76-умин солгарди вилодати асосгузори воқеъии бедории миллат ва сулҳ    

Ислоҳ нет

тақдим ба рӯзи таваллуди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, (раҳматуллоҳи алайҳ) бунёдгузори аввалин ва охирин ташкилоти сиёсии исломӣ дар густураи Иттиҳоди Шӯравӣ -Ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси Комиссиюни Оштии Миллии Тоҷикистон 15 марти соли 1947дар рустои Оштиёни ноҳияи Сангвор дида ба ҷаҳон кушодааст. Агар зинда буд, имрӯз76 сола мешуд.

Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ шароите ба ҷуз аз ҳақиқат, ростӣ ва воқеият чизе нагуфтааст. Солҳо баъд, метавонист гунаи дигар тавзеҳ диҳад, аммо ҳамоно ҳар ончизеро, ки буд гуфт. Хеле ҳам хоксорона ва ботавозуъ гуфт, мақсади мо ба даст овардани ҳуқуқ ва озодиҳои динамон ва бидуни мамониат таълиму тадриси исломамон буд. Даъвои сиёсат надоштем ва курсихоҳ ҳам набудем.

Ва, вақте ҳам, ки курсӣ гирифтанд, боз ҳам изҳор дошт,ки иллат суръати зуди таҳаввулот ва маҷрои пуршитоб буд, ки якчунин шароитро пеш овард. Ҳатто, баъд аз онки 30%  курсиҳоро гирифту боз аз дасташ гирифтанд, то чанд рӯзи қабл аз вафоташ ҳам таъкид кард, ки талоши гирифтани ҳокимиятро накунед, магар инки сад нафаре мисоли Ҳимматзода дошта бошед.

Ин бад-ин маъност, ки ниҳоят шикастанафс буд, талоши ҷоҳу ҷалол надошт, чун чуноне худаш борҳо тазаккур додааст, ҳадафаш бунёди ҷомеаи исломӣ аст.

Устоди зиндаёд, дар мароҳили поёнии умраш тақрибан бо тамоми масъулину маъмурини бахшҳои Ҳизби наҳзати исломӣ, ин муассисаи мазҳабии сиёсӣ, ин мактаби бузурги ба меросмонда аз худаш суҳбатҳо баргузор карда ва дар оянда ва дурнамо чи кор карданашонро гуфту дод. Дар ҳеҷ яке аз ин суҳбатҳо ҳатто ишорате накардааст, ки бархезед ва ҳукуматро бигиред.

Инки Раҳмонову дору дастааш дар тирамоҳи соли 2015 ҳизбро ба ҳамроҳӣ дар «исёни Ҳоҷӣ Ҳалим» (исёни набуда ва дуруғӣ) муттаҳам кардаву бастанду террористӣ эълон карданду акнун мо боз ҳам азоби ғурбат мекашему даҳҳо нафар аз бузургони ин ҳаракати илоҳӣ дар зиндонҳоянд, ҳамааш дурӯғу буҳтон аст.

Инсонҳои бузург сарнавишти худашонро худашон рақам мезананд. Устод Нурӣ замоне ба мубориза бархост, ки султаи аждаҳои сурх, режими комунистии лоик дар кишвар бедод мекард. Як ҷавони 25-26 сола,як ҷавоне, ки аз муҳити деҳа ва ноҳия берун наёмадааст, даст ба амале зад, ки ғайритасаввур буд, муқобили сиёсати давлат иқдом кард. Давлате, ки лар шашяки рӯи замин ҳукм меронду фармонраво буд. Ин ҷавон ба ин роҳи пурхатар тасодуфӣ ва таваккал наомадааст. Вай дар ин роҳ огоҳона ва бо дарназардошти паёмад ва натиҷааш   баромад. Он замон сиёсат ва идеологияи ҳокимро ба чолиш кашидан ва дар муқобилаш фаъолият бурдан маънои даст аз ҷон шустанро дошт. Роҳе, ки сарро барбод медодро интихоб кард. Ва оҳиставу орому махфиёна созмон ташкил дод. Созмоне, ки баъди камтар вақт дастгоҳи қудрат дар Шуравиро ба ларза андохт.

Соли 1986, вақте устоди алайҳираҳмаро дастгир карданд, шӯравӣ бо муқобилият ва муқовимате рӯбарӯ шуда буд,ки собиқа надошт, беназир буд. Тазоҳурот ва таҷаммуъи ҳазорон нафар аз пайравону ҳавохоҳонаш барои озодсозии як «домулло» дар майдони бинои Обкомпартияи Қурғонтеппа Бюрои Сиёии КМ ҲКИШ-ро музтарибу бечора кард, чи расад ба роҳбарони комунисти Тоҷикистон. Ин тазоҳурот номи Нурӣ ва ёрони наздики вайро дар садри ахбори расонаҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои мудофеи ҳуқуқи башар қарор дод. На танҳо созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони кишварҳои демократӣ, онҳое, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд ба унвони Горбачев он қадар номаву барқия заданд, ки дар ҳайрат монданд.

