Шумораи имрузаи барномаро номаҳо аз Норак, Ховалинг, Ваҳдат, Душанбе ва Роғун такмил карданд. Пораҳоеро аз ҳар яке аз ин номаҳо дар муқаддима ба унвони пешгуфтор овардем. Итминон дорем, ки мутолааи ин шумора шуморо бо хабарҳое, ки дар дигар расонаҳо гуфта намешаванд, таъмин мекунад.
Норак: «Дар худи ГЭСи Норак ва световойи ин шаҳр одамҳое ҳастанд, ки коргар номнавис шудаанд, маош мегиранд вале дар кор ҳузур надоранд. Инҳо маоши давлатро мегиранд, аммо дар кор тамоман нестанд. Инҳоро мешавад «мертвие души» гуфт ва амали масъулинро «переписка» ва ё хокзанӣ ба чашми давлату ҳукумат».
Ховалинг: «Доминов Холмумин халқро гуфтааст «гов гусфанди ма саҳми замин доранд, аммо шумо надорен, саҳмои шумо бекор карда шуданд. Ба куҷое мехоҳен шикоят кунен. Ҳукумати шумо маюм, брен шикоят кардан гирен».
Ваҳдат: «Падараш намози ҷумъа меравад, ки ин ҷавон меравад худро дор мекашад, то ки ба хизмат наравад.Чунки медонад хизмат равад ё инвалид ё ранги он сарбозе, ки панҷ моҳ боз бедарак аст, гум мешавад».
Душанбе: «Иброҳими сарсафеди охранаи Озода Раҳмон қисса кардааст, ки «и муаллимара баҷое, ки нафсаш кам шавад, сол ба сол пир мешаваду аммо «гшнатарай». Кадоме, ки маъқулаш шавад даъват мекунад, хона ё ягон ҷоро банд мекунем, мераванд».
Роғун: «Дар нақб дар ин вақт коргарҳо, тахминан то 40 нафар машғули кор буданд. Ҳар касе успет кард, ҷони худро раҳонд, аммо шаш нафар бо шумули ду хитоӣ зери обу лойқа монданду ҷасади онҳоро дертар пайдо карданд».
Норак
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Номаи ман аз шаҳри Норак ба дасти шумо мерасад. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси шаҳри Норак аз уҳдаи иҷрои вазифааш набаромад.
Дар худи ГЭСи Норак ва световойи ин шаҳр одамҳое ҳастанд, ки коргар номнавис шудаанд, маош мегиранд вале дар кор ҳузур надоранд. Инҳо маоши давлатро мегиранд, аммо дар кор тамоман нестанд. Инҳоро мешавад «мертвие души» гуфт ва амали масъулинро «переписка» ва ё хокзанӣ ба чашми давлату ҳукумат. Рости гап, то ҷое худи ман медонам, шумори ин гуна нафарон танҳо дар худи неругоҳ аз 20 нафар ҳам зиёд аст. Бинобар шунидаам аз ин кору бор раиси шаҳри Норак пурра бохабар будааст. Вақте тақаллубу фиреби давлат аз тарафи раиси шаҳр, ки ҳукумат ва президент бовар карда шаҳрро супоридааст, сурат мегирад, дигар масъулини арсаҳои хоҷагии шаҳр, ки аз ҳисоби бюҷет маош мегиранд, дуздиву ғоратро давом намедиҳанд? Чи гуна як шахс, ки кор намекунад, маош мегирад?
Дар шаҳри Норак мушкилот бисёр аст:
1.Чанд моҳ аст ки архитектор надорад,
2.Сарбозоне адои хизмат мекунанд, шуғли аҳолӣ сумҳои онҳоро барнамегардонад;
3.Нотариуси шаҳри Норак барои ягон намуди хизматрасонӣ нархи давлатиро намепурсад. Аз даҳонаш чанд суме барояд гап мезанад. Суми шаҳрвандонро мегирад, чек намедиҳад.
Боз як гапи дигар ҳамин, ки дар кумитаи замини шаҳри Норак аз Данғара проверка меоянду мераванд. Шаҳри Норак дар таркиби вилояти Хатлон аст ва бояд аз Бохтар ё Душанбе тафтишу санҷиш оянд. Аҷиб инки аз Душанбе ва Бохтар барои тафтиш наомаданд, аз Данғара омаданд.
