Дар Русия ва дар Тоҷикистон «бху бугрд, лекин ҳақи бачаҳора фаромуш накун».
Музаффар мегуяд бе ҳақ додан намешавад: « фората кор кнӣ, пул те. Агар натийӣ ранги Иззат Амон да сарут линча мекашан мебёран».
Да ҳар кори хайриявии Ромит пул медиҳад. Лекин у пул куҷо мешавад ҳич кас намедонад».
Да группи ватсапи Ромит 400 одам зиёд аст. Даже дар Ромит мурда мешуд, аз группа пул ҷамъ мешуд:- 5000-6000 ҳазор сомонӣ медодан. Ҳама пул дар дасти Шоҳасан Мирзокаримов ва Наврузи Хайрулбашар мемонд. Ба инҳо, мурдадорҳо чанд суме форадашон медоданд. Қорӣ Шоҳасан Мирзокаримов ба фикрам бо Наврузи Хайрулбашар аз группа маоши соз мегиранд, вале боз дуздӣ мекунанд. Ин бузҳои орангутани таксиҳо боз бузирро сар кардаанд. Навгониҳои Ромит идома доранд….