Аммо вай ин ҷодаро, ба рағми фишору зиндони давлат тарк накард, идома дод. Дар ёздаҳ зиндони Шарқи дур гардониданд, якуним сол шинониданд, аммо ҳамоно идома дод.

Ҳам дар даврони фаъолиятҳои пинҳонӣ ҷиҳати густариши маорифу мактаби ислом, ҳам дар марҳилаи ҳиҷрат ва ҳам дар замони ҷиҳоду баъдан дар давраҳои музокирот ва вақти бозгашти сарбаландона ба ватан ҳеҷ гоҳ шиква накард, нанолид. Балки такя ба Аллоҳи бузург кард, зиндагиномаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ин бузурги баргузидаро дастур ва сармашқи ҳаёти худ кард.

Шогирдонаш омаданду гуфтанд, ки мо дар Кулоб камӣ мекунем, неру даркор дорем. Фиристод. Шоҳнаими Карим, мавлавӣ Айёмиддин ва чандин нафари дигар рафтанду онҷо ба интишори афкору ақидаи исломӣ камар бастанд ва роҳу равиши исломи нобро ба ташнагону ошиқон таълим доданд. То дастгоҳҳои ҷосусиву амниятии шуравӣ бохабар ва даст ба кор шуд, ки дар созмони ташкилдодаи ӯ ҳазорҳо ҳалқа аз саросари кишвар васл шуданд ва ин созмон ба як мактаби бузурге бадал шуд, ки дар баробараш коре карда натавонистанд.

Оре, устод ҳанӯз дар даврони шуравӣ ба мубориза бархоста буд. Вале вай боз ҳам бигӯем, ки қудратхоҳ ва мансабталаб набуд. Кору корномаи устод Нуриро чи дӯстону чи бадхоҳонаш эътироф кардаву бар азамат ва бузургии вай тан дардодаанд. Бубинед, Нуралишо Назаров, собиқ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон як нафаре, ки солҳо бо муҷоҳидони зери фармони устоди зиндаёд ҷангидааст, дар ҳақи вай чи мегӯяд:

«Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-диссидент, барои ақидааш соли 1986 суд шудагӣ буд. Нисбати режими коммунистӣ нафрат дошта, барои аз байн бурдани он сохт мубориза бурдааст. Ҳамчун ходими дини барҷастаи ислом дар ақидааш устувор буд. Ӯ бо донишу маҳораташ тавонист як қатор ҳаракатҳои мардумиро аз қабили «Растохез», «Лаъли Бадахшон» дар атрофи Ҳизби Наҳзати ислом» муттаҳид созад. Дар барқарор намудани сулҳи байни тоҷикон саҳмгузор аст».

Устод Нурӣ дар яке аз суҳбатҳояш изҳор дошта буд, ки тамоми роҳбарони танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон амбори силоҳу муҳиммоти худро барояш ройгон вогузоштанд. Дара-дара асбобу афзори ҷангӣ барои ҷиҳоди ӯро фароҳам карданд. Раиси ҷумҳурии Афғонистон барои овардани вай вертолёт фиристод ва ӯро бо иззату икроми баланд истиқбол кард. Вай, дар тафовут аз дигар роҳбарони оппозитсион, ки пароканда ва ноумед шуда буданд, заррае бар дурустии роҳи пешгирифтааш тардид накард. Афғонистон, вақте рафт, ки на Д. Худоназар онҷо буд, на Шодмон Юсуф, на Тоҳири Абдуҷаббор, на Бозор Собир ва на дигару дигар. Танҳо ӯву ёрони ӯву шогирдони ӯ буданду 200 ҳазор гурезаи тоҷик. Ҷамъ карду ҷамъомад гузаронд. Гуфт: «мо дар баробари озмоиш ва имтиҳони холиқамон қарор дорем. Дунё иборат аз Русияву Узбакистон ва Сангаку Раҳмонов нест. Дунё хеле васеъ аст. Мардумамонро сарпарастӣ мекунем. Аллоҳи лоязол моро хору залил нахоҳад кард».

Бузургони он замони Афғонистон на фақат ӯро, ҳар нафареро, ки номи ӯро мебурд болои сараш мегирифт. Исми Нурӣ ба масобаи паспорт шуда буд. Ҳикматёру Масъуд, Гелонӣ ва Сайёфу Исмоилхон, Дӯстум, хуллас ҳамаашон бо ӯ шуданд:

Бале, устоди мубориз фурсати зиёд надод.Аз худ дарак дод. Ончунон бар фарқи сарашон кӯбид, ки ақлашон омад сари ҷояш. Посгоҳи марзбонии 12-и Русия ва торумори он аз тарафи размандагони устод Нурӣ ҷаҳонро биларзонд. Русияро дарақодарақ дар андом уфтод.