Онҳое, ки барои тафтиш аз Данғара меоянд дубора аз мардум сум мекананд.
Аз мақомоти дахлдор хоҳиш, ки шаҳри Норакро таҳти назорат гиред. Агар ҳамин ҳол рафтан гирад, ин навбат муфассал ба «Ислоҳ» ном ба ном бо ҳама мушаххасоташон менависем.
Дар паноҳи Аллоҳ бошед бародар Муҳаммадиқбол.
Ховалинг
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин мактуб аз тарафи як гуруҳ занҳо аз участкаи Садбаргҳои деҳаи Момаии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ба шумо фиристода мешавад. Аз шумо бо эҳтироми зиёд хоҳиш менамоем, ки ин номаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»,ки мо ҳамеша тамошо мекунем ҷой диҳед, то роҳбарон аз вазъияти зиндагии мо огоҳ шаванд ва чораеву тадбире биандешанд.
Ин деҳа аз 60 хоҷагӣ иборат мебошад. 20 хоҷагии ин деҳа муддати 16 сол мешавад, ки дар азобу шиканҷа гирифторанд. Халқ танҳо бо деҳқонӣ, замин ва ғаллакорӣ машғул аст. Соли 2005 Валӣ Қодир раиси ноҳияи Ховалинг таъин шуд.
Соли 2007 акаи Валӣ Қодир Валӣ Султон аз раисии додараш истифода бурда 300 гектар замини кории халқ, чарогоҳҳои халқро ҳуҷҷати қалбакӣ карда гирифт соли2015 ба зури ҳуҷҷат кардай ғайри қонунӣ аст ҳуҷҷатҳояш.
Халқ аз 1991 инҷониб як гектарӣ замин истифода мебаранд, ғалла мекоранд. Соли 2000 мардум сертифкат кард, документ доранд. Ҳозир Валӣ Султон дар қайди ҳаёт нест. Аммо бачаи амакаш Доминов Холмумин ба халқ азобу шиканҷа ва таҳдид карда ҳар сол омада аз болои ғаллаи коридаи мардум юнучқа мекорад.
Имсол дар суди ноҳияи Ховалинг Доминов Холмумин бо ҳамроҳии началники милитсияи ноҳияи Ховалинг Муҳиддинов Саидшо, муовини прокурори ноҳияи Ховалинг Тағоев Давлат, сардори Идораи андози Ховалинг ва раиси кумитаи замини ноҳия,ки номаш Баҳром мебошад халқро бо роҳи фиреб даъват карданд: «ҳамат ба суди ноҳияи Ховалинга биён, заминотона метем».
Халқ дар числои 08.02. 2022 аз саҳар соати 9:00 дар суди ноҳия ҷамъ шуд. Дар отдел милисаи Ховалинг маҷлис гузарониданд.
Таҳдидҳои зиёд ба халқ карданд: «касе заминоша намета, саркашӣ мекуна ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум мекунем.
20 хоҷагӣ, зану мардро аз саҳар то шаб дар отдели Ховалинг маҳкам карданд. Баъзе занхо ба бемории сахар- диабети қанд гирифтор буданд. Бе ҳуш шуданд. Намедонум мусулмонӣ дар куҷои ин мусулмонҳо мондааст.
Доминов Холмумин халқро гуфтааст «гову гусфанди ма саҳми замин доранд, аммо шумо надорен, саҳмои шумо бекор карда шуданд. Ба куҷое мехоҳен шикоят кунен. Ҳукумати шумо маюм, брен шикоят кардан гирен».
Мо як гуруҳ занҳои ҳамин деҳа мебошем. Намедонем ба куҷо рафта шикоят кунем аз ин бе адолатии бераҳмона.
Мо ҳар кадомеамон соҳиби чор- панҷ фарзандем. Ба ҳамаи шумо маълум аст ки ягон ҷо кор нест дар ин деҳа дар як сол як бор ҳосил ҷамъоварӣ мекунем. Либосу хуроки фарзандонамон аз ҳамин ҳисоби замин аст. Заминҳоямонро бигиранд чи кор кунем? Магарам худкушӣ кунем. Чун роҳи дигар надорем.
