Намунаи ҳабдаҳум ҲАФСА ДУХТАРИ МУҲАММАДИ ДЕБОҶ ВА НАБЕРАИ ХУЛАФОИ РОШИДИН ВА НАБЕРАИ ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (Р)

Ислоҳ нет

Намунаи ҳабдаҳум
ҲАФСА ДУХТАРИ МУҲАММАДИ ДЕБОҶ ВА НАБЕРАИ ХУЛАФОИ РОШИДИН ВА НАБЕРАИ ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (Р)

Баъд аз гузашти 150 сол аз ҳиҷрати Расули Худо (с) ҳанӯз ҳам миёни набераҳои аҳли байт ва саҳобагони гиромӣ иртибот ва ҳамбастагӣ барқарор буд, далел барои ин иддио ҳамин намуна аст:
Ҳафса духтари Муҳаммади Дебоҷ ибни Абдуллоҳ (Мутраф) ибни Амр ибни халифаи рошид ва имоми одил (Усмон ибни Афон (р)) аст.
Ҳафса аз ҷиҳоти мухталиф духтари Паёмбар (с), Абӯбакр (р), Умар (р), Усмон (р), Алӣ (р), Талҳа (р) ва Зубайр (р) мебошад.
– Модари ӯ Хадиҷа духтари Усмон ибни Урва ибни Зубайр аст.
– Ва модари Урва Асмоа духтари Абӯбакр (р) аст.
– Ва модари Муҳаммади Дебоҷ, Фотима духтари Ҳусайн ибни Алӣ (р) аст.
– Ва модари Фотима духтари Ҳусайн, Умми Исҳоқ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳ аст.
– Ва модари Абдуллоҳ ибни Амр ибни Усмон ибни Аффон, Ҳафса духтари Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб аст. Ҳафса ба Зайнаби духтари Умар ибни Хаттоб низ шӯҳрат дошт.
Хонандаи гиромӣ! Оё ин ҳамбастагии хонаводагии аҷиб ва шигифтангезро тасаввур мекардӣ?
Бубинед, ки фарзандони аҳли байт ва саҳобагони гиромӣ чӣ гуна аз ҳар ихтилофе гузашт кардаанд.
Ин силсила овезаҳо идома дорад бо мо бошед.

Share This Article