Евгенний Примаков, раиси Хадамоти кашфи хориҷии Русия (СВР) ба мулоқоти ӯ ба Афғонистон омад. Гуфт бошад, ҳарф, ҳарфи Шумо. Солҳо баъд, дар ҳини имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав раиси ҷумҳури Русия Борис Елтсин эътироф кард, ки ин Нурӣ буд, ки сулҳу оштиро ба Тоҷикистон овард:

   «Дастёбӣ ба сулҳ осон набуд. Ҷустуҷӯи созиш, ҳусни ният, қотеъият, маҳорати гузаштан аз монеъаҳои мухталифи нобоварӣ ба ҳам ва амсоли инҳоро тақозо менамуд. Ҳарду роҳбар Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хирадмандии сиёсӣ нишон дода, тавонистанд роҳи раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандиро, ки ба истиқлолияти миллӣ таҳдиди ҷиддие буд, пайдо кунанд. Ду раҳбари тоҷик дар мулоқотҳои худ пайваста барои он талош карданд, ки манфиати миллатро аз манфиатҳои гурӯҳии хеш боло гузоранд».

Аммо имрӯзҳо зикри ин ном дар Тоҷикистон қатаған аст. Ӯ ва ҳизби таъсисдодаи ӯ мамнуъа ва террористӣ эълон шудаанд. Бародаронаш ва шуморе аз шогирдону пайрравонаш дар зиндонанд, фарзандонаш боз ҳам гуреза шуданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, нафаре, ки чанд соли пеш Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро имзо ва ба кишвар сулҳу оштӣ овард, масъулияти татбиқи раванди сулҳро бар ӯҳда гирифту дар иҷрои муваффақонаи ин амр Эмомалӣ Раҳмонов ду бор, яке вақти зиндагиаш ва дуввум баъди вафоташ бо орденҳои давлатӣ тақдир кард, барои онки шифо биёбад, аз бистар бархезад кумак кард, намояндагии расмии давлати Тоҷикистон дар Олмонро ба хидматаш масъул гузошт, ҳоло шудааст, террорист. Мешавад нафар баъди вафоташ террорист бошад?

Худи Раҳмонов, ки он солҳо ҳанӯз дар мушту чанги устод печутоб мехурду барои онки бо вай дар Хусдеҳ мулоқот кард ба худ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дод, чунин гуфта буд: “Ман дар шахси ҷаноби Абдуллоҳи Нурӣ як фарзанди дурандеш ва бохиради миллатро мебинам ва умедворам, ки ӯ чун пештара сабру таҳаммулро пеша намуда, ба раванди сулҳу оштӣ мусоидат менамояд”.

Аммо, ҳоло ин ҳамаро мункир шудааст. Раҳмонов барои онки тавонист бо устод Нурӣ оштӣ кунад, ба худ унвони қаҳрамонӣ дод, аммо чанде баъд ташкилоти ӯро, мактаби ӯро манъ карду террористу хонд ва касе ҳам ҳақ надорад, ки аз заҳамоту хадамоти ҳиссаи устод Нурӣ бигӯяд.

Дар охир ба тамоми чоплусону тамаллуқкорону бузичаҳои ҳоло шохҳояшонро чанбару ханҷар карда гуфтаниам, ки тамсилаш занед бо ҳарки мехоҳед, бо Куруши Кабир, бо Маҳатма Гандӣ, бо Нелсон Манделла бо …ҳар касе, ки мехоҳед ва ҳамин тавр ҳам бигуед, ки баъди ҳазор соли Исмоили Сомонии бухороӣ Эмомалӣ Раҳмонови данғарагӣ тоҷиконро сохтааст, аммо як чизро фаромуш накунед болои куҳи Хуҷа Муъмин чизе сохта намешавад….Агар зуракӣ бисозед ҳам чизе ба ҷуз аз баландошёнаҳои Бег Сабур нахоҳад буд ва худо нахоста бишавад ҳам умри он умри камтар аз «Ленин бародар-раҳнамо»-и Сайдалӣ Вализода хоҳад буд.

Аммо, мактаби сохта ва ба меросмондаи устоди зиндаёд ҷовидонӣ хоҳад буд, чун дар қалбу руҳу хуну ҷони тоҷики мусалмон реша дорад…

Дар охир инро низ меафзоям,ки имрӯз падарам Ҳоҷи Қаландар Садриддинзода ҳам яке дигар аз муассисони ҲНИТ зодрӯз доранд. Агар умр вафо мекард имрӯз 72 сола мешуданд.  Тасодуфи хело аҷибе дар ин ду мебинам ва дар охир аз Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои ҳарду қабри пур аз нур ва ҷойгоҳи воло дар назди Аллоҳ таманно дорам. Аллоҳ аз ҳарду розӣ ва хушнӯд бошад ва мактабашон пур роҳрав ва пирӯзӣ насиби ин роҳравон бод омин….

Share This Article