Мо аз ҳукумат хоҳиш ва илтимос мекунем, ки ба доди мо халқи мазлум бирасад ва заминҳои моро гирифта бидиҳанд.
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Номаҳои расида аз Ваҳдат, ки чоп мекунед, ҳамашон дурустанд. Ман аз деҳаи Камонгарони ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат менависам. Ва номаи ман аз ин қарор аст.
Бо имзои Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллат, наҷотбахши сайёра, сарфармондеҳи кулли қуво ва ниҳоят сардори сабзибадастҳои Тоҷикистон як ҷавон худро ба дор кашид.
Самиалллоҳ соли тавалудаш 2008. Даъвати тирамоҳии хизмат сабаб шуд, ки ин ҷавон даст бахудкушӣ занад.
Ин ҷавонро ба комиссарити ҳарбии ноҳия ҷеғ мезананд. Меравад. Мегуянд, ки аз муоинаи духтур гузар. Духтурро мегузарад. Сонӣ мегуянд, ки фалон рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шав, мо туро аскарӣ мефиристем. Амакат бо номи Садриддин баъд туро халос мекунад.
Ба ин ҷавони худораҳматӣ ҳамин хел ваъда медиҳанд. Баъдан аз байн чанд рӯз мегузарад. Рӯзи ҷумъа дар хонаашон ба тарафи падараш мегуяд, ки имрӯз ҷумъа аст, масҷид намеравӣ?
Падараш намози ҷумъа меравад, ки ин ҷавон меравад худро дор мекашад, то ки ба хизмат наравад. Чунки медонад хизмат равад ё инвалид ё ранги он сарбозе, ки панҷ моҳ боз бедарак аст, гум мешавад.
Хулоса, аз байн қариб ду моҳ мегузарад. Мо интизор шудем аммо ягон расона ин хабарро нагуфт. Дар расонаҳо мебинем, ки фақат фалон ҷодугарро қапиданд, фалон блогер ин корро кард. Вале ин гуноҳи худашонро расонаӣ намекунанд. Бояд военкомати шаҳри Ваҳдат ба ҷавобгарӣ кашида шавад. 6-ой отдел, нозири минтақавӣ, ҳамаи нафароне, ки дар ин кор даст доранд, бояд ҷавоб диҳанд. Барои чи як кас дар ин бора гап намезанад. Прокуратура чаро хомуш аст?
Мо, боз дар бораи ин ҳодиса маълумот ҷамъ мекунем ва аз нафароне, ки дар ин бора ягон маълумот доранд, хоҳиш мекунем, ки бифиристанд.
Ва аз кормандони «Ислоҳ» хоҳиш мекунем, ки нисбати ин ҳодиса тадқиқоти худро баранд. Яке аз одамҳое, ки дар комиссариати шаҳри Ваҳдат кор мекунад ба номи Сайфулло, ки пештар суд ва бо додани пора озод шудааст, боз дар ҳамин ҷо кор мекунад ва кор карда истодааст. Наход одамеме, ки доғи судӣ дорад боз дар ҳамин мақом кор кунад?
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Чанд вақт шуд барои шумо нанавиштам. Инак боз ҳамкориро аз Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуруъ мекунем.
Ман дар бораи Зайнулло Шарифзода, мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маълумот мефиристам.
Агар хулоса гӯям Зайнулло фурудгоҳро ҷазир кард. Хост навсозӣ кунад. Даводав карду Президентро бо Рустам овард, бинои пешинаи аэропортро чапа кард. Аммо Раҳмонов тарҳ, проекти пешниҳодии вайро маъқул накард. Ана акнун аэропорт нимкола монд.
Айни замон на сум дорад, на спонсор, то навсозиро анҷом диҳад.
Ба гуфтаи яке аз наздиконаш Зайнулло дар ин фикр буд, ки Президент меояд проекташро мебинад маъқулаш мешавад ва сипас дастур медиҳад, ки «соҳибкорора ҷалб кнен». Аммо кор тамоман наоборот шуд. Маъқул накарду рафт.
Ҳоло Музаффар Юсуфӣ, Прокурри нақлиёт орому оҳиста дар думби корҳои Зайнулло мебошад.
Музаффар Юсуфӣ гуфтааст «и Зайнулло Исмати Дулика хандид, ки маошои коргарои аэропорта намедод, ана акнун ҳозир «маошо усу беста, мошинакои қиматона кати шогирдот фурушу аэропорта бисоз».
Ҳоло Зайнулло медавад пеши Шамсулло мерава, ки ёрдам кунад. Азими шогирдат аэропортро соҳибӣ мекард, акнун ҳамакаса «брорен сумора обод кнен».
«Марам уруз зур удар задм Зайнуллора гуфтаст Музаффар Юсуфӣ. Ҳаму тиллоҳоера, ки ай у занак қапидан, ай Зайнулло буд. Мада информация омад, ма сразу анонимно гуфтм, қапидан», гуфтаст Музаффар Юсуфӣ.
Дар ҳақиқат чанд руз пеш занеро қапиданд, ки бо чанд килло тилло омад. Ҳама ҳайрон шуданд, ки ин чи хел шид.
Музаффар Юсуфӣ сахт Зайнуллоро қапидааст. Бояд сарашро бихурад.
Як мавзуи дигар:
Иброҳими сарсафеди охранаи Озода Раҳмон қисса кардааст, ки «и муаллимара баҷое, ки нафсаш кам шавад, сол ба сол пир мешаваду аммо «гшнатарай». Кадоме, ки маъқулаш шавад даъват мекунад, хона ё ягон ҷоро банд мекунем, мераванд. Нафси молу пулаш ҳам ҳамин хел. Фарёд мекунад бизнесменҳоро. Мегуяд фалон бино, иншоотатро ҳуҷҷатҳояшро биёру худат ҳуй бихур.
«Мора на шав хов кнӣ мемона на руз. Ягон кас агар хушру катиш шава рӯз куна, дарав мега брен бинен ку оила дора, чи дора?».
Оила дошта бошад, я илоҷ мекунаду ҷудо мекунад. Баъд то дар ҷонаш задана истифода мебарад он бачаро ва баъд ҷавоб медиҳад.
Дигар он сағера намедонад чи кор кунад: на зан, на фарзанд.
Иброҳим гуфтааст, ки «чандташа ма хдум чанд руз поидам ай қафошон. Офарини Ҷамолиддин, иқа беномусира тоқат кард. Ҳатто Фаридуни бачаш мега муаллимара, ки оча айбай. Чанд бор Фаридун мара гуфт ака бо шумо калонтарен бген».
Ҳозир боз муаллима якто ёшак ёфтаст, оли мара нагуфтаст. Оли малум меша гуфтаст Иброҳим.
Роғун
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мехоҳам, ки дар бораи ҳодисаи ваҳшатноке, ки моҳи гузашта дар ГЭС-и Роғун руй дод, ба шумо ва тавассути «Ислоҳ» ба мардуми Тоҷикистон маълумоти воқеъиро бирасонам. Ончиро, ки мақомот дар мавриди ҳодисаи 21уми октябр дар бораи неругоҳ баён доштанд ва онро «як тасодуф» эълон намуданд, дуруст нест.
Ин ҳодиса дар қисмати дуввуми рӯзи 21 октябр дар нақби обпартои СТ-4 руй дод. Ин нақби обпарто дар сония 3500 муккааб об мепартояд ва он фақат дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешавад. Дарвозаҳои он ба таври автоматӣ кор мекунад. Ин дар ҳақиқат як маҷмааи мураккаби зеризаминии гидротехникӣ ва яке аз қисматҳои асосии неругоҳи Роғун ба шумор меравад. Барои таъмини эмании неругоҳ муҳимтарин аст. Ҳануз корҳои ин нақб ба охир нарасидааст ва дар он шабурӯз кор дар ду се смена идома дошт.
Хуллас, гап ин аст ки ҳодиса дар басти рузона руй дод. Барқи инҷо хомуш мешавад ва аз диспетчер ба як нафар корманд дастур дода мешавад, ки дар фалон шит, фалон тукмаро пахш кунад то ҷараёни барқ барқарор шавад. Аммо дастур аз боло иштибоҳӣ буд. Вақте тукма ё включатели гуфтаро ин корманд пахш мекунад, дарвоза ё дарғоти нақб боло ва бо шиддати зиёд об вориди нақб мешавад.
Дар ҳамагӣ чанд лаҳзаи башумор нақбро об бо сангу шағалу регу қум пахш мекунад. Дар поёни он, ки коргарҳо кор мекарданд, зери хоку шағал ва об монданд.
Дар нақб дар ин вақт коргарҳо, тахминан то 40 нафар машғули кор буданд. Ҳар касе успет кард, ҷони худро раҳонд, аммо шаш нафар бо шумули ду хитоӣ зери обу лойқа монданду ҷасади онҳоро дертар пайдо карданд. Чанд нафарро аз зери қабати сангмайдову қум халос карданд. Даҳҳо мошину олоти кории гаронқимати неругоҳҳоро об бурд. Худо нахоста об тавассути ин нақб бештар мерафт он вақт садамаи бузург ва ҷуброннопазир ба вуҷуд меомад. Хайрият, ки зуд кнопкаро ҷуқиду дарвозаи сдамавӣ пушида шуд. Дар ин нақб кормандони ширкати Sino Hydro кор мекунанд. Шуруъи кор дар ин нақб моҳи августи соли 2024 шуда буд, ки дар расми оғози он Раҳмонов иштирок дошт.
Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад. Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.
Вазъияти таъминоти Роғун ҳам он тавре, ки тасвир мешавад, нест. Махсусан барои кормандони маҳаллӣ-тоҷикҳо. Дар нақб аз Русия, Хитой, Эрон, Непал, Покистон ва чандин кишвари дигар мутахассисин ва коргарҳои одӣ кор мекунанд. Барои хориҷиҳо тамоми шарту шароит, маош, хурду хурок, сару либос фарқ мекунад.
Дар соли ҷорӣ аллакай ин дуюмин ҳодиса аст ки кормандон кушта мешаванд. Пештар ду хитоӣ ва як эронӣ кушта шуда буд. Дар соли 2024 ҳам як садама боиси кушта шудани як нафар шуда буд.
Чанд адад мошини Ёрии таъҷилӣ он руз дар неругоҳ, дар нақби СТ-4 омада захмӣ ва маҷруҳонро ба бемористон бурданд.
Баъди ин ҳодиса чанд нафарро дастгир карданд. Баъзеашон озод гардид, аммо ҳоло чанд нафари дигар дар тафтишот аст. Моро ҳам чандин бор мақомот бурданду суолу ҷавоб карданд.
Гуфтанд, ки аз Русия комиссия омадааст барои таҳқиқи ин ҳодиса.
Аз ҳама аламовар ин аст ки роҳбарияти неругоҳ ба ҷойи онки поси хотири кушташудаҳоро кунад, худи пагоҳи ин ҳодиса консерт ташкил карду ҳофизҳоро овардаву базму хурсандӣ кард. Бо ин роҳ хостанд нишон диҳанд, ки ҳиҷ ҳодисае нашудааст ва кормандон намурдаанд. Бовар кунед, ки ҳамаи кормандон дар кори инҳо нафрати худро ба зӯр доштанд.
Ба хонаводаҳои онҳо ҷуброн мепардозанд, ягон нафақа таъин мекунанд ё не худо медонад.
Маоши моро ҳам саривақт намедиҳанд. Мутаассифона ҳиҷ арзу шикоят кардан ҳам намешавад. Ошкоро мегуянд, ки хоҳӣ кор кун, нахоҳӣ ҷавоб.
Маоши мо 3500 сомонӣ.15 руз кор мекунем. Аммо 3100 сомонӣ медиҳанд. 400 сомонии онро барои налог медоранд. Маошро он вақт медиҳанд, ки вақти 15 рузи истироҳатат тамом шаваду дубора сари кор оӣ.
Вале ман ба шумо ва мардуми Тоҷикистон гуфтаниам, ки ин неругоҳ он қадар мустаҳкам намешавад. Ҳам маҳсулоташро медузданд, ҳам аз меъёр кам истифода мекунанд ва ҳам маҳсулоти бесифат истифода мебаранд. Ҳамааш дар дасти наздикони худи Раҳмонов аст. Инро ҳамаи коргарони неругоҳ хуб ҳам медонанд. Марҳамат аз касе мешиносед дар Роғун пурсед.
.
